Articles

Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сивудуюм: Бинои илми ва фикрии кӯдак





سلسلة تربية الأولاد، القسم الثاني والثلاثون: عن البناء العلمي والفكري للأولاد





< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >





Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир





إعداد: حقنظراو طاهر





—™





Пешгуфтор





Дар тӯли таърих ҳеҷ дине ба монанди Ислом бар таълими фарзандонаш ҳарис намебошад. Дар олам ҳеҷ андешае ҳамчун андешаи исломӣ пайдо наме­шавад, ки бар омӯзиши пайравонаш таъкид кунад ва ба он алоқаманд бошад. Ин чизе аст, ки душманони Ислом пеш аз ҳар касе ба он эътироф кардаанд. Чунонки доктор Арсар Раорбрӣ, устоди таҳқиқ ва баррасиҳои исломӣ дар Дониш­гоҳи Кембриҷ мегӯяд: “Ислом дорои осори ба ҷо мондании неке аст, ки ҷинси башарро ба тааҷубу шигифтӣ меандозад ва ӯро ба шукру сипосгузорӣ водор месозад. Ҳамчунин, навиш­таҷоти зиёде дар ихтиёри мо ҳастанд ва чизҳоеро таърифу тавсиф мекунанд, ки мусалмонон дар тараққии фанҳо, одоб ва дар пешрафти улум ва сиёсат саҳми босазое доштаанд ва ин амре аст возеҳ, ки агар мусалмонон ҳирсу алоқаи беш аз ҳад ба амри таълиму тааллум намедоштанд, ҳеҷ гоҳ ба он ҳадафҳои олии илмӣ намерасиданд. Табиист, уммати исломӣ дар тӯли таърих ба василаи чунин ҳирсу алоқае мушаххасу мумтоз будаанд ва мардону занони мусулмон ба ин даъвати Пайғамбари акрам (с) лаббайк гуфта, бо ҷону дил онро пази­руфтаанд, ки мефармоянд: «(Пайваста) дар пайи илму до­ниш бошед, агарчи дар Чин (маҳалли дуре) бошад».[1]





Дар бораи таҳаққуқ бахшидан ба сохтори бинои илмиву фикрии кӯдак тавзеҳи аркону пояҳое, ки бояд волидайн бар асоси онҳо амал кунанд, лозим ва зарурӣ мебошанд, то ин ки онон бинои солим, илму огоҳии вофир ва афкори саҳеҳе­ро барои фарзандони худ ӯҳдадор шаванд, чун ин бино дар­воқеъ бино ва пояи ақлу огоҳӣ аст. Аз ин рӯ, яке аз масоили бисёр муҳиме ба ҳисоб меояд, ки ба кӯдак таквину шахсияти воқеӣ мебахшад. Пас, агар кӯдак фарди солиму солеҳе бо­шад, ҳатман хайру башорат аст барои волидайнаш. Агар ғайр аз ин бошад, албатта душманеро барои худ баргузи­да­анд, ки аз дохил бо онон меҷангад ва эшонро (паноҳ бар Ху­до) ба чоҳи ҷаҳаннам мекашонад.





Бояд донист, асос ва пояҳое, ки дар бораи бинои илмиву фикрии кӯдак мебошанд ва бо хости Худованд ба зудӣ ҳар як аз онҳоро баён хоҳем кард, дар ҳақиқат асосҳое ҳастанд, ки кӯдакро аз дохил муолиҷа мекунанд ва ӯро мутаваҷҷеҳ ба илму илмомӯзӣ ва алоқаманд ба муаллимону мударрисон менамоянд ва фарди солиму дурусткор месозанд. Ҳамчунин аҳамияти нақши волидайнро дар робита бо ихтиёру интихо­би муаллими муваффақу некӯкор баён мекунанд, муаллиме, ки дарвоқеъ оинае аст барои қалбу ақли кӯдак, чун он чиро, ки муаллим дӯст медорад, кӯдак низ онро дӯст медорад. Би­нобар ин, волидайн сахт ниёзманд ба шинохти ин асосҳову пояҳо мебошанд.





Ҷой додани муҳаббати илм ва одоби он





дар дилу ҷони кӯдак





Пайғамбари акрам (с) қоидаи асливу асилеро барои кас­би илму донишандӯзӣ дар даврони кӯдакиву наврасӣ вазъ намудаанд, ки насле баъд аз насл онро сина ба сина барои якдигар нақл намудаанд, ки дар натиҷа ба сурати омода шу­дан ва аҳамият варзидани падарон ҷиҳати барангехтану тарғиб намудани фарзандонашон бар илмҷӯиву илмдӯстӣ даромадааст ва мефармоянд:





«Талаби илм ва огоҳӣ бар ҳар фарди мусалмон фарз аст (хоҳ хурд бошад, ё бузург, мард бошад ё зан, писар бошад ё духтар)».[2]





Аз ин ҷиҳат, талаби илму огоҳӣ бар аҳкоми илоҳӣ яке аз бузургтарин ибодате аст, ки банда бар асари он ба Парвар­дигораш наздик мешавад. Ба ҳамин хотир аст, ки даврони кӯдакию навҷавонӣ пурбортарин даврон дар бинои илмиву фикрии кӯдак мебошад. Чунончи Пайғамбари акрам (с) ме­фармоянд:





«Масали касе, ки илму донишро дар даврони кӯдакию нав­ҷавонияш меомӯзад ба монанди нақшкашӣ бар рӯи санг аст ва масали касе, ки дар даврони пириву бузургсолӣ илм меомӯзад ба монанди касе аст, ки бар рӯи об менависад».[3]





Нифтавайҳ дар бораи худ мегӯяд:[4]





Маро дидӣ, он чиро, ки дар даврони пирӣ омӯхта будам, фаромӯш кардаам. (Аммо) фаромӯш накардаам он чиро, ки дар кӯдакӣ ёд гирифтаам.





