Ҳамон гуна, ки Оиша (р) ба оят истидлол мекунад, ҳар касе масъули кирдор ва гуфтори худаш мебошад. Имом Тирмизӣ низ таъвили Имом Бухориро пазируфтааст ва ҳадиси ҳазрати Умар (р) ро ба ин лафз «الميت يعذب ببكاء اهله عليه» ривоят карда ва ҳадисро ҳасан ва саҳеҳ медонад, сипас мегӯяд: иддае аз уламо гиря кардан бар майитро макруҳ медонанд ва бар ин боваранд, ки майит ба хотири гиря кардани хешовандонаш ё ба хотири гиря кардани зиндагон азоб мебинад ва ҳадиси ҳазрати Умар (р) ро тарҷеҳ додаанд. Ибни Муборак мегӯяд: тамоюли ман бар ин аст, ки агар майит дар зиндагӣ ва ҳаёти худ хешовандонашро аз гиря кардан ва навҳа хондан манъ карда бошад, ба хотири гиря кардани аҳлаш азоб намебинад, ҳарчанд бозмондагон бар ӯ гиря кунанд. (Сунани Тирмизӣ (3\336)
Чунин бардошти фаҳм ва дидгоҳи Имом Қуртубӣ аз ҳадиси мазкур аст, чун эшон мегӯяд: баъзе ё аксари уламо бар ин боваранд, ки майит дар сурате ба хотири гиря намудани аҳлаш азоб мебинад, ки гиря кардан аз сунани муравваҷа дар хонаводаи ӯ бошад ва ё барои гиря кардан тавсия намуда ва бадон таъкид карда бошад, ба монанди инки васият кунад ва бигӯяд: ҳангоми маргам ба беҳтарин ваҷҳ навҳасарои кунед ва гиребони худро пора намоед... (Тазкира, Қуртубӣ (102)
Бетардид навҳа хондан, кубидани сару рӯй ва пора кардани гиребон аз расму одоти мардум даврони ҷоҳилият будааст, ҳатто мардуми даврони ҷоҳилият ҳамвора тавҷеҳ мекардаанд, ки баъд аз мурданашон барои онҳо навҳахонӣ шавад ва хабари маргашон миёни мардум эълон ва пахш гардад.
Чунин русуме дар мазоҳиб ва ашъори даврони ҷоҳилият ба касрат дида мешавад, бинобар ин дар чунин мавориде гиря кардан (навҳа хондан) и зиндагон мусталзими азоби майит аст, чун тавсия ва одати ӯро ба ҷо овардаанд ва роҳу равиши зиндагии ӯро идома додаанд.) (Ҷомеул усул, Ибни Асир: 102)
Лозим аст ба таъбир ва алфози Имом Бухорӣ дар саҳеҳаш таваҷҷуҳ шавад, ки мефармояд: таъзиби майит ба навъи гиря кардан бастагӣ дорад на ҳар навъ гиряе, чун гиря маҳдуд ба ашк рехтан ва дур аз захмӣ кардани рӯй ва пора кардан либос ва доду фиғон мушкиле надорад ва соҳибаш таъзиб ва муохаза намешавад. Дар суннати Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нусуси фаровоне вуҷуд дорад, ки ин матлабро таъйид менамояд.
Аллома Ибни Таймия низ перомуни ин масъала сухан гуфта дидгоҳи Имом Бухорӣ, Қуртубӣ, Ибни Абдулбарр ва ҳама пайравони онҳоро дар мавриди фаҳми ҳадиси мазкур нақд ва тазъиф кардааст, Имом баъд аз зикри нусуси ҳадис мефармояд: гурӯҳе аз мутақаддимин ва мутааххирин (салаф ва халаф) ин аҳодисро рад кардаанд ва бар ин боваранд, ки ин гуна ривоёт аз боби муҷозоти инсон ба ҷурми дигарон аст ва муориз ба ояти зайл мебошад:
﴿وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰۚ ١٨﴾ [فاطر: ١٨]
“Ҳеҷ гунаҳкоре бори гуноҳи дигареро ба душ намекашад”. (Сураи Фотир 18)
Ибни Таймия мегӯяд: бузургон дар дафъи таорузи мазкур дидгоҳ ва роҳҳои мутафовитеро паймудаанд, бархе монанди Оиша (р) ва Шофеи ва дигарон ровиёни аҳодисро тахтиа кардаанд (хато кардаанд) ва гурӯҳи дигар монанди Музанӣ ва ғайра бо пеш кашидани мақулаи васият ва супориши майит ба бозмондагон масъаларо хотима медиҳанд ва мушкилро бартараф месозанд.
Бахше дигар аз уламо монанди Абубаракот ҳадисро бар одати бозмондагон ҳамл мекунад ва ҷурми майитро тарки наҳй аз мункар ва одати ношоисти бозмондагон мепиндорад.
