Писараш гуфт: “Қасам ба Худо, вориди манзилаш нахоҳад шуд, магар бо иҷозати Расули Худо (с)!” Саранҷом, мардони номдор ҷамъ шуданд ва назди писараш Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ рафта, бо ӯ баҳсу гуфтугӯ карданд. Абдуллоҳ боз таъкид карду гуфт: “Қасам ба Худо, вориди хонааш нахоҳад шуд, магар бо иҷозати Худо ва Расули Худо (с)!” Онҳо ба назди Пайғамбари акрам (с) рафта моҷароро ба арзашон расониданд. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Назди Абдуллоҳ биравед ва ба ӯ бигӯед, ӯро раҳо кунад, то ба хонааш биравад». Пас, онон назди писараш Абдуллоҳ рафтанд ва паёми Пайғамбар (с)-ро ба ӯ расониданд. Абдуллоҳ гуфт: “Акнун ки Пайғамбар (с) дастур фармудаанд, ба чашм, биравад”.[47]
Ҳумайдӣ дар «Муснад»-и худ гуфтааст: Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул ба падараш гуфт: “Қасам ба Худо, дохили шаҳр нахоҳӣ шуд, то ин ки бигӯӣ: “Расули Худо (с) бузургвор аст ва ман пасту хор!”
Омадааст, ки Асмо духтари Абубакри Сиддиқ (р) гуфтааст: “Дар паймони Расули Худо (с) бо мушрикин дар сулҳи Ҳудайбия модарам, ки ба Ислом нагаравида буд, пеши ман омад ва ман аз Расули Худо (с) иҷозат хоста гуфтам: “Эй Расули Худо (с)! Модарам омадаву моил аст, ки ман дар ҳаққи ӯ некӣ кунам. Оё бо ӯ иртибот барқарор намуда, ба ӯ некӣ кунам?” Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, бо ӯ иртибот барқарор намо ва ба ӯ некӣ кун».[48]Ибни Уяйна гуфтааст: “Баъди он ояти зер нозил шуд”.
﴿لَّا يَنۡهَىٰكُمُ ٱللَّهُ عَنِ ٱلَّذِينَ لَمۡ يُقَٰتِلُوكُمۡ فِي ٱلدِّينِ وَلَمۡ يُخۡرِجُوكُم مِّن دِيَٰرِكُمۡ أَن تَبَرُّوهُمۡ وَتُقۡسِطُوٓاْ إِلَيۡهِمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُقۡسِطِينَ ٨﴾ [الممتحنة : ٨]
«Худо шуморо аз некӣ кардан ва инсоф намудан дар ҳаққи касоне, ки бо шумо дар амри дин ҷанг накардаанд ва шуморо аз хонаҳоятон берун нарондаанд, манъ намекунад. Ба дурустӣ ки Худо инсофкунандагонро дӯст медорад».[49]
Ногуфта намонад, ки Ибни Муслим бар Ислом овардани падару модараш ва даъват намудани онон ба сӯи имон бисёр ҳарис будааст ва алоқаи зиёде ба барангехтани онон бар Ислом дошт, он ҳам бо ниҳояти дилсӯзиву муҳаббат ва бо камоли лутфу оромиш, ки ин маслаки пайғамбарону расулон дар роҳи даъват намудани падаронашон будааст. Чунонки Иброҳими Халил (а) барои мо намунаи равшанеро аз шеваи даъват нишон медиҳанд. Қуръон шеваи даъвати Иброҳимро баён намудааст, чунончи мефармояд:
﴿وَٱذۡكُرۡ فِي ٱلۡكِتَٰبِ إِبۡرَٰهِيمَۚ إِنَّهُۥ كَانَ صِدِّيقٗا نَّبِيًّا ٤١ إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ يَٰٓأَبَتِ لِمَ تَعۡبُدُ مَا لَا يَسۡمَعُ وَلَا يُبۡصِرُ وَلَا يُغۡنِي عَنكَ شَيۡٔٗا ٤٢ يَٰٓأَبَتِ إِنِّي قَدۡ جَآءَنِي مِنَ ٱلۡعِلۡمِ مَا لَمۡ يَأۡتِكَ فَٱتَّبِعۡنِيٓ أَهۡدِكَ صِرَٰطٗا سَوِيّٗا ٤٣ يَٰٓأَبَتِ لَا تَعۡبُدِ ٱلشَّيۡطَٰنَۖ إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ كَانَ لِلرَّحۡمَٰنِ عَصِيّٗا ٤٤ يَٰٓأَبَتِ إِنِّيٓ أَخَافُ أَن يَمَسَّكَ عَذَابٞ مِّنَ ٱلرَّحۡمَٰنِ فَتَكُونَ لِلشَّيۡطَٰنِ وَلِيّٗا ٤٥ قَالَ أَرَاغِبٌ أَنتَ عَنۡ ءَالِهَتِي يَٰٓإِبۡرَٰهِيمُۖ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ لَأَرۡجُمَنَّكَۖ وَٱهۡجُرۡنِي مَلِيّٗا ٤٦ قَالَ سَلَٰمٌ عَلَيۡكَۖ سَأَسۡتَغۡفِرُ لَكَ رَبِّيٓۖ إِنَّهُۥ كَانَ بِي حَفِيّٗا ٤٧ وَأَعۡتَزِلُكُمۡ وَمَا تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَأَدۡعُواْ رَبِّي عَسَىٰٓ أَلَّآ أَكُونَ بِدُعَآءِ رَبِّي شَقِيّٗا ٤٨ فَلَمَّا ٱعۡتَزَلَهُمۡ وَمَا يَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَهَبۡنَا لَهُۥٓ إِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَۖ وَكُلّٗا جَعَلۡنَا نَبِيّٗا ٤٩ وَوَهَبۡنَا لَهُم مِّن رَّحۡمَتِنَا وَجَعَلۡنَا لَهُمۡ لِسَانَ صِدۡقٍ عَلِيّٗا ٥٠﴾ [مريم: ٤١، ٥٠]
