Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сивусеюм: Бинои тандурустии кӯдак
سلسلة تربية الأولاد، القسم الثالث والثلاثون: عن البناء الصحي للأولاد
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Пешгуфтор
Шакке нест, ки Ислом дар мавриди сиҳату тандурустии инсон ба таври умумӣ ва ба саломативу тандурустии кӯдак ба сурати хусусӣ, эҳтимоми зиёд варзидааст. Дар бисёре аз раҳнамоиҳояш пайдост, ки бар кори табобат ва суръат бахшидан ба он таъкид намудааст, зеро табобат барои таъмини сиҳату саломатии ҷисм, ки амонате аст дар пеши инсон, яке аз роҳҳои асосии беҳбудӣ мебошад. Аз ин рӯ, лозим аст пайваста дар нигаҳдорию муҳофизати ин амонат бикӯшад. Ислом табобатро ҳатто яке аз дастуроти Худованд қарор додааст, то бемориро, ки бо машияти Худованд бар инсон ворид шудаву ба он мубтало гардидааст, аз байн бибарад. Чунонки омадааст, Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«Ҳар дарде давое дорад ва ҳар гоҳ дард маълум шуда, давои он мушаххас гардад ва ба он расад, ба изни Худованди мутаол бемор беҳбудӣ меёбад».[1]
Дар ривоят омадааст, ки Усома ибни Шурайк гуфтааст: “Назди Расули Худо (с) будам, иддае аз аъроб аз ҷойҳои мухталиф пеши Расули Худо (с) омада, гуфтанд: “Эй Расули Худо! Оё афроди бемори худро табобат кунем?” Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ҳамдигарро табобат кунед, зеро Худованд ҳар дарде додааст, барои он давое низ қарор дода, ба ҷуз як дард ва он пирӣ аст, ки ҳеҷ давое надорад».[2]
Дар ривояте омадааст, ки Абуҳурайра (р) гуфт: “Ба Расули Худо (с) арз кардам: “Эй Расули Худо (с)! Оё бемориро ба василаи дуо ва ба доруву олоту абзоре табобат кунем? Оё ба ин васила чизе аз қазову қадари Худованд бармегардад?” Он ҳазрат (с) фармуданд: «Инҳо низ ҷузъи қазову қадари Худованд мебошанд, пас бо таваккал бар Худованд аз онҳо истифода кунед ва беморонро табобат намоед».[3]
Тамоми ин аҳодис ва амсоли онҳо ба таври ошкор далолат бар эҳтимом варзидани Расули Худо (с) ба сиҳату саломатии афроди мусалмон ва маҳфуз мондани онон аз бемориҳову дардҳо доранд. Расули Худо (с) мефармоянд: «Шахси мӯъмини нерӯманд назди Худованд беҳтару маҳбубтар аз шахси заиф мебошад ва дар вуҷуди ҳар фарди мӯъмини қавию заиф хайру баракате ҳаст (аммо мӯъмини қавиҷисм ва қавидил ба хотири хушҳол будан, шуҷоъ ва мусаммам буданаш дар ҷиҳод, дар амри ба маъруфу наҳйи аз мункар назди Худованд маҳбубтар мебошад, чун барои Ислому муслимин муфидтар аст)».[4]
Вақте дар аҳодис ва сирати шарифи набавӣ ба хубӣ диққат ва тааммул намоем, ба аркону асоси бинои тандурустӣ барои саломатии инсон пай мебарем, ки метавон ба василаи онҳо аз бемориҳои бисёре иҷтиноб намуд. Риоя намудану ба кор гирифтани онҳо низ мубтало шудани кӯдаконро ба бемориҳо ба ҳадди ақал мерасонад. Расули Худо (с) ба ҳашт рукну асоси тандурустӣ аҳамият фармудаанд, ки дар поён ҳар як аз он асосҳоро ба тафсил баён мекунем.
Асоси аввали тандурустӣ, варзиши шиноварӣ, тирандозӣ, аспсаворӣ ва ғайра
Ёдоварӣ мешавад, ки дар фасли ҳаштум дар робита бо бинои ҷисмӣ баён гардид, ки бояд фанни шиноварӣ ва тирандозӣ ба кӯдак омӯхта шавад. Тавзеҳ дода шуд, ки чӣ гуна Умар ибни Хаттоб (р) ба сарпарастону мураббиён тавсия намуд, ки илова бар омӯхтани шинову тирандозӣ амри меҳмондориву паридан ба пушти асп ва ғайраро ба фарзандони худ биомӯзанд ва низ баён шуд, ки чӣ гуна Пайғамбари акрам (с) кӯдаконро таърифу тавсиф менамуданд ва дар миёни онон мусобиқаи давидан ташкил медоданд. Ҳамчунин шоҳиди гӯштин гирифтани он ду кӯдак, ки қабл аз фиристодани онон ба ҷанги Уҳуд дар ҳузури он ҳазрат (с) анҷом доданд...
