Articles




Писараш гуфт: “Қасам ба Худо, вориди манзилаш нахо­ҳад шуд, магар бо иҷозати Расули Худо (с)!” Саранҷом, мар­дони номдор ҷамъ шуданд ва назди писараш Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ рафта, бо ӯ баҳсу гуфтугӯ карданд. Абдуллоҳ боз таъкид карду гуфт: “Қасам ба Худо, вориди хонааш нахоҳад шуд, магар бо иҷозати Худо ва Расули Худо (с)!” Онҳо ба назди Пайғамбари акрам (с) рафта моҷароро ба арзашон ра­сониданд. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Назди Абдуллоҳ бира­вед ва ба ӯ бигӯед, ӯро ра­ҳо кунад, то ба хонааш биравад». Пас, онон назди писараш Аб­дуллоҳ рафтанд ва паёми Пай­ғамбар (с)-ро ба ӯ расониданд. Аб­дуллоҳ гуфт: “Акнун ки Пайғамбар (с) дастур фармудаанд, ба чашм, биравад”.[47]





Ҳумайдӣ дар «Муснад»-и худ гуфтааст: Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул ба падараш гуфт: “Қасам ба Худо, дохили шаҳр нахоҳӣ шуд, то ин ки бигӯӣ: “Расули Худо (с) бузургвор аст ва ман пасту хор!”





Омадааст, ки Асмо духтари Абубакри Сиддиқ (р) гуф­тааст: “Дар паймони Расули Худо (с) бо мушрикин дар сулҳи Ҳудайбия модарам, ки ба Ислом нагаравида буд, пеши ман омад ва ман аз Расули Худо (с) иҷозат хоста гуфтам: “Эй Расули Худо (с)! Модарам омадаву моил аст, ки ман дар ҳақ­қи ӯ некӣ кунам. Оё бо ӯ иртибот барқарор намуда, ба ӯ некӣ кунам?” Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, бо ӯ иртибот бар­қарор намо ва ба ӯ некӣ кун».[48]Ибни Уяйна гуфтааст: “Баъ­ди он ояти зер нозил шуд”.





﴿لَّا يَنۡهَىٰكُمُ ٱللَّهُ عَنِ ٱلَّذِينَ لَمۡ يُقَٰتِلُوكُمۡ فِي ٱلدِّينِ وَلَمۡ يُخۡرِجُوكُم مِّن دِيَٰرِكُمۡ أَن تَبَرُّوهُمۡ وَتُقۡسِطُوٓاْ إِلَيۡهِمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُقۡسِطِينَ ٨﴾ [الممتحنة : ٨]





«Худо шуморо аз некӣ кардан ва инсоф намудан дар ҳақ­қи касоне, ки бо шумо дар амри дин ҷанг накардаанд ва шу­моро аз хонаҳоятон берун нарондаанд, манъ намекунад. Ба дурустӣ ки Худо инсофкунандагонро дӯст медорад».[49]





Ногуфта намонад, ки Ибни Муслим бар Ислом оварда­ни падару модараш ва даъват намудани онон ба сӯи имон бисёр ҳарис будааст ва алоқаи зиёде ба барангехтани онон бар Ислом дошт, он ҳам бо ниҳояти дилсӯзиву муҳаббат ва бо камоли лутфу оромиш, ки ин маслаки пайғамбарону ра­сулон дар роҳи даъват намудани падаронашон будааст. Чу­нонки Иброҳими Халил (а) барои мо намунаи равшанеро аз шеваи даъват нишон медиҳанд. Қуръон шеваи даъвати Иб­роҳимро баён намудааст, чунончи мефармояд:





﴿وَٱذۡكُرۡ فِي ٱلۡكِتَٰبِ إِبۡرَٰهِيمَۚ إِنَّهُۥ كَانَ صِدِّيقٗا نَّبِيًّا ٤١ إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ يَٰٓأَبَتِ لِمَ تَعۡبُدُ مَا لَا يَسۡمَعُ وَلَا يُبۡصِرُ وَلَا يُغۡنِي عَنكَ شَيۡ‍ٔٗا ٤٢ يَٰٓأَبَتِ إِنِّي قَدۡ جَآءَنِي مِنَ ٱلۡعِلۡمِ مَا لَمۡ يَأۡتِكَ فَٱتَّبِعۡنِيٓ أَهۡدِكَ صِرَٰطٗا سَوِيّٗا ٤٣ يَٰٓأَبَتِ لَا تَعۡبُدِ ٱلشَّيۡطَٰنَۖ إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ كَانَ لِلرَّحۡمَٰنِ عَصِيّٗا ٤٤ يَٰٓأَبَتِ إِنِّيٓ أَخَافُ أَن يَمَسَّكَ عَذَابٞ مِّنَ ٱلرَّحۡمَٰنِ فَتَكُونَ لِلشَّيۡطَٰنِ وَلِيّٗا ٤٥ قَالَ أَرَاغِبٌ أَنتَ عَنۡ ءَالِهَتِي يَٰٓإِبۡرَٰهِيمُۖ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ لَأَرۡجُمَنَّكَۖ وَٱهۡجُرۡنِي مَلِيّٗا ٤٦ قَالَ سَلَٰمٌ عَلَيۡكَۖ سَأَسۡتَغۡفِرُ لَكَ رَبِّيٓۖ إِنَّهُۥ كَانَ بِي حَفِيّٗا ٤٧ وَأَعۡتَزِلُكُمۡ وَمَا تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَأَدۡعُواْ رَبِّي عَسَىٰٓ أَلَّآ أَكُونَ بِدُعَآءِ رَبِّي شَقِيّٗا ٤٨ فَلَمَّا ٱعۡتَزَلَهُمۡ وَمَا يَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَهَبۡنَا لَهُۥٓ إِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَۖ وَكُلّٗا جَعَلۡنَا نَبِيّٗا ٤٩ وَوَهَبۡنَا لَهُم مِّن رَّحۡمَتِنَا وَجَعَلۡنَا لَهُمۡ لِسَانَ صِدۡقٍ عَلِيّٗا ٥٠﴾ [مريم: ٤١، ٥٠]





