Articles




Сипас ин шахс, дар ҳоле ки бисёр андӯҳгин ва аз кардаи худ пушаймон буд, аз мудири мадраса хост барои беҳбудии ақидаи писараш чорае биандешад ва маҳосини Исломро ба­рояш баён намояд, шояд қалбаш аз инҳирофи ақидаи ғайри­исломӣ пок гардида, ба роҳи рост ояд...





Оре, инак дар таъйиди гуфтаи худ мегӯем: “Имрӯз хо­нандагон дар рӯзномае, ки дар ин моҳи Рамазон мунташир шудааст, хабари он кашиши масеҳиро хонданд, ки лабрез аз эътирозу инкор бо он чизе буд, ки ин кашиш дар яке аз дарс­ҳояш ба унвони айбҷӯӣ аз Ислом ва таъна задан ба он дар яке аз мактабҳо баён намуда буд. Ба ин маъно, ки гуфтори ӯ пур аз айбҷӯӣ аз Ислом буд, бидуни ин ки ба донишомӯзони мусал­моне, ки дар он ҷо ҳозир шудаву дар пеши рӯи ӯ нишаста бу­данд, эҳтироме ба дарку шуури онон бигузорад ва ба эҳсосо­ташон эътиное бикунад! Аммо яке аз донишомӯзоне, ки дар миёни онон имони қавӣ дошту пайваста ба эътиқодоташ пой­банд буд, ғайраташ ба ҷӯш омад ва ба инкори гуфтаи он кашиш пардохта, ҳаракати ғалату ғаразолуди ӯро расвою бармало сохт. Ба ростӣ, дар ин кор панду ибрате аст барои мӯъминони воқеӣ”.





Ногуфта намонад, мо бар амали он кашиш ва бар ка­со­не, ки ба идораи ин гуна мактабҳо мепардозанд, зиёд инкор намекунем, чун онон кори хешро анҷом дода, нақшае, ки барои эшон таъйину тарҳрезӣ шудааст, иҷро мекунанд, балки мо инкор ва ҳатто панду андарзи худро мутаваҷҷеҳи бародарони мусалмоне мекунем, ки фарзандони худро дар муҳите қарор медиҳанд, ки аз он ҷо фориғуттаҳсил шуда бе­рун меоянд ва инҳирофу гумроҳӣ бар фарози инҳирофу гум­роҳии дигар тамоми вуҷуди ононро мепӯшонад ва чунон олуда ба ахлоқи баду пасте мешаванд, ки торикиҳову гум­роҳиҳои паёпайро дар сатҳи ҷомеа ба вуҷуд меоваранд. Ал­батта торикиҳои охират сахттару монданитаранд”.[22]





Бо камоли маъзарат, дар ҳузури хонандагони мӯҳтарам, гарчи дар асри кунунии мо ин масъала шикофи азим ва ҳо­лати хатарноке аст, аммо ба ночор ба ҳамин миқдор баҳсу баррасӣ дар бораи он басанда мекунем ва ба боби дигар ме­пардозем.





Асоси чоруми илмӣ, устувор гардонидани





забони арабӣ дар кӯдак





Забони арабӣ калиди ҳамаи улуми арабӣ мебошад ва та­биист, ки ҳар андоза кӯдак дар забону забоншиносӣқавию моҳир бошад, албатта баъдҳо сабаби қудрату тавоноии ӯ дар улум мешавад ва мӯҷиби алоқаву рағбати ӯ дар омӯх­тану ба даст овардани онҳо мегардад, зеро забони арабӣ за­бони Қуръони карим ва аҳодиси шариф мебошад, ки Пай­ғамбари акрам (с) мардумро бар таълиму омӯзиши он бисёр ташвиқу тарғиб намуда, ба парвариши кӯдакон бар омӯхта­ну устувор гардониданаш ба он таваҷҷӯҳи зиёде фармуда­анд. Яке аз аломатҳои шиддати таваҷҷӯҳ намудани он ҳаз­рат (с) ба он ин буд, ки асирони ҷанги Бадрро водор ба ин менамуданд, ки хондану навиштанро ба кӯдакони мусалмон биомӯзанд, то дар ивази он озод гарданд. Бинобар ин, ҳар асири босавод баҳои озод намудани худро ба василаи ёд до­дани хондану навиштани забони арабӣ ба даҳ нафар аз кӯ­дакони саҳоба мепардохт. Чунонки аз Ибни Аббос (р) риво­ят шудааст: “Иддае аз асирони ҷанги Бадр баҳои озод наму­да­ни худро надоштанд. Пас, Расули Худо (с) бо онон бар ин қа­рор бастанд, ки хондану навиштанро ба фарзандони ансор би­омӯзанд, то дар ивази он озод гарданд. Дар он ҳол яке аз фар­зандони ансор пеши падараш омаду гуфт: “Муаллимам маро зад”. Падараш гуфт: “Он шахси нопок кинаи шикасти ҷанги Бадрро дар дили худ дорад ва мехоҳад интиқоми онро аз ту бигирад. Қасам ба Худо дигар назди ӯ нахоҳӣ рафт!” [23]





Бинобар ин, вақте кӯдаке дучори хатову иштибоҳе ша­вад ва ё амали норавое бар ӯ таҳмил гардад, ҳатман дар ву­ҷуди ӯ асар гузошта, ӯро бармеангезад.





Мегӯянд рӯзе гузари Умар ибни Хаттоб (р) ба кӯдако­не афтод, ки бо тиру камон тирандозӣ мекарданд. Яке аз онон дар сухан гуфтанаш иштибоҳ намуда, калимаҳоро ғалат та­лаффуз мекард. Он писар рафъро бо насб мехонд ва мегуфт: «Ё амира-л-мӯъминина, иннано қавмун мутааллимина» ба ҷои «Иннано қавмун мутааллимуна». Умар ибни Хаттоб (р) аз иштибоҳи ин кӯдак хашмгин шуда, гуфт: “Ба Худо қасам, ба хато рафтани тири шумо назди ман беҳтар аз он аст, ки дар забони худ иштибоҳ кунед ва калимаҳоро ғалат талаффуз намоед”.





