Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистуҳаштум: Бинои ахлоқии кӯдак
سلسلة تربية الأولاد، القسم الثامن والعشرون: عن البناء الأخلاقي للأولاد
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистуҳаштум: Бинои ахлоқии кӯдак
Пешгуфтор
Вожаи хулқ ё хулуқ он тавре ки Қуртубӣ дар тафсири худ баён намудааст, дорои ду маъно мебошад: Яке ин ки хулқ иборат аст аз адаб, ки инсон барои худ бармегирад ва ба сурати хӯй ва одати ӯ дармеояд. Дуюм он чи аз сиришт ва табиат, ки инсон бар он офарида шудааст, дар ин сурат метавон гуфт, хулқ иборат аст аз хӯй ва одате, ки шахс бо ирода ва хости худ ба он даст зада, ба он хӯй ва одат гирифтааст. Аммо сиришту табиат ғаризае аст, ки инсон ҳамроҳи он сиришта офарида шудааст.[1]
Пас, тибқи ин таърифи Қуртубӣ, кӯдак ниёзманд ба бинои ахлоқӣ мебошад, то ин ки ҳаракати иҷтимоии ӯ, ки дар фасли қаблӣ баён гардид, дуруст ва солим бошад. Ин чизе аст, ки бояд барои ҳосил шудани он саъю талош ба амал ояд, зеро ки амали интиқол аз хулқу хӯйи иродиву худсозӣ ба сӯи сиришту табиати ғаризӣ амре аст сахту душвор ва замони он то охири умр идома меёбад. Ин хӯю одат аст, ки ахлоқи кӯдакро дурусту солим мегардонад. Аз ин рӯ, кӯшиши волидайн ва мураббиён дар даврони туфулияти кӯдак лозиму зарурӣ мебошад. Кӯдаке, ки дар ин даврон ба василаи фитрат ва сафову суръати ёдгирӣ ва омодагии пазириши ҳар чизе дорои мавқеияту инъитофи хоссе мебошад. Уламои бузург низ ба ин матолиб ишора кардаанд, аз ҷумла имом Абуҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ чунонки дар оғози ин китоб баён гардид. Ҳамчунин Ибни Қаййим дар китоби худ «Аҳкомул-мавлуд» мегӯяд: «Аз ҷумла масоиле, ки кӯдак сахт ба он ниёзманд мебошад, таваҷҷӯҳ намудан ба амри хулқу хӯйи ӯ аст, зеро кӯдак бар асоси он чи, ки падару модараш ба он одат додаву тарбия намудаанд, рушд карда, парвариш меёбад, аз қабили гӯшагирӣ, хашм, зиёдгӯӣ, шитобзадагӣ, разолату пастӣ ҳамроҳ бо ҳавои нафс, сабуксариву ҳарис ва озманд будан…
Бинобар ин, иваз кардани ин вазъу ҳолатҳо дар даврони баъд аз булуғ ва бузургӣ барои кӯдак душвор мебошад, чун ин одатҳову хӯйҳо ба гунае ба сурати сифатҳову хусусиятҳои собиту устувори ӯ дармеоянд, ки агар бо тамоми вуҷуд аз онҳо ҷилавгирӣ ба амал наояду парҳез нашавад, ҳатман рӯзе ӯро расво хоҳанд кард. Шакке нест, афроде, ки дучори инҳирофи ахлоқӣ шудаанд бар асари ин гуна сифатҳои нописанд будааст, ки ба воситаи бетаваҷҷӯҳии волидайну мураббиён бар асоси онҳо парвариш ёфтаанд.
