Articles



Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистуҳаштум: Бинои ахлоқии кӯдак





سلسلة تربية الأولاد، القسم الثامن والعشرون: عن البناء الأخلاقي للأولاد





< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >





















 




Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир





إعداد: حقنظراو طاهر





—™









Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистуҳаштум: Бинои ахлоқии кӯдак





















 




Пешгуфтор





Вожаи хулқ ё хулуқ он тавре ки Қуртубӣ дар таф­сири худ баён намудааст, дорои ду маъно мебо­шад: Яке ин ки хулқ иборат аст аз адаб, ки инсон барои худ бармегирад ва ба сурати хӯй ва одати ӯ дармеояд. Дуюм он чи аз сиришт ва табиат, ки инсон бар он офарида шудааст, дар ин сурат метавон гуфт, хулқ иборат аст аз хӯй ва одате, ки шахс бо ирода ва хости худ ба он даст зада, ба он хӯй ва одат гирифтааст. Аммо сиришту табиат ғаризае аст, ки инсон ҳамроҳи он сиришта офарида шудааст.[1]





Пас, тибқи ин таърифи Қуртубӣ, кӯдак ниёзманд ба би­нои ахлоқӣ мебошад, то ин ки ҳаракати иҷтимоии ӯ, ки дар фасли қаблӣ баён гардид, дуруст ва солим бошад. Ин чизе аст, ки бояд барои ҳосил шудани он саъю талош ба амал ояд, зеро ки амали интиқол аз хулқу хӯйи иродиву худсозӣ ба сӯи сиришту табиати ғаризӣ амре аст сахту душвор ва за­мони он то охири умр идома меёбад. Ин хӯю одат аст, ки ахлоқи кӯдакро дурусту солим мегардонад. Аз ин рӯ, кӯши­ши волидайн ва мураббиён дар даврони туфулияти кӯдак лозиму зарурӣ мебошад. Кӯдаке, ки дар ин даврон ба васи­лаи фитрат ва сафову суръати ёдгирӣ ва омодагии пазири­ши ҳар чизе дорои мавқеияту инъитофи хоссе мебошад. Уламои бузург низ ба ин матолиб ишора кардаанд, аз ҷумла имом Абуҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ чунонки дар оғози ин китоб баён гардид. Ҳамчунин Ибни Қаййим дар китоби худ «Аҳкомул-мавлуд» мегӯяд: «Аз ҷумла масоиле, ки кӯдак сахт ба он ниёзманд мебошад, таваҷҷӯҳ намудан ба амри хулқу хӯ­йи ӯ аст, зеро кӯдак бар асоси он чи, ки падару модараш ба он одат додаву тарбия намудаанд, рушд карда, парвариш меё­бад, аз қабили гӯшагирӣ, хашм, зиёдгӯӣ, шитобзадагӣ, разола­ту пастӣ ҳамроҳ бо ҳавои нафс, сабуксариву ҳарис ва озманд будан…





Бинобар ин, иваз кардани ин вазъу ҳолатҳо дар даврони баъд аз булуғ ва бузургӣ барои кӯдак душвор мебошад, чун ин одатҳову хӯйҳо ба гунае ба сурати сифатҳову хусусият­ҳои собиту устувори ӯ дармеоянд, ки агар бо тамоми вуҷуд аз онҳо ҷилавгирӣ ба амал наояду парҳез нашавад, ҳатман рӯзе ӯро расво хоҳанд кард. Шакке нест, афроде, ки дучори инҳирофи ахлоқӣ шудаанд бар асари ин гуна сифатҳои но­писанд будааст, ки ба воситаи бетаваҷҷӯҳии волидайну му­раббиён бар асоси онҳо парвариш ёфтаанд.





