Сипас, ба онон мефармуданд: «Бегумон, Иброҳими халил (а) ба василаи ин калимоти томмаи Худованд барои ду фарзандаш Исмоил ва Исҳоқ дуо мекард ва ононро ба Ӯ месупурд».
Дар ривоят омадааст, ки Асмо духтари Умайш назди Расули Худо (с) омаду гуфт: “Эй Расули Худо! Фарзандони Ҷаъфар мавриди чашми бад қарор мегиранд, оё барои онон бозубанд бинависам? Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, бинавис, зеро агар чизе мебуд, ки бар қазову қадар пешӣ гирад, чашми бад бар он пешӣ мегирифт».[18]
Дар ривояти дигар омадааст: “Расули Худо (с) вориди манзили Уммисалама шуданд ва диданд дар хонаи ӯ кӯдаке гиря мекунад. Афроди ҳозири дар он ҷо гуфтанд: “Ин кӯдак мавриди чашми бад воқеъ шудааст”. Расули Худо (с) фармуданд: «Чаро таъвизи чашмзахм барои ӯ наменависед?».[19]
Ривоят шуда, ки Оиша (р) гуфтааст: “Пайғамбар (с) ворид шуданд ва садои кӯдакеро шуниданд, ки гиря мекунад, фармуданд: «Чӣ чиз боис шуда, ки ин кӯдак гиря кунад? Чаро барои ӯ таъвиз нанавиштед».[20]
Мегӯянд Амр ибни Ос (р) муаввизоту руқяҳое менавишт ва онҳоро дар зери болишти кӯдак мегузошт. Албатта бояд донист, ки чунин равише барои маҳфуз нигоҳ доштани кӯдак аз бемориҳову газандҳо фақат мӯъминони содиқ ба он бовар доранд, ки ин равиш мунҳасир ба фардро аз Пайғамбари худ дида ё шунидаанд.
Муҳимтарин муолиҷаҳои асосӣ
аз дидгоҳи Пайғамбар (с)
Агар пурсиданд, вақте кӯдак бемор шавад, оё роҳи илоҷи он аз дидгоҳи Пайғамбари Ислом (с) чист? Дар ҷавоб бояд гуфт, “дастуроти набавӣ дар ин робита иборатанд аз:
1. Бояд кӯдаки беморро фавран ба назди табиб бурд
Шакке дар ин нест, ки вақте кӯдак бемор шавад, бояд қабл аз ҳар чиз ӯро бардошта, ба назди табиби мутахассис бурд. Чун кӯдакро фавран ба табиб расонидан дар беҳбудии ӯ нақши босазоеро дорад, ҳатто аз ҳар роҳи дигаре дар беҳбудияш таъсиррасон мебошад. Аммо мутаассифона, сабаби бисёре аз бемориҳо ва идомаёбии онҳо ҳамон саҳлангориву бетаваҷҷӯҳии падарону модарон аст дар ин ки ба маҳзи бемор шудани кӯдак фавран ӯро ба назди пизишки мутахассис намебаранд, (балки аз роҳҳои дигар ба муолиҷаву табобати ӯ мепардозанд) дар сурате ки Пайғамбари акрам (с) ба мо таъкид менамоянд, ки дар муолиҷа намудани кӯдаки бемор шитоб кунем ва фавран ӯро ба назди табиби мутахассис бирасонем. Чунончи аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шуда, ки гуфт: “Усома пешпо хӯрду афтод ва сараш ба дар хӯрду пешонияш захмӣ шуд ва аз он хун ҷорӣ гардид. Пайғамбар (с) ба Оиша (р) фармуданд: «Хуни ӯро пок кун». Аммо Оиша онро нопок донисту пок накард. Дар натиҷа, худи Пайғамбар (с) хунро аз чеҳраву даҳони ӯ ба хубӣ пок карда, фармуданд: «Агар ба ҷои Усома духтарбаччае ҳам мебуд, ӯро пок мекардам ва либос мепӯшондамаш ва нафақаву хароҷоташро таъмин менамудам».[21]
Воқидӣ ва Ибни Асокир аз Ато ибни Ясор ривоят кардаанд, ки Усома ибни Зайд вақте аввалин бор вориди Мадина шуд, ба бемории обила (ҷударӣ) гирифтор шуд ва дар он ҳангом кӯдак буду оби бинияш бар рӯи даҳону лабҳояш ҷорӣ мешуд. Ҳазрати Оиша (р) аз ӯ дурӣ мекард ва танаффур мекард. Расули Худо (с) омаданду ба шустани рӯву бӯсидани ӯ шурӯъ карданд. Оиша (р) мегӯяд: “Қасам ба Худо, аз он баъд ҳаргиз ӯро аз худ дур намекардам”.[22]
Оре, Расули Худо (р) ҳамчунонки рӯи Усомаро мешустанду ӯро мебӯсиданд, соири кӯдаконро низ бо ду дасти мубораки худ муолиҷа ва табобат мекарданд ва аз онон дурӣ намекарданд...