«Ва дар Китоб (Қуръон) Иброҳимро ёд кун: Ба дурустӣ ки вай пайғамбаре росткирдор буд, (ёд кун) чун ба падари худ гуфт: “Эй падари ман! Чаро чизеро ибодат мекунӣ, ки на­мешунавад ва намебинад ва аз ту чизеро дафъ намекунад? Эй падари ман! Ба дурустӣ, ки он чӣ аз илм ба ман омадааст, ки ба ту наомада, пас пайравии маро кун, то туро ба роҳи рост далолат кунам. Эй падари ман! Шайтонро ибодат макун, ба дурустӣ, ки шайтон [Худои] Раҳмонро нофармон аст. Эй па­дари ман, аз он метарсам, ки аз [Худои] Раҳмон азобе ба ту бирасад, чун қарини шайтон бошӣ». Гуфт: «Эй Иброҳим! Оё ту аз маъбудони ман рӯйгардон ҳастӣ? Агар бознаистӣ, ал­батта, туро сангсор мекунам ва муддате дароз аз ман дур бош». Гуфт: «Салом бар ту бод! Барои ту аз Парвардигори хеш омӯрзиш хоҳам талабид, ба дурустӣ, ки Вай бар ман Меҳрубон аст. Ва аз шумову аз он чӣ ба ҷуз Худо мепа­рас­тед, канора мегирам ва Парвардигори худро ибодат хоҳам кард, ба умеди он ки ба (сабаби) парастиши Парвардигори худ бадбахт набошам».Пас, чун аз онҳову аз он чи ба ҷуз Ху­до мепарастиданд, канора гирифт, ба вай Исҳоқу Яъқубро ато кардем ва ҳар якеро пайғамбар сохтем. Ва ба онҳо аз бахшиши Худ (чизҳо) ато кардем ва барояшон ба ниҳояти бузургӣ зикри некӯ сохтем».[50]





Аз Абуҳарйра (р) намунаи ҷолиберо дар исрор бар даъ­вати модараш ироа намудааст. Чунонки Абукасири Тамимӣ гуфтааст: “Аз Абуҳрайра (р) шунидам, ки мегуфт: “Афроди яҳудиву насронӣ маро дӯст медоштанд ва ман ҳам аз мода­рам мехостам, ки Ислом биоварад, аммо ӯ худдорӣ менамуд. Ман пеши Пайғамбар (с) омада гуфтам: “Дар пешгоҳи Ҳақ Таъоло барои ӯ дуо кунед”. Ва он ҳазрат (с) дуо карданд. Си­пас, назди модарам омадам, дарро бар рӯи худ баста буд ва гуфт: “Эй Абуҳурайра! Ман мусалмон шудам”. Ман ҳам ха­бари мусалмон шуданашро ба арзи Пайғамбари акрам (с) ра­сонида, гуфтам: “Эй Расули Худо (с)! Барои ман ва модарам дуои хайр кунед! Фармуданд: «(Худоё!) Абуҳурайра ва мода­раш Туро ибодату парастиш кардаанд, эшонро маҳбуби наза­ри Худ ва мардум бигардон».[51]





Намунаи дигар Абубакри Сиддиқ (р) аст, ки баъд аз фатҳи Макка босуръат падарашро назди Пайғамбари акрам (с) мебарад, ба умеди он, ки Ислом биёрад. Чунонки Асмо духтари Абубакри Сиддиқ (р) гуфтааст: “Вақте Макка фатҳ шуд ва Расули Худо (с) вориди «Зи-туво» шуданд, Абуқаҳҳофа ба духтари худ, ки хурдтарин фарзандонаш буд, гуфт: “Эй духтари хурдакакам! Маро бар болои Абуқубайс бибар!” Дух­тари хурдаш ӯро, ки чашмонаш нобино шуда буданд, бар болои он кӯҳ бурд. Баъд гуфт: “Духтарам чӣ чизеро мебинӣ?” Дух­тараш гуфт: “Ҷамоати зиёдеро мебинам ва марде низ дар пеши он ҷамоат рӯ ба пеш ҳаракат мекунад”. Падараш гуфт: “Дух­тарам он ҷамоат савораанд?” Сипас гуфт: “Боз чиро мебинӣ?” Духтараш гуфт: “Теъдодеро мебинам, ки пароканда меша­ванд”. Падараш гуфт: “Дар сурате ки ҷамъият пароканда ме­шавад, фавран маро ба хонаам бибар”. Духтараш мегӯяд: “Ман ӯро зуд бурдам, то ин ки ба «Ибтаҳ» расондам”. Дар гардани он духтар тавқе аз варақе буд, ки як нафар онро аз гарданаш бардошта буд.





