Articles

Ақидаи исломӣ


барои наврасон


Муаллиф:


Абдуллоҳ ибни Муҳаммади Язидӣ


Тарҷумон:


Шаҳобиддин Солеҳ


اﻟﻌﻘﯿﺪة اﻹﺳﻼﻣﯿۀ ﻟﻸﻃﻔﺎل


Ақидаи исломӣ барои наврасон


3


Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон


Сипосу ситоиш барои Худо, ки комил кард барои мо


неъматҳояшро, неъматҳои зоҳири ва ботиниро ва раҳмату


салом нозил бод ба Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ки Ӯро Худо


барои раҳмати оламиён фиристод ва ба олӣ Ӯ ва асҳоби Ӯ.


Аммо баъд:Барои аҳамияти ақидаи тавҳид дар ҳаёти


мусалмон ва хоссатан барои насли наврас, пас ман нек


шуморидам навиштани ақидаи мухтасарро ба шакли суолу


ҷавоб барои насли наврас ва барои аҳамияти бузург дошт-


анаш. Ва ин ҳам бошад ба он хотир, ки саҳобагон имонро


пеш аз Қуръон таълим гирифтанд, пас ҳангоме ки Қуръонро


хонданд имонашон зиёд шуд.


Холид ибни Абдуллоҳи Баҷалӣ (р) гуфт:Имонро пеш аз


Қуръон таълим гирифтем, пас ҳангоме ки Қуръонро хондем


имонамон зиёд шуд. Ва дар ин маъно қавле мар ибни Умар


(р)-рост. Дар ҳақиқат дар навиштани ин рисола риоя


намудам, то ки осон бошаду бо умру фаҳми наврасон


муносиб. Ва муаллим дар таълими ақидаи дуруст ба насли


наврас аз ин рисола истифода барад. Ин рисола аз ҳафтод


суол иборат аст.


Ин рисоларо "Ақидаи исломӣ барои наврасон" номидам.


Аз Худои бузургу тавоно масъалат дорам, ки ба ин


рисола наврасони мусалмонро фоида диҳад ва ин рисоларо


холис барои ризои хеш бипазирад. Ва раҳмату саломи Худо


нозил бод ба паёмбарамон Муҳаммад ва ба олӣ Ӯ ва


асҳоби Ӯ. Ва сипосу ситоиш барои Аллоҳ, ки Парвардигори


оламиён аст.


Навиштаи:


Абдуллоҳ Муҳаммад


ибни Алӣ ал-Язидӣ


Ақидаи исломӣ барои наврасон


4


С-1:Парвардигори ту кист?


Ҷ-1:Худо парвардигори ман аст.


С-2:Кӣ туро офарид?


Ҷ-2:Ман ва ҳамаи чизро Худо офарид.


С-3:Маънои Раб чист?


Ҷ-3:Раб ҳамон Худоест, ки нест маъбуди барҳақ магар Ӯ,


Зоти танҳову бениёзе, ки назод ва назода шуд ва ҳеҷ кас


монанди Ӯ нест.


С-4:Парвардигорат дар куҷост?


Ҷ-4:Аллоҳ таъоло бар болои аршаш муставӣ аст1.


С-5:Ба чӣ Парвардигоратро мешиносӣ?


Ҷ-5:Парвардигорамро ба нишонаҳову махлуқҳояш меши-


носам. Аз ҷумлаи нишонаҳову махлуқҳояш, ки бар Вайю


бар сунъӣ бузургаш далолат мекунад, инҳоянд:Офтобу


моҳтоб, шабу рӯз, осмонҳову замин, баҳр.


Навҷавони азиз ба сӯи осмон нигоҳ кун, онро чӣ гуна


мебинӣ? Онро бинои устуворӣ ба ситорагон зиннатдода


шуда мебинӣ, дар он халалу сурохе нест. Оё ба бузургии


Худо далолат намекунад? Бале далолат мекунад.


Навҷавони азиз ба сӯи баҳру мавҷҳои он ва он чизе, ки


Худо дар он амонат гузошта аст, нигоҳ кун!


Навҷавони азиз ба ангуштони дастат нигоҳ кун, оё онҳо-


ро баробар мебинӣ? Оё ин ба бузургии Худованди пок


далолат намекунад?


Ва инчунин Парвардигорамро ба номҳову сифатҳояш ме-


шиносам. Пас он Худои танҳову бениёзест, ки назод ва


1 Дар табааи якум тибқи нусхаи арабӣ «Дар осмон» тарҷума шуда аст,


ки ин мутобиқи ҳадиси Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст ва


дар табааи дуввум мутобиқи оят тарҷума шуда аст.


Ақидаи исломӣ барои наврасон


5


назода шуд ва ҳеҷ кас монанди Ӯ нест. Ва он Худои донову


огоҳ, зиндаву қайюм, омӯрзандаву меҳрубон аст.


С-6:Барои чӣ Худо заминро барои мо ҳамвор сохт?


Ҷ-6:Худованд заминро барои мо ҳамвор сохт, то ки дар


навоҳии он биравем ва аз ризқи он (яъне аз он чизе, ки аз


он мерӯяд) бихӯрем.


С-7:Худо шабу рӯзро барои чӣ офарид?


Ҷ-7:Худо барои мо шабро офарид, то дар он хоб кунем ва


аз душвориҳои рӯз ором бигирем. Ва Худо рӯзро барои


зиндагии мо офарид.


С-8:Албатта офаринандаи ту Худост, туро аз чӣ халқ кард?