Аллома Шайх Муҳаммад Хизр Ҳусайн устоди собиқи «ал-Азҳар» баҳрагирӣ аз даврони кӯдакиро ва нишонидани хулқу хӯи некро дар вуҷуди кӯдак бисёр боаҳамият дониста гуфтааст: «Бегумон, кӯдак бар асоси фитрати поку холис ва хулқу сиришти содда таваллуд мешавад. Пас ҳар гоҳ нафсу вуҷуди беолоиши ӯ ба хулқе аз хулқҳо рӯ ба рӯ шуд, шаклу су­рати он хулқу хӯй дар сафҳаи дилу замири ӯ нақш мебандад. Сипас, он шаклу сурат пайваста ва ба тадриҷ вусъат меёбад, то ин ки тамоми нафсу вуҷуди ӯро фаро мегирад ва ба сура­ти як сифати собиту устувор медарояд, ба гунае ки дар ба­робари аксуламали зидди он ба шакли монеъе дармеояд. Ва он чи ин гуфтаро таъйид мекунад ин аст, ки ҳар гоҳ дар миёни афроди ғарибу ношинохтае бо фарде бархӯрд кунем, ки дорои гуфтори мулоим, рафтори латиф, кирдори матин ва бархӯр­ди хубу муаддабона бошад, бидуни ҳеҷ гуна шакку тардид мегӯем: «ин шахс дар хонаводаи фозилу мӯҳтараме ба вуҷуд омадаву ба тарзи бисёр хубу шоистае тарбияву парвариш ёфтааст.[2]





Шояд ин савол пеш ояд, ки унсурҳои бинои ахлоқӣ ба­рои кӯдакон ва аркони ин сохтмони баланди боазамат ка­дом аст? Дар ҷавоб мегӯем: Дар аснои тааммулу таваҷҷӯҳ дар аҳодиси набавӣ ва мутолиаи дақиқи китобҳое, ки дар ин робита таълиф ва ё тасниф шудаанд, дармеёбем, ки ин ун­сурҳову рукнҳо бар панҷ асос ва рукн ба шарҳи зер хулоса мешаванд:





Асоси аввал, хулқи адаб





Ҳофиз Ибни Ҳаҷар гуфтааст: «Адаб иборат аст аз ба кор бурдани он чи, ки аз назари гуфтору кирдор мавриди си­тоишу тамҷид қарор гирад». Иддае онро ба фарогирии мако­рими ахлоқ таъбир намудаанд. Қавле ҳам гуфтааст: «Адаб, яъне огоҳ шудан ба некиҳову зебоиҳо». Баъзеи дигар гуфта­анд: «Адаб иборат аст аз таъзим, эҳтиром қоил шудан барои афроди бузургтару болотар аз худ ва меҳру муҳаббат варзи­дан ба афроди хурдтару поёнтар аз худ». Билохира, иддае гуфтаанд: «Адаб гирифташуда аз калимаи «маъдаба» аст ва «маъдаба» иборат аст аз фарохонӣ ба сӯи таом ва ба ин исм номида шудааст, чун мардум ба сӯи он фаро хонда мешаванд».[3]





Дар бораи адаб аз Ҷунайд савол шуд. Дар ҷавоб гуфт: «Адаб иборат аст аз ҳусни муошират». Ба ҳамин хотир аст, ки дар муомила, доду ситодҳо, дар муошират ва рафту омадҳо аҳамияти адаб ба хубӣ ошкору мутаҷаллӣ мегардад. Чун адаб як падидаи берунӣ аст ва шомили хурду бузург мешавад, аз ин рӯ водор намудани кӯдак бар адаб ва пӯ­шондани либоси он бар ӯ яке аз нахустин асоси тарбияи ах­лоқӣ барои ӯ ба ҳисоб меояд.





Чунонки Солеҳ ибни Абдуллоҳ дар ашъори худ мегӯяд:





Касеро, ки дар даврони кӯдакияш адаб кунӣ, ба монанди шинонидани ниҳоле аст, ки дар оғози шинонидан обёрӣ шавад,





То ин ки онро баъд аз хушк шудан пурбаргу сарсабз бинӣ.





Шахси пир одату ахлоқи худро тарк намекунад, то за­моне, ки дар қабраш дафн ва бо хок пӯшида шавад.