«Ва дар Китоб (Қуръон) Иброҳимро ёд кун: Ба дурустӣ ки вай пайғамбаре росткирдор буд, (ёд кун) чун ба падари худ гуфт: “Эй падари ман! Чаро чизеро ибодат мекунӣ, ки намешунавад ва намебинад ва аз ту чизеро дафъ намекунад? Эй падари ман! Ба дурустӣ, ки он чӣ аз илм ба ман омадааст, ки ба ту наомада, пас пайравии маро кун, то туро ба роҳи рост далолат кунам. Эй падари ман! Шайтонро ибодат макун, ба дурустӣ, ки шайтон [Худои] Раҳмонро нофармон аст. Эй падари ман, аз он метарсам, ки аз [Худои] Раҳмон азобе ба ту бирасад, чун қарини шайтон бошӣ». Гуфт: «Эй Иброҳим! Оё ту аз маъбудони ман рӯйгардон ҳастӣ? Агар бознаистӣ, албатта, туро сангсор мекунам ва муддате дароз аз ман дур бош». Гуфт: «Салом бар ту бод! Барои ту аз Парвардигори хеш омӯрзиш хоҳам талабид, ба дурустӣ, ки Вай бар ман Меҳрубон аст. Ва аз шумову аз он чӣ ба ҷуз Худо мепарастед, канора мегирам ва Парвардигори худро ибодат хоҳам кард, ба умеди он ки ба (сабаби) парастиши Парвардигори худ бадбахт набошам».Пас, чун аз онҳову аз он чи ба ҷуз Худо мепарастиданд, канора гирифт, ба вай Исҳоқу Яъқубро ато кардем ва ҳар якеро пайғамбар сохтем. Ва ба онҳо аз бахшиши Худ (чизҳо) ато кардем ва барояшон ба ниҳояти бузургӣ зикри некӯ сохтем».[50]
Аз Абуҳарйра (р) намунаи ҷолиберо дар исрор бар даъвати модараш ироа намудааст. Чунонки Абукасири Тамимӣ гуфтааст: “Аз Абуҳрайра (р) шунидам, ки мегуфт: “Афроди яҳудиву насронӣ маро дӯст медоштанд ва ман ҳам аз модарам мехостам, ки Ислом биоварад, аммо ӯ худдорӣ менамуд. Ман пеши Пайғамбар (с) омада гуфтам: “Дар пешгоҳи Ҳақ Таъоло барои ӯ дуо кунед”. Ва он ҳазрат (с) дуо карданд. Сипас, назди модарам омадам, дарро бар рӯи худ баста буд ва гуфт: “Эй Абуҳурайра! Ман мусалмон шудам”. Ман ҳам хабари мусалмон шуданашро ба арзи Пайғамбари акрам (с) расонида, гуфтам: “Эй Расули Худо (с)! Барои ман ва модарам дуои хайр кунед! Фармуданд: «(Худоё!) Абуҳурайра ва модараш Туро ибодату парастиш кардаанд, эшонро маҳбуби назари Худ ва мардум бигардон».[51]
Намунаи дигар Абубакри Сиддиқ (р) аст, ки баъд аз фатҳи Макка босуръат падарашро назди Пайғамбари акрам (с) мебарад, ба умеди он, ки Ислом биёрад. Чунонки Асмо духтари Абубакри Сиддиқ (р) гуфтааст: “Вақте Макка фатҳ шуд ва Расули Худо (с) вориди «Зи-туво» шуданд, Абуқаҳҳофа ба духтари худ, ки хурдтарин фарзандонаш буд, гуфт: “Эй духтари хурдакакам! Маро бар болои Абуқубайс бибар!” Духтари хурдаш ӯро, ки чашмонаш нобино шуда буданд, бар болои он кӯҳ бурд. Баъд гуфт: “Духтарам чӣ чизеро мебинӣ?” Духтараш гуфт: “Ҷамоати зиёдеро мебинам ва марде низ дар пеши он ҷамоат рӯ ба пеш ҳаракат мекунад”. Падараш гуфт: “Духтарам он ҷамоат савораанд?” Сипас гуфт: “Боз чиро мебинӣ?” Духтараш гуфт: “Теъдодеро мебинам, ки пароканда мешаванд”. Падараш гуфт: “Дар сурате ки ҷамъият пароканда мешавад, фавран маро ба хонаам бибар”. Духтараш мегӯяд: “Ман ӯро зуд бурдам, то ин ки ба «Ибтаҳ» расондам”. Дар гардани он духтар тавқе аз варақе буд, ки як нафар онро аз гарданаш бардошта буд.