Вале тамоми ин мавозиъ ва дидгоҳҳо заъиф ҳастанд ва наметавонанд мушкилро бартараф созанд. Имом дар радди дидгоҳи аҳли таъвил мегӯяд: аҳодиси саҳеҳ ва возиҳро бо ровиёне чун Умар ибни Хаттоб (р) ва фарзандаш Абдуллоҳ ва Абумусои Ашъарӣ ва ғайраро наметавон бо чунин таъвилоти заъифе рад намуд. Ҳазрати Оиша (р) дар бисёре аз мавориди дигар чунин мавқифҳоеро ба миён меоварад ва бо иҷтиҳод ва ҳукм бар ботил будани маъно аҳодиси онҳоро рад кардааст, вале равиши эшон илмӣ нест, чун бо тафаккур ва тадаббур дар мавзуъ равшан мешавад, ки нусуси сареҳ ва саҳеҳ ривоят шуда аз сиқотро наметавон бо нисён ё иштибоҳ рад кард. (Маҷмуъул фатово 24\370)
Шайхулислом ибни Таймия дар идомаи суханонаш мегӯяд: Ҳазрати Оиша (р) бо рад кардани ҳадис дучори ҳамон мушкиле мешавад, ки аз он фирор кардааст, чун ҳадисро бо лафзи дигар нақл мекунад ва онро саҳеҳ ва ривоятшуда аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) медонад, дар ҳоле, ки ҳамон лафз ҳам мушкили ҳадиси ҳазрати Умар (р) ро дар худ ҷой додааст, агар таъвили Оиша (р) ро бипазирем ва қабул кунем, ки майити кофир бар асари гиряи бозмондагон дучори азоби бештаре мешавад чи тафовуте дорад бо ҳадиси ҳазрати Умар (р) ки мефармояд: майит тавассути гиря кардани аҳл ва ъаёлаш дучори азоб мешавад. Агар масъаларо дар издиёди азоб бипазирем чаро дар эҷоди азоб рад накунем? Ба ҳамин далел аст, ки Шофеӣ дар “Мухталафул ҳадис” ҳадисро ба гунаи дигар таъвил мекунад ва мегӯяд: беҳтарин лафзи ҳадис ин ривоят аст, ки мефармояд: онҳо бар ӯ гиря мекунанд, дар ҳоле, ки ӯ дар қабр азоб мебинад.
Имом Ибни Таймия дидгоҳи он гурӯҳро рад мекунад, ки мегӯянд: аз ҳадиси мазкур ин асл бардошт мешавад, ки инсон ба хотири гуноҳи дигарон муҷозот шавад, мегӯяд: он идда, ки ҳадиси мазкурро бар маънои зоҳир ҳамл карданд ва гумон мекунанд, ки ҳадис аз боби муҷозоти инсон ба гуноҳи ғайр аст ва чунин бардошт мекунанд, ки Худованд ҳарчи ирода кунад анҷом медиҳад ё ҳукм менамояд ва эътиқод доранд, ки инсон ба гуноҳи дигарон муҷозот мешавад ва дар ниҳоят қоил ба ҷаҳаннамӣ будани авлоди кофирон ҳастанд, чун падаронашон кофиранд. Имом ин масъаларо тавзеҳ медиҳад ва собит мекунад, ки чунин чизе дар мавриди авлоди кофирон дуруст нест ва бӯе аз ҳақиқат набурдааст, чун Худованд танҳо нофармонҳоро сазо медиҳад ва кудаконро дар қиёмат мавриди имтиҳон қарор медиҳад, сипас мефармояд: таъзиб бо иқоб тафовут дорад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нафармуд, ки майит ба иқоб гирифтор мешавад, балки фармуд: таъзиб мешавад, чун азоб аз уқубат омтар аст, азоб дарду алам аст ва ҳар дард ва аламе иқоб нест. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
(السَّفَرُ قِطْعَةٌ مِنْ الْعَذَابِ)
(Сафар қитъае аз азоб аст)
Яъне сафар дарду алам аст, на инки иқоб ва сазо, чун иқоб ва сазо дар баробари аъмол аст. Инсон баъзан бо шунидани бархе садоҳо ва кашидани бӯйҳо ва хурдани навъе аз ғизоҳо муаззаб мешавад, чунин таъзибе дар муқобили аъмол нест. Бинобар ин майит бо гиряи онҳо муаззаб аст на муоқаб.
Баъзе аз суханон майитро дар қабр азоб медиҳад, ҳамон гуна, ки дидан ва шунидани чизҳое муҷиби азобашон мешавад, ба ин сабаб аст, ки Қозӣ Абуяъло мегӯяд: бо иртикоби маосӣ дар гуристон мурдагон азоб намебинанд, ҳамон гуна, ки аҳодиси фаровоне дар ин маврид ривоят шудааст. Пас маънои ҳадис ин аст, ки гиря сабаби азоби майит мешавад ва ӯро нороҳат мекунад, на инки сабаби иқоб ва сазои ӯ гардад. (Маҷмуул фатово 26\374)
Ин бардошт, ки Шайх ибни Таймия онро ихтиёр намудааст ва баъзе ривоёт низ дар таъйиди он ворид шудааст, дар ниҳояти диққат ва зарофат аст.
