Articles



Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сиюшашум: Усули тарбияи набавӣ барои кӯдакон, Асосҳо дар робита бо услубҳои хитоб ба волидайн ва мураббиён





سلسلة تربية الأولاد، القسم السادس والثلاثون: عن أصول تربية النبوية للطفال





< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >





















 




Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир





إعداد: حقنظراو طاهر





—™

























 




Пешгуфтор





Ин услубҳову равишҳои тарбиявӣ, ки мехоҳем ба­ён намоем ва тазаккур диҳем, аз ҷумлаи равиш­ҳое мебошанд, ки фикру андешаи инсон дар раф­ти мутолиаву баррасии аҳодиси набавӣ ба онҳо мерасад ва бо диққат додан дар чигунагии муомилаву муоширати Пай­ғамбари акрам (с) бо кӯдакон ба изофаи хитобҳои бевоси­таи он ҳазрат (с) барои кӯдакон ва ё барои волидайн дар бораи шеваи рафтори эшон бо фарзандонашон истинбот мешаванд.





Чунончи мулоҳиза мешавад, зиёд будан ва фаровонии ин услубҳо худ амре аст, ки далолат бар бениёзиву пурбо­рии рукни ҳадисӣ мекунад. Ва ин пурборӣ мукаммалии рук­ни ҳадисӣ ба нунаест, ки ҳеҷ маҷолу фурсатеро барои тақ­лид аз услуби шарқӣ ё ғарбӣ боқӣ намегузорад. Ва бар аса­ри фазлу баракати ин фаровонии услубҳо падару модар ва мураббиён метавонанд ба замири кӯдак ва ба тамоми роҳ­ҳои фикрии роҳ ёбанд. Зеро ин услубҳоанд, ки роҳи нуфузро барои онон равшан месозанд ва шеваи муваффақиятро дар бинои шахсияти иҷтимоиву тарбиявии кӯдак ба сӯи пеш­рафту тараққӣ ироа менамоянд.





Бояд гуфт, дар истинботи ин услубҳо гоҳе баъзе аз аҳо­дис такрор мешаванд, аммо ин такроре хастакунандаву ма­лоловар нест, балки ба хотири равшан шудани ҷанбаҳои нав ва шинохти гӯшаҳои торику ношинохтае аст, ки ин аҳо­дис ба онҳо ишора мекунанд...





Баъд аз риояву нигаҳдории ин услубҳову равишҳо муай­ян мешавад, ки онҳо ба се даста тақсим мешаванд, ки ҳар як аз онҳо дар навбати худ дорои чанд асоси тарбияи набавӣ барои кӯдакон мебошад:





Дастаи аввал: Чанд асос хитоб ба падару модарон ва мураббиён ва вазифадор шудани онон ба он асосҳо.





Дастаи дуюм: Чанд асоси муассири фикрӣ, ки мурабби­ён ва падару модарон метавонанд дар рафти онҳо ба ақлу андешаи кӯдак таъсир расонанд ва шахсияти ӯро поярезӣ намоянд.





Дастаи сеюм: Чанд асоси муассири равонӣ вуҷуд дорад, ки мураббиён ва волидайн метавонанд ба қалби қӯдак роҳ ёбанд ва ӯро бар асоси эътимод ба бхуд парвариш кунанд.





Оре, ин як талоши хоксоронаву мухлисонае аст, ки тав­фиқи анҷоми онро аз Худованди ғолибу тавоно хоҳонам ва шакке нест, ки дар ин талош ҳар он чӣ, ки саҳеҳ ва муто­би­қи воқеъ мебошад, амре аст, ки Худованд онро инояту мар­ҳамат фармудааст. Ҳар навъ иштибоҳу лағжиш, ки ба назар бирасад, ҳатман аз ҷониби ман ва бар асари кӯтоҳию саҳл­ангории ман мебошад. Аз ин рӯ, умед аст, Худои мутаъол маро мавриди афву омӯрзиши Худ қарор диҳад ва иштибо­ҳотамро бибахшад.





Дар ин ҷо лозим аст ба ин амр ишора шавад, ки тариқаи истинботи ин матолибу мафҳумҳо бевосита аз аҳодис анҷом шудааст, бар хилофи он чӣ, ки иддае шеваи истинботро аз услуби ғарбӣ ё шарқӣ дарёфт мекунанд ва онро дар амри тарбия ба кор мегиранд. Сипас, ба хотири барои он далел ёфтан ба такопӯ меафтанд. Вале ба назари ман, Худо беҳтар медонад, дар воқеъ, ин амал як амри зоҳирсозиву риёкорӣ аст ва тӯл намекашад, ки дурӯғу бепоягии чунин услубҳо фош ва бармало мегардад. Зеро агар аз услуби салафи со­леҳ пайравӣ кунем, дармеёбем, ки Қуръон ва суннат ду манбаи асиланд ва амали салафи солеҳ татбиқи он чи дар Қуръону суннат омадааст, мебошад. Пас, ба ин васила равшан меша­вад, ки услуби он идда аз ҷумлаи масоиле ҳастанд, ки шари­атро ба сӯи таноқузоте мекашонад, ки дар асл аз онҳо пок аст.