Ва (он ба ин хотир аст, ки) илму дониш дар даврони кӯ­дакию навҷавонӣ омӯхта мешавад ва ҳилму бурдборӣ бошад дар даврони бузургсолию пирӣ ҳосил мегардад.





(Касби) илму дониш дар пирӣ ва замоне, ки қалбу гӯшу чашм хаставу нотавон шудаанд, дигар коре аст насанҷидаву бекора.





(Чун) агар муаллим қалби кӯдакро бишикофад, илмро дар он ба монанди кашидани нақш дар санг мебинад.





Саховӣ дар китоби «ал-Мақосиду-л-ҳасана» чанд ҳади­серо, ки маънои болоро таъйид мекунанд, овардааст, аз он ҷумла, Пайғамбари акрам (с) мефармояд: «Касе, ки Қуръон­ро дар даврони наврасию ҷавонӣ биомӯзад, Қуръон ба гӯшту хуни ӯ омехта мешавад ва касе, ки онро дар даврони пирӣ би­омӯзад, Қуръон аз зеҳни ӯ дур мешаваду фаромӯшаш менамо­яд, аммо ӯ онро тарк намекунад, пас ин шахс ду аҷр дорад: яке аҷри хондани Қуръон ва дигаре аҷри тарк накардани он».[5]





Боз омадааст, Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Касе, ки пеш аз расидан ба синни булуғҚуръонро бихонад, ӯ аз ҷумлаи касоне аст, ки дар ҳоли кӯдакӣҳикмату дониш ба ӯ дода шудааст».[6]





Саҳоба, тобеъин ва асҳоби ҳадис ин воқеиятро пазируф­та, дар бораи он диққату тафаккур намудаанд, ки омӯзиши кӯдакон дар рушди илмиву фикрии онон асари зиёде дорад ва низ бар ин боваранд, ки он чиро инсон дар даврони кӯ­да­кӣ меомӯзад, қавитар ва дар ҳофизааш устувортару монда­нитар аст аз он чи, ки дар даврони бузургсолӣ меомӯзад.





Хатиби Бағдодӣ як сирри матолибро дар робита бо зин­дагии салафи солеҳ ва эҳтимом варзиданашон нисбат ба кӯ­дакон нақл намудааст. Аз он ҷумла Ҳасан (р) мегӯяд: “Кӯда­кону навҷавонони худро (ҷиҳати таълиму тарбияи қуръонӣ ва исломӣ) назди мо бифиристед, чун қалби онон барои он чи, ки мешунаванд, фароғтару ҳофизаашон омодатар мебошад”.[7]





Саъид ибни Раҳмати Асбаҳӣ мегӯяд: “Дар шаб, ки назди­кону афроди ҳамсинну солам бо ман буданд, ба маҷлиси Аб­дуллоҳ Ибни Муборак мерафтам ва касе барои рафтан ба он ҷо аз ман сабқат намегирифт ва зудтар ба он ҷо намерафт. Абдуллоҳ Ибни Муборак ҳамроҳи бузургону афроди пир ба он ҷо меомад. Яке аз онон ба ӯ хитоб карда гуфт: “Ин кӯдакон барои омадан ба маҷлиси ту бар мо сабқат гирифтанду ғолиб шуданд!” Абдуллоҳ Ибни Муборак гуфт: “Ин кӯдакон дар назди ман бештар аз шумо мояи умед мебошанд, зеро шумо муддате аст, ки зиндагӣ мекунед ва синну соле аз шумо ме­гу­зарад, аммо умед ҳаст, ки Худованд ба ин кӯдакон умри тӯ­лонӣ ато бифармояд ва эшонро ба мақоме бирасонад”.





Саъид ибни Раҳмат мегӯяд: “ Аз эшон ҷуз ман касе боқӣ намонд”.





Аъмаш ривоят карда мегӯяд: “Исмоил ибни Раҷоро ди­дам, ки кӯдакони босаводро меоварду бо онон сӯҳбат мекард ва эшон низ сӯҳбатҳои ӯро ёддошт мекарданд, то онро фаро­мӯш нанамоянд”.





Яҳё ибни Ҳамиди Тавил мегӯяд: “Назди Ҳаммод ибни Салама рафтем, дидем чанд кӯдак пеши ӯҳузӯр доранд ва ба­рои эшон сӯҳбат мекунад. Мо низ назди ӯ нишастем, то ин ки сӯҳбаташро бо онон тамом кард, сипас ба ӯ гуфтем: “Эй Абусалама, мо афроди бузургсолу пир, ки муносиб бо ту ва маҷлиси ту мебошем, пеши ту омадем, аммо ту моро тарк намудиву таваҷҷӯҳе накардӣ, балки таваҷҷӯҳи худро бештар ба ин кӯдакон намудӣ?” Абусалама гуфт: “Дар хоб дидам, ки бар канори рӯде қарор гирифтаам ва ҳамроҳи худ зарфе дош­там, ки дар миёни он об менӯшидаму дигаронро сероб мекар­дам, пас онро ба ин кӯдакон нӯшонидам”.