Нуъмон ибни Башир ривоят мекунад ва мегӯяд: Абдуллоҳ ибни Равоҳа аз ҳуш рафт ва хоҳараш Амра бар вай гиря кард ва гуфт: вой ҷабало, вой чунин ва чунон ва сифоти бародарашро бармешумурд, вақте Абдуллоҳ ба ҳуш омад гуфт: чизе дар мавриди ман нагуфти магар инки гуфтанд: рост мегӯед, ту чунин ва чунон ҳастӣ?! Вақте Абдуллоҳ фавт кард хоҳараш бар вай гиря накард. (Бухорӣ, китоби Алмағозӣ) Ҳатто чунин матлабе ба сароҳат дар ҳадиси Абумусои Ашъарӣ ворид шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(مَا مِنْ مَيِّتٍ يَمُوتُ فَيَقُومُ بَاكِيهِ فَيَقُولُ وَا جَبَلَاهْ وَا سَيِّدَاهْ أَوْ نَحْوَ ذَلِكَ إِلَّا وُكِّلَ بِهِ مَلَكَانِ يَلْهَزَانِهِ أَهَكَذَا كُنْتَ)
(Ҳар кас бимирад ва дигаре бар вай гиря кунад ва бигӯяд: эй сайидам, эй чунин ва эй чунон, ду фаришта бар вай гумошта мешаванд ва ӯро такон медиҳанд ва ба ӯ мегӯянд: оё ту ҳамон тавр буди?)
Тирмизӣ ҳадисро ривоят карда мегӯяд: ҳадис ҳасан ва ғариб аст[2] ва ҳукми онро саҳеҳ медонад ва ҳадиси Нуъмон ибни Баширро шоҳиди он медонад. (Талхиси Ҳабир ибни Ҳаҷар 2\140 шумораи 806)
Шоёни зикр аст, ки баён шавад, азоби ҳар майите бино ба гиряи бозмондагон лозим нест, чун гоҳе ҳукми сабаб ба хотири вуҷуди муориз бардошта мешавад, ҳамон гуна, ки ибни Таймия фармуд: баъзе аз инсонҳо тавони дафъи зиёни асвоти хавфнок ва арвоҳ ва суратҳои хабисаро доранд. Шайх дар идома суханони худ ва дар таъйиди матлаби фавқ мефармояд: сабаб ва иллати азоб дар аҳодиси ваъид зикр мешавад, аммо агар гоҳе сабаби он ба хотири вуҷуди мавониъ таҳқиқ пайдо намекунад. Ин гуна мониъ метавонад тавбаи мақбула ё некиҳои маҳвкунанда ва ё гуноҳони афвшуда тавассути шафоати мақбул ё фазл ва раҳмати илоҳӣ бошад. Имом дар поён мефармояд: азоби дохили қабр тавассути гиряи бозмондагон сабаби каффораи гуноҳон мешавад. (Маҷмуул фатово, 4\375)
Матлаби панҷум: Наҷотдиҳандагон аз азоб ва фитнаи қабр
Ончи инсонро аз азоби қабр наҷот медиҳад омодагӣ барои марг ва камари ҳиммат бастан то охирин лаҳзаҳои зиндагӣ ва шитофтан ба дидори абадӣ аст. Бояд ин омодагӣ ба гунае бошад, ки ҳангоми марг ангушти ҳасрат ва надоматро ба дандон нагирад.
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои мо баён фармудааст, ки аъмоли неку ва шоиста инсонро дар қабр посдорӣ мекунад. Муҳаммад ибни Умар (р) аз Абусалама аз Абуҳурайра ривоят мекунанд, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(Майит садои пойҳои ташйиъкунандагонро ҳангоми фориғ шудан ва баргаштан аз тадфин мешунавад, агар майит муъмин бошад намоз дар болои сараш ва рӯза дар самти рост ва закот дар самти чап ва корҳои неку монанди садоқат, силаи раҳм, маъруф ва эҳсон дар ҳаққи мардум пеши пойҳояш қарор мегиранд, агар азоб аз тарафи сараш биояд намоз мегӯяд: роҳ масдуд аст ва агар аз тарафи рост бошад рӯза музоҳим мешавад ва агар аз тарафи чап пеш биояд закот даст ба кор мешавад ва ҳамчун сипаре намегузорад нуфуз кунад ва агар аз тарафи пойҳо қасд кунад корҳои хайр музоҳим мешаванд, онгоҳ ба ӯ гуфта мешавад: бинишин ва ӯ ҳам менишинад, тасвире аз ҳолати тулуъ ва ғуруби хуршед барои ӯ тамсил мешавад, аз вай ба шарҳи зер савол мекунанд: дар бораи ин шахс (яъне ҳазрати Муҳаммад(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)) ки миёни шумо буд ва ба тарафи шумо мабъус шуд, чи мегӯед? ӯ мегӯяд маро бигзоред то намоз бихонам, ба ӯ гуфта мешавад: бихон ва ба пурсишҳо посух бигӯ. Мегӯяд: дар бораи чи касе аз ман савол мекунед? Мегӯянд: дар бораи шахсе, ки ба миёни шумо мабъус шудааст, чи мегӯи ва чи гувоҳӣ медиҳи?