Вақте ки Расули Худо (с) вориди масҷид шуданд, Абу­бакр рафт, то падарашро роҳнамоӣ кунад ва ба хидмати Ра­сули худо (с) биёрад. Пас, вақте ки Расули худо (с) ӯро ди­данд, фармуданд: «Чаро ин пирамардро дар хонаи худ нагу­зоштӣ, то ин ки ман пеши ӯ биёям?». Абубакр гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Ҳаққи ӯ аст, ки ба хидмати Шумо биёяд, на ин ки Шумо баназди ӯ ташриф бибаред”. Баъд аз он Расули Худо (с) Абуқаҳҳофаро пеши худ нишониданд, сипас даст бар рӯи синаи ӯ кашида фармуданд: «Мусалмон шав, солиму маҳфуз мемонӣ». Вай мусалмон шуд.[52]





Асоси чорум, барои муошират ва дӯстӣ падару модар шоистатарин афроданд





Чи басо инсонҳо дар интихоби рафиқу дӯст иштибоҳ ме­кунанд ва наметавонанд дӯсти мухлису бовафоеро биёбанд. Аз ин рӯ, инсон бо талош ва таҳаммули заҳмат ва бо ҷид­ди­яту фаъолияти зиёд аз ин ҷову он ҷо ва дар ҳар ҷо ба ҷус­ту­ҷӯ мепардозад ба умеди он, ки дӯсти мухлису бовафое биё­бад. Дар натиҷа, аз дур чашм ба дӯстӣ медӯзад ва ӯро дӯсти содиқ мепиндорад, аммо баъд аз ин ки бо шахсе паймони дӯстӣ мебандад, дармеёбад, ки ӯғайр аз он дӯсте аст, ки ба суроғаш мегардад...





Бинобар ин, дар ҳоле ки инсон дар чунин дигаргунӣ ме­монаду саргардон мешавад, Пайғамбари акрам (с) ӯро тарк накарда, балки ба тариқи мухтасар ва бисёр кӯтоҳе ӯро ба сӯи дӯсти содиқу бовафое роҳнамоӣ мекунанд, ки он падару модар аст.





Чунонки ривоят мекунанд: “Марде ба назди Расули Ху­до (с) омада гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Чӣ касе шоистатар аст, ки ӯро дӯсти хубу содиқе барои худ бидонам?» Расули Худо (с) фармуданд:«Модарат». Он мард гуфт: «Баъд аз ӯ чӣ касе?»Расули худо (с) фармуданд:«Модарат». Боз гуфт: «Сипас, чӣ касе?» Фармуданд:«Модарат». Барои бори сеюм он мард гуфт: «Баъд аз модарам чӣ касе?» Расули Худо (с) фармуданд:«Падарат».[53]





Дар ривояти дигар омадааст: “Марде ба назди Расули Худо (с) омада гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Чӣ касе шоиста­тар аст, ки ӯро дӯсту рафиқи хубе барои худ баргузинам?» Расули худо (с) се бор фармуданд:«Модарат». Баъд фар­му­данд:«Баъд аз модар падарат ва баъд аз падар низ (бо тар­тиб) наздиктару наздиктар ба ту».





Шояд касе бигӯяд: “Ман чӣ ниёзе дорам ба ин ки рафиқу дӯсте барои худ баргузинам?” Дар ҷавоб бояд гуфт, агар ту аз интихоби дӯст бениёз ҳастӣ, ҳеҷ монеъе надорад, аммо чизе, ки ҳаст ин аст: “Падару модар аз дӯстиву хидмати ту ва аз мубо­ҳисаву машварат бо ту бениёз нестанд ва ҳамчунин намета­во­нанд дар бисёре аз воқеаҳо ва масоиле, ки дар зиндагии онон ва дар зиндагии бародарони ту пеш меоянд, гӯш фаро надиҳанд ва аз раъйу назарияи ту истифода нанамоянд.





Бинобар ин, ҳадиси Пайғамбари акрам (с) ин тасаввури туро рад карда, собит менамояд, ки дӯстӣ бо падару модар ва некӣ кардан дар ҳаққи онон амри лозиму зарурӣ мебо­шад ва ба унвони дӯсти содиқу бовафо бар дигарон бартарӣ доранд.





