Articles




БЕҲИҶОБӢ ҶОҲИЛИЯТ АСТ





Худованд мефармояд: “Ва дар хонаҳои хеш бимонед ва монанди изҳори таҷаммул, ки дар ҷоҳилияти пешин буд, изҳори таҷаммул макунед”. Аҳзоб 33





Паёмбари акрам (с ) даъвои ҷоҳилиятро палид ва бад хонда, аз мо хоста то онро раҳо кунем ва дурӣ ҷўем. Ҳамчунин дар сифатҳои он Ҳазрат (с) омадааст, ки “Ва барои онҳо покизаҳоро ҳалол месозад ва нопокизаҳоро ҳаром мекунад”. Аъроф 157





Пас даъвои ҷоҳилият, монанди беҳиҷобӣ ҷоҳилият аст. Ҳар ду бадбў ва нопоканд. Расулуллоҳ (с) ҳамаи умури ҷоҳилиятро мамнўъ ва ҳаром намудааст. Чунончӣ дар суханронии Ҳаҷҷату-л-вадоъ фармуданд: “Имрўз корҳои ҷоҳилиятро зери по гузоштем”. Фарқ намекунад чӣ беҳиҷобии ҷоҳилият бошад, чӣ даъвои ҷоҳилият, чӣ ҳукми ҷоҳилият, чӣ гумони ҷоҳилият, чӣ таассуби ҷоҳилият ва чӣ рибои ҷоҳилият, ҳама яксонанд.





БЕҲИҶОБӢ, ҲАЙВОНИЯТ, ИРТИҶОЪ ВА АҚИБМОНДАГИСТ





Бараҳнагӣ табиат ва хислати ҳайвонот аст. Ҳаргоҳ, инсон ба сўи он гароиш пайдо кунад, ба ақиб бар мегардад ва ба мартабае поёнтар аз мартабаи инсоният, ки Худо ба башар арзонӣ дошта ва гароиш ба ҳиҷоб ва пўшишро дар ниҳод ва фитрати ў гузошта, суқут мекунад. Инро бояд бидонем касоне, ки беҳиҷобӣ ва бараҳнагиро ҷамол ва зебоӣ мебинанд, дар воқеъ фитрати мариз ва завқи вожгун доранд. Ин худ далели тахаллуф ва ақибмондагии онҳо аст.





Нуқтаи қобили мулоҳиза ин аст, тараққӣ ва пешрафти башар бо сатр ва пўшиш иртиботи мустақим дорад. Ба тавре ки ҳамеша натиҷаи пешрафт сатр ва пўшиш будааст. Нуктаи дигар ин ки ҳиҷоби зан бо ғаризаи ғайрат, ки аз рўҳ сарчашма ва нашъат мегирад, таносуб ва созгорӣ дорад. Аммо бебандуборӣ ва беҳиҷобӣ аз шаҳват нашъат мегирад. Зеро ин шаҳват аст, ки инсонро ба беҳиҷобӣ ва ихтилот мекашонад. Ҳар кас аз ин равиши дуввум (бебандубориро) – интихоб намояд, бояд равиши аввал (ҳиҷоб ва ғайрат)–ро фидо кунад ва ё беҳиҷобӣ ва ихтилот бо бегонагон, садои ғайратро дар дарунаш хомўш намояд. Ин ҷост, ки беҳиҷобӣ далел бар фасодии фитрат, қиллати ҳаё, беғайратӣ ва беэҳсосист.





БЕҲИҶОБӢ ДАРВОЗАИ ФАСОДИ ФАРОГИР АСТ





Касоне, ки ба нуссҳои шариат ва рўйдодҳои таърихӣ бияндешад, ба фасод ва зарарҳои беҳиҷобӣ бар дин ва дунё пай хоҳанд бурд.Ба вижа ҳангоме ки дар канори беҳиҷобӣ ихтилоти зан ва мард ҳам бошад.