Асоси аввал, сармашқе некӯ





Табиист, улгӯву сармашқи некӯ дар рӯҳу равони кӯдак асари зиёде дорад, зеро кӯдак ғолибан аз падару модари худ пайравӣ мекунад, то он ҷое ки падару модар бештарин осорро дар руҳу равони ӯ ба вуҷуд меоранд ва онҳоро дар вуҷудаш мунъакис мекунанд. Чунонки Пайғамбари акрам (с) мефармоянд:





«Ҳар навзоде бар фитрати пок таваллуд мешавад ва ин падару модараш ҳастанд, ки ӯро яҳудӣ, ё насронӣ ва ё маҷусӣ мегардонанд».[1]





Равшан аст, ки Пайғамбари акрам (с) пайваста падару модарро ба хулқу хӯи нек ва ба садоқату дурусткорӣ дар вақти муошират ва дар кирдору рафтори худ бо фарзандо­нашон бармеангезад. Расули Худо (с) мефармоянд: «Шахсе ба кӯдаке бигӯяд: “Биё, (то инро) ба ту бидиҳам, сипас, онро ба ӯ надиҳад, ин амал ба унвонигуноҳе барои ӯ навишта ме­шавад».[2]





Дар ривояти дигар омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Омир гуфт: “Рӯзе, дар ҳоле ки Расули Худо (с) дар хонаи мо ни­шас­та буданд, модарам маро нидо карда гуфт: “Биё, инро ба ту бидиҳам!” Он ҳазрат (с) фармуданд: «Чӣ чизеро мехоҳӣ ба ӯ бидиҳӣ?». Модарам гуфт: “Мехоҳам ба ӯ хурмо бидиҳам”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Агар ту чизе ба ӯ надиҳӣ, дурӯғе ба зиёни ту навишта мешавад».[3]





Бояд донист, ки кӯдакон пайваста роҳу рафтори бузург­тарҳоро назорат ва аз оншо пайравӣ мекунанд, ба хусус ро­ҳу равиши падарону модарони худро. Бинобар ин, агар па­дарону модарони худро содиқу дурусткор биёбанд, бидуни шак онҳо низ бар асоси садоқату дурусткорӣ парвариш меё­банд. Дар тамоми корҳо фарзандон ба падару модрашон иқтидо мекунанд.





Оре, ин Ибни Аббос (р) аст, ки дар даврони кӯдакияш шоҳиду нозири Пайғамбари акрам (с) буд, ки дар пеши чашми ӯ намози шаб мехонд ва ӯ низ аз он ҳазрат (с) пай­равӣ карда, ба ин кор мубодират меварзад ва ба Расули Ху­до (с) мепайвандад, то ба ӯ иқтидо кунад. Чунонки худи Ибни Аббос (р) мегӯяд: «Шабе назди холаам Маймуна хоби­да будам, вақте посе аз шаб гузашт, дидам ки Расули Худо (с) аз хоб бархостанд ва аз зарфи обе, ки он ҷо буд, ба оромӣ таҳорат гирифтанд, сипас, шурӯъ ба намоз хондан карданд. Ман низ (ба пайравӣ аз ӯ) баланд шудам ва он тавре, ки Пай­ғамбар (с) таҳорат карданд, ман ҳам таҳорат кардам. Си­пас омада дар тарафи чапи Пайғамбар (с) истодам, он ҳаз­рат (с) дастамро гирифта, дар тарафи рости худ қарор до­данд. Сипас он тавре, ки Худо мехост, намоз хонданд...».[4]





Бинобар ин, чунонки мулоҳиза мешавад, ин кӯдак (Иб­ни Аббос) дид, ки Расули Худо (с) таҳорат мекунанд, ӯ низ ба монанди он ҳазрат (с) таҳорат кард ва ба ӯҳамроҳ шуд ва намоз хонд. Таъсирпазирию нақшпазирии улгӯи ва сармаш­қи некӯ дар вуҷуди кӯдак ин гуна аст.





Бояд гуфт, намуна ва сармашқи некӯ аз падару модар ба ин хотир аст, ки кӯдаки дар таҳти сарпарастии онон парва­ришёбанда мудом кирдору рафтори ҳардуи онҳо дар ҳар ҷо, ки бошанд, назорат мекунад ва иллати онро аз эшон ҷӯё ме­шавад. Бинобар ин, агар падару модар рафтору кирдори хуб дошта бошанд, рафтору кирдори кӯдак низ хуб меша­вад. Чунонки Абдуллоҳ ибни Абубакра (р) дар кӯдакӣ дуо­ҳои падарашро таҳти назар мегирифт ва иллати онҳоро аз ӯ мепурсид, падараш низ ҷавоб медод ва далели амали хешро барои ӯ баён мекард. Ӯ мегӯяд: “Рӯзе аз падарам пурсидам: “Эй падари меҳрубонам! Ҳар рӯз аз ту мешунавам, ки мегӯӣ: «Аллоҳумма ъофини фи самъӣ, аллоҳумма ъофини фи басарӣ ва ло илоҳа илло Анта» ва ту онҳоро вақти субҳ се бор ва шаб се бор такрор мекунӣ!” Падараш дар ҷавоб гуфт: “Эй писарам, ман аз Расули Худо (с) шунидам, ки бо ин калимоту ҷумлаҳо дуо мекарданд ва ман низ дӯст медорам, суннати ӯро анҷом диҳам ва аз равиши ӯ пайравӣ кунам.[5]





