Ҳиҷоб чаро?
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Муаллиф: МУҲАММАД ИБНИ АҲМАД ИБНИ ИСМОИЛ
Мутарҷим: (аз арабӣ) АБДУЛҚОДИР ТУРШОБӢ
Баргардон (аз форсӣ): МЎҲСИНИ РАМАЗОНӢ
2012 - 1433
﴿ لماذا الحجاب؟ ﴾
« باللغة الطاجيكية »
تأليف: محمد بن أحمد بن إسماعيل المقدم
ترجمة: عبد القادر ترشابي
ترجمة من الفارسية: محسيني رمضاني
2012 - 1433
بسم الله الرحمن الرحيم
Муқаддима
Худоро сипос мегўем, ки дар торикӣ ва зулумоти ин қарн, ҳамчунон гурўҳе парчами ҳидоят ва ҳақро ба дўш мекашанд. Дар миёни таблиғоти масмуми истеъмори ҷаҳонӣ ва зарбаҳои пай дар пайи онҳо ба ҷисми захмӣ ва хастаи уммати исломӣ пеш мераванд. Худоро сипос мегўем, ки дар ин замони пурфитна ва фасод, замоне, ки побандӣ ба дин, монанди чанг задан ба шарораҳои оташ аст, теъдоде аз хоҳарони мусалмон мўътақид ба усул ва мабодианд ва алоқа доранд то ҳиҷоби шаръиро, ки қалъаи мўҳкам дар баробари фасоди ҷомеаи исломӣ аст, ҳифз намоянд. Бале, дастаҳои палиди истеъморгарони Ғарб ва пайравони онҳо даст ба кор шудааст, то бо равишҳои мухталиф, ҷомеаи исломиро ба фасод ва фаҳшо бикашанд. Яке аз ин равишҳо, бардоштани ҳиҷоб аст, ки душманон дар ин қарни ахир барои бардоштани ҳиҷоб аз ҳеч кушише дареғ нанамудааст. Гоҳе ҳиҷобро мухолифи озодӣ ва гоҳе таҳаҷҷур ва иртиҷоъ ва гоҳе ақибафтодагӣ ва бозгашт ба ҳазору ҷорсад сол пеш ва гоҳе ҳам беҳиҷобиро иртиқоъ ва пешрафт ва тамаддун ном ниҳоданд. Ҳамаи ин талошҳо барои ин буд то зани мусулмонро аз ҳиҷоб орӣ намоянд ва беҳиҷобиро дар ҷомеаи исломӣ ривоҷ диҳанд. Аз ин тариқ, ба ниятҳои шуми хеш бирасанд. Душманон ҳарчанд дар ин замина пешрафтҳое намуданд, аммо аз тарафи дигар бо муқовимати бисёре аз занони мусалмон мувоҷеҳ шуданд. Ба тавре ки онҳо фиреби ин шиорҳои пурзарқу барқро нахўрданд ва донистанд, ки бар иддаои озодии зан дурўғ мегўянд ва ҳадафе чуз бароварда кардани ҳадафҳо ва манфиатҳои худро надоранд. Он ҷое, ки духтарони мусалмон дар Фаронса, Олмон ва теъдоде аз кишварҳои аврупоӣ аз рафтан ба донишгоҳҳо ба хотири ҳиҷоби шаръияшон ва истифода аз рўсарӣ, манъ шуданд. Зани мусалмон аз ҳузур дар парлумони Туркия ба хотири доштани рўсарӣ манъ гардид ва даҳҳо мавриди дигар, ҳама ва ҳама нифоқ ва дугонагии Ғарбро дар баробари озодӣ зоҳир ва ошкортар кард.
Пас эй хоҳари мусалмон! Онҳое, ки ба номи озодӣ ва демократӣ мехоҳанд иззату каромат ва ҳурмати исломиатро поймол намоянд ва туро ба кўчаю хиёбон бикашанд, дилсўз ва хоҳони озодиат нестанд, балки мехоҳанд ҷомеаи исломиро ба фасод бикашанд. Пас бар ту аст, ки бо ҳифзи ҳиҷоби исломӣ, арзишҳои исломиро ҳифз кунӣ, зеро ту нисфи умматӣ ва нисфи дигари уммат аз ту ба дунё меоянд. Дар натиҷа, ту ҳамаи умматӣ.