Асоси панҷум, муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи модар бар падар





Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар шарҳе, ки бар ҳадиси чанд сатр қабл баёншуда намудааст, мегӯяд: “Ибни Баттол гуфта­аст: “Матлуби ин ҳадис он аст, ки се намуна аз некӣ дар ҳаққи модар ҳаст, ки барои падар нест. Ин се намуна ибора­танд аз сахтии даврони ҳомилагӣ, замони вазъи ҳамл ва дав­рони нисбатан тӯлонии шир додан ба кӯдак. Инҳо ҳолатҳову намунаҳое ҳастанд, ки хосси модаранд ва танҳо модар аст, ки аз онҳо ранҷ мекашад. Илова бар инҳо дар кори тарбияву парвариши кӯдак низ бо падар саъю талоши падар ба таври баробар шарик аст. Худованд ҳам ишора ба ин мавзӯъ ме­фармояд:





﴿وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حَمَلَتۡهُ أُمُّهُۥ وَهۡنًا عَلَىٰ وَهۡنٖ وَفِصَٰلُهُۥ فِي عَامَيۡنِ أَنِ ٱشۡكُرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيۡكَ إِلَيَّ ٱلۡمَصِيرُ ١ ﴾ [لقمان: ١٤]





«Ва Мо ба инсон дар бораи падару модараш тавсия фар­мудем (ки дар ҳаққи эшон некӣ кунад, ба вижа модар, чаро ки) модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар[54] дар шикам бардоштааст ва поёни даврони ширхорагии ӯ ду сол аст. (Лизо ба инсон ҳукми Мо ин аст) ки Моро ва падару мо­дари худро шукргузорӣ кун ва (бидон, ки саранҷом) бозгашт ба сӯи Ман аст».[55]





Бинобар ин, чунонки мулоҳиза мешавад, Қуръон дар тавсияҳояш дар байни падару модар мусовот қарор дода ва се кори вижаро ба модар ихтисос додааст (ки ин се кор ибо­ратанд аз даврони ҳомилагӣ, вазъи ҳамл ва ду сол шир до­дан ба кӯдак).





Қуртубӣ гуфтааст: “Мурод он аст, ки модар нисбат ба падар мустаҳиққи саҳми бештаре аз некӣ ва муҳаббат варзи­дан дар ҳаққи ӯ мебошад”.





Аёз гуфтааст: “Ҷумҳури уламо бар онанд, ки модар дар некӣ ва муҳаббат варзидан дар ҳаққи ӯ бар падар муқаддам­тар мебошад”. Қавли дигаре аз уламо ин аст: “Падару модар дар некӣ ва муҳаббат варзидан нисбат ба онон баробаранд”. Аз имом Молик нақл шуда, ки гуфтааст: “Қавли аввал ду­русттару муносибтар мебошад”.





Ибни Ҳаҷар мегӯяд: “Баъзе аз уламои шофеимазҳаб бар қавли дуюм мебошанд (яъне мегӯянд: “падару модар дар му­ҳаббат варзидан баробаранд). Аммо аз Ҳориси Муҳосибӣ нақл шудааст, ки иҷмоъи уламо бар он аст, ки модар ҳаққи бештар дорад.





Ногуфта намонад, он чи, ки аз Молик дар ин робита нақл шудааст, возеҳу равшан намебошад. Зеро Ибни Баттол онро чунин баён кардааст: “Аз Молик савол шуд: “Падарам маро барои анҷоми коре хост, вале модарам маро аз иҷрои ам­ри ӯ манъ кард”. Молик гуфт: “Падаратро итоату фармон­бардорӣ кун ва аз модарат нофармониву мухолифат макун”. Ибни Баттол мегӯяд: “Ибораи боло далолат дорад бар ин, ки некӣ ва итоат аз падару модар мусовӣ мебошад, вале далолат бар он возеҳ ва ба таври равшан намебошад”. Ибни Баттол меафзояд: “Ҳамин масъала айнан аз Лайс савол шуд. Дар ҷа­воб гуфт: “Аз модарат итоату фармонбардорӣ кун, зеро ки ду сеюми некӣ аз они модар аст ва ин худ ба шевае ишора ме­кунад, ки дар воқеъ ду бор модар такрор шудааст”.





Ривоят шудааст, ки Пайғамбари акрам (с) се бор пушти сари ҳам фармуданд: “Ҳамоно Худованд шуморо дастур ме­диҳад, ки дар ҳаққи модаронатон некӣ кунед ва баъд аз мо­да­ронатон ба падаронатон ва сипас (батартиб) ба наздиктару наздиктар некӣ кунед».[56]





Дар ривояти дигар омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: « Дар ҳаққи падару модарат некӣ кун, сипас дар ҳаққи хоҳару бародарат, баъд (батартиб) дар ҳаққи наздик­тару наздиктарат».[57]





Дар шарҳу тафсири ин ҳадис Ҳоким ва асҳоби «Сунан», яъне Аҳмад ва Ибни Ҳиббон гуфтаанд: “Мурод аз наздик­тар, яъне он кӣ ба шахси некикунанда наздиктар мебошад”. Аёз гуфтааст: “Баъзе аз уламо дар муқаддам доштани падар­бузург бар бародар ва ё баръакс тардид доранд, аммо аксари уламо бар онанд, ки бобо бар бародар ҳаққи тақаддум дорад”.





Ибни Ҳаҷар мегӯяд: “Уламои шофеимазҳаб бар ин наза­ранд, ки некӣ дар ҳаққи падарбузург бар бародар муқаддам мебошад ва баъд аз он ҳар кӣ ба падару модар наздиктар бо­шад, бар он кӣ ба яке аз он ду наздик аст, муқаддам дошта мешавад. Сипас, дар миёни завиларҳом ва хешовандон афроди маҳрам бар ғайри маҳрам муқаддам мебошанд. Баъд соири асабот бар наздикони сабабӣ ва дӯстон бар ҳамсоягон муқад­дам дошта мешаванд”.