Бинобар ин, варзиши баданӣ ба тавр куллӣ ҷисму бадани кӯдакро ба шакли қобили мулоҳиза қавию нерӯманд месозад, ба гунае ки зотан дар баробари бемориҳо нерӯманду муқовим мешавад ва баданаш дар муқобили ҳар навъ беморӣ аз худ муқовимат нишон дода, онро намепазирад, магар ин ки хосту иродаи Худованд бошад ва он чизи дигаре аст.
Оре, дар ин ҷо ҳеҷ ниёзе ба ин ки фоидаҳои варзишро баён кунем, нест, балки кофӣ аст пеши пизишкони мутахассиси ин фан нишаста, ба гуфторҳои онон гӯш дод, то ин ки яқину итминони комил ба сиҳату дурустии аҳодиси набавӣ дар ин робита ҳосил шавад.
Дар ҳар сурат, кофӣ аст, инсон бидонад, варзиши шиноварӣ, ки рӯи он зиёд таъкид шудааст, тамоми пайвандҳои баданро ба ҳаракату фаъолият дармеоварад ва бадани шахсро дар баробари бисёре аз бемориҳо маҳфуз медорад. Ин чизе аст, ки акнун дар ин китоб фурсати баёни он нест, балки ҷои он дар китобҳои тиб ва навиштаҳои махсуси ин фан мебошад...
Асоси дуюми тандурустӣ, одат додани кӯдак
ба суннати мисвок
Бар касе пӯшида нест, ки Пайғамбари акрам (с) ба мисвок кардан ва назофати даҳону дандон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намудаанд, то он ҷое ки мефармуданд:
«Агар бими онро намедоштам, ки умматамро ба заҳмат меандозам, мисвок карданро ҳангоми адои ҳар намоз ба онон дастур медодам».[5]
Бинобар ин, вақте кӯдак худро ба ин равиш одат диҳад, пайваста ва ба таври муназзаму мураттаб даҳону дандони худро бишӯяду пок кунад, мусалламан бисёре аз бемориҳоеро, ки аҳёнан дар асари кирмхӯрдагии дандонҳо ва ё ба воситаи бадии лисаҳо ба вуҷуд омадаанд, аз байн мебарад. Аз ҷиҳати дигар, тибби нав собит кардааст, амали мисвок, ки бо маводи кимиёӣ ба даст омадааст, барои беҳбудии дандонҳову тақвияти лисаҳо ба шакли фаъолу муассире муфид мебошад. Аммо таҳияи навъи чӯбии он осон ва бо баҳои каме ба даст меояд ва дар нимҷазираи Арабистон бисёр аст.
Имом Нававӣ дар шарҳе, ки бар Муслим навиштааст, изҳор медорад: “Чӯби арок, ки бо номи “мисвок” аз он истифода мешавад, метавон онро ба ҳар шакле табдил намуд ва ҳатто агар ҳеҷ василае барои пок намудану назиф нигоҳ доштани дандонҳо дар ихтиёри инсон набошад, метавонад ба василаи ангуштони дасти худ ва ё ба василаи як пора матоъи дурушти назиф дандонҳои худро пок кунад, чун ҳадафи аслӣ дар ин кор он аст, ки кӯдак ба суннати мисвок задан одат намояд ва дандонҳои хешро бо ҳар василаву абзори мумкин поку назиф бидорад.
Асоси сеюми тандурустӣ, мутаваҷҷеҳ намудани кӯдак ба тозагӣ ва гирифтани нохунҳо
Назофат дарвоқеъ як рукни асосӣ аз арконе аст, ки Ислом мусалмононро ба риояи он фаро хондааст. Кӯдаке, ки мехоҳад намоз бихонад, бояд таҳорат кунад ва либосу маконе, ки дар он намоз мегузорад, бояд пок бошад. Тамоми инҳо барои адои фаризаи намозе аст, ки волидайн анҷоми онро дар ҳафтсолагӣ ба ӯ дастур медиҳанд ва дар синни даҳсолагӣ агар онро анҷом надод ва дастури падару модарашро иҷро накард, ӯро танбеҳ мекунанд.