Зеро агар аз одати худ даст бардорад, бар ҷаҳлу нодонӣ бар мегардад, ба монанди шахси сахт бемору ранҷур ба хами­дагӣ ва сар ба зер гароида мешавад.





Аҳодис ва ривоёте, ки дар бораи омӯхтани адаб





ба кӯдакон омадааст





Табиист, вақте мебинем, ки Расули Худо (с) аҳамияти зиёдеро ба адаб дар бинои ахлоқии кӯдакон бахшидаанд, мусалламан таваҷҷӯҳ ба он ва аҳамият додан ба шино­нида­ну омӯхтанаш дар вуҷуди онон бештару бештар мешавад, то он ҷое ки мегӯянд: «ҳарчанд, ки садақа дар Ислом дорои аҳамияти бисёре аст, омӯхтани адаб дар вуҷуди кӯдак ва одат додани ӯ ба он, то ин ки ҷузъе аз хулқу хӯй ва сиришту табиати ӯ гардад, аз додани садақае, ки гуноҳонро пок ме­кунад, беҳтар мебошад.





Чунонки Тирмизӣ аз Ҷобир ибни Самура (р) нақл наму­дааст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: «Агар мард фарзанди худро хуб адаб кунаду парвариш диҳад, беҳтар аз он аст, ки миқдори молеро садақа диҳад».[4]





Бинобар ин, Расули Худо (с) барои волидайн баён наму­даанд, ки бузургтарин ҳадяе, ки ба фарзанди худ медиҳанд ва беҳтарин чизеро, ки барои ӯ ба ирс мегузоранд, ҳамон адаби хуб аст. Ба ҳамин хотир буд, ки Алии Маданӣ мегуфт: «Адаб ва хулқи некро барои фарзандон ба ирс гузоридан беҳ­тар аз ба ирс гузоштани молу сарват аст барои онон, зеро ки адаб, молу сарват, ҷоҳу мақом ва меҳру муҳаббатро дар дунё барои афрод ба даст меоварад ва ба таври куллӣ хайру бара­кати дунёву охиратро барои онон фароҳам месозад».[5]





Шояд иддае аз аҳамияти адаб ғофилу бетаваҷҷӯҳ бо­шанд ва онро ҷузъи умури сода биҳисобанд, умуре, ки мум­кин аст нармиву осонгирӣ ва ё тазоҳуру фаромӯшкориро дар онҳо ҷоизу раво донанд. Дигаре бехабар аз ин ки ин гу­на осонгириву фаромӯшкорӣ мухолифату нофармонӣ ва азияту озор расониданро барои падар ба бор меоварад, ин падари фақиру бечора намедонад, ки нишонидани адаб дар замири кӯдак ва омӯхтани хулқу хӯи нек ба ӯ ба монанди таъмини хӯрок ва соири лавозими зиндагии кӯдак ҳаққе аст бар гардани падар. Чунонки ривоят шудааст, Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Фарзандони худро гиромӣ бидоред ва адабу ахлоқи некро ба онон биомӯзед».[6]





Намунаҳое аз таваҷҷӯҳи салафи солеҳ





ба адаби фарзандони худ





Тардиде дар ин нест, ки салафи солеҳ ба адаб ва ба ар­зишу ҷойгоҳи баланди он дар зиндагӣ бисёр аҳамият медо­данд ва пайваста фарзандони худро бар он водор менаму­данду бар асоси он парвариш мекарданд, онро низ ба мар­дум супориш менамуданд. Чунонки саҳобаи ҷалилулқадр Абдуллоҳ ибни Умар (р) ба таври мулоим ва бо камоли адабу дилсӯзӣ волидайнро бо як муодилаи санҷидаву ҳисоб­шуда мавриди хитоб қарор дода мегуф: «Фарзанди худро хуб адаб кунед, зеро дар фардои Қиёмат аз шумо бозхост хоҳад шуд, ки чӣ гуна фарзандатонро адаб омӯхтед? Чӣ чизеро ба ӯ омӯзондед? Ҳамчунин фарзанди шумо роҷеъ ба некиҳоятон ва дар бораи фармонбардорӣ аз роҳнамоиҳоятон мавриди боз­хост қарор хоҳад гирифт».