Вақте ки Расули Худо (с) вориди масҷид шуданд, Абубакр рафт, то падарашро роҳнамоӣ кунад ва ба хидмати Расули худо (с) биёрад. Пас, вақте ки Расули худо (с) ӯро диданд, фармуданд: «Чаро ин пирамардро дар хонаи худ нагузоштӣ, то ин ки ман пеши ӯ биёям?». Абубакр гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Ҳаққи ӯ аст, ки ба хидмати Шумо биёяд, на ин ки Шумо баназди ӯ ташриф бибаред”. Баъд аз он Расули Худо (с) Абуқаҳҳофаро пеши худ нишониданд, сипас даст бар рӯи синаи ӯ кашида фармуданд: «Мусалмон шав, солиму маҳфуз мемонӣ». Вай мусалмон шуд.[52]
Асоси чорум, барои муошират ва дӯстӣ падару модар шоистатарин афроданд
Чи басо инсонҳо дар интихоби рафиқу дӯст иштибоҳ мекунанд ва наметавонанд дӯсти мухлису бовафоеро биёбанд. Аз ин рӯ, инсон бо талош ва таҳаммули заҳмат ва бо ҷиддияту фаъолияти зиёд аз ин ҷову он ҷо ва дар ҳар ҷо ба ҷустуҷӯ мепардозад ба умеди он, ки дӯсти мухлису бовафое биёбад. Дар натиҷа, аз дур чашм ба дӯстӣ медӯзад ва ӯро дӯсти содиқ мепиндорад, аммо баъд аз ин ки бо шахсе паймони дӯстӣ мебандад, дармеёбад, ки ӯғайр аз он дӯсте аст, ки ба суроғаш мегардад...
Бинобар ин, дар ҳоле ки инсон дар чунин дигаргунӣ мемонаду саргардон мешавад, Пайғамбари акрам (с) ӯро тарк накарда, балки ба тариқи мухтасар ва бисёр кӯтоҳе ӯро ба сӯи дӯсти содиқу бовафое роҳнамоӣ мекунанд, ки он падару модар аст.
Чунонки ривоят мекунанд: “Марде ба назди Расули Худо (с) омада гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Чӣ касе шоистатар аст, ки ӯро дӯсти хубу содиқе барои худ бидонам?» Расули Худо (с) фармуданд:«Модарат». Он мард гуфт: «Баъд аз ӯ чӣ касе?»Расули худо (с) фармуданд:«Модарат». Боз гуфт: «Сипас, чӣ касе?» Фармуданд:«Модарат». Барои бори сеюм он мард гуфт: «Баъд аз модарам чӣ касе?» Расули Худо (с) фармуданд:«Падарат».[53]
Дар ривояти дигар омадааст: “Марде ба назди Расули Худо (с) омада гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Чӣ касе шоистатар аст, ки ӯро дӯсту рафиқи хубе барои худ баргузинам?» Расули худо (с) се бор фармуданд:«Модарат». Баъд фармуданд:«Баъд аз модар падарат ва баъд аз падар низ (бо тартиб) наздиктару наздиктар ба ту».
Шояд касе бигӯяд: “Ман чӣ ниёзе дорам ба ин ки рафиқу дӯсте барои худ баргузинам?” Дар ҷавоб бояд гуфт, агар ту аз интихоби дӯст бениёз ҳастӣ, ҳеҷ монеъе надорад, аммо чизе, ки ҳаст ин аст: “Падару модар аз дӯстиву хидмати ту ва аз мубоҳисаву машварат бо ту бениёз нестанд ва ҳамчунин наметавонанд дар бисёре аз воқеаҳо ва масоиле, ки дар зиндагии онон ва дар зиндагии бародарони ту пеш меоянд, гӯш фаро надиҳанд ва аз раъйу назарияи ту истифода нанамоянд.
Бинобар ин, ҳадиси Пайғамбари акрам (с) ин тасаввури туро рад карда, собит менамояд, ки дӯстӣ бо падару модар ва некӣ кардан дар ҳаққи онон амри лозиму зарурӣ мебошад ва ба унвони дӯсти содиқу бовафо бар дигарон бартарӣ доранд.
