Articles

 





Аз инҷост, ки ҳар гуна муноқиша ва гуфтугӯ дар ин маврид ва ҳар сухане доир бар инки қиёмат дар фалон сол ба вуқуъ мепайвандад, навъе дурӯғпардозӣ бар Худованди муттаол аст ва касоне, ки дар ин замина ба назарияпардозӣ ва мубоҳиса мепардозанд, дар воқеъ бо манҳаҷи қуръонӣ ва равиши набавӣ, ки мардумро ба тарки ингуна матолиб ҳидоят мекунанд мухолифат меварзанд ва Худо ва Паёмбар бо имон ва амали солеҳ инсонро барои омодагӣ ба чунин рӯзе фақат даъват мекунанду бас.





Онҳое, ки дар ин маврид суханпардозӣ мекунанд ба ин гумонанд, ки аз ончи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва Ҷибраил (а) надонистаанд, тавони дарк карданашро доранд. Онҳое, ки дорои қалби салим ҳастанд ва суханони Парвардигорро гӯш мекунанд, бояд аз ин сухан ибрат бигиранд ва аз сухан гуфтан дар мавриди таъйини замони вуқуъи қиёмат худдорӣ бикунанд. Мо ҳам ҳамчун насиҳат ва аз рӯи хайрхоҳӣ ба онҳо мегуем:





Бояд ба андозаи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва асҳоби киром ва бузургони дин дар ин маврид баҳс ва гуфтугӯ кунем, агар дар шинохтани замони вуқуъи қиёмат нафъ ва суде барои башар мебуд ҳатман Худованд башарро аз он огоҳ месохт. Аммо Худованд ин илмро ба хотири маслиҳате, ки дар назар дорад аз башар пинҳон кардааст.





Дар ин маврид бояд ба пешиниён иқтидо карда аз вазъияту рафтори онҳо ибрат бигиранд. Бархе аз гузаштагон дар ин замина баҳс намудаанд ва барои вуқуъи қиёмат муддат ё аломати қарибулвуқуъеро гуфтаанд, аммо замони таъйинкардаашон фаро расида ҳеҷ ҳодисае ба вуқуъ наёмадааст. Аз ҷумлаи ин гуна ашхос Аллома Табарӣ аст, Худованд ӯро биёмурзад. Алома Табарӣ аз баъзе нусус чунин бардошт намудааст, ки дунё баъд аз панҷсад сол аз биъсати набавӣ поён хоҳад ёфт. (Муқаддимаи Ибни Халдун, саҳ: 59) Аммо бо гузашти наздик ба ҳазор сол аз замонгузорияш ҳеҷ хабаре аз вуқуъи он нест.





Аз ҷумлаи дигари чунин ашхосе Аллома Суютӣ аст (Худованд ӯро низ биёмӯрзад). Ӯ дар яке аз таълифоташ ба номи “Кашф” мегӯяд: Қиёмат дар оғози қарни панҷуми баъд аз ҳазораи аввали аз биъсат барпо мешавад, инак пас аз гузашти вақти мушахаскардаи ӯ хабаре аз вуқуъи он нест ва ҳатто бештаре аз нишонаҳои он низ ба вуқуъ напайвастаанд. (Лавомиъ анворул баҳия: 2\66)





Суҳайлӣ ҳарфҳои муқаттаъаи аввали сураҳои қуръониро гирифта мукаррароти (такрории) онҳоро ҳазф намуда бар асоси ҳисоби абҷад вақтеро аз чандсад сол пеш нисбат ба вуқуъи қиёмат мушаххас кардааст. (Муқаддимаи Ибни Халдун: 591)





Чанде аз мардумон дар ин маврид бидуни ҳеҷ далиле назарпардозӣ намуда ба бероҳа рафтаанд. Ҳама дидгоҳҳо ҳадс ва гумон ва дур аз ҳақиқатанд. Охирин иттилое, ки дар ин бора дорам аз ин қарор аст, ки шахсе ба номи Доктор Баҳоӣ бо истифода аз омор ва арқоми риёзӣ баргирифта аз ҳуруфи муқаттаъот дар оғози сураҳо, мегӯяд:





Вуқуъи қиёмат дар соли 1710 (и ҳиҷрӣ) аст. Аммо барои беасос будани ин назария бояд бигӯям, ки хато ва иштибоҳи ин гуна ҳисоб ва вақтгузориҳо собит шудааст. Ҳамаи онҳо ба ҳамин равиш рафтаанд ва ихтилофашон фақат дар баёни аломот ва муддати таъйиншуда аст. Бинобар ин ҳар ҳисобе бар ҳамон меъёри иштибоҳ бошад дар ниҳоят рӯи об хоҳад шуд.