Ҷ-8:Дар асл Худо маро аз хок офарид, сипас аз нутфа,


сипас аз хуни баста, сипас аз гуштпора, сипас аз устухон,


сипас Худо он устухонҳоро бо гушт пӯшонид. Сипас маро


халқи дигар офарид, пас бузург аст Худо, ки нектарин офа-


ринанда аст.


С-9:Худо туро барои чӣ офарид?


Ҷ-9:Худои таъоло маро барои умури зерин офарида аст:


1-Барои яккаву ягона парастиданаш, ки Ӯ шарике


надорад.


2-Барои ба ҷо овардани амрҳояш.


3-Барои парҳез намудан аз корҳое, ки манъ намуда аст.


Худои таъоло гуфт: MI HGFED CL Ман ҷинну


инсонро барои он офаридам, ки танҳо Маро бипарастанд.


Сураи Зориёт, ояти:56


С-10:Маънои ибодат чист?


Ҷ-10:Ҳар кору сухане, ки онро Худо дӯст медорад ва аз он


розӣ мешавад, монанди:намоз, закот, ҳаҷ, рӯза, некӯии


падару модар, дуову зикр, амри маъруф, наҳйи мункар,


рафтори нек, сухани нек, ба мардум некӯӣ кардан, дар рӯи


Ақидаи исломӣ барои наврасон


6


бародари мусалмон хандидан, салом додан ва ҷавоби


салом гуфтан, барои ризои Худо зиёрат кардану дӯст дош-


тани мусалмон ва барои ризои Худо бад дидани фосиқон.


С-11:Оё мехоҳӣ аз дӯстони Худо бошӣ?


Ҷ-11:Бале, мехоҳам аз дӯстони Худо бошам, ки аз онҳо


Худо розӣ шудааст.


С-12:Чӣ гуна аз дӯстони Худо мешавӣ?


Ҷ-12:Ҳар вақте Худоро итоат ва ибодат кунӣ аз дӯстони


Худо мебошӣ ва ин ҳам бошад ба муҳофазати панҷ вақт


намоз, некӯии падару модар, рафтори нек, ёрдами мӯҳтоҷ


ва дар кори нек саъю кӯшиш кардан аст.


С-13:Агар шахсе туро пурсад, ки дини ту чист?


Ҷ-13:Мегӯӣ, дини ман Ислом аст, ки аз рӯи дину манҳаҷ


Худои таъоло барои ман розӣ шудааст. Худои таъоло гуфт:


MKUTSRQP ONMLL


Имрӯз барои шумо динатонро пурра кардам ва неъмат-


амро барои шумо ба итмом расонидам ва аз барои шумо


дини Исломро розӣ шудам. Сураи Моида, ояти:3


С-14:Оё Худои таъоло аз ягон шахс ба ҷуз дини Ислом


дини дигареро қабул мекунад?


Ҷ-14:Не, Худо аз ягон шахс динеро ба ҷуз Ислом қабул


намекунад, Худои таъоло гуфт: ML K J I HL Ба


дурусти дини ҳақ дар назди Худо Ислом аст. Сураи Оли


Имрон, ояти:19


Ва Худои таъоло гуфт:


MLKJIHGFEDC BA@?L


Ва шахсе ғайри дини Ислом дини дигареро бихоҳад, пас


ҳаргиз Худо аз он шахс онро қабул намекунад ва он шахс


Ақидаи исломӣ барои наврасон


7


дар охират аз ҷумлаи зиёнкорон аст. Сураи Оли Имрон,


ояти:85


С-15:Оё барои яҳуду насоро қабул кардани дини Ислом


баъди фиристодани паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу


алайҳи ва саллам фарз аст, ё ба динашон боқӣ мемонанд?


Ҷ-15:Ба онҳо қабул кардани дини Ислом ва пайравӣ


кардани паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фарз


аст. Агар ин амрро ба ҷо наоранд дар охират аз ҷумлаи


зиёнкоронанд.


С-16:Оё дини Ислом пеш аз фиристодани Муҳаммад сал-


лаллоҳу алайҳи ва саллам буд?


Ҷ-16:Бале, дини Ислом пеш буд, зеро ки Ислом дини


ҳамаи паёмбарон аст.


С-17:Маънои ислом чист?


Ҷ-17:Маънои ислом:Худои таъолоро ба ягонагии холис1


ва Ӯро ба тоъату дӯст доштан итоат кардан ва назди Ӯ субҳо-


наҳу ва таъоло худро шикастанафс гирифтан аст2. Худои


таъоло гуфт:





1 Mo n m l k j i hL Амр карда нашуданд магар ба ин ки


Худоро ба ихлоси комил бипарастанд. Сураи Байина, ояти:5





"Зеро онон дар корҳои нек шитоб мекарданд ва моро аз рӯи рағбат ва


тарс мехонданд ва дар баробари Мо хошиъ буданд. Яъне мутавозеъ,


мутазарриъ ва фурӯтан буданд".


M) ( ' &L "Ва барои Худо фурӯтанона биистед" яъне дар


намоз ба фурӯтанӣ ва хоксорӣ биистед.


Ақидаи исломӣ барои наврасон


8


Не, савганд ба Парвардигорат, ки имон наёваранд, магар


он ки дар ҳамаи низоъе, ки миёни онҳост туро довар қарор


диҳанд. Ва онгоҳ аз он ҳукме, ки ту медиҳӣ ҳеҷ нохушнуд


нашаванд ва саросар таслими он гарданд. Сураи Нисо,


ояти:65


С-18:Бинои Ислом чандто аст?


Ҷ-18:Бинои Ислом панҷтост:


1-Гувоҳӣ додан ин ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Худо ва


ин ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст.