Асоси панҷум, муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи модар бар падар
Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар шарҳе, ки бар ҳадиси чанд сатр қабл баёншуда намудааст, мегӯяд: “Ибни Баттол гуфтааст: “Матлуби ин ҳадис он аст, ки се намуна аз некӣ дар ҳаққи модар ҳаст, ки барои падар нест. Ин се намуна иборатанд аз сахтии даврони ҳомилагӣ, замони вазъи ҳамл ва даврони нисбатан тӯлонии шир додан ба кӯдак. Инҳо ҳолатҳову намунаҳое ҳастанд, ки хосси модаранд ва танҳо модар аст, ки аз онҳо ранҷ мекашад. Илова бар инҳо дар кори тарбияву парвариши кӯдак низ бо падар саъю талоши падар ба таври баробар шарик аст. Худованд ҳам ишора ба ин мавзӯъ мефармояд:
﴿وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حَمَلَتۡهُ أُمُّهُۥ وَهۡنًا عَلَىٰ وَهۡنٖ وَفِصَٰلُهُۥ فِي عَامَيۡنِ أَنِ ٱشۡكُرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيۡكَ إِلَيَّ ٱلۡمَصِيرُ ١ ﴾ [لقمان: ١٤]
«Ва Мо ба инсон дар бораи падару модараш тавсия фармудем (ки дар ҳаққи эшон некӣ кунад, ба вижа модар, чаро ки) модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар[54] дар шикам бардоштааст ва поёни даврони ширхорагии ӯ ду сол аст. (Лизо ба инсон ҳукми Мо ин аст) ки Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун ва (бидон, ки саранҷом) бозгашт ба сӯи Ман аст».[55]
Бинобар ин, чунонки мулоҳиза мешавад, Қуръон дар тавсияҳояш дар байни падару модар мусовот қарор дода ва се кори вижаро ба модар ихтисос додааст (ки ин се кор иборатанд аз даврони ҳомилагӣ, вазъи ҳамл ва ду сол шир додан ба кӯдак).
Қуртубӣ гуфтааст: “Мурод он аст, ки модар нисбат ба падар мустаҳиққи саҳми бештаре аз некӣ ва муҳаббат варзидан дар ҳаққи ӯ мебошад”.
Аёз гуфтааст: “Ҷумҳури уламо бар онанд, ки модар дар некӣ ва муҳаббат варзидан дар ҳаққи ӯ бар падар муқаддамтар мебошад”. Қавли дигаре аз уламо ин аст: “Падару модар дар некӣ ва муҳаббат варзидан нисбат ба онон баробаранд”. Аз имом Молик нақл шуда, ки гуфтааст: “Қавли аввал дурусттару муносибтар мебошад”.
Ибни Ҳаҷар мегӯяд: “Баъзе аз уламои шофеимазҳаб бар қавли дуюм мебошанд (яъне мегӯянд: “падару модар дар муҳаббат варзидан баробаранд). Аммо аз Ҳориси Муҳосибӣ нақл шудааст, ки иҷмоъи уламо бар он аст, ки модар ҳаққи бештар дорад.
Ногуфта намонад, он чи, ки аз Молик дар ин робита нақл шудааст, возеҳу равшан намебошад. Зеро Ибни Баттол онро чунин баён кардааст: “Аз Молик савол шуд: “Падарам маро барои анҷоми коре хост, вале модарам маро аз иҷрои амри ӯ манъ кард”. Молик гуфт: “Падаратро итоату фармонбардорӣ кун ва аз модарат нофармониву мухолифат макун”. Ибни Баттол мегӯяд: “Ибораи боло далолат дорад бар ин, ки некӣ ва итоат аз падару модар мусовӣ мебошад, вале далолат бар он возеҳ ва ба таври равшан намебошад”. Ибни Баттол меафзояд: “Ҳамин масъала айнан аз Лайс савол шуд. Дар ҷавоб гуфт: “Аз модарат итоату фармонбардорӣ кун, зеро ки ду сеюми некӣ аз они модар аст ва ин худ ба шевае ишора мекунад, ки дар воқеъ ду бор модар такрор шудааст”.
Ривоят шудааст, ки Пайғамбари акрам (с) се бор пушти сари ҳам фармуданд: “Ҳамоно Худованд шуморо дастур медиҳад, ки дар ҳаққи модаронатон некӣ кунед ва баъд аз модаронатон ба падаронатон ва сипас (батартиб) ба наздиктару наздиктар некӣ кунед».[56]
Дар ривояти дигар омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: « Дар ҳаққи падару модарат некӣ кун, сипас дар ҳаққи хоҳару бародарат, баъд (батартиб) дар ҳаққи наздиктару наздиктарат».[57]
Дар шарҳу тафсири ин ҳадис Ҳоким ва асҳоби «Сунан», яъне Аҳмад ва Ибни Ҳиббон гуфтаанд: “Мурод аз наздиктар, яъне он кӣ ба шахси некикунанда наздиктар мебошад”. Аёз гуфтааст: “Баъзе аз уламо дар муқаддам доштани падарбузург бар бародар ва ё баръакс тардид доранд, аммо аксари уламо бар онанд, ки бобо бар бародар ҳаққи тақаддум дорад”.