Аллома Шайхул Ислом ибни Таймия касонеро, ки дар бораи замони вуқуъи қиёмат изҳори назар кардаанд, мавриди интиқод қарор дода мегӯяд: Ҳама касоне, ки дар мавриди замони вуқуъи қиёмат сухан гуфтаанд монанди касе, ки китобе ба номи “Аддурул муназзам фӣ маърифатил аъзам” нигоштааст ва бо баёни даҳ далел ба замони диқиқи барпо шудани қиёмат ишора намудааст, ё касоне, ки бар асоси ҳуруфи муқаттаъот ва ҳисоби абҷад сухан гуфтаанд ё касе, ки дар бораи “Анқои мағриб”[1] сухан бар лаб овардааст, ҳамаи инҳо ва амсолашон ҳарчанд, ки назди пайравонашон арзиш ва эътиборе доранд, аммо ағлаби[2] онҳо дуруғгӯ ва дур аз ростӣ ҳастанд ва ба далоили мутааддиде барои онҳо собит шудааст, ки онҳо бидуни илм сухан гуфта ва мегӯянд, ҳарчанд муддаии кашф ва шинохти асрор ва румуз будаанд. Худованд мефармояд:





﴿قُلۡ إِنَّمَا حَرَّمَ رَبِّيَ ٱلۡفَوَٰحِشَ مَا ظَهَرَ مِنۡهَا وَمَا بَطَنَ وَٱلۡإِثۡمَ وَٱلۡبَغۡيَ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَأَن تُشۡرِكُواْ بِٱللَّهِ مَا لَمۡ يُنَزِّلۡ بِهِۦ سُلۡطَٰنٗا وَأَن تَقُولُواْ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ ٣٣﴾ [الاعراف: ٣٣]





“Бигӯ: Худованд ҳаром кардааст корҳои нобаҳинҷор (чун зино)-ро, хоҳ он чизе, ки ошкоро анҷом пазирад ва зоҳир гардад ва хоҳ он чизе, ки пӯшида анҷом гирад ва пинҳон монад ва ҳар (навъ) базаҳкориро ва ситамгарӣ (бар мардум) ро, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дуруст нест ва инки чизеро шарики Худо кунед бидуни далел ва бурҳоне, ки аз сӯи Худо мабнӣ бар ҳақонияти он хабар дар даст бошад ва инки ба дурӯғ аз забони Худо чизеро (дар бораи таҳлил ва таҳрим ва ғайра) баён доред, ки (сиҳат ва сақми онро) намедонед.“ (Сураи Аъроф ояти 33)





Иддиои донистани замони вуқуи қиёмат худ иддиои бидуни илм аст. (Маҷмуи фатово, Шайхул ислом, 4\342)





Мабҳаси шашум: Ишколоте пиромуни таъйини замони вуқуъи қиёмат





Дар мабоҳиси гузашта ба равшанӣ собит намудем, ки замони барпо шудани қиёмат пинҳон аст ва ғайр аз Худованд касе дигар онро намедонад. Аммо вуҷуди ривоёте дар матнҳои динӣ, ки ба гумони баъзеҳо замони вуқуъи қиёматро баён мекунанд, масъаларо бо ишколоте мувоҷеҳ сохтааст. Баъзе аз ин аҳодис ба далели саҳеҳ набудан шоёни таваҷҷуҳ нестанд ва тавони муқобила бо нусуси сареҳ ва саҳеҳро надоранд ва бархе дигар аз ривоёт ҳар чанд саҳеҳ ҳастанд, вале дар исботи замони вуқуъи қиёмат сареҳ ва равшан нестанд.





Яке аз аҳодиси ботилу дурӯғ ва мухолиф бо насси сареҳи Қуръон, бинобар гуфтаи Аллома ибни Қайим ҳадисе аст, ки дар он чунин омадааст: Миқдори умри дунё ҳафт ҳазор сол аст ва мо дар ҳазораи ҳафтуми он қарор дорем.





Шайх ибни Қайим мегӯяд: Ин ривояти дурӯғе аст ошкор, чун бино бар ин ривоят аз умри замин то ин лаҳза (яъне дар замоне, ки Имом ибни Қайим ин китобашро менавист) саду панҷоҳ ва як сол боқӣ мондааст. (Алманон алмуниф, ибни Қайим, саҳ: 80) Вале Қуръон мефармояд:





﴿يَسۡ‍َٔلُونَكَ عَنِ ٱلسَّاعَةِ أَيَّانَ مُرۡسَىٰهَاۖ قُلۡ إِنَّمَا عِلۡمُهَا عِندَ رَبِّيۖ لَا يُجَلِّيهَا لِوَقۡتِهَآ إِلَّا هُوَۚ ثَقُلَتۡ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ لَا تَأۡتِيكُمۡ إِلَّا بَغۡتَةٗۗ يَسۡ‍َٔلُونَكَ كَأَنَّكَ حَفِيٌّ عَنۡهَاۖ قُلۡ إِنَّمَا عِلۡمُهَا عِندَ ٱللَّهِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ١٨٧﴾ [الاعراف: ١٨٧]





“Роҷеъ ба қиёмат аз ту мепурсанд ва мегӯянд: дар чи замоне (дунё ба поён мерасад ва) қиёмат рух медиҳад? Бигӯ: танҳо Парвардигорам аз он огоҳ аст ва касе ҷуз ӯ наметавонад дар вақти худ онро падидор созад (ва аз поёни ин ҷаҳон ва сароғози он ҷаҳон мардумонро огоҳ бисозад. Иттилоъ аз ҳангомаи қиёмат) барои (сокинони) осмонҳо ва замин сангин ва душвор аст (ва ҳаргиз дониши эшон ба он намерасад). Қиёмат ногаҳонӣ ба вуқуъ мепайвандад ва бар саратон метозад. Аз ту мепурсанд: ту аз шуруъи қиёмат бохабарӣ? Бигӯ: иттилоъ аз он, хоси Яздон аст, лекин бештари мардумон (ин масъала ва фалсафаи онро чунон, ки бояд) намедонанд.“ (Сураи Аъроф ояти 187)





Аз ҷумлаи шавоҳиде, ки далолат бар дурӯғ будани ин ҳадисро дорад, ин аст, ки ҳазораи ҳафтум чорсад сол қабл сипарӣ шуда аммо ҳануз бештаре аз аломатҳои қиёмат таҳаққуқ наёфтаанд.