Аллома Шайх Муҳаммад Хизр Ҳусайн устоди собиқи «ал-Азҳар» баҳрагирӣ аз даврони кӯдакиро ва нишонидани хулқу хӯи некро дар вуҷуди кӯдак бисёр боаҳамият дониста гуфтааст: «Бегумон, кӯдак бар асоси фитрати поку холис ва хулқу сиришти содда таваллуд мешавад. Пас ҳар гоҳ нафсу вуҷуди беолоиши ӯ ба хулқе аз хулқҳо рӯ ба рӯ шуд, шаклу сурати он хулқу хӯй дар сафҳаи дилу замири ӯ нақш мебандад. Сипас, он шаклу сурат пайваста ва ба тадриҷ вусъат меёбад, то ин ки тамоми нафсу вуҷуди ӯро фаро мегирад ва ба сурати як сифати собиту устувор медарояд, ба гунае ки дар баробари аксуламали зидди он ба шакли монеъе дармеояд. Ва он чи ин гуфтаро таъйид мекунад ин аст, ки ҳар гоҳ дар миёни афроди ғарибу ношинохтае бо фарде бархӯрд кунем, ки дорои гуфтори мулоим, рафтори латиф, кирдори матин ва бархӯрди хубу муаддабона бошад, бидуни ҳеҷ гуна шакку тардид мегӯем: «ин шахс дар хонаводаи фозилу мӯҳтараме ба вуҷуд омадаву ба тарзи бисёр хубу шоистае тарбияву парвариш ёфтааст.[2]
Шояд ин савол пеш ояд, ки унсурҳои бинои ахлоқӣ барои кӯдакон ва аркони ин сохтмони баланди боазамат кадом аст? Дар ҷавоб мегӯем: Дар аснои тааммулу таваҷҷӯҳ дар аҳодиси набавӣ ва мутолиаи дақиқи китобҳое, ки дар ин робита таълиф ва ё тасниф шудаанд, дармеёбем, ки ин унсурҳову рукнҳо бар панҷ асос ва рукн ба шарҳи зер хулоса мешаванд:
Асоси аввал, хулқи адаб
Ҳофиз Ибни Ҳаҷар гуфтааст: «Адаб иборат аст аз ба кор бурдани он чи, ки аз назари гуфтору кирдор мавриди ситоишу тамҷид қарор гирад». Иддае онро ба фарогирии макорими ахлоқ таъбир намудаанд. Қавле ҳам гуфтааст: «Адаб, яъне огоҳ шудан ба некиҳову зебоиҳо». Баъзеи дигар гуфтаанд: «Адаб иборат аст аз таъзим, эҳтиром қоил шудан барои афроди бузургтару болотар аз худ ва меҳру муҳаббат варзидан ба афроди хурдтару поёнтар аз худ». Билохира, иддае гуфтаанд: «Адаб гирифташуда аз калимаи «маъдаба» аст ва «маъдаба» иборат аст аз фарохонӣ ба сӯи таом ва ба ин исм номида шудааст, чун мардум ба сӯи он фаро хонда мешаванд».[3]
Дар бораи адаб аз Ҷунайд савол шуд. Дар ҷавоб гуфт: «Адаб иборат аст аз ҳусни муошират». Ба ҳамин хотир аст, ки дар муомила, доду ситодҳо, дар муошират ва рафту омадҳо аҳамияти адаб ба хубӣ ошкору мутаҷаллӣ мегардад. Чун адаб як падидаи берунӣ аст ва шомили хурду бузург мешавад, аз ин рӯ водор намудани кӯдак бар адаб ва пӯшондани либоси он бар ӯ яке аз нахустин асоси тарбияи ахлоқӣ барои ӯ ба ҳисоб меояд.
Чунонки Солеҳ ибни Абдуллоҳ дар ашъори худ мегӯяд:
Касеро, ки дар даврони кӯдакияш адаб кунӣ, ба монанди шинонидани ниҳоле аст, ки дар оғози шинонидан обёрӣ шавад,
То ин ки онро баъд аз хушк шудан пурбаргу сарсабз бинӣ.
Шахси пир одату ахлоқи худро тарк намекунад, то замоне, ки дар қабраш дафн ва бо хок пӯшида шавад.