Бинобар ин, падару модари мусалмон пайваста мекӯ­шанд, то он ҷое ки метавонанд, кору кирдор ва рафтори худро бо авомири Худо ва Расули Худо (с) татбиқ диҳанд, чун медонанд, ки кӯдаконашон мудом дар шабу рӯз ва дар ҳар лаҳза назорратгари кирдору рафтори онон мебошанд. Бидуни шакку тардид, кӯдак дар ба даст овардану дарки ма­соил ва пазируфтан, ё напазируфтани онҳо қудрати бисёр волое дорад ва бузургтару болотар аз гумони мо дар бораи онҳост, ки мо ӯро мавҷуди хурде, ки на чизеро дарк мекунад ва на ба он таваҷҷӯҳ менамояд, мепиндорем.[6]





Асоси дуюм, дар назар гирифтани вақти муносиб барои раҳнамоӣ ва фаҳмондани кӯдак





Бегумон, агар падару модар барои раҳнамоӣ ва фаҳмон­дани чизҳое, ки ба фарзандонашон ёд доданианд ва ҷиҳати талқини он чи, ки ба эшон фаҳмонданашро дӯст медоранд, вақти муносиберо интихоб кунанд ва онро дар назар биги­ранд, бешубҳа бисёр муассир мебошад ва дар баҳраманд шуданашон аз насиҳату андарз нақши фаъолеро ифо ме­ку­над. Равшану возеҳ аст, интихоби вақти муносибе, ки дар рӯҳу равони кӯдак муассир мебошад, амали тарбиявиро осон мекунад ва ранҷу заҳмати онро коҳиш медиҳад. Зеро агар падару модар битавонанд барои раҳнамоии кӯдак ва фаҳмондани матолиби хеш замони муносиберо фароҳам со­занд, бешубҳа қалбҳои шунавандаҳо онҳоро хубтар мепази­ранд ва дар онҳо бештар диққату тафаккур мекунанд, ки дар натиҷа нисбат ба амали тарбиявии худ муваффақияти бузургеро касб хоҳанд кард.





Расули Худо (с) дар мавриди таъйину интихоби замону макони муносиб барои фаҳмондан ва раҳнамоии кӯдак ва ба таври матлуб истифода бурдан аз он замону макон дар омӯхтани афкори дуруст ба кӯдак ва ислоҳи рафтори ғалату кирдори носолими ӯ,ҳамчунин ба поягузории рафтори ду­руст ва ҷойгузинии кирдори солим дар ӯ бисёр аҳамият до­да ва назари хоссе доштаанд. Аз ин рӯ, се вақти асосиву муносибро барои раҳнамоӣ ва фаҳмондани кӯдак таъйин фармудаанд. Ин се вақтро дар поён зикр хоҳем кард:





1. Дар вақти гардиш ва роҳ рафтан ва савор шудан ба василаи нақлиёт





Дар ин бора аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки гуф­та­аст: “Рӯзе пушти сари Расули Худо (с) қарор гирифта будам, фармуданд: «Эй писарбачча! Ин чанд ҷумларо ба ту ёд ме­диҳам (онҳоро дар ёд дошта бош, пайваста авомир ва наво­ҳии) Худовандро ҳифз ва риоя намо, Худованд низ туро (аз ҳар чизе) маҳфуз медорад, Худоро ба ёд дошта бош (пайвас­та) ӯро дар пеши рӯи худ меёбӣ, ҳар гоҳ чизе хостӣ, онро фа­қат аз Худо бихоҳ ва ҳар вақт кӯмаку ёрӣ талабидӣ, танҳо аз Худо кӯмаку ёрӣ талаб кун. Бидон, ки агар тамоми мардум ҷамъ шаванд бар ин ки ба ту нафъе бирасонанд, ҳатман ҷуз он андоза, ки Худованд бароят муқаддар кардааст, ба ту нафъ намерасонанд ва агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд бар ин ки ба ту зарару зиёне бирасонанд, ҷуз он миқдор зараре, ки Худованд бар ту таъйин фармудааст, намерасонанд. Бино­бар ин, ҷуз он чи, ки Худованд ирода фармудааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизе қодир ба расонидани хайру шар намебошад».[7]





Чунонки мулоҳиза мешавад, ин ҳадис далолат ба он ме­кунад, ки насиҳатҳову раҳнамоиҳои Пайғамбари акрам (с) барои Ибни Аббос (р) дар роҳ анҷом гирифтааст, ки ҳар дуи онон, ё гардишкунон дар ҳоли қадам задан буданд ва ё савори чаҳорпо. Шакке нест, ки ин насиҳатҳову тавҷеҳот дар хонаи дарбаста анҷом нагирифт, балки дар берун аз хо­на, дар ҳавои озод, он ҷо, ки кӯдак барои омӯхтану пазири­ши насиҳатҳову роҳнамоҳо омодатару хушҳолтар мебошад, сурат гирифт.