Кўдакони мусалмон дар домани ту тарбият мешаванд ва дар воқеъ ояндаи ҷомеаи исломӣ ба василаи ту қаламзада мешавад. Ҳиҷоби ту қалъаи мўҳкам дар баробари аз ҳам пошидагии ҷомеаи исломист.
Аз он ҷое, ки ҳиҷоб дар ҷомеаи исломӣ нақши муҳиме ифо мекунад ва бисёре аз хоҳарони мусалмон мехоҳанд шинохт ва огоҳии бештаре дар мавриди ин фаризаи исломӣ дошта бошанд. Ин рисолаи кўчакро пешкаш менамоям, то хоҳарони мусалмон бо фазилатҳои ҳиҷоб, мушкилоти беҳиҷобӣ ва шароити ҳиҷоби шаръӣ ошноӣ пайдо кунанд. Ин рисолаи бисёр мухтасар дар воқеъ шароити ҳиҷобро мухтасар баён намуда аст, то хоҳарони азиз онҳоро бидонанд ва ба онҳо амал кунанд. Умедворем мавриди истифодаи онҳо қарор гирад ва Худованд рўзи қиёмат онро дар тарозўи аъмоли некам қарор диҳад. Дар поён, маро аз дуъои хайри худ фаромўш накунед.
بسم الله الرحمن الرحيم
Қонуни исломӣ ба зани мусалмон таваҷҷўҳи хос ва фавқулодае намудааст то иффат ва покдоманӣ, ҳурмат ва каромат ва ҷойгоҳи баландашро ҳифз намояд. Маҳдудиятҳое, ки дар либосу зиннати зан қарор дода шудааст, фақат барои чилвагирӣ аз фасодест, ки дар натиҷаи ошкор кардани зиннат ба вучуд меояд. Лизо он чӣ Ислом овардааст, озодии занро маҳдуд намекунад, балки вайро аз суқут дар умқи мунҷалоби хорӣ ва зиллат ва гирдоби ибтизол ҳифз менамояд то ба сурати намоише барои чашмчаронон дар наёяд. Мо дар ин мухтасар барои ташвиқ ба ҳиҷоб, ба зикри фазилатҳои он пардохта ба оқибат ва анҷоми хуби он башорат медиҳем. Ҳамчунин, айбҳо ва бадиҳои беҳиҷобиро ёдоварӣ намуда ва аз оқибат ва саранҷоми бади он дар дунё ва охират ҳушдор медиҳем то аз беҳиҷобӣ дурӣ карда, ба ҳиҷоб рўй оваред. Худованд ниятҳоро беҳтар медонад. Ў моро кофист ва беҳтарин корсоз аст.
ФАЗЛИ ҲИҶОБ
ҲИҶОБ ИТОАТИ ХУДО ВА РАСУЛИ ХУДО (С)
Худованд итоат аз худ ва расулашро бар мо воҷиб гардонидааст: “Ва ҳеҷ мўъмину ҳеҷ мўъминаро он нест, ки чун Худову пайғамбари Ў коре муқаррар кунанд, онҳоро дар он кори хеш ихтиёр бошад. Ва ҳар ки Худову пайғамбари Ўро нофармонӣ кунад, пас, ҳамоно, ба гумроҳии зоҳир гумроҳ шудааст”. (Аҳзоб-36)
Ҳамчунин мефармояд: “Чунин нест, ба Парвардигорат қасам, ки онҳо имон намеоранд, то он ки туро дар ихтилофе, ки дар миёнашон воқеъ шуд, ҳакам кунанд; ва аз он чи ҳукм фармудӣ, дар дили худ тангӣ бознаёбанд ва ба гардан ниҳодан қабул кунанд”.
Худованд занонро ба ҳиҷоб амр намудааст:
«Ва ба занони мўъмин бигў, ки чашми худро бипўшанд ва шармгоҳи худро нигоҳ доранд ва ороиши худро[1] ошкоро накунанд, магар он чи аз он (мавзеъҳо) зоҳир аст;[2] ва бояд ки сарандозҳои худро бар гиребонҳои худ фурў гузоранд”. Нур 31
Дар ҷои дигар мефармояд:
“Ва дар хонаҳои хеш бимонед ва монанди изҳори таҷаммул, ки дар ҷоҳилияти пешин буд, изҳори таҷаммул макунед”. Аҳзоб 33
Ҳамчунин мефармояд:
“Ва чун аз занони пайғамбар чизе талаб кунед, пас, онро аз паси парда талаб кунед. Ин хислат барои дилҳои шумо ва дилҳои онҳо поктар аст”. Аҳзоб 53
Баъд аз чанд оя мефармояд:
“Эй пайғамбар, ба занони худ ва духтарони худ ва занони мўъминон бигў, ки чодарҳои худро бар худ фурў гузоранд”.Аҳзоб 59
Расули акрам (с) мегўянд: “Зан аврат аст” яъне сатр ва пўшиш (ҳиҷоб) бар вай воҷиб аст.
