Articles

Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми шашум: Қабр





Фасли чаҳорум: Қабр





Мабҳаси чаҳорум: Азоб ва неъматҳои қабр





Матлаби дуввум: Сифатҳои азоб ва неъматҳои қабр





القيامة الصغرى وعلامات القيامة الكبرى، القسم السادس: صفة عذاب القبر ونعيمه





< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >





Таълиф: Д. Умар Сулаймон Ашқар





تأليف: عمر سليمان الأشقر


—™


Таҳия: Мусъаб Ҳамза





إعداد: مصعب حمزة





Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми шашум: Қабр, Сифатҳои азоб ва неъматҳои қабр





Фасли чаҳорум: Қабр





Мабҳаси чаҳорум: Азоб ва неъматҳои қабр





Матлаби дуввум: Сифатҳои азоб ва неъматҳои қабр





Дар ҳадиси Бароъ ибни Озиб (р) омада буд, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуда буд: Фариштагон аз бандаи муъмин дар қабр савол мекунанд ва бандаи муъмин ҷавоби дуруст ва саҳеҳ медиҳад, Онгоҳ мунодие аз осмон нидо мекунад ва мегӯяд: Бандаи ман ростгӯ аст, пас аз фаршҳои биҳишт барояш биёваред ва ӯро либоси биҳишти бипӯшонед ва аз тарафи биҳишт барояш даре боз кунед. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:








“Насиму бӯйи хуши биҳишт аз он равзана ба муъмин мерасад ва ба миқдори дидани чашм қабраш барояш васеъ ва кушод мегардад. Ва фармуд: Марди зебосурате бо либоси зебо, ки аз ӯ бӯйи хуш метаровад, наздаш меояд ва мегӯяд: Бо чизе ки сабаби хушҳоли аст, хушҳол бош, имрӯз рӯзи ту аст, ки ваъда дода шуда буди, (хушнудии Худованд дар боғҳое ки пур аз неъматҳои сармади ҳастанд, имрӯз ба ту дода мешаванд) Пас мегӯяд: Ту ки ҳастӣ, аз чеҳраи ту оромиш ва некуйи меборад, Он марди нексират ва зебосурат мегӯяд: Ман амалҳои некуи ту ҳастам. (Ман дар дунё туро чунин дидам, ки дар тоат ва ибодати шитоб мекарди ва аз маъсияту нофармонии Худованд худдори мекарди, бинобарин Худованд туро подоши неку додааст.) Баъд даре аз биҳишт ва даре аз дӯзах барояш боз мешавад, бо ишора ба суйи дӯзах ба ӯ гуфта мешавад: Агар Худоро нофармони мекарди инҷо (дӯзах) ҷои ту мебуд. Вале Худованд ба ҷойи дӯзах ин биҳиштро ба ту додааст. Вақте он бандаи муъмин ба суи биҳишт нигоҳ мекеунад ва неъматҳои онро мебинад, мегӯяд: Парвардигоро! Қиёматро ҳарчи зудтар барпо дор то ман назди аҳлу моли худ баргардам. Ба ӯ гуфта мешавад: То қиёмат барпо нашудааст ҳаминҷо ( дар қабр) зиндаги кун.





Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:





Аз чеҳраи ту оромиш ва некуи меборад. Он марди некусират ва зебосурат мегӯяд: ман аъмоли некуи ту ҳастам, ман дар дунё туро чунин дидам, ки дар ибодат ва итоати Худованд мешитофти, ба сӯи маъсият ва нофармонӣ бисёр кундрафтор будӣ, бинобар ин Худованд туро подоши неку додааст. Сипас даре аз биҳишт ва дари дигаре сӯи дузах барояш боз мешавад, бо ишора ба сӯи дӯзах ба ӯ гуфта мешавад: агар Худоро маъсият мекарди инҷо (яъне дӯзах) ҷои ту буд. Аммо Худованд ба ҷои он инро (яъне биҳиштро) ба ту додааст. Вақте он бандаи муъмин ба сӯи биҳишт нигоҳ мекунад ва неъматҳои биҳиштро мебинад, мегӯяд: Парвардигоро! Қиёматро ҳарчи зудтар барпо дор то ман назди аҳлу молам баргардам. Ба ӯ гуфта мешавад: то барпо шудани қиёмат инҷо (яъне дар қабр) зиндагӣ кун.





Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:








“Бандаи кофир ё фоҷир вақте саволи мункар ва накирро бад ҷавоб медиҳад, мунодие аз аз осмон садо мезанад, ки бандаи ман дуруғ мегӯяд, бинобар ин фарше аз оташи дӯзахро барояш паҳн кунед ва дареро ба сӯи дӯзах барояш боз намоед то гармӣ ва тундии оташи дузах ба ӯ бирасад ва қабрашро чунон танг кунед то паҳлуҳояш дар ҳамдигар дохил шаванд. Онгоҳ марде назди вай меояд (дар ривояти дигар зоҳир мешавад) мардест бисёр бадшакл ва бадқиёфа, ки бӯи бад аз ӯ метаровад ва хитоб ба бандаи кофир ё фоҷир мегӯяд: ончи ки мояи нороҳатии ту аст ба ту мерасад ва ин ҳамон рӯзе аст, ки дар дунё ба ту ваъид медоданд. Бандаи кофир мегӯяд: ту кӣ ҳастӣ?





Чеҳраи ту ҳамвора бадиро бо худ дорад. Он марди бадшакл ва бадсират мегӯяд: ман амалҳои нопоки ту ҳастам, ба Худо савганд ман дар дунё туро дидам, ки дар итоат ва бандагии Аллоҳ бисёр суст буди, вале дар нофармонии Ӯ бисёр фаъол буди, лизо Худованд туро сазои муносиб хоҳад дод. Сипас Худованди муттаол маъмури гунг ва кареро, ки шалоқ ва тозиёна дар даст дорад бар вай мегуморад ва зарбааш чунон маҳкам ва корӣ аст, ки агар бар кӯҳ ворид шавад ба хок мубаддал мегардад. Ин маъмури гумошташуда ӯро чунон мекубад, ки ба хок мубаддал мешавад ва дубора ӯро ба ҳолати аввал бармегардонад ва бори дигар ӯро мезанад ва бар сараш чунон мекубад, ки ба хок мубаддал мешавад ва чунон фарёде мекашад, ки ҷуз инсу ҷин ҳама мавҷудот садои ӯро мешунаванд. Сипас даре аз тарафи дӯзах барояш кушода мешавад ва фарши оташин барояш паҳн мегардад. Чун ояндаашро бадтар мебинад, мегӯяд: Парвардигоро қиёматро ба таъхир бияндоз.





Дар ҳадиси ҳазрати Анас (р) чунин омадааст: вақте бандаи муъмин ҷавоби мункар ва накирро дар қабр дуруст ҷавоб бидиҳад, ба ӯ гуфта мешавад: ба ҷойгоҳ ва манзили худ дар дӯзах нигоҳ кун, Худованд ба ҷои он маконеро дар биҳишт ба ту арзонӣ додааст. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: муъмин ҳар ду манзили худро мебинад. Қатода мегӯяд: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои мо чунин низ фармуд, ки қабри муъмин баъд аз ин савол ва ҷавоб кушод карда мешавад ва кофир ва мунофиқ баъд аз ҷавоби дурӯғин, ки дар посухи фариштаҳо медиҳанд хитоб ба онҳо гуфта мешавад: ту на худат фаҳмиди ва на аз дигарон пайравӣ карди. Сипас миёни ду гӯшаҳояш ба василаи чакуш мавриди зарба қарор мегирад ва фарёд мезанад ва ба ҷуз ҷин ва инсонҳо ҳамаи мавҷудот садои ӯро мешунаванд. (Бухорӣ ва Муслим).