Вақте ки хатову иштибоҳи талаффузи кӯдакони мусал­мон дар баёни қоидаҳои забони арабӣ зиёд шуд, Алӣ ибни Абутолиб (р) мутаваҷҷеҳи оқибатҳои шуми он шуд. Аз ин рӯ, уламо ва афроди огоҳи он замонро ба ҳифзи қоидаҳову усули забони арабӣ ва омӯхтани он ба кӯдакон водор на­муд. Чунончи дар ривоят омадааст: “Рӯзе духтари Абуасва­ди Дуалӣ ба падараш гуфт: «Мо аҳсанус-самоу?» (охири ка­лимаи “аҳсан” ва “само”-ро ба ҳарфи “у” талаффуз кард). Дуа­лӣ ба хотири комил кардани ҷумлаи ӯ гуфт: «Нуҷумуҳо». Дух­тараш гуфт: “Манзури ман он нест (яъне муроди ман он нест, ки бигӯям ситорагони осмон зебо нестанд), балки манзури ман тааҷҷуб аз азамати осмон аст. Пас мутобиқи қоидаҳои сарфу наҳви арабӣ сурати талаффузи дурусти калима­ҳо он буд, ки бигӯяд: «Мо аҳсанас-самоа!»[24], яъне бояд дар охири ҳарду калима ҳарф “а” талаффуз мешуд. Абуасвад ин ғалати талаффузиро, ки шунид, назди Алӣ ибни Абутолиб (р) раф­та, моҷароро ба ӯ гуфт. Алӣ ибни Абутолиб (р) авро­қеро ба вай дод ва аз ӯ хост қоидаҳои наҳвиро дар онҳо би­нависад”.[25]





Салафи солеҳ кӯдакони худро, ки машғули таҳсили ил­му дониш буданд, панду андарз медоданд, ба ин ки ба за­бони арабӣ бисёр таваҷҷӯҳ кунанд, чун забони арабӣ кали­ди соири улум мебошад. Чунонки Ибни Абдулбир аз қавли Абдулмалик ибни Абдулазиз ибни Абусаламаи Моҷишун нақл намуда, ки гуфтааст: “Ман дар ҳоле ки навҷавон будам, назди Мунзир ибни Абдуллоҳи Хиромӣ омадам, пас вақте ки дар ҳузури ӯ ба сухан гуфтан пардохтам, дид, ки дар гуф­то­рам фасоҳату балоғатро риоя менамоям, хушҳол шуд ва ма­ро бар дигарон тарҷеҳ доду гуфт: “Ту кистӣ?” Дар ҷавоб гуфтам: “Ман Абдуллоҳ ибни Абдулазиз ибни Абусалама ҳас­там”. Мунзир гуфт: “Илму дониш биҷӯй, ба ростӣ тавонои­ву истеъдоди илмомӯзиро дорӣ”.[26]





Имом Шофеъӣ (р), дар ҳоле ки дар синни кӯдакию нав­ҷавонӣ буд, назди донишмандону олимони араби замони худ мерафт ва дар ҳузури онҳо ба илму донишандӯзӣ мепар­дохт ва бо онон ҳамнишину ҳамсӯҳбат мешуд. Ба ҳамин хо­тир буд, ки дар миёни уламои асри худ дар баён фасоҳату балоғат дошт ва сутуни забони арабӣ буд.





Ибни Сино дар китоби худ «Ас-Сиёсат» дар боби «Сиё­сату-р-раҷули валадаҳу» ба онҳо ин гуна супориш мекунад: “Лозим аст кӯдак аввал хондани суруди соддаро ёд бигирад, баъд ба омӯхтани масоили мушкили ақидавӣ бипардозад, зеро нақли суруду ёд гирифтану ҳифз кардани он барои ӯ осонтар мебошад. Ба хотири ин ки байтҳояш аз соири ашъор кӯтоҳ­тару сабуктар мебошанд ва бояд суруде интихоб шавад, ки байтҳояш дар бораи фазл, бартарии адаб, роҷеъ ба ситоиши илму накӯҳиши ҷаҳл, ҳамчунин дар бораи ташвиқи кӯдак бар некӣ кардан ба волидайн, анҷом додани амри ба маъруф ва эҳ­тиром гузоштан ба меҳмон суруда шуда бошанд. Аз ин рӯ, баъд аз ин ки кӯдак аз хондани Қуръон фориғ шуду ба усулу қавоиди забони арабӣ ошноӣ пайдо кард, лозим аст, волидайн ба он чи, ки ба табиату сиришти кӯдак таносуб дорад ва бо истеъдоду тавоноияш созгор мебошад, бингаранд, сипас, онро ба ӯ биомӯзанд”.





Абулҳасани Мовардӣ дар мавриди аҳамияти омӯхтани забони арабӣ ва хуб ошно шудан ба он мегӯяд: “Вақте ки кӯдак ба ҳадди таъдибу таълим расид, беҳтар он аст, ки таълими Қуръонро ҳамроҳи забони арабӣ шурӯъ кунад, зеро забони арабӣ забоне аст, ки Худованд Қуръонро ба он нозил намудааст ва ба василаи он аҳкому қавонини дини хеш ва фа­роизи миллати мусалмонро муқаррар фармудааст. Ҳамчунин Расули Худо (с) низ суннати худро ба василаи он баён наму­даанд ва тамоми китобҳо, ҳукмҳо, дастуроти динӣ, масоили ҷиддиву ғайри ҷиддӣ ба забони арабӣ таълифу тадвин шуда­анд. Ҳамаи ёддоштҳо ва асноду мадорике, ки Худованд ба хо­тири эътимоду итминон дар миёни мардум таъйин фарму­дааст, ба забони арабӣ навишта мешаванд. Бинобар ин, кӯда­коне, ки дар миёни миллати мусалмон ба дунё меоянд ва руш­ду нумӯ мекунанд, бояд забони арабӣ ба онон омӯхта шавад, вагарна нисбат ба дину аҳкоми дини худ ноогоҳ мебошанд ва дар миёни соири миллатҳо сарбаланд нахоҳанд шуд.





Илова бар он, забони арабӣ дорои чунон фазилату бар­тарӣ ва фасоҳату балоғати баён мебошад, ки соири забонҳо онро надоранд, зеро талаффуз намуданаш нарму зебо ва шунидану гӯш додан ба он ширину дилчасп мебошад. Ҳам­чунин дорои густариши калимаҳову харфҳои на зиёду на кам мебошад. Табиист, ки агар ин хусусиятҳову амсоли он­ҳо ба сурати зебое омӯхта шаванд ва ба шакли шоистае мав­риди истифода қарор гиранд, бидуни тардид мақому шахси­яти фардро боло мебаранд ва ӯро мумтоз мегардонанд. Ба ҳамин хотир буд, ки подшоҳону фармонравоёни Аҷам ғоли­бан забони арабиро меомӯхтанд ва бисёре аз онон ин забон­ро дар ҷашнҳову маҷолис ва гирдиҳамоиҳои хусусӣ ба кор мебаранд.