Мегӯянд: “Ҳар гоҳ писари навҷавоне назди Яҳё ибни Ямон меомад, аз он писар мехост ҳафт оят аз аввали сураи Аъроф, ҳафт оят аз аввали сураи Юсуфро ва чанд ҳадис низ бихонад. Пас, агар он писар онҳоро мехонд, Яҳё ибни Ямон бо ӯ сӯҳбат мекард ва агар наметавонист онҳоро бихонад, бо ӯ сухан намегуфт”.[8]





Омадааст, ки Ато ибни Абурибоҳ ба кӯдаконе, ки назди ӯ мерафтанд, мегуфт: “Он чиро ба шумо мегӯем, бинависед, пас агар кӯдаке наметавонист хуб бинависад, барояш мена­виштем ва касоне, ки қаламу қоғаз надоштанд, ба онон медо­дем, то он матолибро ёддошт кунанд”.[9]





Нақл аст, ки Ҳасан ибни Алӣ (р) ба писарони худ ва хо­ҳарзодагонаш мегуфт: “Илму дониш биомӯзед, шумо имрӯза хурдони қавм ҳастед, аммо дар оянда бузургони онон хоҳед буд. Пас, агар касе аз шумо чизеро, ки ҳифз намекунад, бояд онро ёддошт кунад”.[10]





Мегӯянд Бадеъуззамон Ҳамадонӣ номае ба хоҳарзодаи худ навишта, ӯро бар саъю талош дар роҳи касби илму до­ниш ташвиқ намуд ва гуфт: “Эй фарзандам! То замоне, ки зинда ҳастӣ, бояд сару корат бо илму дониш бошад. Мадраса маҳалли ту ва дафтару китоб ҳампаймони ту бошад, пас агар дар ин роҳ кӯтоҳиву саҳлангорӣ намоӣ, дигар ман тағои ту нестам, балки тағои ту каси дигар аст”.[11]





Мегӯянд Луқмон ба писараш гуфт: “Эй писарам! Аз ҳик­мату дониши худ чӣ чизеро таблиғ намудаӣ?” Гуфт: “Дар он чи, ки мақсуду ҳадафи ман нест, худро ба ранҷу заҳмат на­меандозам”. Луқмон гуфт: “Эй писарам, чизи дигаре монда­аст, ки бояд онро анҷом диҳӣ, он ин аст, ки пайваста ҳам­ни­шини уламову донишмандон шавӣ, бар зонуи адаб дар маҳзари онон бинишинӣ. Зеро Худованд қалбҳои мурдаро ба василаи ҳикмату дониш зинда мегардонад, ҳамчунонки замини мурда ба василаи бориши борони паёпай аз осмон зинда мегардад. Эй писарам, ҳушёр бош! Илмро ба хотири се чиз наомӯзӣ ва онро низ ба сабаби се чиз тарк накунӣ.





а) Илмро ба хотири муҷодалаву мунозара бо дигарон ва барои фахрфурӯшиву зоҳирсозӣ ба он наомӯзӣ.





б) Илмро ба иллати дурӣҷустан аз он, ба хотири ҳаёву шарм ва ба сабаби хушнудиву розӣ шудан ба ҷаҳолату нодонӣ тарк макун ва аз он рӯй магардон.





Эй писарам, бо уламо муҷодалаву муноқашаи бефоида ма­кун, ба гунае ки нисбат ба онон иҳонату беэҳтиромӣ кунӣ ва онон низ туро тарк карда, аз худ биронанд. Ҳамчунин бо аф­роди нодон ҷадалу ситеза макун, то туро дашном надиҳанд ва нисбат ба ту нодониву беэҳтиромӣ накунанд. Аммо бикӯш дар илму дониш нисбат ба афроди мувофиқи худ фурӯтану бурдбор бош ва бо афроди поёнтар аз худ меҳрубону сабур, чун касе ба уламову донишмандон ҳамроҳ мешавад ва мулози­му ҳамнишини онон мегардад, ки нисбат ба онон сабуру ши­ке­бо буда, дар ниҳояти нармиву алоқамандӣ аз илму огоҳии эшон иқтибосу истинбот намояд ва аз он баҳра баргирад. Эй писарам бидон, ки ҳикмату дониш афроди мискину бенаворо ҳамнишини шоҳон мегардонад!” [12]





Яҳё ибни Холид ба писараш гуфт: “Лозим аст ба ҳар навъ аз анвоъи илму дониш таваҷҷӯҳ дошта бошӣ ва аз он баҳрае баргирӣ, чун шахс душмани чизе аст, ки онро намедо­над ва ман дӯст намедорам, ки ту душмани чизе аз илм шавӣ, сипас шеърро хонд, ки маънояш ин аст:





Дар улуми гуногун огоҳӣ дошта бош ва аз ҳар як аз онҳо баҳрае баргир, чун тафаввуқу бартарии шахс дар ҳар фанне бастагӣ ба мизони огоҳии ӯ нисбат ба он мебошад.





Ту душмани он чизе ҳастӣ, ки онро намедонӣ ва вақте ки ту онро маҳкаму устувор гардонидӣ, барои ҳамеша дар сало­мативу амон мемонӣ”.





Абдулмалик ибни Марвон ба писаронаш гуфт: “Эй фар­зандони ман, илму донишро биомӯзед! Зеро агар илму огоҳӣ дошта бошед, афроди миёна, дорои мавқеияти устувор ва гуфторе дуруст хоҳед буд ва агар раъият ва зердаст бошед, заифу нотавон хоҳед шуд”.





Адибону нависандагон ва ҳакимону донишмандон ба таври куллӣ кӯдаконро насиҳату роҳнамоӣ мекарданд ва кӯ­дакону навҷавононро ба василаи илму огоҳӣ мутаваҷҷеҳи даврони кӯдакӣ ва истифода аз он менамуданд.





Аҳмад Шавқӣ мураббиёну муслиҳони умматро ба эҳти­мом варзидан ба таълиму тарбияи саҳеҳи кӯдакону навҷаво­нон ва таваҷҷӯҳи комил намудан ба эшон фаро мехонданд, ба умеди он, ки дар оянда насле ба вуҷуд ояд, ки шигиф­ти­ҳоро биафзоянд ва мардумро аз хоби ғафлат бедор созанд.





