Articles

 





в) Навҷавонони салафи солеҳ барои ёфтану омӯхтани аҳодис ба минтақаҳои дигар мерафтанд: Хатиби Бағдодӣ ме­гӯяд: «Алӣ ибни Осим гуфтааст: «Падарам сад ҳазор дирҳам ба ман доду гуфт: «Писарам! Дар баробари ин сад ҳазор дир­ҳам чизе аз ту намехоҳам, ҷуз ин ки сад ҳазор ҳадис би­омӯзӣ».[22]





Алӣ ибни Осим рафтани худро барои талабу омӯхтани аҳодис чунин шарҳ намудааст: «Ман ҳамроҳи Ҳушайм аз Во­сит ба тарафи Куфа роҳсипор шудем, то бо ҳам дар он ҷо ба хидмати Мансур бирасем ва аз маҳзари ӯҳадис биомӯзем. Аммо ман вақте аз Восит хориҷ ва чанд фарсах аз он дур шу­дам, ба фарди ошное расидам. Ба ӯ гуфтам: «Куҷо меравӣ?» Гуфт: «Қарздорам ва мехоҳам бикӯшам то онро бипардо­зам». Гуфтам: «Бо ман ба Восит баргард, чун ман чаҳор ҳа­зор дирҳам дорам, маблағе аз онро ба ту медиҳам, то қар­затро бипардозӣ». Ӯ низ таклифи маро пазируфт ва ба Во­сит баргашт. Ман низ ду ҳазор дирҳам ба ӯ додам ва аз нав ба қасди Куфа ба роҳ афтодам. Аммо Ҳушайм субҳ зуд вори­ди Куфа шуда, ҳамон рӯз ба хидмати Мансур расид ва чил ҳа­дис низ аз ӯ ёддошт карду омӯхт, вале ман шаб ба Куфа раси­дам, сипас, ба ҳаммом рафтам. Субҳ, ки шуд роҳ афтодам ва ба дари Мансур, ки расидам, ногаҳон ҷанозаеро дидам! Гуф­там: «Ин ҷанозаи кист?» Гуфтанд: «Ҷанозаи Мансур аст». Ман он ҷо нишастам ва ба гиря афтодам. Пирамарде, ки он ҷо буд, гуфт: «Эй навҷавон, чаро гиря мекунӣ?» Гуфтам: «Ман аз Восит ба Куфа омадам, то аз ин устод ҳадис би­омӯзам, аммо инак ӯ мурдааст!» Пирамард гуфт: «Оё туро роҳнамоӣ кунам бар касе, ки ҳатто дар маросими арӯсии мо­дари Мансур ҳозир будааст?» Гуфтам: «Оре, бифармо!» Он мард гуфт: «Пас бинавис! Икрима аз Ибни Аббос бароям нақл намуд…»





Ҳамин тавр ман муддати як моҳ дар хидмати ӯ ба на­виштану омӯхтани аҳодис пардохтам ва баъд аз як моҳ ба ӯ гуфтам: «Худованд туро машмули раҳмату мағфирати хеш қарор диҳад, ту кистӣ?» Он пирамард гуфт: «Ту муддати як моҳ аст, ки назди ман аҳодис ёддошт мекунӣ ва ба омӯхтани он мепардозӣ,ҳанӯз маро нашинохтаӣ? Ман Ҳусайн ибни Аб­дурраҳмон ҳастам, фосилаи ман бо Ибни Аббос чандон зиёд нест. Аз ин рӯ Икрима ҳар рӯз аз ӯ (яъне Ибни Аббос) аҳо­дисро ёддошт мекард ва меомӯхт, сипас, назди ман меомад ва онҳоро барои ман бозгӯ мекард ва ман низ онҳоро ёддошт ме­кардам…»





Оре, эй хонандаи мӯҳтарам ва эй пайрави роҳи набавӣ! Ба талошу ҷонфидоии навҷавоне ҳамчун Алӣ ибни Осим бингар ва аз он панд бигир, навҷавоне, ки чӣ гуна нисфи пули худро ба он шахси қарздор бахшид ва ба хотири пар­дохти қарзи ӯ ва осуда сохтани хотираш миқдоре аз вақти худро талаф кард. Ва зодгоҳи худро тарк намуд ва дар аса­ри таъхире, ки барояш пеш омад, аз расидан ба хидмати Мансур маҳрум гашт! Чӣ гуна Худованд дар баробари заҳ­матҳояш устодеро, ки устоди устодон буд, барои ӯ фароҳам сохт, то дар назди ӯҳадис биомӯзад ва ин устод Ҳусайн ибни Абдурраҳмон буд. Агар хуб диққат кунем, ин мавқеият да­лели ихлоси амал ва покии ният дар роҳи талаби аҳодис ва касби илму дониш мебошад ва натиҷаи садоқату дурустии муҳаббат аст нисбат ба Расули Худо (с)…