Ибни Ҳаҷар мегӯяд: “Уламои шофеимазҳаб бар ин назаранд, ки некӣ дар ҳаққи падарбузург бар бародар муқаддам мебошад ва баъд аз он ҳар кӣ ба падару модар наздиктар бошад, бар он кӣ ба яке аз он ду наздик аст, муқаддам дошта мешавад. Сипас, дар миёни завиларҳом ва хешовандон афроди маҳрам бар ғайри маҳрам муқаддам мебошанд. Баъд соири асабот бар наздикони сабабӣ ва дӯстон бар ҳамсоягон муқаддам дошта мешаванд”.
Ибни Баттол ишора ба ин мекунад, ки риояи ин тартиб дар он ҷо, ки як мартаба расонидани некӣ имконпазир намебошад, амри возеҳу равшан аст.
Бояд гуфт, он чи бар муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи модар ба таври куллӣ далолат дорад, ҳадисе аст, ки ривоят шудааст. Оиша (р) аз Пайғамбари акрам (с) пурсид: “Чӣ касе ҳаққи бештару бузургтареро бар зан дорад?” Фармуданд: «Шавҳараш». Боз пурсид: “Чӣ касе бештарин ҳақро бар гардани мард дорад? Фармуданд: «Модараш бештарин ҳақро бар гардани ӯ дорад».
Он чӣ бештар муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи модарро бар дигарон мавриди таъйиду таъкид қарор медиҳад, ҳадисе аст, ки Амр ибни Шуъайб аз падараш ва аз бобояш ривоят намудааст: “Зане назди Пайғамбар (с) омад ва гуфт: “Эй Расули Худо (с) ин писарам, ки дар даврони ҳомилагӣ шикамам ҷои ӯ буд ва пас аз вазъи ҳамл пистонҳоям манбаи ғизои ӯ ва дар даврони ду соли ширхорагӣ оғӯшам маҳалли тарбияву парвариши ӯ буд, акнун падараш маро талоқ додааст ва мехоҳад писарамро аз ман бигирад!! Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ту аз ӯ шоистатарӣ, модоме ки шавҳар накардаӣ».[58]
Бинобар ин, ба далели се амри боло (шикам, шири пистон, оғӯш) аст, ки модар ба кӯдак ва ҳамчунин кӯдак ба модар хос мешаванд.
Муҳосибӣ нақл намудааст: “Уламо бар он иттифоқ доранд, ки некӣ дар ҳаққи модар муқаддам бар некӣ ба падар мебошад”.[59]
Асоси шашум, фарзанд ва моли ӯ азони падар аст
Ривоят мекунанд, ки марде ба назди Расули Худо (с) омада гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Молу сарвате дорам ва фарзанд ҳам дорам, падарам мехоҳад молу сарватамро аз ман бигирад». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ту ва сарвати ту азони падарат ҳастӣ. Бегумон, фарзандонатон аз поктарин дастовардҳои шумо мебошанд, пас аз касбу дастовардҳои фарзандонатон бихӯред».[60]
Дар ривояти дигар омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Фарзандонатон аз касбу дастовардҳои шумо мебошанд ва як бахшиши илоҳӣ барои шумо ҳастанд, ки Худованд ба ҳар кӣ бихоҳад, духтароне мебахшад ва ба ҳар кас бихоҳад писароне ато мекунад».[61]
Дар ривояти дигаре омадааст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: «Поктарин чизе, ки мехӯред, касбу кори шумост ва фарзандонатон ҷузъи касби шумо мебошанд».[62]
Қуртубӣ рӯйдоди миёни пирамарде ва писараш рухдодаро нақл намуда, мегӯяд: “Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) гуфтааст: “Марде назди Расули Худо (с) омада, гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Падарам молу сарватамро гирифта бурдааст”. Расули Худо (с)фармуданд:«Падаратро назди ман биёр». Си-пас, Ҷибриил (а) пеши Пайғамбар (с) омад ва гуфт: “Худованд бар ту дуруд мефиристад ва мефармояд: «Вақте он пирамард назди ту ояд, дар бораи он чи, ки дар пеши худ гуфтаву бо гӯши худ шунидааст, аз ӯ бипурс». Пас вақте он пирамард омад, Пайғамбар (с) ба ӯ фармуданд: «Чаро фарзандат аз ту шикоят мекунад? Оё мехоҳӣ молу сарвати ӯро бардорӣ?». Пирамард гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Аз худи ӯ бипурсед, оё ман онро ҷуз бар яке аз аммаҳо ё холаҳояш ва ё бар худам харҷ кардаам?” Пайғамбар (с) ба пирамард фармуданд: «Басанда аст, аз ин бигзар ва дар бораи он чи пеши худ гуфта, ё шунидаӣ ба мо бигӯ». Пирамард гуфт: “Қасам ба Худо, эй Пайғамбар (с)! Пайваста Худованд яқину бовари моро нисбат ба шумо меафзояд, бегумон ман чизеро, ки гуфта ва ё бо гӯши худ шунидаам, гуфтаам. Пайғамбар (с) фармуданд: «Бигӯ ва ман гӯш мекунам».
