Имом Косонӣ дар «Бадоеъус-саноеъ» гуфтааст: “Кӯдак набояд бидуни иҷозати падару модараш ва ё яке аз онон, агар дигаре мурда бошад, ба сафар биравад, зеро некӣ дар ҳаққи падару модар фарзи айн аст, аз ин рӯ фарзи айн муқаддам бар фарзи кифоя мебошад”.[27]
2. Муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи волидайн
бар ҳамсару дӯстон
Аз Алӣ ибни Абутолиб (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Вақте уммати ман дорои понздаҳ хислат шавад, балову мусибат бар онон нозил мешавад». Арз карданд: “Эй Расули Худо (с)! Он понздаҳ хислат кадомҳоанд?” Фармуданд: «...ва мард дар тамоми корҳо мутеъу фармонбардори ҳамсари худ гардад, шахс модари худро озор диҳад ва бо ӯ мухолифат намояд, дар ҳаққи дӯсташ некӣ кунад (некӣ дар ҳаққи дӯстро бар некии дар ҳаққи модараш муқаддам дорад) ва дар ҳаққи падараш зулму ҷафо раво бидорад...».[28]
Абудовуд ва Тирмизӣ ривоят намудаанд, ки Ибни Умар (р) гуфт: “Занеро дар издивоҷи худ доштам ва ӯро дӯст медоштам, аммо падарам Умар (р) ӯро дӯст намедошт. Пас ба ман гуфт: “Ӯро талоқ деҳ”. Ман сараввал напазируфтам, то ин ки падарам назди Пайғамбар (с) рафта, моҷароро баён кард. Пайғамбар (с) низ ба ман фармуданд: «Ӯро талоқ бидеҳ».[29]
Абдуллоҳ ибни Абуавфо (р) гуфтааст: “Мо чанд нафар назди Расули Худо (с) будем. Шахсе фардеро назди он ҳазрат (с) овард ва гуфт: “Ин ҷавон ҷони худро ба хатар меандозад ва ҳозир аст бимирад”. Ба ӯ гуфта шуд: Бигӯ: «Ло илоҳа иллаллоҳ». Гуфта натавонист. Гуфтанд: “Оё намоз мехонад?” Он мард гуфт: “Оре”. Расули Худо (с) аз ҷой бархостанд ва мо низ хестем. Расули Худо (с) бар болини он ҷавон омада гуфтанд: “Бигӯ: “Ло илоҳа иллаллоҳ». Он ҷавон гуфт: “Наметавонам”. Он ҳазрат (с) ба ҳозирон хитоб карда фармуданд: «Чаро наметавонад?». Арз карданд: “Ин ҷавон модарашро азияту озор медод ва бо ӯ мухолифат меварзид”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оё модараш зинда аст?». Гуфтанд: “Оре, модараш дар қайди ҳаёт аст”. Сипас он ҳазрат (с) ба модараш фармуданд: «Назарат чист, агар оташи азимеро барафрӯзам ва ба ту гуфта шавад: “Агар барои ӯ шафоату воситагарӣ намоӣ, аз ӯ даст бармедорем ва ба ҳоли худ мегузорем, вагарна ӯро ба ин оташ хоҳем сӯзонд. Оё дар чунон ҳолат барои ӯ шафоату воситагарӣ менамоӣ?». Модари он писар гуфт: “Оре, эй Расули Худо (с), дар чунин ҳолат барои ӯ шафоату воситагарӣ менамоям”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Пас Худо ва маро ба шоҳид бигир, ки бегумон, ту аз ӯ розиву хушнуд шудаӣ». Он зан гуфт: “Худоё! Туро шоҳид мегирам ва Расули Туро низ гувоҳ мегирам, ки ман ба ҳақиқат аз писарам розиву хушнуд шудам”. Пас аз он Расули Худо фармуданд: «Эй ҷавон бигӯ: “Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу, ло шарика лаҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу». Он ҷавон фавран онро гуфт. Ва Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳамду сипос Худоеро, сазост, ки он ҷавонро ба воситаи Ман аз оташи Дӯзах наҷот дод».[30]
3. Муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи волидайн
бар ҳаҷ кардан
Дар ривоят омадааст, ки Абуҳрайра (р) гуфт: “Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ғуломи мамлуки некӯкор ду аҷр дорад (як аҷри ихлоси хидмат намудан ба мавлои худ, дигаре хуб ба ҷой овардани ибодати Парвардигораш)». Абуҳурайра (р) мегӯяд: “Қасам ба зоте, ки вуҷуди Абуҳрайра да яди ӯст, агар ҷиҳоди дар роҳи Худо ва ба ҷой овардани ҳаҷ ва некӣ дар ҳаққи модарам намебуд, ба таври қатъӣ дӯст медоштам, ки бимирам, дар ҳоле ки ман ғуломи мамлук мебудам”.[31]
Илова бар ин мегӯянд: “Абуҳурайраро то модараш фавт накард, ба ҳаҷ нарафт, он ҳам ба хотири эҳтироми модар ва хидмат кардани беш аз ҳад ба ӯ”.[32]
4. Муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи волидайн бар зиёрати Расули Худо (с)
Ба ростӣ, ин намунаҳое аст дар ниҳояти ҷамолу зебоӣ, ки дорандаи он ба воситаи фазлу бартарии машғул шуданаш ба некӣ дар ҳаққи модараш ва парасторӣ аз ӯ дар ҳар майдоне гӯё дар мусобиқа пирӯз гаштааст, то он ҷо, ки ин шахс ба хотири ниёзи модараш ба хидмат кардану парасторӣ намудани ӯ (дар замони худ) натавонистааст, ақаллан як бор Пайғамбари акрам (с)-ро зиёрат кунад ва ӯро бубинад. Оре, чунин фард Увайси Қаранӣ (р) будааст, ки Худованд некӯкориву хидматгузории холисонаи ӯро насиби мо ҳам бигардонад.
Достон чунин аст: “Усайр ибни Ҷобир (р) гуфтааст: “Вақте ҷамоате аз сарбозони имдодгар аз аҳли Яман назди Умар ибни Хаттоб (р) омаданд, аз эшон пурсид: “Оё Увайс ибни Омир дар байни шумо ҳаст?” Худи Увайс ҷавоб дод: “Оре, манам”.Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: “Оё аз Мурод, сипас аз Қаран ҳастӣ?” Гуфт: “Оре”. Умар (р) гуфт: “Оё мубтало ба бемории барас будӣ ва аз он беҳбудӣ ёфтӣ, ба ҷуз ба андозаи ҷои як дирҳам?” Гуфт: “Оре”. Умар (р) гуфт: “Оё модарат дар қайди ҳаёт ҳаст?” Гуфт:” Оре”. Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: “Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд: «Увайс ибни Омир ҳамроҳи ҷамоате аз сарбозони имдодгари аҳли Яман аз Мурод баъд аз бани Қаран пеши шумо меояд, ба бемории барас мубтало шуда ва аз он беҳбудӣ ёфтааст, ба ҷуз ба андозаи як дирҳам, модараш дар қайди ҳаёт мебошад. Увайс дар ҳаққи ӯ некӣ мекунад ва ӯро парасторӣ ва хидмат менамояд. Агар аз Худо бихоҳад, ҳатман Худованд ӯро некӯ месозад ва хостаашро иҷобат менамояд, пас агар тавонистӣ, ки аз ӯ бихоҳӣ, барои ту талаби омӯрзиш кунад, чунин кореро бикун». Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: “Акнун барои ман талаби омӯрзиш кун”. Ӯ барояш талаби мағфирату омӯрзиш кард.
Сипас, Умар ибни Хаттоб (р) ба Увайс гуфт: “Ба куҷо рафтан мехоҳӣ?” Гуфт: “Ба Куфа”. Умар (р) гуфт: “Оё номае барои ту ба омили он ҷо бинависам?” Увайс гуфт: “Ман дар байни мардум фарди заифу ночизам ва навиштаи ту барои ман маҳбуб ва матлуб мебошад”.