г) Таваҷҷӯҳ ва алоқаи духтарон ба омӯхтани аҳодиси на­бавӣ Зубайдӣ гуфтааст: «Молик ибни Анас духтаре дошт, ки ба ҳадису фиқҳ бисёр алоқаманд буд. Аз ин рӯ, ҳар гоҳ пада­раш «Муваттаъ»-ро ба шогирдонаш дарс медод, ӯ пушти дар меистод ва агар шогирде иштибоҳ мекард, фавран дарро ме­зад ва Имом Молик ба он иштибоҳ пай мебурд ва онро так­ро­ру ислоҳ мекард».[23]





д) Кӯдакон ва навҷавонони салафи солеҳ ба ривояти аҳо­дис ва умури фиқҳӣ таваҷҷӯҳ мекарданд





Хатиби Бағдодӣ мегӯяд[24]: «Уммул-мӯъминин Оиша (р) ба хоҳарзодаи худ Урва ибни Зубайр гуфт: «Эй писарам! Ба ман хабар расидааст, ки ту аҳодисеро, ки аз ман ёддошт ме­кунӣ ва онҳоро меомӯзӣ, дубора онҳоро дар хона ёддошт ме­намоӣ!» Урва гуфт: «Оре, аҳодисеро, ки аз ту мешунаваму ёддошт мекунам, сипас онҳоро назди касоне, ки ин гуна аҳо­дисро пеши худ доранд, мутобиқат мекунам». Ҳазрати Оиша (р) гуфт: «Дар ин кор ҳеҷ ишколе нест».[25]





6. Хондан ва мутолиа намудани сирати набавӣ





ва мизони таъсири он дар кӯдакону навҷавонон





Саҳоба ва салафи солеҳ (р) бар хондану мутолиа наму­дани сирати Пайғамбар (с) ва омӯзиши он ба кӯдакони худ бисёр ҳарису алоқаманд буданд, то он ҷое ки кӯдакону нав­ҷавонон аҳодисро ҳамроҳ бо таълими Қуръон мехонданд, чунки аҳодис дарвоқеъ тарҷумону равшангари маъноҳои Қуръон мебошанд. Илова бар ин, аҳодис эҳсосоти эшонро дар мавриди рӯйдодҳои воқеии исломӣ бармеангезанд ва дар рӯҳу равони эшон таъсири босазое мегузоранд ва му­ҳаббати Худо ва Расули Худо (с)-ро афзун менамоянд ва му­ҳаррики ҷиҳод дар роҳи наҷоти башарият мебошанд. Ҷоме­аи башариятро аз гумроҳиву инҳироф ба сӯи ҳидоят ва аз масири ботилу залолат ба ҷодаи ҳаққу ҳақиқат раҳнамоӣ мекунад ва ононро аз водии зулумоти ҷоҳилият ба майдони нуру маърифати исломӣ мекашонанд…





Аз Исмоил ибни Муҳаммад ибни Саъд ибни Абиваққос (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Падарам ҷангҳои Пайғамбар (с), лашкаркашиҳои саҳобаи мукаррам ва диловариҳои пай­коргарону размоварони садри Ислом ва фазоилу маноқиби ононро ба мо меомӯхту мегуфт: «Эй писарам! Ин ҷангҳову ҷиҳодҳо шарафу ифтихори падарону гузаштагони шумоанд! Пас, онҳоро фаромӯш накунед ва заҳмати эшонро низ зоеъ нагардонед».