Ин ҷо суоле пеш меояд, ки чаро ба адаб таваҷҷӯҳи зиёд шудааст? Чаро ин қадар таъкид шуда, ки лозим аст адаб дар вуҷуди кӯдак ба сурати сиришту табиати ӯ дарояд? Дар ҷа­воб метавон гуфт, ба ин хотир аст, ки бар асари адаби ду­русту хуб аст, ки ақлу андешаи нофиз ҳосил мешавад, аз ақли нофиз ҳусни одат, аз ҳусни одат низ табъу сиришти ситуда, аз табъи ситуда амали солеҳ, аз амали солеҳ ризои Парвар­дигор ва аз ризои Парвардигор мулки доимӣ ба даст меояд. Вале баръакс, бар асари адаби бад фасоди ақл, аз фасоди ақл одати бад, аз одати бад разолати табъ, аз разолату пастӣ низ амали бад, аз амали бад гуфтори бад, аз гуфтори бад хашми Худо, аз хашми Худо норизоятии Худо ва зиллати абадӣ ҳосил мешавад…[7]





Ҳамчунин салафи солеҳ пайваста фарзандони худро му­таваҷҷеҳи адаб ва аҳамияти он менамуданду онро барои эшон ба ирс мегузоштанд. Пас, биёед мо низ ба намунаҳое аз шеваи зиндагии онон бингарем, то адаби нек ва гуфтору кирдори Худописандро аз онон бишнавему ёд бигирем. Аз он ҷумла, Рувайм ибни Аҳмади Бағдодӣ ба писараш гуфт: «Эй писарам! Амалатро ба монанди намак ва адабатро ба мо­нанди орд (хамир) бигардон, ба ин маъно, ки адабро зиёд би­гардон, то ин ки нисбати он дар рафтори ту аз ҷиҳати фузу­нӣ ба монанди нисбати орд ба намаке бошад, ки (ҳангоми ха­мир) дар он рехта мешавад, зеро адаби зиёд ҳамроҳи амали неки кам беҳтар аз амали зиёд ҳамроҳи адаби кам мебошад ва ин чизе аст, ки Имом Қарофӣ дар китоби худ «ал-Фуруқ» ҷилди 3 саҳифаи 96 баён намудааст.[8]





Иброҳим ибни Ҳубайб ибни Шаҳид гуфтааст: «Падарам ба ман гуфт: «Фарзандам! Назди фуқаҳову уламо бирав, аз эшон адабу ахлоқи нек биомӯз ва раҳнамоиҳояшонро тӯшаи дину дунёи худ соз, чаро ки ин кор назди ман беҳтару хушо­яндтар аз ёд гирифтани бисёре аз суханҳову ривоятҳо ме­бошад».[9]





Яке аз салафи солеҳ ба писараш гуфт: «Эй писарам! Агар бобе аз адабро биомӯзӣ ва ба он амал кунӣ, назди ман беҳтар аз он аст, ки ҳафтод боб аз абвоби илму донишро ёд бигирӣ».





Ҳамчунин Абузакариёи Анбарӣ гуфтааст: «Илми бидуни адаб ба монанди оташи бидуни ҳезум аст ва адаби бидуни илм ба монанди рӯҳи бидуни ҷисм мебошад».[10]





Анвоъи адаби набавӣ барои кӯдакон





Агар гуфта шавад, ки муҳимтарин сифатҳои одобе, ки Расули Худо (с) омӯхтани онҳоро хоссаи кӯдакон гардони­даанд, кадоманд? Дар ҷавоб бояд гуфт, бо хондан, ҷустуҷӯ ва таваҷҷӯҳ дар аҳодиси шарифа метавон ба нуҳ навъ аз ин гуна сифатҳо ба шарҳи зер даст ёфт.





