Articles

Ақидаи Таҳовӣ


Муаллиф


Аллома, ҳуҷҷату-л-Ислом Абӯҷаъфари


Варроқи Таҳовӣ раҳимаҳуллоҳ


Тарҷумон


Шаҳобиддин Солеҳ


Ақидаи Таҳовӣ


[3]


Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим


Аллома, ҳуҷҷату-л-Ислом Абӯҷаъфари Варроқи Таҳовӣ


раҳимаҳуллоҳ мегӯяд:


Ин баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат мутобиқ бо


мазҳаби донишмандони уммат Абӯҳанифа Нуъмон ибни


Собит, Абӯюсуф Яъқуб ибни Иброҳими Ансорӣ ва Абӯаб-


дуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ ризои Аллоҳ


якбора бар ҳамаи онон бод, ва он чизе ки аз усули Дин


эътиқод мекунанд ва ба он Парвардигори оламиёнро


мепарастанд, мебошад.


Дар мавзӯи тавҳиди Аллоҳ, ки ба тавфиқи Аллоҳ


эътиқод дорем, мегуем:


1)-Ба ростӣ Аллоҳ ягона аст, Ӯро шарике нест.


2)-Ва чизе монанди Ӯ нест.


3)-Ва чизе Аллоҳро оҷиз намегардонад.


4)-Ва маъбуди бар ҳаққе ҷуз Ӯ нест.


5)-Қадим1 аст, ки ибтидо надорад, ҳамеша аст, ки охир


надорад.


1 Лафзи қадим дар номҳои накӯи Аллоҳ наомадааст, ҳамчуноне ки шореҳ


(яъне ибни Абилиз) раҳимаҳуллоҳ ва дигарон танбеҳ намуданд. Ва ба


ростӣ бисёри олимони калом инро зикр кардаанд, барои он ки вуҷуди


Аллоҳ пеш аз ҳама чиз буданро исбот намоянд. Ва номҳои Аллоҳ тав-


қифӣ аст. Номе исбот кардан ҷоиз нест, магар ба нассе аз Қуръони Азиз


ва суннати саҳеҳ. Ва ягон номеро ба раъй исбот кардан ҷоиз нест,


ҳамонгуна ки имомҳои салафи солеҳ гуфтаанд. Ва лафзи қадим бар


маъное, ки аҳли калом ирода кардаанд, далолат намекунад, зеро


маънои он дар луғати араб чунин аст:Бар ғайраш пешгузашта ва агарчи


қаблан вуҷуд надошт, ҳамонгуна ки дар қавли Аллоҳ субҳонаҳу аст:То он


ки монанди чӯби кӯҳнаи хурмо бозгардад. Сураи Ё Син, ояти:39 Ва ба


Ақидаи Таҳовӣ


[4]


6)-Фонӣ намешавад ва аз байн намеравад.


7)-Ва чизе беиродаи Ӯ ба вуҷуд намеояд.


8)-Ваҳмҳо ба (ҳақиқати ) Ӯ намерасанд ва фаҳмҳо Ӯро


дарк намекунанд.


9)-Ва халқро монандӣ надорад.


10)-Зинда аст, ки намемирад, ҳамеша қоим аст, ки хоб


намеравад.


11)-Беҳоҷат офаринанда аст, бехастагӣ ризқдиҳанда


аст.


12)-Бетарс миронанда аст, бемашаққат барангезанда


аст.


13)-Пеш аз офариданаш ҳамеша ба сифатҳояш азалӣ


аст, ба офаридани халқаш сифате зиёд нашудааст, ки пеш


аз онон аз сифатҳояш набуд. Ҳамонгуна ки ба сифатҳояш


азалӣ буд, инчунин бар ҳамон сифатҳо абадӣ аст.


14)-Баъди офаридани халқ номи Холиқро ҳосил


накардааст ва на баъди пайдо кардани мавҷудот номи


Бориро.


15)-Маънои рубубият аз они Ӯст на марбуб (офарида-


шуда) ва маънои холиқ аз они Ӯст на махлуқ.


дурустӣ ба маънои ҳақ далолат мекунад ба қайди зиёдатие, ки муаллиф


раҳимаҳуллоҳ зикр намудааст ва он гуфтаи ӯ:«Қадим аст, ки ибтидо на-


дорад», вале дар номҳои накӯи Аллоҳ шумориданаш шоиста нест, зеро


аз ҷиҳати нақл собит нашудааст ва аз он номи Аллоҳ субҳонаҳу ал-Аввал


бениёз мегардонад, ҳамонгуна ки Аллоҳ азза ва ҷалла мефармояд:«Ӯ


Нахустин (-и ҳама) ва Охирин (-и ҳама) аст», то охири оят. Сураи Ҳадид,


ояти:3. Ва тавфиқдиҳанда Аллоҳ аст.


Ақидаи Таҳовӣ


[5]


16)-Ва ҳамчунон ки Ӯ баъди зинда кардан зиндакун-


анда буд, пеш аз зинда кардани онон шоиста ин ном


будааст. Инчунин пеш аз офаридани онон шоистаи номи


Холиқ буд.


17)-Зеро ки Ӯ бар ҳамаи чиз тавоност ва ҳамаи чиз ба Ӯ


эҳтиёҷ дорад ва ҳар кор бар Ӯ осон аст, ба чизе эҳтиёҷ


надорад, (Монанди Ӯ чизе нест ва Ӯ шунаво ва биност).


Сураи Шӯро, ояти:11


18)-Халқро ба илмаш офарид.


19)-Ва тақдирҳои ононро андоза намудааст.


20)-Ва аҷалашонро муайян кардааст.


21)-Ва пеш аз офариданашон чизе бар Ӯ пӯшида набуд


ва пеш аз офариданашон медонист, ки чи корҳоеро


анҷом медиҳанд.


22)-Ва ононро ба тоаташ дастур дод ва аз маъсияташ


манъ намуд.


23)-Ва ҳамаи чиз ба тақдир ва иродаи Ӯ сурат мегирад


ва хостаи Ӯ мегузарад. Барои бандагон машийят нест


магар он чиро, ки Аллоҳ барояшон бихоҳад, пас он чи


Аллоҳ барояшон хост мешавад ва он чиро нахост наме-


шавад.


24)-Аз рӯи фазл касеро бихоҳад ҳидоят ва ҳифозат


мекунад ва офият медиҳад. Ва аз рӯи адл касеро бихоҳад


гумроҳ ва хор мекунад ва мубтало месозад.