Аз ҷиҳати дигар Мовардӣ ин раъю назарияи Ибни Си­норо пазируфта, бар он таъкид менамояд, ки дар омӯхтани забон ба кӯдак бояд аз матолиби соддаву сабуктар шурӯъ шавад ва мегӯяд: “Роҳи дурусту мантиқӣ барои муаллиму мураббӣ дар омӯзиши забон равиши қадам ба қадам аст, ки аз навиштаҳои сабуку зудфаҳм ва аз муаллафоту мусаннафоти соддаву осон шурӯъ кунад ва кӯдаконро бо омӯзиши калима­ҳо­ву ҷумлаҳои ғариб ва бо матолиби нодиру бегона машғул на­со­зад. Ҳамчунин, набояд дақоиқу резакориҳои наҳвӣ, румуз ва фанҳои арӯзро барои онон баён кунад, чун ин кор аз ҷумлаи масоиле аст, ки кӯдакро аз дарки маъноҳо бозмедорад дар ҳоле ки омӯзиши калимаҳову ҷумлаҳо ба хотири шинохти маъноҳои онҳо аст. Аз ин рӯ, вақте шахс умри худро дар ро­ҳи омӯхтани калимаҳо сарф намояд, қатъан маъониву мафо­ҳимро аз даст медиҳад, магар замоне ки ин кор аз ҷониби аф­роде, ҳамчун адибон, мураббиён ва муаллимони илми наҳв ан­ҷом гирад ва онро ба хотири фанне аз фунун ва ё санъате аз саноеъи шеърӣ ба кор баранд, ки ин кор худ дар кӯмак ги­рифтан бар омӯхтани забон ниёзманд ба нақли ашъори араб, баёни ҳаводиси рӯзгору ахбори онҳо мебошад.





Роҳи дурусту тадбири саҳеҳу санҷида дар ин робита ин аст: Ҷумлаҳову ашъоре, ки барои кӯдак нақл мешаванд, то он­ҳоро бидонад ва ҳифз кунад, бояд ҷумлаҳову ашъоре бошанд, ки дарбардорандаи ҳикмат, тавҳид, дин, мӯҷиби барангехтан бар илм, зӯҳд, шуҷоат, саховат ва макорими ахлоқӣ бошанд, то ин ки кӯдак бар асоси шинохти фазоил, муҳаббати даст­ёбӣ ба хубиҳову ситуданиҳо рушду парвариш ёбад ва бар онҳо одат варзад. Ҳамчунин аз ҷумла калимаҳову ашъоре бошанд, ки фавоиди фасоҳати баён ва балоғати каломро барои ӯ фа­роҳам намоянд, ба гунае ки ӯро ба шинохти суханони беар­зи­шу пеши по афтода ва ба бисёре аз калимаҳои ғарибу номаф­ҳум ошно сохта, ба калимаҳои беҳтар ва интихоби маъонии бартар огоҳ кунанд...” [27]





Асоси панҷуми илмӣ, омӯхтани забони хориҷӣ





ба кӯдак





Бояд донист, баъд аз ин ки кӯдак забони арабиро ба шакли бисёр хуб омӯхта ва дар он маҳорат пайдо кард ва ҳамчунин миқдоре аз Қуръону аҳодисро ёд гирифту ҳифз кард, ҳеҷ монеъае надорад, ки забонҳои машҳури бегонаро низ биомӯзад, то ин ки насли мусалмон пешрафт намояд ва битавонад нақшаи душманонро кашф карда, аз найранги онон дар амон бошад. Ҳамчунин то битавонад улуми мод­дии нобу холисро аз онон барои мусалмонон интиқол ди­ҳад. Ин ҳамон чизе аст, ки Расули Худо (с) вақте аз Макка ҳиҷрат фармуданду вориди Мадинаи мунаввара гардиданд, онро анҷом доданд. Чунонки ривоят шуда, Зайд ибни Со­бит гуфтааст: “Вақте ки Пайғамбари акрам (с) вориди Ма­дина шуданд, маро назди ӯ бурда гуфтанд: “Эй Расули Худо (с), ин навҷавон яке аз писарони Бани Наҷҷор мебошад ва аз Қуръоне, ки аз тарафи Худованд бар шумо нозил шудааст ҳабдаҳ сура аз онро хондаву ҳифз кардааст!” (Зайд ибни Со­бит мегӯяд): Ман низ он чиро, ки аз Қуръон хонда будам, ба­рои он ҳазрат (с) хондам ва он ҳазрат (с) низ аз он тааҷҷуб карданду бисёр хушҳол шуда, фармуданд: «Эй Зайд хондану навиштани забони яҳудро биомӯз, зеро ман нисбат ба навиш­таҳоямон аз яҳуд дар амон нестам».[28]





Зайд мегӯяд: “Ман дар муддати понздаҳ рӯз забони яҳудӣ ва хондану навиштани онро ба хубӣ ёд гирифтам. Аз он баъд, ҳар гоҳ Расули Худо (с) мехостанд номае барои онон бинави­санд, ман барояшон менавиштам. Ҳар вақт онон номае барои он ҳазрат (с) менавиштанд, ман онро барояшон мехондам”.





Дар ривояти дигар омадааст, Зайд ибни Собит (р) гуфт: “Расули Худо (с) ба ман фармуданд: «Оё забони сурёниро хуб медонӣ? Чун аз ҷониби онҳо навиштаҳое ба ман мерасад». Гуфтам: “Не, намедонам”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Пас, онро ёд бигир!». Ман низ онро дар муддати ҳабдаҳ рӯз ёд ги­рифтам”.[29]





Бинобар ин, салафи солеҳ ва гузаштагони мо мусал­мо­нон дар таълиму омӯзиши фарзандонашон ҳамин роҳро пеш мегирифтанд ва илова бар забони арабӣ забонҳои дига­ри ғайри арабиро ба онон меомӯхтанд. Чунонки нақл аст, Умар ибни Қайс гуфтааст: “Ибни Зубайр чандин ғулом дошт, ки ҳар як аз онон бо забони алоҳидае сӯҳбат мекарданд ва ху­ди Ибни Зубайр бо ҳар кадом аз эшон бо забони худи ӯ сӯҳбат мекард ва ман вақте дар амри дунявии ӯ менигаристам, бо худ мегуфтам: “Ибни Зубайр шахсе аст, ки ҳатто дар муд­дати як чашм ба ҳам задан рӯ ба ҷониби Худо намеравад”. Вақте ки дар амри охирати ӯ нигоҳ мекардам, ба худ мегуф­там: “Ибни Зубайр касе аст, ки ҳатто ба миқдори як чашм ба ҳам задан ба дунё таваҷҷӯҳ намекунад”.[30]