Усайр ибни Ҷобир (р) мегӯяд: “Дар ҳамон сол марде аз аҳолии Куфа ба ҳаҷ омада, бо Умар ибни Хаттоб (р) бархӯрд кард ва ӯро дид. Умар ибни Хаттоб (р) авзоъ ва аҳволи Увайсро аз ӯ пурсид. Он мард гуфт: “Увайс марди тангдасту фақир мебошад ва камбизоат ва моле надорад”. Умар ибни Хаттоб (р) ҳамон фармудаи Пайғамбари акрам (с)-ро низ барои ӯ бозгӯ карду гуфт: Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд: «Увайс ибни Омир ҳамроҳи ҷамоате аз сарбозони имдодгари аҳли Яман аз Мурод баъд аз бани Қаран пеши шумо меояд, ба бемории барас мубтало шуда ва аз он беҳбудӣ ёфтааст, ба ҷуз ба андозаи як дирҳам, модараш дар қайди ҳаёт мебошад. Увайс дар ҳаққи ӯ некӣ мекунад ва ӯро парасторӣ ва хидмат менамояд. Агар аз Худо бихоҳад, ҳатман Худованд ӯро некӯ месозад ва хостаашро иҷобат менамояд, пас агар тавонистӣ, ки аз ӯ бихоҳӣ барои ту талаби омӯрзиш кунад, чунин кореро бикун».
Бинобар ин, он мард низ назди Увайс рафт ва гуфт: “Бароям талаби мағфирату омӯрзиш бинамо”. Увайс гуфт: “Ту ба василаи сафари неке, ки кардаӣ, аҳду мисоқро таҷдид намудаӣ, пас барои ман талаби омӯрзиш кун”. Он мард гуфт: “Ту барои ман талаби омӯрзиш бинамо”. Боз Увайс ҳамон ҷавобро такрор карду гуфт: “Ту ба василаи сафари неке, ки кардаӣ, аҳду мисоқро таҷдид намудаӣ, пас барои ман талаби омӯрзиш кун”. Ва гуфт: “Оё Умарро дидӣ?” Он мард гуфт: “Оре, ӯро дидам”. Пас Увайс барои ӯ низ талаби омӯрзиш кард ва мардум ҳам ӯро дарк карданд ва мутаваҷҷеҳи ӯ шуданд ва ӯ сарашро поён андохту рафт.
Усайр мегӯяд: “Ман либосе ба ӯ додам ва онро пӯшид. Ҳар кас ӯро, ки медид, мегуфт: “Увайс ин либосро аз куҷо ба даст овардааст?”[33]
5. Муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи волидайн
афзалтар аз муҳаббати фарзандон
Акнун бо мо бошед, то як рӯйдоди шигифтангезро, ки дар навъи худ бас азим ва дар ихлосу покӣҳам бисёр ҷолибу камназир мебошад, баён намоем, ки аз назари маънии он ва наҳваи некӯкорӣ соҳибаш дорои арзиши зиёде аст, ба гунае ки баён намудааст.
Ихлос дар некӣ кардан дар ҳаққи волидайн инсонро аз торикиҳои шадид ва боқӣ мондан дар буҳбуҳаи сахтиҳову душвориҳо наҷот медиҳад. Он ҳам ҳангоме ки ҷонаш ба лаб мерасад ва лаҳзаҳои охиринро мегузаронад, ногаҳон кушоиши раббонӣ ба хотири некӣ карданаш дар ҳаққи волидайн фаро мерасад ва нисбат ба ӯ бас муассиру коргари воқеӣ мешавад. Худованд ҳамаи моро ҷузъи некӯкорон бигардонад! Оре, ин рӯйдоди ҷолибу камназир ва дар воқеъ бисёр омӯзанда чунин аст:
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шуда, ки гуфтааст:
«Шунидаам, ки дар гузаштаи дур қабл аз шумо се нафар (дар биёбоне) роҳ мерафтанд, (ночор) ба шикофи ғоре паноҳ бурда, вориди он шуданд. Ногаҳон санги бузурге аз кӯҳ раҳо шуда, дари ғорро бар рӯи онон баст (ва дар он маҳбус гардида, кӯшиданд, ки роҳе боз кунанд, вале муваффақ нашуданд). Онҳо ба имдодхоҳӣ аз даргоҳи Ҳақ пардохтанд ва ба ҳамдигар гуфтанд: “Ҷиҳати ҳусни иҷобати дуо ҳар як аз мо аъмоли некӯю холисонаи хешро ёд кунад, шояд мояи раҳоии мо гардад”. Яке аз онон гуфт: “Парвардигоро! Замоне, ки падару модарам дар қайди ҳаёт буданд ва даврони нотавониро мегузарониданд, ман барои онон ва таъмини зиндагии аҳли хона кор мекардам. Ҳеҷ гоҳқабл аз падару модарам чизе ба аҳли хонаи хеш намедодам. Рӯзе, ки дар ҷустуҷӯи касби чизе будам, дергоҳ ба хона баргаштам ва (дар вақти муқаррар) муваффақ ба рафтани назди онон нашудам, то ин ки онҳо хобиданд. Ман низ ба расми маъмул аз моддашутур барои онон шир дӯшида, бо косаи пур аз шир ба болини эшон рафтам, дидам дар хоб фурӯ рафтаанд. Ман дӯст надоштам қабл аз эшон ширро ба хонаводаву фарзандонам бинӯшонам ва низ нахостам ононро аз хоб бедор кунам. Аз ин рӯ, бо ҳамон ҳолат, косаи шир дар даст бар болини эшон то субҳдам истода, мунтазир мондам, то бедор шаванд ва ширро бинӯшанд. Субҳ, ки шуд бедор шуданд ва ширро нӯшиданд. Худоё! Агар ин амалро холис ба хотири ризои Ту анҷом додаам, кушоише дар он чи, ки дар он гирифтор шудаем иноят бифармо”. Санг андаке лағжида равзанае пайдо шуд, аммо қодир ба берун омадан аз он набуданд.
Дуюмӣ гуфт: “Худовандо! Амакдухтаре доштам ва сахт ошиқу шефтаи ӯ будам, пеши ман аз ҳар касе маҳбубтар буд. Хоҳони ком баргирифтан аз ӯ шудам, аммо вай аз ин кор худдорӣ намуд. Муддате гузашт, саранҷом пеши ман омад ва аз ман пул хост, ман низ саду бист динор ба ӯ додам, то ин ки худро дар ихтиёри ман бигузорад ва ӯҳам пазируфт. Вақте ки фурсату имкони дастёбӣ комилан бар ӯ фароҳам шуд, дар ин асно гуфт: “Эй ҷавон! Аз Худо битарс, тасарруфи ман ва бардоштани бакоратам ҷуз аз роҳи машрӯъ (издивоҷ) барои ту ҳалол нест. Ман аз он кор пушаймон шудам ва аз ӯ дур гаштам, агарчи аз ҳар касе пеши ман маҳбубтар буд. Аз он маблағи пуле, ки ба ӯ дода будам, сарфи назар намудам ва онро барои ӯ гузоштам. Акнун Худоё! Агар ин амалро холис барои касби ризои Ту анҷом додаам, онро василаи раҳоии мо аз ин тангно қарор деҳ”. Санг аз дари ғор лағжида каме дур шуд, аммо қодир ба хуруҷ аз он набуданд.