Зеро агар аз одати худ даст бардорад, бар ҷаҳлу нодонӣ бар мегардад, ба монанди шахси сахт бемору ранҷур ба хамидагӣ ва сар ба зер гароида мешавад.
Аҳодис ва ривоёте, ки дар бораи омӯхтани адаб
ба кӯдакон омадааст
Табиист, вақте мебинем, ки Расули Худо (с) аҳамияти зиёдеро ба адаб дар бинои ахлоқии кӯдакон бахшидаанд, мусалламан таваҷҷӯҳ ба он ва аҳамият додан ба шинонидану омӯхтанаш дар вуҷуди онон бештару бештар мешавад, то он ҷое ки мегӯянд: «ҳарчанд, ки садақа дар Ислом дорои аҳамияти бисёре аст, омӯхтани адаб дар вуҷуди кӯдак ва одат додани ӯ ба он, то ин ки ҷузъе аз хулқу хӯй ва сиришту табиати ӯ гардад, аз додани садақае, ки гуноҳонро пок мекунад, беҳтар мебошад.
Чунонки Тирмизӣ аз Ҷобир ибни Самура (р) нақл намудааст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: «Агар мард фарзанди худро хуб адаб кунаду парвариш диҳад, беҳтар аз он аст, ки миқдори молеро садақа диҳад».[4]
Бинобар ин, Расули Худо (с) барои волидайн баён намудаанд, ки бузургтарин ҳадяе, ки ба фарзанди худ медиҳанд ва беҳтарин чизеро, ки барои ӯ ба ирс мегузоранд, ҳамон адаби хуб аст. Ба ҳамин хотир буд, ки Алии Маданӣ мегуфт: «Адаб ва хулқи некро барои фарзандон ба ирс гузоридан беҳтар аз ба ирс гузоштани молу сарват аст барои онон, зеро ки адаб, молу сарват, ҷоҳу мақом ва меҳру муҳаббатро дар дунё барои афрод ба даст меоварад ва ба таври куллӣ хайру баракати дунёву охиратро барои онон фароҳам месозад».[5]
Шояд иддае аз аҳамияти адаб ғофилу бетаваҷҷӯҳ бошанд ва онро ҷузъи умури сода биҳисобанд, умуре, ки мумкин аст нармиву осонгирӣ ва ё тазоҳуру фаромӯшкориро дар онҳо ҷоизу раво донанд. Дигаре бехабар аз ин ки ин гуна осонгириву фаромӯшкорӣ мухолифату нофармонӣ ва азияту озор расониданро барои падар ба бор меоварад, ин падари фақиру бечора намедонад, ки нишонидани адаб дар замири кӯдак ва омӯхтани хулқу хӯи нек ба ӯ ба монанди таъмини хӯрок ва соири лавозими зиндагии кӯдак ҳаққе аст бар гардани падар. Чунонки ривоят шудааст, Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Фарзандони худро гиромӣ бидоред ва адабу ахлоқи некро ба онон биомӯзед».[6]
Намунаҳое аз таваҷҷӯҳи салафи солеҳ
ба адаби фарзандони худ
Тардиде дар ин нест, ки салафи солеҳ ба адаб ва ба арзишу ҷойгоҳи баланди он дар зиндагӣ бисёр аҳамият медоданд ва пайваста фарзандони худро бар он водор менамуданду бар асоси он парвариш мекарданд, онро низ ба мардум супориш менамуданд. Чунонки саҳобаи ҷалилулқадр Абдуллоҳ ибни Умар (р) ба таври мулоим ва бо камоли адабу дилсӯзӣ волидайнро бо як муодилаи санҷидаву ҳисобшуда мавриди хитоб қарор дода мегуф: «Фарзанди худро хуб адаб кунед, зеро дар фардои Қиёмат аз шумо бозхост хоҳад шуд, ки чӣ гуна фарзандатонро адаб омӯхтед? Чӣ чизеро ба ӯ омӯзондед? Ҳамчунин фарзанди шумо роҷеъ ба некиҳоятон ва дар бораи фармонбардорӣ аз роҳнамоиҳоятон мавриди бозхост қарор хоҳад гирифт».
