Articles

Ҳиҷрати Абӯбакри Сиддиқ (р) "Рафиқи ғор" ҳамроҳи Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба Мадина





هجرة أبي بكر الصديق رضي الله عنه (رفيق الغار) مع النبي صلى الله عليه وسلم إلى المدينة النبوية








Мехоҳам таърихчаи кӯтоҳи ин ҳиҷрати бо саъодати расули акрам(Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва ёри гиромии он ҳазрат Абӯбакри Сиддиқ (р) ро фишурда аз маъхазҳои муътабари аҳли суннат пешкаши шумо азизон намоям то ҳар яки мо бидонем ва огоҳ бошем, ки ин ҳиҷрат бақои ислом дар замин буд ва агар он сурат намегирифт мумкин аз исломи азиз номе намемонд.





Дар ин сафар ёри бовафои он ҳазрат чи хидматҳоеро анҷом доданд ва сарфароз ба номи ифтихории «Рафиқи ғори Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)» гаштанд. Аз шумо хонандагони гироми хоҳиш мешавад бо диққати комил онро бихонед то ҳангоми шунидани калимаи зебои «Ҳиҷрат» ва «Муҳоҷир» ва солшумумории «Ҳиҷри қамари» огоҳи ёбед иншоаллоҳ, ки огоҳии хубе аз мутолеаи он хоҳед ёфт. Азияту озори куффори Қурайш бар зидди мусулмонон ба андозае шиддат гирифт, ки бархе аз мусулмонҳоро бар он дошт, то ба Ҳабаша ҳиҷрат кунанд. Пас аз он ҳиҷрат ба Мадина оғоз шуд. Таърих ба сароҳат гузориш додааст, ки Абӯбакр (р) аз Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) иҷозаи ҳиҷрат хост. Паёмбари акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ фармуданд: «Шитоб накун, шояд Худованд барои ту ёру ҳамроҳе (дар ин сафар) муқаддар намояд».[i] Худи Абӯбакри Сиддиқ (р) умедвор буд, ки сафари ҳиҷратро дар канори Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва ҳамроҳи эшон оғоз кунад. Оишаи Сиддиқа (р) дар бораи ҳиҷрати Паёмбари акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва падараш мегӯяд: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар рӯз субҳу шом ба хонаи Абӯбакр (р) ташриф меоварданд. Рӯзе ки Худованд ба Паёмбараш иҷозаи ҳиҷрат ва тарки Макка ва рафтан аз миёни қавмашро дод, Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар хилофи гузашта, ҳангоми зуҳр ба хонаи мо омаданд. Замоне ки Абӯбакр (р) он ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дид, гуфт: Ҳатман иттифоқи тоза ва кори муҳиме пеш омада, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ташриф оварданд. Замоне ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) вориди хона шуданд, Абӯбакр (р) аз рӯи тахташ ақибтар рафт ва Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) канори ӯ нишастанд. Дар он ҳангом ман ва хоҳарам Асмо дар хона будем. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: «Касонеро, ки инҷо ҳастанд, аз хона берун бифирист (ки мехоҳам масъали муҳимеро бо ту дар миён бигузорам)». Абӯбакр (р) арз кард: Падарам ва модарам фидоят, инҳо духтарони ман ҳастанд. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: «Худованди мутаол ба ман иҷозаи ҳиҷрат ва хуруҷ аз Маккаро додааст». Абӯбакр (р) гуфт: Эй Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)! Мехоҳам (дар сафари ҳиҷрат) ба шумо ҳамроҳ шавам. Расули акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: «Ту дар ин сафар ҳамроҳи ман ҳастӣ». Оиша (р) мегӯяд: То он рӯз надида будам, ки касе аз шодӣ гиря кунад, то ин, ки Абӯбакр (р)-ро дидам, ки (аз ин хушхабарӣ, ба хотири ҳамроҳӣ бо он ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар сафари ҳиҷрат) гирист. Абӯбакр (р) пас аз он гуфт: Эй Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)! Ин ду шутурро аз пеш барои чунин рӯзе омода кардам. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Абдуллоҳ ибни Урайқит, ки мушрик буд ва аз қабилаи Бану-д-Дил ибни Бакр ба унвони раҳнамо истихдом карданд. Модари Абдуллоҳ ибни Урайқит аз қабилаи бани Саҳм ибни Амр буд. Паёмбари акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва Абӯбакр (р) шутурҳоро дар ихтиёри Абудуллоҳ ибни Арқит гузоштанд. Ӯ шутурҳоро мечаронд, то он ки замони ҳиҷрат ва хуруҷ аз Макка фаро расид.[ii]





Дар ривояти имом Бухорӣ (р) ба нақл аз ҳазрати Оиша (р) ҳадиси марфӯъе омада, ки ба тафсил ҷараёни ҳиҷратро баён мекунад. Дар бахше аз ин ҳадис омада аст: Дар ҳоле, ки мо сари зуҳр дар хонаи Абӯбакр (р) нишаста будем, шахсе ба Абӯбакр гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳоле ки сарашонро пӯшондаанд, ба инҷо меоянд. Омадани он ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) (ба вақти нимрӯзӣ ва) замоне буд, ки пеш аз он одат надоштанд дар чунон мавқее ба хонаи Абӯбакр (р) биёянд. Абӯбакр (р) гуфт: Падар ва модарам фидои ӯ бод, ба Худо савганд, ки иттифоқи муҳиме Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро (дар ин вақт) ба инҷо кашонда аст. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ташриф оварданд ва иҷозаи вуруд хостанд. Ба дохили хона даъват шуданд. Ворид шуда ба Абӯбакр (р) фармуданд: Касоне, ки инҷо ҳузур доранд, берун кун. Абӯбакр (р) гуфт: Падар ва модарам фидоят, инҳо хонаводаи ман ҳастанд. Фармуданд: «Ба ман иҷозаи хуруҷ дода шудааст». Абӯбакр гуфт: «Падарам фидоят, яке аз ин ду шутурҳоро барои сафар қабул кунед.» Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: (Бошад, албатта) дар қиболи пардохти қиматаш. Оиша (р) меафзояд бо шитоб миқдоре туша ва хӯрокӣ барояшон омода кардем ва дар кисаи чармӣ гузоштем. Асмо (р) бахше аз доманашро бурид ва даҳони кисаро баст ва аз ҳамонҷо «Зотуннотиқайн» яъне: соҳиби ду доман номида шуд. Пас аз он Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва Абӯбакр (р) ба ғори Савр рафтанд ва се рӯз дар онҷо пинҳон шуданд.