2-Барпо доштани намоз.


3-Закот додан.


4-Рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро доштан.


5-Хонаи Худоро ҳаҷ намудан барои шахсе, ки тавоноӣ


дорад. Фиристодаи Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ме-


фармояд:





Ислом бар панҷ поя бино шудааст:Гувоҳӣ додан ба ин ки


нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Худои якто ва ин ки Муҳаммад


саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристодаи Худост, барпо


доштани намоз, закот додан, ҳаҷҷи хонаи Худо, рӯзаи Рама-


зон. Ин ҳадисро имом Муслим ривоят кардааст.


С-19:Маънои гувоҳӣ «Ло илоҳа иллаллоҳ» чист?


Ҷ-19:Маънояш:Нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Худо субҳо-


наҳу ва таъоло ва ин нафю исбот аст.


С-20:Чист он чизе, ки онро ба ҷо биёрӣ Худо туро дӯст


медорад?


Ҷ-20:Он чиз пайравӣ ва иқтидо кардан ба паёмбари Худо


саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ба ахлоқи Ӯст. Худои таъо-


Ақидаи исломӣ барои наврасон


9


ло гуфт: M@ ? >E D C B AL Бигӯ «эй Муҳаммад


саллаллоҳу алайҳи ва саллам» агар шумо Худоро дӯст


доред, пас маро «яъне Муҳаммадро» пайравӣ кунед, Худо


шуморо дӯст медорад. Сураи Оли Имрон, ояти:31


С-21:Гувоҳӣ додани ин ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи


ва саллам фиристодаи Худост чӣ маъно дорад?


Ҷ-21:Маънояш ин ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва


саллам фиристодаи Худост. Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам-


ро Худои таъоло барои раҳмати ҳамаи оламиён фиристод.


Худои таъоло мефармояд: Me d c b a `L Мо


туро барои раҳмати оламиён фиристодем. Сураи Анбиё,


ояти:107


Ва Ӯ хотами анбиёст ва баъди Ӯ ҳаргиз набие намеояд.


Худои таъоло мефармояд:


MÄÃÂÁ À¿¾½¼» º¹L


Муҳаммад падари ҳеҷ як аз мардони шумо нест, лекин Ӯ


расули Худо ва хотами паёмбарон аст. Сураи Аҳзоб, ояти:40


Ва маънояш низ ин аст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва


саллам дар ҳаёти ту пешвоят бошад, пас ӯро пайравӣ на-


моӣ, ба ҷуз сухани Ӯ ба сухани ягон шахс таассуб нанамоӣ


ва ягон нафар аз ҷумлаи душманони Худоро «яъне яҳуди-


ёну насоро ва бединонро» тақлид нанамоӣ.


С-22:Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам бар ту


чӣ ҳуқуқе дорад?


Ҷ-22:Ҳуқуқи Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам бар ман


бисёр аст ва аз ҷумлаи он ҳақҳо инҳост:


1-Ба Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайравӣ кардан.


2-Ӯро дӯст доштан.


3-Ба ахлоқи Ӯ пайравӣ кардан.


Ақидаи исломӣ барои наврасон


10


4-Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва салламро бузург шуморидан.


5-Тоъат ва ёрдами Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ин


ҳам бошад ба даъват кардани ба исломе, ки Ӯ саллаллоҳу


алайҳи ва саллам ба он даъват кардааст, мебошад.


С-23:Оё баъди паёмбари Худо «Муҳаммад саллаллоҳу


алайҳи ва саллам» набие меояд?


Ҷ-23:Не, баъди Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам


набие нест, зеро ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва сал-


лам хотами анбиёст ва шахсе гумон кунад, ки Ӯ баъди паём-


бари мо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам паёмбар


аст, пас ӯ дурӯғгӯ ва гумроҳу кофир аст.


С-24:Маънои салот «намоз» чист?


Ҷ-24:Маънои салот «намоз» дар луғат дуост ва дар шари-


ат:Он иборат аст аз кирдору гуфторе, ки ба Аллоҳу акбар сар


мешавад ва ба салом додан тамом мешавад.


С-25:Далели фарз будани намозу закот чист?


Ҷ-25:Далел фармудаи Худои таъоло аст:


Mts rqpon mlkjihux wvL


Ва фармуда нашуд эшонро магар он ки ибодат кунанд


Худоро холис сохта барои Ӯ парастишро, мутадайин ба дини


Иброҳим шуда ва барпо доранд намозро ва бидиҳанд


закотро ва ин аст аҳкоми дини дуруст. Сураи Байина, ояти:5


С-26:Маънои савм «рӯза» чист ва далели фарзияташ чист?


Ҷ-26:Дар луғат:Боздоштан аст. Ва маънояш дар шариат:


Боз доштани нафс аст аз таъому шароб ва аз ҷимоъ аз


баромадани субҳ то фурӯ рафтани офтоб. Ва далел ба фарз


будани рӯза фармудаи Худост:


M? > = < ; : 9 8 7 6 5 4 3


A@L


Ақидаи исломӣ барои наврасон


11


Эй мӯъминон! Рӯза ба шумо фарз шуда ҳамонгуна ба


касоне, ки пеш аз шумо буданд фарз шуда буд, то парҳезгор


шавед. Сураи Бақара, ояти:183


С-27:Мақсад аз рӯза чист?


Ҷ-27:Мақсад аз рӯза ин аст:


1-Аз Худои таъоло тарсидан.


2-Ҳоҷати фақирону мискинонро ҳис кардан.


3-Одат кунондани нафс ба сабр ва ба бардоштани ма-


шаққат.