Нафари сеюмӣ гуфт: “Худоё! Ман чанд нафар муздгир доштам ва музди ҳар як аз ононро пардохтам ба ҷуз як нафар, ки ӯ муздашро нагирифту рафт. Ман низ музди ӯро ба кор андохтам ва онро мавриди баҳрабардорӣқарор додам, то ин ки аз ин роҳ сарвати зиёде (аз қабили гов, шутур, гӯсфанд ва ...)-ро дар асари он фароҳам овардам. Билохира, пас аз гузашти муддате, он мард баргашту аз ман тақозои музди ақибафтодаашро кард. Ман ҳам галаи шутуру гову гӯсфандро ба ӯ нишон дода, гуфтам, ки ҳамаи инҳоро дар асари музди ту фароҳам овардаам. Он мард гуфт: “Эй бандаи Худо! Бо ман шӯхӣ мекунӣ?” Гуфтам: “Не, бо ту шӯхӣ намекунам (пас ҷараёнро барои ӯ таъриф кардам) ва ӯҳам тамоми галаро бо худ бурд ва чизе аз онро ба ҷой нагузошт. Худоё! Агар ин корро фақат ба хотири ҷалби ризои Ту анҷом додаам, барои мо аз ин тангно, ки дар он қарор гирифтаем, кушоише иноят бифармо”. Ногаҳон санг лағжида дур шуд ва онон берун омаданду рафтанд».[34]
6. Муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи модар бар анҷоми суннатҳо
Аз Абуҳарйра (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Ҷурайҷ марди обиде буд, ибодатгоҳе дошт, ки дар он ибодати Парвардигорашро анҷом медод. Рӯзе, дар ҳоле ки намоз мехонд, модараш пеши ӯ омаду ӯро садо зад. Ҷурайҷ, ки дар ҳоли намоз гузоридан буд, гуфт: “Худоё! Ҷавоби модарамро бидиҳам ё ба намоз идома диҳам! Пас намозашро қатъ накард ва ба он идома дод. Баъд аз паёпай гузаштани се рӯз бори сеюм модараш ӯро садо заду гуфт: “Худоё! Ӯро зинда бидор, то ин ки ба чеҳраи он зани руспӣ (фоҳиша) ва бадкора бингарад!”[35]
Бани Исроил моҷарои Ҷурайҷ ва ибодаташро ин тавр баён кардаанд: “Зани фоҳишаву бадкорае буд, ки дар зебоиву худнамоӣ машҳуру забонзад буд. Рӯзе ба мардум хитоб карда гуфт: “Агар бихоҳед, ман Ҷурайҷро гумроҳу расво месозам”. Пас рӯзе бо чунон вазъе худро ба ӯ намоёнид, аммо Ҷурайҷ ба ӯ таваҷҷӯҳу инояте накард. Зан пеши чӯпоне, ки ба он ибодатгоҳ ворид мешуд, омад ва хештанро дар ихтиёри ӯ гузошт ва чӯпон низ бо ӯ наздикӣ кард. Дар асари ин наздикиву омезиш зан ҳомила шуд. Вақте ки вазъи ҳамл намуд, писаре ба дунё оварду гуфт: “Ин писар аз Ҷурайҷ мебошад”. Мардум ба ибодатгоҳи Ҷурайҷ омаданд, бар сари ӯ рехтанд, ӯро мушткӯбӣ карданд ва ибодатгоҳашро хароб намуданд. Ҷурайҷ гуфт: “Чӣ хабар аст? Чаро инчунин мекунед?” Мардум гуфтанд: “Ту бо ин зани бадкора зино кардаӣ ва дар асари он фарзанде аз ту ба дунё овардааст”. Ҷурайҷ (баъд аз гузоридани намоз) ба роҳ афтода, назди он писари таваллудшуда омад ва даст ба шикамаш заду гуфт: “Эй писар! Падари ту кист?” Кӯдак (ба амри Худо ба гуфтор омаду) гуфт: “Падарам фалон чӯпон аст”. Инро, ки гуфт, мардум ба тарафи Ҷурайҷ рӯй оварданд, ӯро бӯсиданд ва даст (ба унвони муҳаббату табаррук) бар сару рӯи ӯ кашида, гуфтанд: “Эй Ҷурайҷ! Мо ҳозирем ибодатгоҳи туро аз тилло бозсозӣ кунем”. Ҷурайҷ гут: “Не, балки онро ҳамон тавре, ки буд аз хишти хом бисозед”. Мардум ҳамин корро карда, онро аз нав бо хишт сохтанд.[36]
Мегӯянд, рӯзе кӯдаке дар оғӯши модараш шир мехӯрд. Марде савор бар чорпои чобуку зебо аз назди онон гузашт. Модар он савораро, ки дид гуфт: “Худоё! Писари маро ба монанди ӯ бигардон”. Кӯдак пистони модарашро раҳо кард ва бар он мард нигарист. (Ба амри Худованд ба гуфтор омад) ва гуфт: “Худоё! Маро ба монанди ин мард магардон!” Ва аз нав пистони модарашро дар даҳон гирифт. Гӯё ман ба Пайғамбари акрам (с) дар даврони кӯдакиашон менигарам, дар ҳоле ки ангушти сабобаи худро ба унвони пистони шир дар даҳони худ мегузоштанд ва онро мемакиданд.