Аммо гирифтани нохунҳо низ яке аз суннатҳои фитрии панҷгонае аст, ки ҳадиси саҳеҳ онро бо сароҳат баён намудааст: «Панҷ чиз аз фитрату сиришти инсонҳо аст, ки яке аз онҳо кӯтоҳ кардани нохунҳо мебошад».
Бинобар ин, кӯдаке, ки ба пайваста кӯтоҳ кардани нохунҳояш одат мекунад, албатта дастҳояш аз чирку ифлосӣ, ки ғолибан дар зери нохунҳо ҷамъ мешавад, пок мебошад ва чун кӯдак аксаран ангуштони худро дар даҳонаш мегузорад, аз ин рӯ, ин амр мӯҷиби мубтало шудани ӯ ба бемориҳо мегардад...
Асоси чоруми тандурустӣ, пайравӣ аз суннати набавӣ дар хӯрдану нӯшидан
Дар фасли шашум боби “Одоби хӯрок хӯрдани кӯдак” ба таври муфассал баён гардида, ки лозим аст кӯдакро ба он одат дод, ки хӯрокро аз пеши худ бихӯрад ва даст ба атрофи зарф ва ба пеши дигарон накашад...
Бинобар ин, вақте ки кӯдак аз суннату равиши Пайғамбари акрам (с) пайравӣ намояд ва дар аснои хӯрокхӯрӣ ҳадду марзи худро шиносаду амри назофат ва соири умури исломписандро риоя намуда, ба онҳо одат кунад, ҳатман пайваста муваффақу комёб хоҳад шуд. Ҳамчунин дар баробари бисёре аз бемориҳои ботиниву зоҳирӣ маҳфуз хоҳад шуд.
Аз Миқдом ибни Маъди Якруб ривоят шуда, ки гуфтааст: “Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд: «Одамизод ҳеҷ зарферо бадтар аз шикамаш пур накардааст. Барои инсон кофӣ аст чандон бихӯрад, ки зинда бимонад (ва қодир ба анҷоми вазифаҳои худ бошад) агар ночор ба хӯрдани бештар аз он шуд, пас, бояд сеяки меъдаи худро барои хӯрданиҳо ва сеяки дуюмро ба нӯшиданиҳо ва сеяки дигарро барои нафас кашидан (ҳаво) ихтисос диҳад».[6]
Дар бораи одат додани кӯдак дар нӯшиданӣ ба суннати Пайғамбари акрам (с) омадааст, ки Анас ибни Молик гуфтааст: «Вақте Расули Худо (с) нӯшиданиеро менӯшиданд, онро бо се нафас (се мартаба) менӯшиданд».[7]
Анас (р) мегӯяд: “Баъд аз ин ки дидам Расули Худо (с) нӯшиданиеро ба се нафас кашидан менӯшиданд, ман низ ҳар бор, ки нӯшидание менӯшидам, онро ба се мартаба менӯшидам”.
Дар ривояти Абудовуд низ омадааст: “Вақте ки Пайғамбар (с) нӯшиданиеро менӯшиданд, онро бо се нафас менӯшиданд ва мефармуданд: «Ин гуна нӯшидан гуворотар, некӯтар ва беҳтар мебошад».
Бояд кӯдакро аз пуф кардан дар зарфи ҳар навъ нӯшиданӣ дар аснои нӯшидан барҳазар дошт. Чунонки аз Қатода (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) наҳй кардаанд аз ин ки дар зарфи нӯшиданӣ пуф карда шавад».[8]
Лозим аст обро дар ҳолати нишаста нӯшид, ба ҷуз оби Замзам, ки мустаҳаб аст онро истода ва рӯ ба қибла нӯшид. Чунонки аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: Пайғамбар (с) фармуданд:
«Ҳеҷ як аз шумо истода об нанӯшад, пас касе, ки фаромӯш кард, бояд онро хориҷ кунад (ва аз нӯшидани он дар ҳоли истода даст бикашад)».[9]
Асоси панҷуми тандурустӣ, одат додани кӯдак
ба хобидан бар паҳлӯи рост
Хобидан бар паҳлӯи рост яке аз аркони асосии тандурустӣ дар зиндагии инсон аст ва фоидаҳои саломативу тандурустии он бисёранд. Пайғамбари акрам (с) асҳоби худро ба риояи он тавсия мекарданд. Чунонки омадааст, Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ҳар гоҳ(хостӣ) ба бистар хоб биравӣ, таҳорате ба монанди таҳорати намоз бикун. Сипас бар паҳлӯи рости худ бихоб ва бигӯ: “Худоё нафси хешро фармонбардори Ту намудам, амри хешро ба Ту вогузор кардам, ба Ту таваккал ва пушт бастам, ба хотири бим ва тазаррӯъ ба сӯи Ту паноҳ овардам, ҳеҷ гурезгоҳу роҳи наҷоте намеёбам, ҷуз аз ҷониби Ту. Худоё! Ба китобе, ки нозил фармудаӣ ва ба Пайғамбаре, ки ба сӯи ҷаҳониён фиристодаӣ, имон овардам. Худоё! Агар дар ин шаб маро мирондӣ, пас бар дини поку устувори Ислом маро бимирон. Ва инҳоро охирин гуфтори худ бигардон...».[10]
Асоси шашуми тандурустӣ, омӯхтани
муолиҷаи табиӣ ба кӯдак
Шакке нест, инсон дар тамоми даврони зиндагияш ниёзманд ба молиши азалот мебошад ва кӯдак дар ҳоли рушду нумӯ дар молиш додани азалоти волидайнаш ба василаи иршоду роҳнамоии онон таҷриба пайдо мекунад ва дар ин бора маҳорату шинохти хубе касб менамояд, ки ин кор дар оянда ҷузъи огоҳии муфиде барои ӯ мешавад.