С-28:Маънои ҳаҷ чист ва далели фарз буданаш чист?


Ҷ-28:Ҳаҷ корҳову гуфторҳое, ки ба он мусалмон қоим


мешавад аз тавоф, саъйи байни Сафо ва Марва, дар Арафот


истодан, дар Минову Муздалифа хобидан, мол куштан,


тарошидани сар ва санг партофтан. Ва далели фарз буданаш


дар китоби Худои таъолост: ¥¤£¢ ¡ ~}|


Ва ҳаққи Худо ба мардум ҳаҷ кардани Байтулҳаром аст.


Барои шахсе, ки қудрат дорад. Сураи Оли Имрон, ояти:97


С-29:Бар мусалмон дар ҳаёташ чанд бор ҳаҷ фарз аст?


Ҷ-29:Бар мусалмон дар ҳаёташ як бор ҳаҷ фарз аст.


С-30:Маънои имон чист?


Ҷ-30:Имон дар луғат тасдиқ аст ва гуфта шудааст, ки иқ-


рор аст. Ва маънояш дар назди аҳли суннат:Ба дил эътиқод


кардан, ба забон гуфтан ва ба ҷавориҳ амал кардан аст1. Ва


ҳар вақте мутлақ гуфта шавад, пас маънояш инчунин аст:


1 Имоми Аъзам «яъне Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит раҳимаҳуллоҳ»


имонро чунин таъриф кардааст:Имон иқрори ба забон ва тасдиқи ба


дил аст. Имоми Аъзам ҳам яке аз имомони бузурги аҳли суннат


мебошад, локин дар ин масъала боқии имомони аҳли суннатро хилоф


кардааст.


Ақидаи исломӣ барои наврасон


12


Имон овардан ба Худо ва малоикаҳояш ва китобҳояш ва


расулонаш ва рӯзи қиёмат ва ба тақдири некӯ бадаш.


С-31:Имон чанд аркон дорад?


Ҷ-31:Имон шаш аркон дорад:


1-Имон овардан ба Худо.


2-Имон овардан ба малоикаҳо.


3-Имон овардан ба китобҳо.


4-Имон овардан ба паёмбарон.


5-Имон овардан ба рӯзи қиёмат.


6-Имон овардан ба тақдири некӯ бад.


С-32:Маънои имони ба Худо чист?


Ҷ-32:Маънояш ин аст, ки имон меорам, бовар мекунам,


иқрор мекунам ба ин ки Худо парвардигору офаринанда ва


ризқдиҳандаи ман аст ва ин ки Худо ин оламро офарида аст


ва бар он мусайтир аст ва ин ки бозгашти ин олам ба сӯи


фаност. Mj i h g fL Ба ҷуз Зоти Худо ҳамаи чиз


ҳалокшаванда аст. Сураи Қасас, ояти:88


Ин ҳангоми қоим шудани қиёмат ва бозгашти мардум ба


сӯи парвардигорашон барои ҳисоб мебошад.


С-33:Имони ба фариштагон чӣ маъно дорад?


Ҷ-33:Маънояш ин аст, ки барои Худо малоикаҳост амри


Худоро итоат мекунанд ва ба ҳар он чизе, ки амр карда


мешаванд ба ҷо меоранд ва амри Худоро нофармонӣ наме-


кунанд. Худованд эшонро аз нур барои ибодат карданаш


халқ кард ва барои онҳо чанд навъ вазифаҳо гардонид. Ва


дар Қуръон ва суннати пок баъзе ҳамон малоикаҳоро зикр


кард.


С-34:Имони ба китобҳо чӣ маъно дорад?


Ҷ-34:Маънояш:Эътиқод кунем ин ки Худои таъоло бар


расулонаш китобҳо фурӯ овард, то ин ки ба мардум корҳои


Ақидаи исломӣ барои наврасон


13


динашонро биёмӯзанд. Пас фарз аст, ки имон биёрем ин ки


Худо ба Мусо алайҳис салом Тавротро, ба Исо алайҳис


салом Инҷилро ва саҳифаҳои Иброҳим ва Мусоро ва ба


паёмбари мо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Қур-


ъонро фурӯ овард.


С-35:Имони ба паёмбарон чӣ маъно дорад?


Ҷ-35:Маънояш:Эътиқод кардан бар ин ки Худои таъоло


ба сӯи мардум паёмбаронро хушхабардиҳанда ва бимкун-


анда фиристод. Мақсад аз ин барпо кардани ҳуҷҷат аст бар


мардум, то ин ки нагӯянд дар рӯзи қиёмат ба мо бимкунан-


да наёмад. Худои таъоло фармудааст:


MÀ¿ ¾½¼ »ºL


Ва Мо азобкунанда нестем, то он ки паёмбареро фирис-


тем. Сураи Исро, ояти:15


Дар китоби мубин Худои таъоло паёмбараш саллаллоҳу


алайҳи ва салламро хитоб карда моро хабар додааст:


M.-,+* )('&L


Баъзе паёмбаронро бар ту қисса кардем ва баъзеашро


қисса накардем. Сураи Ғофир, ояти:78


Пас имон ба ҳамаи паёмбарон фарз аст.


С-36:Имон ба рӯзи қиёмат чӣ маъно дорад?


Ҷ-36:Маънояш:Эътиқоди устувор намудан ба ин ки рӯз-


ест онро рӯзи қиёмат номида мешавад. Дар он рӯз ҳамаи


мардум боз мегарданд ва аз қабрҳояшон барангехта ме-


шаванд дар назди Худо аз Одам алайҳис салом то охири


махлуқе, ки дар рӯи замин аст барои ҳисоб. Ба дурусти Худо


ҳамаи махлуқотро шуморида аст, пас кофирҳо дар оташи


Дӯзах медароянд ва мӯъминҳо Ҷаннат даромада, дар он


беҳисоб ризқ дода мешаванд.


