Articles

]





Кадом вақт ҷоиз аст, ки падару модар яке аз фарзандони худро бар дигаре бартарӣ диҳанд?





Имом Аҳмад ибни Ҳанбал гуфтааст: “Аз ҷониби падару модар бартарӣ додани фарзанде бар фарзанди дигар ва таб­ъиз қоил шудан дар миёни онон ҳаром аст, магар замоне ки омиле ё амри вижае мӯҷиби ин бартарӣ қоил шудан мегардад, дар яке аз фарзандон вуҷуд дошта бошад, пас дар чунин ҳола­те бартарӣ додан ишколе надорад”.





Дар китоби «Ал-Муғнӣ» омадааст: “Агар яке аз фарзан­дон ба як мақсуди вижае, ки муқтазои ин бартарӣ мегардад, ихтисос дошта бошад, ҷоиз аст ӯро бар дигар фарзандон бар­тар шумурад. Аз қабили ниёзмандӣ дар замони махсус ва ё ба сабаби нобиноӣ, ё бар асари оиламандӣ ва ё ба хотири маш­ғул шуданаш ба касби илму дониш ва соири фазоилу бар­тариҳо...”





Ҳамчунин ҷоиз аст волидайн ба чанд далелҳо аз додани ҳадя ба яке аз фарзандонашон худдорӣ намоянд. Далелҳое аз қабили фисқ ё бидъатгароии фарзанд ва ё ба хотири ин ки он чиро аз падару модараш мегирад, дар роҳи гуноҳу маъсият ва нофармонии Худо харҷ мекунад”.[27]





Чунонки имом Аҳмад бартар шумурдани яке аз фарзан­донро ва маҳрум намудани дигареро аз ҳадя ва ғайра дар чунин мавориде биломонеъ донистааст...[28]





Асоси чорум, адои ҳуқуқи фарзандон





ва бароварда сохтани хостаи онон





Ҳеҷ шакке нест, ки адои ҳуқуқи кӯдак ва пазируфтани ҳақ аз ҷониби ӯ дарку эҳсоси мусбате аз тасвири зиндагиро дар вуҷуд ва дар умқи рӯҳу равони кӯдак менишонад ва ус­тувор месозад ва ба хубӣ меомӯзад, ки зиндагӣ дарвоқеъ ги­рифтану бахшидан аст. Илова бар ин, қоил шудани ҳақ ва пазируфтани он тамрине аст барои кӯдак, ҷиҳати одат кар­дан ба сар фуруд овардан дар баробари ҳақ ва муқовимат варзидан дар муқобили ботил ва онро улгӯқарор додан ба­рои ояндаи худ. Зеро одат кардани кӯдак ба риояи адолат дар қабули ҳақ ва фурӯтанӣ барои он нерӯву тавони ӯро ба­рои таъйини роҳи дуруст дар таъбир аз вуҷуди худ ва талаб намудани ҳуқуқи хеш меафзояд ва онро боло мебарад. Ам­мо баръакс ва дар ғайри ин сурат ба шикасту хорӣ ва рас­воиву нобудии ӯ мунҷар мегардад.





Дар робита бо дифоъ аз ҳаққи худ буд, ки Пайғамбари акрам (с) аз писарбаччае, ки дар тарафи росташон қарор ги­рифта буд, хостанд аз ҳаққе, ки аз ҷониби Расули Худо (с) насиби ӯ шуда буд, бигзарад, то он ҳазрат (с) онро ба фарди бузургсоле, ки дар тарафи чапашон қарор дошт, бидиҳанд, аммо кӯдак ба ҳеҷ ваҷҳҳозир нашуд аз он чӣ, ки аз ҷониби Пайғамбари акрам (с) насиби ӯ шуда буд, ба дигаре дода шавад. Чунонки аз Саҳл ибни Саъд (р) ривоят шуда, ки гуф­тааст: “Дар зарфе миқдоре об барои Пайғамбари акрам (с) оварданд. Он ҳазрат (с) каме аз онро нӯшиданд, дар ҳоле ки дар тарафи росташон писарбаччае ва аз ҷониби чапашон низ афроди бузургсол буданд. Расули Худо (с) аз он писар иҷозат хостанд, ки (аз тарафи чап шурӯъ кунанд ва аввал) обро ба афроди бузургсол бидиҳанд ва фармуданд: «Оё иҷозат меди­ҳӣ(аввал) обро ба ин афрод (бузургсоли тарафи чап) биди­ҳам?». Он писар гуфт: “Не, эй Пайғамбар (с)! Қасам ба Ху­до, саҳми худро аз ҷониби шумо ба касе исор намекунам (ва аз ҳаққи худ намегузарам). Билохира, Пайғамбари акрам (с) зарфи обро дар даст гузоштанд ва ба он кӯдак доданд, то на­хуст ӯ аз боқимондаи он баҳраманд гардид”.[29]





Разин гуфтааст: “Он писарбачча Фазл ибни Аббос (р) будааст”.