Сипас, онон ба духтаре гузар карданд, ки мардум ӯро мезаданд ва мегуфтанд: “Ту муртакиби амали зинову дуздӣ шудаӣ ва ӯ ҳам мегуфт: “Худованд барои ман кофӣ аст ва ӯ хуб вакилу сарпарасте аст”. Модари он писар гуфт: “Худоё! Писарамро ба монанди ин духтар магардон”. Кӯдак пистони модарашро раҳо кард ва ба он духтар нигаристу гуфт: “Худоё, маро ба монанди ин духтар бигардон!”
Баъдан он писар моҷарои ин ду рӯйдодро чунин бозгӯ карду гуфт: “Он марде, ки аз Худо хостам маро ба монанди ӯ нагардонад, марди ҷаббору ситамгаре буд. Он духтаре, ки мардум ӯро мезаданду мегуфтанд: «Ту зани фоҳишаву дузд ҳастӣ» ӯ на фоҳиша буду на дузд, балки ӯ зани афифаву покдоман буд, аз ин рӯ ман аз Худо хостам, ки маро ба монанди ӯ бигардон”.[37]
7. Муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи волидайн бар
ҳиҷрати дар роҳи Худо
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Марде ба назди Расули Худо (с) омад ва гуфт: “Омадаам, то бо Шумо паймони ҳиҷрат бандам ва падару модарамро, дар ҳоле ки гиря мекунанд, ба ҷой гузоштам”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ба назди он ду баргард ва ононро хушҳолу хандон кун, ҳамон тавре, ки эшонро ба гиря андохтаӣ».[38]
8. Намунаҳое аз некии Пайғамбари акрам (с) дар ҳаққи волидайни разоъияшон ва дар бораи некии Фотима (р) дар ҳаққи Ӯ
Дар ривоят омадааст, ки рӯзе Пайғамбари акрам (с) нишаста буданд, шавҳари модари разоияшон ба тарафашон омад. Он ҳазрат (с) қисмате аз болопӯши худро барояш андохтанд ва рӯи он нишастанд. Сипас, модари разоияшон низ омад ва қисмати дигари онро барои ӯ андохтанд ва рӯи он нишастанд. Баъд аз он, бародари разоияшон омад. Пайғамбари акрам (с) бархоста ӯро дар ҷои худ нишониданд.[39]
Боз ривоят шуда, ки Абутуфайл гуфтааст: “Пайғамбари акрам (с)-ро дидам дар «Ҷеърона» гӯшт тақсим мекарданд. Ман дар он ҳолат навҷавон будам, ки устухони ҳайвоноти забҳшударо (аз қабили гӯсфанду шутур) бармедоштам. Ногаҳон зане ба тарафи Пайғамбари акрам (с) омада, ба он ҳазрат (с) наздик шуд ва он ҳазрат (с) ҳам ридои худро барои ӯ андохтанд ва рӯи он биншаст. Ман гуфтам: “Ин зан кист?” Гуфтанд: “Ин (Ҳалима) модари разоии Пайғамбари акрам (с) аст, ки дар даврони кӯдакияшон ба ӯ шир додааст”.[40]
Дар ривояте омадааст, ки Уммиҳонӣ хоҳари Алӣ ибни Абутолиб (р) гуфтааст: “Дар соли фатҳ пеши Пайғамбари акрам (с) рафтам, дидам худро мешӯянд ва духтарашон Фотима Пайғамбари акрам (с)-ро бо матоъи калоне пӯшонидааст. Ба он ҳазрат (с) салом додам, гуфтанд: «Ин зан кист?». Гуфтам: “Ман Уммиҳонӣ духтари Абутолибам”. Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ба ин ҷо хуш омадӣ...».