Ақидаи исломӣ барои наврасон


14


С-37:Оқибат инсон ба куҷо боз мегардад?


Ҷ-37:Бозгашти инсон ва охираш марг ва боз гаштан ба сӯи


Худои поку бузург ва дар рӯзи қиёмат назди Худо қоим


шудан аст. MÆ Å Ä Ã Â ÁL Рӯзе, ки мардум назди


Парвардигори оламиён мехезанд. Сураи Мутаффифин, ояти:6


Худои таъоло фармуд:





Ҳар кас чашандаи таъми марг аст ва албатта рӯзи қиёмат


аҷрҳоятонро дода мешавед, пас ҳар кас, ки аз оташ дур


гардонида шуд ва дохили Биҳишт гардонида шуд, пас


ҳамоно растагор шуда аст. Ва нест зиндагии дунё ба ҷуз


матоъи фиребдиҳанда. Сураи Оли Имрон, ояти:185


С-38:Ба кадом ҳолат кофирону мунофиқон1 мемиранд?


Ҷ-38:Замоне ки кофир ва мунофиқ мемирад, ба дурустӣ


Агар бубинӣ замоне ки ситамгорон мемиранд, малои-


каҳо бар рӯю пушти онҳо мезананд ва «мегӯянд» бичашед


азоби сузонро, ин ба муқобили он чизе, ки кардед. Ва ба


дурустӣ Худо зулм кунандаи бандагонаш нест. Сураи Анфол,


ояти:50


1 Одами дурӯя, касе, ки дар зоҳир худашро мусалмон нишон медиҳад


ва лекин дар ботинаш куфрро пинҳон мекунад.


малоикаҳо бар рӯву пушти онҳо мезананд ва ҷони онҳоро


ба сахтию душворӣ мегиранд ва ба азоби хоркунанда ха-


барашон медиҳанд. Худои таъоло фармуд:





Ақидаи исломӣ барои наврасон


15


Ва Худои поку бузург фармудааст:





Ва тааҷуб кунӣ чун бингарӣ вақте ки золимон дар сах-


тиҳои марг бошанд ва фариштагон дастҳои худро дароз


мекунанд яъне мезананд мегӯянд берун оред рӯҳҳои худро


имрӯз ҷазо дода хоҳед шуд азоби расвокунанда ба сабаби


он ки мегуфтед бар Худо ноҳақ ва ба сабаби он ки аз


тасдиқи оёти Ӯ саркашӣ мекардед. Сураи Анъом, ояти:93


С-39:Мӯъмин ба кадом ҳолат мемирад?


Ҷ-39:Ҳолате ки мӯъмин мемирад ҳолати розӣ карда шуда


ва пок аст. Ӯро малоикаҳо ҳангоми гирифтани ҷонаш ба


Ҷаннату амн ва эминию оромӣ ва ба сӯи бозгашти некаш


башорат медиҳанд. Худои таъоло фармуд:





Ҳар оина онон, ки гуфтанд Парвардигори мо Худост боз


қоим монданд фурӯд меоянд бар эшон фариштагон «яъне


наздики мавт», ки матарсед ва андӯҳ махӯред ва хушҳол


шавед ба Биҳиште, ки ваъда дода мешудед. Мо дӯстони


шумоем дар зиндагонии дунё ва дар охират.


Сураи Фуссилат, ояти:30-31


С-40:Тавобиъи имон ба рӯзи қиёмат чист?


Ҷ-40:Аз тавобиъи имон ба рӯзи қиёмат оне, ки ҳоло зикр


мекунем:Имон овардан ба азоби қабр ва неъматҳои он ва


ин ки мӯъмин дар қабраш неъмат дода мешавад ва кофиру


мунофиқон дар қабр азоб дода мешаванд. Ва ба Мункару


Ақидаи исломӣ барои наврасон


16


Накир1, дамидани дар Сур2, барангехтан, тарозу, пул, ҳавз


ва ба Ҷаннату Дӯзах имон овардан аст.


С-41:Оё Ҷаннату Дӯзах вуҷуд доранд?


Ҷ-41:Бале, Ҷаннату Дӯзах вуҷуд доранд ва ҳар ду махлуқи


Худо ҳастанд, пас Ҷаннат мӯъминонро мунтазир аст ва


Дӯзах кофиронро.


С-42: Оё яке аз мусалмонон замоне дохили Дӯзах меша-


вад, ё новобаста аз гуноҳонаш ҳаргиз дохили Дӯзах наме-


шавад?


Ҷ-42:Бале мусалмонҳо ба кирдори бадашон, ба сарпе-


чияшон, ба гуноҳони бузурге, ки аз эшон содир шуда ва аз


он гуноҳон тавба накарданд. Пас ҳаргоҳе ки онҳоро Парвар-


дигорашон бимиронад ва эшон бар ҳамон ҳол ҳастанд. Пас


амрашон ба сӯи Худои поку бузург аст, агар хоҳад як замоне


эшонро азоб медиҳад, сипас онҳоро дохили Ҷаннат мекун-


ад ва агар хоҳад гуноҳони эшонро меомӯрзад.


С-43: Имони ба тақдир чӣ маъно дорад?


