Articles

Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми даҳум: Нишонаҳои Қиёмат, Аломатҳое ки ҳанӯз зоҳир нашудаанд, Табдил ёфтани ҷазираи араб ба боғҳо ва дарёҳо, ва дигар аломатҳо





القيامة الصغرى وعلامات القيامة الكبرى، القسم العاشر: أشراط الساعة، علامات الساعة التي لم تقع بعد





< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >





Таълиф: Д. Умар Сулаймон Ашқар





تأليف: عمر سليمان الأشقر





Таҳия: Мусъаб Ҳамза





إعداد: مصعب حمزة





Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми даҳум





Боби дувум: Нишонаҳои Қиёмат





Фасли севвум: Аломатҳое ки ҳанӯз зоҳир нашудаанд





Мабҳаси аввал: Табдил ёфтани ҷазираи араб ба боғҳо ва дарёҳо.





Аз ҳазрати Абуҳурайра ривоят аст, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:





(لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى يَكْثُرَ الْمَالُ وَيَفِيضَ حَتَّى يَخْرُجَ الرَّجُلُ بِزَكَاةِ مَالِهِ فَلَا يَجِدُ أَحَدًا يَقْبَلُهَا مِنْهُ وَحَتَّى تَعُودَ أَرْضُ الْعَرَبِ مُرُوجًا وَأَنْهَارًا)





“Қиёмат барпо намешавад магар замоне ки мол зиёд шавад ва ҳама мардум мустағнӣ гарданд, ҳатто инсон закоти молашро ҷудо намуда дунболи касе мегардад, ки онро бипазирад, аммо касеро намебинад, ки закотро қабул кунад ва қиёмат барпо намешавад то онки ҷазираи араб ба боғҳо ва дарёҳо табдил нашавад”. (Муслим, Мишкотул-масобиҳ: 3\21, шумораи: 5440)





Табдил шудани ҷазираи араб ба боғ ва дарёҳо ба ин хотир таҳаққуқ меёбад, ки аҳолии ҷазираи араб ба василаи кандани чоҳ ва обёриҳо барои кишоварзӣ ва амсоли он, ҷазира ва заминҳои нокорамро ба боғҳо ва дарёҳо мубаддал месозанд, ҳамон гуна, ки ҳоло ин амал ба суръат дар ҳоли пеш рафтан аст ва ё инки ҷазира дар асари таҳаввулоти иқлимӣ табдил ба боғ ва дарёҳо мешавад. Яъне манотиқи гарм ва истивоӣ ба манотиқи муътадил мубаддал мешавад ва Парвардигор он наҳр ва чашмаҳоро ба вуҷуд меоварад, ки хушкии онро ба шодобӣ ва сарсабзӣ мубаддал созанд, даштҳои беҳосили он ба мазрааҳои ҳосилхез ва сарсабз табдил мешаванд. Ин тавҷеҳи дуюм бештар қобили қабул аст, чун ҳикоят аз вазъияте дорад, ки ҷазира ба ҳолати аввалии худ бармегардад.





Мабҳаси дуввум: Пурнур шудани моҳ





Яке дигар аз нишонаҳои наздик шудани қиёмат ин аст, ки моҳ дар шаби аввали зуҳураш бузургтару равшантар ба назар мерасад, ба гунае, ки бинанда дар лаҳзаи тулуъ онро ду ё сешаба талақӣ мекунанд. Аз ҳазрати Ибни Масъуд (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:





(مِنِ اقْتِرَابِ السَّاعَةِ انْتِفَاخُ الأَهِلَّةِ)





“Аз ҷумлаи нишонаҳои наздик шудани қиёмат, бузург дида шудани моҳи шаби аввал аст” (Яъне моҳи якшаба дар калони мисли моҳи душаба сешаба дида мешавад) (Носириддини Албонӣ дар “Саҳеҳи ҷомеул сағир” ин ҳадисро овардааст. 5\213, шумораи: 5774)





Аз ҳазрати Анас (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:





(من اقتراب الساعة أن يرى الهلال قبلا، فيقال لليلتين، وأن تتخذ المساجد طرقا، وأن يظهر موت الفجاءة)





“Аз ҷумлаи нишонаҳои қиёмат ин аст, ки “ҳилол” моҳи шаби аввал бузург ба назар мерасад, ба гунае, ки бинандагон онро душаба мепиндоранд ва масҷидҳо дар масир (яъне маҳали роҳ рафтан) қарор мегиранд ва маргҳои ногаҳонӣ рух медиҳад”. (Саҳеҳ ал-ҷомиъ: 5\214, 5775)





Мабҳаси саввум: Сухан гуфтани дарандагон ва ҷимодот бо инсон





Имом Аҳмад дар Муснади худ аз ҳазрати Абусаъиди Хидрӣ (р) нақл мекунад: Гурге бар гӯсфанде ҳамла бурд ва гӯсфандро гирифт, чупон дунболи гӯсфанд рафт ва онро аз гург пас гирифт. Гург думро рӯи замин гузошт ва нишасту гуфт: Аз Худо наметарси рӯзӣ ва насибамро аз ман мегири? Чупон гуфт: Бисёр шигифтовар аст, ки гурге рӯи думаш нишаста бо ман сухан мегӯяд: Гург гуфт: Сухани шигифтовартар аз инро бароят бигӯям: Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар Ясриб (Мадина) мардумро аз ахбори гузаштагон иттилоъ медиҳад. Чупон гӯсфандонашро ба тарафи Мадина равона карда вориди шаҳр шуд. Гӯсфандонро ба гӯшае дар шаҳри Мадина расонид ва худаш назди Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва ҷараёни гургро барояш бозгӯ кард. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дастур дод то мардум барои намоз ҷамъ шаванд, сипас худаш аз хона берун омад ва хитоб ба чупон гуфт: Воқеаи гургро ба мардум бозгӯ кун, чупон воқеаро ба мардум бозгӯ кард. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:





(صدق، والذي نفسي بيده لا تقوم الساعة حتى يكلم السباع الإنس و يكلم الرجل عذبة سوطه و شراك نعله و يخبره فخذه بما حدث أهله بعده)





“(Чупон) рост мегӯяд: Савганд ба зоти ягонаи Худованд, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, қиёмат барпо намешавад то инки дарандагон бо инсонҳо ҳарф назананд ва инсон бо тозиёна ва банди кафшаш ба сухан наояд...”. (Санадаш саҳеҳ аст, Ибни Ҳибон ва Ҳоким онро нақл кардаанд ва мувофиқ бо шарҳҳои Имом Муслим аст)





Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бархе аз мавоқеъ аз як падидаи хилофи одат ва хориҷ аз маълуфоти башар сухан ба миён меовард ва хабар медиҳад. Масалан инки рӯзи қиёмат аъзои бадани инсон алайҳи инсон гувоҳӣ медиҳанд:





﴿ٱلۡيَوۡمَ نَخۡتِمُ عَلَىٰٓ أَفۡوَٰهِهِمۡ وَتُكَلِّمُنَآ أَيۡدِيهِمۡ وَتَشۡهَدُ أَرۡجُلُهُم بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ ٦٥﴾ [يس: ٦٥]





“Имрӯз бар даҳонҳояшон муҳр мениҳем ва дастҳояшон бо мо сухан мегӯянд ва пойҳояшон шаҳодат хоҳанд дод, ки чи мекардаанд”. (Сураи Ёсин: 65)





﴿وَقَالُواْ لِجُلُودِهِمۡ لِمَ شَهِدتُّمۡ عَلَيۡنَاۖ قَالُوٓاْ أَنطَقَنَا ٱللَّهُ ٱلَّذِيٓ أَنطَقَ كُلَّ شَيۡءٖۚ وَهُوَ خَلَقَكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةٖ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ٢١﴾ [فصلت: ٢١]





“Онон ба пустҳои худ мегӯянд: чаро бар зидди мо шаҳодат додед? Посух медиҳанд: Худованд моро ба гуфтор даровардааст, ки ҳама чизро гӯё намудааст ва ҳам дар оғоз шуморо (аз адам) офаридааст ва (дар поёни зиндагӣ ва баъд аз мамот, дубора ҷомаи ҳаёт ба танатон карда ва барои ҳисоб ва китоб) ба сӯи Ӯ баргардонида шудаед”. (Сураи Фусилат: 21)





Ё инки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди чизҳое хабар медиҳад, ки дар оянда ба он даст пайдо мекунанд, аз улум ва ихтирооте, ки ба василаи он забони ҳайвонотро медонанд ва ҷимодотро ба нутқ ва сухан дармеоваранд, ҳамон гуна, ки имрӯз дар ихтирооти ҷадид монанди радио ва телевизор мушоҳида мешавад.





Мабҳаси чорум: Парда бардоштани дарёи Фурот аз кӯҳи тиллоӣ





Бухорӣ ва Муслим дар саҳеҳи худ аз ҳазрати Абуҳурайра (р) нақл мекунанд, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:





(لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى يَحْسِرَ الْفُرَاتُ عَنْ جَبَلٍ مِنْ ذَهَبٍ يَقْتَتِلُ النَّاسُ عَلَيْهِ فَيُقْتَلُ مِنْ كُلِّ مِائَةٍ تِسْعَةٌ وَتِسْعُونَ وَيَقُولُ كُلُّ رَجُلٍ مِنْهُمْ لَعَلِّي أَكُونُ أَنَا الَّذِي أَنْجُو)





“Қиёмат барпо намешавад то инки Фурот аз як кӯҳи тиллоӣ парда барнадорад ва онро зоҳир накунад. Мардум барои аз худ кардани он ҷанг мекунанд. Аз ҳар 100 кас 99 кас кушта мешавад ва ҳар як марде аз онҳо мегӯяд: Шояд ман наҷот ёбам”. (Бухорӣ, китоби “Фитан”. Фатҳул борӣ: 13\78, Муслим: 4\2219 шумораи: 2894)





Дар ривояти дигар чунин омадааст:





“Наздик аст, ки Фурот парда аз хазонаи тиллоро канор бизанад, ҳар кас дар он вақт ҳозир бошад аз он тилло чизе барнадорад”.





Дар баъзе ривоятҳо омадааст:





“Аз як кӯҳи тиллоӣ парда бармедорад”





Имом Муслим аз Убай ибни Каъб бо ин лафз ҳадисро ривоят кардааст:





(يُوشِكُ الْفُرَاتُ أَنْ يَحْسِرَ عَنْ جَبَلٍ مِنْ ذَهَبٍ فَإِذَا سَمِعَ بِهِ النَّاسُ سَارُوا إِلَيْهِ فَيَقُولُ مَنْ عِنْدَهُ لَئِنْ تَرَكْنَا النَّاسَ يَأْخُذُونَ مِنْهُ لَيُذْهَبَنَّ بِهِ كُلِّهِ قَالَ فَيَقْتَتِلُونَ عَلَيْهِ فَيُقْتَلُ مِنْ كُلِّ مِائَةٍ تِسْعَةٌ وَتِسْعُونَ)





“Наздик аст Фурот аз кӯҳе аз тилло парда бардорад ва онро зоҳир кунад. Ҳаргоҳ мардум дар бораи он иттилоъ пайдо кунанд, ба сӯи он мешитобанд. Касоне, ки онҷо ҳастанд мегӯянд: агар мардумро бигузорем, ки аз он бардоранд ҳамаро бармедоранд. Мардум барои гирифтани тилло ҷанг мекунанд ва аз ҳар 100 кас 99 каси он кушта мешаванд”. (Саҳеҳи Муслим 4\2220, шумораи: 2295)





Манзур аз иктишоф ва парда бардоштан ба сурати хушк шудани об аст. Имом Нававӣ мегӯяд: Инҳисор, яъне зоҳир шудани тилло ба хотири аз байн рафтани об (шарҳи Нававӣ бар Муслим: 9\18), гоҳе парда бардоштан ба далели таҳаввули маҷрои об таҳаққуқ меёбад, зеро мумкин аст ин кӯҳ ё хазонаи тиллое зери хок пинҳон шуда бошад, аммо вақте, ки маҷрои об ба далеле аз далоил тағйир ёбад ва аз канори кӯҳ бигзарад, ганҷи тилло зоҳир мешавад.





Сабаби наҳй кардани Паёмбар аз гирифтани тилло аз ҳозирине, ки шоҳиди кашфи он ҳастанд, дур шудан аз фитна аст, чун ҳангоми зоҳир шудани тилло бо ҳамдигар ба ҷангу ҷидол ва куштор мепардозанд.