Адаби аввал, нисбат ба волидайн





Нахустин адаби кӯдакон нисбат ба падар, муаллим ва афроди бузургтар аз худ ин аст, ки ононро танҳо бо нома­шон садо накунанд, балки эшонро ҳамроҳ бо калимаҳои бо­адабонаву эҳтиромомез садо кунанд ва дар роҳ рафтану ни­шасту бархост бо падару модар бисёр боадаб бошанд. Чу­нонки имом Нававӣ дар «ал-Азкор» мегӯяд: «Дар китоби Иб­ни Синнӣ аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Пайғам­бари акрам (с) мардеро диданд, ки писари навҷавоне ҳамроҳи ӯ буд, ба он писар фармуданд: «Ин мард кист?». Он писар гуфт: «Па­дарам аст». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Аз пеши ӯ роҳ марав, (балки пушти сар ва ё дар паҳлӯи ӯ роҳ бирав) ко­ри нопи­сандеро нисбат ба ӯ анҷом мадеҳ, ки падарат туро ба хотири адаб ва амали норавоят баду носазо бигӯяд ва норо­ҳат кунад, пеш аз ӯ манишин ва ӯро танҳо бо исмаш садо мазан».[11]





Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ дар «Маҷмаъуз-завоид»[12] досто­не монанд ба ҳадиси боло дар робита бо Абуҳурайра (р) нақл намудааст ва чун достоне аст хубу муфид, аз ин рӯ он­ро низ баён мекунем:





Аз Абуғассони Аззабӣ (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Ҳамроҳи падарам дар «Заҳрул-ҳурра» роҳ мерафтам, Абу­ҳурайра ба ман расиду гуфт: «Ин шахс, ки ҳамроҳи ту аст, кист?» Гуфтам: «Падарам аст». Абуҳурайра гуфт: «Пас, аз пеши падарат роҳ марав, балки пушти сар ва ё дар бари ӯ роҳ бирав. Нагузор касе миёни ту ва ӯ фосила андозад. Дар сатҳи болотар ба гунае ки падарат поёнтар аз ту қарор гирад, роҳ марав, устухони камгӯштеро, ки падарат ба он нигариста­аст, бармадор ва онро махӯр, чун мумкин аст ӯ низ орзуи хӯрдани онро карда бошад».





Адаби кӯдакон ҳангоми хитоб ба волидайн





Қуртубӣ дар тафсири худ овардааст, ки Абулбаддоҳи Туҷибӣ гуфтааст: «Ба Саъид ибни Мусайяб гуфтам: «Ман дар Қуръон тамоми некиҳоро нисбат ба падару модар шинохтаву дарк кардаам ба ҷуз ин оят, ки мефармояд: «Ва қул лаҳумо қавлан каримо».[13] Намедонам мурод аз ин «қавли карим» чист?» Ибни Мусайяб гуфт: «Мурод он аст, ки дар ҳузури волидайн чунон сухан гӯйӣ, ки як ғуломи хатокор бо мавлои тундхӯю сангдили худ сухан мегӯяд».[14]





Умар ибни Хаттоб (р) «қавли карим»-ро чунин тафсир намудааст: «Фарзанд ҳангоми хитоб ба волидайнаш бигӯяд: «Эй падари гиромӣ ва эй модари меҳрубонам».[15]





Тоҷиддини Сабкӣ гуфтааст: «Дар долони хонаамон ни­шаста будам, ногаҳон саге ба тарафи ман омад ва ман гуф­там: «Гум шав падарсаг». Падарам дар дохили хона маро аз ин кор манъ кард ва ман низ гуфтам: «Магар он падарсаг нест?» Падарам гуфт: «Вақте гуфтани чунин сухан ҷоиз аст, ки қасди таҳқир нашавад». Он писар гуфт: «Дар ин (раҳнамоии падарам) фоидае аст, (ки ман аз он баҳра бурдам).[16]





Бинобар ин, ҳангоме ки фарзандон матлаберо аз воли­дайни худ меомӯзанд ва ё аз эшон чизи муфидеро дарёфт мекунанд, бояд шиори онон ин бошад, ки бигӯянд: «Ин чизи муфиду раҳнамоии боарзише аст, ки аз падару модари худ омӯхтем ва аз он баҳраманд шудем, то ин ки бо гуфтани чу­нин калимоте дили волидайни худро шоду масрур гардонанд ва хештанро низ ба фурӯтанӣ одат диҳанд».