Мегӯяд: шаҳодат ва гувоҳӣ медиҳам, ки ӯ расули Худост ва аз ҷониби Худо ба сӯи инсонҳо фиристода шудааст. Ба ӯ гуфта мешавад: ту бар ҳамин ақида зинда буди ва бар ҳамин ақида дунёро видоъ гуфти ва ба умеди Худо бар ҳамин ақида зинда хоҳи шуд, сипас даре аз дарҳои биҳишт барояш кушода мешавад ва хитоб ба ӯ мегӯянд: ин маҳал ва маскани ту дар биҳишт аст. Ӯ бисёр хушҳол мешавад, сипас даре аз дарҳои дӯзах боз карда мешавад ва хитоб ба ӯ мегӯянд: агар Худоро нофармонӣ мекарди чунин ҷойгоҳе дошти, боз ҳам хушҳол мешавад, ки аз чунин ҷойгоҳе наҷот ёфтааст.
Сипас қабраш мунаввар ва тавсеа ёфта ва ба сӯи ҷасадаш баргардонида мешавад ва дар канори руҳҳои пок ва муназзаҳ маскан мегузинад ва маҷмуае аз парандагони биҳиштӣ дар фазои қабраш ба парвоз меоянд)
Дар ривояти дигар омадааст:
(و هو طَيْرٌ يَعْلَقُ فِي شَجَرِ الْجَنَّةِ)
(Ба парандае табдил мешавад ва дар дарахтони биҳишт менишинад)
Абуҳурайра мефармояд: ояти зайл дар ин маврид баҳс мекунад:
﴿يُثَبِّتُ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱلۡقَوۡلِ ٱلثَّابِتِ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِۖ وَيُضِلُّ ٱللَّهُ ٱلظَّٰلِمِينَۚ وَيَفۡعَلُ ٱللَّهُ مَا يَشَآءُ ٢٧﴾ [ابراهيم: ٢٧]
(Худованд муъминонро ба хотири гуфтори устувор (ва ақидаи пойдорашон) ҳам дар ин ҷаҳон (дар баробари зарқ ва барқи модиёт ва бим ва ҳароси мушкилот маҳфуз ва мусавван менамояд) ва дар ҳам дар он ҷаҳон (эшонро дар неъматҳои фаровон ва атои бепоён, ҷовидон) мондагор медорад ва кофиронро (дар дунё ва охират) гумроҳ ва саргашта месозад ва Худованд ҳар чи бихоҳад анҷом медиҳад). Сураи Иброҳим, 27
Дар ривояти дигар омадааст: сипас ҷасадаш ба ҳолати аввалӣ бармегардад.
Паноҳ хостан аз фитна ва азоби қабр
Аз ин ҷиҳат, ки фитна ва азоби қабр аз ҷумлаи аҳволи хатарнок ҳастанд, Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамвора дар намозҳои худ аз азоби қабр ба Худованд паноҳ мебарад ва ба ёрон низ амр мекард то чунин кунанд. Дар ҳадиси ҳазрати Оиша (р) ва зани яҳудӣ чунин чизе нақл шудааст: зани яҳудӣ пеши ман омад ва гуфт: Худо туро аз азоби қабр ҳифз кунад, ман ҳам дар мавриди азоби қабр аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савол кардам, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(صَدَقَتْ، فَمَا صَلَّى بَعْدَ يَوْمِئِذٍ صَلَاةً إِلَّا قَالَ فِي دُبُرِ الصَّلَاةِ رَبَّ جِبْرِيلَ وَمِيكَائِيلَ وَإِسْرَافِيلَ أَعِذْنِي مِنْ حَرِّ النَّارِ وَعَذَابِ الْقَبْرِ )
(Ӯ рост мегӯяд. Ҳазрати Оиша (р) мефармояд: баъд аз ин ҷараён Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ро медидам, ки ба дунболи ҳар намозе мефармуд: эй Парвардигори Ҷибраил ва Микоил ва Исрофил аз шиддати гармии ҷаҳаннум ва азоби қабр ба ту паноҳ мебарам) (Насоӣ дар сунанаш ҳадисро нақл кардааст, Ҷомеул усул 11\167)
Ғундур ин иборатро ба ривоят афзудааст: азоби қабр ҳақ аст. (Бухорӣ, китоби “Ҷаноиз” боби азоби қабр, Фатҳулборӣ 13\232 ва Муслим китоби Масоҷид, боби “истиҳбоб мин азобил қабр” ҷилди 1\410)
Анас (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамвора ин дуоро замзама мекард:
(اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ الْعَجْزِ وَالْكَسَلِ وَالْجُبْنِ وَالْهَرَمِ وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ الْمَحْيَا وَالْمَمَاتِ وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ)
(Парвардигоро ман аз нотавонӣ, танбалӣ, буздилӣ, бахилӣ, пирӣ, азоби қабр ва фитнаи зиндагӣ ва марг ба ту паноҳ мебарам) (Албонӣ мегӯяд: Бухорӣ ва Муслим ва Насоӣ ҳадисро ривоят кардаанд. (Саҳеҳи ҷомеъ 1\406)
Аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чунин дуо мекард:
(اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ الْكَسَلِ وَالْهَرَمِ وَالْمَأْثَمِ وَالْمَغْرَمِ وَمِنْ فِتْنَةِ الْقَبْرِ وَعَذَابِ الْقَبْرِ)
(Худованд аз танбалӣ ва пирӣ ва гуноҳу бадаҳкорӣ ва фитна ва азоби қабр ба ту паноҳ мебарам) (Муслим, китоби алҷанна боби “арз мақъадул майит минал ҷаннати ави нор алайҳи” 4\2199)
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба асҳоб фармуд:
(تعوذوا من عذاب القبر فيقولون معوذ بالله من عذاب القبر)
(Аз азоби қабр ба Худо паноҳ бибаред, саҳобагон ҳам мегуфтанд: аз азоби қабр ба Худо паноҳ мебарем). (Муслим, китоби Алҷанна 4\2199)
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба саҳобагон дастур медод, ки аз чор чиз ба Худо паноҳ бибаранд.