Ин ҷо суоле пеш меояд, ки чаро ба адаб таваҷҷӯҳи зиёд шудааст? Чаро ин қадар таъкид шуда, ки лозим аст адаб дар вуҷуди кӯдак ба сурати сиришту табиати ӯ дарояд? Дар ҷавоб метавон гуфт, ба ин хотир аст, ки бар асари адаби дурусту хуб аст, ки ақлу андешаи нофиз ҳосил мешавад, аз ақли нофиз ҳусни одат, аз ҳусни одат низ табъу сиришти ситуда, аз табъи ситуда амали солеҳ, аз амали солеҳ ризои Парвардигор ва аз ризои Парвардигор мулки доимӣ ба даст меояд. Вале баръакс, бар асари адаби бад фасоди ақл, аз фасоди ақл одати бад, аз одати бад разолати табъ, аз разолату пастӣ низ амали бад, аз амали бад гуфтори бад, аз гуфтори бад хашми Худо, аз хашми Худо норизоятии Худо ва зиллати абадӣ ҳосил мешавад…[7]
Ҳамчунин салафи солеҳ пайваста фарзандони худро мутаваҷҷеҳи адаб ва аҳамияти он менамуданду онро барои эшон ба ирс мегузоштанд. Пас, биёед мо низ ба намунаҳое аз шеваи зиндагии онон бингарем, то адаби нек ва гуфтору кирдори Худописандро аз онон бишнавему ёд бигирем. Аз он ҷумла, Рувайм ибни Аҳмади Бағдодӣ ба писараш гуфт: «Эй писарам! Амалатро ба монанди намак ва адабатро ба монанди орд (хамир) бигардон, ба ин маъно, ки адабро зиёд бигардон, то ин ки нисбати он дар рафтори ту аз ҷиҳати фузунӣ ба монанди нисбати орд ба намаке бошад, ки (ҳангоми хамир) дар он рехта мешавад, зеро адаби зиёд ҳамроҳи амали неки кам беҳтар аз амали зиёд ҳамроҳи адаби кам мебошад ва ин чизе аст, ки Имом Қарофӣ дар китоби худ «ал-Фуруқ» ҷилди 3 саҳифаи 96 баён намудааст.[8]
Иброҳим ибни Ҳубайб ибни Шаҳид гуфтааст: «Падарам ба ман гуфт: «Фарзандам! Назди фуқаҳову уламо бирав, аз эшон адабу ахлоқи нек биомӯз ва раҳнамоиҳояшонро тӯшаи дину дунёи худ соз, чаро ки ин кор назди ман беҳтару хушояндтар аз ёд гирифтани бисёре аз суханҳову ривоятҳо мебошад».[9]
Яке аз салафи солеҳ ба писараш гуфт: «Эй писарам! Агар бобе аз адабро биомӯзӣ ва ба он амал кунӣ, назди ман беҳтар аз он аст, ки ҳафтод боб аз абвоби илму донишро ёд бигирӣ».
Ҳамчунин Абузакариёи Анбарӣ гуфтааст: «Илми бидуни адаб ба монанди оташи бидуни ҳезум аст ва адаби бидуни илм ба монанди рӯҳи бидуни ҷисм мебошад».[10]
Анвоъи адаби набавӣ барои кӯдакон
Агар гуфта шавад, ки муҳимтарин сифатҳои одобе, ки Расули Худо (с) омӯхтани онҳоро хоссаи кӯдакон гардонидаанд, кадоманд? Дар ҷавоб бояд гуфт, бо хондан, ҷустуҷӯ ва таваҷҷӯҳ дар аҳодиси шарифа метавон ба нуҳ навъ аз ин гуна сифатҳо ба шарҳи зер даст ёфт.