Абдуллоҳ ибни Абӯбакр (р), ки ҷавони доно ва фаҳмида буд, шабҳоро назди онон дар ғор мегузаронд ва субҳ зуд ё ҳангоми саҳар ба миёни аҳли Макка мерафт ва ба ҳар ҳила ва тавтиае, ки бар зидди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва Абӯбакр (р) мечиданд, гӯш дода ва онро пас аз торик шудани ҳаво ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва Абӯбакр (р) мерасонд.





Омир ибни Фуҳира (р), ки ғулом (хидматгори) Абӯбакр (р) буд, гӯсфандони ширдеҳро пас аз гузашти посе аз шаб, ба самти ғор мебурд ва ба ин тартиб онҳо шабро дар миёни галаи гӯсфандон мегузаронданд ва дар шири гӯсфандон санги доғ андохта ва онро ҷӯшонда ва менӯшиданд. Омир (р) ҳангоми субҳдам гӯсфандонро аз онҷо мебурд. Хидматгори Абӯбакр (р) дар ҳар се шаб ин корро кард. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва Абӯбакр (р) роҳнамои моҳире аз Бани Дил, ки аз тоифаи Бани Абд ибни Адӣ буд, истихдом карданд ва ба ӯ, ки бар дини куффори Қурайш ва ҳампаймони Бани Саҳм (хонадони Ос ибни Воили Саҳмӣ) буд, эътимод намуданд. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва Абӯбакр (р) шутурҳои сафарашонро ба роҳнамо доданд ва бо ӯ қарор гузоштанд, ки пас аз се шаб худро ҳангоми пагоҳ дар ғори Савр ба онҳо бирасонад. Омир ибни Фуҳайра ба ҳамроҳи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва Абӯбакр аз соҳил ва канораи дарё роҳи ҳиҷратро дар пеш гирифтанд.





Касе ҷуз Алӣ ибни Абитолиб, Абӯбакр ва хонаводааш аз замони ҳаракати Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба сӯи Мадина хабар надошт. Мавъиди муқаррар фаро расид ва Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва Абӯбакр (р) аз панҷараи кӯчаке, ки дар пушти хонаи Абӯбакр (р) буд, берун шуданд, то Қурайшиён мутаваҷиҳи онҳо нашаванд ва ононро аз ин сафар хуҷаста ва муборак боз надоранд. Онон бо раҳнамояшон Абдуллоҳ ибни Урайқит (р) қарор гузоштанд, ки пас аз се шаб дар ғори Савр ба онҳо бипайванданд.[iii] Расули акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоми баромаданашон аз Макка дуъо карда ва сипас фармуданд: «Ба Худо савганд, ту беҳтарин замини Худоӣ ва Худованд туро аз тамоми сарзаминҳо бештар дӯст дорад. Агар ман маҷбур ба тарки ту набудам, аз ин ҷо намерафтам»[iv].





Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва Абӯбакр (р) аз Макка хориҷ шуданд. Куффори Қурайш дар ҷустуҷӯи онон ва ба дунболи радди пояшон ба кӯҳи Савр расиданд ва чун бар даҳони ғор торҳои анкабутро диданд, гуфтанд: «Агар касе дохили ғор мерафт, торҳои анкубут ин тавр солим намемонд ва пора мешуд».





Бидуни шак торҳои анкабут аз сарбозон ва маъмурони илоҳӣ буд, то муҳоҷиронро ёрӣ диҳад:





Дар ин сураи карима Худои мутаол фармудааст:





Яъне: «Лашкариёни Парвардигоратро ҷуз Ӯ касе намедонад.»





(Сураи Мудасир, ояти 31)





Расули акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бо вуҷуди истифода аз асбоб ва бакоргирии онҳо, ҳаргиз ба асбоби зоҳирӣ такяву эътимод нафармуд. Балки танҳо ба Худои мутаол умед баст, чунки он ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) итминони комиле ба Худо дошт ва ба яқин медонист, ки Худованд ӯро нусрату ёрӣ мефармояд. Аз ин рӯ ҳамеша бо умед ба нусрати илоҳӣ ба ҳамон шакле, ки Худояш ба ӯ омӯзиш дода буд, дуо мекард ки:





Яъне: «Парвардигоро! Маро содиқона (ба ҳар коре) ворид кун ва содиқона (аз он) берун биёвар (ва оғозу поёни корамро некӯ ва содиқона бифармо) ва аз ҷониби худ, қудрате ба ман ато кун, ки мададгори ман бошад.»