Оре, ба хотири адои ҳақ ва пазируфтани ҳақ буд, вақте яке аз кӯдакони навҷавон қабл аз ҷанги Уҳуд дид, ки ҳақ­қаш нодида гирифта шуда ва монеъи рафтани ӯ ба ҷиҳоди бо мушрикин шудааст, фавран эътирози худро тақдими Пай­ғамбари акрам (с) кард ва ба маҳбубу баргузидаи Худованд гуфт: “Эй Расули Худо! Амакзодаамро ба майдони ҷиҳоди бо мушрикин фиристодед, вале монеъи рафтани ман шудед, дар сурате ки агар ман бо ӯ гӯштин бигирам, бар ӯ ғолиб мешавам ва ӯро бар замин мезанам”. Пайғамбари акрам (с) ба он ду кӯдаки навҷавон иҷозат доданд, то дар ҳузурашон гӯштин бигиранд. Дар ин гӯштин он кӯдаки навҷавон маваффақ шуд бар амакзодаи худ ғалаба кунад ва ӯро бар замин за­над. Билохира, Пайғамбар (с) иҷозати рафтани ӯро ба май­дони ҷиҳод содир фармуданд, то ба унвони як сарбози му­салмон дар муқобили мушрикин ба ҷиҳоду пайкор бипар­дозад...





Пас, дар ин сурат оё дар дунё шахсе аз назари макону манзалат болотар, аз ҷиҳати ҷоҳу мақом волотар ва аз наза­ри бисёрии сипоҳиёну пайравони дифоъгар ва ҷонбаркаф бартар аз Пайғамбари Худо (с) ёфт мешавад? Ҳаргиз не, чунин нест, зеро ин Пайғамбари акрам (с) аст, ки ҳақро аз кӯдак мешуниданду онро аз Вай мепазируфтанд ва Ӯ аст, ки ба мо омӯхтаанд ва моро низ мутаваҷҷеҳи ин амри муҳим сохтаанд, ки бидуни такаббуру худбинӣҳақро аз кӯдакон бипазирем ва худро бузургтару бартар аз онон напиндорем.





Акнун метавон рафтори он идда аз бузургон ва сардам­дорон ва аҳзоб ва гурӯҳҳои давронро бо кӯдакон ва гурези эшон аз хузӯъ ва адои ҳуқуқи онон нисбат ба ҳадиси зер санҷид ва онҳоро мутаваҷҷеҳи он сохт. Аз Ибни Масъуд (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Аз Пайғамбари акрам (с) хоҳиш кардам, ки калимаҳову ҷумлаҳои ҷомеъу нофеъеро ба ман би­омӯзед. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Худоро ибодат кун ва ҳеҷ касу ҳеҷ чизеро шарики Ӯ магардон, ҳамеша ва дар ҳар ҷо бо Қуръон бош, аз ҳар кас новобаста аз хурдсол ва ё бу­зург­сол, ки ҳақро ироа намуд, қабул кун ва онро аз ӯ бипазир, агарчи душман ва дур аз ту бошад ва ҳар кас, чи хурдсол ва чи бузургсол, ботилро ироа намуд, онро рад кун ва аз ӯ мапа­зир, агарчи маҳбубу наздики ту бошад».[30]





Ҳаққи дигар кӯдак ин аст, ки вақте кӯдак ба аҳкоми на­моз ва тиловати Қуръон нисбат ба фарди бузургтар аз худ олимтару огоҳтар бошад, метавон ӯро пешнамоз ва роҳна­мо қарор дод. Чунонки аз Муҳоҷир ибни Ҳабиби Зубайдӣ ривоят шуда, ки гуфтааст: “Абусалама ибни Абдурраҳмон ва Саъид ибни Ҷубайр бо ҳам буданд, Саъид ибни Ҷубайр ба Абусалама гуфт: “Барои мо сӯҳбат кун ва мо аз гуфтаи ту пайравӣ хоҳем кард”. Абусалама гуфт: “Расули Худо (с) фармудаанд: «Вақте се нафар бо ҳам дар сафар бошанд, он касе, ки дар мавриди аҳкоми намоз ва тиловати Қуръон огоҳ­тар аст, агарчи аз назари синну сол аз эшон хурдтар ҳам бо­шад, пешнамозӣ кунад ва вақте ки барои эшон пешнамозӣ кард, пас ӯ амиру роҳнамои онон мебошад». Абусалама гуфт: “Аз шумо касе амиру пешнамоз аст, ки муврфиқ ба ин дас­тури Расули Худо (с) бошад. Ва маълум аст, он фарде мебо­шад, ки дар мавриди аҳкоми намоз ва тиловати Қуръон аз ди­гарон огоҳтар аст”.





Дар ривояте омадааст, ки Абумусои Ашъарӣ (р) ба дари хонаи Умар ибни Хаттоб (р) рафт ва се бор иҷозаи вуруд хост, аммо ба ӯ иҷозаи ба хона ворид шудан дода нашуд, мисле ки худи Умар ибни Хаттоб (р) машғули корҳои шахсӣ буд. Пас Абумусо (р) баргашт ва Умар ибни Хаттоб (р) баъд аз ин ки корҳояшро ба итмом расонд ва аз он фориғ шуд, гуфт: “Оё садои Абдуллоҳ ибни Қайс (Абумусо)-ро на­шунидед? Ба ӯ иҷозат диҳед, ворид шавад”. Гуфтанд: “Ӯ бар­гаштааст”. Сипас, Умар ибни Хаттоб (р) ӯро фаро хонд. Абумусо омад ва гуфт: “Ба мо чунин дастур дода шудааст, (ки бидуни иҷоза вориди хона нашавем).





Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: “Агар шоҳиду далеле барои ин гуфтаи худ дорӣ, биёр”. Абумусо назди ҷамъе аз Ансор рафта, мавзӯъро аз эшон пурсид. Онон гуфтанд: “Ҷуз Абуса­ъиди Худрӣ, ки аз мо хурдтар аст, бар он гуфтаи ту гувоҳӣ намедиҳад”. Пас Абусаъидро бо худ назди Умар ибни Хат­тоб (р) бурда, моҷароро барои ӯ баён намуд. Умар ибни Хаттоб (р) низ гуфт: “Ман дар ин маврид аз дастури Расули Худо (с) бехабар мондаам, чун рафтан ба бозору саргарм шу­дан ба назорати амри тиҷорат ва доду гирифт маро аз он ғо­филу бехабар сохтааст”.[31]





Дар ривояти дигар омадааст, ки афроди он маҷлис гуф­танд: “Касе барнамехезад, ки бо Абумусо биравад ва гувоҳӣ диҳад, магар камсинну солтарини ин гурӯҳ”. Абусаъид гуфт: “Ман камсинну солтарини ин гурӯҳҳастам”. Пас, Абумусо ӯро бурд, то гувоҳӣ диҳад”. Билохира, дар ривояти дигар чу­нин омадааст: “Он қавм гуфтанд: “Касе бо ту ҳамроҳ наме­шавад, магар он ки аз мо камсинну солтар аст, пас бархез, эй Абусаъид, бо ӯ бирав”.





Оре, эй бародари мусалмон! Оё донистӣ, ки амирулмӯъ­минин Умар ибни Хаттоб (р) чӣ гуна ҳақро аз кӯдаке ба номи Абусаъиди Худрӣ пазируфт. Пас, чаро мо ҳам ба ӯ иқ­тидо накунем ва аз амалкарди ӯ пайравӣ нанамоем?





Бояд донист, ки салафи солеҳ низ аз кӯдакон ҳар навъ сухани ҳақро мепазируфтанд. Чунонки Абуҳанифа аз гуф­таи кӯдаки хурдсоле панд гирифт ва онро барои ҳамеша ба кор баст. Имом Абуҳанифа вақте кӯдакеро дид, ки бо гил бозӣ мекунад, (ба унвони шӯхӣ) ба ӯ гуфт: “Ҳушёр бош, дар гил налағжӣ!” Он писарбача дар ҷавоби имоми бузургвор гуфт: “Ту худ аз афтодан ва лағжидан дар масоили динӣ бар­ҳазар бош, зеро лағжидани олим дар умури динӣ лағжидани олам аст”. Абуҳанифа бар асари ин сухани кӯдак чунон та­кон хӯрд ва дилу замираш тавре бедор гашт, ки баъд аз он гуфтугӯ ҳеҷ фатвоеро содир намекард, магар ин ки як моҳи тамом бо шогирдонаш онро мавриди баҳсу баррасӣ, машва­рат ва табодули назар қарор медоданд.[32]





Мисъар гуфтааст: “Ҳамроҳи Абуҳанифа роҳ мерафтем, ногаҳон Абуҳанифа надидаву надониста пой рӯи пои кӯдаке гузошт. Он кӯдак ба Абуҳанифа гуфт: “Эй пирамард! Оё аз қасос дар рӯзи қиёмат наметарсӣ?” Мисъар мегӯяд: “Абу­ҳа­нифа он гуфтаи кӯдакро, ки шунид, аз ҳуш рафту афтод. Ман бар болини ӯ истодам, то ба ҳуш омад ва ба вай гуф­там:Эй Абуҳанифа! Гуфтаи ин кӯдак чӣ сиҳати қалби ту­ро гирифт!” Дар ҷавоб гуфт: “Метарсам он чиро ин кӯдак баён намуд ба ӯ талқину илҳом шуда бошад ва ман дар рӯзи қиёмат кайфарашро бубинам”.[33]