НАТОИЧИ БЕҲИҶОБӢ





1. Занони беҳиҷоб дар ороиши ҳаром ва ғайри шаръӣ барои ҷалби таваччўҳ ҳар чӣ бештар бо якдигар ба рақобат мепардозанд.Ба тавре ки дар ин росто, арзишҳои ахлоқи поймол ва амволи зиёде ҳайф ва харҷ мешавад. Зан ба шакли колои ҳақир ва пасте дар меояд, ки барои нигоҳи тамошогарон ба бозор арза мешавад.





2. Боиси фасоди ахлоқи мардон, ба хусус ҷавонон ва навҷавонон мешавад ва онҳоро ба майли корҳои зишт ва ҳаром во медорад.





3. Рабитҳои хонаводагиро ба ҳам мезанад. Эътимоди афроди хонавода нисбат ба якдигар салб шуда, боиси адами эътимод миёни афроди хонавода ва сабаби паҳншавии талоқ дар ҷомеа мешавад.





4. Бо зан ба унвони василаи таблиғотӣ ё олоти саргарм дар заминаҳои мухталифи тиҷорӣ рафтор мешавад.





5. Беҳиҷобӣ барои худи зан низ бад тамом мешавад, зеро намоиши андом худ навъи эълони хабисдарунӣ аст ва ҳамин амр боис мешавад, то мавриди азият ва озори шахсони бад ва шаҳватпараст қарор гирад.





6. Интишори навъҳои беморӣ. Расулуллоҳ (с) мефармояд: “Ҳар гоҳ зино дар қавме ба ҳадди ошкоро паҳн гардд, тоъун ва навъҳои бемориҳои бесобиқа миёни онҳо шуюъ пайдо хоҳад кард”.





7. Зинои бо чашм ба осонӣ анҷом мегирад. Расулуллоҳ (с) мефармояд: “Зинои чашм нигоҳ кардан аст”. Нигоҳдории чашм ба номаҳрам, ки мо барои расидан ба ризои Худо ба он дастур дода шудаем, мушкил мешавад.





Ҷомеае, ки бар асари беҳиҷобӣ дучори фасод ва фаҳшо шудааст, сазовори нузули азобҳои умумӣ мегардад, ки қатъан хатараш аз бомбаҳои ҳастаӣ ва заминларзаҳо бештар аст. Худованд мефармояд:





“Ва чун хоҳем, ки деҳеро ҳалок кунем, ба саркашони он ҷо мефармоем. Пас, он ҷо нофармонӣ кунанд ва ваъдаи азоб бар он деҳа собит шавад, пас, ба барҳам задане онҳоро барҳам занем».





Расулуллоҳ (с) мефармояд : “Агар мардум мункирро бубинанд ва онро тағйир надиҳанд, ба зудӣ Худованд онҳоро дучори азобе хоҳад кард”.





ШАРОИТИ ҲИҶОБИ ИСЛОМӢ





АВВАЛ: ПЎШИДАНИ ҲАМАИ БАДАНИ ЗАН БИНО БА ҚАВЛИ РОҶЕҲ





Баъзе аз уламо зоҳир кардани чеҳра ва ду кафи дастро мубоҳ донистанд. Ба шарти ин ки зан дучори фитна нашавад ва дигаронро ҳам ба фитна наяндозад, яъне зебо набошад ва дасту сураташро ҳам ороиш накарда бошад. Ҳамчунин афроди ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунад фоҷир ва чашмчарон набошанд.





ДУВВУМ: ХУДИ ҲИҶОБ ЗИННАТ НАБОШАД





Зеро Худованд мефармояд: “ва ороиши худро ошкоро накунанд, магар он чи аз он (мавзеъҳо) зоҳир аст”. Ҳамчунин мефармояд: “Ва дар хонаҳои хеш бимонед ва монанди изҳори таҷаммул, ки дар ҷоҳилияти пешин буд, изҳори таҷаммул макунед”





Дар асл, Худованд қонуни ҳиҷобро вазъ намуда, то зиннати зан пўшида шавад. Пас маъқул нест, ки худи ҳиҷоб зиннат бошад.





САВВУМ: ҒАФС БОШАД, НОЗУК ВА ШАФФОФ НАБОШАД





Ҳиҷоб бояд ғафс бошад. Зеро сатр фақат бо либоси ғафс ҳукми ҳиҷобро пайдо мекунад. Аммо зан дар либоси шаффоф, ҳар чанд ба зоҳир пўшида аст, аммо дар ҳақиқат лухт аст.