Аз ҷумлаи аҳодиси саҳиҳе, ки бар таъйини замони қиёмат далолат намекунад, вале аз он суи истифода шудааст, ҳадисе аст, ки Имом Муслим онро аз ҳазрати Ҷобир ибни Абдуллоҳ нақл кардааст. Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) мегӯяд: Як моҳ пеш аз реҳлати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз ӯ шунидам, ки фармуд:





(تَسْأَلُونِي عَنْ السَّاعَةِ وَإِنَّمَا عِلْمُهَا عِنْدَ اللَّهِ وَأُقْسِمُ بِاللَّهِ مَا عَلَى الْأَرْضِ مِنْ نَفْسٍ مَنْفُوسَةٍ تَأْتِي عَلَيْهَا مِائَةُ سَنَةٍ)





“Дар бораи қиёмат савол мекунанд, бегумон вақти дақиқи он назди Худованд аст, савганд ёд мекунам, ки ҳеҷ инсони мутаваллидшуда ва зиндаи имрӯз то сад соли дигар боқӣ намемонад.” (Ҷомеул усул “10\987”, шумораи 7890)





Дар Саҳеҳайн аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзҳои охирони зиндагияш рӯзе барои мо имомат кард, пас аз барпо доштани намоз ва салом додан фармуд:





(أَرَأَيْتَكُمْ لَيْلَتَكُمْ هَذِهِ فَإِنَّ عَلَى رَأْسِ مِائَةِ سَنَةٍ مِنْهَا لَا يَبْقَى مِمَّنْ هُوَ عَلَى ظَهْرِ الْأَرْضِ أَحَدٌ)





“Оё ба шумо хабар надиҳам, касоне, ки имрӯз рӯи замин зинда ҳастанд то сад соли дигар ҳеҷ кадом зинда нахоҳад монд” (Ҷомеул усул “10\988”, шумораи 7891)





Бо тааммул ва тафаккур дар ин ду ҳадис мутаваҷҷеҳ мешавем, ки ҳадафи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз ин калимот хабар додан дар бораи вуқуъи қиёмат набудааст, балки манзур расидан ба поёни қарни мазкур будааст. Яъне ҳар кас дар замони гуфтани ҳамон сухан зинда буд то сад соли дигар хеҷ яке аз онҳо дигар зинда нахоҳад монд.





Ҳазрати ибни Умар мафҳуми саҳеҳи ин ҳадисро хуб дарк карда буд ва замоне, ки мардум дар бораи ин ҳадис дидгоҳҳои мухталифе доштанд, ононро низ ба маъно ва мафҳуми саҳеҳи ин ҳадис роҳнамоӣ намудааст. Дар Сунани Тирмизӣ ва Сунани Абудовуд омадааст: Вақте мардум дар бораи ҳадиси мазкур дучори иштибоҳ ва ғалат шуданд ва аз он чунин истинбот карданд, ки аз умри замин танҳо сад сол боқӣ мондааст, фармуд: манзури Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин буд, ки мардуми ин қарн то сад соли дигар ҳамагӣ нобуд мешаванд. (Ҷомеул усул “10\988” шумораи 7891)





Дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шудааст, ки вақте арабҳои бодиянишин назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) меомаданд ва дар бораи вуқуъи қиёмат савол мекарданд ва мегуфтанд: Қиёмат кай барпо мешавад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ҷавонтарин фарди он гурӯҳ нигоҳ карда мегуфт:





(إِنْ يَعِشْ هَذَا الْغُلَامُ فَعَسَى أَنْ لَا يُدْرِكَهُ الْهَرَمُ حَتَّى تَقُومَ السَّاعَةُ)





“Агар ин ҷавон зинда бимонад, қабл аз расидан ба синни пирӣ қиёмат барпо мешавад” Ҳишом мегӯяд: Яъне маргашон (Ҷомеул усул, 10\389, шумораи 7892)





Дар Саҳеҳи Муслим аз ҳазрати Анас (р) ривоят шудааст, ки шахсе аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид: Қиёмат кай барпо мешавад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) андаке сукут кард, сипас ба сӯи писаре аз қабилаи Аздашнавъа, ки дар маҳзари Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) буд, нигоҳ кард ва фармуд:





(إِنْ عُمِّرَ هَذَا لَمْ يُدْرِكْهُ الْهَرَمُ حَتَّى تَقُومَ السَّاعَةُ قَالَ قَالَ أَنَسٌ ذَاكَ الْغُلَامُ مِنْ أَتْرَابِي يَوْمَئِذٍ)





“Агар ин ҷавон зинда бимонад, қабл аз расидан ба синни пирӣ қиёмат барпо мешавад. Ҳазрати Анас (р) мегӯяд: Он писар бо ман ҳамсол буд” (Ҷомеул усул, 10\389, шумораи 7892)





Манзури Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз ин ду ҳадиси мазкур, қиёмати мухотабон аст на қиёмати куллӣ, ки ҳамаи ҷаҳонро фаро мегирад, ҳамон гуна, ки Ҳишом (ровии ҳадиси аввал) онро тафсир карда ва ҳадафи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро марги мухотабин талақӣ намудааст, чун қиёмати ҳар инсон бо марги ӯ оғоз мешавад. Ингуна посух додани Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) посухи тавъам бо ҳикмат аст, чун Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин мавоқеъ мухотабонро ба омода шудан барои қиёмат роҳнамоӣ мекард ва ҳушдор медод, ки қиёмат наздик аст.