Ончи ки дар ҳадис ба он ишора шуд, мабни бар инки ҳар инсоне маскан ва манзили худро дар дӯзах ё биҳишт мушоҳида хоҳад кард, маҳдуд ба чанд соат ё чанд рӯзе нест, балки бино ба тасриҳи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар тамоми муддати иқомат дар қабр чунин чизе ба ӯ нишон дода мешавад. Дар ҳадисе аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) чунин омадааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:





(إِنَّ أَحَدَكُمْ إِذَا مَاتَ عُرِضَ عَلَيْهِ مَقْعَدُهُ بِالْغَدَاةِ وَالْعَشِيِّ إِنْ كَانَ مِنْ أَهْلِ الْجَنَّةِ فَمِنْ أَهْلِ الْجَنَّةِ وَإِنْ كَانَ مِنْ أَهْلِ النَّارِ فَمِنْ أَهْلِ النَّارِ فَيُقَالُ هَذَا مَقْعَدُكَ حَتَّى يَبْعَثَكَ اللَّهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ)





(Ҳаргоҳ яке аз шумо бимирад субҳ ва шом манзил ва масканашро ба ӯ нишон хоҳанд дод, агар аз аҳли биҳишт бошад манзилаш биҳишт ва агар аҳли дӯзах бошад дар ҷаҳаннам манзилашро мебинад ва хитоб ба ӯ гуфта мешавад: ин манзили туст ва то рӯзи қиёмат дар қабр ҳасти ва баъд аз барпо шудани қиёмат ба онҷо мунтақил хоҳи шуд)





Имом Тирмизӣ аз ҳазрати Абуҳурайра (р) ҳадисеро чунин нақл мекунад: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:





(قَدْ كُنَّا نَعْلَمُ أَنَّكَ تَقُولُ هَذَا ثُمَّ يُفْسَحُ لَهُ فِي قَبْرِهِ سَبْعُونَ ذِرَاعًا فِي سَبْعِينَ ثُمَّ يُنَوَّرُ لَهُ فِيهِ ثُمَّ يُقَالُ لَهُ نَمْ فَيَقُولُ أَرْجِعُ إِلَى أَهْلِي فَأُخْبِرُهُمْ فَيَقُولَانِ نَمْ كَنَوْمَةِ الْعَرُوسِ الَّذِي لَا يُوقِظُهُ إِلَّا أَحَبُّ أَهْلِهِ إِلَيْهِ حَتَّى يَبْعَثَهُ اللَّهُ مِنْ مَضْجَعِ)





“Мункар ва Накир баъд аз посухи дурусти бандаи муъмин хитоб ба ӯ мегӯянд: мо медонистем, ки ту ҳамин посухро хоҳи дод. Сипас тул ва арзи қабри ӯ ба мизони ҳафтод зироъ кушод мешавад ва мунаввар мегардад ва сипас ба ӯ гуфта мешавад: бихоб ва истироҳат кун. Ӯ мегӯяд: мехоҳам назди зану фарзанд ва аҳли худ биравам, ба ӯ гуфта мешавад: монанди арӯсе, ки танҳо наздик ва маҳбубтарин фард метавонад ӯро бедор кунад то рӯзи растохез бихоб”.





Вале он ду фаришта ба мунофиқ мегӯянд:





(قَدْ كُنَّا نَعْلَمُ أَنَّكَ تَقُولُ ذَلِكَ فَيُقَالُ لِلْأَرْضِ الْتَئِمي‌عَلَيْهِ فَتَلْتَئِمُ عَلَيْهِ فَتَخْتَلِفُ فِيهَا أَضْلَاعُهُ فَلَا يَزَالُ فِيهَا مُعَذَّبًا حَتَّى يَبْعَثَهُ اللَّهُ مِنْ مَضْجَعِهِ ذَلِكَ)





(Мо медонистем, ки ту ҳамин посухи дурӯғинро мегӯи. Онгоҳ ба замин дустур дода мешавад, ки ӯро бифишорад ва замин ҳам ӯро чунон фишор медиҳад, ки паҳлуҳояш дар ҳам омехта мешаванд ва ӯ ҳамвора дар азоб мемонад то рӯзи қиёмат, ки Худованд ӯро аз қабр бармехезонад)





Матлаби сеюм: Оё мусалмонон дар қабрҳояшон азоб дода мешаванд?





Қуртубӣ ба нақл аз Абумуҳаммади Абдулҳақ мегӯяд: азоби қабр мухтасси куфор ва мунофиқон нест, балки гурӯҳе аз муъминон низ ба он мубтало мешаванд ва ҳар инсоне ба андозаи кирдораш муҷозот мегардад.