Аз Абуҳозим ривоят шуда, ки гуфтааст: “Саҳл ибни Саъд дар бораи захмӣ шудани Пайғамбари акрам (с), шикастани дандонашон ва кулоҳи худсари ӯ савол мекард. Фотима духтари Пайғамбари акрам (с) хуни онро мешуст ва Алӣ ибни Абутолиб бо сипар об бар он мерехт. Вақте Фотима дид, ки об хунро манъ намекунад, балки резиши онро бештар менамояд, пораи бурёеро бардошту онро сӯзонид, то ба сурати хокистар даромад. Сипас онро ба ҷои захм часпонид ва хун банд омад”.[41]
Асоси сеюм, итоат аз падару модар дар маъсияти Худованд ҷоиз нест
Бегумон касе, ки итоату фармонбардорӣ аз волидайнро фарз намудааст, ҳамоно Худованд аст. Пас, ҳар гоҳ волидайн хостанд аз ин фарз дар ғайри он чӣ Худованд дастур фармудааст, баҳрабардорӣ намоянд, мусалламан Худованд дар чунин ҳолат ба фарди мусалмон иҷозат дода, ҳатто аз ӯ хостааст, ки аз волидайн итоат накунад, чун дар ин кор ҳам барои волидайн хуб аст ва ҳам танбеҳу ҳушдоре аст барои баргашт ба сӯи авомири Худованд. Масалан, агар падару модар исрор варзанд бар маъсияту нофармонӣ ва ё ба куфру илҳод, бояд фарзанд ҳамон эҳсону некии худро дар мавриди онҳо давом диҳад, аммо дар маъсияту нофармонӣ аз авомири Худо аз онон итоат нанамояд. Ин худ дарвоқеъ як хулқу сиришти оливу меҳрубононаи исломӣ аст дар эҳсону некӣ кардан ба падару модар ва нигаҳдориву хидмати онон ба сурати машрӯъ ва писандида, бо вуҷуди ин ки онон аз шариати Ислом мунҳариф шудаанд, аммо бидуни ин ки ақидаи Исломро бо ҳар навъ таъна задану айбҷӯӣ ва ишораҳои номатлуб хадшадору маъюб созанд. Зеро ҳар он чи инсонро ба куфру илҳод барад ва ҳар коре, ки дар он маъсияту нофармонӣ аз дастуроти Худованд бошад, аз қабили умури ҳаром ва корҳои номашрӯъу наҳйшуда, ҷоиз нест дар онҳо аз падару модар итоату фармонбардорӣ шавад. Бо ин васф, шариати Ислом дастуроти Худовандро бо нармиву меҳрубонӣ ва бо ҳикмату мантиқ ба онон иблоғ фармудааст, на бо дуруштхӯиву сахтгирӣ ва бо ҳолати хашму такаббур. Илова бар он, мо ин фармудаи Пайғамбар (с)-ро шунидаем, ки мефармоянд: «Итоату фармонбардорӣ барои ҳеҷ инсоне дар маъсияту нофармонии Худованд ҷоиз нест, балки итоату фармонбардорӣ дар умури маъруфу машрӯъ дуруст аст».[42]
Имом Фахри Розӣ дар тафсири худ мегӯяд: “Агар инсон аз касе фармонбардорӣ намояд, лозим аст нахуст аз падару модараш фармонбардорӣ кунад, аммо бо ин васф агар ба ӯ дастур диҳанд, ки Худоро нофармонӣ кунад ва аз дину дастуроти динии ӯ сарпечӣ намояд, набояд аз онон пайравӣ кунад, чӣ расад ба ғайри эшон”.[43]
Имом Фахри Розӣ ҷумлаи болоро шарҳ дода мегӯяд: “Дар миёни саҳобаи бузургвор намунаҳои далолаткунандаи зиёде бар исботи он вуҷуд дорад. Аз он ҷумла Саъд ибни Абуваққос (р) гуфтааст: “Чор оят аз оятҳои Қуръон дар шаъни ман нозил шудаанд ва достон чунин аст: Ҳангоме, ки Саъд ба Ислом гаравид, модараш аз ӯ хост, ки аз Ислом баргардад ва қасам хӯрд, то ӯ аз Ислом барнагардад ва ба он куфр наварзад, на бо ӯ сухан мегӯяд ва на чизе мехӯраду менӯшад. Вай ба писараш Саъд хитоб карда гуфт: “Медонам Худованд ба ту супориш намудааст, ки дар ҳаққи падару модарат некӣ кунӣ, аз онон итоату фармонбардорӣ намоӣ ва ман модари ту буда, ба ту дастур медиҳам, ки аз дини худ баргардӣ ва дастури маро итоат намоӣ”. Пас, модари Саъд се рӯз бо он ҳолат монд, то ин ки дар асари хастагиву гуруснагӣ шадидан хаста шуду аз беқувватӣ аз ҳуш рафт. Писаре бо номи Аммора дошт, ки барои беҳбудии ӯ иқдом кард ва ба вай об нӯшонд. Саранҷом ба ҳуш омаду ба фарохонии Саъд[44] шурӯъ кард. Ин оят нозил шуд:
﴿وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حُسۡنٗاۖ وَإِن جَٰهَدَاكَ لِتُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٞ فَلَا تُطِعۡهُمَآۚ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٨﴾ [العنكبوت: ٨]
«Ва Мо ба инсон тавсия кардем, ки ба падару модари худ некӣ кунад. Ва агар онҳо саъю талош кунанд, ки барои Ман он чиро, ки аз ҳақиқати он камтарин огоҳӣ надорӣ, шарик қарор диҳӣ, аз онҳо итоат макун. Бозгашти шумо ба сӯи Ман аст, пас, аз корҳое, ки мекардед, огоҳатон мекунам».[45]
﴿وَإِن جَٰهَدَاكَ عَلَىٰٓ أَن تُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٞ فَلَا تُطِعۡهُمَاۖ وَصَاحِبۡهُمَا فِي ٱلدُّنۡيَا مَعۡرُوفٗاۖ وَٱتَّبِعۡ سَبِيلَ مَنۡ أَنَابَ إِلَيَّۚ ثُمَّ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ١٥﴾ [لقمان: ١٥]
«Ва агар он ду кӯшиш кунанд, ки ту чизеро шарики Ман қарор диҳӣ, ки аз будани он огоҳӣ надорӣ, пас аз онҳо фармонбардорӣ макун ва бо онҳо дар (зиндагии) дунё ба ваҷҳи писандида рафтор кун ва роҳи касонеро пайравӣ намо, ки ба сӯи Ман рӯ овардаанд. Сипас, шумо ба сӯи Ман бармегардед, Ман шуморо аз он чи мекардед, огоҳ мекунам».[46]
Дар ривояте омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салулро фаро хонда фармуданд: «Оё медонӣ, падарат чӣ мегӯяд?». Абдуллоҳ гуфт: “Падару модарам фидоятон, падарам чӣ мегӯяд?” Он ҳазрат фармуданд: «Мегӯяд: “Агар ба Мадина баргаштем, ҳатман афроди бузургвору арҷманд, ашхоси пасту хорро аз он ҷо берун хоҳанд кард». Абдуллоҳ гуфт: “Эй Расули Худо, қасам ба Худо рост аст, ки шумо бузургвору арҷманд ҳастед ва ӯ (падарам, ки ба Ислом нагаравида ва дар сафи куффор аст) пасту хор мебошад. Аммо қасам ба Худо эй Пайғамбар, шумо вориди Мадина шудаед ва дар он ҷо хоҳед монд. Мардуми Мадина медонанд, ки ҳеҷ кас ба монанди ман нисбат ба падараш некӣ накардааст, аммо бо ин васф агар Худо ва Расули Худо розӣ бошанд, ки ӯро кушта сарашро биёрам, албатта ин корро дар ҳаққи ӯ хоҳам кард”. Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Не, чунин кореро макун». Пас вақте ки онон вориди Мадина шуданд, Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Убай шамшере дар даст барои падараш дар дарвозаи шаҳр истод ва ба ӯ хитоб карда гуфт: “Ту гуфтаӣ: “Агар ба Мадина баргардем, албатта бузургони шаҳр афроди хору пастро берун хоҳанд кард?” Вале акнун бояд бидонӣ, ки воқеан иззату бузургворӣ барои туст, ё барои Расули Худо (с)? Қасам ба Худо! Ҳаргиз сояи шаҳр бар сари ту нахоҳад афтод (дохили шаҳр нахоҳӣ шуд), магар бо иҷозати Худо ва Расули Худо (с)”. Падараш гуфт: “Эй қавми Хазраҷ, ба фарёдам бирасед! Писарам намегузорад вориди хонаам шавам!” Се бор ин ҷумларо такрор кард.