Адаби аввал, нисбат ба волидайн
Нахустин адаби кӯдакон нисбат ба падар, муаллим ва афроди бузургтар аз худ ин аст, ки ононро танҳо бо номашон садо накунанд, балки эшонро ҳамроҳ бо калимаҳои боадабонаву эҳтиромомез садо кунанд ва дар роҳ рафтану нишасту бархост бо падару модар бисёр боадаб бошанд. Чунонки имом Нававӣ дар «ал-Азкор» мегӯяд: «Дар китоби Ибни Синнӣ аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Пайғамбари акрам (с) мардеро диданд, ки писари навҷавоне ҳамроҳи ӯ буд, ба он писар фармуданд: «Ин мард кист?». Он писар гуфт: «Падарам аст». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Аз пеши ӯ роҳ марав, (балки пушти сар ва ё дар паҳлӯи ӯ роҳ бирав) кори нописандеро нисбат ба ӯ анҷом мадеҳ, ки падарат туро ба хотири адаб ва амали норавоят баду носазо бигӯяд ва нороҳат кунад, пеш аз ӯ манишин ва ӯро танҳо бо исмаш садо мазан».[11]
Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ дар «Маҷмаъуз-завоид»[12] достоне монанд ба ҳадиси боло дар робита бо Абуҳурайра (р) нақл намудааст ва чун достоне аст хубу муфид, аз ин рӯ онро низ баён мекунем:
Аз Абуғассони Аззабӣ (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Ҳамроҳи падарам дар «Заҳрул-ҳурра» роҳ мерафтам, Абуҳурайра ба ман расиду гуфт: «Ин шахс, ки ҳамроҳи ту аст, кист?» Гуфтам: «Падарам аст». Абуҳурайра гуфт: «Пас, аз пеши падарат роҳ марав, балки пушти сар ва ё дар бари ӯ роҳ бирав. Нагузор касе миёни ту ва ӯ фосила андозад. Дар сатҳи болотар ба гунае ки падарат поёнтар аз ту қарор гирад, роҳ марав, устухони камгӯштеро, ки падарат ба он нигаристааст, бармадор ва онро махӯр, чун мумкин аст ӯ низ орзуи хӯрдани онро карда бошад».
Адаби кӯдакон ҳангоми хитоб ба волидайн
Қуртубӣ дар тафсири худ овардааст, ки Абулбаддоҳи Туҷибӣ гуфтааст: «Ба Саъид ибни Мусайяб гуфтам: «Ман дар Қуръон тамоми некиҳоро нисбат ба падару модар шинохтаву дарк кардаам ба ҷуз ин оят, ки мефармояд: «Ва қул лаҳумо қавлан каримо».[13] Намедонам мурод аз ин «қавли карим» чист?» Ибни Мусайяб гуфт: «Мурод он аст, ки дар ҳузури волидайн чунон сухан гӯйӣ, ки як ғуломи хатокор бо мавлои тундхӯю сангдили худ сухан мегӯяд».[14]
Умар ибни Хаттоб (р) «қавли карим»-ро чунин тафсир намудааст: «Фарзанд ҳангоми хитоб ба волидайнаш бигӯяд: «Эй падари гиромӣ ва эй модари меҳрубонам».[15]
Тоҷиддини Сабкӣ гуфтааст: «Дар долони хонаамон нишаста будам, ногаҳон саге ба тарафи ман омад ва ман гуфтам: «Гум шав падарсаг». Падарам дар дохили хона маро аз ин кор манъ кард ва ман низ гуфтам: «Магар он падарсаг нест?» Падарам гуфт: «Вақте гуфтани чунин сухан ҷоиз аст, ки қасди таҳқир нашавад». Он писар гуфт: «Дар ин (раҳнамоии падарам) фоидае аст, (ки ман аз он баҳра бурдам).[16]
Бинобар ин, ҳангоме ки фарзандон матлаберо аз волидайни худ меомӯзанд ва ё аз эшон чизи муфидеро дарёфт мекунанд, бояд шиори онон ин бошад, ки бигӯянд: «Ин чизи муфиду раҳнамоии боарзише аст, ки аз падару модари худ омӯхтем ва аз он баҳраманд шудем, то ин ки бо гуфтани чунин калимоте дили волидайни худро шоду масрур гардонанд ва хештанро низ ба фурӯтанӣ одат диҳанд».