Ногуфта намонад, Ҳоким дар «Мустадрак»-и худ ин ҳа­дисро ривоят намуда, таъкид мекунад, ки насиҳатҳои Пай­ғамбари акрам (с) барои Ибни Аббос (р) дар ҳолати бар ча­ҳорпое савор буданашон анҷом гирифтааст. Чунонки аз ху­ди Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки Хисрав (шоҳи Форс) ба Пайғамбари акрам (с) астаре ҳадя карда буд ва Пайғам­бари акрам (с) ба василаи ресмони аз пашм бофташуда саво­ри он шуданд. Сипас, маро пушти сари худ савор карданду ба оромӣ ба роҳ афтоданд. Сипас ба ман рӯ оварда фармуданд: «Эй писарбачча!». Гуфтам: “Бифармоед эй Расули Худо (с), гӯш дорам! Фармуданд: «Ин чанд ҷумларо ба ту ёд меди­ҳам...» то охири ҳадис.[8]





Яке аз асрори Пайғамбари акрам (с) ин буд, ки кӯдаке аз кӯдаконро дар роҳ пушти сари худ савор мекард, то ин роз ҳамвора маҳфузу боқӣ бимонад, ба хотири ин ки кӯдак дар чунин вақтҳо барои омӯхтани матолиб бисёр омодаву таъсирпазир аст. Чунонки Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) гуф­тааст: “Рӯзе Пайғамбари акрам (с) маро пушти сари худ са­вори чаҳорпое карданду розеро ба пинҳонӣ ба ман фармуданд, онро барои ҳеҷ кас бозгӯ намекунам. Беҳтарин чизе, ки Пай­ғамбари акрам (с) барои рафъи ҳоҷат худро дар канори он (ба унвони монеъ ва пӯшише) пинҳон медоштанд, пушти за­мини баланд ва ё пушти девори боғи хурмо буд.[9]





2. Дар вақти таомхӯрӣ:





Дуюмин замони муносиб барои фаҳмондану раҳнамоии кӯдакон вақти таомхӯрӣ аст, зеро кӯдак дар ин вақт мекӯ­шад бар сиришту ниҳоди худ раҳо шавад ва мехоҳад таоми пеши ӯ чанд баробар бошад. Гоҳо дар ин ҳолат корҳои но­писанду нангинеро анҷом медиҳад ва аҳёнан ба одоби ди­га­ре гароиш меёбад. Аз ин рӯ, агар дар аснои таомхӯрӣ па­дару модараш ба хотири иштибоҳоти ӯро ислоҳ намудан дар назди вай нанишинанд, албатта кӯдак дар гарави одат­ҳои баду нафратангези худ боқӣ хоҳад монд. Ҳамчунин на­нишастани падару модар бо кӯдакони хеш ҳангоми хӯрок­хӯрӣ сабаб мешавад, ки онҳо замони муносиберо ҷиҳати омӯхтану раҳнамоӣ намудани кӯдакони худ аз даст биди­ҳанд. Пайғамбари акрам (с) бо кӯдакон таом мехӯрданд ва дар аснои хӯрокхӯрӣ шоҳиду нозири порае аз иштибоҳоти онон мешуданд ва ба услуби зиндаву мантиқӣ ақлу равони кӯдакро ба ислоҳ намудани иштибоҳҳояш бармеангехтанд ва ӯ низ ислоҳ мешуд. Чунончи Умар ибни Абусалама[10] гуфтааст: «Ман писарбаччае будам, ки таҳти сарпарастӣ ва тарбияи Пайғамбар (с) қарор доштам. Вақти хӯрок хӯрдан, дастамро ба атрофи косаи таом дароз кардам. Пайғамбари Худо (с) ба ман фармуданд: «Эй писар! Ҳангоми хӯрдани та­ом “Бисмиллоҳ» бигӯ ва бо дасти рост бихӯр, таомро аз пеши худат бигир ва ба атрофи дигари косаи таом даст да­роз макун»! Баъд аз онҳамеша одоб ва шеваи хӯрокхӯрии ман ба ин дастури Пайғамбар (с) буд».[11]





Дар ривояти дигар омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) ба ӯ фармуданд: «Эй писарам, ба суфраи таом наздик шав ва хӯрокро ба номи Худо шурӯъ кун ва бо дасти росту аз он чи, ки дар пеши ту аст, бихӯр!».[12]





Чунонки аз ин ривоят бармеояд, Пайғамбари акрам (с) кӯдакро ба сари суфра даъват мекунанд, то бо ӯғизо бихӯ­ранд. Сипас, бо нармиву меҳрубонӣӯро ба одоби писандида ва равиши дурусти таомхӯрӣ мутаваҷҷеҳ месозанд.