ҲИҶОБ ИФФАТ АСТ
Худованд ҳиҷобро нишонаи иффат ва покдоманӣ қарор додааст:
“Эй пайғамбар, ба занони худ ва духтарони худ ва занони мўъминон бигў, ки чодарҳои худро бар худ фурў гузоранд; ин ба он наздиктар аст, ки шинохта шаванд, пас, ба онҳо изо дода нашавад”.
Оя ишора ба ин матлаб дорад, ки шинохти хубиҳо ва зебоиҳои зан аз тарафи афроди номаҳрам боиси азият ва озори вай мешавад ва хешовандонашро ҳам дар фитна ва ба дарди сар меандозад.
Худованд ба занони солхўрдае,ки мавриди тамоил ва пазириши мардон нестанд , иҷоза дода то рўйпўшҳоро бар замин бигзоранд ва сурат ва ду кафи дастро зоҳир созанд. Дар ин бора мефармояд:
”Ва бар занони калонсол, ки умеди никоҳ надоранд, дар он гуноҳе нест, ки ороишеро зоҳир накарда, ҷомаҳои худро фурў ниҳанд”.
Ба дунболи он, ба баёни мустаҳаб ва шакли беҳтар ва комилтари он мепардозад ва мефармояд:
“Ва агар парҳезгорӣ кунанд, барои онҳо беҳтар аст. Ва Худо Шунавои Доно аст”. (Нур-60)
Мулоҳиза мекунем, ки Худованд ҳиҷобро ҳатто барои занони солхўрда, иффат ва покдоманӣ номида, пас ҳиҷоб барои занони ҷавон иффат ва покдоманӣ нест?
ҲИҶОБ ПОКИСТ
Худованд мефармояд:
”Ва чун аз занони пайғамбар чизе талаб кунед, пас, онро аз паси парда талаб кунед. Ин хислат барои дилҳои шумо ва дилҳои онҳо поктар аст”. (Аҳзоб-53)
Худованд дар ин оя, ҳиҷобро покӣ ва таҳорати дилҳои мардон ва занон номидааст. Зеро агар чашм, чизеро набинад, дилозории онро намекунад. Аммо агар чашм чизеро бубинад, дилозорӣ кунад ва муштоқи он гардад. Ин ҷост, ки агар чашм набинад дил поктар мемонад ва инсон камтар дучори фитна ва фасод мешавад. Зеро ҳиҷоб умеди дилҳои маризро қатъ мекунад. Худованд мефармояд:
“Дар сухан гуфтан мулоимат макунед, ки он гоҳ касе, ки дар дилаш беморист, тамаъ кунад”.
ҲИҶОБ ПЎШИШ АСТ
Расулуллоҳ (с) мефармоянд: ”Худованд бисёр пардапўш ва боҳаё аст ва ҳаё ва сатрро дўст дорад.” Ҳамчунин мефармояд:”Ҳар зане, либосашро хориҷ аз хонааш берун биёварад, Худованд пардаашро медарад.”
ҲИҶОБ ТАҚВО АСТ
Худованд мефармояд:
”Эй фарзандони Одам, ба дурустӣ ки бар шумо либосеро фуруд овардем, ки шармгоҳи шуморо бипўшад; ва низ ҷомаҳои зинатро. Ва либоси парҳезгорӣ аз ҳама беҳтар аст”. (Аъроф 26)
ҲИҶОБ ИМОН АСТ
Худованд фақат занони мўъминро мухотаб қарор медиҳад ва мефармояд, “Ва ба занони мўъмин бигў...”. Ҳамчунин мегўяд: “Ҳамсарони мўъмин”. Ҳангоме, ки гурўҳе аз аз занони қабилаи бани Тамим назди Уммулмўъминин Оишаи Сиддиқа (р.з)омаданд ва либосҳои нозуке ба тан доштанд. Ҳазрати Оиша (р.з)фармуданд: “Агар шумо мўъмин ҳастед, ин либос либоси мўъминон нест. Агар мўъмин нестед, метавонед аз ин либосҳо баҳраманд гардед.”