Расулуллоҳ (с) мефармояд: “Ба зудӣ дар поёни уммати ман заноне меоянд, ки ба зоҳир либос пўшидаанд, вале дар воқеъ лухтанд. Болои сарашон монанди кўҳони шутур аст. Онҳоро лаънат кунед, зеро онҳо малъунанд”. Дар ҳадиси дигар омадааст: “Ин занон вориди биҳишт намешаванд, ҳатто бўи биҳишт ҳам ба машоми онҳо намерасад. Ин дар ҳолест, ки бўи биҳишт аз масири бисёр тўлонӣ ба машом мерасад”.





Ин ҳадис, далолат бар ин дорад, ки пўшидани либоси шаффоф ва нозук, ба тавре ки нозукиҳои баданро зоҳир намояд, аз гуноҳони кабира шумурда мешавад ва боиси ҳалокат ва нобудӣ мегардад.





ЧАҲОРУМ: ЛИБОСИ ҲИҶОБ БОЯД ФАРОХ ВА КУШОД БОШАД , ТАНГ НАБОШАД





Зеро ҳадаф аз ҳиҷоб ҷилвагирӣ аз фитна аст ва либоси танг ҳаҷм ва андозаи ҳамаи бадан ё баъзе аз баданро нишон медиҳад ва аъзои баданро ҷилави чашми мардон ба тасвир мекашад. Возеҳ аст, ки ин навъ либос боиси фасод ва фитна мегардад.





Ҳазрати Усома ибни Зайд (р.з)мегўяд: “Паёмбари Худо (с) ҷомаи сатрбар ва ғафсеро, ки аз катони сафед дуруст шуда буд ва Даҳияи Калбӣ эҳдо карда буд, ба ман бахшид. Ман онро ба ҳамсарам бахшидам. Он Ҳазрат (с) фармуданд:” Чаро онро намепўшӣ?” Гуфтам : “Онро ба ҳамсарам бахшидам.” Паёмбари Худо (с) фармуд: “Ба ҳамсарат дастур бидеҳ то зерпўш истифода намояд. Метарсам ин ҷома ҳаҷми устухонҳояшро нишон диҳад”.





ПАНҶУМ: МУАТТАР ВА ХУШБЎ НАБОШАД





Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Ҳар зане атр ва хушбўӣ истеъмол кунад ва бар гурўҳе гузар намояд, ба тавре ки бўяш ба машоми онҳо бирасад , он зан зинокор аст”.





ШАШУМ: ШАБЕҲИ ЛИБОСИ МАРДОН НАБОШАД





Расулуллоҳ (с) мефармояд: ”Аз мо нест заноне, ки худро монанди мардон кунанд ва ҳамчунин аз мо нестанд мардоне, ки худро шабеҳи занон намоянд”.





Ҳазрати Абуҳурайра (р.з)мегўяд:





“Расулуллоҳ (с) мардеро, ки либоси занона бипўшад ва занеро, ки либоси мардона бипўшад, лаънат намуд”.





Ҳамчунин он Ҳазрат (с) фармуданд: ”Се нафар рўзи қиёмат вориди биҳишт намешаванд ва Худованд ба сўи онҳо нигоҳ намекунад: фарзанде, ки нофармонии падару модарашро кунад, ва зане, ки худро шабеҳ ва монанди мардон намояд ва марди беғайрат”.





ҲАФТУМ: ШАБЕҲИ ЛИБОСИ ЗАНОНИ КОФИР НАБОШАД





Расулуллоҳ (с) мефармоянд: ”Касе, ки худро шабеҳ ва монади қавме намояд, аз ҳамон қавм ба шумор меравад”. Абдуллоҳ ибни Умар (р.з)мегўяд:”Ҳангоме, ки Расулуллоҳ (с) ду либоси сурхрангро ба танам дид, фармуд: ”Ин либоси кофирон аст, шумо онро напўшед”.