25)-Ва ҳамаашон дар машийяти Ӯ, миёни фазл ва адли


Ӯ давр мезананд.


26)-Ва Ӯ аз ҳар зидду монанд бартар аст.


Ақидаи Таҳовӣ


[6]


27)-Қазои Ӯро касе рад карда наметавонад ва ҳукми


Ӯро касе ба таъхир намеандозад ва амри Ӯро касе ғолиб


намеояд.


28)-Ба ҳамаи ин имон овардем ва яқин кардем, ки


ҳамааш аз ҷониби Аллоҳ аст.


29)-Ва ин ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам


бандаи ихтиёршуда ва паёмбари интихобшуда ва


расулаш аст, ки мавриди ризои Ӯ қарор гирифтааст.


30)-Ва ин ки Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам хатмкун-


андаи анбиё, имоми парҳезгорон, сайиди расулон ва


ҳабиби Раҳмон аст.


31)-Ва ҳар даъвои паёмбарӣ баъди паёмбарии Ӯ сал-


лаллоҳу алайҳи ва саллам гумроҳӣ ва ҳавопарастӣ аст.


32)-Ва Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба сӯи оммаи


Ҷин ва ҳамаи халқ ба ҳақ ва ҳидоят ва ба нур ва зиё


фиристода шудааст.


33)-Ва ба дурустӣ Қуръон каломи Аллоҳ аст, аз ҷониби


Ӯ бекайфият аз рӯи қавл зоҳир шудааст ва бар расулаш ба


ваҳй фуруд овардааст ва мӯъминон Ӯро бар ҳақ будани


ин тасдиқ намудаанд ва яқин карданд, ки дар ҳақиқат


каломи Аллоҳ аст, махлуқ нест монанди каломи халқ, пас


касе онро шунаваду гумон кунад, ки каломи башар аст,


ба ростӣ кофир мешавад. Ва ба дурустӣ Аллоҳ ӯро


мазаммат кард ва айб гирифт ва ба оташи дӯзах таҳдид


намуд, вақте ки Аллоҳ таъоло фармуд:«Ба зудӣ ӯро дар


Дӯзах медарорам» (Мудассир, ояти:26), пас ҳангоме ки


Аллоҳ ба оташ таҳдид кард касеро ки мегӯяд:«Нест ин


Ақидаи Таҳовӣ


[7]


Қуръон магар гуфтаи башар» (Мудассир, ояти:25), донис-


тем ва яқин кардем, ки ин қавли холиқи башар аст ва


қавли башарро шабоҳат надорад.


34)-Ва касе Аллоҳро ба маъное аз маъниҳои башар


васф намояд, пас ба ростӣ кофир шудааст. Пас касе инро


бубинад, панд мегирад ва аз монанди гуфтаи кофирон


худро нигаҳ медорад ва медонад, ки Ӯ ба сифатҳояш


монанди башар нест.


35)-Ва дидани Аллоҳ барои аҳли Ҷаннат беиҳотаву


бекайфият ҳақ аст, ҳамчунон ки Китоби Парвардигори мо


ба он ҳарф задааст:«Рӯйҳое дар он рӯз дурахшонанд ва


ба сӯи Парвардигорашон назаркунандаанд». (Сураи


Қиёмат, ояти:22-23) Ва тафсири он бар он чизест, ки


Аллоҳ таъоло хоста ва дониста аст. Ва ҳар ҳадиси саҳеҳе,


ки аз Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ин


мавзӯъ омадааст, пас он ҳамчуноне аст, ки гуфт аст ва


маънояш бар он чизест, ки хоста аст. Дар ин мавзӯъ


таъвилкунанда ба андешаҳоямон ворид намешавем ва


ба ҳавову ҳавасҳоямон намепардозем, зеро касе дар


динаш саломат намемонад, ба ҷуз касе ки худро таслими


Аллоҳ азза ва ҷалла ва Расулаш саллаллоҳу алайҳи ва


саллам намояд ва илми он чизе ки бар вай пӯшида шуд


ба сӯи олимаш баргардонад.


36)-Ва қадами Ислом собит намемонад, магар бар


асоси таслим ва фармонбардор шудан.


37)-Пас, касе илмеро, ки аз он манъ шудааст талаб


намояд ва фаҳмаш ба таслим шудан қаноат накунад. Ин


Ақидаи Таҳовӣ


[8]


талабаш ӯро аз тавҳиди холис ва маърифати соф ва


имони дуруст манъ мекунад, пас дар миёни куфру имон,


тасдиқу такзиб (дурӯғшумор) ва иқрору инкор, дар вас-


васу шак саргардон мешавад на мӯъмини тасдиқкунанда


аст ва на мункири дурӯғшуморанда.


38)-Имон ба дидани Аллоҳ барои аҳли Ҷаннат ба


гумону таъвил дуруст намешавад, зеро таъвили дидан ва


ҳар он чизе ки ба сӯи Парвардигор изофа карда мешавад


ба тарк кардани таъвил ва лозим гирифтани таслим


мебошад. Ва дини мусалмонон бар ин эътиқод аст. Ва


касе аз нафю ташбеҳ кардани Аллоҳ парҳез накунад,


лағжида ва ҳаргиз Аллоҳро ба дурустӣ пок надонистааст.


Пас, албатта Парвардигорамон ҷалла ва ало ба сифатҳои


ваҳдоният ва фардоният (ягонагӣ) мавсуф аст, ягон кас аз


махлуқоташ ба Ӯ шабоҳат надорад.


39)-Ва Аллоҳ аз ҳудуд, ғоятҳо, аркон, аъзо ва адавот


бартар аст, Ӯро ҷиҳатҳои шашгона монанди дигар


пайдошудаҳо иҳота намекунад1.


1 Гуфтаи муаллиф раҳимаҳуллоҳ:Ва Аллоҳ аз ҳудуд, ғоятҳо, аъзо ва адавот бар-


тар аст, Ӯро ҷиҳатҳои шашгона монанди дигар пайдошудаҳо иҳота намекунад.


Ин сухани мӯҷазу мухтасар аст, ки аҳли таъвил ва илҳод дар номҳо ва сифатҳои


Аллоҳ истифо менамоянд ва ин барои онон ҳуҷҷат намешавад, зеро мақсади


муаллиф раҳимаҳуллоҳ пок донистани Аллоҳ субҳонаҳу аз монандии махлуқот


аст, локин ӯ ба таври мухтасар зикр кардааст, ки эҳтиёҷ ба тафсил дорад, то ки


иштибоҳ дур шавад. Пас мақсадаш ба ҳудуд, ҳудудест, ки башар медонад.