Зайнулобидин ибни Ҳусайн ибни Алӣ (р) гуфтааст: «Ҳа­мон тавре ки сураҳои Қуръонро меомӯхтем, ҷангҳову фазо­или Паёмбари Худо (с) ва диловариҳои ёрони Ӯро дар майдон­ҳои ҷангу ҷиҳод низ меомӯхтем».[26]





Даъватгари хоксор ва таблиғгари олиқадри исломӣ Абул­ҳасан Алии Надвӣ дар китоби худ «Ат-тариқу илал-Мади­на» бобе зери унвони «Китобе, ки ҳеҷ гоҳ фазлу бартарии онро фаромӯш намекунам» овардааст. Дар ин боб даврони кӯдакиву навҷавонии фардеро баён мекунад, ки ҳаводису номулоимоти зиндагияш қалби поку беолоиши ин олими бузургро такон медиҳад ва ба ҷунбиш дармеовард. Ҳамчу­нин мутолиаи китобе, ки дар бораи сирати набавӣ аст, ин даъватгари муҷоҳидро месозад ва мукаммал мекунад. Ин олими вораста дар китоби худ чунин нақл мекунад:





«Имрӯз дар бораи китобе баҳс мекунам, ки матни пур­мӯҳтавову омӯзандаи он пайваста бар ман сангинӣ мекунад ва барои муаллифи бузургвори он ҳамеша эҳсоси тараҳҳум ва шафқат мекунам. Муаллифе, ки аз тариқи ин китоб меҳ­натҳо (ва машаққатҳое)-ро ба ман карда, ки ба назари ман аз ҳар чизе ба ҷуз имон боарзиштар аст ва ҳатто мӯҳтавои он китоб ҷузъе аз аҷзои имону эътиқод мебошад. Оре, ин китоб «Сирати раҳмату-л-оламин» аст, таълифи Қозӣ Му­ҳаммад Сулаймон Алмансурии Фурӣ. Дар ин китоб достони шигифтангезу такондиҳандае аст ба ин ибора: «Ман ба син­ни нӯҳсолагӣ, ки расидам, падарам фавт кард ва бародари бу­зургтарам сарпарастии таълиму тарбияи маро бар ӯҳда ги­рифт ва бо камоли муваффақият ҳар китоби муносиберо, ки дӯст медошт, ман онро дар даврони навҷавониям мутолиа ку­нам, бароям интихоб ва таҳия мекард. Нахустин китобе, ки бароям таҳия намуд ва онро дар ихтиёрам гузошт китоби «Сирати хайрул-башар», таълифи як нафар ҳиндӣ буд.





Оре, бародарам бисёр ҳарису алоқаманд буд бар ин ки ху­ди ӯ ва ман бештар китобҳои сирати набавиро мутолиа ку­нем, чаро ки ӯ хуб медонист, китобҳои сират дар зиндагонӣ, ҷангҳову гуфтору рафтори Пайғамбари акрам (с), дар усту­вор намудани ақидаву хулқу хӯи нек ва нишондани ниҳоли имони росих бисёр муассир мебошад. Аз ин рӯ, ман бар асоси дӯст доштани китобҳои сират ва ҳарис будан бар мутолиаи онҳо парвариш ёфтам. Бинобар ин, ман ба феҳрастҳову эъло­ноти китобҳо бисёр менигаристам. Дар натиҷа, рӯзе чашмам ба китоби «Сирати раҳмату-л-оламин» афтод, ки ҷилди аввал ва дуввуми он ба чоп расида буд ва ман дар он замон ба синни даҳ ва ё ёздаҳсолагӣ расида будам. Хоҳони харидани он шудам, аммо буҷҷаи молиям заиф буд ва тавони пардохти қи­мати онро надоштам. Албатта афроди навҷавон ва камсинну сол, махсусан дар он замоне, ки ман дар борааш баҳс мекунам, чандон таваҷҷӯҳе ба масоили молию иқтисодӣ надоштанд ва дар баробари он тавозӯу фурӯтанӣ аз худ нишон медоданд, балки бештар дар ғароизу авотиф нисбат ба якдигар ба рақо­бат мепардохтанд ва дунболи онҳо меафтоданд.





Ниҳоятан, рӯзе номарасон ба деҳаи хурди мо омад ва ин китобро дар миёни номаҳо оварда буд ва онро мефурӯхт, ам­мо ман пул надоштам, ки онро бихарам. Модарам низ бо ву­ҷуди ин ки бисёр ҳарису алоқаманд буд, ки фарзанди ятими худро розиву хушнуд созад, аммо ӯҳам дар он ҳолат бар аса­ри бепулӣ тавоноии харидани онро надошт ва маъзарат хост.