Худованд ҳамаи моро ба чунин коре муваффақ гардонад.





Риояи адаб ҳангоми нигаристан ба волидайн





Табаронӣ аз Ибни Аббос (р) ривоят намуда, ки гуфта­аст: «Пайғамбари акрам (с) фармуданд:«Ҳар гоҳ падар ба фарзандаш бингарад ва ӯро шоду масрур гардонад, ин амр барои фарзанд чунон аст, ки инсонеро озод намояд». Арз кар­данд: «Эй Расули Худо (с)! Агарчи сесаду шаст бор низ бин­гарад?» Фармуданд: «Аллоҳу акбар! Худо аз ҳар кас ва ҳар чизе бузургтар аст».[17]





Мановӣ дар «Файзу-л-қадир» аз Ибни Аббос (р) ривоят намуда, ки гуфтааст: «Фарзанде, ки ба таври меҳрубониву муҳаббатомезе ба чеҳраи падару модараш бингарад, Худо­ванд савоби ҳаҷҷи мақбулеро барои ӯ менависад».[18]





Билохира, яке аз уламои солеҳу некӯкор барои ин ки кӯ­дак маъонии адабу риояи сулуки адаб бо волидайнро био­мӯзад, роҳу равиши возеҳу равшанеро вазъ намуда, дар ри­вояте баён намудааст: «Бухорӣ дар «ал-Адабу-л-муфрад» аз Валид ибни Нумайри Авсӣ ривоят намуда, ки аз падараш шунидааст, мегуфт: «Салафи солеҳ мегуфтанд: «Салоҳу ду­рустӣ аз ҷониби Худованд аст ва адаб аз ҷониби падарону модарон».[19]





Адаби дуюм, нисбат ба уламо





Табиист, барои ин ки адабу шахсияти иҷтимоии кӯда­кон фузунӣ ёбад, лозим аст, падарон, илова бар насиҳату роҳнамоии фарзандони худ, эшонро супориш кунанд ба ин ки пайваста мулозиму муошири уламои солеҳу некӯкор бо­шанд ва пеш аз омӯхтани илм ба поксозии нафс ва касби адабу хулқу хӯи нек аз эшон бипардозанд, то ин ки фоида ва баҳраманд шудан аз он ба шакли бисёр хубе, ки кӯдакон ба он ниёзманданд, такмил гардад.





Чунонки қаблан баён намудем, Имом Нававӣ дар кито­би «ал-Азкор» аз ҳадисе, ки аз Ибни Синнӣ ривоят намуда буд, чунин натиҷагирӣ мекард, ки кӯдак, толибилм ва шо­гирд набояд падар, муаллим ва устоди худро танҳо бо номаш садо бизананд ва аз ин кор манъ шудаанд. Бинобар ин, он чи, ки дар он ҷо роҷеъ ба риояи адаби кӯдак нисбат ба падару мо­дари худ баён намудем, айнан ба монанди риояи адаб бо ула­мои омилин мебошад. Бояд гуфт, уламои амалкунанда вориси анбиё ҳастанд, пас лозим аст кӯдакон пайваста бо уламо бо­шанд ва ононро мавриди эҳтирому икром қарор диҳанд, барои фурӯтаниву хидматгузории эшон бишитобанд, дар маҷолиси онон садо баланд накунанд, балки бисёр муаддабу ором бо­шанд ва дар муоширату гуфтугӯҷониби эшонро муроот на­моянд, зеро тамоми ин мавридҳо аз ҷумлаи масоиле мебо­шанд, ки бояд кӯдак ба онҳо одат кунад.