ҲАШТУМ: ҲАДАФ АЗ ОН ШЎҲРАТ МИЁНИ МАРДУМ НАБОШАД





Расулуллоҳ (с) мефармоянд:”Касе, ки дар дунё либоси шўҳрат бипўшад, Худованд рўзи қиёмат ба ў либоси зиллат ва хорӣ мепўшонад. Сипас оташи чаҳаннамро дар он шўълавар месозад”.





Либоси шўҳрат либосе гуфта мешавад, ки ҳадафи соҳиби он машҳур шудан миёни мардум бошад. Фарқе намекунад, ки либоси арзишманд бошад ва фард онро ба хотири ифтихор ба дунё ва зевар- олоти он бипўшад ва ё либоси беарзише бошад ва фард онро барои ба намоиш гузоштани зуҳд ва тақвояш бошад. Ба унвони мисол: Рангеро интихоб мекунад, ки дигарон онро намепўшанд, то мардумро ба сўи худ мутаваҷҷеҳ намояд ва бо ғурур ва худписандӣ ба мардум кибр варзад.





АЗ БЕҲИҶОБӢ НИҚОБДОР ПАРҲЕЗ КУНЕД





Агар дар шартҳои гузаштаи ҳиҷоб хуб тадаббур намояд, ба хубӣ барои шумо возеҳ ва ошкор мешавад, ки бисёре аз занони ҷавоне, ки имрўз “занони ҳиҷобдор” номида мешаванд, баҳрае аз ҳиҷоб надоранд. Инҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки номи гуноҳонро иваз мекунанд, беҳиҷобиро ҳиҷоб ва маъсиятро тоат ном мегузоранд.





Душманони бедори ислом талоши зиёде намуданд, то бо дастгирӣ, зиндон ва шиканҷа намудани афрод, бедории исломиро дар нутфа хафа намоянд. Аммо Худованд тавтиаи онҳоро нақши бар об кард ва мардон ва занони мўъмин бар тоати Парвардигорашон собит ва устувор монданд.





Баъд аз ин ки шиканҷа ва зиндон суде набахшид, душманони Ислом тағйири равиш доданд ва ба ин ба ин фикр афтоданд, то бо равиши палид, бедории исломиро аз масири раббониаш мунҳариф кунанд.





Дар натиҷа ба тарвиҷи шаклҳои ҷадиде аз ҳиҷоб, ба номи “роҳи ҳалли васат” пардохтанд. То бад ин сурат, ба гумони онҳо зани ҳиҷобдор Парвардигорашро хушнуд ва розӣ намояд ва дар айни ҳол, ҳамоҳанг бо ҷомеа пеш равад. Қашангӣ ва зебоияшро низ ҳифз намояд.





Порчафурўшон ҳам ба иллати интишори ҳиҷоби шаръӣ аз касоди тиҷораташон ба ваҳшат афтоданд. Инҷо буд, ки бозорҳоро бо намунаҳое масх шуда бо ҳиҷоб, таҳти унвони “ҳиҷоб муди рўз” пур намуданд. Ин навъ ҳиҷоб, ҳарчанд дар ибтидо бо навъе эҳтиёт, муҳофазакорӣ ва инкор мувочеҳ гардид, аммо дере нагузашта, ки интишори падидаи ҳиҷоби шаръӣ ва ба дунболи он фишори иҷтимоӣ, ки бар асари интишори ҳиҷоби шаръӣ эҷод шуда буд, бисёре аз беҳиҷобонро ногузир сохт, то барои наҷот аз фишори ичтимоӣ бо шитоб ва аҷала роҳи ҳалли васатро интихоб намоянд ва бад ин тартиб бо гузашти замон, беҳиҷоби ниқобдор, ки онро “ҳиҷоб муди рўз” номиданд, дар ҷомеа мунташир гардид. Онҳое, ки ҳиҷоб муди рўз мепўшанд ва фикр мекунанд, ки беҳтарин духтарон ва занони мусалмон ҳастанд, бояд бидонанд, ки баҳрае аз ҳиҷоб надошта ва ҳиҷоб бо онҳо бегона аст .