Ибни Зафари Маккӣ дар ривояте гуфтааст: “Огоҳӣ ёф­там, ки Сиррӣ ибни Миғласи Сақатӣ ояти зерро барои муал­лиму мураббии хеш хонд: «Ва насуқул-муҷримина ило ҷаҳан­нама вирдо». Ва гуфт: “Эй устод! Мурод аз вожаи «вирдо» дар ин оят чист?” Устодаш гуфт: “Намедонам. Сипас Сиррӣ ин оятро барои ӯ хонд: «Ло ямликунаш-шафоъата илло ма­ни-т-тахаза ъинда-р-раҳмони аҳдо».[34]Ва гуфт: “Эй устод мурод аз «аҳдо» дар ин оят чист?” Устодаш гуфт: “Намедо­нам”. Сиррӣ қироатро қатъ карду дигар чизе аз Қуръон на­хонд ва ба устодаш хитоб карда гуфт: “Вақте ки ту наме­донӣ, пас чаро мардумро фиреб медиҳӣ?” Устодаш ӯро зад. Сипас Сиррӣ гуфт: “Эй устод! Оё ҷаҳлу ғурур туро басанда набуд, то ин ки зулму азиятро ба он ду изофа кардӣ?” Усто­даш аз вай бахшиш хост ва дар пешгоҳи Худованд тавба кар­да, аз адаб намудани ӯ пушаймон шуд. Аз он баъд ба талаби илму донишандӯзии бештаре пардохт ва мегуфт: “Ба ростӣ, Сиррӣ маро аз ҷаҳлу ноогоҳӣ озод кард”.





Табиист, ҳарчи бештар ин гуна достонҳову ривоятҳоро нақл кунем, роҳу равишро барои мо равшантар мегардонад ва моро бар гӯш додан ба суханони кӯдакон одат медиҳад. Аз он ҷумла, нақл мекунанд, ки кӯдаке ба номи Ҳусайн иб­ни Фазл назди яке аз хулафо, ки бисёре аз аҳли илму фазл пеши ӯ нишаста буданд, омад. Он кӯдак мехост дар он маҷ­лис сухан бигӯяд. Аммо халифа ӯро ронд ва монеъи сухан гуфтанаш шуду гуфт: “Оё кӯдак дар чунин мақоме сухан гӯяд?” Он кӯдак гуфт: “Агар ман кӯдакам, мусалламан аз ҳуд­ҳуди Сулаймон (а) хурдтар нестам ва ту низ аз Сулаймон (а) бузургтар нестӣ, ҳангоме ки ҳудҳуд ба ӯ гуфт: «Ман бар чизе огоҳӣ ёфтам, ки ту аз он огоҳ нестӣ...».[35] Сипас он кӯ­дак ба халифа гуфт: “Оё намедонӣ, ҳудҳуд ба Сулаймон (а) ҳикматҳову донишҳоеро омӯхт? Илова бар он агар амр ба бу­зургӣ бастагӣ медошт, албатта Довуд (а) авлавият дошт”.[36]





Қаблан баён гардид, ки писари навҷавоне ҳамчун Шофеъӣ, чӣ гуна он иштибоҳи Имом Моликро тасҳеҳ намуд ва имом Молик низ гуфтаи ӯро пазируфт...





Мегӯянд, вақте ки Умар ибни Абдулазиз ба хилофат ра­сид, ҳайате ба унвони намояндаи мардум барои табрик гуф­тан ба муносибати мақому мансаби ҷадиди ӯ ба мулоқоташ рафтанд. Кӯдаки навҷавоне ба намояндагии он ҳайъат пеш рафт, то бо халифа сухан бигӯяд. Халифа Умар ибни Абду­лазиз ба он писари навҷавон гуфт: “Оё ин қавм фарди ка­лонсолтар аз туро наёфтанд, то сухан бигӯяд?” Он кӯдаки навҷавон гуфт: “Эй амиралмӯъминин! Агар кор ба бузургии синну сол бастагӣ медошт, ҳатман дар ин мақому манзалати ту фарде бузургтару калонсолтар аз ту вуҷуд дошт. Эй ами­ралмӯъминин, магар намедонӣ, ки арзиши шахс ба ду узви хур­даш, яъне забону қалбаш бастагӣ дорад?! Оё намедонӣ, ки мағзҳои пур аз илму маърифат андарзу роҳнамоиро аз кӯда­кон низ мепазиранд ва бо камоли тавозӯъ ба суханони эшон гӯш фаро медиҳанд ва аз ироаву назариёти онон истифода мекунанд, ки ба ин васила бисёре аз афкор ва роҳу равиши хешро ислоҳ мекунанд?”





Худованд ҳамаи моро дар роҳи ҳидояту иршоди саҳеҳ қарор диҳад ва ба мо ин тавфиқро иноят бифармояд, ки ҳақро аз хурду бузург бипазирем, омин...





Асоси панҷум, дуъо барои кӯдакон





Дуои хайри волидайн яке аз аркони асливу муҳимме аст, ки бояд падарону модарон ба он пойбанд бошанд ва бояд замону лаҳзаҳои муносиберо, ки Пайғамбари акрам (с) иҷо­бати дуоро дар он баён фармудаанд, дар назар бигиранд ва онро комилан риоя кунанд. Зеро дар ин гуна вақтҳову лаҳ­заҳои таъйиншуда дуои волидайн назди Худованд мустаҷоб мешавад. Табиист, ки дуои хайр отифаро меафзояд, рӯҳро шоду қалбро равшан месозад ва муҳаббату шафқатро дар қалби падару модар устувор мегардонад...