Асоси шашуми илмӣ, ташвиқ намудани кӯдак мувофиқи хостаи илмии ӯ





Дар чанд сатри боло баён гардид, ки Зайд ибни Собит забони сурёниро дар муддати кӯтоҳе омӯхт, саҳобаи бузург­вор ӯро баргузиданд ва ба Пайғамбари акрам (с) муаррифӣ карданд. Он ҳам ба хотири тавоноии ӯ ва омодагияш дар иҷрои хостаҳои Пайғамбари акрам (с) роҷеъ ба омӯхтани забони сурёнӣ, ҷиҳати анҷом додани умури марбут ба муко­таботи байни Пайғамбари акрам (с) ва яҳудиён буд, ки дар вуҷуди Зайд суроғ доштанд. Ин далеле аст бар роҳнамоии кӯдак бар ҳасби хостаи илмӣ ва алоқаи шахсияш, чун ӯ хо­ҳони он аст, ки тавоноии илмӣ дошта бошад ва ба василаи он бар рафиқону ҳамсолони худ бартарии комил ёбад. Ин чизе аст, ки уламову донишмандони гузашта низ бар он таъ­кид намудаанд. Ибни Сино дар ин робита гуфтааст: “Ҳар пеша ва шуғле, ки кӯдак бихоҳад онро анҷом диҳад, барояш имконпазир нест ва дар оянда ҳам натиҷабахш нахоҳад буд, балки лозим аст дар садади анҷоми коре барояд, ки бо сиришт ва табиати ӯ муносибу созгор бошад ва дархури қудрату та­воноияш хоҳад буд”.





Дар ривоят омадааст, ки Юнус ибни Ҳабиб назди Халил ибни Аҳмади Фароҳидӣ мерафт, то аз ӯ арӯзу илми шеър ва фанҳои шоириро биомӯзад, аммо ин кор барои ӯ мушкилу душвор буд. Дар ниҳоят, рӯзе Халил ибни Аҳмад аз ӯ пур­сид: “Шеъри зер аз кадом баҳр аст?





Вақте қудрату тавоноии анҷоми кореро надорӣ, онро ра­ҳо кун ва ба ҷои он ба коре бипардоз, ки тавоноии анҷом до­данашро дорӣ”.





Вақте Юнус ибни Ҳабиб аз посух додан ба саволи ӯ оҷи­зу нотавон монд, Халил ибни Аҳмад аз ӯ хост, ки мутобиқи мафҳуми нимаи дуюми шеъри зикршуда амал кунад, (яъне, ба кори дигаре, ки муносиб бо қудрату тавоноии ӯ аст, би­пардозад).





Имом Бухорӣ дар ибтидои амр кӯшид, ки илми фиқҳро биомӯзад ва дар он маҳорат пайдо кунад. Аммо вақте Му­ҳаммад ибни Ҳасан дид, ки илми ҳадис барои ӯ муносиб­та­ру шоистатар аст ва ба қудрату тавоноияш мувофиқ аст, ба ӯ гуфт: “Бирав дунболи илми ҳадисро бигир ва ба шинохти он машғул шав”. Имом Бухорӣ низ пешниҳоди ӯро пазируфта, аз ҳамин ҷо буд, ки ӯ сарвари аҳли ҳадис, балки пешвои тамоми онон гардид”.[31]





Асоси ҳафтуми илмӣ, хона ва хонаводаи некӯкор мадрасае аст, ки дар бинои илмии кӯдак асари босазое дорад





Бидон, барои ин ки кӯдак битавонад ба хубӣҚуръону ҳадис ва забонро биомӯзад, бояд муҳити хонаву хонавода барои ӯ як мадрасаи илмии исломӣ бошад, то бар мабнои он парвариш ёбад ва аз сарчашмаи зулоли он сероб гардад.





Аз Абдуллоҳ ибни Салама (р), аз падараш Салама (р) ривоят намуда, ки гуфтааст: “Падарам Будайл ибни Варқо навиштаеро ба ман доду гуфт: “Эй писарам, ин навиштае аст аз ҷониби Расули Худо (с), пас онро ба ҳамдигар супориш кунед ва модоме, ки он дар миёни шумо бошад, ҳаргиз хайру баракат аз шумо бардошта намешавад”. Дар ривояте, ки нақл намуд, баён шуда буд: “Ин навишта ба хати Алӣ ибни Абутолиб (р) навишта шудааст”.[32]





Сулаймон писари Самура ибни Ҷундаб (р) бисёре аз аҳодисро, ки аз падараш ривоят намуда, дар як нусха ҷам­ъоварӣ кардааст ва ин нусха он тавре, ки гумон бурда ме­ша­вад, ҳамон рисолае аст, ки Самура барои писаронаш фирис­тодааст. Ва Ибни Сирин дар бораи он мегӯяд: “Рисолае, ки Самура барои писаронаш фиристодааст, шомили илму дони­ши зиёде мебошад. Ин худ ишорае аст ба аҳамияти муҳити хонаву хонавода ба унвони мадрасаи самарабахши илмӣ барои бинои шахсияти кӯдак бар пояи илми қавию устувор. Ба ҳа­мин хотир аст, ки Ҳофиз гуфтааст: “Вақте шахси адибу бо­фарҳанг нисбат ба дигарон бартарӣ дорад ва он чӣ аз ӯ боқӣ мемонад, осор, китобҳои муфид, одоби писандида ва ҷомеъе мебошад. Пас шоиста аст фарзанд низ омӯхтани илму одоб­ро вазифаи худ бидонад ва хештанро нисбат ба таълими он сазовортар пиндорад. Ҳамчунин лозим аст тарки онро кори ғалат ва иштибоҳи бузург бидонад, балки бояд бикӯшад бар роҳе, ки барои ӯ равшану ошкор гардида, мутобиқи барномаву нақшаи саҳеҳе, ки ба хотири ӯ тарҳрезиву муҳайё шудааст, ҳаракат кунад ва паймудани он роҳу равишро ба худ ихтисос диҳад, то аз киштаи хеш баҳраманд ва аз дастранҷи худ серу сероб гардад. Ва беҳтар он аст барои касбу кори дунявӣ ба қадри лузум ва ба мизони рафъи ниёзмандиҳои зиндагӣ ва таъ­мини хостаҳои машрӯъи худ бикӯшад. Бақияи вақтҳои хешро ба мутолиаи китобҳои созандав ва талош дар роҳи ба даст овардани илму дониш сарф намояд”.