(Сураи Исро, ояти 80)





Худои мутаол дар ин ояти карима дуое ба Паёмбараш омӯзиш дод, то бо он Худояшро бихонад ва умматаш низ, чигунагии дуо ва таваҷҷӯҳ ба сӯи Худоро ёд бигиранд. Дуое, ки дар он оғоз ва поёни некӣ ва содиқонаи корҳо талаб мешавад ва ба садақот ва ростӣ дар аввал ва охири ҳар кор ва дар ҳини анҷоми ҳар амале ишора мегардад. Талаби сидқ ва ростӣ дар сафари ҳиҷрат аз он ҷиҳат буд, ки мушрикон дар талош буданд, то Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро ба канор гузоштани даъват ва дурӯғ бастан бар Худо ва шарик варзидан ба Парвардигори мутаол водор кунанд. Субот ва пойдорӣ бар ҳақ, итминону оромиш ва ҳамин тавр яқини комил ва бовари дарунӣ, ихлос ва нек доштани ниятро аз ҳар гуна чизе, дар мафҳуми сидқу садоқат меғунҷад ва аммо, ин ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дуо кард ва гуфт: «Парвардигоро, ба ман тавону қудрате иноят кун, ки дар роҳи ҳақ мададгори ман бошад ва битавонам бар тавони заминӣ ва фанопазири мушрикон ғалаба кунам.» Ин дуои Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мизони умқи пайванд ва наздикӣ бо ҳазрат ва ҷалоли илоҳиро ба тасвир мекашад ва баён мекунад, ки бояд мустақиман ва бидуни восита аз Худо мадад хост ва танҳо ба паноҳ ба ҳимояти ӯ дил баст.





Ҳар даъватгаре бояд танҳо аз Худованд мадад ва қувват бихоҳад ва ҷуз аз қудрати Худо натарсад. Доъӣ ва даъватгар бояд бе он ки ба ҳоким ва соҳибқудрате паноҳ бибарад, ба Худояш рӯй биёварад ва тамоми таваҷҷӯҳашро ба сӯи Парвардигори қодир ва мутаол бигардонад. Ин аз фазли илоҳӣ аст, ки гоҳе даъват дилҳои қудратмандон ва мансабдоронро ба гунае тасхир мекунад, ки сарбозу хидматгузори даъват мешаванд ва ба растагорӣ мерасанд. Аммо агар даъват ва ё ҳаракату ҷунбише дар хидмати қудратмандон ва давлатмардон қарор бигирад, ҳаргиз фарҷоми неке дар интизораш нест, чунки даъват амре аст динӣ ва Худо болотар ва фаротар аз ҳар соҳиби қудрат ва мансабе мебошад.[v]





Ҳангоме, ки мушрикон дар атрофи ғор мегаштанд ва наздик буд, ки муҳоҷиронро бубинанд, Паёмбари акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба Абӯбакр (р) итминони хотир доданд ки: «Худо бо мост». Абӯбакр (р) мегӯяд: Дар ғор ба Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтам: «Агар яке аз онҳо ба поёни пояш нигоҳ кунад, ҳатман моро мебинад». Расули акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: «Эй Абӯбакр! Гумони ту дар бораи ду нафар, ки саввумашон Худо аст, чӣ мебошад?»[vi]





Худованди мутаол дар Қуръони карим моҷарои ғорро чунин зикр ва баён фармудааст:





Яъне: «Агар Паёмбарро ёрӣ накунед, Худованд (ӯро ёрӣ мекунад, ҳамон гуна, ки қаблан) ӯро ёрӣ кард, он гоҳ ки кофирон ӯро (аз Макка) берун кардан, дар ҳоле ки ӯ нафари дуввум аз ду тан буд. Ҳангоме ки он ду (Паёмбар ва Абӯбакр) дар ғор (-и Савр) буданд, (Абӯбакр нороҳат буд, ки мабодо ба Паёмбар газанде аз сӯи мушрикон бирасад) дар ин ҳангом Паёмбар хитоб ба рафиқаш гуфт: ғам махӯр, ки Худо бо мо аст. Пас Худованд, оромиши худро бар ӯ нозил кард (ва Абӯбакр дар партави алтофи илоҳӣ ором гирифт). Ва Худованд паёмбарашро бо сипоҳиёне ёрӣ фармуд, ки шумо ононро надидед ва сухани кофирон (ва ширку тавтиаашон дар бораи қатли Паёмбар)-ро поён кашид (ва ноком намуд) ва дар ҳар ҳол калимаи Аллоҳ ва сухан (ва шариати) илоҳӣ боло ва бартар аст ва Худованд боиззат ва ҳаким мебошад.»





(Сураи Тавба, ояти 40)





Паёбари акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва рафиқи дилсӯзаш пас аз гузашти се шабонарӯз ва баъд аз он, ки мушрикон аз ёфтани онҳо ноумед шуда ва даст аз гаштҳои ҷустуҷӯгарона бардошта буданд, аз ғор берун шуданд ва ба сӯи Мадина ҳаракат карданд.





Пеш аз ин гуфтем, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва Абӯбакр (р) ба Абдуллоҳ ибни Урайқит эътимод карда ва шутурҳояшонро ба ӯ супориданд ва ба ӯ қарор гузоштанд, ки пас аз гузаштани се шаб дар ғори Савр ба онҳо бипайвандад Абдуллоҳ низ ба ваъдааш амал кард ва дар мавъиди муқаррар сари вақт ҳозир шуд ва бероҳаро барои сафар интихоб кард, то куффори Қурайш пай ва осори пои ононро наёбанд[vii].





Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар масири роҳ ва дар водии Қадид ҷое, ки хонаҳои Хузоъа қарор дошт, бо Умми Маъбад (Отика бинти Каъби Хузоъӣ)[viii] мулоқот карданд. Ӯ хоҳари Ҳабиш ибни Холиди Хузоъӣ аст, ки дар борааш қиссаи машҳуре ривоят шуда ва ровиён ва сиратнигорон онро нақл карданд. Ибни Касир (р) мегӯяд: «Қиссаи ин зан машҳур мебошад ва ба тариқи мухталиф, ки бархе аз онҳо баъзеи дигарро қувват мебахшад, ривоят шудааст»[ix].