ҲИҶОБ ҲАЁ АСТ
Он Ҳазрат (с) мефармояд:” Ҳар дин ахлоқе дорад ва ахлоқи дини Ислом ҳаё аст”. Инчунин мефармоянд: ”Ҳаё аз имон аст ва ҷои имон дар биҳишт аст”.
Ҳамчунин мефармоянд:”Ҳаё ва имон ба ҳам пайвастаанд, агар яке бардошта шавад, дигаре ҳам бардошта мешавад”. Уммулмўъминин Ҳазрати Оиша (р.з)мефармояд:”Ба хонае, ки Расулуллоҳ (с) ва падарам дар он дафн шуда буданд, ворид мешудам ва либосамро ба замин мегузоштам ва бо худ мегуфтам: яке шавҳарам ва дигаре падарам аст. Аммо савганд ба Худо аз вақте ки Умар (р.з)дар он ҷо дафн гардид, ҳар вақт, вориди хона мешудам ба иллати шарм ва ҳаё аз Умар (р.з)либосамро мўҳкам ба баданам мебастам.”
Дар натиҷа ҳиҷоб мувофиқ ва созгор бо ҳаёест, ки дар хилқати зан нуҳуфтааст.
ҲИҶОБ ИЗЗАТ АСТ
Ҳамчунин ҳиҷоб бо иззате, ки табиати мард бар асоси он саришта шудааст, таносуб ва созгорӣ дорад. Албатта бо табиати ҳамон марде, ки аз фитрати салим бархурдор аст ва дўст надорад чашмҳои хоин ба ҳамсар ва духтаронаш (ва хоҳаронаш) нигоҳ кунанд.
Агар ба таърих назар бияфканем, мебинем, ки чи бисёранд чангҳои ки дар замони ҷоҳилият ва Ислом ба хотири ҳиммат ва ғайрат бар ҳурмати занон ба вуқўъ пайвастааст. Ҳазрати Алӣ (р.з)мефармояд: “Ба ман хабар расидааст, ки занони шумо дар бозорҳо душодуши мардони кофир роҳ мераванд. Оё ғайрати шумо дар ҳаракат дар намеояд? Инро бидонед, ки касе ки ғайрат надорад , ҳеч хайре дар ў нест”.
АЙБҲОИ БЕҲИҶОБӢ
БЕҲИҶОБӢ НОФРАМОНИИ ХУДО ВА РАСУЛ АСТ
Касе, ки аз Худо ва паёмбараш нофармонӣ кунад, фақат ба худаш зарар мерасонад ва ба Худо ҳеч зараре намерасонад. Паёмбари акрам (с) мефармояд: “Ҳамаи уммат вориди биҳишт мешаванд, магар касе, ки худдорӣ мекунад.” Саҳоба пурсиданд: “Эй Расули Худо! Чӣ касе худдорӣ мекунад?” Фармуд: ”Касе, ки маро итоат кунад вориди биҳишт мешавад ва касе, ки маро нофармонӣ кунад, дар воқеъ худдорӣ намудааст”.
БЕҲИҶОБӢ ГУНОҲИ БУЗУРГ АСТ
Умайма духтари Руқиқа хидмати Паёмбари акрам (с) омад, то бо вай байъат намояд. Паёмбари акрам (с) фармуд:”Бо ту байъат мекунам, ки ба Худованд ширк наварзӣ, дуздӣ накунӣ, муртакиби амали зино нашавӣ, фарзандатро ба қатл нарасонӣ, ба мардум тўҳмат ва ифтиро набандӣ, навҳа нахонӣ ва монанди ҷоҳилияти гузашта, худатро миёни бегонагон ба намоиш нагузорӣ”. Мулоҳиза мекунем, ки дар ин ҳадис Паёмбари акрам (с) беҳиҷобиро дар канори бузургтарин гуноҳони кабира ва ҳалоккунанда зикр намудааст.
БЕҲИҶОБӢ БОИСИ ЛАЪНАТ ВА ДУРӢ АЗ РАҲМАТИ ХУДО МЕШАВАД
Паёмбар (с) мефармояд:” Ба зудӣ дар поёни уммати ман заноне меоянд,ки ба зоҳир либос пўшидаанд, вале дар воқеъ урёнанд. Онҳоро лаънат кунед, зеро онҳо малъунанд”.