2. Аёдат аз кӯдаки бемор ба хотири тақвияти
рӯҳияи ӯ
Равшан аст, ки аёдат аз кӯдаки бемор дарвоқеъ як навъ муолиҷаи равонӣ барои кӯдаки бемор ба ҳисоб меояд, зеро вақте кӯдак мебинад, афроди бузургу атрофиёнаш ба дидани ӯ омадаанд, бидуни тардид дар баробари беморияш тақвияти рӯҳӣ пайдо мекунад ва оҳиста-оҳиста шурӯъ ба ҳаракат кардану сухан гуфтан бо меҳмонон менамояд. Ва агар он маҷлис ва ин беморбиниву ҷамъшавӣ ҳамроҳ бо зикри Худову дуои хайр барои кӯдак бошад, бидуни шак хайру баракати бисёр дорад ва нур болои нур мешавад. Ин гуна муолиҷа барои кӯдакон дарвоқеъ як равиши хосси Пайғамбар (с) буд. Чунонки аз Анас (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Кӯдаки навҷавони яҳудӣ ба Пайғамбари акрам (с) хидмат мекард. Боре он кӯдак бемор шуд ва Пайғамбари акрам (с) ба аёдати ӯ рафта, бар болинаш нишастанд ва ба ӯ гуфтанд: «Мусалмон шав». Он писар ба падараш, ки дар канори ӯ нишаста буд, нигоҳ кард ва падараш низ гуфт: “Эй писарам, аз Абулқосим Муҳаммад (с) итоат кун!” Пас, он писар мусалмон шуд, сипас Пайғамбар (с) аз он ҷо рафтанд, дар ҳоле ки мефармуданд: «Ҳамду сипос Худоеро, ки он писарро (ба василаи ман) аз оташи дӯзах наҷот дод».[23]
Ҳамчунин Пайғамбари акрам (с) ба аёдати кӯдакони мусалмон ва ғайримусалмон мерафтанд. Бар ин кор бисёр ҳарису алоқаманд буданд ва ин амал фақат ба хотири инояту таваҷҷӯҳи хоссе буд, ки он ҳазрат (с) нисбат ба кӯдакон доштанд.