Оё инро шунидаӣ, ки Пайғамбари акрам (с) ба кӯдаке, ки узвҳои ҷисми муборакашро молиш медоданд, шеваи молидани онҳоро ба ӯ меомӯхтанд? Пас агар нашунидаӣ, биё бо ҳам онро дар ривояти зер бишунавем:
Табаронӣ, Баззор, Ибни Синнӣ, Абунаъим ва Саиб ибни Мансур аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят намуда, ки гуфтааст: “Назди Пайғамбари акрам (с)рафтам, дидам, ки ғуломи ҳабашӣ пушти Пайғамбари акрам (с)-ромолиш медиҳад. Ман гуфтам: “Эй Расули Худо (с)! Оё баданатон дард мекунад?” Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Дишаб шутур маро бар замин партофт».[11]
Асоси ҳафтуми тандурустӣ, одат додани кӯдак
ба зуд хобидан ва субҳ зуд бедор шудан
Табиист, одат додани кӯдак ба зуд бедор шудан барои адои намози субҳ, вақте муяссар мешавад, ки шаб зуд хобида бошад ва дар сурате саҳархезӣ мӯҷиби тандурустиву нишоти ӯ мешавад, ки танбалии хоб надошта бошад ва аз ҳадди ақал, замоне, ки барои хобидани кӯдакон лозиму зарурӣ аст, сер шуда бошад.
Умар ибни Хаттоб (р) вақте ки барои адои намози хуфтан назди Пайғамбари акрам (с) мерафт, кӯдакони худро хобонида буд, то ин ки ба хаёли роҳат намози хуфтанро ҳамроҳи Пайғамбари акрам (с) бо ҷамоат бихонад. Чунонки аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки Пайғамбари акрам (с) намози хуфтанро ба (сеяк ё нисфи шаб) ақиб андохтанд. Умар ибни Хаттоб (р) рафта гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Намози хуфтанро акнун бихонем, дар ҳоле ки занону кӯдакони мо хобидаанд?” Пайғамбари акрам (с), дар ҳоле ки пеши сарашонро масҳ мекарданд, фармуданд: «Агар бими онро намедоштам, ки умматамро ба заҳмату машаққат меандозам, ба эшон дастур медодам, ки намоз (хуфтан)-ро дар ҳамин вақт бихонанд».[12]
Илова бар он тардиде нест, ки кӯдаки мусалмон (бар асари одат кардан ба зуд хобидан ва субҳ зуд бедор шудан) ба воситаи анҷом додани фароизи динӣ тандурустии комилро касб менамояд ва дар натиҷа ҷисму рӯҳаш қавӣ мегардад, зеро аз он ҷое ки гази (озон), ки аз таркиби се атом аз оксиген ташкил шудааст, ҳангоми саҳар дар ҳаво пахш мешавад. Собит шудааст, ки ин газ дар он вақт ба силулҳои зиндаи бадан нишоту фаъолияти хоссе мебахшад. Бинобар ин, ба василаи истиншоқи он ҷисми кӯдак қавӣ мегардад ва худи ӯ дар ҳоле ки фаризаи намозро ба ҷой меорад, онро дарк намекунад.