Машҳур аст, ки саҳобаи бузургвор вақте ба меҳмонӣ даъват мешуданд, кӯдакони хешро ҳамроҳи худ ба маҷлиси меҳмонӣ мебурданд, ба хусус маҷолисе, ки Пайғамбари ак­рам (с) дар он ҳузур доштанд. Ба ин васила, дар ин гуна меҳ­мониҳо иттилооти муфид ва одобу русуми иҷтимоиро мео­мӯхтанд ва кам-кам нерӯву хислатҳои мардонагии бузургсо­лиро касб мекарданд…





Дар ривоят омадааст, ки шахсе аз ансор гуфт: «Ҳамроҳи Пайғамбари акрам (с) ба дунболи ҷанозае мерафтем, то ба маҳалли дафн расидем. Пайғамбари акрам (с)-ро дидам, ба гӯркан дастур медоданд ва мефармуданд: «Тарафи сар ва ду пояшро фарох кун». Вақте фориғ шуд, шахсе ба намояндагӣ аз ҷониби зане аз Қурайш ба назди Пайғамбари акрам (с) омад ва гуфт: «Фалон зан шумо ва ёронатонро даъват меку­над». Пас, назди он зан омаданд ва вақте он гурӯҳ нишас­танд, таом оварда шуд. Пайғамбари акрам (с) даст ба та­ом бурданд ва он гурӯҳҳам даст ба таом бурданд. Дар ҳоле ки Пайғамбари акрам (с) таом мехӯрданд, ногаҳон даста­шонро нигоҳ дошта, гуфтанд: «Мо дар маҷолиси кӯдакон аз ҷониби падаронашон нишастаем». Дар ин асно онон низ ба Пайғамбари акрам (с) нигаристанд, ки ба оромӣ луқмаеро меҷӯянд. Он мард ба задани дасти писараш шурӯъ кард, то луқмаи гӯштро аз дасташ биандозад. Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Гӯшти гӯсфандеро меёбам, ки бидуни иҷозати соҳибаш бардошта шудааст…».[13]





Дар ривояти дигар омадааст, ки он мард гуфт: «Пада­рам маро ҳамроҳи худ бурд ва пеши дасти падаронамон дар маҷолиси фарзандон аз ҷониби падаронашон нишастем».





Боз дар ривояти сеюмӣ ба ин ибора омадааст: «Он мард гуфт: «Дар ҳоле ки ман кӯдак будам, ҳамроҳи падарам бо Пайғамбари акрам (с) рафтем… то охири ҳадис».





3. Ҳангоми бемории кӯдак





Сеюмин вақти муносиб барои фаҳмондану раҳнамоии кӯдак вақти бемории ӯ аст, зеро беморӣ қалбҳои бузургони сангдилро нарм мекунад, чӣ расад ба кӯдаконе, ки пайваста қалбҳояшон ба василаи нармиву ҳусни истиқбол обод мебо­шад. Бинобар ин, ҳангоме ки кӯдак бемор мешавад, дар байни ду сиришти бузургу муҳим дар ислоҳи рафтору ишти­боҳҳояш ва ҳатто дар дуруст намудани эътиқодаш қарор мегирад, яке сиришти фитрати даврони кӯдакӣ, дигаре си­ришти нармии қалбу равон дар аснои беморӣ. Пайғамбари акрам (с) моро ба ин сиришт чунин мутаваҷҷеҳ сохтаанд, ки кӯдаки яҳудиро, ки бемор буд, беморбинӣ рафтанд ва ӯро ба Ислом даъват намуданд, ки дар натиҷа ин беморбинӣ калиди кушоиши равзанаи тобиши нури Ислом дар қалби он кӯдак гардид. Чунончи Анас (р) мегӯяд: “Як писарбаччаи яҳудӣ, ки корҳоеро барои Пайғамбар (с) анҷом медод, бемор шуд. Пайғамбар (с) ба аёдати ӯ рафта, бар болинаш нишас­танд ва гуфтанд: «Мусалмон шав». Писар нигоҳе ба падари худ кард, ки дар канораш нишаста буд ва падараш низ ба ӯ гуфт: “Аз Абулқосим итоат кун”. Сипас он писар мусалмон шуд ва «Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Му­ҳаммадан расулуллоҳ», гуфт. Сипас Пайғамбар (с) берун раф­танд, дар ҳоле ки мефармуданд: «Ҳамду сипос Худоеро, ки он писарро (ба василаи ман) аз оташи Дӯзах наҷот дод».[14]





Дидӣ, ки Пайғамбар (с) чӣ гуна ин кӯдакро, ки барои ӯ кор мекард, ҳанӯз ӯро ба Ислом даъват нанамуда буданд, то ин ки замони муносиберо барои даъват ба Ислом ёфт ва назди ӯ рафта, ба Ислом даъваташ намуданд, ӯ низ Ислом­ро пазируфт.





Бо фурӯтании тамом аз пешгоҳи Парвардигори ҷаҳон дархост менамоям, ки ин шеваи даъвати Пайғамбари акрам (с)-ро ба ҳамаи мо иноят бифармояд, сабру бурдбории даъ­вату даъватгариро ва тавфиқи таъйину дар назар гириф­та­ни замони муносибро барои илқои имон дар қалбҳои дига­рон ва фаҳмондани масоили динӣ ба ононро насиби мо би­гардонад.