Қурайшиён дар атрофии Макка эълон карда буданд, ки ҳар касе зинда ё мурдаи Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро биёварад, сад шутур подош меёбад. Ин хабар дар миёни қабоили араби атрофии Макка пахш шуд. Суроқа ибни Молик ибни Ҷаъшам ба тамаъи дастёбӣ ба ҷоизае, ки Қурайш барои дастгирии Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) таъин намуда буд, ба ҷустуҷӯ пардохт, то он Ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дастгир кунад ва таҳвили Қурайшиён диҳад. Аммо Худованди мутаол бо қудрати ҳамешаи ғолибаш чунон намуд, ки Суроқа пас аз талоши бисёр ба қасди дастгирии Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ба мудофиъ ва пуштибони он Ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) табдил шавад.





Мусулмонони Мадина, ки аз ҳаракати Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба сӯи шаҳрашон бохабар шуда буданд, ҳар рӯз субҳ ба маҳале бо номи Ҳурра мерафтанд ва то зуҳр интизори он Ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва истиқбол аз эшон менишастанд. Рӯзе мусулмонони Мадина пас аз интизории тӯлонӣ ба хонаҳояшон бозгашта буданд. Дар он рӯз яке аз яҳудиён барои анҷоми кор болои қалъае рафта буд, ки чашмаш ба Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) афтод. Ҳамроҳони он ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки либоси сафед бар тан доштанд дар суроб ва бозтоби нури хуршед дида намешуд. Он яҳудӣ натавонист худашро нигоҳ дорад ва бо овози баланд овоз баровард: «Эй арабҳо! Раис ва сардоре, ки интизорашро мекашидед, омад». Мусулмонон фавран силоҳҳояшонро бардоштанд ва ба истиқболи Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шитофтанд ва дар Ҳурра бо эшон мулоқот карданд. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) роҳашро тағйир дода ва ҳамроҳи мусулмонон ба маҳаллаи Бани Амр ибни Авф рафтанд. Даромадани Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба Мадина ва истиқболи мусулмонон аз эшон дар рӯзи душанбе[x] ва дар моҳи рабиъу-л-аввал ба вуқӯъ пайваст.[xi]





Абӯбакр (р) барои мардум бархост ва Расули акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишаста буданд. Ансор гурӯҳ-гурӯҳ ба мулоқоти эшон меомаданд, аммо касоне, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро пеш аз он надида буданд, ба Абӯбакр (р) хушомад мегуфтанд, то ин ки нури офтоб бар Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) афтод ва Абӯбакр барои он ки он Ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) зери соя қарор бигиранд, абояшро болои сари эшон гирифт ва ба ин тартиб мардум Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шинохтанд.[xii]





Рӯзе, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва Абӯбакр (р) ба Мадина расиданд, рӯзи шодӣ буд. Рӯзи ҳаяҷону рӯзи сурур. Рӯзе, ки Мадина ҳаргиз монанди онро ба худ надида буд. Мардум беҳтарин либосҳояшонро пушида буданд ва гӯё рӯзи ид буд ва воқеъан ҳам ид буд, чунки дар он рӯз ислом аз фазои тангу бастаи Макка ба Мадинаи фароху боз интиқол ёфт, то он сарзамини муборак маркази нашру густариши ислом шавад ва оини Муҳаммади Мустафо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба дигар шаҳрҳо сарзаминҳо интишор ёбад. Мардуми Мадина он фазлу эҳсонеро, ки Худованд бар онон намуда буд, дарёфтанд ва эҳсос карданд, ки Худованд воқеан ононро дӯст дошта, ки эшонро ба чунин ифтихори бузург махсус гардонида аст. Онон ба ин меболанд, ки шаҳрашон пазирои Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва ёрони муҳоҷираш ва маркази нусрат ва ёрии исломӣ шуда, дар андак замоне пойгоҳ ва пойтахти низоми исломии ҳамаҷонибае гардад, ки бунёди хеле маҳкам дорад ва аз арзишҳои хеле воло бархурдор аст. Ба ҳамин хотир буд, ки мардуми Мадина дар камоли шодию ҳаяҷон ва ба нидои «ло илоҳа иллаллоҳ» ба истиқболи Паёмбари акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) рафтанд ва ба навъҳои гуногун ба он Ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хушомад гуфтанд ва салом карданд.[xiii]





Пас аз ин истиқболи бошукӯҳ ва бузург, ки монанди он дар таърихи инсоният ёфта намешавад, Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба роҳ афтоданд ва дар хонаи Абӯаюби Ансорӣ (р) манзил гузиданд. Абӯбакр (р) низ меҳмони Хориҷа ибни Зайди Ансорӣ (р) шуд.





Бо вуҷуде, ки сафари Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бо мушкилот ва сахтиҳои зиёде ҳамроҳ буд, аммо эшон бар тамоми сахтиҳои фарорӯи худ дар ҷараёни ҳиҷрат пирӯз шуданд, то ҳиҷраташон нури поянда барои ояндаи дурухшон ва барои уммату ҳукумате бошад, ки тавонист тамаддуни инсонии шукӯҳмандеро бар пояи имон, тақво, некӣ ва адолату додгустарӣ ба вуҷуд оварад ва ду қудрати ҷаҳонии он замон, яъне Форс ва Рум ғалаба кунад. Сиддиқ (р) аз ҳангоми оғози даъват, то вафоти Расули акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бозӯи дуввуми он Ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва дастёри эшон буд. Вай ба хубӣ аз манобеъ ва чашмаҳои нубувват сероб гашт ва аз онҳо ҳикмату имон, яқину ирода ва ихлосу тақво нӯшид. Ҳамнишинӣ ва ҳамроҳии Абӯбакр (р) бо Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) самарот ва паёмадҳои зиёде барои Абӯбакр (р) ба дунбола дошт аз ҷумла: Шоистагию ростӣ, огоҳию бедорӣ, сафову самимият, азму иродаи оҳанин, ихлосу фаҳми дуруст аз дин ва ғайра. Вокунишҳои дуруст ва баҷои Абӯбакр (р) дар ҷараёни воқеаҳои, пас аз Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) (дар Сақифаи бани Соъида, гусели лашкари Усома (р) ва ҷанг бо муртадҳо) баёнгари тамоми тавонмандиҳо ва шоистагиҳое аст, ки Абӯбакр (р)-ро қодир сохта, то фасодҳоро аз байн бардорад, вайронаҳо ва харобаҳоро аз нав бино кунад ва тафриқаву парокандагиро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ табдил намояд ва инҳирофоту каҷиҳоро беҳбуд бахшад ва ислоҳ кунад. Ҳиҷрати Абӯбакр (р) ба ҳамроҳи Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омӯзаҳо ва нукоти қобили панде дорад. Аз ҷумла:





Худованди мутаол мефармояд:





Яъне: «Агар Паёмбарро ёрӣ накунед, Худованд (ӯро ёрӣ мекунад, ҳамон гуна, ки қаблан) ӯро ёрӣ кард, он гоҳ ки кофирон ӯро (аз Макка) берун кардан, дар ҳоле ки ӯ нафари дуввум аз ду тан буд. Ҳангоме ки он ду (Паёмбар ва Абӯбакр) дар ғор (-и Савр) буданд, (Абӯбакр нороҳат буд, ки мабодо ба Паёмбар газанде аз сӯи мушрикон бирасад) дар ин ҳангом Паёмбар хитоб ба рафиқаш гуфт: ғам махӯр, ки Худо бо мо аст. Пас Худованд, оромиши худро бар ӯ нозил кард (ва Абӯбакр дар партави алтофи илоҳӣ ором гирифт). Ва Худованд паёмбарашро бо сипоҳиёне ёрӣ фармуд, ки шумо ононро надидед ва сухани кофирон (ва ширку тавтиаашон дар бораи қатли Паёмбар)-ро поён кашид (ва ноком намуд) ва дар ҳар ҳол калимаи Аллоҳ ва сухан (ва шариати) илоҳӣ боло ва бартар аст ва Худованд боиззат ва ҳаким мебошад.»





(Сураи Тавба, Ояти 40)





Дар ин оят далоиле дар мавриди фазилат ва ҷойгоҳи волои Абӯбакр (р) вуҷуд дорад, ки метавон мавориди зерро ном бурд:





1. Худои мутаол дар ин оятҳо баён медорад, ки кофирон ва мушрикон Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро аз Макка берун ронданд, бинобар ин, хуруҷ ва берун шудани Абӯбакр (р) ба ҳамроҳи Паёмбари акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) низ воқеияте аст таърихӣ, ки нишон медиҳад, фишори мушрикон ба мӯъминон ва аз ҷумла Абӯбакр (р) сабаб шуда, ки ногузир ба тарки Макка шаванд.





2. Абӯбакр (р) дар ин оят соҳиб, яъне ёри дилсӯзи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) номида мешавад. Ӯ танҳо ёри Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва яке аз он ду нафар аст, ки саввуминашон Худованди мутаол буд ва дар он ҳангоме, ки нусрат ва ёрии илоҳӣ бар Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нозил шуд, ҳамроҳи эшон буд. Абӯбакри Сиддиқ (р) аз миёни саҳоба (р) танҳо касе аст, ки ба ҳамроҳии Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавоқеи хос мушарраф гардидааст. Мавоқее аз қабили: Сафари ҳиҷрат, ҳамроҳӣ бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва нигаҳбонӣ аз эшон дар соябоне, ки дар ҷанги Бадр барои он Ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дуруст карданд, ҳамроҳӣ бо Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ҳангоми пешниҳод даъват ба қабоили араб, дар мавсими ҳаҷ ва ғайра. Тамоми сиратшиносон ба ин иқрор кардаанд, ки танҳо Абӯбакр (р) дар мавоқеи хос ва албатта пурифтихор ба ҳамроҳи Паёмбари акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мушарраф шудааст Бинобар насси Қуръон Абӯбакр (р) танҳо ёру ҳамроҳи Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ғор буд ва аз ин рӯ «ёри ғор» номида мешавад. Бухорӣ ва Муслим (р) аз Анас (р) ривоят карданд, ки Абӯбакри Сиддиқ (р) фармуд: «Эй Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)! Агар яке аз онҳо ба поёни пояш нигоҳ кунад, ҳатман моро мебинад». Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: «Эй Абӯбакр! Гумони ту дар бораи ду нафар, ки саввумашон Худо аст, чӣ мебошад?». Тамоми аҳли ҳадис (ҳадисшиносон) ин ҳадисро саҳеҳ донистаанд ва ҳатто ду нафар аз онон ҳам дар мавриди сиҳҳат ва дурустии ин ҳадис бо якдигар ихтилоф надоранд. Насси Қуръон низ дурустии ин ҳадисро таъйид мекунад.[xiv]





3. Абӯбакр (р) ёри ҳамешагии Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) будааст. Он чи дар оят аз Абӯбакр ба ёри ғор таъбир мекунад, ба ин маъно нест, ки Абӯбакр фақат ёри ғори Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) будаву бас. Балки Абӯбакри Сиддиқ (р) ёри мутлақ ва ҳамешагии Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) буда ва аз чунон собиқае дар ҳамсӯҳбатӣ бо Расули акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бархурдор аст, ки ба иттифоқ назари сиратшиносон шахси дигаре чунон собиқае дар ҳамсӯҳбатӣ бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) надорад. Баъзе аз уламо ба ин нукта таъкид карданд ки: «Фазоил ва маноқиби Абӯбакр (р) вижагиҳои хоси худи ӯ ва мунҳасир ба фард буда ва Абӯбакр дар бархурдорӣ аз он ҳама фазоил ва вижагиҳо шарик ва ҳаммонананде надорад».[xv]