3. Табобат ба василаи доруву давоҳои моеъ
Дар ривоят омадааст, ки Уммиқайс духтари Миҳсан, хоҳари Укоша гуфтааст: “Писарам бар асари чирки гулӯяш дучори дарди гулӯи шадид шуда буд, ба гунае ки наметавонист хӯрок бихӯрад. Ман лавзаҳои ӯро бо даст боз мекардам ва гулӯяшро мефишурдам, то ин ки рӯзе ӯро назди Пайғамбар (с) бурдам ва он ҳазрат (с) ӯро дар оғӯши худ шинонданд ва кӯдак рӯи либосашон бавл кард. Он ҳазрат (с) об хоста, рӯи бавли ӯ пошиданд ва баъд фармуданд: «Бар чӣ асосе бо боз кардани лавзаҳову фишурдани гулӯи фарзандонатон (бо ин равиши зишт) ононро табобат мекунед? (Чунин накунед, балки:) Бар шумо лозим аст, ки гулӯи ононро бо доруи нарму мулоими ҳиндӣ табобат намоед, зеро ин дору ҳафт дардро шифо мебахшад, аз ҷумла гулӯдард ва бемории шушро».[24]
Аз Ҷобир (р) ривоят шуда, ки зане писаре дошт, лавзаҳояш (гулӯзиндонак) чирку варам карда буданд, ӯро пеши Пайғамбар (с) оварду гуфт: “Мехоҳам варами лавзаҳояшро бишикофам”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Варами гулӯи фарзандонатонро аз тариқи дору бихушконеду табобат кунед, ба ин сурат, ки доруи ҳиндиро бардоред ва онро дар гулӯи фарзанди худ бичаконед, ба ин васила ӯро табобат намоед».[25]
Боз аз Ҷобир (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: Кӯдакеро назди уммулмӯъминин Оиша (р) оварда буданд, ки аз ду сӯрохи биниаш хун мечакид. Расули Худо (с) ворид шуда фармуданд: «Ин кӯдакро чӣ шудааст?». Оиша (р) гуфт: Лазаҳояш варам намуда, дарди гулӯ дорад. Ҳазрат (с) фармуданд: «Вой бар шумо эй ҷамоати занон! Фарзандони худро макушед ва ҳар зане, ки фарзандаш дучори дарди гулӯ ва ё сардард шуд, бояд ӯро ба василаи қисти ҳиндӣ (навъе дор мудово кунад (ва онро дар гулӯву сӯрохи биниаш бичаконад)».[26] Ҷобир (р) мегӯяд: “Пайғамбар (с) ба Оиша (р) дастур доданд, ки он кӯдакро табобат кунад, пас ӯ он кӯдакро мудово намуд ва шифо ёфт”.
Дар ривояти Аҳмад бо санади саҳеҳ омадааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Қисти ҳиндиро баргир ва онро бо об омехта кун, сипас дар гулӯву бинии ӯ бирез».[27]
4. Табобат ба василаи хунгирӣ ва доруи мусҳил
Икрима гуфтааст “Ибни Аббос (р) се хидматгори ҳиҷоматгар дошт, ки ду нафар аз онон дигаронро ба василаи ҳиҷомат дармон мекарданд ва аз ин тариқ касби даромад менамуданд. Дигаре низ Ибни Аббос ва хонаводаашро ҳиҷомат мекард”. Ибни Аббос мегӯяд: “Пайғамбар (с) фармуданд: «Бандаи ҳиҷоматгар хуб бандае аст, хуни (фосид ва зёдатиро) аз бадани ашхос берун меоварад ва аз байн мебарад, рагҳоро бозу пуштро сабук месозад ва тирагии чашмро аз байн бурда, онро равшану бино менамояд».[28]
Бояд донист, ки беҳтарин рӯзҳо барои ҳиҷомат гирифтан рӯзи ҳабдаҳ, нуздаҳ ва бистуякуми моҳ мебошанд. Омадааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Беҳтарин чизе, ки ба василаи он бемориҳоро муолиҷаву мудово мекунед, доруе аст, ки бо чаконидани он дар бинӣ масраф мешавад, доруе ки дар даҳон рехта ва аз он тариқ ба кор бурда мешавад. Равиши ҳиҷомат ҳамчунин пиёдаравӣ(ба таври куллӣ барои бисёре аз бемориҳову норасоиҳои дохилӣ) муфид мебошад».[29]
Дар ривояте омадааст, ки Оиша (р) аз Расули Худо (с) иҷозат хост, ки ҳиҷомат кунад. Расули Худо (с) низ ба Абӯтаййиба, ки бародари разоии ҳазрати Оиша (р) буд ва бинобар қавле ба синни булуғ нарасида буд, дастур доданд ҳиҷомати ӯро бигирад.[30]
5. Табобат ба василаи дуои хайр