Дар ривоят омадааст, ки Расули худо (с) фармуданд: «Баъд аз гузашти посе аз шаб, ки мардум аз омаду рафт боз истоданд, аз торикии шаб бипарҳез, зеро шумо намедонед Худованд чӣ чизеро пеш хоҳад овард».[13]
Равшан аст, ки аз дидгоҳи Ислом дину дунё ба ҳам мураттаб мебошанд ва аз ҳам ҷудо нестанд. Касе, ки мехоҳад кӯдакони худро мутобиқи дастуроти динӣ тарбияву парвариш кунад, мусалламан дунё бо ҳолати рукӯъу фурӯтанӣ ба истиқболи ӯ меояд...
Бояд донист, саҳархезиву субҳ зуд бедор шудан, илова бар доро будани фоидаҳои зикршуда, фоидаи дигаре низ дорад ва он иборат аст аз фузунии ризқу рӯзии шахс. Чунонки дар ривоят омадааст: “Ибни Аббос вақте ки писари худро дид, ки дар хоби ширини субҳ фурӯ рафтааст, ба ӯ гуфт: “Эй писарам, бархез! Оё ту дар соате мехобӣ, ки дар он ризқу рӯзӣ тақсим мешавад?” [14]
Дар ривояте омадааст: “Пайғамбари акрам (с) субҳ зуд назди Фотима (р) омаданд, диданд хобидааст, ӯро бедор карда гуфтанд:
«Бархез ва шоҳиди ризқу рӯзии Парвардигорат бош».[15]
Асоси ҳаштуми тандурустӣ, ҳифзи кӯдакон аз бемориҳои гузаранда
Пайғамбари акрам (с) як қоидаи умумӣ барои тамоми мардум, чи бузургу чи хурд, вазъ фармудаанд ва он иборат аст аз ин ки набояд гузошт фарди беморе, ки мубтало ба бемории гузаранда аст, ба миёни мардум биравад ва дар ҷамъомадҳои онон ширкат варзад. Ҳамчунин то замоне, ки беҳбудӣ меёбад, набояд ба ӯ иҷозат дод, ки ба дидани касе биравад ва ё шахси дигар бидуни риояи эҳтиёт ба назди ӯ равад ва ба вай даст расонад.
Табиист, бемориҳои гузаранда бисёранд ва бояд падару модар фарзанди худро дар даврони кӯдакӣ аз бурдан ба дидани хешовандону дӯстоне, ки фарди мубтало ба чунин беморӣ доранд, худдорӣ кунанд ва баръакс, набояд волидайн фарзанди мубтало ба бемории гузарандаро ба чунин хонаводае бибаранд, то замоне ки беҳбудӣ меёбад.
Оре, дар ин бора қоидаҳои бисёр муфиду боарзиши набавӣ барои сиҳату тандурустӣ вуҷуд доранд. Чунонки дар Саҳеҳайн аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Набояд фарди беморе (ки мубтало ба бемории сирояткунанда аст) ба дидани шахси солим биравад (то ӯ низ бемор нагардад)».[16]
Ҳамчунин лозим аст волидайн дигар кӯдакони худро аз кӯдаки бемораш то замоне, ки беҳбудӣ ёбад, дур нигоҳ доранд, то ин ки инҳо низ ба бемории ӯ мубтало нагарданд. Албатта ба хотири ин ки кӯдаки бемор дучори афсурдагии равонӣ нашавад, ҳеҷ монеъе надорад, ки волидайнаш ӯро ба василаи ин гуна аҳодиси набавӣ насиҳат карда, раҳнамоияш намоянд, то ба хубӣ дарёбад, ки ин дастуре аст аз ҷониби Расули Худо (с) ва табиист, ки кӯдаки мусалмон Пайғамбари худро дӯст медорад ва аз дастуроти ӯ пайравӣ карда, бо тамоми вуҷуд нидои ӯро иҷобат менамояд...
Асоси нӯҳуми тандурустӣ, дур нигоҳ доштани кӯдак ба ҳар василаи мумкин аз чашми шахси бадхоҳ
Бояд донист, ин гуна роҳи чораандешӣ барои ҳифзи кӯдакон маҳдуд ба тибби набавӣ аст ва яке аз роҳҳои назорату муҳофизат аз кӯдакон мебошад. Дар ин маврид Имом Нававӣ дар китоби «Ал-Азкор» мегӯяд: “Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) ба Ҳасану Ҳусайн хитоб карда мефармуданд:
«Шуморо ба калимоти тамому камоли Худованд месупорам, то аз ҳар шайтоне, мавҷудоти сумдори кушандае ва аз нигоҳи бади ҳар чашме маҳфуз бидорад».[17]