Ҷ-43:Маънояш:Эътиқод кардани мусалмон бар ин ки ҳар


мусибате ба ӯ мерасад хоҳ нек бошад, ё бад. Пас албатта ин


мусибат ба ӯ тақдир карда шуда аст ва дар Лавҳи маҳфуз


навишта шуда аст. Пас бояд мусалмон ба ин имон биёраду


розӣ шавад.


С-44: Замоне ки ба ту мусибат расад, бояд чӣ бигӯӣ?


Ҷ-44:Мегӯӣ «Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун» яъне


«Мо махлуқи Худо ҳастем ва ба сӯи Вай бозгардандаем».


С-45: Маънои таваккали ба Худо чист?


1 Номи ду фариштае, ки пас аз марг дар гӯр ба сари мурда омада ӯро


савол мекунанд.


2 Карнай, шайпури Исрофил номи фаришта, ки дар он дар рӯзи қиёмат


хоҳад дамид ва тамоми мурдагон зинда хоҳанд шуд.


Ақидаи исломӣ барои наврасон


17


Ҷ-45:Маънояш:Баъди ба асбоб амал кардан, амрро ба


Худои таъоло супоридан. Пас донишҷӯ барои аз имтиҳон


наҷот ёфтанаш ба музокира ва муроҷиа амал мекунад. Баъд


барои талаби наҷот ба Худо таваккал мекунад ва инчунин


омил ва зироаткор...то охир.


С-46: Маънои эҳсон чист?


Ҷ-46:Эҳсон амалро мӯҳкам кардан ва бар ваҷҳи дуруст ба


ҷо овардан. Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам


мефармояд:





Ба дурустӣ Худо эҳсонро бар ҳамаи чиз навишта аст, пас


ҳар вақте «мол» куштед, пас нек бикушед, ҳар вақте забҳ


кардед пас нек забҳ кунед ва гӯ то яке аз шумо кордашро


тез кунад ва он чизеро, ки забҳаш мекунад роҳаташ биди-


ҳад.


С-47: Эҳсон чанд асос дорад?


Ҷ-47:Эҳсон ду асос дорад:


1-Худоро ибодат кунӣ, гӯё ту ӯро мебинӣ!


2-Пас агар ту Ӯро набинӣ Ӯ туро мебинад.


Ба ин маъно, ки Худои таъолоро дар ҳамаи корҳоят дар


назар гирифта ва аз Ӯ дар ҳама вақтҳоят хоҳ дар байни


мардум хоҳ дар хилват буданат, битарсӣ. Ва нақл карда


шуда аст, ки шайхе хост зиракии шогирдонашро бисанҷад.


Пас аз онҳо талаб намуд, ки ҳар яки аз онҳо мурғеро забҳ


намояд дар маконе, ки касе ӯро набинад. Пас ҳамаи онҳо


дар маконҳое, ки аз чашми мардум пушида буд, забҳ


намуданд ба ҷуз як нафари онҳо. Ӯро шайх пурсид чаро


мурғро накуштӣ? Шогирд гуфт:Гуфтед! Дар маконе, ки маро


Ақидаи исломӣ барои наврасон


18


ҳеҷ кас набинад ва Худои таъоло маро мебинад. Пас шайх


ба зиракиву фаҳми ин шогирд ба мақсадаш тааҷуб намуд.


С-48: Нишонаҳои қиёмат чист?


Ҷ-48:Нишонаҳои қиёмат далелҳо ва аломатҳое, ки бар


наздикии қиёмат ва воқеъ шуданаш барои гаштани мардум


ба сӯи Парвардигорашон далолат мекунад.


С-49: Нишонаҳои қиёмат ба чанд қисм тақсим мешавад?


Ҷ-49:Ба ду қисм:Нишонаҳои суғро «хурд» ва кубро «калон».


С-50:Нишонаҳои қиёмати суғро «хурд» чист? Мисоле


зикр намоед.


Ҷ-50:Нишонаҳое, ки пеш аз нишонаҳои калон пайдо ме-


шавад. Ва аз ҷумлаи мисолҳояш ин аст, ки ғуломзан мав-


лояшро таваллуд намояд ва ин ки пойлуч, бараҳна, чупонро


мебинӣ, ки дар сохтани хонаҳо фахр мекунанд...то охир.


С-51:Нишонаҳои қиёмати кубро «калон» чист?


Ҷ-51:Нишонаҳоест, ки пеш аз қиёмат ба андаке замон


зоҳир мешавад. Мисол:Баромадани ОФтоб аз офтобшин ва


баромадани Добба1 ва зоҳир шудани Даҷҷол2, баромадани


Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ3 ва фаромадани Исо алайҳис салом аст.


С-52:Маънои тавҳид чист?


Ҷ-52:Маънояш:Худоро ягона парастидан ва ба Ӯ шарик


наовардан.


С-53:Ақсоми тавҳид чандто аст?


Ҷ-53:Сето аст:


1 Ҳайвонест, ки пеш аз қиёмат мебарояд, лекин он ғайри ҳайвонҳоест,


ки одамон медонанд, зеро ки мардумро хитоб мекунад.


2 Шахси якчашми дурӯғгӯе, ки дар охири замон пайдо мешавад ва


бисёри мардум фиреб мехӯранд ва дар гирди он ҷамъ мешаванд.


3 Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ ду тоифаи серададест, ки онҳо аз фарзандони Одам


алайҳис салом мебошанд.


Ақидаи исломӣ барои наврасон


19


1-Тавҳиди рубубият «яъне танҳо Худои таъоло ҳукмрон,


рӯзидеҳ, миронанда, офаринанда аст».


2-Тавҳиди улӯҳият «яъне танҳо Худои таъоло шоистаи


ибодат аст».