Ва мегӯяд:





Чӣ басо хурди қавм, ки ӯро таълиму огоҳ намудаанд, ба мақоми волое расид ва ононро сарпарастӣ намуду аз арзишу кароматашон ҳимоят кард.





Барои қавми худ манфиату ифтихоре шуд ва агар ӯро ба ҳоли худ мегузоштанд, азияту озоре ва нуқсу айбе мешуд ба­рои онон.





Бинобар ин, то метавонӣ (кӯдаконро) таълиму омӯзиш деҳ, шояд дар оянда насле шаванд, ки шигифтиҳо биофаранд.





Аз ин рӯ, ҳар гоҳ муҳаббати илму доништалабӣ дар за­миру ақли кӯдак устувору решадор гардид, худ бидуни ис­рору пофишории падару модараш бо камоли майл ба дун­боли илму дониш меравад ва тамоми душвориҳо, машақ­қатҳо, шаббедориҳо ва саъю талоши хастанашавандаро дар роҳи таҳсили он таҳаммул карда, бо тамоми вуҷуд онро мепазирад...





Асоси дуюми илмӣ, ҳифз кардани кӯдак





қисмате аз Қуръон ва ҳадисҳоро





Қаблан дар бинои ақидатӣ барои кӯдак маънои аҳами­яти Қуръону суннат дар ташаккули ақли ӯ баён гардид. Шакке нест, ки Қуръону суннат ду манбаи аслии партав­аф­кани улум мебошанд, ки ақлу замирро равшан карда, онро қавию нерӯманд месозанд. Бинобар ин, лозим аст, ки кӯдак аз Қуръони карим ҳадди ақал ҷузъи 30-юм (Амма)-ро ҳифз кунад ва аз аҳодиси набавӣ низ чил ҳадис азбар намояд. Чу­нонки дар хотимаи ин китоб чил ҳадис дар робита бо тар­бияву парвариши дурусти кӯдак зикр кардаем, ҳеҷ монеае надорад, ки ба кӯдакон дар паҳлӯи Қуръони карим аҳодис низ омӯзонда шавад. Чунонки кори саҳобаи бузургвор ва салафи солеҳ ин буд, ки қабл аз ҳар чиз Қуръону суннатро ба кӯдакони худ меомӯхтанд, ба хотири ин ки Қуръону сун­нат аз лиҳози илмӣ ду рукни асосӣ дар бинои кӯдак мебо­шанд. Ба ҳамин сабаб аст, ки Ибни Сино дар китоби худ (Ас-Сиёсат) гуфтааст: “Вақте кӯдак омодагии омӯзишро пай­до кард ва гӯшҳояш пазирои шунидан шуданд, шурӯъ ба ёд­ги­рии Қуръон кунад ва лозим аст ҳуруфи алифбо барои ӯ му­сав­вару муҷассам шаванд ва нишонаҳову мафоҳими дин ба ӯ омӯхта шаванд...”





Инак зикри намунаҳое аз ҳифз кардани ҳадис ва аҳами­ят додану эҳтимом варзидан ба он, то ин ки кӯдакон ба ун­вони як асоси илмӣ пазирои он гарданд ва бо тамоми вуҷуд ба он рӯй биоваранд.





Бухорӣ мегӯяд[13]: “Хондану ҳифз кардан, замоне ба ман илҳом шуд, ки дар мактаб будам”. Ба ӯ гуфтанд: “Дар он ҳо­лат чанд сол доштӣ?” Дар ҷавоб гуфт: “Даҳ ё камтар аз даҳ сол доштам. Сипас, аз мактаб берун омадам ва барои хонда­ну ҷустуҷӯ намудани аҳодис ба ҷойҳои мухталифе ба омаду рафт пардохтам. Рӯзе Суфён дар бораи он чи, ки барои мар­дум мехонд, гуфт: «Ан Абизубайр ан Иброҳим (аз Абизубайр ва ӯ аз Иброҳим ривоят кардааст)».Ман гуфтам: “Абузуба­йр аз Иброҳим ривоят накардааст”. Суфён бар сарам дод зад. Ман низ ба ӯ гуфтам: “Агар асли ҳадис назди ту ҳаст, ба он муроҷиат кун ва хуб бингар”. Баъд аз он ӯ рафт ва ба асли ҳадис нигоҳ карду сипас баргашт ва гуфт: “Эй писар! Он чӣ гуна аст?” Гуфтам: “Ба ҷои Зубайр «Ибну Адй ан Иб­роҳим» мебошад. Суфён низ фавран қалам ба даст гирифту он чиро, ки навишта буд, ислоҳ кард ва ба ман гуфт: “Ту рост мегӯӣ”. Бухорӣ дар он ҳол ёздаҳ сол дошт. Вақте ба син­ни шонздаҳсолагӣ расид, китоби Ибни Муборак ва Вакеъ­ро хонду ҳифз кард ва ду сол баъд аз он китоби «Қазоя-с-са­ҳоба ва-т-тобеъин»- ро таълиф намуд. Баъд дар Мадина ва дар назди қабри Пайғамбари акрам (с) таърихро таълиф намуд.





Ҳошид ибни Исмоил гуфтааст: “Бухорӣҳамроҳи мо пеши бузургони Басра меомад. Вай дар он вақт навҷавоне буд, чизе­ро наменавишт. Замоне гузашту мо ба муддати шонздаҳ рӯз ӯро сарзаниш намудем ва саранҷом гуфт:” Бисёр бар ман гуф­тед, пас он чиро, ки навиштед, бар ман нишон бидиҳед!” Мо ҳам понздаҳ ҳазор ҳадис, ки дар он муддат ёддошт карда бу­дем, ба ӯ нишон додем. ӯ низ тамоми онҳоро аз бар хонд, то он ҷое ки моро бар он дошт, ки эътироф кунем, ки тамоми навиштаҳои моро аз ёд медонад.