Далоили фаровоне дар ин маврид ривоят шудааст, ки мо ба зикри бархе аз онҳо дар мабҳаси оянда иктифо мекунем.





Матлаби чорум: Сабабҳои азоби қабр





Азоби қабр ду навъ, асбоби муфассал ва муҷмал дорад, асбоби муҷмалро метавон ҷаҳл ба Худо, пушти сар гузоштани дустурот ва иртикоби манҳиёти Худованд ном бурд, (Лавомиъул анвор ал-баҳия 2/17), вале дар мавриди асбоби муфассал нусуси фаровоне ривоят шудаанд, ки мо ба бархе аз онҳо иктифо мекунем.





1-2 Дури накардан аз пешоб ва суханчинӣ





Бухорӣ ва Муслим аз ҳазрати ибни Аббос (р) ривоят мекунад, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз канори ду қабр гузаштанд ва фармуданд:





(أَمَا إِنَّهُمَا لَيُعَذَّبَانِ وَمَا يُعَذَّبَانِ فِي كَبِيرٍ أَمَّا أَحَدُهُمَا فَكَانَ يَمْشِي بِالنَّمِيمَةِ وَأَمَّا الْآخَرُ فَكَانَ لَا يَسْتَتِرُ مِنْ بَوْلِهِ قَالَ فَدَعَا بِعَسِيبٍ رَطْبٍ فَشَقَّهُ بِاثْنَيْنِ ثُمَّ غَرَسَ عَلَى هَذَا وَاحِدًا وَعَلَى هَذَا وَاحِدًا ثُمَّ قَالَ لَعَلَّهُ أَنْ يُخَفَّفُ عَنْهُمَا مَا لَمْ يَيْبَسَا)





(Соҳибони ин ду қабр дар ҳоли азоб ҳастанд, ҳарчанд иллати азоби онҳо гуноҳи бузурге нест, сипас дар идома фармуд: яке суханчин буд ва дигаре ҳангоми қазои ҳоҷат иститор (худро аз пешоб пок ва хушк намекард) намекард. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шохаи сарсабзи дарахти хурморо нисф кард ва рӯи қабри ҳар кадом шохае аз онҳоро кошт ва фармуд: ба ин умед то сабз будани шохаҳо азобашон тахфиф ёбад). (Китоби Ҷаноиз)





Имом Насоӣ аз ҳазрати Оиша (р) чунин нақл мекунад, ки зане аз яҳудиёни Мадина ба хонаи ман омад ва гуфт: азоби қабр ба хотири бавл ва пешоб аст. Ман ҳам ҳарфи ӯро напазируфтам ва гуфтам: ту дурӯғ мегӯи. ӯ гуфт: чаро, мо яҳудиён бадан ва либоси наҷасшуда ба идроро қатъ мекунем. Дар ин мавқеъ, ки сару садои мо баланд шуд ва Паёмбар ҳам ба сӯи намоз мерафт, фармуд:





(مَا هَذَا فَأَخْبَرْتُهُ بِمَا قَالَتْ فَقَالَ صَدَقَتْ فَمَا صَلَّى بَعْدَ يَوْمِئِذٍ صَلَاةً إِلَّا قَالَ فِي دُبُرِ الصَّلَاةِ رَبَّ جِبْرِيلَ وَمِيكَائِيلَ وَإِسْرَافِيلَ أَعِذْنِي مِنْ حَرِّ النَّارِ وَعَذَابِ الْقَبْرِ)





(Ин ҳама сару садоҳо барои чист? Ман ҳам ҷараёнро барояшон гуфтам. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: ӯ рост мегӯяд. Ҳазрати Оиша (р) мефармояд: баъд аз он ҷараён Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)- ро медидам, ки ба дунболи ҳар намозе мефармуд: эй Парвардигори Ҷибраил ва Микоил ва Исрофил аз шиддати гармии ҷаҳаннам ва азоби қабр ба ту паноҳ мебарам) (Насоӣ дар сунанаш ҳадисро нақл кардааст, Ҷомеул усул 11\167.)





Аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки фармуданд: ағлаби азоби қабр ба хотири идрор ва пешоб аст.