3-Тавҳиди асмо «номҳо» ва сифатҳо «эътирофи ягонагии


Аллоҳ дар нисбати исмҳо ва сифатҳои Ӯ».


С-54:Тавҳиди рубубият чист?


Ҷ-54:Тавҳиди рубубият ин аст, ки эътиқод кунӣ ба ин ки


Худо офаринанда, ризқдиҳанда ва Парвардигори зиндакун-


андаву миронанда аст ва Ӯ ба ҳамаи чиз тавоност.


С-55:Маънои тавҳиди ибодат «улӯҳият» чист?


Ҷ-55:Маънояш:Амалро хос барои Худо кардан ва ба Ӯ


шарик наовардан ва таҳқиқи гувоҳии «Ба ҷуз Худо маъбуди


барҳаққе нест».


С-56:Маънои тавҳиди асмо ва сифот чист?


Ҷ-56:Маънояш:Эътиқод кардан бар ин ки барои Худои


поку бузург номҳову сифатҳост. Худои таъоло бар он ном-


ҳову сифатҳо нафсашро васф намуда аст ва ба он номҳову


сифатҳо Паёмбараш саллаллоҳу алайҳи ва саллам Ӯро васф


намуда аст ва ин ки он номҳову сифатҳоро барои Ӯ исбот


намоӣ. Пас Худоро ба он чизе, ки худаш ва Паёмбараш


саллаллоҳу алайҳи ва саллам васф намуда аст васф намоӣ


бетаътил ва бетаъвил. Мисоли ин гуфтаи Худост:


M3 2 148 7 6 5L Монанди Ӯ чизе нест


ва Ӯ шунавову биност. Сураи Шуро, ояти:11


Пас Худоро ба сифати шунавоиву биноӣ васф менамоӣ.


С-57:Маънои бетаътил ва бетаъвил чист?


Ҷ-57:Маънои таътил дар номҳову сифатҳои Худо, нафй


намудани номҳову сифатҳои Худост. Ва маънои таъвил гар-


Ақидаи исломӣ барои наврасон


20


донидани номҳову сифатҳои Худо аз маъниҳои ҳақиқияш


ба ғайри ҳақиқӣ.


С-58:Нектарин номҳои Худоро зикр кун?


Ҷ-58:Аллоҳ молики наваду нуҳ исм аст, ки як кам садро


ташкил медиҳад ва он касе, ки онҳоро ном ба ном бигӯяд


дохили Биҳишт хоҳад шуд. Ва ҳоло он номҳоро зикр мекун-


ем:


Аллоҳ ал-Аҳад ал-Аъло


ал-Акрам ал-Илоҳ ал-Аввал


ал-Охир аз-Зоҳир ал-Ботин


ал-Борӣ ал-Бар ал-Басир


ат-Таввоб ал-Ҷаббор ал-Ҳофиз


ал-Ҳасиб ал-Ҳафиз ал-Ҳафӣ


ал-Ҳақ ал-Мубин ал-Ҳаким


ал-Ҳалим ал-Ҳамид ал-Ҳай


ал-Қайюм ал-Хабир ал-Холиқ


ал-Халлоқ ар-Рауф ар-Раҳмон


ар-Раҳим ар-Разоқ ар-Рақиб


ас-Салом ас-Самиъ аш-Шокир


аш-Шакур аш-Шаҳид ас-Самад


ал-Олим ал-Азиз ал-Азим


ал-Афув ал-Алим ал-Алӣ


ал-Ғаффор ал-Ғафур ал-Ғанӣ


ал-Фаттоҳ ал-Қодир ал-Қоҳир


ал-Қуддус ал-Қадир ал-Қариб


ал-Қавӣ ал-Қаҳҳор ал-Кабир


ал-Карим ал-Латиф ал-Мӯъмин


ал-Мутаъол ал-Мутакаббир ал-Матин


ал-Муҷиб ал-Маҷид ал-Муҳит


Ақидаи исломӣ барои наврасон


21


ал-Мусаввир ал-Муқтадир ал-Муқит


ал-Малик ал-Малик ал-Мавло


ал-Муҳаймин ан-Насир ал-Воҳид


ал-Ворис ал-Восиъ ал-Вадуд


ал-Вакил ал-Валӣ ал-Ваҳҳоб


ал-Ҷамил ал-Ҷаввод ал-Ҳаким


ал-Ҳайӣ ар-Раб ар-Рафиқ


ас-Суббуҳ ас-Сайид аш-Шофӣ


ат-Тайиб ал-Қобиз ал-Босит


ал-Муқаддим ал-Муаххир ал-Муҳсин


ал-Мӯътӣ ал-Маннон ал-Витр


С-59:Шартҳои тавҳид чист?


Ҷ-59:Ҳафтто шарт аст ва ҳамон шартҳо инҳост:


1-Донише, ки ба ҷаҳолат наомезад.


2-Боварие, ки бо шубҳа насозад.


3-Ростгӯие, ки бо дурӯғгӯи наёлояд.


4-Муҳаббат нисбат ба худи калимаи шаҳодат ва нисбат


ба аҳлаш, ки ба тақозои он амалкунанда ҳастанд.


5-Пайравӣ намудан.


6-Бо дилу забон амал пазируфтан.


7-Ихлос «садоқате, ки мушрикиро нагунҷояд».


С-60: Ширк чист?


Ҷ-60:Ширк ин аст, ки бо ҳамроҳии Худо касеро бипарастӣ


ё дар баробари Худо касеро монанди Ӯ бигирӣ, ӯро дуо


мекунӣ ва аз ӯ умед мекунӣ ва аз ӯ ба ҷуз Худо метарсӣ.