Мабҳаси панҷум: Зоҳир шудани ганҷҳои махфӣ





Имом Муслим аз ҳазрати Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:





(تَقِيءُ الْأَرْضُ أَفْلَاذَ كَبِدِهَا أَمْثَالَ الْأُسْطُوَانِ مِنْ الذَّهَبِ وَالْفِضَّةِ فَيَجِيءُ الْقَاتِلُ فَيَقُولُ فِي هَذَا قَتَلْتُ وَيَجِيءُ الْقَاطِعُ فَيَقُولُ فِي هَذَا قَطَعْتُ رَحِمي ‌وَيَجِيءُ السَّارِقُ فَيَقُولُ فِي هَذَا قُطِعَتْ يَدِي ثُمَّ يَدَعُونَهُ فَلَا يَأْخُذُونَ مِنْهُ شَيْئًا)





“Замин тикаҳои ҷигараш (яъне тилло ва нуқра) ки монанди сутун ҳастанд берун меандозад. Қотил меояд ва мегӯяд: ба хотири ҳаминҳо мардумро куштам. Қотиъи раҳм мегӯяд: ман низ ба сабаби инҳо силаи раҳмро қатъ кардам. Дузд мегӯяд: бар асари ин дастам қатъ шудааст. Дар асари ин ихтилоф ва ҷанҷол ҳама тиллоро раҳо мекунанд ва чизе аз онро барнамедоранд”. (Муслим, китоби закот)





Ин яке аз нишонаҳои қудрати Худованд аст, ки ба замин амр мекунад то ганҷҳои пинҳонашро аз шиками худ берун кунад. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин хазонаҳоро ба (афлози кабад) таъбир намудааст. “Фулз” дар луғат ба маънои қитъае аз ҷигари шутур мебошад. Баъзеҳо гуфтаанд: ба маънои қитъаи гӯшт аст. Мафҳуми ҳадис ташбеҳ аст. Яъне замин қитъаҳои пинҳон дар шиками худро берун меорад. Устувон ҷамъи устувона аст. Устувона ба маънои сутун мебошад. Ташбиҳ кардани қитъаҳои тилло ва нуқра ба устувона аз нигоҳи бузургии ҳаҷм аст. (Шарҳи Нававӣ бар Муслим: 18\98)





Вақте мардум ин ҳама тиллоро мушоҳида мекунанд, аз он дӯрӣ меҷӯянд ва нигарону нороҳат мешаванд, чун барои расидан ба ин моли беарзиш муртакиби гуноҳ ва маъсиятҳо шудаанд.





Мабҳаси шашум: Муҳосира шудани мусалмонон дар Мадина





Аз ҷумлаи нишонаҳои қиёмат ин аст, ки мусалмонон шикаст мехуранд ва сояи онҳо бардошта мешавад ва аз ҷониби душман иҳота шуда дар Мадинаи Мунаввара ононро муҳосира мекунанд.





Аз Ибни Умар (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:





(يُوشِكُ الْمُسْلِمُونَ أَنْ يُحَاصَرُوا إِلَى الْمَدِينَةِ حَتَّى يَكُونَ أَبْعَدَ مَسَالِحِهِمْ سَلَاحِ)





“Наздик аст мусалмонон дар Мадинаи Мунаввара муҳосира шаванд ва барои дифоъ танҳо бел ва ғайра дар даст дошта бошанд”. (Ҳадиси саҳеҳ аст, Абудовуд ва Ҳоким онро нақл кардаанд)





Мабҳаси ҳафтум: Расидани Ҷаҳҷоҳ ба подшоҳӣ





Ҷаҳҷоҳ марди сахтгир ва тундхуе аз тоифаи Қаҳтон аст, ки ҳукумат ба ӯ мерасад. Дар саҳеҳи Муслим аз ҳазрати Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:





(لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى يَخْرُجَ رَجُلٌ مِنْ قَحْطَانَ يَسُوقُ النَّاسَ بِعَصَاهُ)





“Қиёмат барпо намешавад то инки марде аз қабилаи Қаҳтон зоҳир мешавад ва мардумро бо асояш (бо сахтгирӣ ва тундхӯи) роҳбарӣ мекунад”. (Бухорӣ ва Муслим)





Дар ривояти Муслим омадааст:





(لَا تَذْهَبُ الْأَيَّامُ وَاللَّيَالِي حَتَّى يَمْلِكَ رَجُلٌ يُقَالُ لَهُ الْجَهْجَاهُ)





“Шабҳо ва рӯзҳо тамом намешаванд то инки марде ба номи Ҷаҳҷоҳ қудратро ба даст нагирад” (Бухорӣ, китоби фитан: 13\76)





Мумкин аст Ҷаҳҷоҳи ривояти дуввум ғайр аз Ҷаҳҷоҳи ривояти аввал бошад, чун дар ҳадиси Имом Тирмизӣ ривояти саҳиҳе аст, ки ин Ҷаҳҷоҳ аз маволӣ (ғуломон) аст. Дар Сунани Тирмизӣ аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:





(لَا يَذْهَبُ اللَّيْلُ وَالنَّهَارُ حَتَّى يَمْلِكَ رَجُلٌ مِنْ الْمَوَالِي يُقَالُ لَهُ جَهْجَاهُ)





“Шаб ва рӯз тамом намешавад (яъне қиёмат барпо намешавад) то инки шахсе ба номи Ҷаҳҷоҳ, ки аз маволӣ (аз ғуломон) аст, ба қурдат нарасад”. (Саҳеҳи Ҷомеул сағир: 6\230, шумораи: 7561)





Манзур аз ҷумлаи «يسوق الناس بعصاه» ин аст, ки ӯ ба қудрат мерасад ва мардум аз ӯ итоат мекунанд ва ӯ ҳам роҳбарии мардумро бар уҳда мегирад. Вожаи «سوق بالعصا» далолат бар сахтгирӣ ва тундхуии ӯ мекунад. Маъни луғавии ҷаҳҷоҳ садои баланд аст. Бино ба тафсири Ибни Ҳаҷар садое, ки дар салобат ва сахтӣ ба асо мутаносиб бошад (Фатҳул-борӣ: 13\78).





Аммо оё ин мард мардумро ба сӯи хайр фаро мехонад ё шар? Ҳеҷгуна тавзиҳе дар ин бора аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) собит нашудааст.





Мабҳаси ҳаштум: Фитнаи Аҳлос, Даҳмо ва Дуҳаймо





Аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) нақл аст, ки мегӯяд: Назди Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мавзӯъи фитнаро ба миён оварда будем, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи фитнаҳо бисёр сухан гуфтанд, ҳатто фитнаи Аҳлосро матраҳ намуд, яке аз ҳозирин пурсид: Аҳлос чист? Фармуданд:





(هِيَ هَرَبٌ وَحَرْبٌ ثُمَّ فِتْنَةُ السَّرَّاءِ دَخَنُهَا مِنْ تَحْتِ قَدَمي‌رَجُلٍ مِنْ أَهْلِ بَيْتِي يَزْعُمُ أَنَّهُ مِنِّي وَلَيْسَ مِنِّي وَإِنَّمَا أَوْلِيَائِي الْمُتَّقُونَ ثُمَّ يَصْطَلِحُ النَّاسُ عَلَى رَجُلٍ كَوَرِكٍ عَلَى ضِلَعٍ ثُمَّ فِتْنَةُ الدُّهَيْمَاءِ لَا تَدَعُ أَحَدًا مِنْ هَذِهِ الْأُمَّةِ إِلَّا لَطَمَتْهُ لَطْمَةً فَإِذَا قِيلَ انْقَضَتْ تَمَادَتْ يُصْبِحُ الرَّجُلُ فِيهَا مُؤْمِنًا وَيُمْسِي كَافِرًا حَتَّى يَصِيرَ النَّاسُ إِلَى فُسْطَاطَيْنِ فُسْطَاطِ إِيمَانٍ لَا نِفَاقَ فِيهِ وَفُسْطَاطِ نِفَاقٍ لَا إِيمَانَ فِيهِ فَإِذَا كَانَ ذَاكُمْ فَانْتَظِرُوا الدَّجَّالَ مِنْ يَوْمِهِ أَوْ مِنْ غَدِهِ)





“Фитнаи Аҳлос, фитнаи давидан (фирор кардан) ва аз даст додани молу авлод аст. Сипас фитнаи Cарро пайдо мешавад, касе вориди ин фитна мешавад, ки гумон мекунад аз аҳли байти ман аст, вале чунин нест ва ҳеҷ иртиботе бо ман надорад, зеро валӣ ва наздикони ман парҳезгоронанд. Сипас мардум фардеро интихоб мекунанд, ки собитқадам ва устувор нест. Сипас фитнаи Дуҳаймо меояд, ҳамаи уммати исломӣ ӯро мезананд ва мардум гумон мекунанд, ки тамом шудааст аммо боз ҳам идома дорад, афроди зиёдеро гумроҳ мекунад, фарде ҳангоми субҳ имон дорад вале шомгоҳон кофир мешавад. Дар поёни ин фитнаҳо мардум ба ду даста тақсим мешаванд: дастае муъминанд, ки дар миёни онҳо мунофиқе вуҷуд надорад ва дастаи дуввум мунофиқанд, ки муъмине дар сафи онҳо дида намешавад. Ҳаргоҳ ин вазъият пеш омад дар ҳамон рӯз ё рӯзи баъдаш мунтазири Даҷҷол бошед”. (Абудовуд, Ҳоким ва Аҳмад)





“Аҳлос” ҷамъи ҳилс аст ва ҳилс бар порчае гуфта мешавад, ки бар пушти шутур ва асб ва зери қутб ва полон гузошта мешавад. Бинобар ин фитнаро ба ҳилс ташбеҳ кардааст, чун ҳангоми зуҳури фитна монанди полони шутур, ки мудом аз пушти ҳайвон ҷудо намешавад, он ҳам аз мардум ҷудо намешавад.





Хаттобӣ мегӯяд: Мумкин аст ташбеҳ кардани фитна ба ҳилс ба хотири сиёҳии ранг ва торикии он бошад.





“Ҳараб” ба маънои рафтани аҳлу мол аст. Арабҳо мегӯянд:





«حرب الرجل فهو حريب فلان»





Яъне мол ва аҳлаш ба ғорат бурда шуд.





“Сарро” неъмате аст, ки мардум аз он ба далели бисёрии мол ва офияти фаровон хушҳол мешаванд. Нисбат додани сарро ба фитна аз ин ҷиҳат аст, ки неъмат (саро) маъмулан сабаби гумроҳ кардан ва муртакиби гуноҳ шудан аст, ҳамон гуна, ки ин фитна мардумро гумроҳ ва ба гуноҳ водор месозад.





“Дуҳаймо” офате аст, ки мардумро ба хотири бадкориҳояшон вориди парешонӣ ва саргардонӣ мекунад.





Мабҳаси нуҳум: Зуҳури Имом Маҳдӣ





Матлаби аввал: Нусусе, ки муаррифигари Имом Маҳдӣ ҳастанд.





Дар аҳодиси саҳеҳ омадааст, ки Худованди муттаол дар охири замон ва наздикии қиёмат халифаи одилеро ба сӯи мардуми ҷаҳон мефиристад то умури уммати исломиро бар уҳда бигирад. Ӯ аз аҳли байти Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва аз фарзандони ҳазрати Фотимаи Заҳро (р) аст. Номи худ ва номи падараш ба ном ва падари Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) яке аст. Дорои пешонии равшан ва бинии уқобӣ мебошад, замини пур аз зулму ҷаврро ба адл ороста месозад ва бисоти зулмро барои ҳамеша бармечинад ва ба ҷои он ниҳоли адл ва адолатро мекорад. Аҳодисе, ки дар ин бора омадаанд ба шарҳи зер ривоят шудаанд:





1. Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:





(لا تذهب الدنيا حتى يملك العرب رجل من أهل بيتي يواطيء اسمه اسمي)





“Дунё ба поён намерасад то инки марде аз аҳли байти ман қудратро ба даст нагирад ва бар араб ҳукумат накунад, номаш бо номи ман яке аст”. (Тирмизӣ ва Абудовуд)





Дар ривояти дигар аз Абудовуд чунин омадааст:





(لو لم يبق من الدنيا إلا يوم لطول الله ذلك اليوم حتى يبعث الله فيه رجلا مني - أو من أهل بيتي - يواطئ اسمه اسمي ‌واسم أبيه اسم أبي يملأ الأرض قسطا وعدلا كما ملئت ظلما وجورا)





(Агар аз умри дунё беш аз як рӯз боқӣ намонад, Худованд он рӯзро тулонӣ мекунад то инки марде аз аҳли байти ман баргузида шавад. Номи ӯ бо номи ман ва номи падараш бо номи падарам яке аст. Ӯ заминро пур аз адлу дод ва инсоф мекунад. Ҳамон гуна, ки пеш аз омадани ӯ пур аз зулму ситам будааст. (Мишкотул масобиҳ: 3\24)





2. Аз ҳазрати Умми Салама (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:





(الْمَهْدِيُّ مِنْ عِتْرَتِي مِنْ وَلَدِ فَاطِمَةَ)





“Маҳдӣ аз авлоди ман ва аз фарзандони Фотима хоҳад буд. (Абудовуд, Ибни Моҷа ва Ҳоким)





3. Аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:





(الْمَهْدِيُّ مِنَّا أَهْلَ الْبَيْتِ يُصْلِحُهُ اللَّهُ فِي لَيْلَةٍ)





“Маҳдӣ аз аҳли байти ман аст, ки Худованд ӯро дар шабе ислоҳ мекунад”. (Дар ривояти Аҳмад ва Ибни Моҷа) (Саҳеҳи Ҷомеъ: 2\26. Албонӣ дар мавриди ин ҳадис мегуяд: саҳеҳ аст)





4. Аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:





(لَوْ لَمْ يَبْقَ مِنْ الدُّنْيَا إِلَّا يَوْمٌ لَبَعَثَ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ رَجُلًا مِنَّا يَمْلَؤُهَا عَدْلًا كَمَا مُلِئَتْ جَوْرًا)