Асоси сеюми илмӣ, интихоби муаллими





шоиста барои кӯдакон





Саҳобаи бузургвор ва салафи солеҳ дарвоқеъ бисёр кӯ­шиш ба харҷ медоданд, то барои таълиму тарбияи фарзан­дони худ мударрисони ботақвову парҳезгор ва муаллимони некӯкорро баргузинанд. Ба хотири ин ки муаллим ба манза­лаи оинае аст, ки шогирди ӯро дар он мебинанд саҳоба ва салафи солеҳ дар ин маврид таваҷҷӯҳи хосе доштанд ва бис­ёр шефтаву алоқаманд ба иҷрои он буданд. Аз ҷиҳати ди­гар, муаллим аслу маншаи омӯзиш барои кӯдак мебошад. Яке аз аломатҳои шиддати эҳтимом варзидани онон ба ёф­тани муаллими некӯкор ин буд, ки онон фарзандони худро насиҳату роҳнамоӣ мекарданд ба ин ки қабл аз таҳсили ил­му дониш ба касби адабу ахлоқи нек аз муаллим бипардо­занд. Ин матлабро дар “Бинои хулқии кӯдак” дар боби “Асоси адаб бо уламо” баён намудем.





Табиист, ки барои дастёбӣ ба як мударриси парҳезгор ва муаллими шоиставу некӯкор бархе аз бузургон ҷустуҷӯи зиёд мекарданд ва ҳатто ба ҷои дигар мекӯчиданд ё сафар мекарданд. Ин худ баёнгари ин воқеият аст, ки чунин коре маҳбуби дилҳои онон будаву заҳмату машаққати онро аз самими қалб пазируфта, ҳар навъ сахтию душвориро дар роҳи ёфтани он бар худ саҳлу осон шуморидаанд, то аз ин гуна муаллимону мударрисони матлуб ва мавриди назар баҳраманд гарданд.





Маълум аст, ки кӯчидану сафар кардан барои падару модар заҳматҳову ранҷҳои рӯҳиву ҷисмӣ дорад ва молу сар­ват сарф мешавад, аммо чун дар роҳи сохтори бинои илмии кӯдак ба шакли саҳеҳу солим мебошад, аз ин рӯ таҳаммули ҳар гуна фишори рӯҳи, сарфи нерӯи ҷисмӣ ва ҳар навъ харо­ҷоти моли ва сипарӣ намудани вақти гаронбаҳоро барои касби он қабул карда, бар худ осон мегиранд. Ба хотири аҳамият додан ба чунин амре аст, ки Ибни Сино дар китоби (Ас-Сиёсат) боби сиёсати мард нисбат ба фарзандаш бо таъ­кид изҳор медорад: “Лозим аст, ки кӯдак дорои як мураббии оқилу мутадайин, муаллими муҷаррабу басир ва огоҳ ба масо­или тарбиявию ахлоқӣ бошад, ба гунае ки дар кори таълиму тарбияи кӯдакон бисёр моҳир ва устод бошад, матину бови­қор ва дур аз хашму ғазаб бошад, дар ҳузури кӯдакон пурҳар­фиву матолиби бемаврид зикр накунад, камҳарф ҳам набо­шад, балки фарди ширинзабон, оқил фарзона, бовиҷдон, ҷавон­мард, пок ва покдоман бошад”.





Ногуфта намонад, ки амирону бузургони муслимин ба­рои дастёбӣ ба муаллими некӯкору дилсӯз ва мударрисони ботақвову огоҳҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони худ ҳа­мин хусусиятҳои зикршударо дар назар мегирифтанд. Чу­нонки Абубакр ибни Ҷобир (р) хидматгори Абудовуд гуф­тааст: “Дар Бағдод будам, баъд аз он ки намози шомро хон­дем, ногаҳон дарро заданд. Ман низ дарро боз кардам, дидам хидматгоре аст, ки пушти дар истода мегӯяд: “Ин фармон­равои Басра Амир Абуаҳмади Муваффақ аст, иҷозаи вуруд мехоҳад”. Ман ба утоқи хусусии Абудовуд рафта, мавзӯъро ба иттилои ӯ расонидам. Абудовуд ба вай иҷозаи вуруд дод ва ӯ ҳам ворид шуду нишаст. Сипас, Абудовуд рӯй ба сӯи ӯ карду гуфт: “Чӣ чизе мӯҷиб шуд, ки дар чунин вақте ин ҷо биёӣ?” Амир гуфт: “Ба хотири се чиз”. Абудовуд гуфт: “Он се чист?” Гуфт: “Ба Басра биё ва дар он ҷо иқомат гузин, то ин ки толибони илму дониш аз гӯшаву канори олам ҷиҳати касби файз ба хидмати шумо биёянд”. Абудовуд гуфт: “Ин хостаи аввалӣ, пас, дуввумиро бигӯ!” Он амир гуфт: “Китоби «Су­нан»-и худро ба фарзандонам биомӯз ва онро барои эшон ри­воят кун”. Абудовуд гуфт: “Бисёр хуб, хостаи сеюмиро би­гӯ!” Амир гуфт: Китоби «Сунан»-и худро фақат барои фар­зандони ман ривоят кун ва ба онон биомӯз, чун фарзандони хулафо бо оммаи мардум нишасту бархост намекунанд”. Абудовуд гуфт: “Ин яке қобили қабул нест, ба хотири ин ки тамоми мардум, новобаста аз амиру раъият, бузургу хурд, ғанию гадо дар касби илму дониш бробаранд”. Ҷобир мегӯяд: “Баъд аз он воқеа фарзандони хулафову амирон дар маҳзари Абудовуд ҳозир мешуданду менишастанд ва миёни эшон ва соири мардум пардае мезаданд ва ҳамаи онон бо ҳам ба гуф­таҳову баёноташ гӯш медоданд”.[14]