Ибни Баттол ишора ба ин мекунад, ки риояи ин тартиб дар он ҷо, ки як мартаба расонидани некӣ имконпазир на­мебошад, амри возеҳу равшан аст.





Бояд гуфт, он чи бар муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи модар ба таври куллӣ далолат дорад, ҳадисе аст, ки ривоят шудааст. Оиша (р) аз Пайғамбари акрам (с) пурсид: “Чӣ ка­се ҳаққи бештару бузургтареро бар зан дорад?” Фармуданд: «Шавҳараш». Боз пурсид: “Чӣ касе бештарин ҳақро бар гар­дани мард дорад? Фармуданд: «Модараш бештарин ҳақро бар гардани ӯ дорад».





Он чӣ бештар муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи модар­ро бар дигарон мавриди таъйиду таъкид қарор медиҳад, ҳа­дисе аст, ки Амр ибни Шуъайб аз падараш ва аз бобояш ривоят намудааст: “Зане назди Пайғамбар (с) омад ва гуфт: “Эй Расули Худо (с) ин писарам, ки дар даврони ҳомилагӣ ши­камам ҷои ӯ буд ва пас аз вазъи ҳамл пистонҳоям манбаи ғи­зои ӯ ва дар даврони ду соли ширхорагӣ оғӯшам маҳалли тар­бияву парвариши ӯ буд, акнун падараш маро талоқ додааст ва мехоҳад писарамро аз ман бигирад!! Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ту аз ӯ шоистатарӣ, модоме ки шавҳар накардаӣ».[58]





Бинобар ин, ба далели се амри боло (шикам, шири пис­тон, оғӯш) аст, ки модар ба кӯдак ва ҳамчунин кӯдак ба мо­дар хос мешаванд.





Муҳосибӣ нақл намудааст: “Уламо бар он иттифоқ до­ранд, ки некӣ дар ҳаққи модар муқаддам бар некӣ ба падар мебошад”.[59]





Асоси шашум, фарзанд ва моли ӯ азони падар аст





Ривоят мекунанд, ки марде ба назди Расули Худо (с) омада гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Молу сарвате дорам ва фарзанд ҳам дорам, падарам мехоҳад молу сарватамро аз ман бигирад». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ту ва сарвати ту азони падарат ҳастӣ. Бегумон, фарзандонатон аз поктарин дастовардҳои шумо мебошанд, пас аз касбу дастовардҳои фарзандонатон бихӯред».[60]





Дар ривояти дигар омадааст, ки Расули Худо (с) фарму­данд: «Фарзандонатон аз касбу дастовардҳои шумо мебо­шанд ва як бахшиши илоҳӣ барои шумо ҳастанд, ки Худованд ба ҳар кӣ бихоҳад, духтароне мебахшад ва ба ҳар кас би­хоҳад писароне ато мекунад».[61]





Дар ривояти дигаре омадааст, ки Расули Худо (с) фар­мудаанд: «Поктарин чизе, ки мехӯред, касбу кори шумост ва фарзандонатон ҷузъи касби шумо мебошанд».[62]





Қуртубӣ рӯйдоди миёни пирамарде ва писараш рухдо­даро нақл намуда, мегӯяд: “Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) гуф­та­аст: “Марде назди Расули Худо (с) омада, гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Падарам молу сарватамро гирифта бурдааст”. Ра­сули Худо (с)фармуданд:«Падаратро назди ман биёр». Си-пас, Ҷибриил (а) пеши Пайғамбар (с) омад ва гуфт: “Худо­ванд бар ту дуруд мефиристад ва мефармояд: «Вақте он пи­рамард назди ту ояд, дар бораи он чи, ки дар пеши худ гуф­таву бо гӯши худ шунидааст, аз ӯ бипурс». Пас вақте он пи­рамард омад, Пайғамбар (с) ба ӯ фармуданд: «Чаро фарзан­дат аз ту шикоят мекунад? Оё мехоҳӣ молу сарвати ӯро бардорӣ?». Пирамард гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Аз худи ӯ бипурсед, оё ман онро ҷуз бар яке аз аммаҳо ё холаҳояш ва ё бар худам харҷ кардаам?” Пайғамбар (с) ба пирамард фарму­данд: «Басанда аст, аз ин бигзар ва дар бораи он чи пеши худ гуфта, ё шунидаӣ ба мо бигӯ». Пирамард гуфт: “Қасам ба Худо, эй Пайғамбар (с)! Пайваста Худованд яқину бовари моро нисбат ба шумо меафзояд, бегумон ман чизеро, ки гуф­та ва ё бо гӯши худ шунидаам, гуфтаам. Пайғамбар (с) фар­муданд: «Бигӯ ва ман гӯш мекунам».





Пирамард гуфт: “Гуфтаам:





“Туро дар ҳолати кӯдакӣ хӯрондам ва дар даврони ҷавонӣ низ харҷи зиндагиятро таъмин кардам, акнун он чиро, ки касб мекунам ба ту хӯронидаву нӯшонида мешавад.