Пас эй хоҳаре, ки “ҳиҷоб муди рўз”–ро пўшидаӣ ва зебоиҳоятро дар маърази диди бегонагон гузоштаӣ! Мабодо боварат шавад, ки ҳиҷобат ҳиҷоби шаръист, он ҳиҷобе, ки боиси ризои Худо ва Расулаш мешавад ва мабодо фиреби табрикгўёни ҳиҷобатро бихўрӣ, он касоне , ки ҳиҷоби ғайри шаръиятро табрик мегўянд ва насиҳатро аз ту дареғ медоранд.





Хоҳари азизам! Мабодо дучори фиреб шавӣ ва ба худат талқин кунӣ, ки “ ман аз касоне, ки комилан беҳиҷобанд, беҳтарам”. Зеро улгупазирӣ аз инсонҳои бад, дуруст нест. Инро бидон, ки оташи чаҳаннам, манзалатҳои нузулӣ дорад, ҳамон тавре ки биҳишт дараҷаҳои суъуд дорад. Пас бар ту воҷиб аст, то аз он хоҳароне, ки ба ҳиҷоби шаръӣ бо тамоми шароиташ мутааҳҳид ҳастанд, пайравӣ намоӣ.





Аз Расулуллоҳ (с) ривоят шудааст, ки фармуд:” Дар умури дунё ба касоне бингаред, ки сатҳи зиндагии онҳо аз сатҳи зидагии шумо пойинтар аст ва дар умури дини ба касоне бингаред, ки аз шумо мутадайинтаранд”. Бо ин нигариш, неъматҳоеро, ки Худованд ба шумо арзонӣ дошта таҳқир намекунед.





Умар ибни Хаттоб (р.з) ин ояро тиловат фармуд: (тарчумаи оя)





”Ба ростӣ, бар онон, ки: «Парвардигорамон Худо аст» гуфтанду сипас бар он биистоданд, фариштагон фуруд меоянд,[3] ки: «матарседу андўҳ махўред ва ба биҳиште, ки ваъда дода мешудед, хушҳол шавед”.





Сипас фармуд: ”Савганд ба Худо, ки ин гурўҳ барои ризои Худованд бар тоат ва ибодат истиқомат карданд ва монанди рўбоҳ бо макру ҳила ин тараф ва он тараф нарафтанд”.





Ҳасани Басрӣ (р) мегўяд: ”Ҳаргоҳ шайтон ба ту нигоҳ кунад ва туро собит ва пойдор дар тоат ва ибодат бубинад, ҳар бор, ки ба суроғат биёяд, ҳамчунон туро дар тоат ва ибодат бубинад, туро раҳо мекунад ва ба ҳоли худат мегузорад. Аммо агар ҳар бор ҳолате доштӣ, шайтон дар ту тамаъ мекунад”.





Пас, эй хоҳари азизам! Роҳи истиқомат ва ҳидоятро дар пеш гир, ба тавре ки ҳеч инҳироф ва гумроҳӣ дар он роҳ надошта бошад. Холисона тавба кун ва ба сўи Худо бозгард, ба тавре ки баъд аз тавба ва бозгашт дучори маъсият ва нофармонӣ нашавӣ.





“ Эй, мўъминон! Ҳамагӣ тавба кунед ва ба сўи Худо бар гардед, то растагор шавед”.





ШУНИДЕМ ВА ИТОАТ КАРДЕМ





Мусалмони ростин фармудаҳои Парвардигорашро мепазирад ва ин фармудаҳоро дар тўли зиндагияш амалӣ месозад. Зеро вай дини Худоро дўст медорад ва барои он арзиш қоил аст ва ба қонунҳои он ифтихор мекунад. Ҳамчунин мусалмон суннатҳои Расулуллоҳ (с)-ро мешунавад ва ба онҳо амал мекунад. Бидуни ин ки ба гароиши тўдаҳои гумроҳ ва саргардон башаре, ки ҳақиқати хешро фаромўш кардаанд, аз сарнавиште, ки дар интизори онҳост ғофиланд, аҳамият диҳад.