Аз ин рӯ, лозим аст падару модар барои ислоҳи фар­зан­ди худ, ба хотири беҳтар шудани ояндаи ӯ дар пешгоҳи Ҳақ таоло ба тазаррӯъу илтимос биафтанд ва ин худ бар асоси оятҳое, ки дар аввали китоб баён шуданд,[37] суннат ва роҳу равиши пайғамбарону расулон мебошад. Бо ин вуҷуд, мута­ассифона падарону модароне ёфт мешаванд, ки фарзандо­нашонро дуъои бад мекунанд. Ин тоифа падарону модарон бояд бидонанд, ки амали онҳо бисёр хатарнок аст, ба гунае ки ҳар андоза роҷеъ ба хатари он бигӯем, боз кам гуфтаем, ба хотири ин ки дуъои бади падару модар, илова бар ин ки мӯҷиби табоҳ шудани ояндаи кӯдак мешавад, боиси нобу­дии худи падару модар низ мегардад. Ба ҳамин хотир аст, ки Пайғамбари акрам (с) падарону модаронро аз дуъои бад барои фарзандони худ манъ кардаанд. Зеро ин амал аз ах­лоқи исломӣ нест ва мухолифи тарбияи набавӣ аст ва дур аз барномаву роҳу равиши Пайғамбари акрам (с) дар робита бо даъвати мардум ба сӯи Ислом мебошад, чунки Пайғам­бари акрам (с) ҳатто барои мушрикони Тоиф дуъои бад на­карданд, балки фармуданд: «Умедворам Худованд аз насли эшон афродеро ба вуҷуд биоварад, ки Худовандро парастиш кунанд». Дуъояшон мустаҷоб шуд ва орзуяшон бароварда гардид. Ба ҳамин сабаб аст, ки мебинем Пайғамбари акрам (с) падарону модаронро аз дуъои бади фарзандони худ манъ намуда, мефармоянд: «Ба зиёни худ, фарзандон, хидматго­рон ва ҳамчунин амволу дороии хеш дуъои бад накунед, мабо­до дуъои (бади) шумо бо соате мувофиқ ояд, ки дар он дуъо мустаҷоб мегардад ва дар натиҷа Худованд дуъои бади шу­моро қабул кунад».[38]





Имом Ғаззолӣ дар “Эҳё” баён кардааст, ки мар­де пеши Абдуллоҳ ибни Муборак омада, аз азияту озор расонидани фарзандаш ба ӯ шикоят мекард. Ибни Муборак ба ӯ гуфт: “Оё то кунун ба зиёни ӯ дуо кардаӣ?” Он мард гуфт: “Оре, дуо бад ба ӯ кардаам”. Ибни Муборак гуфт: “Пас худат ӯро фосиду мунҳариф гардонидаӣ”.[39]





Бинобар ин, лозим аст падару модар ба ҷои ин ки ба ва­силаи дуои бад сабаби табоҳию бероҳагии кӯдак гарданд, беҳтар, ки бо дуои хайри худ сабаби ислоҳу ояндаи равша­ни ӯ шаванд. Чунонки Пайғамбари акрам (с) ҳамин корро анҷом медоданд ва барои кӯдакон дуои хайр мекарданд. Ху­дои рауфу меҳрубон низ дуояшонро мустаҷоб намуда, оян­даи ононро дар кору молу фарзанд муборак мекард. Чу­нон­ки аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Пай­ғам­бари акрам (с) маро дар оғӯши хеш гирифтанд ва гуф­танд: «Худоё! Ҳикмату донишро ба ӯ биомӯз». Дар ривояти дигар омадааст: “Фармуданд: «Қуръон, тафсир ва мафоҳими Қуръон­ро ба ӯ биомӯз». Саранҷом ба сабаби фазлу баракати дуои Пайғамбар (с) яке аз бузургону муфассирони Қуръон гардид.





Оре, ин Расули Худо (с) буданд, ки услуби дуо карданро барои наҷоти кӯдаке гирифтанд, то ин ки ӯ модари насро­нияшро тарк карда, ба падари мусалмонаш бипайвандад ва ӯро ихтиёр кунад. Табиист, дар ин амал панду ибрати дало­латкунанда бар аҳамияти ин услуби набавӣ нуҳуфтааст, ки соири услуби ғайриисломӣ дорои ин гуна аҳамият нест. Чу­нонки ривоят шудааст, бобои Абдулҳамиди Ансорӣ мусалмон шуд, аммо занаш аз мусалмон шудан худдорӣ намуд. Ин мард писари хурдсолашро, ки ҳанӯз ба балоғат нарасида буд, бар­дошта назди Пайғамбари акрам (с) овард. Он ҳазрат (с) ба падари он писар фармуданд: «Ту ин ҷо бинишин» ва ба мода­раш фармуданд: «Ту он ҷо бинишин». Сипас, кӯдакро мухайяр карданд, ки падарашро мехоҳад, ё модарашро? Барои ӯ дуъо карда фармуданд: «Худоё ӯро ҳидоят кун». Кӯдак дар асари дуъои он ҳазрат (с) падари мусалмонашро интихоб намуда, ба ӯ пайваст ва модари номусалмонашро тарк кард.[40]