Нафсам аз бадиву табоҳии ту метарсад, чун ба дурустӣ медонад, ки марг дорои замони мушаххасе аст.





Вақте ки ба синни булуғ ва ба он ғояту ҳадафе, ки умеду орзу доштам, ба он бирасӣ, ноил шудӣ.





(Мутаассифона) тундиву дуруштхӯиро подоши ман гар­донидаӣ! Гӯё танҳо ту фазлу неъматдиҳандаи ман бошӣ.





Пас, эй кош, вақте ки ҳаққи падарии маро риоя намекунӣ (ҳадди ақал) он тавр амал мекардӣ, ки ҳамсояи наздик мекунад.





Ва ба монанди як ҳамсоя дар ҳаққи ман дӯстиву сарпа­растӣ мекардӣ ва ба василаи моле, ки ғайр аз моли ту аст, бар ман бухл намеварзидӣ ва дареғ намекардӣ!





Дар ин ҳангом, Пайғамбари акрам (с) ба писараш он пирамард фармуданд: «Ту ва молу сарвати ту азони пада­рат мебошӣ».[63]





Дар гузашта, роҷеъ ба ҳадисе, ки Табаронӣ онро аз ро­виёни мавриди итминон нақл намуда буд, баён кардем, ки Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Агар фарзанде аз хона хориҷ шавад, то ин ки барои таъмини заруриёти зиндагии падару модари пиру аз кор афтодааш талош кунад, кори ӯ ба манзалаи ҷиҳод дар роҳи Худо мебошад».





Ҳамчунин падару модар ба таври истисноӣ ин ҳақро до­ранд, ки метавонанд чизеро, ки ба фарзандони худ бахши­даанд, бозпас бигиранд ва аз амали худ баргарданд.





Чунонки дар ривояте Расули Худо (с) фармуданд:





«Барои касе, ки чизеро мебахшад, ҳалол нест аз он бар­гардад (ва дубора онро бозпас бигирад), магар падар, ки ме­тавонад он чиро ба фарзанди худ бахшидааст, бозпас би­гирад».[64]





Дар ривояте омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Аббос (р) гуф­тааст: «Расули Худо (с) мефармоянд: «Ҳалол нест барои ка­се, ки чизеро мебахшад ва ё ҳадяеро ба касе медиҳад, онро бозгашт намояд ва пас бигирад, магар падар, ки метавонад он чиро ба фарзандаш бахшидааст, бозпас бигирад. Зеро касе чи­зеро мебахшад ва сипас онро бармегардонад, ба монанди саге аст, ки чизеро мехӯрад ва вақте ки сер шуд, онро қай мекунад ва аз нав дар даҳони худ мегирад».[65]





Муҳаммад ибни Сирин гуфтааст: «Дар замони Усмон ибни Аффон (с) арзиши хурмо ба ҳазор дирҳам расид. Усома ибни Зайд тасмим гирифт, то хурмоҳоеро, ки парвариш намуда буд, нигаҳдорӣ намояд ва мағзу моддаи панирмонанди онҳоро ислоҳ кард. Сипас, хурмоҳоро нафурӯхт, балки онҳоро ба модараш хӯ­ронд. Ба ӯ гуфтанд: «Чӣ чизе туро ба ин амр водор кард, дар ҳо­ле ки мебинӣ, арзиши хурмо ба ҳазор дирҳам расидааст?» Усома ибни Зайд дар ҷавоб гуфт: «Модарам ин корро аз ман дархост намудааст ва ӯ ҳар чизеро, ки аз ман хоста бошад, модоме ки ба анҷом додани он қодир бошам, бечуну чаро онро фароҳам намуда ва ба ӯ додам».[66]





Асоси ҳафтум, озод намудани волидайн аз моле, ки дар зиммаи онҳо аст





Дарвоқеъ намунае аз намунаҳои бисёр бузургу азими некӣ дар ҳаққи падару модар, ин озод намудани волидайн аз молест, ки дар зиммаи онон мебошад. Зеро дар гузаштаи дур ва дар замонҳои ғуломдорӣ гоҳо писар озод мегардид ва сипас дорои молу сарвате мешуд, вале падар ё модараш ҳамчунон дар ҳоли ғуломӣ мемонданд бидуни ин ки молу сарвате дошта бошанд, ки битавонанд ба василаи он хеш­танро озод намоянд. Аммо шаклу сурати ғуломӣ дар асри кунунии мо чунон аст, ки масалан падару модар ва ё яке аз эшон ба сабабе дучори қарздории шадиду сангине меша­ванд, пас ҷиҳатгирии Пайғамбари акрам (с) дар чунин ҳо­латҳо чӣ гуна аст?





Дар робита бо ғуломдории даврони гузашта фармуда­анд: «Ҳеҷ фарзанде ба таври комил подоши падару мода­рашро намедиҳад, магар замоне, ки падару модар ва ё яке аз он дуро ба сурати мамлук ва ғуломи дигаре биёбад ва ӯро би­хараду озодаш намояд».[67]





Аммо дар бораи шаклу сурати ғуломӣ дар асри кунунӣ чунин аст, ки падару модар ва ё яке аз он ду ба сабабе зин­донӣ шуда бошанд ва барои кафолати худ сарвату дороӣ надошта бошанд, пас, дар чунин сурат бар фарзанд воҷиб аст, ки бо дарназардошти вазъи молии худ дар хидмат ба па­дару модари хеш бикӯшад ва дар рафъи ниёзмандиҳову ги­рифториҳои онон шитоб кунад, зеро ҳамчунонки қаблан гуф­та шуд: «Фарзанд ва моли фарзанд азони падару модар аст».





Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фар­муданд: «Касе, ки ба ҷои падару модари (нотавони) худ ҳаҷ кунад ва ё қарзи ононро ба ҷои эшон бипардозад, дар рӯзи Қи­ёмат ҳамроҳи некӯкорон барангехта мешавад».[68]





Асоси ҳаштум, табодули дуъо байни падару модар ва фарзандонашон





Дуо як рукни асосии некиву некӯкорӣ, намоёнгари му­ҳаббату меҳрварзӣ ва далел бар ростиву садоқати қалбӣ ме­бошад. Аз ин рӯ, қалби пур аз муҳаббат ба дуо исрор мевар­зад, ки аз умқи қалбу замири инсон бар забон ҷорӣ мегар­дад, ба гунае ки ҳар андоза муҳаббати қалбӣ, ки дар байни падару модар ва фарзандонашон мубодила мешавад, фузу­нӣ ёбад, дуо низ ба ҳамон андоза афзоиш пайдо мекунад…





Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Пайғам­бари акрам (с) фармуданд: «Се навъ дуо аст ва ҳеҷ шакке нест дар онҳо, ки дар пешгоҳи Худованди мутаъол муста­ҷо­банд: Дуои падару модар барои фарзанди худ, дуои мусофир (дар сафари мубоҳ ва машрӯъ) ва дуои шахси мазлуму си­тамдида».[69]





Аз Анас (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Пайғамбари ак­рам (с) назди Уммисулайм (модари Анас) омаданд ва Умми­сулайм низ (ба расми меҳмондорӣ) миқдоре хурмо ва равған барои Пайғамбар (с) овард. Он ҳазрат (с) фарму­данд: «Рав­ғанро ба ҷои худ ва хурморо низ ба зарфи худ баргардонед, зеро ман рӯзадорам».[70]Сипас, Пайғамбар (с) бархостанду дар гӯшае аз хона намози суннат хонданд ва барои Уммису­лайму аҳли байташ дуо карданд. Уммисулайм гуфт: «Эй Ра­сули Худо! Ман навкаре дорам». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Бигӯ он кист?». Уммисулайм гуфт: «Хидматгори шумо Анас аст, барояш дуои хайр кунед». Пас барои ӯ дуои хайри дунявию ухравӣ карда фармуданд: «Худоё рӯзии зиёду пок, фарзанди солеҳ ва умри тӯлониву бобаракат ба ӯ ато кун». Анас мегӯяд: «Баъд аз он ман сарватмандтарини ансор шу­дам. Ва духтарам Омина барои ман таъриф мекард, ки ҳуду­ди саду бист нафар аз фарзандону насли ман то замоне, ки ҳоҷиёни Басра баргаштанд, дафн гардидаанд.[71]





Абуҳозим мегӯяд: «Абумурра ҳамроҳи Абуҳурайра савор шуд, то ба заминҳои худ дар Ақиқ расид. Вақте ки вориди за­мини худ шуд, бо садои баланд гуфт: «Эй модар! Салом ва раҳмату баракати Худо бар ту бод!» Модараш низ дар ҷавоб мегуфт: «Салом ва раҳмату баракати Худо бар ту бод!» Боз Абумурра гуфт: «Эй модар! Худованд ба ту раҳм кунад, ки дар даврони кӯдакӣ маро тарбияву парвариш намудӣ». Мода­раш дар ҷавоб гуфт: «Эй писарам Худованд ба ту ҷазои хайр диҳад ва аз ту розиву хушнуд гардад, ки дар даврони пирӣ дар ҳаққи ман некӣ кардӣ».[72]





Аз Уммисалама (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) ба духтарашон Фотима (р) фармуданд: «Шавҳарат Алӣ ва ҳар­ду писарат Ҳасану Ҳусайнро ба назди ман биёр». Баъд аз он, ки ононро овард, Пайғамбар (с) абоеро бар рӯи онон андох­танд, сипас дасташонро ба рӯи эшон кашида фармуданд: «Худоё инон аз аҳли хонадони Муҳаммаданд, салавоту бара­коти Худро бар Муҳаммаду аҳли хонадони Муҳаммад қарор деҳ! Бегумон Ту ситудаву баландмартабаӣ». Уммисалама (р) мегӯяд: «Аборо бардоштам, то ба онҳо ҳамроҳ шавам, аммо он ҳазрат (с) аборо аз дастам гирифта фармуданд: «Ту низ бар мақому манзалат ва бар хайру некии хосси худ ҳастӣ».[73]