Ҳазрати Анас (р) аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чунин мегӯяд:





(تَنَزَّهُوا مِنَ الْبَوْلِ فَإِنَّ عَامَّةَ عَذَابِ الْقَبْرِ مِنْهُ)





(Аз олудагии пешоб бипарҳезед, чун ағлаби азоби қабр ба хотири пешоб аст) (Албонӣ дар китоби “Ирвоул ғалил” ҳадисро нақл кардааст ва ривоятро ба Дорулқутнӣ нисбат додааст. Ирвоул ғалил 1\311.)





3 Дуздӣ аз моли ғанимат





Аз ҷумлаи гуноҳоне, ки сабаби азоби қабр мешавад дуздидан аз байтулмол ё аз моли ғанимати мусалмонон аст. Аҳодиси фаровоне дар ин маврид ривоят шудааст, масалан Абуҳурайра (р) ривоят мекунад:





(Марде ғуломеро ба номи “Мидъам” ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳадя кард, вақте ғулом мехост савории Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро ҷое бигзорад мавриди исобати тири ношинохтае қарор гирифт ва ҷон супурд. Мардум гуфтанд: биҳишт барояш муборак бошад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: ҳаргиз! Савганд ба Худое, ки ҷони ман ба дасти Ӯст оташи ҷаҳаннамро барои худ шуълавар сохт, чун дар ҷанги Хайбар қабл аз тақсими моли ғанимат порчаеро дуздида буд. Вақте мардум ин ваъиди сахтро шуниданд марде бо як ё ду банди кафш пеши Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад, гуфт: ин ҳам сабаби шуълавар шудани оташи ҷаҳаннам мешавад?) (Мутафаққун алайҳ. Мишкотул масобиҳ, 2\401)





Аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шудааст, ки фармуд: шахсе ба номи Каркара маъмур ба муҳофизати амволи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) буд, вафот кард, Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: ӯ дар оташ аст. Мардум дар садади таҳқиқи амволи ӯ баромаданд, диданд, ки абоаеро (ҷома ё болопӯшро) аз ғанимат дуздидааст. (Мишкотул масобиҳ)





4-7 Дурӯғ гуфтан, раҳо кардани Қуръон, иртикоби зино ва рибохорӣ.





Худованди мутаъол илат ва асбоби мутааддидеро, ки сабаби азоб мешаванд ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нишон додааст, дар саҳеҳи Бухорӣ аз Самра ибни Ҷундуб (р) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баъд аз намоз рӯй ба тарафи мо кард ва гуфт:





(Кадоме аз шумо шаби гузашта хоб дидааст? Онгоҳ агар касе хобе дида буд онро барои Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён мекард.





Рӯзе тибқи маъмул аз мо савол кард ва фармуд: оё касе аз шумо хоб дидааст? гуфтанд: на хайр.





Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: аммо ман дишаб ду мардро дар хоб дидам, он ду мард назди ман омаданд ва дасти маро гирифта маро ба сӯи сарзамини муқаддас бурданд, дидам марде нишаста аст ва марди дигаре дар ҳоле, ки истода ва занҷирҳои оҳанин дар даст дорад, чангакҳои оҳанинро аз даҳон марди нишаста фурӯ мебарад ва берун меоварад ва дар тарафи дигар дохил мекард, ин амалро ҳамвора бидуни таваққуф анҷом медод.