Имом Ғаззолӣ дар китоби «Эҳёи улуми дин» дар бораи фазлу бартарии уламо аз қавли Яҳё ибни Муъоз овардааст, ки «уламои ростин нисбат ба уммати Муҳаммад (с) аз па­дарону модаронашон меҳрубонтару бораҳмтар мебошанд». Гуфтанд: «Он чӣ гуна аст?» Яҳё ибни Муъоз дар ҷавоб гуфт: «Падарону модарон фарзандонашонро аз оташи дунё маҳфуз мекунанд, аммо уламо ононро аз оташи охират маҳфуз ме­доранд».





Оре, аҳамияти адаб дар маҳзари уламо ва дар эҳтирому бузургдошти онон ёфт мешавад ва китобҳои зиёде дар ин маврид таълиф шудаанд. Аз он ҷумла «Адабу-л-имлои ва-л-истимло», таълифи Имом Самъонӣ ва «Адабу-л-олими ва-л-мутааллим» таълифи Ибни Қутайба…





Аҳодис ва ривоёте, ки дар бораи адаби бархӯрд


бо уламо омадааст





Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Луқмон ба писараш гуфт: «Эй писарам! Маҷолиси уламоро дарёб ва ба гуфтори ҳукамову донишмандон гӯш кун, ҳамчу­нонки замини мурда ва холӣ аз гиёҳ ба василаи резиши борон зиндаву сарсабз мегардад, қалби мурда низ ба василаи нури ҳикмат зиндаву шукуфо мешавад».[20]





Ривоят кардаанд, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Аз уммати ман нест касе, ки бузургони моро арҷ наниҳад, ба кӯ­дакони мо раҳм накунад ва ҳаққу ҳурмати олимонро наши­носад».[21]





Чанд намуна аз адаби кӯдакони салафи солеҳ


дар бархӯрд бо уламо





Саъид ибни Мусайяб баъд аз он ки ду ракъат намоз ме­хонд, кӯдакони асҳоби Расули Худо (с), новобаста аз муҳо­ҷирону ансор перомуни ӯҷамъ мешуданд, ҳеҷ як аз онон ҷуръат намекард, ки чизеро аз ӯ бипурсад, магар ин ки худи ӯ ва ё шахси саволкунанда матлабро бо зикри ҳадисе оғоз мекард ва ҳозирин низ гӯш медоданд.





Намунаи ин гуна адабро қаблан дар ҳадиси Ибни Умар (р) ва сукути ӯ дар маҷлиси Расули Худо (с) баён намудем: Вақте ки Расули Худо (с) матлаберо дар он маҷлис аз асҳоб пурсиданд ва чун Абубакру Умар (р) дар он маҷлис нишаста буданд, чизе нагуфтанд, пас Ибни Умар (р) ба хотири адаб ва хурдсол буданаш ҷавоби он саволро надод.





Намунаи дигар адаби Ибни Аббос (р) аст, ки чӣ гуна дар даврони кӯдакияш ҳангоми касби илм ва огоҳӣ аз саҳо­баи гиромӣ онро риоя мекард: Икрима (р) мегӯяд: «Ибни Аббос (р) гуфт: «Баъд аз ин ки Расули Худо (с)реҳлат наму­данд, ба марде аз Ансор гуфтам: «Биё, биравем дар бораи аҳодис бипурсем, чун имрӯз теъдоди ин гуна асҳоб бисёранд». Марди ансорӣ гуфтанд: «Эй Ибни Аббос (р) аз ту баъид ва тааҷҷубовар аст, магар намебинӣ, ки мардум ба ту ниёзман­данд? Оё дар миёни асҳоб касе ба монанди ту ҳаст?» Ибни Аббос (р) он мардро раҳо кард ва мегӯяд: «Ман рафтам, то аз асҳоби Паёмбари Худо (с) аҳодис ҷустуҷӯ кунам, пас агар ба ман хабар мерасид, ки назди фалон шахс ҳадисе ҳаст, ман ба дари хонаи ӯ мерафтам ва дар ҳоле ки дар хоби нисфирӯзӣ рафта буд, абоямро болишти худ қарор медодам ва бар асари вазиши бод гарду хок бар ман менишаст ва мунтазир мемон­дам, то ин ки он мард аз хона берун меомад ва маро медиду мегуфт: «Эй амакзодаи Пайғамбар (с)! Чӣ чизе туро ба ин ҷо овардааст? Чаро касеро нафиристодӣ, то ман пеши ту биё­ям?» Ман низ мегуфтам: «Не, (чун ман ба дунболи шинохти ҳадис ҳастам) пас сазовортарам ба ин ки пеши ту биёям, си­пас аз ӯҳадис мепурсидам». Ибни Аббос (р) мегӯяд: «Мудда­те аз умри ин марди ансорӣ гузашт, то ин ки рӯзе дар ҳоле ки мардум перомуни ман ҷамъ шуда буданду аз ман саволҳое ме­карданд, маро диду гуфт: «Ин ҷавон аз ман оқилтару огоҳ­тар мебошад».[22]