Мабҳаси ҳафтум: Таърифи ашрот ва нишонаҳои қиёмат





Вақте Худованд замони барпо шудани қиёматро аз бандагонаш пинҳон кардааст, тавассути нишона ва аломатҳое, ки далолат ба наздик будани қиёмат ҳастанд, ба бандагон ҳушдор медиҳад.





Қуръони карим нишонаҳои қиёматро ба “Ашроти соат” ёд намудааст:





﴿فَهَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّا ٱلسَّاعَةَ أَن تَأۡتِيَهُم بَغۡتَةٗۖ فَقَدۡ جَآءَ أَشۡرَاطُهَاۚ فَأَنَّىٰ لَهُمۡ إِذَا جَآءَتۡهُمۡ ذِكۡرَىٰهُمۡ ١٨﴾ [محمد : ١٨]





“Ангор (кофирон ва мунофиқон то қиёмат фаро нарасад имон намеоранд ва барои имон овардани худ) қиёматро чашм медоранд, ки ногаҳон барпо мешавад? ҳамакнун нишона ва аломатҳои он зоҳир шудааст (ки аз ҷумлаи онҳо биъсати хотамул анбиё аст). Аммо вақте, ки қиёмат фаро расид, дигар бовар доштан ва андарз гирифтан чи суде ба ҳолашон дорад?” (Сураи Муҳаммад ояти 18)





Шарт ба маънои аломат ва ашроти қиёмат ба маънои аломатҳои (нишонаҳои) қиёмат аст. Ибни Ҳаҷар дар китоби “Фатҳул борӣ” мегӯяд: Манзур аз ашрот нишонаҳое ҳастанд, ки вуқуъи қиёматро ба дунбол доранд.





Бархе аз уламо “Ашрот” ро ба оёт таъбир кардаанд ва “Оёт” ба маънои нишонаҳое, ки бар чизе далолат дошта бошанд, аст. Монанди тоблуҳое, ки дар соҳили дарёҳо насб мешаванд то киштиҳои дохил дар амвоҷро ҳидоят кунанд, ё тоблуҳои насбшуда ба рӯи роҳҳои наздик ба ободӣ ва шаҳрҳо то мусофиронро ба вуҷуди ободӣ ва минтақаи аҳолинишин роҳнамоӣ намоянд.





Тайибӣ мегӯяд: Оёт, нишонаҳое ҳастанд, ки ё ба наздик шудани қиёмат далолат мекунанд ва ё ба воқеъ шуданаш. Нишонаҳое, ки далолат ба наздик шудан доранд, монанди: Даҷҷол, нузули ҳазрати Исо ва Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ ва навъи дуюм: монанди: Духон, (дуд) тулуи офтоб аз мағриб, берун омадан ё зоҳир шудани Доббатуларз ва оташ, ки мардумро дар як ҷо ҷамъ мекунад. (Фатҳул борӣ, 11\352)





Мабҳаси ҳаштум: Фоидаи гуфтугӯ дар бораи ашрот ва умури ғайбии марбут ба оянда





Шояд ба зеҳни баъзеҳо хутур кунад, ки баҳс ва гуфтугӯ дар ин замина (ашрот ва муғайаботи оянда) нафъе надорад, беҳтар ин аст, ки ба ҷои пардохтан ба ин масоили назарие, ки дар оянда буруз хоҳанд кард, ба ҳалли мушкилот ва масоили мубҳаме, ки мусалмонон дар ҳоли ҳозир бо он мувоҷеҳ ҳастанд, пардохта шавад. Мумкин аст соҳибони ин андеша чунин бигӯянд:





Шумо аз воқеиятҳое, ки дар он зиндагӣ мекунед, ба сӯи ҷаҳони дигар, ки эҳтимоли зистан дар онро дар сар мепарваронед, фирор мекунед ва ин дар воқеъ гурез аз мувоҷеҳ шудан бо ҳақоиқ ва воқеиятҳо аст. Мо ҳам дар ҷавоб ба онҳо мегуем: мо дар суҳбат кардан ва накардан перомуни муғайаботи оянда мухтор нестем.





Иттилоъ пайдо кардан дар бораи ин ғайбҳо ва бовар кардан ба онҳо аз ҷумлаи пояҳои динӣ ва эътиқодии мо ҳастанд, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) онро барои уммат овардааст ва Қуръон ҳам ба бархе аз онҳо нотиқ аст ва саҳоба ҳама онҳоро фаро гирифта ва худро ба онҳо машғул сохтаанд ва ба онҳо таваҷҷуҳ намудаанд ва имон овардан ба нодиданиҳо нахустин вижагӣ ва хислате аст, ки Худованд муттақин ва роҳёфтагонро ба он сутудааст ва мефармояд:





﴿الٓمٓ ١ ذَٰلِكَ ٱلۡكِتَٰبُ لَا رَيۡبَۛ فِيهِۛ هُدٗى لِّلۡمُتَّقِينَ ٢ ٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡغَيۡبِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ ٣﴾ [البقرة: ١، ٣]