Ҳамид ибни Қайси Маккӣ гуфтааст: “Ду писари Ҷаъфар ибни Абутолибро назди Расули Худо (с) бурданд. Он ҳазрат (с) ба дояву сарпарасти онон фармуданд: «Чист, ки ононро заифу лоғар мебинам?». Дояе, ки эшонро парвариш менамуд, гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Ин ду писар зуд мавриди чашми бад қарор мегиранд, оё ишколе надорад ва бо раъйи шумо мувофиқ мебошад, ки барои эшон дуои захми чашм бинависам? Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Барои онон захми чашм бинависед, шакке нест, ки агар чизе бар муқаддар сабқат мегирифт, ҳатман чашм бар он пешӣ мегирифт».[31]
Ибни Аббос (р) гуфтааст: “Зане фарзанди худро пеши Пайғамбари акрам (с) оварду гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Писарам дучори як навъ ҷунун шудааст. Махсусан ҳангоме ки сари дастурхони таом менишинем, чунон ҳолате ба ӯ даст медиҳад ва ғӯрокро бар сари мо рехта, онро табоҳ мекунад ва аз байн мебарад”. Пайғамбари акрам (с) даст бар синаву шиками ӯ кашиданду барояш дуои хайр карданд. Дар натиҷа қай кард ва он чӣ дар шикамаш буд ба монанди санги сиёҳ берун рехт ва шифо ёфт”.[32]
Соиб ибни Язид (р) гуфтааст: “Холаам маро назди Расули Худо (с) бурду гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Ин хоҳарзодаамро сараш дард мекунад”. Расули Худо (с) даст бар сари ман кашиданду бароям дуои хайр карданд”.[33]
Ҷуъайд (р) гуфтааст: “Соиб ибни Язид (р)-ро дидам, ки синнаш ба наваду чор расида буд ва ҳанӯз пӯсту бадани муносибу мӯътадил дошт ва мегуфт: “Бадану гӯшу чашми солиме, ки дорам, аз натиҷаи дуои хайри Расули Худо (с) аст, ки барои ман карданд”.
Дар ривоят омадааст, ки шахсе ба номи Алвозеъ писаре ва бинобар қавле, хоҳарзодаи девона дошт ва ӯро назди Расули Худо (с) бурд. Вақте ки дар Мадина ба хидмати Расули Худо (с) расид гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Ин писарам (ё бинобар қавле хоҳарзодаам), ки ҳамроҳи худ овардаам, девона аст. Ӯро ба хидмати Шумо овардаам, то дар пешгоҳи Худованди ғолибу тавоно барои ӯ дуои хайр кунед, ки беҳбудӣ ёбад”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ӯро биёр». Ман низ рафтам ва ӯро аз болои шутур поён овардам, либоси сафарро аз танаш берун кардам, ду либоси хубу покиза бар ӯ пӯшондам, дасташро гиритфам, то ин ки ба хидмати Расули Худо (с) расидам, фармуданд: «Ӯро ба ман наздиктар гардон ва пушташро ба тарафи ман қарор деҳ». Сипас либосашро ҷамъ карда, боло бурданд ва ба оромӣ ба зарба задану даст молидан бар пушти ӯ шурӯъ карданд ва мефармуданд: «Ухруҷ адуваллоҳ... Ухруҷ адуваллоҳ...» Он кӯдак ба монанди шахси солим менигарист ва он нигоҳи қаблиро надошт. Сипас, Расули Худо (с) ӯро болои дасти худ шинониданд ва даст бар сару рӯяш молида, барояш дуо карданд, беҳбудӣ ёфт. Баъд аз он ки Расули Худо (с) барои ӯ дуо карданд, дар миёни ҳамсолони худ касе бар ӯ фазлу бартарӣ намеёфт”.[34]
Дар поёни ин қисмати панҷум баъзе аз дуоҳои мустаҳабро ба умеди шинохтан ва дар ҳолати пеш омадани зарурат ба кор бурдани онҳо барои хонандагони мӯҳтарам баён мекунем,:
Ибни Аббос (р) гуфтааст: “Пайғамбари акрам (с) дуои таб ва соири дардҳоро ба дигарон меомӯхтанд,[35] аз он ҷумла: «Бисмиллоҳил кабир аъузу биллоҳил азим мин ъирқи наъъор ва мин шарри ҳаррин-нор. --Ба номи Худованди бузург, паноҳ мебарам ба Худои азимуш-шаън аз фаврон кардани хун аз раг ва аз шарри ҳарорати ношӣ аз ихтилоли узви бемор».