Ҳасани Басрӣ писарашро ба риояи адаб дар маҷолиси уламо насиҳат мекард ва мегуфт: «Эй писарам! Вақте бо ула­мо ҳамнишин шудӣ, саъй кун барои гӯш додан алоқамандтару ҳаристар бошӣ, то сухан гуфтан ва хуб гӯш доданро биомӯ­зӣ, ҳамчунон ки хуб сухан гуфтанро меомӯзӣ, бикӯш касе, ки сухан мегӯяд, агарчи ба он тӯл диҳад, миёни сухани ӯ ҳарф назан ва каломашро қатъ макун, то замоне, ки суханашро тамом кунад».





Дар поёни ин боб адаби Самура ибни Ҷундаб (р)-ро, ки дар даврони кӯдакияш дар ҳузури Расули Худо (с) ва дар маҷолиси он ҳазрат (с) аз худ адаб нишон медод, ба унвони ҳусни хотима баён мекунем. Ин саҳобаи бузургвор мегӯяд: «Дар замони Паёмбари Худо (с) ман навҷавоне будам ва аз Паёмбари Худо (с) ҳадис ҳифз мекардам. Расули Худо (с) маро аз сухан гуфтан манъ намекарданд, магар дар ҳоле ки дар он маҷлис мардоне бузургтар ва калонсолтар аз ман мебуданд.[23]





Адаби сеюм, риояи эҳтиром





ва бузургдошти дигарон





Мегӯянд, пирамарде омад ва хост ба ҳузури Пайғамбар (с) бирасад, аммо мардум ба ӯ таваҷҷӯҳ накарданд ва роҳро барояш танг карданд. Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Бар роҳу равиши комили мо нест касе, ки ба афроди хурди мо раҳм нанамояд ва афроди бузургу пири моро эҳтиром накунад».[24]





Дар ривояти дигар омадааст: «Касе, ки ба афроди хурди мо раҳм накунад ва шарафи пирамардони моро дарк нанамо­яд, бар роҳу равиши комили мо нест».[25]





Боз омадааст: «Касе, ки бузургону пирамардони моро му­каррам надорад ва бар хурдтарҳо раҳм нанамояд ва ҳаққи оли­мони моро нашиносад, аз мо ва бар роҳу равиши мо нест».[26]





Абумусо (р) гуфтааст: «Расули Худо (с) фармуданд: «Аз аломатҳои иҷлол ва азамат қоил шудан барои Худо эҳтиром кардани пирамарди мусалмон ва бардорандаи Қуръон бидуни ғулуву ифрот дар он ва ҳамчунин бидуни бетаваҷҷӯҳӣ ва ка­норагирӣ аз он ва икроми фармонравои одил ва додгар аст».[27]





Recent Posts

Гиряву нолаву фиғон б ...

Гиряву нолаву фиғон бар мурдагон

Силсилаи шиъа ва арко ...

Силсилаи шиъа ва аркони Имон (1)

Ҷазои касе ки Худован ...

Ҷазои касе ки Худовандро дашном медиҳад