“Алиф Лом Мим. Ин китоб ҳеҷ гумоне дар он нест ва роҳнамои парҳезгорон аст. Он касоне, ки ба дунёи нодида бовар доранд ва намозро ба гунаи шоиста мехонанд ва аз ончи баҳраи онон сохтаем мебахшанд” (Сураи Бақара ояти 1-3)





Дуруст аст, ки бисёре аз мусалмонҳо худро ба он даста аз ахбори ғайб, ки ҳеҷгуна асосе аз Қуръон ва Суннат надоранд, машғул кардаанд ва ҳатто баъзе мансубин ба илм дар ин бора муртакиби иғроқ низ шудаанд. Локин пардохтан ба нусуси саҳеҳ аз ҷумлаи аркон ва усули дин аст, ки Худованди доно ва огоҳ онро нозил фармудааст.





Шоиста аст, ки он гурӯҳи аз мусалмонон ба баҳонаи интизори ҳаводисе, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи зуҳури он хабар дода аст, нишаста ва даст аз амал кашидаанд, мавриди маломат қарор гиранд, монанди касоне, ки дар интизори Маҳдӣ ҷиҳодро тарк кардаанд. Аммо ин кор иштибоҳ аст ва ниёзманди ислоҳ аст, роҳи чора ва хулоса тарк ва раҳо кардани нусуси саҳеҳ нест, чун гузаштагони мо бо вуҷуди имон ба муғайаботи ростин аз ҷиҳод даст барнадоштанд ва амалро тарк накардаанд.





Метавон афродеро, ки нусуси саҳеҳи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди қиёмат ва ғайбҳоро аз мафҳуми аслӣ мунҳариф кардаанд, мавриди маломат қарор дод, чун онҳо нусусро бар маоние ҳамл мекунанд, ки ҷоиз нест ва суханоне мегӯянд, ки бандагонро ба гумроҳӣ мекашонанд. Монанди касоне, ки дар тули таърих иддиои маҳдавиятро дар сар парваронидаанд, касе мункири ин иштибоҳот нест, аммо чора ислоҳи иштибоҳот аст на тарк ва раҳо намудани нусуси саҳеҳ, ҳақиқат бар ҳақонияти худаш боқӣ мемонад ва ботил ҳам то қиёми қиёмат дар либоси худ мондагор хоҳад буд.





Мо набояд ботилро ба қимати инкори ҳақ нафй кунем ва касоне, ки ба хотири пардохтан ба нусуси саҳеҳ моро мавриди интиқод қарор медиҳанд, таваҷҷуҳи ононро ба заҳамот ва фаолиятҳои барҷастае, ки уламо ва донишмандони муосир ба манзури кашф аз муғайаботи маҷҳул дар гузаштаи дур, муғайаботи маҷҳул дар ҳаводиси оянда ва муғайаботи маҷҳул дар фазои ҳозир анҷом дода ва медиҳанд, ҷалб мекунем. Инҷост, ки мебинем онон дар бораи осори гузаштагон, китобҳо ва санойиъи онон ба таҳқиқ мепардозанд ва ончиро, ки муддаиёни дурӯғини нубувват, коҳинон ва аррофон мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳанд, дар ҳоле, ки ҳамаи гуфтаҳои инҳо дурӯғ аст ва андак воқеияте дар онҳо дида намешавад.





Ҳатто барои донистани ончи, ки намедонанд, расадхонаҳои бузург ва моҳвораҳои маснуъӣ месозанд ва аз ин тариқ мехоҳанд фазоро тасхир кунанд. Вақте мебинем, ки башари имрӯзӣ чунин ҳолате дорад ҳамвора барои шинохтани ончи ки намешиносанд, гароиш ва алоқа нишон медиҳанд ва дар садади шиносоии гузашта ва оянда баромадаанд, оё иттилоъ пайдо кардан аз воқеиёт ва ҳақоиқе, ки имкони дурӯғ будани онҳо вуҷӯд надорад, беҳтар ва шоистатар нест?!





Бетардид маълумоте, ки дар ин хусус аз нусус мустафод мешавад, маълумоти арзандае ҳастанд, ки дар миқёси қиматҳо намегунҷад. Оре, башарият вақте ахбори саҳеҳи ваҳйро намепазирад дучори худбузургбинӣ мешавад ва ҳаргоҳ аз ин улуми покиза рӯй бармегардонанд бо хасоратҳои ҷуброннопазире мувоҷеҳ мешавад. Оре баъзеҳо мехоҳанд, ки мо аз пардохтан ба ин мавзуъ дар партави нусуси ваҳй даст бардорем ва ҳоло онки худи онон ба шиддат фирефта ва дилбохтаи ахбор ва матолибе ҳастанд, ки донишмандони ғарбӣ дар ин замина фароҳам намудаанд. Ҳарчанд, ки ин ахбор омехта бо дурӯғ ва суханони беасос ҳам бошанд.





Фавоиде, ки аз пардохтани ахбори марбут ба қиёмат ва муғайаботи оянда ба даст меоянд ба таври ихтисор метавон ба шарҳи зер ҷамъбандӣ намуд:





1- Имон овардан ба ин ахбор (агар сиҳати онҳо барои мо собит шавад) дар воқеъ имон овардан ба Худованди муттаол ва Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст, чун мумкин аст ба Худованд ва паёмбараш имон орем вале ахбори ононро бовар накунем.