Агар яке аз ду фуккаш дуруст мешуд бори дигар чангакро аз он мегузаронд ва аз пушти гардан берун меорад, факки порашуда дубора ба ҳолати аввал бозмегардад ва ӯ ин амалро дубора анҷом медод. Гуфтам: моҷаро чист ва ин чи гап аст? Он ду мард ба ман гуфтанд: пештар биравем, пештар рафтем ва аз канори шахсе гузаштем, ки бо пушт дар рӯи замин дароз кашида буд ва марди дигаре бар сари ӯ истода ва санге дар даст дошт ва сари марди хобидаро бо он санг мекубид, ҳаргоҳ санг ба сари ӯ мехурд ба суръат бармегашт ва дур меафтод ва зарбааш чунон корӣ буд, ки сари мардро реза реза мекард. Вақте марди зананда ба сӯи санг бармегашт то онро дубора бигирад, ҳануз ба санг наздик намешуд, ки сари реза-реза шуда ба ҳолати аввал бозмегашт, он мард бори дигар бо ҳамон санг сари ӯро мекубид. Гуфтам: ин чист ва он мард, ки сараш куфта мешуд кист? Гуфтанд: пештар биравем, вақте аз канори чолае (сурохе) монанди танур убур кардем, даҳони ин чола танг ва қаъраш бисёр васеъ буд ва аз умқи он оташ шуъла мезад. Вақте оташ боло меомад мардон ва занони луче, ки дар оташ месухтанд боло меомаданд ва наздик буд, ки аз чола берун биоянд ва ҳаргоҳ шуъла ба хомӯшӣ мегароид, онон ба умқи чола бармегаштанд. Гуфтам инҳо чи касоне ҳастанд? Он ду мард гуфтанд: пештар биравем, рафтем то инки аз канори дарёе гузаштем, ки дар он марде буд ва марди дигаре, ки санг дар даст дошт дар канори дарё истода буд, ҳаргоҳ мехост берун биояд бо санг ӯро мезад ва ӯро дубора бозмегардонид, ин амал ҳамвора аз ҳар ду тарафи он мард такрор мешуд. Гуфтам: ин чист? Ба ман гуфта шуд: пештар биравем, рафтем то инки аз канори як боғи бисёр сарсабз гузаштем, дар он боғ дарахтҳои бисёр бузурге вуҷуд дошт, зери он дарахтон пирамард ва кудакеро дидам, мардеро наздики дарахте дидам, ки зеботар аз онро ҳаргиз надида будам. Дар он манзил мардон, занҳо, пирон, ҷавонон ва кудакон нишаста буданд, сипас аз болои дарахт маро ба манзили дигар бурданд, ки аз манзили аввалӣ зеботар буд, дар он манзил ҳам пирамардон ва ҷавононе нишаста буданд. Гуфтам: тамоми шаб маро ба сайру гашт бурди, акнун аз ончи, ки дидам маро огоҳ созед, дар ҷавоб гуфтанд: оре, марде, ки фукашро бо оҳан сурох мекарданд, дуруғгӯ аст, ӯ дуруғ мегуфт ва шунавандагон дуруғҳои ӯро нақл мекарданд ва ба атрофи олам мерасонданд, бинобар ин ончи, ки мушоҳида намуди то рӯзи қиёмат бар ӯ анҷом хоҳад гирифт.





Ва касе, ки сарашро бо санг мекуфтанд, марде буд, ки Худованд Қуръон ва аҳкоми диниро ба ӯ омӯхта буд вале ӯ шабҳо ба ҷои қуръон хондан мехобид ва рӯзҳо бадон амал намекард ва то рӯзи қиёмат ба ҳамон азоб, ки мушоҳида карди гирифтор мешавад. Касоне, ки дар чоҳи оташ буданд зинокорон ва афроди дохили дарёи хун, рибохорон. Пирамарде, ки зери дарахт ҳазрати Иброҳим (а) ва кудаконеро, ки дар канори ӯ мушоҳида карди, фарзандони ӯ ҳастанд ва равшанкунандаи оташ Молик ва нигаҳбонони ҷаҳаннам буданд.





Манзили аввал маскани муъминон ва манзили дуюм азони шаҳидони уммати исломӣ буд ва ман ҳам Ҷибраил ва ин дуюми ҳам Микоил аст, ҳоло саратро баланд кун, вақте сарамро баланд кардам болои худро монанди абрҳо дидам, ба ман гуфтанд: ин манзили ту аст. Гуфтам: пас бигзоред вориди он шавам. Гуфтанд: ҳануз умри ту боқӣ аст ва манзилатро ба итмом нарасонидаи ва ҳаргоҳ онро ба поён бирасони вориди он хоҳи шуд) (Бухорӣ, китоб Алҷаноиз. Фатҳулборӣ 3\251).