С-61: Ширк чанд қисм аст?


Ҷ-61:Ду қисм аст:Ширки акбар «бузург» ва асғар «хурд».


С-62: Ширки бузург чист? Мисоле зикр намо.


Ҷ-62:Ширки бузург он аст, ки соҳибашро аз доираи


Ислом мебарорад, монанди:Масхара кардани китоби Худо,


Ақидаи исломӣ барои наврасон


22


ё суннати Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва


монанди бар мӯъминон аз рӯи диндорияшон хандидан,


монанди мурдагонро ба дуо муроҷиат кардан, ба онҳо


васила гирифтан ва аз онҳо талаби кушоиши душвориҳо


намудан.


С-63: Ширки асғар «хурд» чист? Мисоле зикр намо.


Ҷ-63:Он аз ширки бузург паст аст ва аз ҷумлаи бузург-


тарини гуноҳон аст монанди:Риё ва ба ғайри Худо қасам


хӯрдан монанди ин ки бигӯӣ қасам ба падарам ва модарам.


Пас агар савганд хӯрданӣ бошӣ лозим аст ба ҷуз номи Худо


ба чизи дигаре савганд нахӯрӣ. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи


ва саллам фармуд: Касе савганд


хӯрданӣ бошад, пас ба Худо савганд хӯрад, ё сукут кунад.


Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:


Шахсе ба ҷуз номи Худо савганд


хӯрад, пас албатта ширк оварда аст.


Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: َ





Аз ҷумлаи Мо нест касе, ки ба амонат савганд хӯрад.


С-64:Тоғут чист?


Ҷ-64:Тоғут ҳар он чизе, ки ба ҷуз Худо парастида шавад.


С-65:Нифоқи эътиқодӣ чист?


Ҷ-65:Он зоҳир намудани Ислом ва пушонидани куфр аст.


С-66:Нифоқи амалӣ чист?


Ҷ-66:Он гуноҳест аз гуноҳони бузург. Ва гоҳе аз мӯъминҳо


содир мешавад, монанди дурӯғ гуфтан, хилофи ваъда ва


хиёнат кардан.


С-67: Баъзе сифатҳои мунофиқонро зикр кун?


Ақидаи исломӣ барои наврасон


23


Ҷ-67:Сифатҳои мунофиқон бисёр аст, Худои таъоло дар


китобаш зикр карда аст ва аз ҷумлаи он сифатҳо инҳост:


1-Дар даъвои имондорияшон дурӯғ мегӯянд.


2-Бо вуҷуди бад диданашон нафақа додан.


3-Дар ба ҷо овардани намоз танбалӣ кардан.


4-Бар бандагони Худо такаббурӣ кардан.


5-Бо душманони Худо дӯстӣ кардан.


6-Ба кори бад амр мекунанд ва аз кори хайр боз медор-


анд.


7-Масхара кардани мӯъминҳо.


8-Бо душманони Худо зидди мусалмонҳо мубориза бурд-


ан.


С-68:Сабаби некбахтии инсон дар дунё чист?


Ҷ-68:Сабаби некбахтии инсон дар дунё ба Худо имонӣ


дуруст овардан ва амали нек кардан аст. Худои таъоло ме-


фармояд:


M^ ]\[ZYdcba`_egf


lkjihL


Касе аз ҷумлаи мардон ё занон амали нек кунад ва ӯ


мӯъмин бошад, пас ӯро ба ҳаёти нек зинда мегардонем ва


ҳароина онҳоро ба нектарини он чизе, ки амал мекарданд,


аҷр медиҳем. Сураи Наҳл, ояти:97


С-69:Сабаби бадбахтии инсон чист?


Ҷ-69:Сабаби бадбахтии инсон аз зикри Худо рӯй гардон-


дан аст. Худои таъоло гуфта аст:


MÌË ÊÉÈ Ç ÆÅL


Касе аз зикри Ман рӯ гардонад, пас ба дурустӣ барои ӯ


зиндагии танг аст. Сураи Тоҳо, ояти:124


Ақидаи исломӣ барои наврасон


24


С-70:Дар рӯзи қиёмат ба кадом роҳ ба Ҷаннат зафар


меёбӣ?


Ҷ-70:Он роҳи зафар ёфтан ба Худо имон овардан ва


амали нек кардан ва ба ҳаққу сабр якдигарро васият кардан


аст. Худои таъоло фармуда аст:





Қасам ба аср ҳароина инсонҳо дар зиёнкориянд ба ҷуз


касоне, ки имон оварданд, амали нек кардан ва ба ҳаққу


сабр якдигарро васият карданд. Сураи Аср


Худо олитару донотар аст


Ин тарҷумаро бо умеди ин намудам, ки бародарон ва


хоҳарони мусалмон аз ин баҳраманд шаванд ва моро


дар дуоҳои хайри худ шарик созанд.


Тарҷумаи рисола дар 6-12-2003 мелодӣ мувофиқ ба


12-10-1424 ҳиҷрӣ ба итмом расид.





 



Recent Posts

Ақидаи Таҳовӣ раҳимаҳ ...

Ақидаи Таҳовӣ раҳимаҳуллоҳ матни тоҷикӣ

Ақидаи исломӣ барои н ...

Ақидаи исломӣ барои наврасон

پرسش و پاسخ در مورد ع ...

پرسش و پاسخ در مورد عادات طبیعی زنان

Масъалаҳои муҳим аз ҳ ...

Масъалаҳои муҳим аз ҳадиси суоли ду малоика “Парвардигорат кист? Динат чист? Ва паёмбарат кист?”