﴿ذَٰلِكَ ٱلۡكِتَٰبُ لَا رَيۡبَۛ فِيهِۛ هُدٗى لِّلۡمُتَّقِينَ ٢ ٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡغَيۡبِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ ٣﴾ [البقرة: ٢، ٣]





“Ин китоб ҳеҷ гумоне дар он нест ва роҳнамои парҳезгорон аст. Он касоне, ки ба дунёи нодида бовар доранд ва намозро ба гунаи шоиста мехонанд ва аз ончи баҳраи онон сохтаем мебахшанд” (Сураи Бақара ояти 2-3)





2- Таҳаққуқи ин суханони ғайбӣ ба наҳве, ки дар ҳадис омадааст муҷиби тасбит ва тақвияти имон мегардад. Мусалмонон дар ҳар аср ва замон шоҳиди вуқуъи ҳаводисе ҳастанд, ки бо нусуси саҳеҳ мутобиқат дорад, масалан саҳоба шоҳиди пирӯзии румиён дар баробари ирониҳо буданд ва баъд мусалмонон дар баробари румиҳо ва ирониҳо пирӯз шуданд. Дар натиҷа дини Ислом бар тамоми адён ғолиб омад. Ҳамчунин саҳобагон шоҳиди ихтилофи уммати исломӣ дар таърихи таъйиншудаи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) буданд, илова бар ин мусалмонон шоҳиди бисёре аз ҳаводисе, ки дар нусус омадааст буда ва хоҳанд буд. Дар ҳар аср ва замоне ин ҷараёнҳо ба вуқуъ мепайванданд, яъне мусалмонон шоҳиди ахбор ва ҳаводисе мешаванд, ки дар аҳодис ва ахбор нисбат ба вуқуъи онҳо пешбинӣ шудааст. Бидуни тардид ин гуна ҳаводис дар тасбит ва тақвияти имони муъмин нақши бисёр муассире доранд ва гоҳе ин ҳаводис баҳонае барои даъвати дигарон ба дини мубини Ислом мегардад.





3- Тасбити имон дар бораи рӯзи қиёмат, қиёмат ва аҳволи такондиҳандаи он аз ҷумлаи ахбори ғайбӣ ҳастанд, ки Худованд ва Паёмбар дар бораи онҳо хабар додаанд ва аз тарафи дигар имон овардан ба қиёмат яке аз аркони имон ба шумор меояд. Вуқуъи ҳаводис дар дунё тибқи пешгӯии ҳадис далели равшане бар сиҳат ва садоқати тамоми ахбори ғайб аст ва аз ҷумлаи ахбори ғайб, ахбори марбут ба қиёмат ҳастанд. Бино бар ин тамоми ахбори ғайб аз ҷониби Худованди муттаол нозил шудаанд.





4- Худованд паёмбарашро фиристод то мардумро ба корҳои нек даъват кунад ва аз бадиҳо барҳазар дорад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва ёронаш ба беҳтарин ваҷҳ дар бораи ҳаводис ва воқеаҳое, ки дар замони ӯ ба вуқуъ пайвастаанд мардумро роҳнамоӣ карданд ва хабар додан перомуни муғайаботи оянда дар воқеъ тавҷеҳи он идда аз афроди уммат аст, ки дар замонҳои баъдӣ меоянд мабнӣ бар инки онҳо мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки дар баробари ҳаводисе, ки дар ҳаққи онҳо нуҳуфта аст чи кор кунанд ва чигуна амал намоянд. Аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос ривоят шудааст, ки мегӯяд:





Дар сафаре ҳамроҳи Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) будем, дар маҳале таваққуф намудем, баъзе машғули дуруст кардани хаймаҳои худ шуданд, баъзе дигар машғули тирандозӣ, овоз омад, ки назди Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҷамъ шавем, мо ҳам фармонро пазируфта гирди ҳам омадем, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:





(إِنَّهُ لَمْ يَكُنْ نَبِيٌّ قَبْلِي إِلَّا كَانَ حَقًّا عَلَيْهِ أَنْ يَدُلَّ أُمَّتَهُ عَلَى مَا يَعْلَمُهُ خَيْرًا لَهُمْ وَيُنْذِرَهُمْ مَا يَعْلَمُهُ شَرًّا لَهُمْ وَإِنَّ أُمَّتَكُمْ هَذِهِ جُعِلَتْ عَافِيَتُهَا فِي أَوَّلِهَا وَإِنَّ آخِرَهُمْ يُصِيبُهُمْ بَلَاءٌ وَأُمُورٌ يُنْكِرُونَهَا ثُمَّ تَجِيءُ فِتَنٌ يُرَقِّقُ بَعْضُهَا بَعْضًا فَيَقُولُ الْمُؤْمِنُ هَذِهِ مُهْلِكَتِي ثُمَّ تَنْكَشِفُ ثُمَّ تَجِيءُ فِتْنَةٌ فَيَقُولُ الْمُؤْمِنُ هَذِهِ مُهْلِكَتِي ثُمَّ تَنْكَشِفُ فَمَنْ سَرَّهُ أَنْ يُزَحْزَحَ عَنْ النَّارِ وَيُدْخَلَ الْجَنَّةَ فَلْتُدْرِكْهُ مَوْتَتُهُ وَهُوَ يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَلْيَأْتِ إِلَى النَّاسِ الَّذِي يُحِبُّ أَنْ يَأْتُوا إِلَيْهِ وَمَنْ بَايَعَ إِمَامًا فَأَعْطَاهُ صَفْقَةَ يَمِينِهِ وَثَمَرَةَ قَلْبِهِ فَلْيُطِعْهُ مَا اسْتَطَاعَ فَإِنْ جَاءَ آخَرُ يُنَازِعُهُ فَاضْرِبُوا عُنُقَ الْآخَرِ)