Оре, ба ҳамин хотир аст, ки ин се вақти муҳимму му­но­сиб абзору василаи бисёр муассиранд дар дасти волидайн, то бар асоси раҳнамоии мантиқӣ ва фаҳмондадиҳии дуруст сохтори шахсияти кӯдакро поярезӣ кунанд. Ин се вақт ҳам­чунонки ба тафсил баён гардид, аз ин мавзӯъҳо иборатанд: 1 – Дар вақти гардишу роҳ рафтан ва савор шудан бар васи­лаи нақлиёт; 2 – Ҳангоми таомхӯрӣ; 3 – Дар вақти бемории кӯдак. Ҳамчунин вақтҳои дигаре ҳам, ки падару модар ба­рои фаҳмондану раҳнамоии кӯдакони худ онҳоро муносибу муфид бидонанд.





Асоси сеюм,





эҷоди адолат ва баробарӣ дар байни фарзандон





Ин сеюмин асосе аст, ки ба василаи он падару модар мавриди хитоб қарор мегиранд ва ба риояи он вазифадор мешаванд, то ин ки битавонанд он тавре, ки мехоҳанд, ба эҷоди адолату мусовот дар байни фарзандони худ таҳаққуқ бахшанд, зеро эҷоди адолату мусовот байни фарзандон дар мубодират варзидан дар некӣ ва фармонбардорӣ дар ҳаққи падару модар асари зиёде дорад.





Басанда аст бидонем, ки дарку эҳсоси кӯдак ба ин ки вақте падару модараш ва ё яке аз он ду ба яке аз барода­ро­наш бештар таваҷҷӯҳу муҳаббат мекунанд ва мавриди икро­му иршод қарор медиҳанд, аммо таваҷҷӯҳу эътиное ба ӯ на­мекунанд, мусалламан ҳамин дарку эҳсоси табъиз, Худои нахоста, кӯдакро бадахлоқ мегардонад, ба гунае ки падару модар қудрати пешгирии онро надошта бошанд ва чунон ӯро ҳасуду бадбин месозад, ки дигар наметавонанд ӯро на­зорат кунанд. Монанди бародарони Юсуф, вақте донистанд падарашон қалбан бештар Юсуфро дӯст медорад ва нисбат ба ӯ таваҷҷӯҳи хоссе дорад, падарашонро ба иштибоҳ ан­дохтанд ва дар садади аз байн бурдани бародари худ баро­маданд, ки Қуръон мефармояд:





﴿إِذۡ قَالُواْ لَيُوسُفُ وَأَخُوهُ أَحَبُّ إِلَىٰٓ أَبِينَا مِنَّا وَنَحۡنُ عُصۡبَةٌ إِنَّ أَبَانَا لَفِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ ٨﴾ [يوسف: ٨]





«Ҳангоме ки (бародарони Юсуф) гуфтанд: “Юсуф ва бародараш назди падарамон аз мо маҳбубтаранд, дар ҳоле ки мо гурӯҳи неруманде ҳастем, бегумон падарамон дар иштибоҳи оҳкоре аст».[15]





Бинобар ин, бародарони Юсуф ба иқдом намудан ба амали зишт дар ҳаққи бародар ва падари худ розӣ шуданд. Дар ин робита Қуръон мефармояд:





﴿ٱقۡتُلُواْ يُوسُفَ أَوِ ٱطۡرَحُوهُ أَرۡضٗا يَخۡلُ لَكُمۡ وَجۡهُ أَبِيكُمۡ وَتَكُونُواْ مِنۢ بَعۡدِهِۦ قَوۡمٗا صَٰلِحِينَ ٩ قَالَ قَآئِلٞ مِّنۡهُمۡ لَا تَقۡتُلُواْ يُوسُفَ وَأَلۡقُوهُ فِي غَيَٰبَتِ ٱلۡجُبِّ يَلۡتَقِطۡهُ بَعۡضُ ٱلسَّيَّارَةِ إِن كُنتُمۡ فَٰعِلِينَ ١٠﴾ [يوسف: ٩، ١٠]





«Юсуфро бикушед ё ӯро ба сарзамине (дурдаст) биаф­канед, то таваҷҷӯҳи падаратон фақат ба шумо шавад ва баъд аз он (бар асари тавба ва изҳори пушаймонӣ) афроде солеҳ хоҳед гашт.[16] Гӯяндае аз онҳо гуфт: “Юсуфро ма­кушед ва балки, ӯро дар чоҳи торик биафканед, то баъзе аз мусофирон ӯро баргирад, агар (барои дур кардани вай) мехоҳед коре бикунед».[17]





Ҳамин тавр, онон ин тавтиаву муқаддимачиниро бар зидди бародари хурди худ андешиданд, бародаре, ки ҳанӯз ба синни балоғат нарасида буд ва ҳеҷ гуноҳе надошт, ҷуз ин ки падараш ӯро нисбат ба дигар бародаронаш бештар дӯст медошт. Ин аст натиҷаи ҳасодату рашкварзӣ ва кайду най­рангсозӣ. Ба ҳамин хотир аст, ки падару модар ҳарчи аз на­сиҳатҳову раҳнамоиҳо ва ҳар андоза тарғибу тарҳибро ба фарзандони худ ба кор барад, ҳеҷ гуна натиҷаи мусбату аса­ри самарабахшеро дарбар нахоҳад дошт, модоме ки иҷрои адолату мусовотро аз назари моддиву маънавӣ дар байни онон ӯҳдадор нагарданд ва модоме ки майлу муҳаббати қалбии хешро дар баробари кӯдакону фарзандони худ яксон насозанд.