Худованд имонро аз касоне , ки Худо ва расулашро пайравӣ намекунад, нафй намудааст: “ Ва мегўянд: «Ба Худову расул имон овардем ва фармонбардорӣ намудем». Сипас, гурўҳе аз онҳо баъд аз ин рўй мегардонанд; ва онҳо мўъмин нестанд. Ва чун ба сўи Худову расули Ў хонда шаванд, то миёни онҳо ҳукм фармояд, ногаҳон ҷамоате аз онҳо рўйгардонидаанд”. Нур 47-48





Ин оятҳо, ҳамчунон идома дорад, то ин ки Худованд мефармояд: “Ҷуз ин нест, ки қавли мўъминон – чун ба сўи Худо ва расули Ў хонда мешаванд, то миёни онҳо ҳукм кунад – он мебошад, ки гўянд: «Шунидем ва фармонбардорӣ кардем. Ва ҳар ки Худову расули Ўро фармонбардорӣ кунад ва аз Худо тарсад ва аз азоби Ў ҳазар кунад – ин ҷамоа ба мурод расандагонанд” надоранд. Эшон растагорони воқеиянд ва ҳар кас аз Худо ва Паёмбараш паёравӣ намуда, аз Худо битарасад ва роҳи тақворо дар пеш гирад, инҳо растагорони ҳақиқиянд ва ба мақсуд расидаанд.”





Сафия духтари Шайба мегўяд: ”Рўзе мо назди Ҳазрати Оиша (р.з)будем, ки сўҳбат аз занони Қурайш ва фазилати онҳо шуд. Ҳазрати Оиша (р.з)фармуданд: Занони Қурайш занони бисёр фозил ва бузургвор ҳастанд, аммо савганд ба Худо, ки ман дар тасдиқи китоби Худо ва имон ба Қуръон, заноне беҳтар аз занони ансор суроғ надорам. Ҳангоме, ки ин ояи сураи Нур нозил гардид ва Худованд фармуд”Занон бояд рўсариҳояшонро бар гарпданҳояшон бияндозанд.” мардони ансор ба хонаҳояшон баргаштанд ва оётеро, ки дар бораи ҳиҷоб нозил шуда буд, тиловат намуданд. Ҳар мард барои ҳамсараш, духтараш ва ҳамаи хешовандонаш тиловат мекард. Ва ҳар зан баъд шунидани ин оёт, чун бовар ва имон ба китоби Худо дошт, фаврӣ чодарашро бар медошт ва ба сараш мепечид. Ва ҳангоме, ки бо ҳамин ҳолат барои намози субҳ, пушти сари Расулуллоҳ (с) ҳозир шуданд, вақте ба сўи онҳо нигоҳ мекарданд, гўё бар сарашон калоғҳое нишастааст”.





Дар натиҷа, дар баробари дастури Худо ҳеч кас, ҳақи интихоб надорад. Ва дар пайравӣ аз фармудаҳои Худо набояд ҳеҷ шак ва тардиде ба худ роҳ диҳем. Пас, эй хоҳари мусалмон! Тавба кун ва ба сўи Худо бозгард ва аз калимаҳои монанди “ба зудӣ (ё баъдтар) тавба мекунам”, “ба зудӣ намоз мехонам”, ва “ба зуди ҳиҷобро риоят мекунам(ё ба ибораи дигар баъдтар фурсат пайдо шуд, баъдан ҳиҷобро ба сар мекунам)”парҳез кун. Зеро ба таъхир андохтани тавба гуноҳест, ки худаш ниёз ба тавба дорад. Балки сухани ҳазрати Мўсо (а)-ро такрор кун ва бигў:” Парвардигоро! Ба сўи ту шитоб намудам, то хушнуд шавӣ”.





Он чиро мардон ва занони мўъмин қабл аз ту гуфтанд, вирди забонат кун: ”Шунидем ва итоат кардем. Парвардигоро! Мағфирати туро мехоҳем ва бозгашти мо ба сўи туст”





[1] Яъне: мавзеъҳои зевар.





[2] Яъне: рўю ду каф.





[3] Яъне: наздики марг.





 



Recent Posts

Гиряву нолаву фиғон б ...

Гиряву нолаву фиғон бар мурдагон

Силсилаи шиъа ва арко ...

Силсилаи шиъа ва аркони Имон (1)

Ҷазои касе ки Худован ...

Ҷазои касе ки Худовандро дашном медиҳад