Мухолифату нофармонӣ аз падару модар, агарчи дара­ҷаи бисёр камтаре аз куфр мебошад, аммо бо ин васф роҳи илоҷи он ҳамон дуъои хайри падару модар бар услуби Пай­ғамбар (с) мебошад ва ба василаи он метавон решаи нофар­мониро аз ҷо канда, аз байн бурд. Ба шарти ин ки падару модар дар дуъои хеш камоли ихлосро дошта бошад ва ҳатто дар сафар ҳам онро идома диҳад. Чунонки омадааст, Пай­ғамбари акрам (с) ҳар вақт аз шаҳр берун мешуданд ва бар шутури худ савор шуда ба сафар мерафтанд, се бор “Аллоҳу акбар” мегуфтанд, сипас ин оятро мехонданд:





﴿سُبۡحَٰنَ ٱلَّذِي سَخَّرَ لَنَا هَٰذَا وَمَا كُنَّا لَهُۥ مُقۡرِنِينَ ١٣﴾ [الزخرف: ١٣]





«Пок аст Худое, ки ин (маркаб)-ро барои мо мусаххар сохт, ҳол он ки мо бар он тавоно набудем. Ва ба ростӣ ки мо ба сӯи Парвардигорамон бозгардандаем».[41]





Сипас, мефармуданд: «Худоё дар ин сафари худ хайру не­кӣ ва тоату парҳезгориро аз Ту металабем ва амалеро мехо­ҳем, ки мавриди пазиришу хушнудии Ту бошад. Илоҳо, заҳма­ту машаққати ин сафарро бар мо саҳлу осон бигардон ва тавфиқи паймудани масофаи онро ба мо иноят бифармо! Парвардигоро, дар ин сафар Туӣ рафиқу ҳамроҳ ва (дар набу­дани мо) танҳо Туӣҳофизу нигоҳдорандаи аҳлу хонавода. Ху­доё! Ман ба Ту паноҳ мебарам аз заҳмату машаққати ин са­фар, ҳамчунин, ҳангоми бозгашт (ба ватан) ба Ту паноҳ ме­барам аз ин ки манзараи нохуш ва тағйири бадиеро дар молу аҳлу хонаводаи худ бубинем».[42]





Табиист, ки модарон дар замони Паёмбари гиромӣ (с) бисёр мехостанд ва дӯст медоштанд, ки Пайғамбари акрам (с) барои кӯдаконашон дуъои хайр кунанд, то ба саҳму баҳ­раи хубе аз дунёву охират ноил шаванд, ҳамон тавре, ки Ум­мисулайм, модари Анас аз Расули Худо (с) хостор шуд, то барои Анас дуо кунанд. Он ҳазрат (с) барои ӯ дуо карданд. Чунонки аз худи Анас (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Умми­сулайм гуфт: “Эй Расули Худо (с), барои хидматгори худ Анас дуои хайр кунед!” Он ҳазрат (с) фармуданд: «Худоё мо­лу фарзанди ӯро биафзо ва он чиро, ки ба ӯ ато фармудаӣ, мубораку пурхайру баракат бигардон!».[43]





Дар ривояти дигар омадааст, ки Анас (р) гуфт: “Мода­рам тамоми баданамро бо нисфи чодараш печонд ва онро бар ман ба сурати ридо гардонд, сипас пеши Пайғамбари акрам (с) оварду гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Инак, писарам Анасро пеши шумо овардам, то шуморо хидмат кунад. Пас барои ӯ дуои хайр кунед. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Худоё, молу фарзандони ӯро биафзо!».[44]Анас мегӯяд: “Ба Худо қасам (дар асари он дуо) имрӯз дорои молу сарват ва фарзандони бисёре мебошам, ба гунае ки теъдоди фарзандону набераҳоям ба ҳудуди сад нафар мерасанд”.





Дар ривояте омада, ки Абухулда гуфтааст: “Анас (р) муддати даҳ сол ба Пайғамбари акрам (с) хидмат кард ва баъдҳо боғу бӯстоне дошт, ки ҳар сол ду бор мева медод ва дар он гулҳои бисёр муаттаре буданд”.[45]





Аз Абуҳамза ибни Абдуллоҳ ривоят шуда, ки мегӯяд: “Аз Абуубайдуллоҳ ибни Утба ибни Масъуд пурсидам: “Чӣ хотирае аз Расули Худо (с) ба ёд дорӣ?” Гуфт: “Ба ёд дорам, дар ҳоле ки панҷ ё шашсола будам, Пайғамбари акрам (с) ма­ро дар оғӯши худ нишонида, даст бар сарам кашиданд ва ба­рои ману насли ояндаам дуои хайру неке карданд”.[46]





Агар касе бипурсад: “Оё кӯдаке, ки ҷавоби садо задани падару модарашро намедиҳад, нисбат ба онон азияту озор­диҳанда мебошад?” Дар ҷавоб бояд гуфт: “Оре, ин кор гу­ноҳ аст, чунонки ҳазрати Яъқуб дар посух ба писаронаш гуфт: “Аз Парвардигорам бароятон талаби омӯрзиш хоҳам кард”.