Дар ривоят омадааст, ки Утба писари Абусуфён ба му­раббию муаллими фарзандонаш гуфт: “Эй Абдуссамад! Бояд нахустин чизе, ки ба он шурӯъ мекунӣ, ислоҳи нафси худат бошад, зеро ки онон чашмонашонро ба ту баста, туро мени­гаранд, пас он чи назди ту неку писандида бошад, ҳатман наз­ди эшон неку писандида аст ва он чи дар назари ту зишту но­писанд бошад, дар назари эшон ҳам зишту нописанд аст. Ки­тоби Худо (Қуръон)-ро ба эшон биомӯз ва барои омӯхтани он эшонро таҳти фишору исрор қарор мадеҳ, чун нисбат ба он хаставу малол мешаванд. Эшонро ҳам нисбат ба он тарк макун ва ба ҳоли худ магузор, зеро аз он дур мешаванд. Пок­тарин шеъру муборактарин ҳадисро барои эшон нақл кун. Ҳушёр бош, то аз матлабе, ё илме огоҳиву маҳорат пайдо на­кунанд, эшонро ба сӯи матлабе ё илми дигаре интиқол мадеҳ, зеро анбоштани матолиб дар самъу мағз дарку фаҳмро омех­та ва мӯҷиби инҳирофу гумроҳии шахс мешаванд. Эшонро ба василаи ман битарсон, аммо бо ғайри ман муаддаб кун. Бикӯш то барои онон ба монанди пизишк меҳрубону дилсӯз бошӣ, ки то дардро муайян накунад, доруро иҷоза намедиҳад. Ҳамчунин ҳа­ракат ва роҳу равиши подшоҳону фармонравоёнро барои эшон нақл кун ва эшонро аз гуфтугӯ бо занон барҳазар дор. Набояд ба узру баҳонае даст ба домани ман зананд, чун ман ба шо­ис­тагиву кордонии ту басанда мекунам, барои пешрафти кори худ ҷиҳати таълиму тарбияи онон аз ман кӯмаку ёрӣ би­талаб, ман низ бо хости Худованд туро кӯмак хоҳам кард”.[15]





Сипас, Мовардӣ ба дунболи нақли ривояти боло бар за­рурату аҳамияти ихтиёри муаллиму мураббӣ роҷеъ ба тар­бияи кӯдакон таъкид мекунад ва мегӯяд: “Дар канори кӯшиш ҷиҳати интихоби муаллиму мураббии хуб лозим аст, ки ба­рои ихтиёри модар ва дояи огоҳу дилсӯз дар сатҳи васеътаре саъйу талош ба амал ояд. Чун табиист, ки кӯдак ахлоқ ва одобу одатҳоро пештар аз мураббиву парваришдиҳандаи худ фаро мегирад, зеро равшан аст, ки ҳамнишинӣ ва баҳсу гуф­тугӯи кӯдак бо мураббии хеш зиёдтару тӯлонитар аз баҳсу гуфтугӯ бо падар мебошад. Аз ин ҷиҳат, вақте мураббӣ коре­ро ба манфиъати кӯдак бидонад ва дар ҳар ҷо саломативу му­ваффақияти ӯро эҳсос кунад, билофосила ӯро ба анҷоми он амр водор месозад ва ӯ низ дастури мураббии худро фавран мепазираду онро иҷро мекунад. Аз ин рӯ, вақте ки чунин аст, пас, дигар набояд дар интихоби муаллиму мураббӣ иктифо шавад ба ин ки ӯ фарди қуръонхону забондон ва ровии ашъор бошаду бас, балки лозим аст дар канори онҳо ботақво, аҳли вараъ, покдоман, диндор, дорои ахлоқи фозил, нияти пок ва ихлоси комил ҳам бошад. Ҳамчунин бояд аз ахлоқу одоб, кир­дору рафтори фармонравоёну бузургон огоҳ ва ба тамоми усули дин ва фиқҳ низ пойбанд буда, ба онҳо амал кунад. Агар яке аз ин вижагиҳоро аз даст дод, набояд ба ҳеҷ ваҷҳ чизе аз тақвову парҳезгорӣ ва дину фиқҳро аз даст бидиҳад ва онро надошта бошад”.[16]





Аммо бояд донист, ки душманони имрӯзаи Ислом ҳам­лаи кинатӯзонаи салибиро оғоз намудаанд ва парчами беди­ниву таҳқиромезеро ҷиҳати инҳирофу нобудии кӯдакони муслимин барафроштаанд, ба тавре, ки муаллимони бехудо­ву фосиқро барои онон баргузида, чунон мадорису омӯзиш­гоҳҳои асри ҷадидро барои онон таҳия намудаанд, ки аз барномаву шариати илоҳӣ дурашон месозад ва аз он бегона мешаванд. Ин амр реша дар бехабариву ноогоҳии муслимин дорад ва далели возеҳу бурҳони қотеъе аст бар ғафлати эшон...