Дар ривоят омадааст, ки Оиша (р) гуфт: “Ҳар гоҳ иддае аз мардум ба назди Пайғамбар (с) меомаданд, аз дарди чизе, ё аз нороҳатии чирк ва ё захме шикоят ва бетобӣ мекарданд, он ҳазрат ба унвони табобат кардан ангушти худро тар мекарданду рӯи замин мегузориданд ва баъд баланд мекарданду бар маҳалли дард кашида мефармуданд: «Ба номи Худованд! Хоки замини мо бо оби даҳони иддае аз мо бо изни Худованд ба афроди бемори мо шифову беҳбудӣ мебахшад».[36]
Дар ривояте омадааст, ки ҳар гоҳ Пайғамбари акрам (с) назди беморе мерафтанд ва ё бемореро пеши Ҳазрат (с) меоварданд, мефармуданд: «Азҳибил баъса Раббан-нос, ишфи анта-ш-шофӣ, ло шифоа илло шифоука шифоан ло юғодиру суқман.--Эй Парвардигори инсонҳо! Ранҷу аламро бартараф кун, ба беморон шифову беҳбудӣ ато бифармо, ба ростӣ танҳо Туӣ шифодиҳанда, ҳеҷ шифое ҷуз шифои Ту нест, шифое ато бифармо, ки шомили ҳамаи беморон шавад ва ҳатто як нафар беморро тарк накунад».[37]
Уммулмӯъминин Оиша (р) гуфтааст: “Вақте Пайғамбар (с)-ро таб мегирифту бемор мешуданд, ду сураи «Қул аъузу бираббил-фалақ» ва «Қул аъузу бираббин-нос»-ро мехонданд, баъд дасти хешро ҳамроҳ бо пуф кардан бар худ мекашиданд. Вақте дар беморие, ки бо он беморӣ он ҳазрат (с) вафот карданд, дардашон шиддат гирифт, ман он ду сураро бар он ҳазрат (с) мехондам ва дасти росташонро бар баданашон мекашидам, ба умеди баракати бештар”.[38]
Дар поён дуоеро, ки Ҷибриил (а) барои Пайғамбари акрам (с) хонд, баён мекунем: Ҷибриил (а) назди Пайғамбар (с) омад ва гуфт: “Эй Муҳаммад! Оё бемор ва нороҳат ҳастӣ?” Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, нороҳатам ва дард дорам». Ҷибриил (а) гуфт: “Туро ба Худо паноҳ медиҳам, то аз ҳар чизе, ки ба ту азияту осеб мерасонад, маҳфуз бидорад ва туро аз шарри ҳар касе ва ё аз чашми бад дур бидорад. Худованд ба василаи зикри номи Худ ба ту шифо ато бифармояд. (Чун фақат ӯст холиқи ҳар чиз ва қодир ба пешгирӣ аз ҳар зарару зиёне)”.[39]
Оре, ба ҳамин хотир аст, ки Ибни Аббос (р) гуфтааст: “Расули Худо (с) бар хондани ду сураи «Қул аъузу бирабби-л-фалақ» ва «Қул аъузу бирабби-н-нос» таъкид фармудаанд”. Чунончи дар ривояте омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар кӯдаке, ки ба дунё меояд (шайтони васвасагар) бар қалби ӯ васваса меандозад, пас агар номи Худо бурда шавад (шайтон) шикаст мехӯрад ва агар аз номи Худо ғофил монад, шайтон ӯро васваса мекунад. Ин ҳамон мафҳуми фармудаи Худованд аст, ки мефармояд: «Аз шарри васвасагаре, ки вопас меравад ва шикаст мехӯрад».[40]