Асоси шашум,





харидани бозичаҳо барои кӯдакон





Чунончи мушоҳида мешавад, кӯдакон, ба вижа духтар­бачаҳо, дар даврони кӯдакии худ алоқаи шадиде ба бозӣ бо муҷассамаҳову асбоб ва васоили дигар доранд. Ин алоқа­мандӣ намоёнгари ин воқеият аст, ки кӯдак ба асбоби бозии мавриди алоқааш аз қабили муҷассамаҳои хурд ва ғайра ни­ёзманд мебошад ва илова бар ин, нигоҳ кардани Пайғамба­ри акрам (с) ба Абуумайр дар ҳоле ки бо паррандаи хурде, ки дошт, бозӣ мекард, далели дигаре аст бар ин ки кӯдак ниёзманд ба асбоби бозӣ мебошад, то ин ки ба василаи онҳо худро саргарму ором созад.





Дар ривоят омадааст, ки Ҳусайн ибни Алӣ (р) дар дав­рони хурдсолияш сагбаччаи хурде дошт, худро ба он сар­гарм мекард. Чунонки аз Алӣ ибни Абутолиб (р) ривоят шу­да, ки гуфтааст: “Аз ҷониби Расули Худо (с) соате аз субҳ барои ман таъйин шуда буд, ки дар он соат назди он ҳазрат (с) мерафтам. Ҳар гоҳ наздашон мерафтам, иҷозати вуруд мехостам. Агар он ҳазрат (с)-ро дар ҳоли намоз хондан ме­ёфтам, «Субҳоналлоҳ» мегуфтанд ва баъд дохил мешудам ва агар фориғ аз намоз медидам, ба ман иҷозати вуруд медоданд. Шабе наздашон рафтам, ба ман иҷозати вуруд дода, баъд фармуданд: «Фариштае назди ман омад. (Ва ё фармуданд:) Ҷибриил назди ман омад, ман гуфтам: “Дохил шав”. Ҷибриил гуфт: “Дар хона чизе ҳаст, ки наметавонам дохил шавам”. (Он ҳазрат (с) мефармоянд:) “Нигоҳ кардам ва гуфтам: “Ҷус­туҷӯ намудам, чизеро намеёбам”. Ҷибриил ба ман гуфт: (Он ҷоро) бингар”. Ман нигаристам, ногаҳон сагбаччаи хур­деро, ки азони Ҳусайн ибни Али буд, дидам, ки ба пояи тахт дар хо­наи Уммисалама баста шудааст. Ҷибриил гуфт: “Фа­ришта­гон, ё мо ҷамоати фариштагон дохили хонае, ки дар он акс ё саг ва ё шахсе дар ҳоли ҷунуб бошад, ворид наме­шавем».[47]





Аммо бояд донист, ки чӣ касе ин гуна асбобу васоилро барои кӯдак таҳия мекунад? Мусалламан ин падару мода­ранд, ки васоилу асбоби бозиҳоеро, ки мутаносиб бо синну сол ва қудрату тавоноии кӯдак мебошад, мехаранду дар их­тиёри ӯ қарор медиҳанд, то бо машғул сохтани ақлу фикри худ ба он ҳавоси хешро ба кор андохта, кам-кам рушд кунад ва ҷисму фикраш тақвият ёбад. Зеро шакке нест, ки бозӣ ва асбоби бозӣ аз назари ҷисмиву фикрӣ барои кӯдак бисёр муфид мебошад...





Аз ин рӯ, лозим аст падару модар дар вақти харидани асбоби бозӣ барои кӯдаки хеш пурсишҳои зерро дар миёни худ матраҳ намоянд ва дар бораи фоида расондани он ба кӯдак, чи аз назари ҷисмӣ ва чи аз лиҳози фикрӣ, ба маш­ва­рат бипардозанд, то бидонанд, оё он чиро мехаранд, фоидае дорад ё на? Пас, бояд аз худ бипурсанд:





1. Оё ин асбоби бозиро, ки мехаранду дар ихтиёри кӯда­ки худ қарор медиҳанд, чунон ҳаст, ки нишоти кӯдакро ба­рангезад ва аз назари ҷисмиву тандурустӣ ба ӯ фоидае би­расонад?





2. Оё аз он навъ васоиле аст, ки барои кашф кардан ва тасарруф дар ашё рафъи ниёзмандии кӯдакро мекунад ва ӯро розиву хушнуд месозад?





3. Оё ба гунае ҳаст, ки зеҳни кӯдакро барои кушодану ҷамъ кардани ашё омода созад?





4. Оё аз ҷумлаи васоиле аст, ки зеҳни кӯдакро барои пайравӣ аз роҳи бузургон шуҷоъ кунад? Ва ӯро ба тақлид аз роҳу равиши тафаккур, шеваи диққат ва тадаббури онон во­дор намояд ё на?