“Агар аз дунё як рӯз бештар боқӣ намонад, Худованд марде аз аҳли байти маро мабъус мекунад то дунёро баъд аз зулму ҷавр пур аз адлу инсоф кунад”. (Дар ривояти Аҳмад ва Абудовуд) (Ҳадиси саҳеҳ аст. Ба Саҳеҳи Ҷомеул-сағир: 5\71, шумораи: 5181 нигоҳ карда шавад)





5. Аз ҳазрати Абусаъиди Худрӣ (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:





(الْمَهْدِيُّ مِنِّي أَجْلَى الْجَبْهَةِ أَقْنَى الْأَنْفِ يَمْلَأُ الْأَرْضَ قِسْطًا وَعَدْلًا كَمَا مُلِئَتْ جَوْرًا وَظُلْمًا يَمْلِكُ سَبْعَ سِنِينَ)





“Маҳдӣ аз ман аст, ӯ пешонии равшан ва бинии уқобӣ дорад, заминро пур аз адлу дод мекунад, ҳамон гуна, ки пеш аз ӯ пур аз ҷавру ситам будааст. Ба муддати ҳафт сол бар замин ҳукмронӣ хоҳад кард”(Дар ривояти Абудовуд. Мишкотул-масобиҳ: 3\24, шумораи: 5454. Муҳаққиқи китоби Мишкотул-масобиҳ мегӯяд санади ин ҳадис ҳасан аст)





6. Аз ҳазрати Абусаъиди Хидрӣ (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:





(لَتُمْلأَنَّ الأَرْضُ جَوْرًا وَظُلْمًا، فَإِذَا مُلِئَتْ جَوْرًا وَظُلْمًا بَعَثَ اللَّهُ رَجُلًا مِنِّي اسْمُهُ اسْمي‌أَوِ اسْمُهُ اسْمُ أَبِي، يَمْلَؤُهَا عَدْلًا وَقِسْطًا، كَمَا مُلِئَتْ جَوْرًا وَظُلْمًا)





“Замин пур аз ҷавру ситам мешавад, ҳаргоҳ чунин шуд Худованд мардеро аз аҳли байти ман, ки ҳамноми ман аст мефиристад. Ӯ заминро пур аз адлу инсоф мекунад, ҳамон гуна, ки пур аз ҷавру ситам будааст”.





Баззоз, Ибни Адӣ дар “Алкомил”, Абунуайм дар “Ахбори Исфаҳон”, Ҳоким, Имом Аҳмад, Ибни Ҳибон ва Абунуайм дар “Алҳулия” ҳадисро ба ин лафз аз Абусаъид (р) ривоят кардаанд:





(لا تقوم الساعة حتى تملأ الأرض ظلما و جورا و عدوانا، ثم يخرج رجل من عترتي أو من أهل بيتي يملؤها قسطا و عدلا، كما ملئت ظلما و عدوانا)





“Қиёмат барпо намешавад то инки замин пур аз зулму ситам ва бедодгарӣ нашавад, сипас марде аз хонадони ман зуҳур мекунад ва заминро пур аз адлу инсоф мекунад, ҳамон гуна, ки пур аз ҷавру ситам будааст”.





Ҳоким мегӯяд: бар асоси шарти шайхайн ҳадис саҳеҳ аст. Заҳабӣ ва Абунуайм дидгоҳи Ҳокимро таъйид кардаанд.





Ҳоким ҳадиси мазкурро аз Абусаъид ба сурати марфуъ бо ин алфоз нақл кардааст:





(يخرج في أمتي المهدي، يسقيه الله الغيث وتخرج الأرض نباتها ويعطي المال صحاحا وتكثر الماشية وتعظم الأمة، يعيش سبعا أو ثمانيا يعني حججا)





“Маҳдӣ дар уммати ман зуҳур мекунад. Худованд дар даврони ҳукумати ӯ борон мефиристад ва замин сарсабз мешавад, чорво зиёд мешавад, уммат азамат пайдо мекунад ва ӯ ҳафт ё ҳашт сол зиндагӣ мекунад. (Ҳоким, Заҳабӣ ва Ибни Халдун ҳадисро тасҳеҳ кардаанд).





Асҳоби Сунан ва Табарӣ дар китоби “Ал-авсат ал-кабир” ва Ҳоким ва Ибни Ҳибон ин ҳадисро нақл кардаанд. Асли ҳадис бо лафзи Абудовуд чунин аст:





(لو لم يبق من الدنيا إلا يوم لطول الله ذلك اليوم حتى يبعث الله فيه رجلا مني - أو من أهل بيتي - يواطئ اسمه اسمي ‌واسم أبيه اسم أبي يملأ الأرض قسطا وعدلا)





“Агар аз умри дунё беш аз як рӯз боқӣ намонад, Худованд он рӯзро тулонӣ мекунад то инки марде аз аҳли байти ман баргузида шавад. Номи ӯ бо номи ман ва номи падараш бо номи падарам яке аст. Ӯ заминро пур аз адлу дод ва инсоф мекунад”[1]





Матлаби дуввум: Дараҷаи сиҳати аҳодиси Маҳдӣ





Шайх Абдулазиз ибни Боз мегӯяд: Ҷараёни Маҳдӣ маълум ва аҳодисаш мустафиз ҳастанд, ҳатто ба ҳадди тавотури мутаозид ҳам расидаанд. Баъзе аз аҳли ҳадис онҳоро мутавотири маънавӣ медонанд, чун аз роҳҳои фаровон ва бо алфози мухталиф ва махориҷи гуногун ривоят шуданд.





Ин аҳодис баён мекунанд, ки қазияи Маҳдӣ собит ва мабъус шуданаш ҳақиқат дорад ва аз наводагони Алӣ ибни Абитолиб (р) аст. Зуҳури ин Имом дар охири замон аз мазоҳири раҳмати Худованди муттаол мебошад то алду инсофро иҷро кунад ва дар баробари ҷавру ситам истодагарӣ кунад ва Худованд ба василаи ӯ парчами хайрро бар ин уммат ба иҳтизоз дармеоварад.