4. Абӯбакр (р) ёри дилсӯзи Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) будааст. Лафзи «ло таҳзан» (ғам махӯр), ки дар ин оят ба нақл аз Расули акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хитоб ба Абӯбакр (р) омада, нишон медиҳад, ки Абӯбакр (р) дӯстдор ва ёвари шафиқ ва дилсӯзи он Ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) будааст. Абӯбакр (р) аз ин нороҳат ва нигарон буд, ки мабодо Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) кушта шавад ва ислом аз миён биравад. Ба ҳамин хотир дар сафари ҳиҷрат гоҳе пешопеши Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳаракат мекард ва гоҳе пушти сари он Ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод). Паёмбари акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) далели ин корашро пурсиданд. Абӯбакр (р) гуфт: «Вақте ба фикр меафтам, ки мумкин аст, куффор пешопеши мо камин карда бошанд, пеш ҳаракат мекунам ва ҳангоме, ки ба ёди таъқибу ҷустуҷӯи онҳо меафтам ва ин масъала ба хотирам мерасад, ки мумкин аст душман аз пушти сар бар мо бирасад, аз пушти шумо ҳаракат мекунам (то хатаре мутаваҷҷеҳи шумо набошад ва ба шумо осебе нарасад)».[xvi] Имом Аҳмад (р) чунин ривоят кардааст: Абӯбакр (р) гоҳе пушти сари Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) роҳ мерафт ва гоҳе пешопеши он Ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод). Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ фармуданд: «Туро чӣ шуда, ки чунин мекунӣ?» Абӯбакр (р) гуфт: «Эй Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), вақте аз ин метарсам, ки куффор аз пеши шумо дароянд, пешопеши шумо ҳаракат мекунам (ва ҳамин тавр баръакс)». Замоне, ки ба ғор расиданд Абӯбакр (р) гуфт: «Эй Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)! Ҳамин ҷо бимонед, то ман дохили ғор тафтиш кунам». Абӯбакр (р) вориди ғор шуд ва дар он сурохӣ дид ва пояшро онҷо гузошт ва сурохиро баст ва гуфт: «Эй Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)! Чунин кардам, то агар газандае дар сурохӣ бошад, пои маро неш бизанад (ва шумо дар амон бошад)».[xvii]





Оре, барои Абӯбакр (р) ин, ки ӯ зинда бимонад ва Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) кушта шаванд, қобили таҳаммул набуд. Ба ҳамин хотир Абӯбакр (р) тамоми доштаҳо ва ҷону молашро фидои он Ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) кард, то ба ҳамаи мӯъминон ин дарси бузургро омузиш диҳад, ки ҳар мӯъмине муваззаф ба анҷоми чунин кори бузурге аст ва бидуни тардид, ки Абӯбакр шоистатарин мӯъмине буд, ки ҷону молаш ва балки тамоми доштаҳояшро дар роҳи даъват ва дифоъ аз Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нисор кард.[xviii]





6. Паёмади ҳамроҳии Абӯбакр (р) бо Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин шуд, ки бо фазл ва ҳамроҳии Худои мутаол мушараф гардад. Ва ягона шахсияте аст, ки дар Қуръони карим ба ҳамроҳии Худо бо ӯ тасриҳ шуда аст: «Инналлоҳа маъано». Ин калимот хело сариҳ ба мушорикати Абӯбакр (р) бо Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар сафари ҳиҷрат ва дар ҳамроҳӣ ва ёрии Худо ишора мекунад ва нишон медиҳад, ки Абӯбакр (р) танҳо касе аст, ки ба чунин як ифтихоре мушарраф гардида аст. Ин оят баён медорад, ки Худованди мутаол Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва Абӯбакр (р)-ро дар баробари душманонаш ёрӣ расонда ва ононро ҳамроҳӣ мефармояд. Расули акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ғор бо Абӯбакри Сиддиқ (р) итминони хотир доданд, ки Худованд ман ва туро нусрат мекунад ва дар муқобили душманон ба мо муҳаббат карда ва азизамон медорад. Худованди мутаол мефармояд:





Яъне: «Мо ҳатман Паёмбарони худ ва (ҳамчунин) мӯъминонро дар зиндагии дунё ва дар рӯзе, ки гувоҳон ба по хезанд, ёрӣ мекунем.»





(Сураи Ғофир, ояти 51)





Оре, ин интиҳои сутудагии Абӯбакри Сиддирқ (р) аст, чунки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ мегӯяд: «Худо бо мо аст» ва гӯё дар борааш гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ дар конори он Ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз чунон имоне бархурдор аст, ки нусрат ва фазилати илоҳиро дар пай дорад, он ҳам дар мавқеияте, ки танҳо мӯъминони ростин аз сӯи Худо ёрӣ мешаванд ва дигар махлуқоти Худо шомили нусрат ва ёрии Парвардигор намегарданд[xix].





Дуктур Абдулкарим Зайдон зимни ишора ба маъияте (ҳамроҳие), ки дар ин оят омада, мегӯяд: Ин маъият дар «инналлоҳа маъано» ба он ишора шуда, волотар ва арзишмандтар аз он маъияте аст, ки Худованд дар мавриди парҳезгорон ва некӯкорон фармудааст:





«Бегумон Худованд ҳамроҳи тақвопешагон ва некӯкорон аст».





Фазилате, ки дар «инналлоҳа маъано» бо он ишора шуда, иборат аст аз нусрат, раҳмат ва мадади илоҳӣ, ки танҳо Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва ёраш Абӯбакри Сиддиқ (р) ба он хос гардиданд. Маъияте, ки дар ояти зер омадааст:





Инналлоҳа маъаллазийна-т-тақав валлазийна ҳум муҳсинун.