Имом Шаҳид дар рисолаи худ нақши китобхонаро дар манзил мавриди таъкид қарор дода, онро хеле муассир хон­дааст: “Китоб барои тарбияи поку холиси исломӣ муфидта­рин василаи тарбиявӣ ва беҳтарин абзори парваришӣ аст. Аз ин рӯ, доштани як китобхона ба ҳар шакли мумкин дар муҳи­ти хона зарурӣ мебошад. Аммо бояд донист ва низ бисёр ҳуш­ёр буд, китобҳое, ки барои он интихоб мешаванд, ғолибан ки­тобҳое бошанд аз қабили китобҳои таърихи исломӣ, шарҳи ҳоли салафи солеҳ, навиштаҳои ахлоқиву ҳикматомез ва дар­баргирандаи матолибе дар заминаҳои кӯчидан, ҳиҷрат, футу­ҳот, пирӯзиҳои исломӣ ва амсоли онҳо”.





Равшану возеҳ аст, ки агар дар манзил вуҷуди дорухо­нае барои табобати бадан ва аъзои он лозиму зарурӣ аст, ҳатман китобхонаи исломӣ низ барои ислоҳи ақлу равон за­рурӣ мебошад. Аз ин рӯ, бояд волидайн бикӯшанд ин ки­тобхона холӣ аз китобҳои масхараомезу бемӯҳтаво ва дур аз навиштаҳои беарзиш ва мухолиф бо иффату исмати исломӣ бошад ва набояд чунин китобҳову навиштаҳои инҳирофию гумроҳкунандаро дар ихтиёри фарзандони худ бигзоранд. Албатта манъи онҳо бояд бо роҳнамоии дуруст ва ҳамроҳ бо далелу бурҳони мантиқӣ бошад, на бо иҷбору таҳдид ва якравӣ кардан, чун ин кор аз ҷумлаи масоиле аст, ки кӯдак­ро шефтаи он гуна китобҳову навиштаҳо мекунад ва ӯро ба­рои рӯй овардан ба онҳо ҳаристар менамояд. Аммо огоҳ на­мудани кӯдак ба китобҳои муфиду омӯзанда ва алоқаманд сохтани ӯ ба навиштаҳое, ки хостаҳои саҳеҳу машрӯъро бармеангезанд, амре аст, ки хайри дину дунёи ӯро таъмин менамояд.





Асоси ҳаштуми илмӣ, баёни даврони кӯдакии уламои гузашта дар ҷустуҷӯи илму дониш





Табиист, ки баёни достони зиндагиву саргузашти давро­ни кӯдакию навҷавонии уламову донишмандон дар бедории кӯдак, ба ҳаракат овардани нерӯи идрок, барангехтани не­рӯи фикрӣ дар ақлу андешаи ӯ нақши муассиреро бозӣ ме­кунад. Ҳамчунин, чун зикри қиссаҳову баёни зиндагии гу­заштагон аз услубу васоили набавӣ дар тарбияи кӯдакон бу­дааст. Аз ин рӯ, дар шиддат бахшидан ба иродаву огоҳии онон нисбат ба пешрафти илмии ояндаи худ бисёр муассир мебошад ва яке аз аркони устувору нерӯманди он ба ҳисоб меравад, ки бо хости Худованд дар фасли сенздаҳум дар ин бора ба таври муфассал баҳс хоҳем кард.





Акнун порае аз қиссаҳову саргузаштҳои уламову до­нишмандонро барои хонандагони мӯҳтарам баён мекунем, то ин ки намунаи хубу муассире бошад барои ранамоии кӯ­дакон ва бедор сохтани ҳиммат ва иродаи қавии онон:





Дар асоси дуюми ин фасл маънову мафҳуми даврони ши­гифтангези кӯдаконро дар ҳифзу ёдгирии Қуръону ҳадис ба­ён намудем ва ҳамчунин чигунагиву воқеаи Ибни Аббос (р) ва хоҳони илму дониш буданашро зикр кардем. Инак, ба­рои огоҳии бештар ба достонҳову саргузаштҳои зер мепар­дозем:





1. Даврони кӯдакии Суфён ибни Уяйна дар талаби илм





Хатиби Бағдодӣ аз Аҳмад ибни Насри Ҳилолӣ нақл на­муда, ки гуфт: “Аз падарам шунидам, ки мегуфт: “Дар маҷ­лиси Суфён ибни Уяйна будам, ба кӯдаке, ки вориди масҷид шуд, нигарист ва ҳозирон дар маҷлис низ ӯро ба хотири хурд­солияш масхара карданд ва ҳақиру сабук шумориданд. Суфён барои онон ин оятро хонд:





﴿كَذَٰلِكَ كُنتُم مِّن قَبۡلُ فَمَنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡكُمۡ فَتَبَيَّنُوٓاْۚ ٩٤﴾ [النساء : ٩٤]





«Шумо пеш аз ин чунин будед ва Худованд бар шумо миннат ниҳод».[33]





Сипас, гуфт: “Эй Назр! Агар маро медидӣ, дар ҳоле ки даҳсола будам, панҷ ваҷаб қад доштам, рӯям ба монанди сик­каи динор ва шӯълаи оташ буд, либосам хурду остинам кӯ­тоҳ, доманам кашол ва кафшам ба монанди ду гӯши муш буд, назди уламои шаҳрҳо, мисли Зӯҳрӣ, Амр ибни Динор омаду рафт доштам ва миёни эшон ба монанди мехи оҳанӣ мени­шастам. Давотам монанди чормағз, қаламдонам мисли мавз, қаламам монанди бодом буд. Вақте ки вориди маҷлиси онон мешудам, мегуфтанд: “Барои устоди хурд ҷой диҳед”. Сипас, Ибни Уяйна лабханде заду хандид. Аҳмад гуфт: “Падарам лабханде заду хандид”.[34]