Пайғамбари акрам (с) қоидаи азиму муҳиммеро дар ро­бита ба тариқаи некӣ кардани кӯдакон дар ҳаққи волидайни худ ва шеваи итоату фармонбардорӣ аз ононро барои мо муқаррар фармудаанд, ки ҳамон иҷрои адолату мусовот дар байни фарзандон ва худро вазифадор донистан ба риояи он аст.





Чунонки Бухорӣ аз Нӯъмон ибни Башир (р) ривоят на­муда, ки гуфтааст: “Падарам маро назди Пайғамбари акрам (с) бурда гуфт: “Эй Расули Худо, шумо шоҳид бошед, ки ман ғуломе дорам ва онро ба ин писарам Нӯъмон ҳадя кардаам!” Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Оё ба ҳамаи фарзандо­нат чунин ҳадя кардаӣ?». Гуфт: “Не”. Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Пас, маро бар зулму ситам ба гувоҳӣ магир». Сипас фармуданд: «Оё мехоҳӣ, ки фарзандонат дар ҳаққи ту яксон некӣ кунанд?». Гуфт: “Оре”. Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ту низ чунин бош ва дар миёни онон табъиз қоил машав».[18]





Ин ҳадис дар ривояти Муслим ба ин ибора омадааст: “Пайғамбари акрам (с) ба падари Нӯъмон фармуданд: «Оё ҳамин корро нисбат ба ҳамаи фарзандонат анҷом додаӣ?». Он мардгуфт: “Не”. Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Аз Худо битарсед ва дар байни фарзандонатон адолатро риоя кунед». Нӯъмон мегӯяд: “Саранҷом, падарам аз ин ҳадяву бах­шиш баргашт ва пушаймон шуд”.[19]





Ҳадиси боло дар ривояте, ки Дорақутнӣ нақл намуда­аст, чунин аст: “Пайғамбари акрам (с) ба падари Нӯъмон фармуданд: «Ғайр аз ин писар фарзанди дигаре дорӣ?». Гуфт: “Оре”. Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Он чиро, ки ба ин писарат бахшидӣ ба онон низ бахшидӣ?». Гуфт: “Не”. Пай­ғамбари акрам (с) фармуданд: «Ман ва амсоли ман бар чунин коре шаҳодат намедиҳанд, зеро Худованди мутаъол дӯст ме­дорад, ки шумо дар байни фарзандонатон адолатро риоя на­моед, ҳамон тавре, ки дӯст медоред, дар байни худ низ адо­латро риояву барқарор кунед».





Дар ривояти дигар омадааст, Пайғамбари акрам (с) ба падари Нӯъмон фармуданд: ( Пайғамбари акрам (с) се бор пушти сари ҳам фармуданд:) “Адолатро дар байни фарзан­донатон риоя кунед».[20]





Устод Абдулғании Ноблусӣ дар таъбиру тафсири ин аҳодис мегӯяд: “Аҳодис ва ривоёти боло ба таври иттифоқ ин воқеиятро мерасонанд, ки риоя нанамудани адолату мусо­вот дар байни фарзандон ҳаром мебошад. Гузашта аз ин, бо бартарӣ додани баъзе бар баъзеи дигар фарқу табъиз қоил шудан дар байни фарзандон, амре аст мӯҷиби эҷоди душмани­ву кинатӯзӣ ва буғзу ҳасодат дар миёни онон, ки саранҷом ба қатъи раҳми якдигар бурда мерасонад.[21]





Яке аз аломатҳои бедории салафи солеҳ ин будааст, ки онон адолатро дар миёни фарзандони худ, ҳатто дар бӯси­дан, риоя мекарданд, он ҳам ба хотири посух ба нидои Пай­ғамбари акрам (с) ва иҷрои дастури Ӯ, то он ҷое ки дар бӯ­сидани писарбаччаву духтарбачча ба таври баробар таъкид фармудаанд. Чунончи дар ривояте омадааст, ки Анас (р) гуфт: “Марде ҳамроҳи Пайғамбари акрам (с) нишаста буд, ногаҳон писараш омад ва ӯро бӯсиду дар оғӯши худ нишонд, сипас духтараш омад ва ӯро гирифту дар канори худ нишонд. Пайғамбари акрам (с) ба ӯ гуфтанд: «Дар миёни он ду фар­зандат адолатро риоя нанамудӣ».[22]





Товус мегӯяд: “Табъиз ва риоя накардани адолат ҷоиз нест, агарчи ба василаи бурдаи нони сӯхтае бошад. Ибни Му­борак низ ҳаминро гуфтаву маънои онро аз Муҷоҳид ва Ур­ва нақл кардааст.[23]