Ҳудуди Аллоҳ субҳонаҳуро ба ҷуз Ӯ касе намедонад, зеро халқ ба илм Ӯро иҳота


надоранд, ҳамчуноне ки Аллоҳ азза ва ҷалла дар сураи Тоҳо мефармояд:


«(Аллоҳ) он чиро медонад, ки пеши рӯи одамиён аст ва он чиро, ки паси пушти


онҳо аст. Ва одамиён Аллоҳро ба дониш фаро нагиранд». Тоҳо, ояти:110


Ақидаи Таҳовӣ


[9]


40)-Ва меъроҷ ҳақ аст ва ба ростӣ Паёмбар саллаллоҳу


алайҳи ва салламро шабона бурда шуд ва дар ҳолати


бедорӣ бо ҷисмаш ба сӯи осмон боло бурда шуд. Сипас


ба ҷойҳои баланде, ки Аллоҳ хост бурда шуд ва Аллоҳ


ӯро ба он чизе ки хост икром кард ва ба сӯи он ваҳй


фиристод:«Дил (-и Паёмбар) дар он чи дид, дурӯғ на-


гуфт» сураи Наҷм, ояти:11, пас салоту саломи Аллоҳ дар


дунёву охират бар Ӯ нозил бод.


41)-Ва ҳавзе, ки Аллоҳ ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи


ва саллам икром кард барои кӯмаки умматаш ҳақ аст.


Ва касе аз салаф ҳадро дар сифати истиво ва ғайраш исбот намуд, пас, мақсадаш


ҳаддест, ки Аллоҳ субҳонаҳу медонад ва онро бандагон намедонанд. Ва аммо


«ғоятҳо, аркон, аъзо ва адавот» пас мақсади муаллиф раҳимаҳуллоҳ пок


шуморидани Ӯ аз монанд шудани махлуқот дар ҳикмат ва сифатҳои Зотӣ аст,


яъне сифати рӯй, даст, қадам ва монанди инҳо. Аллоҳ субҳонаҳу ба ин сифатҳо


васфшуда аст, вале сифатҳояш монанди сифатҳои халқ нест ва кайфияти ононро


ба ҷуз Ӯ субҳонаҳу касе намедонад. Ва аҳли бидъат монанди ин лафзҳоро


истифода мебаранд, то ба он сифатҳоро нафй намоянд, ба дигар лафзҳое, ки


фармудааст ва барои Худаш исбот намудааст, то расво нашаванд ва аҳли ҳақ


бар онон сахтгирӣ накунанд. Ва муаллиф Таҳовӣ раҳимаҳуллоҳ ин мақсадро


надорад, зеро ӯ аз аҳли суннат аст, сифатҳои Аллоҳро исбот мекунад. Ва сухани


ӯ дар ин ақида баъзеи суханаш баъзеашро баён ва тасдиқ мекунад ва мушта-


баҳи онро ба муҳкамаш баён карда мешавад. Ва инчунин аст гуфтаи ӯ: Ӯро


ҷиҳатҳои шашгона монанди дигар пайдошудаҳо иҳота намекунад. Мақсадаш


шаш ҷиҳати махлуқ аст ва мақсадаш нафй улув ва истивои Аллоҳ бар Аршаш


нест, зеро ин дар шаш ҷиҳат дохил нест, балки Ӯ фавқи олам ва муҳит ба он аст.


Ва ба ростӣ Аллоҳ бандагонашро бар имони ба улуви Ӯ субҳонаҳу офарида аст


ва ин ки Ӯ дар ҷиҳати улув (боло) аст. Ва аҳли суннат ва ҷамоат, яъне асҳоби


Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва пайравони неки онон бар ин ақида


иҷмоъ кардаанд. Ва ҳамаи далелҳои Қуръон ва суннати саҳеҳи мутавотир бар ин


далолат мекунанд, ки Ӯ субҳонаҳу дар улув (боло) аст, пас эй хонанди карим


барои ин амри бузург огоҳ шав ва бидон, ки Ӯ ҳақ аст ва ғайраш ноҳаққу ботил


аст. Ва тавфиқдиҳанда Аллоҳ аст.


Ақидаи Таҳовӣ


[10]


42)-Ва шафоате, ки Аллоҳ барои уммати Ислом захира


карда аст, чуноне ки дар ривоятҳо омадааст, ҳақ аст.


43)-Ва аҳде, ки Аллоҳ таъоло аз Одам алайҳис салом


ва фарзандонаш гирифтааст, ҳақ аст.


44)-Ва ба дурустӣ Аллоҳ таъоло дар азал комилан


адади касонеро, ки дохили Ҷаннат ва адади касонеро, ки


дохили Дӯзах мешаванд, медонист. Пас дар он адад


афзуда ва кам карда намешавад.


45)-Ва инчунин афъоли ононро медонист, ки чи кор


мекунанд ва ҳар кас барои чизе офарида шудааст,


барояш анҷоми он осон мешавад ва натиҷаи амалҳо бар


хотимаи он аст ва некбахт касест, ки ба қазои Аллоҳ


некбахт шудааст ва бадбахт касест, ки ба қазои Аллоҳ


бадбахт шудааст.


46)-Ва асли қадар сирри Аллоҳ таъоло дар миёни


халқаш аст, ки бар он фариштаи муқарраб ва паёмбари


мурсал иттилоъ надорад. Ва чуқурандешӣ ва назар


кардан дар қадар сабаби хорӣ ва нардбони маҳрум


шудан ва дараҷаи саркашӣ аст, пас аз назар ва фикр


кардан ва васваса шудан комилан ҳазар бояд кард, зеро


Аллоҳ таъоло илми қадарро аз халқаш пӯшонида аст ва


ононро аз талаби он манъ кардааст, ҳамчуноне ки Аллоҳ


таъоло дар Китобаш мефармояд:«(Аллоҳ) аз он чи мекун-


ад, пурсида намешавад ва онон пурсида мешаванд».


Сураи Анбиё, ояти:23 Агар касе пурсад:Барои чӣ карда


аст? Пас ба ростӣ ҳукми Китобро рад кардааст ва касе


ҳукми Китобро рад кунад, аз ҷумлаи кофирон аст.