Худованд ҳамаи моро ба чунин коре муваффақ гардонад.
Риояи адаб ҳангоми нигаристан ба волидайн
Табаронӣ аз Ибни Аббос (р) ривоят намуда, ки гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) фармуданд:«Ҳар гоҳ падар ба фарзандаш бингарад ва ӯро шоду масрур гардонад, ин амр барои фарзанд чунон аст, ки инсонеро озод намояд». Арз карданд: «Эй Расули Худо (с)! Агарчи сесаду шаст бор низ бингарад?» Фармуданд: «Аллоҳу акбар! Худо аз ҳар кас ва ҳар чизе бузургтар аст».[17]
Мановӣ дар «Файзу-л-қадир» аз Ибни Аббос (р) ривоят намуда, ки гуфтааст: «Фарзанде, ки ба таври меҳрубониву муҳаббатомезе ба чеҳраи падару модараш бингарад, Худованд савоби ҳаҷҷи мақбулеро барои ӯ менависад».[18]
Билохира, яке аз уламои солеҳу некӯкор барои ин ки кӯдак маъонии адабу риояи сулуки адаб бо волидайнро биомӯзад, роҳу равиши возеҳу равшанеро вазъ намуда, дар ривояте баён намудааст: «Бухорӣ дар «ал-Адабу-л-муфрад» аз Валид ибни Нумайри Авсӣ ривоят намуда, ки аз падараш шунидааст, мегуфт: «Салафи солеҳ мегуфтанд: «Салоҳу дурустӣ аз ҷониби Худованд аст ва адаб аз ҷониби падарону модарон».[19]
Адаби дуюм, нисбат ба уламо
Табиист, барои ин ки адабу шахсияти иҷтимоии кӯдакон фузунӣ ёбад, лозим аст, падарон, илова бар насиҳату роҳнамоии фарзандони худ, эшонро супориш кунанд ба ин ки пайваста мулозиму муошири уламои солеҳу некӯкор бошанд ва пеш аз омӯхтани илм ба поксозии нафс ва касби адабу хулқу хӯи нек аз эшон бипардозанд, то ин ки фоида ва баҳраманд шудан аз он ба шакли бисёр хубе, ки кӯдакон ба он ниёзманданд, такмил гардад.
Чунонки қаблан баён намудем, Имом Нававӣ дар китоби «ал-Азкор» аз ҳадисе, ки аз Ибни Синнӣ ривоят намуда буд, чунин натиҷагирӣ мекард, ки кӯдак, толибилм ва шогирд набояд падар, муаллим ва устоди худро танҳо бо номаш садо бизананд ва аз ин кор манъ шудаанд. Бинобар ин, он чи, ки дар он ҷо роҷеъ ба риояи адаби кӯдак нисбат ба падару модари худ баён намудем, айнан ба монанди риояи адаб бо уламои омилин мебошад. Бояд гуфт, уламои амалкунанда вориси анбиё ҳастанд, пас лозим аст кӯдакон пайваста бо уламо бошанд ва ононро мавриди эҳтирому икром қарор диҳанд, барои фурӯтаниву хидматгузории эшон бишитобанд, дар маҷолиси онон садо баланд накунанд, балки бисёр муаддабу ором бошанд ва дар муоширату гуфтугӯҷониби эшонро муроот намоянд, зеро тамоми ин мавридҳо аз ҷумлаи масоиле мебошанд, ки бояд кӯдак ба онҳо одат кунад.