6. Овезон кардани ҳар чизе бар кӯдак, ба ҷуз мафоҳими Қуръон ва аҳодиси набавӣ ҳаром аст
Дар поёни ин фасл лозим аст ин нуктаро ёдоварӣ намоем, ки овезон кардани ҳар чизе бар андоми кӯдак ба унвони ҳофизу нигоҳдорандаи ӯ ва дар гулӯву банди дасти ӯ мӯҳраи чашмӣ бастан ба ин эътиқод, ки он кӯдакро аз чашми баду аз ҳар навъ зарар ҳифз мекунад, ҳаром мебошад ва аз ҷумлаи корҳое аст, ки афроди ноогоҳ ҳамчун аҳкоми шариати Ислом онро анҷом медиҳанд! Бояд донист, ки ин кор ҷузъи аъмоле аст, ки агар баъд аз гӯшзад намудан ва баёни табоҳии он ба анҷомдиҳандаи онҳо боз бар ин амали худ исрор варзад, Расули Худо (с) онҳоро ширк донистаанд ва бояд пеши онро гирифт.
Аз Амр ибни Ҳорис (р) ривоят шуда, ки Букайр ба ӯ гуфта, ки модараш бародари ӯро ба номи Махрама назди уммулмӯъминин Оиша (р) фиристод, то ин ки захми ӯро, ки ғолибан кӯдакон ба он мубтало мешаванд, табобат кунад. Баъд аз ин ки Оиша (р) ӯро табобат кард ва аз он фориғ шуд, ногаҳон дар пои Махрама ду халхоли (ҳалқаи филизӣ, ки занон дар банди по кунанд) тоза дид. Оиша (р) гуфт: “Оё гумон бурдед, ки ин ду халхол чизеро, ки Худованд муқаддар фармудааст, аз ӯ дафъ менамояд? Агар ман қаблан онҳоро медидам, ҳаргиз захми ӯро табобат намекардам ва даст ба он намезадам, чаро ки ба ҷони худам қасам, халхоли нуқрагин аз ин ду поктару беҳтар мебошад”.[41]
Оре, ба ҳамин хотир аст, ки Расули Худо (с) мусалмононро аз аъмоли ҷоҳилият ва боварҳои онҳо ба василаи овезон кардани чизҳое бар синаи кӯдакон, аз тарси ҳасад варзидани ҳосидон, сахт барҳазар дошта, аз ин гуна аъмоли хурофотӣ манъ кардаанд. Бинобар ин, мо бояд ба раҳнамоиҳои инсонсози Расули Худо (с) гӯш кунем ва бо тамоми вуҷуд аз онҳо пайравӣ намоем ва аз ҳар навъ бидъати саййиа худдорӣ кунем.
Абдурраззоқ дар «Мусаннаф»-и худ аз Абуқалоба нақл намудааст, ки гуфта: “Расули Худо (с) гарданбандеро, ки барои дафъи чашми бад бар гардани Фазл ибни Аббос (р) баста буданд, бардошта, нагузоштанд бар гарданаш баста шавад”.[42]