Ақидаи Таҳовӣ


[11]


47)-Ин хулосаи он чизест, ки ба он авлиёи Аллоҳ


таъоло эҳтиёҷ доранд, ки қалбашон мунаввар гаштааст


ва он дараҷаи донишмандони устувор мебошад. Зеро


илм ду навъ аст:Илме, ки дар миёни халқ мавҷуд аст ва


илме, ки дар миёни халқ мавҷуд нест1. Пас инкори илми


мавҷуд куфр аст ва иддиои илме, ки мавҷуд нест, (низ)


куфр аст. Ва имон собит намемонад, магар ба қабули


илме, ки мавҷуд аст ва талаб накардани илме, ки пӯшида


аст.


48)-Ва ба Лавҳ, Қалам ва ба тамоми он чизе, ки дар он


навишта шудааст, имон меорем. Агар ҳамаи халқ ҷамъ


шаванд бар чизе, ки Аллоҳ таъоло дар он навишта аст, ки


вуҷуд дошта бошад, то ки онро ғайри мавҷуд гардонанд


1 Муроди ӯ раҳимаҳуллоҳ ба илме, ки мавҷуд нест, ҳамон илми ғайб аст, ки


махсуси Аллоҳ азза ва ҷалла аст. Ва касе даъвои илми ғайб кунад, кофир


мешавад, аз рӯи фармудаи Аллоҳ субҳонаҳу:«Ва калидҳои ғайб назди Ӯст, ба ҷуз


Ӯ онро касе намедонад» то охири оят, сураи Анъом, ояти:59. Ва фармудаи Ӯ азза


ва ҷалла:«Бигӯ:Ҳеҷ кас (аз онҳое, ки) дар осмонҳову заминанд, ғайбро наме-


донад, магар Аллоҳ» то охири оят, сураи Намл, ояти:65. Ва фармудаи Паёмбар


саллаллоҳу алайҳи ва саллам:Калидҳои ғайб панҷто аст, ки ба ҷуз Аллоҳ касе


ононро намедонад, сипас фармудаи Ӯ субҳонаҳуро тиловат намуд:«Ҳамоно


Аллоҳ, ки илми қиёмат назди Ӯст, боронро фурӯ мефиристад» то охири оят,


сураи Луқмон, ояти:34. Ва ҳадисҳои саҳеҳ дар ин боб бисёр аст, ки ҳамаашон


далолат бар ин доранд, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ғайбро


намедонад, бо вуҷуде, ки беҳтарини халқ ва сайиди расулон аст, пас ғайри Ӯ аз


боби авло намедонад. Ва Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ғайбро намедонад, ба


ҷуз чизе, ки Аллоҳ субҳонаҳу Ӯро таълим додааст. Вақте аҳли ифк дар ҳаққи


Оиша разияллоҳу анҳо туҳмат заданд, покии ӯро надонист, магар ба фурӯ


омадани ваҳй. Ва вақте гарданбандашро дар баъзе сафарҳояш гум кард,


гурӯҳеро дар ҷустуҷӯи он равон кард ва маконашро надонист, то уштурро


хезониданд, пас онро аз зери он ёфтанд. Ва алҳамду лиллоҳ далелҳо аз Қуръон


ва суннат дар ин боб бисёр аст.


Ақидаи Таҳовӣ


[12]


бар ин кор қудрат надоранд. Ва агар ҳамаашон ҷамъ


шаванд бар чизе ки Аллоҳ таъоло дар тақдир онро


нанависондааст, то онро ба вуҷуд оранд, бар ин кор


қудрат надоранд. Қалам ба он чизе, ки то рӯзи қиёмат


буданаш лозим буд навишта хушк шуд. Ва он чизе, ки бар


банда нарасид, ӯро намерасид ва он чизе, ки бар банда


расид, ӯро хато намекард.


49)-Ва банда бояд бидонад, ки илми Аллоҳ ҳамаи


халқашро, ки вуҷуд доранд сабқат намудааст, пас онро


андозаи муҳкам ва устувор гардондааст, ки ҳеҷ шиканан-


да, думболагиранда, аз байн баранда, тағйирдиҳанда,


дигаркунанда, камкунандаву зиёдкунандае дар осмон-


ҳову замин вуҷуд надорад. Ва ин аз гиреҳи имон ва усули


маърифат ва эътироф ба тавҳид ва парвардигории Аллоҳ


аст, ҳамонгуна ки Аллоҳ таъоло дар Китобаш фармудааст:


«Ва ҳар чизеро биофарид, пас, онро ба андозаи дақиқ


андоза кард». Сураи Фурқон, ояти:2 Ва Аллоҳ таъоло


фармуд:«Ва кори Аллоҳ боандозаи муқарраркардашуда


аст». Сураи Аҳзоб, ояти:38


Пас, вой бар ҳоли касе, ки дар қадар бо Аллоҳ хусумат


намояд ва дар қадар бо қалби бемор назар намояд, ба


ростӣ ӯ ба гумонаш илми ғайб ва сирри пинҳонро ҷустуҷӯ


намуда ва оқибат дар он бо сухани дурӯғ ва гуноҳ бозме-


гардад.


50)-Арш ва Курсӣ ҳақ аст.


Ақидаи Таҳовӣ


[13]


51)-Ва Ӯ таъоло аз Арш ва ғайри он бениёз аст, ҳамаи


чизро фаро гирифта ва фавқи онҳост. Ба таҳқиқ халқашро


аз иҳота карданаш оҷиз гардондааст.


52)-Ва аз рӯи имон, тасдиқ ва таслим шудан мегӯем:


Ба ростӣ Аллоҳ Иброҳим алайҳис саломро дӯсти хос ги-


рифта ва бо Мӯсо алайҳис салом сухан кардааст.


53)-Ва ба малоикаҳо, паёмбарон ва ба китобҳои


нозилшуда ба расулон имон дорем ва шаҳодат медиҳем,


ки онон бар ҳаққи ошкор буданд.


54)-Ва аҳли қиблаамонро модоме ки ба овардаи


Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам эътироф кунанд


ва ҳар гуфта ва хабари Ӯро тасдиқ кунанду инкор накун-


анд, мусалмону мӯъмин меномем.


55)-Ва дар Зоти Аллоҳ кунҷковӣ намекунем ва дар


дини Аллоҳ баҳсу муноқиша намекунем.


56)-Ва дар Қуръон хусумат намекунем ва гувоҳӣ


медиҳем, ки он каломи Парвардигори оламиён аст, онро


Рӯҳу-л-амин (Ҷибраил) фурӯ оварда ба сайиди расулон


Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам омӯхтааст ва он


каломи Аллоҳ таъолост, чизе аз каломи махлуқот ба он


баробар нест ва онро махлуқ намегуем ва ҷамоати


мусалмононро мухолифат намекунем.