Пирамард гуфт: “Гуфтаам:
“Туро дар ҳолати кӯдакӣ хӯрондам ва дар даврони ҷавонӣ низ харҷи зиндагиятро таъмин кардам, акнун он чиро, ки касб мекунам ба ту хӯронидаву нӯшонида мешавад.
Нафсам аз бадиву табоҳии ту метарсад, чун ба дурустӣ медонад, ки марг дорои замони мушаххасе аст.
Вақте ки ба синни булуғ ва ба он ғояту ҳадафе, ки умеду орзу доштам, ба он бирасӣ, ноил шудӣ.
(Мутаассифона) тундиву дуруштхӯиро подоши ман гардонидаӣ! Гӯё танҳо ту фазлу неъматдиҳандаи ман бошӣ.
Пас, эй кош, вақте ки ҳаққи падарии маро риоя намекунӣ (ҳадди ақал) он тавр амал мекардӣ, ки ҳамсояи наздик мекунад.
Ва ба монанди як ҳамсоя дар ҳаққи ман дӯстиву сарпарастӣ мекардӣ ва ба василаи моле, ки ғайр аз моли ту аст, бар ман бухл намеварзидӣ ва дареғ намекардӣ!
Дар ин ҳангом, Пайғамбари акрам (с) ба писараш он пирамард фармуданд: «Ту ва молу сарвати ту азони падарат мебошӣ».[63]
Дар гузашта, роҷеъ ба ҳадисе, ки Табаронӣ онро аз ровиёни мавриди итминон нақл намуда буд, баён кардем, ки Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Агар фарзанде аз хона хориҷ шавад, то ин ки барои таъмини заруриёти зиндагии падару модари пиру аз кор афтодааш талош кунад, кори ӯ ба манзалаи ҷиҳод дар роҳи Худо мебошад».
Ҳамчунин падару модар ба таври истисноӣ ин ҳақро доранд, ки метавонанд чизеро, ки ба фарзандони худ бахшидаанд, бозпас бигиранд ва аз амали худ баргарданд.
Чунонки дар ривояте Расули Худо (с) фармуданд:
«Барои касе, ки чизеро мебахшад, ҳалол нест аз он баргардад (ва дубора онро бозпас бигирад), магар падар, ки метавонад он чиро ба фарзанди худ бахшидааст, бозпас бигирад».[64]
Дар ривояте омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Аббос (р) гуфтааст: «Расули Худо (с) мефармоянд: «Ҳалол нест барои касе, ки чизеро мебахшад ва ё ҳадяеро ба касе медиҳад, онро бозгашт намояд ва пас бигирад, магар падар, ки метавонад он чиро ба фарзандаш бахшидааст, бозпас бигирад. Зеро касе чизеро мебахшад ва сипас онро бармегардонад, ба монанди саге аст, ки чизеро мехӯрад ва вақте ки сер шуд, онро қай мекунад ва аз нав дар даҳони худ мегирад».[65]
Муҳаммад ибни Сирин гуфтааст: «Дар замони Усмон ибни Аффон (с) арзиши хурмо ба ҳазор дирҳам расид. Усома ибни Зайд тасмим гирифт, то хурмоҳоеро, ки парвариш намуда буд, нигаҳдорӣ намояд ва мағзу моддаи панирмонанди онҳоро ислоҳ кард. Сипас, хурмоҳоро нафурӯхт, балки онҳоро ба модараш хӯронд. Ба ӯ гуфтанд: «Чӣ чизе туро ба ин амр водор кард, дар ҳоле ки мебинӣ, арзиши хурмо ба ҳазор дирҳам расидааст?» Усома ибни Зайд дар ҷавоб гуфт: «Модарам ин корро аз ман дархост намудааст ва ӯ ҳар чизеро, ки аз ман хоста бошад, модоме ки ба анҷом додани он қодир бошам, бечуну чаро онро фароҳам намуда ва ба ӯ додам».[66]
Асоси ҳафтум, озод намудани волидайн аз моле, ки дар зиммаи онҳо аст
Дарвоқеъ намунае аз намунаҳои бисёр бузургу азими некӣ дар ҳаққи падару модар, ин озод намудани волидайн аз молест, ки дар зиммаи онон мебошад. Зеро дар гузаштаи дур ва дар замонҳои ғуломдорӣ гоҳо писар озод мегардид ва сипас дорои молу сарвате мешуд, вале падар ё модараш ҳамчунон дар ҳоли ғуломӣ мемонданд бидуни ин ки молу сарвате дошта бошанд, ки битавонанд ба василаи он хештанро озод намоянд. Аммо шаклу сурати ғуломӣ дар асри кунунии мо чунон аст, ки масалан падару модар ва ё яке аз эшон ба сабабе дучори қарздории шадиду сангине мешаванд, пас ҷиҳатгирии Пайғамбари акрам (с) дар чунин ҳолатҳо чӣ гуна аст?