Бинобар ин, агар дар тамоми мавридҳои боло ҷавоб мусбат аст, пас, таҳияи ин гуна асбоби бозӣ аз назари тар­биявию омӯзишӣ барои кӯдак муносибу муфид мебошад.[48]





Асоси ҳафтум,





кӯмак кардан ба кӯдакон дар некӣ ва тоати Худованд





Бидуни тардид, падару модаре, ки ба фароҳам намудани фазои солим ва таҳияи асбоби муносиб барои фарзанди худ аҳамияти зиёд медиҳанд, то ин ки дар мавриди эшон фарди некӯкоре гардад, машмули ин дуои хайри Пайғамбари ак­рам (с) мегарданд, ки дар он аз Худованд мехоҳанд, раҳмату ризвони худро бар падарону модароне, ки ба фарзандони худ чунин мусоадат мекунанд, нозил бифармояд. Чунонки фармудаанд: «Худованд ба падару модаре раҳм кунад, ки фарзанди худро бар некӣ карданаш ёрӣ медиҳанд».[49]





Дар ривояти дигар омадааст, ки Расули Худо (с) фарму­данд: «Фарзандони худро бар некӣ кардан кӯмак кунед, зеро ҳар кас бихоҳад, метавонад азияту озор расониданро аз қал­би фарзанди худ берун кунад (ва ӯро ислоҳ намояд)».[50]





Бинобар ин, падарону модароне, ки дар робита бо кӯ­мак намудан ба фарзандонашон бар некӣ аз худ сустиву бе­тафовутӣ нишон медиҳанд, масъулияти бузурге мутаваҷҷе­ҳи онон мешавад, ба вижа, агар қудрату тавоноии берун овардани мухолифату нофармониро аз даруни эшон дошта бошанд, он ҳам ба василаи ҳикмату мавъизаи ҳасана ва да­вом бахшидан ба муддати замони он…





Асоси ҳаштум,





дурӣ ҷустан аз маломату сарзаниши зиёди кӯдак





Амри возеҳ аст, ки Расули Худо (с) кӯдакро нисбат ба тасарруфоту аъмоле, ки анҷом медод зиёд мавриди малома­ту сарзаниш қарор намедоданд ва камтар сарзанишу накӯ­ҳиш мекарданд. Чунонки Анас (р) муддати даҳ сол пайваста ба Пайғамбари акрам (с) хидмат кардааст, дар бораи ахло­қу тарзи тарбия карданашон чунин мегӯяд: «Ҳар кореро, ки анҷом медодам, намегуфтанд: «Чаро онро анҷом додӣ?». Ва ҳар кореро, ки анҷом намедодам, намегуфтанд: «Чаро онро анҷом надодӣ?».





Ҳамчунин гуфтааст: «Муддати даҳ сол, ки барояшон хид­мат мекардам, дастури анҷом додани ҳар кореро, ки ба ман ме­доданд ва ман дар анҷом доданаш сустӣ мекардам, ё онро зоеъ мегардонидам, маро мавриди маломату сарзаниш қарор намедо­данд. Агар яке аз аҳли байти он ҳазрат (с) маро сарзаниш ме­карданд, мегуфтанд: «Ӯро бигзоред ва маломат накунед, чун агар метавонист онро анҷом диҳад ва ё агар муқаддар мешуд, ки он кор анҷом гирад, ҳатман анҷом мегирифт».





Оре, ин услуб ва роҳу равиши Пайғамбари акрам (с) аз ҷумлаи масоиле аст, ки унсу улфат гирифтан ба диққати нигариш ва рӯҳи шарму ҳаёро дар замири кӯдак менишонад. Ҳамчунин асари дигаре дорад ва он ин аст, ки падарону мо­даронро мутаваҷҷеҳ ба ин месозад, ки аз касрати маломати фарзандони худ ва аз баёни айбҳову нуқсонҳои онон дурӣ ҷӯ­янд. Чунонки ривоят шудааст, Пайғамбари акрам (с) ва би­нобар қавли Абубакр (р), ё Умар (р) ба марде, ки чизи сох­ташудаи писарашро маъюбу ноқис месохт, гуфтанд: «Ҳамоно писарат тире аст аз тирдони ту, (яъне ҳарчи бошад писари ту аст, ӯро сарзанишу маъюб макун)».[51]





Бинобар ин, вақте ки падар писарашро маъюбу ноқис гардонад, бешудҳа, хештанро маъюб сохтааст, зеро ӯ танҳо василаи таваллуд шудани ин фарзанд будааст. Аз ин рӯ, са­зовор аст, ки барои тарбияи саҳеҳ ва парвариши солими ӯ мубодират варзида, барои он пешӣ гирад.





Шамсиддини Инбобӣ дар рисолаи худ «Риёзату-с–сибён ва таълимуҳум ва таъдибуҳум» ин андешаро чунин возеҳу равшан намуда, гуфтааст: «Набояд дар ҳар замону дар ҳар ҳолат кӯдакро зиёд мавриди маломат қарор дод, чун ин кор мӯҷиби саҳлу осон гардонидани маломат бар ӯ мегардад ва дар натиҷа густох мешавад, ба гунае ки бебокона даст ба аъ­моли зишту ношоиста мезанад».[52]



Recent Posts

Гиряву нолаву фиғон б ...

Гиряву нолаву фиғон бар мурдагон

Силсилаи шиъа ва арко ...

Силсилаи шиъа ва аркони Имон (1)

Ҷазои касе ки Худован ...

Ҷазои касе ки Худовандро дашном медиҳад