БЕҲИҶОБӢ АЗ СИФАТҲОИ ЧАҲАННАМИЁН АСТ
Расулуллоҳ (с) мефармояд:” Ду гурўҳ аз чаҳаннамиёнанд, ки ман онҳоро надидаам: гурўҳе тозиёнаҳои монанди думи гов ба даст доранд ва мардумро тозиёна мезананд. Гурўҳи дуюм, заноне ҳастанд, ки ба зоҳир либос пўшдаанд, вале дар воқеъ урёнанд. Онҳо бо шакл ва ҳаракатҳо мардони бегонаро ба тарафи худ ҷазб мекунанд ва худашон ҳам ба сўи мардон тамоюл доранд. Сарҳояшон монанди кўҳони шутур аст. Инҳо, вориди биҳишт намешаванд. Ҳатто бўи биҳишт ҳам ба машоми онҳо намерасад ва ин дар ҳолест, ки бўи биҳишт аз фосилаи бисёр тўлонӣ ба машом мерасад”.
СИЁҲӢ ВА ТОРИКИИ ҚИЁМАТ ДАР ИНТИЗОРИ БЕҲИҶОБОН
Ривоят шудааст, ки Паёмбари акрам (с) фармуд: “Касе, ки берун аз хонаводааш дар либоси зиннат, хиромон роҳ равад, рўзи қиёмат монанди шабаҳи торикист, ки нур надорад”. Яъне зане, ки бар хилофи ҳиҷоб доманкашон ва хиромон роҳ равад, рўзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки сиёҳ ва торик аст. Гўё ҷисмаш аз торикӣ сохта шудааст. Ин ҳадис, агар чӣ заъиф буд, аммо маънояш саҳеҳ аст. Зеро лаззат, роҳат, серӣ, баракат, хушбўӣ ва нуре, ки дар дунё аз маъсият ва нофармонии Худованд ҳосил шавад, рўзи қиёмат табдил ба азоб, хастагӣ, гуруснагӣ, бебаракатӣ, бадбўӣ ва торикӣ мешавад. Аммо итоат баръакс аст. Чунончӣ бадбўии даҳони рўзадор ва хуни шаҳид рўзи қиёмат хушбутар аз мушк мегардад.
БЕҲИҶОБӢ НИФОҚ АСТ
Он Ҳазрат (с) фармуданд: “Беҳтарин занони шумо заноне ҳастанд, ки маҳбуб, зоянда, ҳамдард ва мувофиқи шумо бошанд. Ба шарте ки тақворо риоят кунанд. Бадтарини занони шумо заноне ҳастанд, ки ҳиҷобро риоя намекунанд ва бо нозу такаббур роҳ мераванд. Ин гурўҳ аз занон мунофиқанд. Ба ҳамин иллат фақат теъдоди каме аз занон вориди биҳишт мешаванд”.
БЕҲИҶОБӢ ПАРДАДАРӢ ВА РАСВОӢ АСТ
Расулуллоҳ (с) мефармояд: “Ҳар зане либосашро дар ғайри хонаи шавҳараш аз тан берун оварад ва ба замин бигзорад, дар ҳақиқат пардаи миёни худ ва Худовандро даридааст”.