2. Даврони кӯдакии Молик ибни Анас дар талаби илм





Митраф гуфтааст: “Молик мегӯяд: “Ба модарам гуфтам: “Оё биравам, то илму дониш биомӯзам?” Модарам дар ҷавоб гуфт: “Биё, либоси толибилмиро бипӯш”. Сипас, ӯ либоси махсуси толибилмиро бар танам пӯшонида, риштаву дасто­ре бар сарам ниҳод ва баъд гуфт: “Акнун бирав, илму дониш биомӯз!” Ва ба ман гуфт: “Ба назди Рабиъа бирав, аввал ах­лоқу одоб аз ӯ биомӯз баъд илму донишро”.[35]





3. Даврони кӯдакии Имом Шофеъӣ дар талаби илм





Имом Шофеъӣ мегӯяд: “Дар ибтидои зиндагӣ ва дар дав­рони навҷавониям, ки илму донишро меомӯхтам, мушкили бе­бизоатӣ доштам ва қодир ба харидани қоғазу ғайра надош­там. Аз ин рӯ, ба дари идораҳои давлатӣ ва муҳити дафтар­хонаҳо мерафтам, қоғазпораҳои сафед ва авроқе, ки фақат як рӯи онҳо навишта шуда буд, ҷамъоварӣ намуда матолиби дарсиро бар рӯи онҳо ёддошт мекардам”.[36]





Бувайтӣ аз имом Шофеъӣ нақл намуда, ки дар маҷлиси имом Молик нишаста буд, марде назди имом Молик омад ва (дар бораи талоқе, ки бар сари муомилаи як қумрӣ ан­дохта буд) аз ӯ пурсид ва гуфт: “Ман ба се талоқ савганд хӯрдаам, ки ин қумрӣ аз субҳ то ба ҳол аз хондан ором наме­гирад ва сокит намемонад”. Имом Молик гуфт: “Талоқат во­қеъ шудааст”. Он мард рафт. Имом Шофеъӣ, ки дар он ҳо­лат сездаҳ сол дошт, рӯ ба яке аз ёрони имом Молик карду гуфт: “Ин фатвои имом Молик иштибоҳ аст ва талоқи он мард воқеъ намешавад”. Ин изҳори назари Шофеъӣ ба имом Молик расид. Имом Молик марди боҳайбат ва бузурги маҷ­лис буд, касе ҷуръат намекард сухани ӯро рад кунад ва чӣ басо дар маҷлиси худ, ки менишаст, раиси интизомот мео­маду дар паҳлӯи вай бо ҳолати эҳтиром меистод. Баъд мар­дум ба имом Молик гуфтанд: “Ин навҷавон гумон мебарад, ки фатво иштибоҳ мебошад”. Имом Молик ба Шофеъӣ гуфт: “Аз рӯи кадом далел фатвои воқеъ нашудани ин талоқ­ро додӣ?” Шофеъӣ гуфт: “Далели ман ҳадисе аст, ки ту аз Пайғамбар (с) ривоят намудаӣ! Магар ту набудӣ, ки дар бо­раи достони Фотима духтари Қайс ҳадисе аз Пайғамбар (с) ривоят намудӣ, ки Фотима духтари Қайс назди Расули Худо (с) рафт ва ба (мақсади машварат) гуфт: “Эй Расули Худо (с) Абуҷаҳам ва Муъовия (р) ҳарду аз ман хостгорӣ карда­анд, ман бо кадом як аз он ду издивоҷ кунам?” Он ҳазрат (с) ҷавоб доданд, ки Абуҷаҳм асояшро аз шонаи худ поён наме­оварад (аз талош барои таъмини маъош кӯтоҳӣ намекунад), аммо Муъовия марди фақиру камбизоат аст”. Бинобар ин манзури Пайғамбари акрам (с) дар ин ҳадис он нест, ки асои Абуҷаҳм ҳамеша бар рӯи шонааш мебошад, балки манзури он ҳазрат (с) он аст, ки ғолибан асо рӯи шонааш мебошад. (Пас бино бар гуфтаи он шахс, чун хондани қумрӣ бештар аз суку­таш мебошад, аз ин рӯ бо истинод ба мазмуни ин ҳадис талоқ воқеъ намешавад).[37]Имом Молик истидлол ва ҳушу зиракии Шофеъиро ситоиш кард. Шофеъӣ мегӯяд: “Вақте ки хос­там аз шаҳри Мадина берун шавам, назди имом Молик раф­там, то бо ӯ худоҳофизӣ кунам ва ҳангоми худоҳофизиву ҷу­доӣ ӯ хитоб ба ман гуфт: “Эй ҷавон! Ҳамеша тақвои Худоро дошта бош ва ин нури илмеро, ки Худованд ба ту ато фарму­дааст, ба василаи гуноҳ хомӯш магардон!”





Мурод аз нур илм аст, ки дар ин фармудаи Худованд ба он ишора шудааст:





﴿وَمَن لَّمۡ يَجۡعَلِ ٱللَّهُ لَهُۥ نُورٗا فَمَا لَهُۥ مِن نُّورٍ ٤٠﴾ [النور : ٤٠]





«Ва касе, ки Худованд нуреро баҳраи ӯ накарда бошад, ӯ нуре надорад (то вайро ба роҳи рост раҳнамоӣ кунад)».[38]





4. Даврони кӯдакии Имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар талаби илм





Аҳмад ибни Ҳанбал дар даврони кӯдакияш ба хондану ҳифз кардани Қуръон пардохт ва хондану навиштанро омӯхт, сипас мутаваҷҷеҳи доираҳои давлатӣ шуд ва ба навиштану кори идорӣ машғул гардид. Вай бо худ мегуфт: «Ман дар ҳоле ки кӯдаку навҷавон будам, барои ҳузур дар маҷолиси ус­тодону донишмандон омаду рафт мекардам ва дар синни чор­даҳсолагӣ ба доираҳои давлатӣ рафту омад доштам».