(اسْتَعِيذُوا بِاللَّهِ مِنْ عَذَابِ جَهَنَّمَ وَاسْتَعِيذُوا بِاللَّهِ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ اسْتَعِيذُوا بِاللَّهِ مِنْ فِتْنَةِ الْمَسِيحِ الدَّجَّالِ وَاسْتَعِيذُوا بِاللَّهِ مِنْ فِتْنَةِ الْمَحْيَا وَالْمَمَاتِ)
(Аз азоби қабр, аз дӯзах, аз фитнаи даҷҷол ва аз фитнаи марг ва зиндагӣ, ба Худованд паноҳ бибаред). (Дар Ҷомеул саҳиҳ ба Тирмизӣ ва Насоӣ нисбат дода шудааст. 1\320)
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба саҳобагон дустур медод, ки баъд аз намоз ба Худо паноҳ бибаранд. Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(إِذَا تَشَهَّدَ أَحَدُكُمْ فَلْيَسْتَعِذْ بِاللَّهِ مِنْ أَرْبَعٍ يَقُولُ اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ جَهَنَّمَ وَمِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ وَمِنْ فِتْنَةِ الْمَحْيَا وَالْمَمَاتِ وَمِنْ شَرِّ فِتْنَةِ الْمَسِيحِ الدَّجَّالِ)
(Ҳаргоҳ яке аз шумо ташаҳуд хонд аз чор чиз ба Худо паноҳ биҷӯяд: аз азоби ҷаҳаннум, сазои қабр, фитнаи марг ва шари Масеҳи Даҷҷол). (Муслим, китоби масоҷид, боби “мо юстаозу минҳу фӣ салот” 1\412, шумори 588.)
Аз ҳазрати Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин дуоро монанди сураи фотиҳа ва Қуръон ба саҳобагон меомӯхт:
(اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ الْمَسِيحِ الدَّجَّالِ وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ فِتْنَةِ الْمَحْيَا وَالْمَمَاتِ)
(Парвардигоро ба Ту аз азоби ҷаҳаннам ва сазои қабр ва шари Масеҳи Даҷҷол ва фитнаи марг ва зиндагӣ паноҳ мебарам) (Муслим, китоби масоҷид, боби “мо юстаозу минҳу фӣ салот” 1\412, шумори 590)
Матлаби шушум: Касоне, ки аз фитна ва азоби қабр дар амон ҳастанд.
Баъзе аз мусалмонон, ки аъмоли шоёне анҷом додаанд ё ба мусибат бузурге гирифтор шудаанд, аз фитна ва азоби қабр дар амон хоҳанд буд ва онон иборатанд аз:
* Шаҳид
Аз Миқдом ибни Маъдӣ Карб (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(لِلشَّهِيدِ عِنْدَ اللَّهِ سِتُّ خِصَالٍ يُغْفَرُ لَهُ فِي أَوَّلِ دَفْعَةٍ وَيَرَى مَقْعَدَهُ مِنْ الْجَنَّةِ وَيُجَارُ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ وَيَأْمَنُ مِنْ الْفَزَعِ الْأَكْبَرِ وَيُوضَعُ عَلَى رَأْسِهِ تَاجُ الْوَقَارِ الْيَاقُوتَةُ مِنْهَا خَيْرٌ مِنْ الدُّنْيَا وَمَا فِيهَا وَيُزَوَّجُ اثْنَتَيْنِ وَسَبْعِينَ زَوْجَةً مِنْ الْحُورِ الْعِينِ وَيُشَفَّعُ فِي سَبْعِينَ مِنْ أَقَارِبِهِ)
(Шаҳид назди Худованд шаш хусусият ва имтиёз дорад, ҳамон лаҳза, ки бар замин бияфтад ва ҷонро ба ҷонофарин таслим кунад мавриди мағфират қарор мегирад ва ҷояшро дар биҳишт мебинад, аз азоби қабр наҷот меёбад, аз ваҳшати бузурги рӯзи қиёмат дар амон мемонад, тоҷи азамат бар сари ӯ гузошта мешавад, тоҷе, ки аз донаи ёқуте барҷаста сохта шуда ва аз ҳар чизе боарзиштар аст, ду ҳур бо ӯ издивоҷ мекунад ва шафоаташ дар мавриди ҳафтод тан аз хешовандонаш пазируфта мешавад). (Тирмизӣ ва Ибни Моҷа. Мишкотул масобиҳ: 2\358)
Насоӣ дар сунани худ аз Рошид ибни Саъд аз яке аз асҳоби Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чунин нақл мекунад:
(أَنَّ رَجُلًا قَالَ يَا رسولالله مَا بَالُ الْمُؤْمِنِينَ يُفْتَنُونَ فِي قُبُورِهِمْ إِلَّا الشَّهِيدَ قَالَ كَفَى بِبَارِقَةِ السُّيُوفِ عَلَى رَأْسِهِ فِتْنَةً)
(Марде аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид: Эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чаро тамоми муъминон ғайр аз шаҳидон дар қабр азоб мебинанд? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: барои шаҳид ҳамин азоб кофист, ки мавриди исобати шамшер қарор мегирад) (Аҳкомул ҷаноиз. Носириддин Албонӣ ва санадаш низ саҳеҳ аст.)