Бинобар ин, кадом барномае дар тамоми олам ва чӣ омӯзишгоҳи тарбиявӣ дар рӯи курраи замин метавонад ин­чунин ба риояи адолат дар бӯсидан, дар нишастан дар оғӯш ва қарор гирифтан дар канор таваҷҷӯҳ кунад ва онро мав­риди таъйид қарор диҳад? Зеро ин гуна риояи адолат ча­роғ­дон (мишкот)-и нубувват аст ва фақат Ӯ аст, ки метавонад ҳангоми вуқӯъи ихтилофу низоъ ва вақти ҷангу ҷидол дар байни писарон ё фарзандон, ҳатто дар рӯҳу равони кӯдако­ни дар ҳоли рушду нумӯ кудуратҳоро бизудояд ва ононро аз кайду найрангсозӣ ва аз ҳасодату кинаварзӣ дур гардонад. Зеро лозим аст ихтилофу кашмакашро дар байни онон бар­тараф намуда ва ба ҷои он ба исботи ҳақ, аз байн бурдани ботил ва ба эҷоди адолату мусовот дар миёни эшон пар­дохт, ҳамон тавре ки Пайғамбари акрам (с) (ки дар ҳадиси зер баён мегардад) дар байни он ду кӯдаке, ки бо ҳам ме­ҷангиданд, ҷудоӣ андохта, афкори ғалати ононро ислоҳ на­муданд. Ҳамчунин афроди бузургро ба дафъи зулму ситам бо анвоъи мухталифи он фаро мехонданд, зеро табиист, ки ҳар вақт зулму ситам бардошта шавад, албатта адолату дод­гарӣ ҷои онро мегирад.





Чунончи дар ривоят омадааст, Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) гуфт: “Ду писарбачча, ки яке аз муҳоҷирон ва дигаре аз ан­сор буданд, бо ҳам меҷангиданд. Писарбаччаи муҳоҷир фарёд мекард: “Эй муҳоҷирон, ба кӯмакам бирасед!” Ва писарбаччаи ансорӣ низ бо садои баланд нидо дар медод: “Эй қавми ансор, ба кӯмакам бирасед!” Дар ин асно Пайғамбари акрам (с) ома­да, гуфтанд: «Чӣ хабар аст? Оё даъвои аҳли ҷоҳилият аст?». Мардум гуфтанд: “Не, чизи муҳимме нест, ду кӯдак бо ҳам ба ҷангу низоъ пардохтаанд, ки яке аз он ду лагаде ба пушти дигаре задааст”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ишколе надорад, бояд шахс бародари (динии) худро хоҳ золим бошад, ё мазлум ёрӣ диҳад, ба ин маъно ки агар золим аст бояд ӯро аз ин зулму ситам боздорад ва ӯро ислоҳ намояд, пас ин худ кӯ­маке аст ба ӯ ва агар мазлум аст, боз лозим аст, ки ӯро ёрӣ диҳад».[24]





Оре, яке аз аломатҳои адлу додгарӣ он аст, ки ҳар гоҳ кӯдаконеро дидед, ки бо ҳам дар ҷангу низоъанд, ононро аз ҳам ҷудо карда, оштӣ диҳед ва тарзи тафаккуру бардошти лати эшонро ислоҳ намоед, зеро ҳатман дар миёни онон та­рафе золим ва тарафи дигар мазлум воқеъ мешавад. Ба ҳа­мин хотир аст, ки Тирмизӣ гуфтааст: “Аҳмад ибни Ҳанбалро дидам, ба ду кӯдак аз фарзандони бузургону нависандагон бар­хӯрд кард, ки бо ҳам ҷангу низоъ доштанд, фавран ононро аз ҳам ҷудо кард ва ба рафъи иштибоҳоти эшон пардохт”.[25]





Дар поёни асоси сеюм ин башоратро ба падару модари одилу мураббиёни додгар хотирнишон месозем, ки онон илова бар таҳақкуқ бахшидан ба ҳадафҳои тарбиявии худ дар дунё, дар рӯзи қиёмат ҳам сазовори аҷру подоши неки ухравӣ мегарданд ва он подошҳо иборат аст аз муваффақ шудани эшон ба қарор гирифтан бар минбарҳои нур аз ҷо­ниби Худованд. Умед аст Худованд ҳамаи моро аз зумраи онон бигардонад ва тавфиқи тамассук ҷустан ба адолату додгариро ба мо иноят бифармояд. Ин башорат чунин аст, ки Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Бегумон (дар рӯзи қиёмат) афроди одилу додгар назди Худои ғолибу тавоно бар минбарҳое аз нур аз ҷониби рости Ӯ қарор гирифтаанд ва дар пешгоҳи ақдасаш мақому манзалате доранд ва онон афроди додгаре ҳастанд, ки дар ҳукму доварии худ ва дар байни аҳлу хонаводаи хеш ва бар он чӣ, ки дар таҳти вилояту ҳокимия­ти онон аст, адолат меварзанд».[26]





Recent Posts

Гиряву нолаву фиғон б ...

Гиряву нолаву фиғон бар мурдагон

Силсилаи шиъа ва арко ...

Силсилаи шиъа ва аркони Имон (1)

Ҷазои касе ки Худован ...

Ҷазои касе ки Худовандро дашном медиҳад