Имом Ғаззолӣ дар китоби «Эҳёи улуми дин» дар бораи фазлу бартарии уламо аз қавли Яҳё ибни Муъоз овардааст, ки «уламои ростин нисбат ба уммати Муҳаммад (с) аз падарону модаронашон меҳрубонтару бораҳмтар мебошанд». Гуфтанд: «Он чӣ гуна аст?» Яҳё ибни Муъоз дар ҷавоб гуфт: «Падарону модарон фарзандонашонро аз оташи дунё маҳфуз мекунанд, аммо уламо ононро аз оташи охират маҳфуз медоранд».
Оре, аҳамияти адаб дар маҳзари уламо ва дар эҳтирому бузургдошти онон ёфт мешавад ва китобҳои зиёде дар ин маврид таълиф шудаанд. Аз он ҷумла «Адабу-л-имлои ва-л-истимло», таълифи Имом Самъонӣ ва «Адабу-л-олими ва-л-мутааллим» таълифи Ибни Қутайба…
Аҳодис ва ривоёте, ки дар бораи адаби бархӯрд
бо уламо омадааст
Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Луқмон ба писараш гуфт: «Эй писарам! Маҷолиси уламоро дарёб ва ба гуфтори ҳукамову донишмандон гӯш кун, ҳамчунонки замини мурда ва холӣ аз гиёҳ ба василаи резиши борон зиндаву сарсабз мегардад, қалби мурда низ ба василаи нури ҳикмат зиндаву шукуфо мешавад».[20]
Ривоят кардаанд, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Аз уммати ман нест касе, ки бузургони моро арҷ наниҳад, ба кӯдакони мо раҳм накунад ва ҳаққу ҳурмати олимонро нашиносад».[21]
Чанд намуна аз адаби кӯдакони салафи солеҳ
дар бархӯрд бо уламо
Саъид ибни Мусайяб баъд аз он ки ду ракъат намоз мехонд, кӯдакони асҳоби Расули Худо (с), новобаста аз муҳоҷирону ансор перомуни ӯҷамъ мешуданд, ҳеҷ як аз онон ҷуръат намекард, ки чизеро аз ӯ бипурсад, магар ин ки худи ӯ ва ё шахси саволкунанда матлабро бо зикри ҳадисе оғоз мекард ва ҳозирин низ гӯш медоданд.
Намунаи ин гуна адабро қаблан дар ҳадиси Ибни Умар (р) ва сукути ӯ дар маҷлиси Расули Худо (с) баён намудем: Вақте ки Расули Худо (с) матлаберо дар он маҷлис аз асҳоб пурсиданд ва чун Абубакру Умар (р) дар он маҷлис нишаста буданд, чизе нагуфтанд, пас Ибни Умар (р) ба хотири адаб ва хурдсол буданаш ҷавоби он саволро надод.