Оре, он чи мегӯем, сухани газоф нест, балки воқеияте аст, ки имрӯз ҳама бо он гирифторем ва беҳтарин далелу бурҳони мо ҳамон чизе аст, ки ховаршиносони бедин ва таблиғгарони масеҳӣ онро ошкоро баён мекунанд. Ва яке аз нақшаҳои шуму фиребандаи онон ҳамин гуфтаи Самуэл Зой­мер аст, ки дар китоби худ «Маҳду-л-Ислом» фиребу най­ранги ӯ барои кӯдакони муслимин мунташир мешавад. Вай мегӯяд: “Омӯзиши дарсӣ ва тарбияи ахлоқии ғарбӣ натиҷа­ҳои бисёр ва самароти судмандеро дар вуҷуди кӯдакон, навҷа­вонону ҷавонон ба таври яксон ба бор овардааст ва ман таво­нистаам як бор донишомӯзони мусалмонро ҷамъ кунам ва як курраи шабеҳ ба курраи заминро дар болои дасти онон бигузо­рам, сипас нури қавӣ бар он битобонам ва ба ин васила эшонро қонеъ кунам ба ин ки дастури рӯза гирифтан дар моҳи Рама­зон аз ҷониби Худованд наомадааст, зеро адои фаризаи Рама­зон дар баъзе аз сарзаминҳо душвор мебошад”.[17]





Илова бар он, ин фарди муҷрими пасту кинаҷӯй танҳо ба он иктифо накардааст, балки ӯ дар соли 1935 дар «Ҷаба­лу-з-зайтун» як гирдиҳамоӣ барои гурӯҳе аз мубаллиғоне, ки дар кишварҳои исломӣ ва дар шаҳри Қудс гумошта шуда буданд, ташкил дод. Баъд аз ин ки ба баёни мушкилоте, ки онон дар кишварҳои исломӣ ба он дастбагиребонанд, гӯш дода, корҳои душвореро, ки дар баробари ақидаи исломӣ ба он рӯ ба рӯ мебошанд, шунид, ҳадафҳои бади худро барои эшон дар мавриди ба инҳироф кашонидани ақлу фикри кӯ­дакони мусалмон баён намуда, гуфт: “Шумо, ки ба зиндагӣ кардан дар сарзаминҳои мусулмонон омода шудаед, ҳеҷ як аз шумо робита бо Худоро намешиносад ва намехоҳад онро би­шиносад. Шумо фарди мусалмонро аз Ислом хориҷ намудаед, аммо ӯро дохил дар оини масеҳият накардаед. Дар натиҷа, рушду нумӯи исломӣ ба сурате даромадааст, ки истеъмор онро хостааст истеъморе, ки таваҷҷӯҳе ба бузургиҳову изза­ту кароматҳо намекунад, балки роҳативу танпарварӣ ва сус­тиву танбалиро дӯст медорад, ба гунае ки дар дунё ҳиммату омӯзиши худро дар роҳи шаҳавоту хостаҳои дунявӣ сарф ме­кунад. Сарват ва андӯхтаҳои молию моддиро ва ҳар гуна ҷой­гоҳу мақому шӯҳратеро дар роҳи касби шаҳавоту орзуҳои нафсонӣ мехоҳад. Ба таври куллӣҳар чизеро ба хотири даст­ёбӣ ба орзуҳои моддиву хостаҳои нафсонӣ металабад”. Пас, ту эй хонандаи мӯҳтарам ва эй падарону модарони гиромӣ! Вақте ба гуфтори ин коҳини яҳудӣ ё масеҳӣ, яъне Самуэл, ки онро дар соли 1935 гуфтааст, пай мебаред, ки инчунин гуф­тааст, пас бояд акнун, ки ҳудуди ҳаштод сол аз он мегуза­рад, вазъ чӣ гуна бошад?[18]





Яке аз масоили шигифтангез дар порае аз кишварҳои исломии дар хоби ғафлату ноогоҳӣ фурӯрафта ин аст, ки як нафар ховаршиноси кинаҷӯй ба номи «Ҷиб», ки яке аз аъзои маҷмаъи забони арабӣ дар Қоҳира аст, дар муқаддимаи китоб «Ила айна ясиру-л-Ислом» мегӯяд: “Бегумон, ҳарака­ти омӯзишиву фаъолияти фарҳангӣ аз тариқи мактабҳо ва матбуоти имрӯза тавонистааст, ки дар миёни мусалмонон бидуни ин ки хабар дошта бошанд, чунон асаре бигузорад, ки ононро аз дидгоҳи умум то ҳадди зиёди бедин ҷилва диҳад. Тардиде нест, ки ин кор мағзи натиҷаву хулосаи фаъолияту талоши Ғарб мебошад ва ба он манзур аст, ки ҷаҳони Ислом­ро бар пайравӣ аз тамаддуну осори Ғарб водор созад ва аз Ислому ҳаракати саодатофарини исломӣ дур намояд. Аммо воқеият ин аст, ки Ислом ақидае аст, агарчи миқдори каме аз аҳамияту қудрати худро аз даст додааст, вале ҳамчунон қудрате аст мусаллат бар зиндагии иҷтимоӣ ва қодир ба боз гардонидани мақому манзалати хеш”.[19]





Устод Аллома Муҳаммад Хизр Ҳусайн, устоди собиқи донишгоҳи «Ал-Азҳар» мардумро аз вуҷуди порае аз омӯ­зишгоҳҳо барҳазар дошта, насиҳат мекунад ва хатари ин ма­дорису омӯзишгоҳҳоро дар як фасл, таҳти унвони «Абноу-л-муслимин фи мадориси-т-табшир» барои падарон ба таври равшан баён мекунад, инак онро ба таври возеҳ барои шумо хонандагони мӯҳтарам баён менамоем, ба умеди он, ки:





﴿إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَذِكۡرَىٰ لِمَن كَانَ لَهُۥ قَلۡبٌ أَوۡ أَلۡقَى ٱلسَّمۡعَ وَهُوَ شَهِيدٞ ٣٧﴾ [ق: ٣٧]





«Ба дурустӣ, дар ин сухан барои касе, ки диле дорад ё му­таваҷҷеҳ шуда гӯш ниҳад, панде ҳаст».[20]