Дар ин ҳол, ман аз ҳар ҷиҳат умедамро кандам ва ҳеҷ кӯ­маку василаеро барои дастёбӣ ба ин амри муҳим (яъне хари­дани он китоби мавриди алоқаам) наёфтам, ҷуз он василае, ки Ибни Абиваққос дар даврони кӯдакӣ ва навҷавонияш дар за­мони Расули Худо (с) ба он васила ҷуст, то ин ки дар ҷанг бо куффор ширкат кунад ва ин васила низ мавриди қабули он ҳаз­рат (с) қарор гирифт. Дар натиҷа, ба ӯ иҷозат доданд, ки дар ҷанги Бадр ширкат кунад. Оре, ин васила ҳамон гириста­ну ашк рехтани пок ва аз рӯи ихлос буд, ки ин амр пайваста дар пешгоҳи Худованд мақоме дорад ва назди бандагони холи­су некӯкораш низ дорои манзалату таъсири хоссе мебошад.





Саранҷом, ин васила (яъне гиря кардан ва ашк рехтани холисона) дар ҳаққи ман ҳам кор дод, ба гунае ки қалби мода­ри меҳрубонамро нарм кард ва бо тамоми вуҷуд барои хари­дани он китоб ба талошу такопӯ афтод, то ин ки баҳои онро фароҳам намуда, харид.





Баъд аз ин ки модарам бароям китобро харид, шурӯъ ба хондани он намудам. Ибтидои ин китоб қалбамро такон ме­дод ва онро ба ҳаракату ҷунбиш меовард, на ҳаракати хашин ва дардисарзо, балки ҳаракати нарму шафқатангезе, ки қал­бам нисбат ба он ба ҳаяҷону шодмонӣ меафтод. Ҳамон тавре ки шохаҳои тару тозаи дарахтон дар асари насими хунук ба ҳаракат дармеоянд ва ин ҳамон фарқу ваҷҳи бартарияте аст байни китобҳое, ки дар бораи зиндагии қаҳрамонону фотеҳо­ни майдонҳои ҷангу мубориза таълиф шудаанд ва дар қалби инсон асаре гузорида, онро таҳти фишор қарор медиҳанд. Ҳамчунин нисбат ба китобҳое, ки дар бораи сирати Расули Худо (р) таълиф шудаву бар нафсу замири инсон асар меку­нанд ва онро ба ҳаракату шодмонӣ дармеоваранд, бартарии хоссе дошт.





Оре, дар вақти хондани китоб бо худ ба гуфтугӯ пардох­там, нафсу рӯҳам онро китоби бомӯҳтавои гуворо ва хушо­янд меёфт, гӯё нафсам аз он ваъдаҳое гирифта, бо ҳам пай­моне бастаанд. Бинобар ин, дар аснои хонданаш эҳсоси лазза­ти аҷибу ғарибе мекардам, лаззате, ки бо ҳамаи лаззатҳое, ки дар даврони кӯдакиву навҷавониям дарк кардаам, тафовут дорад. Пайваста эҳсосро тезу бурро, идрокро қавию нерӯманд месозад. Ба таври хулоса бояд гуфт, лаззате, ки аз ин китоб ба даст меояд, на ба монанди лаззати ғизои дилхоҳе аст, ки ҳангоми гуруснагии шадид ҳосил мешавад ва на ба монанди лаззати таътиливу фароғатии баъд аз дарс хондани зиёду машғулияти бисёр сахту хастакунанда, ҳамчунин на ба мо­нанди лаззати пӯшидани либоси тоза аст дар рӯзи ид ва на мисли лаззат бурдан аз бозии мавриди ишқу алоқа ва билохира на лаззате аст ба монанди лаззати интизор кашидан баъд муваффақ шудан дар дуриву ҷудоӣ ва на ба монанди лаззати дидори дӯсти қадиме ва ё зиёрати шахси кариму бузургвор. Ба таври куллӣ бо ҳеҷ як аз ин лаззатҳо монандӣ надорад, балки он лаззате аст, ки маззаи онро дарк мекунам, аммо қо­дир ба таърифу тавсифи он нестам. Ба ростӣ, иқрору эъти­роф мекунам, ки ман то кунун ба таври дақиқ ва ба сурати ҷомеъ қодир ба таърифу тавсифи он набудаву нестам ва на­метавонам онро дар қолаби калимаҳову ҷумлаҳо таъбиру баён кунам. Танҳо чизе, ки метавонам бигӯям ин аст, ки: «Дар ҳақиқат он лаззати рӯҳ аст». Пас, бо ин васф оё кӯда­кон олами рӯъё ва тасаввуротро надоранд ва аслан дарки лаз­зати рӯҳиро намекунанд? Ҳаргиз ин тавр нест, балки онон дорои рӯҳи шаффофтару идроки дурусттаранд, агарчи аз таъбиру баёни он оҷизу нотавонанд.