Намунаи дигар адаби Ибни Аббос (р) аст, ки чӣ гуна дар даврони кӯдакияш ҳангоми касби илм ва огоҳӣ аз саҳобаи гиромӣ онро риоя мекард: Икрима (р) мегӯяд: «Ибни Аббос (р) гуфт: «Баъд аз ин ки Расули Худо (с)реҳлат намуданд, ба марде аз Ансор гуфтам: «Биё, биравем дар бораи аҳодис бипурсем, чун имрӯз теъдоди ин гуна асҳоб бисёранд». Марди ансорӣ гуфтанд: «Эй Ибни Аббос (р) аз ту баъид ва тааҷҷубовар аст, магар намебинӣ, ки мардум ба ту ниёзманданд? Оё дар миёни асҳоб касе ба монанди ту ҳаст?» Ибни Аббос (р) он мардро раҳо кард ва мегӯяд: «Ман рафтам, то аз асҳоби Паёмбари Худо (с) аҳодис ҷустуҷӯ кунам, пас агар ба ман хабар мерасид, ки назди фалон шахс ҳадисе ҳаст, ман ба дари хонаи ӯ мерафтам ва дар ҳоле ки дар хоби нисфирӯзӣ рафта буд, абоямро болишти худ қарор медодам ва бар асари вазиши бод гарду хок бар ман менишаст ва мунтазир мемондам, то ин ки он мард аз хона берун меомад ва маро медиду мегуфт: «Эй амакзодаи Пайғамбар (с)! Чӣ чизе туро ба ин ҷо овардааст? Чаро касеро нафиристодӣ, то ман пеши ту биёям?» Ман низ мегуфтам: «Не, (чун ман ба дунболи шинохти ҳадис ҳастам) пас сазовортарам ба ин ки пеши ту биёям, сипас аз ӯҳадис мепурсидам». Ибни Аббос (р) мегӯяд: «Муддате аз умри ин марди ансорӣ гузашт, то ин ки рӯзе дар ҳоле ки мардум перомуни ман ҷамъ шуда буданду аз ман саволҳое мекарданд, маро диду гуфт: «Ин ҷавон аз ман оқилтару огоҳтар мебошад».[22]
Ҳасани Басрӣ писарашро ба риояи адаб дар маҷолиси уламо насиҳат мекард ва мегуфт: «Эй писарам! Вақте бо уламо ҳамнишин шудӣ, саъй кун барои гӯш додан алоқамандтару ҳаристар бошӣ, то сухан гуфтан ва хуб гӯш доданро биомӯзӣ, ҳамчунон ки хуб сухан гуфтанро меомӯзӣ, бикӯш касе, ки сухан мегӯяд, агарчи ба он тӯл диҳад, миёни сухани ӯ ҳарф назан ва каломашро қатъ макун, то замоне, ки суханашро тамом кунад».
Дар поёни ин боб адаби Самура ибни Ҷундаб (р)-ро, ки дар даврони кӯдакияш дар ҳузури Расули Худо (с) ва дар маҷолиси он ҳазрат (с) аз худ адаб нишон медод, ба унвони ҳусни хотима баён мекунем. Ин саҳобаи бузургвор мегӯяд: «Дар замони Паёмбари Худо (с) ман навҷавоне будам ва аз Паёмбари Худо (с) ҳадис ҳифз мекардам. Расули Худо (с) маро аз сухан гуфтан манъ намекарданд, магар дар ҳоле ки дар он маҷлис мардоне бузургтар ва калонсолтар аз ман мебуданд.[23]
Адаби сеюм, риояи эҳтиром
ва бузургдошти дигарон
Мегӯянд, пирамарде омад ва хост ба ҳузури Пайғамбар (с) бирасад, аммо мардум ба ӯ таваҷҷӯҳ накарданд ва роҳро барояш танг карданд. Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Бар роҳу равиши комили мо нест касе, ки ба афроди хурди мо раҳм нанамояд ва афроди бузургу пири моро эҳтиром накунад».[24]
Дар ривояти дигар омадааст: «Касе, ки ба афроди хурди мо раҳм накунад ва шарафи пирамардони моро дарк нанамояд, бар роҳу равиши комили мо нест».[25]
Боз омадааст: «Касе, ки бузургону пирамардони моро мукаррам надорад ва бар хурдтарҳо раҳм нанамояд ва ҳаққи олимони моро нашиносад, аз мо ва бар роҳу равиши мо нест».[26]
Абумусо (р) гуфтааст: «Расули Худо (с) фармуданд: «Аз аломатҳои иҷлол ва азамат қоил шудан барои Худо эҳтиром кардани пирамарди мусалмон ва бардорандаи Қуръон бидуни ғулуву ифрот дар он ва ҳамчунин бидуни бетаваҷҷӯҳӣ ва канорагирӣ аз он ва икроми фармонравои одил ва додгар аст».[27]