Бадеҳкорӣ ва зиндонии қабр





Бадеҳкорӣ ва қарз сабаби эҷоди зарар ва зиён дар қабр мешавад, аз ҳазрати Саъд ибни Атвал (р) ривоят шудааст, ки бародараш дар ҳоле фавт кард, ки сесад дирҳам тарака дошт ва зан ва фарзанди фақир ва бенавоеро ба ҷо гузошт. Саъд мегӯяд: хостам таракаро барои хонаводаи бародарам харҷ кунам, Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:





(إِنَّ أَخَاكَ مَحْبُوسٌ بِدَيْنِهِ فَاذْهَبْ فَاقْضِ عَنْهُ)





(Бародари ту дар баробари қарзҳояш дар қабр зиндонӣ аст, бирав қарзҳояшро бипардоз)





Саъд мегӯяд: рафтам қарзҳои бародарамро пардохт кардам ва баргаштам ва арз кардам: эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) тамоми қарзҳояшро пардохт кардам фақат ду динор боқӣ мондааст, ки зане муддаи аст онҳоро ба вадиа ба бародарам додааст, вале далиле надорад. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:





(أَعْطِهَا فَإِنَّهَا صَادِقَةٌ)





(Онро ҳам бипардоз, чун зан рост мегӯяд) (Шайх Носируддини Албонӣ мегӯяд: ин ҳадисро Ибни Моҷа овардааст “Аҳкомул ҷаноиз” саҳ15)





Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин ҳадис хабар медиҳад, ки он саҳобӣ ба хотири қарзҳояш маҳбус аст ва дар ҳадиси дигар, ки мумкин аст тафсири ин ҳадис бошад ва мафҳуми маҳбус буданро шарҳ медиҳад, чунин омадааст:





(إِنَّهُ مَأْسُورٌ بِدَيْنِه عن الجنةِ)





(Ӯ ба хотири қарзҳояш аз ворид шудан ба биҳишт манъ шудааст)





Дар ривояти Самура ибни Ҷундуб чунин омадааст: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар ҷанозае намози майит мехонд, вақте салом дод фармуд: Оё аз қабилаи фалон касе миёни шумо ҳаст? Ҳозирин сукут ихтиёр карданд. (Ҳаргоҳ Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз саҳобаи киром савол мекард, нахуст онҳо сокит мешуданд). Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чанд бор такрор фармуд, вале боз ҳам касе ҷавоб надод, билохира яке гуфт: оре, фалони ҳозир аст. Ровӣ мегӯяд: марде, ки изорашро бар замин мекашид аз поёни масҷид баланд шуд ва назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: чаро дар ду бори аввал ҷавоб надодӣ? Ман ҷуз хайр ҳеҷ ҳадафи дигаре надоштам, хостам ба иттилоъ бирасонам, ки марде аз қабилаи шумо ба хотири қарзе аз рафтан ба биҳишт манъ шудааст, агар мехоҳӣ ӯро наҷот диҳи қарзашро адо кун ва агар дӯст надорӣ ҷараёнро барои хонавода ё ҳар каси дигаре, ки ба қарзи ӯ эҳтимом медиҳад бирасон, то қарзашро бипардозанд).





(Албонӣ дар "Аҳкомул ҷаноиз" саҳ 15 мефармояд: Абудовуд (2\84), Насоӣ (2\232), Ҳоким (2\25,26), Байҳақӣ (6\4\76), Таёлисӣ дар муснадаш шумораи (981 ва 982) ва Имом Аҳмад (5\11, 13, 20) ҳадисро нақл кардаанд. Бархе аз онҳо ҳадисро аз Шаъбӣ аз Самура ва гурӯҳи дигар Самъон ибни Мишнаҷро ҳам дар санад дохил намудаанд. Ҳамон гуна, ки Ҳоким ва Заҳабӣ гуфтаанд: бино ба санади аввал бар асоси шарти шайхайн саҳеҳ аст ва бино ба санади дуюм танҳо саҳеҳ аст на бар асоси шарти шайхайн. Албонӣ дар он китоб касонеро, ки ривояти зиёд кардаанд баён фармудааст.)