Дар ин китоби шигифтангезу нишотовар достони фарде аз афроди Қурайшро мехондам, дар ҳоле ки Ислом меовард аз тарафи ақвоми худ анвоъи озорҳову бадгӯиҳо бар сари ӯ рех­та мешуд, аммо ӯ тамоми онҳоро бо сабру пойдорӣ ва дар ни­ҳояти эҳсоси лаззату сурур таҳаммул мекард. Ва ман ҳис мекардам, ки дар он ҳол лаззате ҳаст, ки бисёре аз сарват­мандону афроди қудратманд онро дарк намекунанд, зеро та­биист, ки бисёре аз мардум вақте худро дар зиндагӣ хушбахт медонанд, ки дар роҳи ҳаққу ҳақиқат мавриди зарбу лат во­қеъ мешаванд ва ба хотири ибрози ақидаи пок ва таблиғ дар роҳи он гирифтори ситаму иҳонат қарор гиранд. Ва шакке нест, ки дар ин ҳангом лаззати қудрату пирӯзӣ наметавонад бо он баробарӣ кунад ва ман дар чунин ҳолате бо худ ме­гуф­там: «Эй кош, ман низ дар тӯли умрам, агарчи як бор ҳам бо­шад, ба ин гуна лаззату каромате ноил мешудам ва таъми онро мечашидам…»





Ба дунболи достони боло достони ҳиҷрати Паёмбари ак­рам (с)-ро хондам, достоне, ки фикр намекунам дар тӯли ум­рам достони муассиртару аз назари тасвир зеботар аз онро хонда бошам, ки муаллифи мӯҳтарам онро дар ниҳояти садо­қат ва вусъат ин гуна бозгӯ мекунад: «Паёмбари акрам (с) вориди Мадина мешаванд, қалбҳо ба Ӯ мепайванданд ва чашм­ҳо ба Вай дӯхта мешаванд ва мардум гурӯҳ-гурӯҳ, қабила-қабила ба пешвозаш меоянд ва ҳар кадом бо садоқату ихлоси комил мегӯянд: Эй Расули Худо (с)! Хуш омадед! Биёед ба сӯи мо, биёед ба сӯи ҷамъияту нерӯи мо! Расули Худо (с) мефар­муданд: «Иттиҳод ва нерӯи худро, ки як маъмури илоҳӣ аст, дар роҳи ғолиб гардондани Ислом ба кор гиред». Сипас, Расу­ли Худо (с) дар ҷое ки имрӯза масҷиди ӯ мебошад, истоданд ва атрофи худро нигариста, хостанд худ ва ёронашон дар он маҳал шабро гузаронанд. Аммо Ансор розӣ нашуданд ба ин ки дар он маҳал бимонанд, балки ононро ба хонаҳои худ даъ­ват карданд ва аз эшон пазироӣ намуданд. Худованд ин шара­фу кароматро, ки ҳеҷ шарофату каромате болотару воло­тар аз он нест, насиби Абуаюби Ансорӣ намуд, ки Расули акрам (с)-ро ба манзили худ бурд ва бо ихлоси комил аз ӯ пазироӣ ба амал овард. Вақте ин моҷароро ба диққат хондам, фикру зеҳ­нам мутаваҷҷеҳи ҳаракати шутуре шуд, ки Расули Худо (с) ҳангоми вуруд ба Мадина савори он буданд, гӯё шахсан шоҳи­ду нозири тамоми ин ҷараёнам ва бо чашми худ онро ме­бинам.





Ҳамчунин дар рафти мутолиаи китоб дарёфтам, ки под­шоҳон, фотеҳони ҷангҳо, сарон, бузургони тоифаҳо ва сар­ватмандони қавм, дар ҳоле ки проканда шуда буданд, чӣ гуна вориди Ислом мешуданд ва ба мусалмонон мепайвастанд. Ва тамоми он чи аз муҳаббат ва ихлоси фарде нисбат ба фарди дигаре ва соири ҳаводис ва рӯйдодҳоеро, ки дарк кардаам, манзара ва осори онҳо комилан дар зеҳну ҳофизаам муҷасса­му мусаввар шудааст».