Дар робита бо ғуломдории даврони гузашта фармудаанд: «Ҳеҷ фарзанде ба таври комил подоши падару модарашро намедиҳад, магар замоне, ки падару модар ва ё яке аз он дуро ба сурати мамлук ва ғуломи дигаре биёбад ва ӯро бихараду озодаш намояд».[67]
Аммо дар бораи шаклу сурати ғуломӣ дар асри кунунӣ чунин аст, ки падару модар ва ё яке аз он ду ба сабабе зиндонӣ шуда бошанд ва барои кафолати худ сарвату дороӣ надошта бошанд, пас, дар чунин сурат бар фарзанд воҷиб аст, ки бо дарназардошти вазъи молии худ дар хидмат ба падару модари хеш бикӯшад ва дар рафъи ниёзмандиҳову гирифториҳои онон шитоб кунад, зеро ҳамчунонки қаблан гуфта шуд: «Фарзанд ва моли фарзанд азони падару модар аст».
Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Касе, ки ба ҷои падару модари (нотавони) худ ҳаҷ кунад ва ё қарзи ононро ба ҷои эшон бипардозад, дар рӯзи Қиёмат ҳамроҳи некӯкорон барангехта мешавад».[68]
Асоси ҳаштум, табодули дуъо байни падару модар ва фарзандонашон
Дуо як рукни асосии некиву некӯкорӣ, намоёнгари муҳаббату меҳрварзӣ ва далел бар ростиву садоқати қалбӣ мебошад. Аз ин рӯ, қалби пур аз муҳаббат ба дуо исрор меварзад, ки аз умқи қалбу замири инсон бар забон ҷорӣ мегардад, ба гунае ки ҳар андоза муҳаббати қалбӣ, ки дар байни падару модар ва фарзандонашон мубодила мешавад, фузунӣ ёбад, дуо низ ба ҳамон андоза афзоиш пайдо мекунад…
Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Се навъ дуо аст ва ҳеҷ шакке нест дар онҳо, ки дар пешгоҳи Худованди мутаъол мустаҷобанд: Дуои падару модар барои фарзанди худ, дуои мусофир (дар сафари мубоҳ ва машрӯъ) ва дуои шахси мазлуму ситамдида».[69]
Аз Анас (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) назди Уммисулайм (модари Анас) омаданд ва Уммисулайм низ (ба расми меҳмондорӣ) миқдоре хурмо ва равған барои Пайғамбар (с) овард. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Равғанро ба ҷои худ ва хурморо низ ба зарфи худ баргардонед, зеро ман рӯзадорам».[70]Сипас, Пайғамбар (с) бархостанду дар гӯшае аз хона намози суннат хонданд ва барои Уммисулайму аҳли байташ дуо карданд. Уммисулайм гуфт: «Эй Расули Худо! Ман навкаре дорам». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Бигӯ он кист?». Уммисулайм гуфт: «Хидматгори шумо Анас аст, барояш дуои хайр кунед». Пас барои ӯ дуои хайри дунявию ухравӣ карда фармуданд: «Худоё рӯзии зиёду пок, фарзанди солеҳ ва умри тӯлониву бобаракат ба ӯ ато кун». Анас мегӯяд: «Баъд аз он ман сарватмандтарини ансор шудам. Ва духтарам Омина барои ман таъриф мекард, ки ҳудуди саду бист нафар аз фарзандону насли ман то замоне, ки ҳоҷиёни Басра баргаштанд, дафн гардидаанд.[71]
Абуҳозим мегӯяд: «Абумурра ҳамроҳи Абуҳурайра савор шуд, то ба заминҳои худ дар Ақиқ расид. Вақте ки вориди замини худ шуд, бо садои баланд гуфт: «Эй модар! Салом ва раҳмату баракати Худо бар ту бод!» Модараш низ дар ҷавоб мегуфт: «Салом ва раҳмату баракати Худо бар ту бод!» Боз Абумурра гуфт: «Эй модар! Худованд ба ту раҳм кунад, ки дар даврони кӯдакӣ маро тарбияву парвариш намудӣ». Модараш дар ҷавоб гуфт: «Эй писарам Худованд ба ту ҷазои хайр диҳад ва аз ту розиву хушнуд гардад, ки дар даврони пирӣ дар ҳаққи ман некӣ кардӣ».[72]
Аз Уммисалама (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) ба духтарашон Фотима (р) фармуданд: «Шавҳарат Алӣ ва ҳарду писарат Ҳасану Ҳусайнро ба назди ман биёр». Баъд аз он, ки ононро овард, Пайғамбар (с) абоеро бар рӯи онон андохтанд, сипас дасташонро ба рӯи эшон кашида фармуданд: «Худоё инон аз аҳли хонадони Муҳаммаданд, салавоту баракоти Худро бар Муҳаммаду аҳли хонадони Муҳаммад қарор деҳ! Бегумон Ту ситудаву баландмартабаӣ». Уммисалама (р) мегӯяд: «Аборо бардоштам, то ба онҳо ҳамроҳ шавам, аммо он ҳазрат (с) аборо аз дастам гирифта фармуданд: «Ту низ бар мақому манзалат ва бар хайру некии хосси худ ҳастӣ».[73]
Асоси нуҳум, набояд ба падару модар дашном дод ва бадзабонӣ кард
Бояд донист, яке аз далоили некӣ дар ҳаққи падару модар он аст, ки фарзандонашон эшонро аз дашному бадгӯӣ бо суратҳову шаклҳои мухталифи он маҳфуз бидоранд. Дашном додан ба падару модар мумкин аст ба василаи худи онон бошад, ба ин шакл, ки фарзандонашон аъмолеро анҷом диҳанд, ки онон дар асари он хашмгину асабонӣ шаванд ва ба василаи дашном додан ба худ хашми хешро фурӯ нишонанд. Дар ин сурат худи фарзанд мӯҷиби дашном додани онон ба худ шудааст ва ё ин ки фарзандашон нисбат ба шахсе бадӣ мекунад, ки дар натиҷа он шахс низ дашному фаҳши падариву модарӣ ба ӯ медиҳад. Мумкин аст фарди дигаре ба ӯ бадӣ кунад ва ӯ ба ин фард дашном диҳад, ки дар иваз он фард ҳам дашному фаҳши падариву модарӣ ба ӯ медиҳад.