ба он шора шуда, муқайяд ба шароите чун тақвопешагӣ ва некӯкорӣ мебошад. Аммо маъияе, ки Худои мутаол баҳраи Паёмбари акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва ёраш намуд, навъе аз ҳамроҳии илоҳӣ буда, ки сирфан махсуси ин ду бузургвор буда ва дар қолаби нишонаҳои хориқулодда ва фаротар аз ҳадди тасаввур намудор гашт.[xx]





1. Бар асоси ин оят комилан равшан мешавад, ки Абӯбакр (р) ба ҳангоми нузули сакинаву оромиш ва нусрати илоҳӣ ҳамроҳи Паёмбари акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) будааст. Онҷо, ки Худованди мутаол мефармояд: «Пас Худованд, оромиши худро бар ӯ нозил кард (ва Абӯбакр дар партави алтофи илоҳӣ ором гирифт). Ва Худованд Паёмбарашро бо сипоҳиёне ёрӣ фармуд, ки шумо ононро надидед».





Агар бо ду нафаре, ки ҳамроҳи якдигаранд ва яке аз онҳоро ҳарос бардошта, нусрату оромиш бирасад, бегумон шахси ҳаросон бо ҳузур дар онҷо баҳраи вофир аз нусрату оромиши нозилшуда мебарад. Ончи дар оят ба баён ҳузну ҳароси Абӯбакр (р) мепардозад, фақат ба хотири баёни вазъи ҳоли вай намебошад. Чунки вақте Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) комилан орому осудахотир буданд, дигар зарурате барои нузули сакина бар эшон вуҷуд надошт. Аз ин рӯ ин оят зимни, ин ки ба вазъ ва ҳоли Абӯбакр (р) ишора мекунад ба баёни нузули оромиш ва таъйиду нусрат Паёмбари акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) низ мепардозад, то равшан шавад, ки Абӯбакри Сиддиқ (р) низ аз ин оромиш ва нусрати нозилшуда баҳраманд будааст. Бинобар ин, нузули сакина ва оромиш ва ҳамчунин нусрату имдоди ғайбӣ барои ёру ҳамроҳи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) басе бузургтар ва фаротар аз кумакҳои ғайбӣ барои дигарон мебошад. Чунин тарзи баён аз балоғати Қуръон ва сохтори фасеҳ ва расои каломи Худо ва шеваи тааммулбарангези он аст.[xxi]





Ин нуктаро мехоҳам биафзоям, ки пас аз ин шаҳодати сареҳи қуръон агар касе Абӯбакри Сиддиқ(р) ро носазо гӯяд ва ӯро таҳқир намояд бешак ӯ аз дин хориҷ шудааст. Азин хотир ҳангоми шунидани шахсе, ки Сиддиқро носазо мегӯяд мутанаффир шав ва бидон, ки ӯ зиндиқ аст ва бо ӯ дӯсти накун зеро дӯсти бо чунин шахс хатари хориҷшудан аз динро дорад зеро бо шаҳодати ошкори Қуръон Худо бо онҳост ва Худованд ҳеҷгоҳ худро бо ноаҳле якҷо намедонад!





Барномарезии Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва Абӯбакри Сиддиқ (р) дар ҷараёни ҳиҷрат, нуктаи қабилаи таваҷҷӯҳ ва намоёне аст. Ҳар касе дар моҷарои ҳиҷрати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва ёраш биандешад, ба вуҷуди як барномарезии муназзам ва дақиқ дар ҷараёни ҳиҷрат ва ҳамчунин омодагии муқаддимоти сафар, аз оғоз то поёни он, пай мебарад. Бозбинии ҷараёни ҳиҷрат, нишон медиҳад, ки ҳадафмандӣ ва барномарезӣ яке аз масоили муҳим ва мавриди таваҷҷӯҳи Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар тамоми фаъолиятҳояш буда, ки аз тариқи ваҳй қувват мегирифт ва сомондиҳӣ мешуд, то дастёбӣ ба ҳадафи хуҷастае дар пеши рӯи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амалӣ ва мумкин гардад. Барномарезӣ дар корҳо ва фаъолиятҳо, бахше аз суннати Расули акрам (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст ва ин вазифаро дар пеши рӯи ҳар мусулмоне мениҳад, ки дар анҷоми масъулиятҳояш ба он таваҷҷӯҳ намояд. Касоне, ки мепиндоранд барномарезӣ радифбандӣ ва муқаддимачинӣ ва санҷишгарӣ дар анҷоми корҳои суннат нест ва ё гумон мекунад, ки бояд ҳар кореро бепарво ва бидуни барнома анҷом дод ва гузошт то ҳар коре аз ҳад гузарад, қатъан ба иштибоҳ рафта ва нисбат ба худ ва дигарон бад раво доштаанд.[xxii]





Ҳангоме ки вақти ҳиҷрат фаро расид ва ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) иҷоза дода шуд, то ин сафари хуҷастаро оғоз кунад он Ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) иқдомоте дар ин замина анҷом доданд, ки нишонгари барномарезии дақиқ ва муназзам мебошад, то ин сафари муҳим бо вуҷуди сахтиҳо ва пасомадҳои сахту шадид, бо муваффақияти комил ба анҷом бирасад. Ҳар яке аз масоили марбут ба ҳиҷрат ба диққати тамом мавриди баррасӣ қарор гирифта, ки барои мисол намунаҳои зерро метавон ном бурд:





1. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар хилофи оддати гузашта сари зуҳр ва ҳангоми нимрӯзӣ ба хонаи Абӯбакр (р) рафт, ки ҳаво гарм буд ва касе ҳам дар кӯчаҳои Макка рафту омад намекард, то касе эшонро набинад ва қасди он Ҳазрат (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ҳиҷрат ба сони як роз пӯшида бимонад.





2. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мутобиқи расми он замон чеҳраашонро пӯшонданд, то шинохта нашаванд. Пӯшидани сару сурат дар он замон шеваи корбурда ва муносиб буд, ки афрод барои адами шинохта шудан дар пеш мегирифтанд.





3. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба Абӯбакр (р) фармуданд: «Касонеро, ки инҷо ҳузур доранд, берун кун». Абӯбакр (р) арз кард, ки инҳо фарзандони ман ҳастанд. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳузури хонаводаи Абӯбакр (р) сирфан аз фармон ва иҷозаи Худо дар бораи ҳиҷрат сухан гуфтанд ва ҷузъиёти ҳиҷратро дар ҳузури ҳама баён накарданд.





4. Хураҷашон аз хонаи Абӯбакр (р) шабона ва аз дар ё аз панҷарае пушти манзил буд.





5. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар сафари ҳиҷрат ва дар тамоми ҷабҳаҳо комилан бо эҳтиёт ва ҳушёрона амал карданд. Аз бероҳа рафтанд ва раҳнамои боҳуш ва корозмуда ба кор гирифтанд, ки роҳҳо ва гузаргоҳҳои мухталифи биёбонро ёд доштанд. Аз онҷо, ки он раҳнамо мушрик буд, ин нуқта равшан мешавад, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз дониш ва тавонмандиҳои ғайримусулмонон то замоне, ки маслиҳате дар он буд, истифода мекарданд. Абдулкарим Зайдон ба забти муҳим дар бораи кумак хостан аз мушрик ё ба хидмат гирифтани вай ишора карда ва гуфта, ки дар ин маврид асл бар адами ҷавоз аст, вале ин асл, истисно низ дорад, ки кумак гирифтан аз ғайри мусулмонро бо шароити мушаххасе раво мекунад. Ин шароит иборатан аз: Маслиҳате дар кумак гирифтан аз ғайри мусулмон вуҷуд дошта бошад. Бо иборате масолиҳи кумакхоҳи аз ғайри мусулмон бар хатароти эҳтимолии он ғолиб бошад. Кумак гирифтан аз ғайри мусулмон ҳеҷ осеб ва ё хатаре барои даъват ва арзишҳои он надошта бошад. Ғайримусулмоне, ки аз ӯ кумак хоста мешавад, комилан қобили эътимод бошад. Зарурати шадид вуҷуд дошта бошад, ки кумак гирифтан аз ғайри мусулмонро ногузир гардонад. Бояд донист, ки дар сурати набудани ҳар яке аз шароити мазкур кумак гирифтан аз ғайри мусулмон ҷоиз нест.[xxiii]





Абӯбакри Сиддиқ (р) фарзандонашро ба ислом даъват дод ва ба фазли илоҳӣ аз ин кори бузург муваффақ ва сарбаланд даромад. Ӯ хонаводаашро дар хидмати ислом гузошт ва аз ҳар як аз онон барои ба анҷом расидани ҳиҷрати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) кор гирифт. Вай дар барномаи ҳиҷрат бо шарҳи масъулияти ҳар яке аз фарзандонаш, ононро дар иҷрои нақши фаъол ва муҳим ва ҳузури амалӣ дар ин ҷараёни муборак ва фархундаи таърихӣ саҳим кард:





1. Нақши Абдуллоҳ ибни Абӯбакр (р) дар сафари ҳиҷрат.





Абдуллоҳ (р) нақши хабаррасон ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва Абӯбакри Сиддиқ (р)-ро ифо кард. Вай рӯзҳо барои касби иттилоот аз таҳрикоту иқдомоти Қурайш ба миёни онҳо мерафт ва иттилооти ба даст омадаро ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гузориш медод. Абдуллоҳ бар муҳаббати дин ва талош барои ёрии дин парвариш ёфта ва дар паноҳи фаъолияти даъватӣ дорои басират ва ҳушу заковати болое буд. Инҳо нишондиҳандаи таваҷҷӯҳ ва ғамхорагии Абӯбакр (р) нисбат ба тарбияти Абдуллоҳ (р) мебошад. Абӯбакр (р) нақши писарашро дар ҳиҷрат мушаххас намуд. Ва ӯ низ ба хубӣ аз уҳдаи маъмурияташ баромад. Абдуллоҳ ба миёни қурайшиён мерафт ва пас аз касби иттилоот аз гуфтаҳо ва таҳрикоти онҳо, шабонгоҳ ба ғор рафта ва Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва падарашро аз дасисаҳо ва барномаҳои аҳли Макка бохабар мекард. Абдуллоҳ (р) ба хубӣ аз паси ин масъулият баромад ва чунон ҳушмандона ин корро анҷом дод, ки ҳеҷ як аз куффори Макка ба ӯ шак накард. Вай шабҳоро дар канори ғор ба посбонӣ мепардохт ва субҳидам ба Макка бозмегашт, то касе ба хотири набуданаш дар Макка, шак накунад.[xxiv]





2- Нақши Оиша ва Асмо (р) дар сафари ҳиҷрат





Ҳузури фаъол ва муассири Асмо ва Оиша (р) дар сафари ҳиҷрати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва Абӯбакр (р) ношӣ аз тарбияте буд, ки бар асоси он ба дасти падари бузургворашон парвариш ёфта буданд. Онҳо ҳангоми рафтани Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба хонаи Абӯбакр (р) аз фармони ҳиҷрат иттило ёфтанд ва билофосила барои Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва падарашон тушаи сафар ва ғизо омода карданд. Оиша (р) мегӯяд: «Ман ва Асмо фавран барои Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва падарамон бору бунаи сафар (ва ғизо) омода кардем ва онро дар як кисаи (халтаи) чармӣ гузоштем. Асмо тиккае аз доманашро ҷудо кард, то даҳони кисаро бубандад ва аз онҷо «Зоту-н-нитоқайн - соҳиби ду доман» номида шуд».[xxv]





 



Recent Posts

Роҳ бидуни бозгашт М ...

Роҳ бидуни бозгашт Марг