Ба дунболи мутолиаи воқеаҳои боло достони ҷанги Уҳуд­ро хондам ва дар ҳақиқат метавон гуфт: «Таърих ҳеҷ гоҳ дар вафо ва ихлос, дар қаҳрамониву ҷонфидоӣ, дар имону яқин ва дар хулқу хӯи шарофатмандона воқеае азимтар, шигифт­ангезтар ва зеботар аз онро надидааст. Зеро ба ростӣ, вақте ин гуфтаи яке аз афроди душманро хондам, ки бо садои ба­ланд гуфт: «Муҳаммад кушта шуд», баданам ба ларза аф­тод, ҳамчунин ҳангоме, ки он саҳнаи захмӣ шудани он ҳазрат (с) ва паҳн шудани хабари кушта шудани Ӯро дар миёни са­ҳоба хондам, ба сахтӣ такон хӯрдам, махсусан он ҷо, ки Анас ибни Назр баъд аз паҳншавии ин хабар дид, ки бақияи мусалмонон бо ҳолати маъюсӣ нишастаанд, дар ин асно бо садои баланд гуфт: «Баъд аз Муҳаммад (с) мехоҳед бо ҳаё­ту зиндагии худ чӣ кор кунед? Пас шумо низ бикӯшед бар ҳа­мон ақида ва масире, ки Муҳаммад (с) фавт кард, ба ҳаёту зиндагии худ хотима диҳед (ва биҷангед то бимиред)».





Ва боз матлаби дигаре, ки бисёр маро таҳти таъсир қа­рор дод, гуфтаи фарди дигаре буд, ки мегуфт: «Бӯи биҳишт аз ҷониби Уҳуд ба машомам мерасад».





Матлаби муҳими дигари ҷанги Уҳуд ин буд: Вақте ки Ра­сули Худо (с) бо ҳолати захмӣ шудан дар нисбатан пасти майдони ҷанг қарор дошт, иддае аз саҳоба, аз ҷумла Алӣ ибни Абутолиб, Умар ибни Хаттоб, Анас ибни Назр ва Абудуҷона (р) бо рашодат ва фидокорӣ шигифтангезе маъмури ҳифоза­ти Муҳаммад (с) гардиданд ва бидуни лаҳзае таваққуф дар муқобили душман шамшер мезаданд ва ҳаргиз аз захмҳое, ки бар бадани онҳо ворид мешуд, наменолиданд ва ҳангоме, ки Абудуҷона дасташ аз шамшер задан аз кор афтод, дар рӯба­рӯи Паёмбари Ислом (с) истод, то ин ки сипари ҷони ӯ ша­вад. Саранҷом, бар асари захмҳои зиёд бар замин афтод ва пас аз чанд дақиқа ҷон ба ҷонофарин супурд ва баъд аз ӯ Анас ибни Назр низ ба шаҳодат расид…»





Оре, ҳамин тавр матолиби бисёр такондиҳандаи дигаре­ро аз ин китоб хондам, ки бар асари он гоҳе ҳузну андӯҳ бар ман ғолиб мешуд ва гиря мекардам ва замоне низ хушҳолӣ ба ман даст медод ва ба шодиву сурур мепардохтам…[27]





7. Кӯдакон ва навҷавонони саҳоба авсофи





Расули Худо (с)-ро ба хотир нигоҳ медоштанд





Абуҷуҳайфа яке аз саҳобаи ҷавон буд. Вақте ки Паёмба­ри Худо (с) аз олам даргузаштанд, ӯҳанӯз ба синни булуғ нарасида ва ҳамсинну соли Ибни Аббос буд. Як нафар аз тобеин бо номи Солеҳ ибни Масъуд мегӯяд: «Ба Абуҷуҳай­фа гуфтам: «Дар бораи авсофи Расули Худо (с) чӣ медонӣ, бароям таъриф кун!» Абуҷуҳайфа гуфт: «Паёмбари Худо (с) марде буданд дорои чеҳраи сафеду нуронӣ ва мӯи чеҳраи мубо­ракашон сиёҳу сафед буд».[28]