57)-Ва ягон нафари аҳли қибларо ба сабаби иртикоби


гуноҳе, модоме ки ҳалол надонад, кофир ҳукм намекун-


ем1.


1 Гуфтаи ӯ:«Ва ягон нафари аҳли қибларо ба сабаби иртикоби гуноҳе, модоме ки


ҳалол надонад, кофир ҳукм намекунем», мақсади ӯ раҳимаҳуллоҳ ин аст, ки


Ақидаи Таҳовӣ


[14]


58)-Ва намегуем, ки бо имон гуноҳ зарар надорад,


барои касе, ки муртакиби гуноҳ мешавад.


59)-Ва барои мӯъминони некукор умед мекунем, ки


Аллоҳ онҳоро бибахшад ва ба раҳматаш вориди Ҷаннат


намояд, ононро дар амон намедонем ва барои онон ба


Ҷаннат гувоҳӣ намедиҳем1 ва барои бадкоронашон


аҳли суннат ва ҷамоат мусалмони яктопарасте, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон


дорад, ба содир намудани гуноҳе, монанди зино, арақнӯшӣ, рибо, уқуқи


волидайн ва монанди инҳо, модоме ки ҳалол надонад, кофир ҳукм намекунанд.


Агар ҳалол шуморад кофир мешавад, зеро Аллоҳ ва расулашро дурӯғгӯ карда


аст, аз дини Аллоҳ хориҷ мешавад. Аммо агар ҳалол надонад, дар назди аҳли


суннат ва ҷамоат кофир намешавад, балки имони заиф дорад. Ва барои ӯ ҳукми


маъсиятҳост, яъне ҳукм ба фосиқӣ кардан ва барпо намудани ҳудуд ва ғайри ин,


ки дар шариати пок омадааст. Ва ин қавли аҳли суннат ва ҷамоат аст ба хилофи


хавориҷ ва мӯътазила ва касе, ки ба равиши ботили онон рафтааст. Ба ростӣ


хавориҷ ба сабаби гуноҳҳо кофир ҳукм мекунанд ва мӯътазила ӯро дар миёни ду


манзилат қарор медиҳанд, яъне дар миёни ислому куфр дар дунё ва аммо дар


охират бо хавориҷ муттафиқанд, ки ӯ ҳамеша дар оташ аст. Ва қавли ҳар ду


тоифа ба Қуръон, суннат ва иҷмоъи салафи уммат ботилу ноҳақ аст. Ва ба ростӣ


амри ин ду тоифа бар мардуме, ки илми андак доранд, пӯшида монд, вале


алҳамду лиллоҳ дар назди аҳли ҳақ ошкору возеҳ аст, ҳамонгуна ки баён


кардем ва тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.


1 Муроди ӯ раҳимаҳуллоҳ:Ба ҷуз касоне, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва


саллам ба Ҷаннат башорат дод, монанди даҳ нафар ва монанди онон,


ҳамонгуна ки дар охири суханаш меояд. Бо вуҷуди донистан, ки ақидаи аҳли


суннат ва ҷамоат ин аст, ки барои мӯъминон ва парҳезгорон ба таври умум


шаҳодат медиҳем, ки аз аҳли Ҷаннат ҳастанд ва ин ки кофирон, мушрикон ва


мунофиқон аз аҳли дӯзаханд, ҳамчуноне ки бар ин оятҳои карима ва суннати


мутавотири Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам далолат мекунад. Ва аз


ҷумлаи оятҳо, фармудаи Ӯ субҳонаҳу аст:«Ба дурустӣ ки парҳезгорон дар


бӯстонҳо ва неъматҳо бошанд». Сураи Тур, ояти:17 Ва фармудаи Ӯ азза ва ҷалла:


«Аллоҳ ба мардони мӯъмин ва занони мӯъмин бӯстонҳоеро ваъда кардааст, ки


зери он ҷӯйҳо меравад, ҳамеша бошандаи он ҷоанд». Сураи Тавба, ояти:72 Ва


оятҳои бисёре бар ин маъно далолат мекунанд. Ва фармудаи Ӯ субҳонаҳу дар


бораи кофирон:Ва барои касоне, ки кофир шуданд, оташи дӯзах аст, на бар онҳо


Ақидаи Таҳовӣ


[15]


талаби мағфират менамоем ва бар онон метарсем ва


ноумедашон намекунем.


60)-Ва амнияту ноумедӣ инсонро аз дини Ислом берун


меоранд ва барои аҳли қибла роҳи ҳақ дар миёни ин ду


аст.


61)-Ва бандаро аз имон хориҷ намекунад, магар ба


инкори он чизе ки ӯро дар он дохил кардааст1.


ҳукм карда шавад, то бимиранд ва на аз онҳо чизе аз азоби дӯзах сабук карда


шавад. Ҳамчунин ҳар носипосро сазо медиҳем. Сураи Фотир, ояти:36 Ва


фармудаи Ӯ субҳонаҳу:Ҳамоно мунофиқон дар табақаи зертарини оташанд ва


барои онҳо ҳеҷ ёридиҳандае наёбӣ. Сураи Нисо, ояти:145 Оятҳои дигаре ҳаст,


ки бар ин маъно далолат мекунанд. Ва тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.


1 Дар ин ҳаср назар аст, албатта кофир дар Ислом ба нутқи шаҳодатайн дохил


мешавад, ҳаргоҳ он дуро нагӯяд, пас агар он дуро гӯяд дар Ислом дохил


мешавад, ба сабаби тавба аз чизе, ки муҷиби куфраш аст. Ва ба таҳқиқ аз Ислом


беинкор ҳам ба сабабҳои бисёре хориҷ мешавад, аҳли илм ононро дар боби


ҳукми муртад баён кардаанд. Аз ҷумлаи он, таънаи ӯ дар Ислом, ё дар Паёмбар


саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ё масхара кардани ӯ ба Аллоҳ ва расулаш, ё ба


китобаш, ё ба чизе аз шариати Ӯ субҳонаҳу, аз рӯи фармудаи Ӯ субҳонаҳу:«Бигӯ:


Оё ба Аллоҳ ва оятҳои Ӯ ва пайғамбари Ӯ тамасхур мекардед? Узр наоред, ба


дурустӣ ки шумо баъд аз имони худ кофир шудаед». Сураи Тавба, ояти:65-66 Ва


аз ҷумлаи он, парастидани ӯ бутонро, ё ба дуо муроҷиат кардани ӯ мурдагонро


ва ба онон фарёдрасӣ намудан ва аз онон мададу ёрӣ талаб намудан ва


монанди инҳо, зеро инҳо гуфтаи ло илоҳа иллаллоҳро мешикананд, зеро ло


илоҳа иллаллоҳ далолат бар ин мекунад, ки ибодат ҳаққи Аллоҳи ягона аст. Аз


ҷумлаи ибодат:Дуо, фарёдрасӣ, рукуъ, саҷда, куштани мол, назр ва монанди


инҳост, касе чизе аз инҳоро барои ғайри Аллоҳ, яъне бутон, малоика, ҷин,


мурдагон ва дигар махлуқот анҷом диҳад, пас ба таҳқиқ ба Аллоҳ ширк оварда


ва қавли ло илоҳа иллаллоҳро амалӣ накардааст. Ҳамаи ин масъалаҳо ба


иҷмоъи аҳли илм ӯро аз доираи Ислдом мебарорад ва инҳо аз масъалаҳои


инкор кардан нест. Ва далелҳояш аз Қуръон ва Суннат маълум аст. Ва онҷо


масъалаҳои дигар бисёр аст, ки мусалмон ба сабаби он кофир мешавад ва онро


инкор кардан номида намешавад. Ба ростӣ олимон дар боби ҳукми муртад зикр


кардаанд, агар хоҳӣ муроҷиат кун! Ва тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.


Ақидаи Таҳовӣ


[16]


62)-Имон иқрори ба забон ва тасдиқ бо қалб аст1.


63)-Ва ҳамаи он чизе ки аз Расул саллаллоҳу алайҳи ва


саллам собит шудааст, ҳамааш ҳақ аст. Ва имон як аст ва


аҳли имон дар асли он баробар ҳастанд2 ва бартарӣ дар


миёни онон ба тарс, тақво, мухолафати ҳавову ҳавас ва


амал кардан ба чизи беҳтар аст.


64)-Ва ҳамаи мӯъминон дӯстони Аллоҳи Раҳмон


ҳастанд ва боикромтарини онон дар назди Аллоҳ итоат-


кунандатарин ва пайравтарини онон ба Қуръон аст.


65)-Ва имон иборат аст аз имони ба Аллоҳ, малоика-


ҳои Ӯ, китобҳои Ӯ, расулони Ӯ, рӯзи охират ва ба қадар,


неку бадаш ва ширину талхаш аз ҷониби Аллоҳ таъолост.


1 Дар ин таъриф назар ва кутоҳӣ аст. Ва дурусташ, ки аҳли суннат ва ҷамоат бар


онанд, ин аст, ки имон қавлу амал ва эътиқод аст. Ба тоат зиёд мешавад ва ба


маъсият кам мешавад. Ва далелҳо бар ин ақида аз Қуръон ва Суннат бисёр аст,


аз ин ки ҳаср карда шавад. Шореҳ ибни Абилиз раҳимаҳуллоҳ баъзе онро зикр


кардааст, агар хоҳӣ муроҷиат кун. Баровардани амал аз таърифи имон, қавли


мурҷиа аст ва хилоф дар байни онон ва аҳли суннат лафзӣ нест, балки лафизию


маънавӣ аст. Дар асоси он ҳукмҳои бисёре тартиб меёбад, касе сухани аҳли


суннат ва сухани мурҷиаро андеша намояд, онро медонад. Ва ёридиҳанда


Аллоҳ аст.


2 Гуфтаи ӯ:«Ва имон як аст ва аҳли имон дар асли он баробар ҳастанд» дар ин


назар аст, балки ботилу ноҳақ аст. Аҳли имон дар он баробар нестанд, балки


онҳо дар он фарқи бузурге доранд. Имони расулон монанди имони дигарон


нест, ҳамчуноне ки имони халифаҳои рошид ва бақияи саҳоба разияллоҳу анҳум


монанди имони дигарон нест. Ва инчунин имони мӯъминон монанди имони


фосиқон нест. Ва ин фарқият мувофиқи он чизе, ки дар қалб аст мебошад, яъне


донистани Аллоҳ, номҳо ва сифатҳои Ӯ ва он чизе, ки барои бандагонаш шариат


қарор додааст ва ҳамин аст қавли аҳли суннат ва ҷамоат ба хилофи мурҷиа ва


касе, ки монанди қавли ононро мегӯяд. Ва ёридиҳанда Аллоҳ аст.


Ақидаи Таҳовӣ


[17]


66)-Мо ба ҳамаи ин имон дорем, дар миёни расулон


фарқ намегузорем ва ҳамаи онҳоро ва он чизе, ки


овардаанд, тасдиқ менамоем.


67)-Ва касоне, ки аз уммати Муҳаммад саллаллоҳу


алайҳи ва саллам гуноҳи кабира карданд, ҳаргоҳ ба


тавҳид бимиранд ва агарчи тавба накарда бошанд, баъди


ин ки бо Аллоҳ мӯъмину ориф мулоқот кунанд, дар оташ


ҳамеша намемонанд. Ва онҳо дар зери машийят ва


ҳукми Аллоҳ қарор доранд, агар хоҳад онҳо-ро ба


фазлаш мағфирату авф менамояд, ҳамонгуна ки Аллоҳ


азза ва ҷалла дар Китобаш фармудааст:Ва ба ҷуз ширк


барои касе хоҳад мебахшад. Сураи Нисо, ояти:48 ва агар


хоҳад ба адлаш онҳоро азоб медиҳад, сипас онҳоро ба


раҳмати Худ ва шафоати шафоатгарони аҳли тоаташ


хориҷ намуда ба сӯи Ҷаннаташ мефиристад, зеро Аллоҳ


таъоло аҳли маърифаташро дӯст медорад. Ва онҳоро дар


ҳар ду дунё монанди касоне, ки Ӯро нашинохта ва аз ҳи-


дояташ баҳра набурда ва аз дӯстияш чизе ҳосил накар-


даанд, қарор надодааст. Эй Аллоҳ, эй дӯстӣ Ислом ва


аҳли он моро бар дини Ислом, то вақте ки бо ту мулоқот


кунем, собит нигаҳ дор!


68)-Ва мо намозро аз пушти ҳар некукор ва бадкори


аҳли қибла дуруст мешуморем ва низ ҷаноза хондан бар


онҳоро дуруст мешуморем.