Бо бисёре аз аҳодиси воридшуда дар хусуси Имом Маҳдӣ ошно шудам ва ҳамон гуна, ки Имом Шавконӣ ва Ибни Қайим фармуданд: Дар ин аҳодис, аҳодиси саҳеҳ, ҳасан, заифи таъйидшуда ва ахбори мавзуа вуҷуд доранд ва аз миёни ин аҳодис ончи, ки аз нигоҳи санад саҳеҳ ҳастанд барои исботи ақидаи зуҳури Маҳдӣ кифоят мекунанд, хоҳ саҳеҳ лизотиҳи бошанд ё саҳеҳ лиғайриҳи, ҳасан лизотиҳи бошанд ё ҳасан лиғайриҳи. Илова бар ин агар аҳодиси заиф, заъфашон ба далоиле ҷуброн шавад ва ҳамдигарро тақвият кунанд, назди аҳли илм қобили истинод ҳастанд. Воқеият ин аст, ки ҷумҳури уламо балки қотибаи онҳо муътақид ба исбот ва сиҳати ақидаи зуҳури Маҳдӣ ҳастанд. Маҳдӣ дар охири замон зуҳур мекунад, афроде, ки ин ақидаро рад кардаанд ва ба зуҳури Маҳдӣ имон надоранд, ба иллати қиллат ва адами иҳтиҷоҷ аз арзиш ва эътибори шоёне бархурдор нестанд. (Ал-рад ало ман каззаба бил-аҳодис ас-саҳиҳа ал-ворида фил-Маҳдӣ, навиштаи Абдулмуҳсин ибни Ҳамд Ал-Аббод, саҳ: 157)





Абдулмуҳсин ибни Ҳамд Ал-Аббод мегӯяд: Шумори саҳобагоне, ки аҳодиси Маҳдиро нақл кардаанд ба 26 нафар мерасад ва китобҳои ҳадисе, ки аҳодиси Маҳдиро тахриҷ кардаанд ба 36 китоб мерасад. Миёни онҳо Имом Аҳмад дар “Муснад”, Ибни Ҳибон дар саҳеҳи худ, Ҳоким дар “Мустадрак” ва дигарон ин аҳодисро нақл кардаанд. (Ақидат аҳл ас-суннат вал-асар фӣ Маҳдӣ ал-мунтазар, Абдулҳамид ибни Ҳамд Ал-Аббод, саҳ: 166-168)





Бисёре аз уламо дар таълифоти махсус, бо баёни туруқ ва мавриди муноқиша қарор додани аснод ин аҳодисро ҷамъ кардаанд. Абубакр ибни Абухайсама, Ҳофиз Абунуайм, Ҳофиз Суютӣ дар китоби “Алурф алвардӣ фӣ ахбор ал-Маҳдӣ” аз ҷумлаи ин уламо ҳастанд. Ҳофиз Ибни Касир бахши мустақиле аз китоби “Алфитан вал-малоҳим” ро ба баҳси Маҳдӣ ихтисос додааст. Ибни Ҳаҷари Маккӣ низ китобе ба номи “Алқавл алмухтасар фӣ аломот ал-Маҳдӣ алмунтазар” ва Муло Алӣ Қорӣ китобе ба номи “Алмашраб алвардӣ фӣ мазҳаб ал-Маҳдӣ” навиштаанд.





Матлаби саввум: Дидгоҳҳои фирқаҳои исломӣ дар бораи Имом Маҳдӣ





1. Ақидаи Аҳли суннат ва ҷамоат мувофиқ ва баргирифта аз аҳодисе аст, ки дар мабоҳиси гузашта баён намудем. Ҳосили аҳодис ин буд, ки Маҳдӣ ҳокими солеҳ ва некукор аст. Худованд ӯро ба унвони муҷаддиди ин дин мабъус мекунад ва ин динро тавассути ӯ бар тамоми адён пирӯз мегардонад.





Ибни Халдун мегӯяд: Бидон, ки ақидаи ҳамаи мусалмонон дар тули таърих ин аст, ки зуҳури шахсе аз аҳли байт дар охири замон зарурӣ ва қатъӣ аст, бо омаданаш динро таъйид ва тақвият мекунад, адлро барпо месозад, мусалмонон аз ӯ пайравӣ мекунанд ва ӯ қудратро дар мамолики исломӣ ба даст мегирад, номаш Маҳдӣ аст. Зуҳури Даҷҷол ва ҷараёни табаияти мардум аз вай, ки дар аҳодис собит шудааст аз ҷумлаи нишонаҳои қиёмат ҳастанд. Исо (а) баъд аз Маҳдӣ нозил мешавад ва Даҷҷолро мекушад, ё инки Исо (а) ҳамзамон бо Имом Маҳдӣ нозил мешавад ва Имом Маҳдиро дар куштани Даҷҷол ёрӣ мекунад ва дар намоз ба Имом Маҳдӣ иқтидо мекунад. (Муқадимаи Ибни Халдун, саҳ 555. Лозим аст бигӯям: Ибни Халдун бештар аҳодиси зикршуда дар мавриди Маҳдиро тазъиф кардааст, аммо дар ин биниш роҳи дурустро напаймудааст, вале наметавон гуфт, ки Ибни Халдун Маҳдиро қабул надорад, чун бархе аз аҳодисро саҳеҳ донистааст. Баъд аз зикри ҳамаи аҳодис мегӯяд: Ҳамон гуна, ки гуфтам танҳо бархе аҳодис аз теғи тези нақд наҷот ёфтаанд, аммо барои исботи ақидаи Маҳдӣ ин миқдори кам кифоят мекунад).





2. Шиаи имомия бар ин ақидаанд, ки Маҳдӣ охирин имоми онҳост, ӯ имоми дувоздаҳум аст ва ба Муҳаммад ибни Ҳасани Аскарӣ шинохта мешавад. Аз фарзандони ҳазрати Имом Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб (р) мебошад, на аз фарзандони Ҳасан ибни Алӣ (р). Шиаи имомия бар ин ақидаанд, ки Маҳдӣ ҳазору сад сол қабл дар синни панҷ солагӣ дар сардоби Сомарро худро пинҳон кардааст ва бар ин ақидаанд, ки ӯ ҳарчанд аз назарҳо пинҳон аст аммо дар шаҳрҳо ҳузур дорад ва мардум мунтазири бозгашти ӯ ҳастанд.





3. Гурӯҳе мункири вуҷӯди Маҳдӣ ҳастанд, онҳо ҳарчанд, ки худро Аҳли суннат медонанд аммо дар таҳқиқи нусус маҳорат надоранд ва дар илми иснод низ заиф ҳастанд. Бисёре аз уламо дар тасонифи худ шубуҳот ва ишколоти онҳоро нақш бар об кардаанд. Тибқи иттилооти мо охирин китобе, ки дар радди ин гурӯҳ навишта шудааст, китоби Аллома Абдулмуҳсин Ал- Аббод бо номи «الرد علي من كذب بالاحاديث الصحيحة الواردة في المهدي» ва китоби «الاحتجاج بالاثر على من انكر المهدي المنتظر» аз Маҳмуд ибни Абдуллоҳ ибни Ҳамад Тувайҷирӣ мебошад. (Китоби «الرد على من كذب بالاحاديث الصحيحة الواردة في المهدي»-ро Матбааи Ар-рашид дар Мадина чоп намудааст).