БЕҲИҶОБӢ АМАЛИ ЗИШТ АСТ
Зан аврвт аст ва ошкор кардани аврат амали зишт ва нафратовар аст. Худованд мефармояд: “Ва чун кори зишт бикунанд, гўянд: «Падарони худро бар ин кор ёфтаем ва Худо моро ба он фармудааст». Бигў: «Худо ба кори зишт намефармояд. Оё бар Худо он чиро мегўед, ки намедонед?” (Аъроф-28)
“Шайтон тангдастиро ба шумо ваъда медиҳад ва ба беҳаёӣ мефармояд”. (Бақара-268)
Зани беҳиҷоб вируси олуда ва зарароварест, ки ба паҳншавии фасод ва фаҳшо дар ҷомеаи исломӣ сабаб мешавад. Худованд мефармояд:
“Ҳамоно барои онон, ки дўст медоранд, ки (тўҳмати) бадкорӣ дар [шаъни] мўъминон фош шавад, дар дунёву охират азоби дарддиҳанда ҳаст. Ва Худо медонад ва шумо намедонед”. (Нур-19)
БЕҲИҶОБӢ КОРИ ШАЙТОН АСТ
Моҷарои Одам ва Ҳаво ба мо нишон медиҳад, ки Иблис, ин душмани Худо, чӣ алоқаи зиёде дорад, то авратҳоро ошкор созад, пардаҳои ҳиҷобро пора кунад ва ба фасод ва фаҳшо доман занад. Метавон гуфт, ки ҳадафи асосии Иблис пардадарӣ ва беҳиҷобӣ аст. Худованд мефармояд: “Эй фарзандони Одам, Шайтон шуморо гумроҳ накунад, чунон ки падару модари шуморо аз биҳишт берун овард, ҷомаҳояшонро аз онҳо бикашид, то ба онҳо шармгоҳашонро бинамояд”. Аъроф 27
Пас Иблис, муассис ва бунёдгузори даъват ба беҳиҷобӣ ва лухтист ва раҳбари касонест, ки ҳаракати ба истилоҳ “озодии зан”-ро раҳбарӣ мекунанд. Дар воқеъ, раҳбар ва пешвои ҳама касонест, ки аз ў пайравӣ карда, аз дастурҳои Худо сарпечӣ мекунанд. Ба вижа пешвои он занони беҳиҷобест, ки бо беҳиҷобии худ мусалмононро озор медиҳанд ва ҷавононашонро ба фитна ва фасод мекашанд. Он Ҳазрат (с) мефармояд: “Баъд аз худам, ҳеч фитнае нагузоштам, ки зарараш барои мардон аз занон бештар бошад”.
БЕҲИҶОБӢ КОРИ ЯҲУД АСТ
Яҳуд барои нобуд кардан ва аз байн бурдани миллатҳо аз тариқи занон талоши зиёде намудаанд. Ба тавре, ки муассисаҳои мухталифи онҳо беҳиҷобиро ба унвони яке аз буррандатарин силоҳҳо мавриди истифода қарор додаанд. Расулуллоҳ (с) мефармоянд: "Аз фитнаи дунё ва занон парҳез кунед. Зеро аввалин фитна дар Бани Исроил аз тариқи занон буд”. Китобҳои яҳуд ҳам ҳикоят аз ин дорад, ки Худованд духтарони Саҳюнро ба хотири беҳиҷобиашон муҷозот намудааст. Чунон чӣ дар фасли саввум бахши ашшиъёи китоби Таврот омадааст, ки “Худованд ба зуди духтарони Саҳюнро ба хотири беҳиҷобӣ ва ифтихор ба садои халхол (пои биринҷин) муҷозот мекунад ва аз зеваролоте монанди халхол, гесу, ҳалқа, улангу, бурқаъ ва сарбанд маҳрум менамояд”.
Бо ин ки паёмбари акрам (с) аз монанд ва пайравӣ намудан аз роҳу равиши куффор, ба вижа дар мавриди занон ҳушдор додааст. Аммо бештари мусалмонон ин ҳушдорро нодида гирифтанд ва аз роҳу равиши куффор пайравӣ намуданд, то ҷое ки пешгўии Расулуллоҳ (с) амалӣ шуд: “Шумо ваҷаб ба ваҷаб ва гом ба гом аз роҳу равиши пешиниён пайравӣ мекунед. Ҳатто агар онҳо дохили лонаи сусморе шуданд, шумо ҳам дохил мешавед.” Аз он Ҳазрат (с) пурида шуд: “Мақсуд аз пешиниён яҳуд ва насоро аст?” Фармуд :” Пас чӣ касонест?”
Ин заноне, ки имрўз аз занони яҳуд ва насоро тақлид мекунанд ва бо дастурҳои Худо ва Паёмбараш (с) мухолифат мекунанд, бо яҳуде ки мавриди хашм ва ғазаби Худованд қарор гирифта, чӣ қадар наздик ва шабеҳанд. Он яҳуде, ки суханони Худовандро бо шиори “Шунидем ва нофармонӣ кардем” истиқбол карданд ва аз тарафе бо бонувони мўъмине, ки дастурҳои Худовандро бо шиори “Шунидем ва итоат кардем” истиқбол карданд, фосилаи зиёде доранд.
Худованд мефармояд: “Ва ҳар ки баъд аз он, ки роҳи рост барояш маълум шуд, ба пайғамбар мухолифат кунад ва ғайри роҳи мўъминонро пайравӣ кунад, ўро бо он чи дўст медорад, вогузорем ва ўро ба дўзах дарорем; ва он бад ҷоест”. (Нисо-115)