69)-Ва ягон каси аҳли қибларо ҷаннатӣ ва дӯзахӣ


намедонем ва шаҳодати намедиҳем бар онҳо ба куфр,


ширк ва нифоқ, то вақте ки аз онҳо чизе аз ин зикршуда-


Ақидаи Таҳовӣ


[18]


ҳо ошкор нагардад. Ва корҳои пинҳони онҳоро ба Аллоҳ


таъоло мегузорем.


70)-Ва шамшер кашиданро бар ягон нафари аз уммати


Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дуруст наме-


донем, магар бар касе ки шамшер воҷиб шудааст.


71)-Ва бар зидди имомон ва раҳбарони худ баромад-


анро ҷоиз намедонем ва агарчи ҷавру зулм кунанд. Ва


барои онҳо дуои бад намекунем. Ва аз итоати онҳо даст


намекашем ва итоати онҳоро, то вақте ки ба маъсият


фармон надиҳанд, ҳамчун тоати Аллоҳ азза ва ҷалла


фарз медонем. Ва барои онҳо ба салоҳу саломати дуо


мекунем.


72)-Ва мо аз аҳли суннат ва ҷамоат пайравӣ мекунем


ва аз танҳоӣ, хилоф ва тафриқа дӯрӣ меҷуем.


73)-Ва аҳли адолат ва амонатро дӯст медорем ва аҳли


ҷавру зулм ва хиёнатро бад мебинем.


74)-Ва илми он чизе, ки бар мо пӯшида мемонад,


мегуем:Аллоҳ беҳтар медонад.


75)-Ва масҳи бар хуффайн (маҳси ва мӯза)-ро дар


сафар ва ғайри он дуруст медонем, ҳамчуноне ки дар


асар омадааст.


76)-Ҳаҷ ва ҷиҳод бо раҳбари мусалмонон, некукор ва


бадкорашон, то рӯзи қиёмат идома доранд, чизе ин дуро


ботил ва нақз наменамояд.


77)-Ва ба Кироман котибин имон дорем, пас, ба ростӣ


Аллоҳ ононро бар мо нигаҳбон қарор додааст.


Ақидаи Таҳовӣ


[19]


78)-Ва ба Малакулмавт, ки ба гирифтани арвоҳи ола-


миён вазифадор аст, имон дорем.


79)-Ва ба азоби қабр барои касе, ки мустаҳиққи он аст


имон дорем. Ва ба саволи Мункару Накир дар қабри ҳар


шахс аз Парвардигораш, динаш ва набияш, ҳамонгуна ки


дар ҳадисҳои саҳеҳ аз Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва


саллам ва аз саҳобагон ризвонуллоҳи алайҳим омадааст,


имон дорем.


80)-Қабр боғе аз боғҳои Ҷаннат, ё чоҳе аз чоҳҳои Дӯзах


аст.


81)-Ба зинда шудани пас аз марг ва ҷазои аъмол дар


рӯзи қиёмат ва ҳозир шудан дар пешгоҳи Аллоҳ ва ҳисоб


ва хондани номаи аъмол ва савоб ва иқоб ва сирот ва


мизон имон дорем.


82)-Ва Ҷаннат ва Дӯзах ду махлуқ ҳастанд, ки фонӣ


намешаванд ва аз байн намераванд.


83)-Ва ба дурустӣ Аллоҳ таъоло Ҷаннату Дӯзахро пеш


аз дигар махлуқот офарида ва барои онҳо аҳли онҳоро


офаридааст, пас касе аз ононро бихоҳад аз рӯи фазлаш


вориди Ҷаннат мекунад ва касе аз ононро бихоҳад аз рӯи


адлаш вориди Дӯзах мекунад. Ва ҳар кас ба чизе ки


барояш навишта шудааст, амал мекунад ва ба сӯи чизе ки


офарида шудааст, сайр мекунад.


84)-Хайр ва шарр барои бандагон муқаддар шудааст.


85)-Ва иститоате, ки ба он феъл воҷиб мешавад,


монанди тавфиқе, ки махлуқ ба он васф карда намешав-


ад, пас ин иститоат ҳамроҳи феъл аст. Ва аммо иститоате,


Ақидаи Таҳовӣ


[20]


ки аз ҷиҳати дурустӣ, тавоноӣ, қудрат ва саломатии олат-


ҳост, пас ин иститоат пеш аз феъл аст ва хитоб ба он мута-


аллиқ мегардад, ҳамчуноне ки Аллоҳ таъоло мефармояд:


«Аллоҳ ҳеҷ нафсеро таклиф намекунад, магар ба андозаи


тавоноии он»1. Сураи Бақара, ояти:286


86)-Афъоли бандагон офаридаи Аллоҳ ва касби банда-


гон аст.


87)-Ва Аллоҳ таъоло ононро таклиф накардааст, магар


ба он чизе, ки қудрат доранд ва қудрат надоранд, магар


ба он чизе, ки таклиф шудаанд ва тафсири «ло ҳавла ва


ло қуввата илли биллоҳ» ҳамин аст. Мегуем:Ҳеҷ кас


чорае надорад ва ҳаракат карданро надорад ва аз гуноҳ


тавони гаштанро надорад, магар ба ёрии Аллоҳ. Ва ҳеҷ


кас тавони барпо кардани тоати Аллоҳ ва устувор будан


бар онро надорад, магар ба тавфиқи Аллоҳ.


88)-Ва ҳамаи чиз ба машийят, илм, қазо ва қадари


Аллоҳ таъоло сурат мегирад.


89)-Машийяти Ӯ ҳамаи машийятҳоро ғолиб аст ва


қазои Ӯ ҳамаи ҳилаҳоро ғолиб аст, чизе бихоҳад, анҷом


медиҳад ва Ӯ ҳаргиз золим нест. Аз ҳар бадӣ ва аз ҳар


айбу нуқсон поку муназзаҳ аст. «Аз он чи анҷом медиҳад,


1 Ин эътиқод дуруст нест, балки мукаллафон болои он чизе, ки Аллоҳ субҳонаҳу


онҳоро ба он таклиф намудааст, тоқат доранд, вале Аллоҳ азза ва ҷалла ба


бандагонаш лутф намуда ва бар онҳо осон намудааст ва бар онҳо дар дин аз рӯи


фазлу эҳсонаш машаққате қарор надодааст. Ва тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст. (Аз


таълиқоти шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон ибни Боз раҳима-


ҳуллоҳ нақл намудам)


Ақидаи Таҳовӣ


[21]


пурсида намешавад ва онон пурсида мешаванд». Сураи


Анбиё, ояти:23


90)-Дуо ва садақаҳои зиндагон ба мурдагон манфиат


медиҳад.