* Марзбонон
Касоне, ки дар ҳоли ҳифозат аз ҳудуд ва марзи кишвари исломӣ ҷонашонро аз даст медиҳанд.
Фузола ибни Убайд аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нақл мекунад, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(كُلُّ مَيِّتٍ يُخْتَمُ عَلَى عَمَلِهِ إِلَّا الَّذِي مَاتَ مُرَابِطًا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَإِنَّهُ يُنْمَى لَهُ عَمَلُهُ إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ وَيَأْمَنُ مِنْ فِتْنَةِ الْقَبر)
(Ҳар майит амалаш бо мавташ хотима мепазирад, ба ҷуз нигоҳбони роҳи Худо, чун то рӯзи қиёмат аъмолаш рушд мекунад ва аз фитнаи қабр дар амон мемонад). (Тирмизӣ ва Абудовуд.)
* Касе ки рӯзи ҷумъа мемирад
Дар ҳадис аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Амр ривоят шудааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(مَا مِنْ مُسْلِمٍ يَمُوتُ يَوْمَ الْجُمُعَةِ أَوْ لَيْلَةَ الْجُمُعَةِ إِلَّا وَقَاهُ اللَّهُ فِتْنَةَ الْقَبْرِ)
(Ҳар мусалмоне, ки рӯзи ҷумъа бимирад Худованд ӯро аз фитнаи қабр наҷот медиҳад). (Аҳмад ва Тирмизӣ, ҳамаи тариқи ин ҳадис саҳиҳ ва ё ҳасан ҳастанд, Аҳкомул ҷаноиз (35)
*Касе ки дар асари бемории исҳол ҷон диҳад
Дар ҳадисе, ки Абдуллоҳ ибни Ясор (р) онро ривоят мекунад, омадааст: ман ва Сулаймон ибни Сард ва Холид ибни Арфата нишаста будем, суҳбат аз шахсе ба миён оварданд, ки дар асари бемории исҳол дар гузашта буд ва он ду мехостанд дар ташйиъи ҷанозаи ӯ ширкат кунанд, яке аз он ду хитоб ба дигаре гуфт: магар нашунидаи, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(مَنْ يَقْتُلْهُ بَطْنُهُ فَلَنْ يُعَذَّبَ فِي قَبْرِهِ فَقَالَ الآخر: بلی، وفي روایة: صدقت)
(Ҳар кас дар асари бемории шикам бимирад дучори азоби қабр намегардад).
Дигаре гуфт: оре, рост мегӯед. (Носируддини Албонӣ дар Аҳкомул ҷаноиз мегӯяд: Насоӣ ва Тирмизӣ онро ривоят кардаанд ва Тирмизӣ онро саҳиҳ донистааст ва низ Таёлисӣ ва Аҳмад онро нақл кардаанд ва санади ҳадис саҳиҳ мебошад, Аҳкомул ҷаноиз (38)
Мабҳаси панҷум: Пандомӯзӣ аз марг
Матлаби аввал: Марг бузургтарин ибрат аст.
Нусуси зиёдеро дар мавриди марг ва сакароташ ва қабр ва аҳволи он баён кардем, оқил касе аст, ки пандпазир бошад, чун марг бузургтарин пандомӯз аст. Дар мавриди беҳтарин пандомӯзҳо аз зоҳиде пурсиданд. Зоҳид дар ҷавоб гуфт: тааммул кардан дар бораи марг. (Тазкираи Имом Қуртубӣ (99)
Имом Қуртубӣ (р) дар баёни марг ингуна зебо қаламфарсоӣ мекунад: бидон, ки марг саҳмноктарин ҷараён аст, ҷоме аст, ки таъми он бисёр талх ва номатлуб аст ва беш аз ҳар чизи дигар нобудкунанда аст ва қатъкунандаи оромиш ва ҷалбкунандаи нописандиҳост. Агар чизе битавонад, ки мафосили туро қатъ кунад ва аъзои баданатро аз ҳам ҷудо намояд ва аркони баданатро мунҳадим созад, яқинан он кор хатарнок ва ҷараёни саҳмноки марг аст ва фаро расидани чунин рӯзе бузургтарин рӯз аст. (Тазкираи Имом Қуртубӣ (24)
Матлаби дуввум: Андешидан перомуни марг
Марг ҳаммонанди зиндагӣ нишоне аз нишонаҳои қудрати Худованд аст, аммо дар шигифтиҳои он сухан магу ва аз аҷоибаш чизе кам накун.