Боз ҳамин Абуҷуҳайфа дар таърифу тавсифи Расули Ху­до (с) мегӯяд: «Ман Паёмбари Худо (с)-ро дидам, мӯи мобай­ни лаби зерин ва манаҳашон сиёҳу сафед буд». Як нафар ба ӯ гуфт: «Ту дар он ҳолат чандсола ва дар синну соли кӣ будӣ?» Абуҷуҳайфа дар ҷавоб гуфт: «Ман дар он вақт ба синни бу­луғ нарасида будам ва метавонистам пари тир бисозам».[29]





Қозӣ Абулфазл Аёз бо санаде, ки ба Ҳасан ибни Алӣ (р) мерасад, ривоят намуда, ки Ҳинд ибни Ҳола дар васфи Пай­ғамбари акрам (с) гуфтааст: «Расули Худо (с) шахси бузург­вор ва воломақом буданд. Рухсораашон ба монанди моҳи шаби чаҳордаҳ медурахшид. Қомати мӯътадил доштанду мӯи са­рашон на росту овезон буд ва на ҷингила. Вақте баланд ме­шуд, аз нармии ду гӯшашон зиёдатӣ намекард ва рангаш са­фед ва моил ба сурхӣ буд. Дорои пешонии васеъ ва абрӯи борик буданд. Бинияшон барҷаста буд ва шаклу симои нуронӣ дош­танд. Риши ғафс, чеҳраи паҳн ва даҳону дандони зебои сафе­ди каме кушод доштанд. Мӯи синаашон то рӯи шикам нарму каммӯй буд ва гардани зебои сафеду дурахшон доштанд. До­рои хулқу хӯи нек ва бадани мӯътадил, на фарбеҳу на лоғар буданд. Дорои қомати на кӯтоҳу на баланд, дар айни ҳол бис­ёр нерӯманд буданд. Шикаму синаашон баробар ва дар як сатҳ буданд, синаи паҳну ду китфи паҳновар ва устухони маҳкам доштанд. Бисёр боғайрат, ботадбир ва дурандеш бу­данд. Пӯсти баданашон нуронӣ ва дорои як хати мӯи сиёҳ ка­шида то болои ноф буданд. Атрофи пистонашон холӣ аз мӯй буданд, рӯи банди ду дасту китфашон мӯй дошту синаашон барҷаста буд. Кафи ду дасту пояшон нарм ва дорои камари борик буданд. Бовиқор ва бо қадамҳои муносибу устувор, би­дуни кибру такаббурӣ роҳ мерафтанд. Ҳар гоҳ нигоҳ мекар­данд, ба тамоми атрофиёнашон менигаристанд. Ҳангоми роҳ рафтан бештар пеши пои худро нигоҳ мекарданд. Бисёр ба­ландназар буданду дар салом кардан пешқадам мешуданд…»





Илова бар ин, Ҳинд ибни Ҳола дар таърифу тавсифи гуфтору кирдори Расули Худо (с) мегӯяд: «Ғолибан бо ҳузну андӯҳ ҳамроҳ буда, бештар дар фикру андеша фурӯ мераф­танд. Камтар эҳсоси роҳатӣ мекарданд. Бидуни ниёзу ҷуз ба вақти зарурат сухан намегуфтанд ва бештар сокит мемон­данд. Сухан гуфтанро фасеҳу балиғ ва бидуни тарсу воҳима шурӯъ мекарданду бо сароҳати баён ба итмом мерасониданд. Барои баёни ҳаққу ҳақиқат калимаҳову ҷумлаҳои кӯтоҳ ва пурмаъно ба кор мебурданд. Аз изофагӯӣ иҷтиноб мекарданд. Ҳар гоҳ барои исботи ҳақ бо хилофе мувоҷеҳ мешуданд, му­салламан на барои пирӯзии он хашмгин мешуданд ва на ба хо­тири масоили шахсӣ. Вақте ки ба матлабе, ё чизе ишора ме­карданд, бо тамоми кафи даст ба он ишора мекарданд ва замоне, ки аз чизе тааҷҷуб мекарданд, бо ангушти бузурги дасти рост бар панҷаи дасти чап мезаданд. Вақте дар баро­бари коре асабонӣ мешуданд, рӯй аз он бармегардонданд ва аз анҷом доданаш парҳез мекарданд. Вақте ки хушҳол мешу­данд, чашмонашонро фурӯ меоварданд ва табассуму лабханди зебое мекарданд…»[30]





 



Recent Posts

Роҳ бидуни бозгашт М ...

Роҳ бидуни бозгашт Марг