Дарвоқеъ, осори нобиғагӣ ва ҳушёрии имом Аҳмад дар синни чордаҳсолагӣ ошкор гардид, ҳатто яке аз донишман­дон гуфтааст: «Ман хароҷоти фарзандонамро мепардозам ва ононро пеши мураббиёну мударрисон мебарам, аммо эшонро муваффақ намебинам, дар сурате ки ман аз пешрафти рӯзаф­зун, ҳусни рафтор ва ҳирсу алоқаи Аҳмад ибни Ҳанбал дар шигифтам, ки ӯ дар ҳоле ки навҷавони ятим буд, чӣ гуна ба илму одоб алоқа дошт ва дар ин роҳ низ пешрафт кард?[39]





5. Даврони кӯдакии Абуюсуф, ёри Абуҳанифа дар талаби илм





Абуюсуф мегӯяд: «Дар ҳоле ки ман фарди тиҳидасту камбизоат будам ва вазъи парешону либоси кӯҳнаву номурат­табе доштам, ба омӯхтани ҳадису фиқҳ пардохтам. Рӯзе дар ҳоле ки ман барои касби илму дониш назди Абуҳанифа рафта, дар ҳалқаи дарси ӯ нишаста будам, ногаҳон падарам омад ва ман ҷаласаро тарк намуда, бо падарам баргаштам. Падарам ба ман гуфт: «Эй писарам, ту бо Абуҳанифа бо ха­ёли роҳат манишин, зеро Абуҳанифа нону таомаш омодаву пухта шудааст, аммо ту ниёзманд ба ин ҳастӣ, ки дунболи таҳияи маблағи маъош бошӣ».





Абуюсуф мегӯяд: «Ман дастури падарамро пазируфтам ва аз рафтан ба назди Абуҳанифа барои касби дониш костам. Абуҳанифа маро дар ҷаласаи дарси худ надид, аз ин рӯ сабаби ғоиб будану адами ҳузури маро ҷӯё шуд. Ман мекӯшидам, ки ба ҳалқаи дарси ӯ биравам. Баъд аз муддате таъхир, аввали рӯзе, ки пеши ӯ рафтам, ба ман гуфт: «Чӣ чизе монеъи омада­нат ба назди мо шуд?» Дар ҷавоб гуфтам:» Машғул шудан ба талош дар роҳи таъмини маблағи маъош ва итоат аз пада­рам». Сипас, ман дар ҳалқаи дарси ӯ нишастам ва баъд аз ит­моми дарс, ҳангоме, ки ҳозирони маҷлис рафтанд, як киса пул ба ман доду гуфт: «Аз ин миқдор пул истифода кун». Ман низ кисаро боз кардам, дидам сад дирҳам дар он мебошад. Баъд Абуҳанифа ба ман гуфт: «Ҳалқаи дарсро тарк макун ва вақ­те ин пулро тамом кардӣ, ба ман бигӯ». (Абӯюсуф мегӯяд): «Ман низ ба таври давомнок дар ҳалқаи дарси ӯҳозир мешу­дам. Баъд аз гузашти муддати начандон зиёд сад динори ди­гар ба ман дод. Сипас, аз ман аҳд гирифт, ки ҳалқаи дарси ӯро тарк накунам ва ғоиб нашавам. Ман низ ҳеҷ гоҳ тамом шу­да­ни дирҳамҳо ва ё чизи дигареро ба ӯ намегуфтам ва Абуҳа­ни­фа низ фикр мекард, ки тамом шудани дирҳамҳо ба ӯ хабар дода шуд. Вазъ ба ин минвол гузашт, то ин ки ман кам-кам аз ӯ бениёз шудам ва молу дороӣ ба даст овардам…»





Ногуфта намонад, дар бораи рушду парвариши Абую­суф ривояти дигаре ҳаст ва он ин аст, ки Алӣ ибни Ҷаъд гуфтааст: «Абуюсуф ба ман гуфт: «Падарам Абуиброҳим иб­ни Ҳабиб фавт кард ва ман дар кӯдакӣ дар тарбияи модарам мондам. Саранҷом, модарам маро ба унвони хидматгор ба як нафар рахтшӯе супурд. Аммо ман гоҳ-гоҳе рахтшӯиро тарк мекардам ва ба ҳалқаи дарси Абуҳанифа мерафтаму мени­шастам ва ба дарси ӯ гӯш медодам. Модарам низ дунболи ман омада, дастамро мегирифт ва дубора ба рахтшӯӣ мебурд. Вақте ки Абуҳанифа медид, ки ман дар ҳалқаи дарси ӯҳозир мешавам ва бисёр алоқаманд ба омӯхтани илму дониш мебо­шад, аз ин рӯ, ба ман таваҷҷӯҳи хоссе менамуд. Аммо чун мо­дарам бисёр дунболи ман меомад ва рафтани ман ба он ҷо низ тӯл кашид ва давом ёфт, рӯзе ночор ба Абуҳанифа гуфт: «Аз ин кӯдак чӣ мехоҳӣ, ки ӯро ба фасоду инҳироф кашондаӣ? Ин кӯдаке аст ятим, ҳеҷ чизе надорад, ман аз роҳи ресандагӣ зиндагии ӯро таъмин менамоям, луқмаи ноне барояш таҳия мекунам ва орзуи ман он аст, ки ҳадди ақал як шашуми ха­ро­ҷоти худро ба даст биовараду худро ба он идора кунад». Абу­ҳанифа ба модари Абуюсуф гуфт: «Эй модари азиз! Бирав, ин писари ту хӯрдани фолудаи сохташуда ба равғани пистаро ёд хоҳад гирифт!» Модари Абуюсуф инро, ки шунид рафт ва (бо ҳолати хашм) ба Абуҳанифа гуфт: «Ту пирамарди хари­фе ҳастӣ, ки ақли худро аз даст додаӣ!»





Абуюсуф мегӯяд: «Аз он баъд, дар ҳалқаи дарси Абуҳани­фа ҳозир мешудам ва ӯ низ аз молу сарвати худ хароҷоти зиндагии маро ӯҳдадор мешуд. Тӯле накашид, Худованд маро аз илму дониш бархурдор намуд ва то ба он ҷо расидам, ки ба кори қазоиву доварӣ мепардохтам, дар маҷолиси Ҳорунорра­шид ҳозир мешудам ва бо ӯ бар сари як сурфа хӯрок мехӯр­дам. Дар яке аз рӯзҳо фолуда барои Ҳорунаррашид оварданд ва Ҳорун ба ман гуфт: «Аз ин фолуда бихӯр, чун ҳар рӯз чу­нин чизеро бароямон дуруст намекунанд». Ман низ гуфтам: «Эй амирилмӯъминин! Ин чӣ навъи хӯрок аст?» Ҳорун гуфт: «Ин фолуда аст, бо равғани писта дуруст мешавад». Маро ханда гирифт. Ҳорун гуфт: «Аз чӣ механдӣ?» Гуфтам: «Ху­дованд амирулмӯъмининро ба саломат бидорад, иншоаллоҳ хайр аст!» Ҳорун бисёр исрор намуд, ки бояд бигӯям, аз чӣ ме­хандам. Оқибат, ман ҳам ҳамон достони худамро бо Абуҳа­нифа аз аввал то охир бозгӯ намудам. Ҳорун (махсусан аз он қисмати саргузашт, ки Абуҳанифа ба модарам гуфт: «Эй модари азиз, бирав ин писари ту дар оянда дар асари илму до­ниш хӯрдани фолудаи сохташуда ба равғани пистаро ёд меги­рад», тааҷҷуб карду гуфт: «Ба ҷонам қасам, илму дониш ма­қому манзалати инсонро боло мебараду ба ӯ суди динию дуня­вӣ мерасонад!» Сипас, ба таърифу тавсифи Абуҳанифа пар­дохту гуфт: «Абуҳанифа он чиро, ки бо чашми сар намеби­над, бо чашми ақл онро ба хубӣ мебинад».[40]