﴿كَيۡفَ تَكۡفُرُونَ بِٱللَّهِ وَكُنتُمۡ أَمۡوَٰتٗا فَأَحۡيَٰكُمۡۖ ثُمَّ يُمِيتُكُمۡ ثُمَّ يُحۡيِيكُمۡ ثُمَّ إِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ٢٨﴾ [البقرة: ٢٨]
((Чи ҷои тааҷҷуб аст) чи гуна Худоро инкор ва нисбат ба Ӯ куфр меварзед? Дар сурате, ки (нигоҳе ба чигунагии ҳастии худатон ва авзоъе, ки доред барои пай бурдан ба вуҷуди Худо кофӣ аст) шумо (чизҳои беҷон ва) мурдагоне будед, ки Худо шуморо биёфарид ва ҷонатон бахшид. Сипас шуморо мемиронад ва баъд аз он зиндаатон мегардонад. Он гоҳ ба сӯи Ӯ баргардонида мешавед). (Сураи Бақара ояти 28)
Андешидан перомуни ин оят дар воқеъ андешидан дар офаридае аз офаридаҳои Худованд аст ва андешидан дар шигифтиҳои Ӯст, шигифтиҳое, ки ҳикоят аз бузургӣ ва қудрати Ӯ дорад. Мегӯянд: Марде бар шутури худ савор ва дар биёбон ҳаракат мекард, ки ногаҳон шутураш афтод ва мард поён шуд ва шуруъ кард ба тавоф кардани ҷасади мурда ва беҷони ҳайвон ва дар бораи он андешид ва мегуфт: чи шудааст? Чаро барнамехези? Магар аъзо ва баданат солим нестанд? Чи касе туро ба ҳаракат дармеорад ва бармехезонад? Чи чизе туро бар замин андохтааст? Чи касе туро аз ҳаракат манъ кардааст?
Сипас дар ҳолати андешидан ва мутааҷҷиб шудан аз сарнавишти шутур баргашт ва ин чанд байтро суруд:
Ишорае аз тарафи марг ба ӯ омад, аз тарс бар дасту даҳон афтод.
Бо шамшер ва найза шуруъ кардан ба куштан ва лошаҳоро бо шикофе бузург раҳо месохт, на ба фарёд посух мегуфт ва на мавъизаро гӯш медод.
Вақте, ки ресмони маргро дар ҳоли наздик шудан медид ба ҳар ҷое фирор мекард ва ҳар нишеберо мепаймуд.
Вой чи савороне вуҷуд доштанд, ки ҷангу пайкор карданд вале бо вуҷуди ин ҳама ҷанг захме барнадоштанд.
Аммо бо марг ҳалок шуда ва дасту пойҳо ва аъзои дигар афтодаанд, дар ҳоле, ки ҳеҷ узве шикоф набардоштааст.
Фарди муҳтазар: касе, ки дар остонаи марг қарор дорад ва мехоҳад бо ҷаҳон видоъ гӯяд ба таноби куҳна ва забони буррон ниёз надорад.
Балки дустури Худоро иҷро мекунад ва Худованд бо қазои хеле маҳкам қазоват менамояд ва ба корҳо файсала медиҳад.
Матлаби сеюм: Намунае аз пандҳои пандомӯзон
Худованд паёмбарашро ингуна ба василаи марг панд медиҳад:
﴿إِنَّكَ مَيِّتٞ وَإِنَّهُم مَّيِّتُونَ ٣٠﴾ [الزمر: ٣٠]
(Эй Муҳаммад! Марг аз масоиле аст, ки ҳамаи инсонҳо дар он яксонанд, шутуре аст, ки бар дари хонаи ҳама касе мехобад. (Лизо) ту ҳам мемири ва ҳамаи онҳо мемиранд (ва саранҷоми нек ва хуш ва ҷовидон аз они парҳезгорон аст)
Дар ҳадисе, ки Табаронӣ онро дар “Авсат” ва Абунуайм дар “Ҳулия” ва Ҳоким дар “Мустадрак” аз ҳазрати Алӣ (р) нақл карданд, чунин омадааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(جاء جبريل عليه السلام إلى النبي صلى الله عليه وسلم، فقال: « يا محمد، عش ما شئت فإنك ميت، وأحبب من أحببت فإنك مفارقه، واعمل ما شئت فإنك مجزي به » ثم قال: « يا محمد شرف المؤمن قيام الليل وعزه استغناؤه عن الناس)
(Ҷибраил назди ман омад ва гуфт: эй Муҳаммад ҳар чанд, ки ту зинда бимонӣ билохира рӯзе аз дунё мерави, муҳаббат кун бо ҳар кас, ки моил ҳастӣ, қатъан ту рӯзе аз вай ҷудо хоҳи шуд, ҳарчи мехоҳи анҷом бидеҳ, ба таври лузум подоши онро хоҳи гирифт. Бидон, ки шарофат ва каромати муъмин дар шабзиндадорӣ ва иззати ӯ дар истиғно аз дигарон аст). (Силсилаи аҳодиси саҳиҳа: 2\505. Бухорӣ, боби “Аламал ва тулуҳу”)
Ривоёт ва нусуси фаровонеро баён кардем, ки дарси панд ва мавъизаро ба инсонҳо ёд медоданд, равиш ва сираи бандагони солеҳ чунин будааст, ки худ ва дигаронро ба тафаккур ва андешидан перомуни марг тазаккур медоданд.
Ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб (р) мефармояд: Дунё ба ақаб бармегардад ва охират аз тарафи пеш меояд, ҳар кадом аз ин ду фарзандоне дорад. Шумо фарзандони охират бошед на дунё, чун имрӯз амал бидуни муохаза аст ва фардо муохаза бидуни амал сурат мегирад. (Мишкотул масобиҳ, 2\259)
Аз ҷумла панд ва андарзҳои бузургон ин аст, ки дар Тазкираи Қуртубӣ омадааст ва мегӯяд: эй инсоне, ки фиреби марг ва сахтӣ ва аҳволи онро хурдаи бияндеш, марг барои тарси дилҳо, гиря кардани чашмҳо, ҷудо кардани ҷамоатҳо, нобуд кардани лаззатҳо ва қатъи орзуҳо кофӣ аст.
Пас эй фарзанди одам ҳаргиз дар бораи рӯзе, ки бар замин меафти ва аз ҷои худ ба ҷои дигар мунтақил мешавӣ, андешидаи? Рӯзе, ки аз кушодӣ ва вусъат ба тангӣ мунтақил мешави, дӯстон ва ҳамроҳон муртакиби хиёнат мешаванд ва ба бародар ва дӯст аз ту ҷудо мешаванд ва аз фирош ба хок роҳсипор мешави ва ба ҷои рахти хоб ва лиҳофи нарм туро ба хок ва гил мепӯшонанд. Пас эй инсоне, ки дар ҷамъи мол ва таҳкими сохтмон дар такопу ва талош ҳасти, савганд ба Худо ҷуз кафан чизе аз амвол баҳраи ту намешавад. Қатъан амволи андухтаи ту рӯ ба завол ва нобудӣ ва баданат ғизои хок аст.
Пас куҷо аст моле, ки андухтаи? Оё ин амвол туро аз ҳалокат наҷот дод? Ҳаргиз! балки амволатро барои касе гузоштаи, ки туро сипос намегӯяд ва бо бори гуноҳон назди касе омади, ки узри туро нахоҳад пазируфт. (Тазкира, саҳ 9)
Қуртубӣ (р) аз Язиди Рақошӣ нақл мекунад, ки ин гуна бо худаш ба сухан меояд: Нобуд шав эй Язид, баъд аз марг ки барои ту намоз мехонад? Баъд аз мурдан ки барои ту рӯза мегирад? Баъд аз мурдан ки Парвардигоратро хушнуд ва розӣ месозад?
Баъд мегӯяд: Эй мардум чаро бар чанд лаҳзаи боқимонда аз зиндагии худ ба гиря ва зорӣ намеафтед? Чи қабре туро фаро мехонад? Чи қабре хона ва чи хоке фироши ту мегардад? Чи караме дӯст ва аниси ту мешавад? Бо ин ҳол дар интизори рӯзи ҳашр ба сар мебарад, чи ҳоле дорад? (Тазкира, саҳ 9)
Қуртубӣ дар ҷои дигар мегӯяд: Эй инсон он саҳнаро ба хотир биёвар, ки сахтиҳои марг бар ту нозил мешаванд, оҳ ва фиғон ва беҳушиҳо бар ту ҳуҷум меоваранд, яке мегӯяд: фалонӣ васият кардааст ва молаш тақсим гаштааст. Дигаре фарёд мезанад: фалонӣ забонаш банд омадааст ва дигар ҳарф намезанад ва ҳамсоя ва дӯстро намешиносад ва бо бародаронаш сухан намегӯяд, монанди инки дар ҳоле ба сӯи ту нигоҳ мекунам, ки тавони посух гуфтанро надори. Пас эй фарзанди одам бияндеш барои рӯзе, ки аз рахти хоб ба сӯи тахтаи ғусл мерави, туро мешӯянд ва кафанро бар танат мегузоранд ва дӯстону наздикон аз ту ваҳшат доранд ва дӯстону бародарон бар ту зор зор гиря мекунанд ва ғосил мегуяд: куҷост ҳамсари фалонӣ то ӯро ҳалол кунад, фарзандони ятимаш куҷо ҳастанд? Дигар ҳаргиз наметавонанд ӯро бубинанд.
Сипас ин ашъорро месароянд:
* Эй шахси мағрур чаро ба бозӣ ва орзуҳо машғул мешавӣ, дар ҳоле ки марг бароят аз ҳама чиз наздиктар аст.
* Ва медони ки ҳирс баҳри дуркунанда аст ва киштияш дунёст, пас огоҳ бош онро осеб нарасон.
* Ва медони ки марг ба зуди фаро мерасад, ва яқинан мазаашро мечаши, ки ширин нест.