Ба таври куллӣ, дашном додану бадзабонӣ нисбат ба падару модар ба ҳар шаклу сурате ки бошад ва дар асари ҳар сабабу иллате анҷом гирад, кори хубе нест, балки бояд аз он иҷтиноб карда, бо ҳар василаи мумкин эҳтиромашон ҳифз шавад.
Дар ривояте омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) мардеро диданд, ки ҳамроҳи худ писаре дошт ва ба он писар гуфтанд: «Ин мард кист?». Он писар дар ҷавоб гуфт: «Падари ман аст». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Пеши ӯ роҳ марав, пеш аз ӯ манишин ва ӯро бо исмаш садо мазан».[74]
Омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«Дар шабе, ки ба ман шабравӣ лозим шуд (дар шаби Исро) аз канори марди пӯшида дар нури Арш гузаштам ва гуфтам: «Ин шахс кист? Оё фаришта аст?» Гуфта шуд: «Не». Гуфтам: «Оё набӣ аст?» Гуфта шуд: «Не». Гуфтам: «Пас ӯ кист?» Дар ҷавоб гуфта шуд: «Ин марде аст, ки дар дунё пайваста забонаш машғул ба зикри Худо ва ба қалбаш ба масоҷид баставу дар иртибот будааст ва ба падару модараш дашном надода, бадгӯӣ накардааст…».[75]
Дар ривояте омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Худованд нафрин кардааст касеро, ки падару модарашро нафрин мекунад».
Дар ривояти дигар омадааст: «Яке аз гуноҳони кабира дашном додани шахс ба падару модараш аст». Арз карданд: «Эй Расули Худо! Магар шахс ба падару модари худ дашном медиҳад?» Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Оре, (он ба ин сурат аст, ки) ӯ ба падару модари шахсе дашном медиҳад ва он шахс низ мутақобилан ба падару модари ӯ дашном медиҳад».[76]
Асоси даҳум, машҳуртарин насаб ва иззат ба василаи падар аст
Ислом бисёр мекӯшад, ки насаби кӯдак аз нахустин рӯзи таваллудшавиаш машҳуру маъруф гардад. Ба ҳамин хотир аст, ки амри ақиқа ва маросими ҳафтаро барои навзод тавсия намудааст, то ин ки насаби навзод маъруф гардад…
Дар ҷомеаҳои башарӣ чи басо масоили аҷибу ғарибе рух медиҳанд, аз он ҷумла дар ҷомеаи ҷоҳилии қадим кӯдак аз насаби падари воқеии худ дур мешуд ва ба шахси дигаре (ба номи писархондагӣ) нисбат пайдо мекард. Дар ҷомеаи нав низ писари таҳсилкарда ва ба зоҳир рӯшанфикре, ки дар ҷомеаи худ ба мақому манзалати шахсиву иҷтимоӣ даст ёфтааст, мутаассифона, чунин писари дарвоқеъ нодоне хиҷолат мекашад, ки номе аз падарашро ба миён оварад ва худро ба ӯ нисбат диҳад, балки ба унвони раҳгузар ва ба монанди фарди ғарибу ношинохтае аз падараш дидан мекунад ва бо ӯ бархӯрд менамояд ва бо ишколи гуногуни шайтонӣ аз шӯҳрат ва иттисоли худ аз ӯ мегурезад. Паноҳ ба Худо аз ин найранги замона, оре, воқеан ин амре аст бисёр муҳим, зеро табиист, ки инкори насаб ва худро аз аслу насаби хеш дур сохтан кори куфромез мебошад. Далели он ҳадисе аст, ки дар «Саҳеҳайн» аз Саъд ибни Абиваққос (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«Касе, ки худро ба шахси ғайр аз падари хеш нисбат диҳад ва бидонад, ки ӯ падараш намебошад, биҳишт бар ӯҳаром мебошад».[77]