Ин устод изҳор медорад: “Касе, ки метавонад зиндагии матлуб ва идеалеро барои фарзандаш омода сохта, ӯро ба ра­виши неку писандидае парвариш кунад, албатта чунин кӯдаке бо қалби солиму огоҳ ва забони поку зокир бор меояд, ки дар оянда ҳам барои волидайну хонаводааш фарди содиқу дуруст­кор мешавад ва ҳам метавонад барои пешрафту сарбаландии миллаташ дар сатҳи болое кор кунад. Аммо чунин фарде ҳо­зир намешавад ин гуна насиҳатҳову раҳнамоиҳоро нисбат ба фарзандаш анҷом диҳад, то аз натоиҷи ситудаву шоёни та­ваҷҷӯҳи он бархӯрдор гардад ва ба он такя занад, балки ин кӯдаки покфитратро ба муҳите месупорад, ки дар он ҷо аф­роде ӯро сарпарастӣ менамоянд, ки фақат ҳадафҳои худро дунбол мекунанду пойбанд ба ҳеҷ гуна аҳду паймоне намебо­шанд. Аз ин рӯ, пайваста ин кӯдакро ба таври тақаллуб омӯ­зиш медиҳанду тухми шарру табоҳиро дар вуҷуди ӯ меко­ранд. Табиъист:





«Ва замине, ки бад (шӯразор) бошад аз он ҷуз гиёҳи ночиз ва камсуд намерӯяд».[21]





Ин достони мусалмоне аст, ки Худованд фарзанде ба ӯ ато мефармояд, то ин ки ӯро ба роҳи дурусту Худописан­до­на тарбияву иршод намояд ва ӯро фарде парвариш кунад, ки ба саодату тарақии қавми худ хушҳол бошад ва ба шақо­вату ранҷи онон низ нороҳат шавад. Пас, амри возеҳ аст агар чунин шахсе фарзанди худро ба мактабҳо ва омӯзиш­гоҳҳое бифиристад, ки барои зиддияту ситез бо дини поки Ислом бино шудаанд. Мусалламан отифаи исломӣ дар ни­ҳоди чунин кӯдаке нобуд мешавад, чун онҳо мактабҳое ме­бошанд, ки ба василаи ҷамоате ба номи «Мубаллиғони ди­ни масеҳӣ» бино шудаанд.





Бегумон, касе, ки фарзанди худро ба миёни чордевори ин гуна мактабҳову омӯзишгоҳҳо мефиристад, ҷурму гуно­ҳаш аз ҷурму гуноҳи касоне, ки фарзандони худро аз тарси фақру тангдастӣ мекӯшанд, камтар нест. Зеро далеле болои далел далолат бар ин доранд, ки касони дар чунон мактабҳо ба кори таълиму тарбия пардозанда ба фарзандони мусли­мин ҳатман эътиқоди ғайриисломӣ меомӯзанд ва ононро бар пайравӣ аз он адёну эътиқодоти ғайриисломӣ водор месозанд. Аз роҳҳое зарба ба шариати Ислом мезананд ва монеъи пешрафти он мешаванд, ки дар вуҷуди кӯдакон асар мегузорад. Пас, ба ҷуз волидайн чӣ касе метавонад ба ҷои ин кӯдаконе, ки ба ҳақоиқи дин ошно нестанд, ин гуна ин­ҳирофу гумроҳиро дарк кунад ва ононро аз шарри он маҳ­фуз бидорад?





Бояд донист, касе, ки фарзанди худро ба ин гуна омӯ­зишгоҳҳо мефиристад, танҳо ба фарде зарба намезанад ва ӯро ба нобудӣ намекашонад, балки мардумони бисёреро ба фасоду нобудӣ мекашонад ва дар оянда низ ба ҳамаи мар­дум ҷиноят мекунад. Ман инро ба сурати муболиға намегӯ­ям, зеро корест рӯшан, ки вақте ин кӯдак ба мақоми муал­ли­миву устодӣ мерасад, шакке нест, ки ҳамчунон мубаллиғону мударрисони ғайриисломие, ки дину миллати ӯро ба фасод кашондаанд, ӯ низ дину миллати ҷамоати зиёде аз фарзан­дони муслиминро ба фасод хоҳад кашонд.





Гоҳе донишомӯз аз мактабҳои ғайриисломӣ ба илму до­нише даст меёбад, ки аз ноҳияи динӣ зиёне ба ӯ намерасонад ва чизе аз ихлосро, ки барои умматаш боарзиш мебошад, аз даст намедиҳад, аммо орзуҳои нафсонӣ, ки қалбҳоро фаро мегиранд, шахсро водор ба он месозанд, ки дасти фарзанди худро, ки намунаи покиву некӯӣ аст, бигирад ва ӯро ба ҷое бибарад, ки худи ӯ шоҳиди таҳқир намудани қавм ва зарба задан ба шахсияту ҷавонмардияш мебошад ва тӯле намека­шад, ки он покиву некӯии фарзандаш ба наҷасиву палидӣ табдил мешавад ва оқибати шуми он чунон хоҳад шуд, ки дар бораи бисёре аз афроди фориғуттаҳсил аз ин гуна мак­табҳову омӯзишгоҳҳо мешунавему мебинем.





Замоне, ки дар Димишқ будам, дидам як нафар, ки дар артиш дорои мақому мансаби болое буд, писарашро пеши мудири мактаби таҳзиби исломӣ овард ва барои ӯ баён на­муд, ки писарашро ба яке аз мактабҳои бегона гузоштааст. Дар он ҷо ӯро мунҳариф намудаанд ва ақидааш нисбат ба Ислом фосид шудааст, ҳатто вазъи ӯ ба ҷое расидааст, ки ману модарашро ба пазириши дини насоро фаро мехонад.





 



Recent Posts

Роҳ бидуни бозгашт М ...

Роҳ бидуни бозгашт Марг