6. Даврони кӯдакии Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ дар талаби илм





Хатиб ривоят намуда, ки Муҷошиъ ибни Юсуф гуфта­аст: «Дар Мадина назди имом Молик, ки муфтии мардум буд, нишаста будам. Муҳаммад ибни Ҳасан, ёри Абуҳанифа омад ва ӯ дар он ҳолат навҷавон буд. Ва ин омаданаш ба назди имом Молик вақте сурат гирифт, ки ҳанӯз барои хондани «Муваттаъ» пеши ӯ наомада буд. Сипас, Муҳаммад ибни Ҳа­сан ба имом Молик гуфт: «Раъйи ту дар бораи касе, ки дар ҳоли ҷанобат мебошад ва ҷуз дар масҷид об намеёбад, то ғусл намояд, чист?» Имом Молик дар ҷавоб гуфт: «Шахси ҷунуб набояд вориди масҷид шавад». Муҳаммад ибни Ҳасан гуфт: «Дар ҳоле ки вақти адои намоз фаро расидааст ва ӯ обро дар масҷид мебинад, чӣ кор кунад?» Молик ҳамон ҷавобро такрор намуд, ки «шахси ҷунуб набояд вориди масҷид шавад». Чун Муҳаммад ибни Ҳасан ин саволро такрор мекард, Молик ба ӯ гуфт: «Ту дар ин бора чӣ назар дорӣ?» Муҳаммад ибни Ҳасан дар ҷавоб гуфт: «Шахси ҷунуб таяммум карда, ба масҷид да­рояд ва оби мавриди ниёзро аз дохили масҷид бардошта хориҷ шавад ва ғусл намояд». Имом Молик гуфт: «Ту аҳли куҷоӣ?» Дар ҷавоб гуфт «Ман аҳли ин ҳастам, дар ҳоле ки ишора ба замин мекард». Сипас, бархосту рафт ва афроди ҳозир дар он ҷо гуфтанд: «Ин Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, ёри Абу­ҳанифа аст». Молик гуфт: «Муҳаммад ибни Ҳасан чӣ гуна дурӯғ мегӯяд, ки баён намуд: «Ман аҳли ин шаҳр ҳастам?» Мардум гуфтанд: «Вақте ки гуфт, ман аҳли ин ҳастам, ишора ба замин кард (ва манзураш хок буд на худи шаҳри Мадина)». Молик гуфт: «Ин гуфтаи ӯ аз он гуфтаи қаблӣ бар ман нохушояндатар буд».[41]





7. Даврони кӯдакии Ибни Ҷавзӣ дар талаби илм





Ибни Ҷавзӣ дар бораи душвориҳову сахтиҳое, ки дар ибтидои талабу ҷустуҷӯяш барои илму дониш дучори онҳо шудааст, ҳамчунин роҷеъ ба сабру шикебоияш дар бароба­ри онҳо чунин мегӯяд: «Дар буҳбуҳаи таҳсили илму дониш ва дар вақти чашидани ҳаловати он будам. Ба хотири он чи, ки ба дунболаш мегаштам ва умеди ба даст оварданашро дош­там, бо мушкилоту душвориҳое рӯ ба рӯ шудам, ки дар наза­ри ман аз асал ширинтар буд. Ба ин маъно, ки дар даврони кӯ­дакӣ чанд қурс нони хушки сахт бо худ бармедоштам ва ба дунболи касби ҳадис мерафтам. Чун наметавонистам он қур­си нони хушкро бидуни об бихӯрам, аз ин рӯ дар Бағдод дар канори «рӯди Исо» менишастам ва ҳар бор луқмаеро, ки ба даҳон мегузоштам, фавран миқдоре об ба дунболи он менӯ­ши­дам. Чашми ҳиммат ва иродаи устувори ман ҷуз таҳсили ил­му дониш чизи дигареро намедид. Беҳтарин натиҷае, ки дар ин кор насиби ман шуд ин буд, ки ба бисёре аз аҳодиси Пай­ғамбар (с) ва ба одобу равиши он ҳазрат (с), ҳамчунин ба авзоъу аҳволи саҳобаи бузургвор ва тобеини мукаррам огоҳӣ ёфтам».





Ибни Ҷавзӣ боз мегӯяд: «Ман ҳангоми таҳсили илму до­ниш танҳо ба касби як фан қонеъ намешудам, балки ба касби фиқҳу ҳадис низ мепардохтам ва дунболи афроди зоҳиду пор­со меафтодам. Сипас, ба омӯхтани забон машғул мешудам, ҳар касе, ки ривоятеро нақл мекард ва ба ваъзу таблиғе ме­пардохт ва ҳар фарди ғарибу ноошное, ки ворид мешуд, фав­ран ба ҳузури ӯ мерафтаму аз илму фазоили ӯ баҳра меги­риф­там. Пайваста барои шунидану фаро гирифтани ҳадис назди устодони он фан мерафтам ва бо онон рафту омад доштам. Пайваста худро аз душман ва аз порае масоил мебуридаму канора мегирифтам, ки мабодо ба ман дастбурде ё осебе би­расонанд ва аз кори мавриди алоқаам ақиб бимонам. Гоҳе субҳ, ки бедор мешудам ва шаб, ки фаро мерасид, чизе барои субҳона ё шом надоштам, ки бихӯрам ва ҳамди Худованд, ни­ёзманди касе нашудам ва ба сӯи ҳеҷ кас дасти тамаъ дароз накардам.





Агар чунончи авзоъу аҳволи худро шарҳ диҳам, бисёр тӯ­лонӣ мешавад ва ба ҳамин миқдор басанда мекунам».[42]





 





 



Recent Posts

Роҳ бидуни бозгашт М ...

Роҳ бидуни бозгашт Марг