91)-Аллоҳ таъоло дуоҳоро иҷобат мекунад ва ҳоҷат-


ҳоро мебарорад.


92)-Ва Ӯ молики ҳамаи чиз аст ва чизе молики Ӯ нест


ва аз Аллоҳ таъоло касе ба андозаи як мижа задан


бениёз нест ва касе гумон кунад, ки ба андозаи як мижа


задан аз Аллоҳ бениёз аст, пас ӯ кофир мешавад ва аз


ҳалокгаштагон аст.


93)-Ва Аллоҳ ғазаб мекунад ва розӣ мешавад, на ба


монанди махлуқот.


94)-Ва асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва сал-


ламро дӯст медорем ва дар муҳаббати ҳеҷ кадоми онон


зиёдаравӣ намекунем ва касе, ки ононро бад бинад ва ба


некӣ ёд намекунад, бад мебинем. Ва онҳоро ёд намекун-


ем, магар ба некӣ. Ва дӯст доштани онҳо дин, имон ва


эҳсон аст ва бад дидани онҳо куфр, нифоқ ва туғён аст.


95)-Мо хилофатро баъд аз Расулуллоҳ саллаллоҳу


алайҳи ва саллам аввалан барои Абӯбакри Сиддиқ ра-


зияллоҳу анҳу исбот мекунем ва ӯро аз ҳамаи уммат


афзал ва муқаддам медонем, сипас барои Умар ибни


Хаттоб разияллоҳу анҳу, сипас барои Усмон разияллоҳу


анҳу, сипас барои Алӣ ибни Абӯтолиб разияллоҳу анҳу


исбот мекунем. Ва онон халифаҳои растагор ва имомҳои


роҳёфтаанд.


Ақидаи Таҳовӣ


[22]


96)-Ва албатта даҳ нафаре, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу


алайҳи ва саллам номи онҳоро гирифта ва ба Ҷаннат


башорат додааст, мо ба ҷаннатӣ будани онҳо бинобар


шаҳодати Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам шаҳо-


дат медиҳем ва қавлу фармудаи Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва


саллам ҳақ аст. Ва онон иборатанд аз:Абӯбакр, Умар,


Усмон, Алӣ, Талҳа, Зубайр, Саъд, Саъид, Абдурраҳмон


ибни Авф ва Абӯубайда ибни Ҷарроҳ ва ӯ амини ин


уммат аст, ризоӣ Аллоҳ бар ҳамаи онон бод.


97)-Ва ҳар кас нисбати асҳоби Расулуллоҳ саллаллоҳу


алайҳи ва саллам ва ҳамсарони тоҳираи Ӯ аз ҳар нопокӣ


ва фарзандони муқаддаси Ӯ аз ҳар палидӣ сухани нек


бигӯяд, пас, ба ростӣ аз нифоқ пок шудааст.


98)-Олимони салаф аз собиқин ва тобиъини баъди


онон аҳли хайр ва асар ва аҳли фиқҳ ва назар ҳастанд, ёд


карда намешаванд, магар ба некӣ. Ва касе ононро ба


бадӣ ёд кунад, пас ӯ дар роҳи мӯъминон нест.


99)-Ва мо ягон авлиёро бар ягон анбиё алайҳимус


салом бартарӣ намедиҳем ва мегуем:Як набӣ аз тамоми


авлиё афзалу бартар аст.


100)-Ба каромоти авлиё ва ривоятҳои саҳеҳе, ки аз


ровиёни қобили эътимод ривоят шудааст, имон дорем.


101)-Ва мо ба аломатҳои қиёмат, яъне баромадани


Даҷҷол, фурӯ омадани Исо ибни Марям алайҳис салом аз


осмон, баромадани офтоб аз мағриб ва баромадани


Доббатуларз аз мавзеъаш имон дорем.


Ақидаи Таҳовӣ


[23]


102)-Мо коҳин, арроф ва касеро, ки даъвои чизе


мекунад, ки мухолифи Қуръон, Суннат ва иҷмоъи уммат


аст, тасдиқ намекунем.


103)-Мо ҷамоату иттиҳодро ҳаққу савоб ва тафриқаву


парокандагиро гумроҳию ҳалок медонем.


104)-Ва дини Аллоҳ дар замину осмон якта аст ва он


дини Ислом аст, Аллоҳ таъоло мефармояд:«Ба ростӣ


дини мақбул дар пешгоҳи Аллоҳ Ислом аст». Сураи Оли


Имрон, ояти:19 Ва Аллоҳ таъоло мефармояд:«Ва Ислом-


ро ба унвони дин барои шумо розӣ шудам». Сураи


Моида, ояти:3


105)-Дини Ислом байни зиёдаравӣ ва кутоҳӣ ва байни


ташбеҳу таътил ва байни ҷабру қадар ва байни умед-


ворию ноумедӣ аст.


106)-Пас, ин зоҳирану ботинан дину эътиқоди мост ва


ҳар кас хилоф кунад он чиро, ки зикру баён кардем, мо аз


вай дар пешгоҳи Аллоҳ безорӣ меҷуем.


Ва аз Аллоҳ таъоло мехоҳем, ки моро бар имон собит


гардонад ва хотимаи моро ба имон қарор диҳад. Ва моро


аз ҳавову ҳаваси мухталиф ва назарияҳои пароканда ва


мазҳабҳои пасту каҷшуда монанди мушаббиҳа, мӯътази-


ла, ҷаҳмия, ҷабрия, қадария ва ғайрашон, ки аҳли суннат


ва ҷамоатро мухолифат карда ва бо аҳли залолат ҳам-


паймон шудаанд, нигаҳ дорад ва мо аз онҳо безорем ва


онҳо дар назди мо гумроҳу каҷшудагон ҳастанд. Ҳифозат


ва тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст.



Recent Posts

Ақидаи Таҳовӣ раҳимаҳ ...

Ақидаи Таҳовӣ раҳимаҳуллоҳ матни тоҷикӣ

Ақидаи исломӣ барои н ...

Ақидаи исломӣ барои наврасон

پرسش و پاسخ در مورد ع ...

پرسش و پاسخ در مورد عادات طبیعی زنان

Масъалаҳои муҳим аз ҳ ...

Масъалаҳои муҳим аз ҳадиси суоли ду малоика “Парвардигорат кист? Динат чист? Ва паёмбарат кист?”