4. Баъзе аз ҳокимони гузашта иддиои маҳдавият карданд ё баъзе дигарро қавмашон онҳоро Маҳдӣ хонданд. Баъзе аз онҳо инсонҳои нек ва шоиста буданд ва агар фарде ё афроде аз онон худро ба Маҳдӣ мулаққаб карданд, на ба хотири инки онҳо худро ҳамон Маҳдиӣ мавъуд медонистанд, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи он хабар додааст, балки ҳадафи тафоул ба Маҳдӣ буд то дар радиф ва шумори аимаи муҳтадин, онҳое, ки ҳақ мегӯянд ва бар асоси ҳақ қазоват мекунанд, қарор гиранд. Маҳдӣ халифаи Аббосӣ аз ҷумлаи ин афрод буд. Аммо баъзе аз муддаиёни маҳдавият аз ҳуком инсонҳои фоҷир буданд, монанди мулҳиди маъруф Абдуллоҳ ибни Маймун Алқаддоҳ (мутаваллиди соли 259 ҳиҷрӣ ва мутавафои 322 ҳиҷрӣ) аз ҷумлаи ин муддаиёни маҳдавият буд.





Падарбузургаш яҳудӣ буд ва бар дурӯғ худро аз аҳли байти Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) медонист ва худро ба аҳли байт нисбат медод. Ӯ муддаи шуд, ки Маҳдии мавъуд аст. Вақте ӯ ба қудрат расид фарзандонаш низ бар кишвари Мағриб, Миср, Ҳиҷоз ва Сурия қурдат пайдо карданд. Ислом ба хотири ин ҳокимон ба шиддат бо мушкилот мувоҷҷеҳ гардид, инҳо муддаии улуҳият шуданд ва мегуфтанд шариат як ботин ва як зоҳир дорад.





Подшоҳони рофизии Қаромитаи ботинӣ ва душманони дин аз ин гурӯҳ буданд. Зери парда равофизи худро бо дурӯғ ба аҳли байти Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нисбат медоданд. Дар воқеъ динашон илҳод буд ва дар тарвиҷи он саъйу талош мекарданд. Ин гурӯҳ ҳамвора бар сари қудрат буданд то султон Салоҳуддини Аюбӣ қудратро ба даст гирифт ва тору пуди ҳукумати Қаромита ва малоҳидаро барҳам зад. Маҳдӣ Муғория, Муҳаммад ибни Тумарт (485-524ҳ) аз ин малоҳида буданд. Ӯ марди дуруғгӯ, ситамгар ва мутақаллиб буд ва идддио мекард, ки Маҳдии мавъуд аст. Гурӯҳе аз пайравони худро дар қабрҳо мегузошт ва ба онон амр мекард то дар бораи Маҳдӣ буданаш миёни мардум таблиғот кунанд. Боз дар шаб онҳоро зиндадаргур мекард то ҳақиқати ҳолашон барои мардум ошкор нагардад.





5. Гуруҳи Кайсония: Ин гурӯҳ бар ин ақида ҳастанд, ки Маҳдӣ, Муҳаммад ибни Ҳанафия аст ва ӯ зинда ва дар “Ҷабали Разавӣ” зиндагӣ мекунад, ду шер ӯро дар миёни худ гирифта аз ӯ муҳофизат мекунанд, онҷо ду чашма, яке аз об ва дигаре аз асал ҳамеша фавора мезанад. Гурӯҳи Кайсония бар ин боваранд, ки ӯ дохили ин чашма мебошад ва чил нафар аз ёронаш ӯро ҳамроҳӣ мекунанд ва ӯ ҳеҷгуна иттилое ба ҳамроҳони худ намедиҳад. Кайсония муътақиданд, ки ӯ ва ҳамроҳонаш зинда ҳастанд, ризқу рӯзӣ дода мешаванд ва Муҳаммад ибни Ҳанафия баъд аз ғайбат зуҳур мекунад ва заминро пур аз адлу инсоф мекунад, ҳамон гуна, ки пур аз ҷавру ситам будааст. Мегӯянд: Ӯ ба хотири ҳимояташ аз Абдулмалик ибни Марвон ё Зайд ибни Муовия ба ин ҳабс маҳкум шудааст.





Ин дубайт шеър ба чунин ақидае ишора мекунанд:





وسبط لا یذوق الموت حتی یقود الخیل یقدمها اللـواء





تغیب لا یری فیهم زمانـاً برضوی عنده عسل وماء





*Фарзанде аст, ки таъми маргро намечашад то инки савор бар асб нашавад ва парчами онро ба пеш набарад.





*Ӯ дар кӯҳи Разавӣ пинҳон аст ва то муддати замоне дида намешавад. Назди ӯ обу асал барои истифода кардан вуҷуд дорад.





Сайид Ҳамирӣ аз ин ақида пайравӣ мекард ва мегуфт:





الا قل للامام فدتك نفسي أطلت بذلک الجبل المقاما





*Ҳо, ба имом (фидояш шавам) бигӯ: монданатро дар ин кӯҳ тулонӣ кардаед ва хеле вақт аст, ки моро мунтазир сохтааст. (Лавомиул-анвор албаҳия, Саффоринӣ: 2\85).





Ин гурӯҳ гирифтори камхирадӣ ва беақлӣ шудааанд, чизеро қабул ва имон доранд, ки далели ақлӣ ва шаръӣ бар сиҳаташ вуҷуд надорад.





Матлаби чорум: Замони зуҳури Маҳдӣ





Шайх Абдулазиз ибни Боз ба нақл аз Аллома Ибни Касир мегӯяд: Гумони ман бар ин аст, ки Маҳдӣ дар замони нузули Исои Масеҳ зуҳур мекунад. Ҳадисе, ки аз Ҳорис ибни Абиусома ривоят шудааст ба ҳамин матлаб ишора мекунад,[2] чун ӯ мегӯяд: ин ҷумла «اميرهم المهدي» (Амирашон Маҳдӣ аст) ишора ба он дорад, ки зуҳури Маҳдӣ дар замони зуҳури ҳазрати Исо (а) хоҳад буд. Баъзе аз ривоёти Муслим ва ривоёти дигар низ далолат бар ҳамин матлаб доранд, ҳарчанд ба сароҳат матлабро баён намекунанд вале ин қавл қавитарин дидгоҳ аст, вале қатъӣ ав яқинӣ нест. (Ар-рад ало ман каззаба билаҳодис ас-саҳиҳа алворида фи ал-Маҳдӣ, саҳ: 160)





Имом Муслим аз се тан аз модарони муъминон: Умми Салама (р), Ҳафса (р) ва Оиша (р) ривоят мекунад, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:





(يَعُوذُ عَائِذٌ بِالْبَيْتِ فَيُبْعَثُ إِلَيْهِ بَعْثٌ فَإِذَا كَانُوا بِبَيْدَاءَ مِنْ الْأَرْضِ خُسِفَ بِهِمْ فَقُلْتُ يَا رسول‎الله فَكَيْفَ بِمَنْ كَانَ كَارِهًا قَالَ يُخْسَفُ بِهِ مَعَهُمْ وَلَكِنَّهُ يُبْعَثُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ عَلَى نِيَّتِهِ)





“Паноҳандае ба қасди паноҳ озими Хона мешавад, барои саркубии ӯ гурӯҳе маъмур карда мешавад ва чун он лашкар ба сарзамини биёбонӣ мерасанд Худованд ононро дар замин фурӯ мебарад. Умми Салама (р) мефармояд: арз кардам: эй Паёмбари Худо! Ҳоли касоне, ки ба мусибат ва нофармонӣ тан дарнамедиҳанд ва аз он кароҳият доранд чи мешавад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: онон низ нобуд мешаванд. Аммо рӯзи қиёмат бар ҳасби нияти худ зинда мешаванд ва ба сӯи Худо мешитобанд” (Саҳеҳи Муслим: 4\2208, шумораи: 2882)





Дар ривояти ҳазрати Ҳафса (р) чунин омадааст:





(لَيَؤُمنَّ هَذَا الْبَيْتَ جَيْشٌ يَغْزُونَهُ حَتَّى إِذَا كَانُوا بِبَيْدَاءَ مِنْ الْأَرْضِ يُخْسَفُ بِأَوْسَطِهِمْ وَيُنَادِي أَوَّلُهُمْ آخِرَهُمْ ثُمَّ يُخْسَفُ بِهِمْ فَلَا يَبْقَى إِلَّا الشَّرِيدُ الَّذِي يُخْبِرُ عَنْهُمْ)





“Лашкаре, ки бо он ҷиҳод мешавад ба хонаи Худо паноҳ мебаранд. Замоне, ки душмани онҳо ба сарзамини биёбонӣ мерасад, дар миёнаи лашкар дар замин шикофе ба вуҷӯд меояд, афроде, ки гирифтор шудаанд дод мезананд то дигарон наҷот ёбанд, вале ҳамаи лашкар ба ҷуз “Шарид” нобуд мешаванд, то ҷараёнро барои мардум бозгӯ кунад”.





Дар ҳадиси дигар омадааст:





Гурӯҳе, ки фоқиди аслиҳа ва абзори ҷангӣ ҳастанд ба Хона паноҳ мебаранд...”. (Муслим ин ҳадисро дар саҳеҳи худ нақл кардааст: 4\2209, шумораи ҳадис: 2883)





Дар ривояти ҳазрати Оиша (р) омадааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар олами хоб ҳаракоти бозимонандеро анҷом дод, пурсидам: эй Паёмбари Худо! Дар хоб ҳаракоте анҷом медодед, ки қаблан чунин чизеро надида будем. Фармуд: шигифтовар буд, гурӯҳе аз уммати ман бо роҳбарии марде аз Қурайш ба хонаи Худо паноҳ мебаранд, вақте ба биёбоне мерасанд, дар замин фурӯ мераванд. Арз кардем: эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳама дучори ин сарнавишт мешаванд? Фармуд: оре, миёни онҳо инсонҳои пок ва мусофир вуҷуд дорад, ҳама нобуд мешаванд, вале ҳангоми зинда шудан ҳар кас бар асоси нияти худ зинда мешавад. (яъне маргашон яксон аст вале зинда шуданашон баъд аз марг яксон нест). (Муслим, 4\2210, шумораи: 2884)





(Ҳадиси боло бо лафзҳои мухталиф дар бисёре аз китобҳои сунан, монанди: Сунани Имом Аҳмад, Абияъло, Мустадрак, Ибни Моҷа, Тирмизӣ ва Табаронӣ нақл шудааст)





Оё ин марди қурайшӣ, ки ба хонаи Худо паноҳ мебарад ва Худованд душманонашро нобуд мекунад ва ёру ёвари ӯст, ҳамон Маҳдии мавъуд аст, ки дар аҳодис дар бораи ӯ хабар дода шудааст?





Ҳеҷ далели сариҳе дар ин маврид ёфт намешавад.





Матлаби панҷум: Оё Маҳдӣ ҳамон халифае аст, ки дар аҳди ӯ молу дороӣ зиёд мешавад?





Дар аҳодиси гузашта сӯҳбат аз халифае ба миён омадааст, ки дар замони ӯ молу сарват зиёд мешавад, ба гунае, ки бидуни омору арқом амволро байни мардум тақсим мекунад. Оё ин халилфа ҳамон Маҳдӣ аст? Худованд ба ҳақиқати он донотар аст.





Имом Муслим дар саҳеҳаш аз ҳазрати Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят мекунад, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:





(يَكُونُ فِي آخِرِ أُمَّتِي خَلِيفَةٌ يَحْثِي الْمَالَ حَثْوًا)





“Дар уммати ман халифае хоҳад буд, ки ба дастҳояш пулро мерезад”. (Муслим, 4\2234, шумораи: 2913)





Аз Абусаъиди Хидрӣ (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:





(يَكُونُ فِي آخِرِ أُمَّتِي خَلِيفَةٌ يَحْثُو الْمَالَ حَثْيًا لَا يَعُدُّهُ عَدَدًا)





“Аз миёни халифаҳоятон халифае меояд, ки молро бо дастҳо мерезад ва намешуморад”. (Муслим, 4\2235, шумораи: 2914)





ФАСЛИ ЧАҲОРУМ:





Бузургтарин нишонаҳо





Тартиби нишонаҳо бар асоси вуқӯъашон





Нишонаҳои бузурге ҳастанд, ки аз наздик шудани қиёмат хабар медиҳанд, пас аз зоҳир ва падид омаданашон қиёмат барпо мешавад. Дар саҳеҳи Муслим аз Ҳузайфа ибни Асид Алғифорӣ ривоят шудааст, ки мегӯяд: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба маҷлисе, ки мо дар он машғули гуфтугӯ будем ташриф овард ва фармуд: Перомуни чи чизе машғули гуфтугӯ ҳастед? Арз кардем: дар бораи қиёмат. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:





 





 



Recent Posts

Гиряву нолаву фиғон б ...

Гиряву нолаву фиғон бар мурдагон

Силсилаи шиъа ва арко ...

Силсилаи шиъа ва аркони Имон (1)

Ҷазои касе ки Худован ...

Ҷазои касе ки Худовандро дашном медиҳад