Гиряи бозмондагон сабаби азоби мурдагон мешавад





Вақте ҳазрати Умар (р) мавриди исобати ханҷари маҷусӣ қарор гирифт ҳазрати Суҳайб (р) ба аёдати ӯ рафт ва шуруъ ба гиря кардан шуд ва гуфт: вой бародар, вой рафиқ ва ҳамроҳ. Ҳазрати Умар (р) фармуд: ту бар ман гиря мекуни дар ҳоле, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:





(إِنَّ الْمَيِّتَ لَيُعَذَّبُ بِبُكَاءِ أَهْلِهِ عَلَيْهِ )





(Майит ба хотири гиря кардани хешовандонаш таъзиб мешавад) (Бухорӣ, китоби Ҷаноиз. Фатҳулборӣ 3\151. Муслим ҳам ҳадисро нақл кардааст. Ба Ҷомеул усул 11\92 нигоҳ кунед.)





Ҳазрати Оиши (р) мункири ин аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чунин фармуда бошад. Дар саҳеҳи Бухорӣ омадааст, ки Ибни Аббос (р) баъд аз вафоти Умар (р) дидгоҳи ӯро дар мавриди ин ҷараён бо ҳазрати Оиша (р) дар миён гузошт, ҳазрати Оиша (р) фармуд: Худованд бар Умар раҳм кунад. Савганд ба Худо Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нафармудааст, ки муъмин ба хотири гиряи хешовандонаш дар қабр азоб мебинад, балки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд: Худованд ба хотири гиряи бозмондагон сазои кофирро бештар мекунад. Барои радди ин дидгоҳ кофӣ аст ба ояти Қуръон нигоҳ кунем, ки мефармояд:





﴿وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰۚ ١٨﴾ [فاطر: ١٨]





“Ҳеҷ гунаҳкоре бори гуноҳи дигареро ба душ намекашад” (Сураи Фотир 18)





Чанд таъвил аз ҳазрати Оиша (р) перомуни ин ҳадис нақл шудааст. Албатта уламо дар китобҳои саҳеҳ ва сунан ин таъвилотро рад кардаанд,[1] вале ду нукта шоёни зикр аст: яке инки оё Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин ҳадисро фармудааст? Имом Қуртубӣ мегӯяд: мункир шудани ҳазрати Оиша (р) ва ҳукми вай дар баробари хатои ровӣ ё шунидани қисмате аз ҳадис ва фаромӯш кардани қисмати дигар қобили қабул нест, зеро ровиёни ҳадис ҷамъи фаровоне аз асҳоб ҳастанд ва ҳама бо ҷазм ва қотеият лафзро ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нисбат медиҳанд, бинобар ин агар имкони таъвили саҳеҳ ва дурусте барои ҳадис бошад наметавон онро рад кард. (Фатҳулборӣ (3\154))





Дуюм инки майит чи гуна ба хотири гиря кардан ба хешовандонаш азоб мебинад, ҳоло онки ин гиря кардан аъмоли дигарон аст, на амали худи майит? Худованд мефармояд:





﴿وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰۚ ١٨﴾ [فاطر: ١٨]





“Ҳеҷ гунаҳкоре бори гуноҳи дигареро ба душ намекашад” (Сураи Фотир 18)





Уламо барои ин савол посухҳои мутааддидеро баён кардаанд, ки беҳтарини онҳоро Имом Бухорӣ зери унвон овардааст:





قول النبی صلى الله عليه و سلم: یعذب المیت ببعض ما ینح علیه اذا کان النوح من سنته.





Имом Бухорӣ мегӯяд: майит вақте ба навҳа хондани хешовандонаш дучори азоб мешавад, ки навҳа хондан дар хонаводаи ӯ марсум ва худаш муравиҷи навҳахонӣ бошад, чун Худованд мефармояд:





﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ قُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ وَأَهۡلِيكُمۡ نَارٗا ٦﴾ [التحريم: ٦]





“Эй муъминон! Худ ва хонаводаи хешро аз оташи дӯзах барканор доред” (Сураи Таҳрим: 6)





Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:





(كُلُّكُمْ رَاعٍ وَكُلُّكُمْ مَسْئُولٌ عَنْ رَعِيَّتِهِ )





(Ҳамаи шумо нигоҳбон ва дар муқобили хонавода масъул ҳастед)





 



Recent Posts

Гиряву нолаву фиғон б ...

Гиряву нолаву фиғон бар мурдагон

Силсилаи шиъа ва арко ...

Силсилаи шиъа ва аркони Имон (1)

Ҷазои касе ки Худован ...

Ҷазои касе ки Худовандро дашном медиҳад