Асоси нуҳум, набояд ба падару модар дашном дод ва бадзабонӣ кард





Бояд донист, яке аз далоили некӣ дар ҳаққи падару мо­дар он аст, ки фарзандонашон эшонро аз дашному бадгӯӣ бо суратҳову шаклҳои мухталифи он маҳфуз бидоранд. Дашном додан ба падару модар мумкин аст ба василаи худи онон бошад, ба ин шакл, ки фарзандонашон аъмолеро ан­ҷом диҳанд, ки онон дар асари он хашмгину асабонӣ ша­ванд ва ба василаи дашном додан ба худ хашми хешро фурӯ нишонанд. Дар ин сурат худи фарзанд мӯҷиби дашном до­дани онон ба худ шудааст ва ё ин ки фарзандашон нисбат ба шахсе бадӣ мекунад, ки дар натиҷа он шахс низ дашному фаҳши падариву модарӣ ба ӯ медиҳад. Мумкин аст фарди дигаре ба ӯ бадӣ кунад ва ӯ ба ин фард дашном диҳад, ки дар иваз он фард ҳам дашному фаҳши падариву модарӣ ба ӯ медиҳад.





Ба таври куллӣ, дашном додану бадзабонӣ нисбат ба падару модар ба ҳар шаклу сурате ки бошад ва дар асари ҳар сабабу иллате анҷом гирад, кори хубе нест, балки бояд аз он иҷтиноб карда, бо ҳар василаи мумкин эҳтиромашон ҳифз шавад.





Дар ривояте омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) марде­ро диданд, ки ҳамроҳи худ писаре дошт ва ба он писар гуф­танд: «Ин мард кист?». Он писар дар ҷавоб гуфт: «Падари ман аст». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Пеши ӯ роҳ марав, пеш аз ӯ манишин ва ӯро бо исмаш садо мазан».[74]





Омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд:





«Дар шабе, ки ба ман шабравӣ лозим шуд (дар шаби Ис­ро) аз канори марди пӯшида дар нури Арш гузаштам ва гуф­там: «Ин шахс кист? Оё фаришта аст?» Гуфта шуд: «Не». Гуфтам: «Оё набӣ аст?» Гуфта шуд: «Не». Гуфтам: «Пас ӯ кист?» Дар ҷавоб гуфта шуд: «Ин марде аст, ки дар дунё пайваста забонаш машғул ба зикри Худо ва ба қалбаш ба ма­соҷид баставу дар иртибот будааст ва ба падару модараш дашном надода, бадгӯӣ накардааст…».[75]





Дар ривояте омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фарму­даанд: «Худованд нафрин кардааст касеро, ки падару мода­рашро нафрин мекунад».





Дар ривояти дигар омадааст: «Яке аз гуноҳони кабира дашном додани шахс ба падару модараш аст». Арз карданд: «Эй Расули Худо! Магар шахс ба падару модари худ дашном медиҳад?» Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Оре, (он ба ин сурат аст, ки) ӯ ба падару модари шахсе дашном медиҳад ва он шахс низ мутақобилан ба падару модари ӯ дашном ме­диҳад».[76]





Асоси даҳум, машҳуртарин насаб ва иззат ба василаи падар аст





Ислом бисёр мекӯшад, ки насаби кӯдак аз нахустин рӯзи таваллудшавиаш машҳуру маъруф гардад. Ба ҳамин хотир аст, ки амри ақиқа ва маросими ҳафтаро барои навзод тав­сия намудааст, то ин ки насаби навзод маъруф гардад…





Дар ҷомеаҳои башарӣ чи басо масоили аҷибу ғарибе рух медиҳанд, аз он ҷумла дар ҷомеаи ҷоҳилии қадим кӯдак аз насаби падари воқеии худ дур мешуд ва ба шахси дигаре (ба номи писархондагӣ) нисбат пайдо мекард. Дар ҷомеаи нав низ писари таҳсилкарда ва ба зоҳир рӯшанфикре, ки дар ҷомеаи худ ба мақому манзалати шахсиву иҷтимоӣ даст ёф­тааст, мутаассифона, чунин писари дарвоқеъ нодоне хиҷо­лат мекашад, ки номе аз падарашро ба миён оварад ва худ­ро ба ӯ нисбат диҳад, балки ба унвони раҳгузар ва ба мо­нанди фарди ғарибу ношинохтае аз падараш дидан мекунад ва бо ӯ бархӯрд менамояд ва бо ишколи гуногуни шайтонӣ аз шӯҳрат ва иттисоли худ аз ӯ мегурезад. Паноҳ ба Худо аз ин найранги замона, оре, воқеан ин амре аст бисёр муҳим, зеро табиист, ки инкори насаб ва худро аз аслу насаби хеш дур сохтан кори куфромез мебошад. Далели он ҳадисе аст, ки дар «Саҳеҳайн» аз Саъд ибни Абиваққос (р) ривоят шу­да, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд:





«Касе, ки худро ба шахси ғайр аз падари хеш нисбат ди­ҳад ва бидонад, ки ӯ падараш намебошад, биҳишт бар ӯҳаром мебошад».[77]



Recent Posts

Сухане чанд бо аҳли х ...

Сухане чанд бо аҳли хирад

Фақат барои ҷавонон д ...

Фақат барои ҷавонон дар Рамазон

Қуръон аз дидгоҳи дон ...

Қуръон аз дидгоҳи донишмандони ғарбӣ

Ҳаёт маҷмуъаи варақҳо ...

Ҳаёт маҷмуъаи варақҳо аст