“Бар ҳар паёмбаре аз паёмбарони гузашта лозим будааст, ки умматашро ба сӯи ончи, ки барои онон хайр ва нафъ будааст, роҳнамоӣ кунад ва аз ончи, ки ба зарари онҳо бошад барҳазар дорад. Ҳамоно офияти ин уммат дар аввали он аст ва охири он бо мусибатҳо ва умуре, ки мавриди писанди шумо нестанд, гирифтор мешавад. Фитнаҳое хоҳад омад, ки шумо бар ҳамдигар тараҳҳум мекунед, фитнаҳое меояд, ки муъмин онҳоро сабаби ҳалокати худ медонад ва сипас зудуда мешаванд.





Ҳар кас дӯст дорад, ки аз дӯзах дур нигоҳ дошта шуда вориди биҳишт шавад, дар ҳолати имон бояд аз дунё биравад ва бо мардум чунон рафтор кунад, ки дӯст дорад бо вай рафтор шавад. Ҳар кас бо имом ва роҳбаре байъат кунад ва даст дар дасти ӯ ниҳад ва меваи дилашро ба ӯ бисупорад, бояд дар тавон аз ӯ итоат кунад, агар имом ё роҳбари дигар омад ва хост бо роҳбари аввал ба ҷанг ва низоъ бипардозад, гардани ӯро бизанед” (Муслим, Насои ва Ибни Моҷа, силсилаи аҳодиси саҳеҳ: 241)





Аз ҷумлаи тавҷиҳоте, ки дар роҳнамоии мусалмонон ба тарафи ҳақ нақши муассир доштааст, башорат додан ба ҳазрати Усмон (р) мабнӣ бар инки ӯ дар баробари мусибате, ки бар вай ворид мешавад, ба биҳишт меравад, буд. Ё иттилоъ додан ба ҳазрати Аммор (р) мабнӣ бар инки ба василаи гурӯҳи боғӣ ба қатл мерасад ва дастури канорагирӣ аз фитнаҳо ба ҳазрати Абузар ва инки қитол накунад ва агар ҳам кушта шавад, аз ҳамин қабил буданд.





Метавон ин мафоҳимро аз ҳадиси Абуҳузайфа истихроҷ кард, ки эшон дар мавриди шар ва хатарҳо аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савол мекард то аз онҳо бипарҳезад, Абуҳузайфа мегӯяд: Ёрони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди хайр ва некӣ аз эшон пурсиш ба амал меоварданд, вале ман ба хотири тарс ва ҳарос аз шар, ҳамеша дар мавриди бадиҳо мепурсидам. Яке аз ин шарҳо, ки дар ҳадиси Абуҳузайфа ба он ишора шудааст ва мусалмононро аз он наҳй фармудааст, кӯҳи тилло аст, ки дар руди Фурот зоҳир мешавад, ҳамчунин ҳақиқати Даҷҷол, шубуҳоте, ки домангири ин уммат мешавад ва ҳаводиси дигаре, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бо он дарки амиқ ба он пай бурда буд, аз ин гуфтаҳо ҳастанд.





5- Гоҳе дар замони оянда ҳаводисе барои мусалмонон ба вуҷуд меояд, ки ниёз ба ҳукми шаръӣ доранд, агар муомила ба иҷтиҳоди мусалмонон супурда шавад, онҳо гоҳо ихтилоф пайдо мекунанд ва ба ҳақиқат даст пайдо намекунанд ва ҳоло онки судури ҳукми шаръӣ барои ин гуна ҳаводис лозим ва зарурӣ аст ва адами баёни он мунҷар ба нақсе мегардад, ки шариат аз он ба дур аст, яке аз ин мавориди иҷтиҳодӣ баҳси Даҷҷол аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи ӯ мефармояд: Даҷҷол ба муддати чил рӯз дар рӯи замин мемонад, як рӯзи ӯ баробари як сол аст ва як рӯзи дигар баробари як моҳ ва як рӯзи дигар баробари як ҳафта, дигар рӯзҳояш монанди рӯзҳои мо ҳастанд. Саҳобагон аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи ин рӯзҳои тулонӣ савол карданд, мабнӣ бар инки оё намозҳои як рӯз дар ин рӯзҳои тулонӣ кифоят мекунад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Не, балки андозагирӣ кунед ва ба миқёси ҳар рӯзи комил панҷ маротиба намоз бихонед. Агар ин ҳукм ба иҷтиҳоди мардум супурда мешуд ва тибқи иҷтиҳоди худ амал мекарданд онҳо ба панҷ намоз, ки дар авқоти маъруф хонда мешавад, иктифо мекарданд, чи мушкиле ба бор меомад?





Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст, ки Исо (а) баъд аз поён омадани ба замин ҷизяро аз яҳуд ва насоро намепазирад ва ҷуз имон чизи дигареро қабул намекунад. Ин баёни Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои уммат зарурӣ аст, зеро ҳазрати Исо (а) баъд аз нузул бар асоси шариати Ислом ҳукумат мекунад ва шариати Ислом то замони нузули Исо (а) ҷизяро мепазирад ва баъд аз нузули Исо (а) ин ҳукм насх мегардад. Пас ҳазрати Исо (а) ин ҳукмро иҷро намекунад ва кофирони аҳли китобро ба қатл мерасонад, агарчи ба пардохти ҷизя ҳам иқдом кунанд.





6- Огоҳӣ ва илм пайдо кардан аз ончи, ки дар оянда ба вуҷуд меояд, як амри фитрӣ аст. Инсон дар вуҷуди худ нисбат ба ончи, ки дар оянда барои ҳамнавъонаш рух медиҳад гароиши шадиде дорад. Инҷост, ки роҳбарон, бузургони қавм ва ҳатто оммаи мардум барои огоҳӣ аз ҳаводиси оянда ба ҷодугарон, коҳинон ва ситорапарастон муроҷиат мекунанд. Худованд ба хотири инки мардум ба ин чаповулгарон рӯй наоранд дини Исломро нозил кард то ҳама ниёзҳои мардумро посух гӯяд ва ҳар ниёзмандеро дар ҳар заминае бениёз месозад. Аллома ибни Халдун бо ишора бар ин асл дар муқаддимаи торихаш чунин мефармояд: Таваҷҷуҳ дошта бош, ки аз ҷумлаи вижагиҳои нафси башарӣ интизори ниҳояти кори инсонҳо ва огоҳӣ аз натоиҷи ҳаводисе монанди: зиндагӣ ва марг, хайр ва шар аст, ки дар зиндагии инсонҳо буруз мекунанд, ба вижа ҳаводиси фарогир, монанди: шинохтани умри боқимондаи дунё ва шинохтани муддати замони ҳукуматҳо ва тафовут миёни онҳо, огоҳӣ пайдо кардан аз ин маворид, фитрате аст, ки башар бар асоси он офарида шудааст.





Аз инҷост, ки бисёре аз мардум дар олами хоб ва руъё дар садади иттилоъ аз ин умур бармеоянд ва ё ба коҳинон рӯй меоранд, ки аз ин роҳ бо дурӯғ касби мол мекунанд ва сақфи маишати худро бар сутуни ин хурофот бино месозанд. Аз ин роҳ подшоҳон ё одамҳои куча ва бозор ба дараҷаи шуҳрат расидаанд. Дар бисёре аз шаҳрҳои бузург касоне дида мешаванд, ки сирфан аз ҳамин роҳ зиндагии худро мегузаронанд, зеро медонанд, ки мардум ба ин гуна ахбор алоқаи сахт доранд. Онҳо ҳам дар гузаргоҳ ва чорроҳаҳо менишинанд ва инсонҳои фалакзада ва бадбахт ба осонӣ ба доми онҳо меафтанд ва кисаи худро наздашон холӣ мекунанд, ҳатто занон ва кудакон низ субҳ ва шом назди онҳо рафту омад мекунанд ва бисёре аз ин инсонҳои заифулақл низ дар доми ин сайёдон гирифтор омадаанд ва ҳама дору мадори худро тороҷ намудаанд, то дар бораи саранҷоми корҳо, касби молу ҷоҳ ва муоширату адоват ва душманӣ, аз ин идда касби иттилоъ ва иктишоф кунанд.





Ағлаб касоне, ки ба ин хурофот рӯй меоранд амирону подшоҳон ҳастанд, ки дар бораи муддати замони ҳукуматҳои даврони салтанати худ аз коҳинон савол мекунанд ва ин амр сабаб шудааст, ки таваҷҷуҳи онон аз уламо ба сӯи ин музахрафот гардонида шавад. Ҳеҷ уммат ва миллате аз ин хурофот ва бадбахтӣ наҷот наёфтааст ва домани ҳамаро ба сурате гирифтааст.





Дар Араб коҳинон ва аррофон ҳамвора вуҷуд доштааст ва мардум назди онҳо муроҷиат кардааст ва онҳо низ перомуни ончи, ки дар оянда эҳтимоли вуқуи он будааст, сухан гуфтаанд.





Ончи ки барои “Шаққ ва Сатиҳ” дар таъбир ва тафсири хоби “Рабиа ибни Наср” подшоҳи Яман мабнӣ бар инки хоки Ҳабашаро ба даст мегиранд вале баъд аз онҳо Араб ҳамла мекунад ва Ҳабашаро ба тасарруфи худ дармеоваранд, аз боризтарин намунаи ин гуна хурофот аст.





Ё пешгӯии “Сатиҳ” барои “Мубадон” ҳангоме, ки ҳамвора “Абдулмасиҳ” аз Кисро маъмур шуда буд, Сатиҳ ба онҳо хабар дода буд, ки ҳукумати Араб дар ҳоли зуҳур аст. Ҳамчунин миёни қавми “Барбар” коҳиноне вуҷуд доштанд, ки машҳуртаринашон “Мусо ибни Солеҳ” аз қабилаи Бани Йифран (ва гуфта мешавад аз Ғимра) буд. Ӯ дар қолаби шеър ҷараёнҳои муҳимро баён мекард, яке аз бузургтарин ҷараёнҳо давлати Мағриб ва занони подшоҳ буд, ки миёни ақвоми он даврон мутадовил шуда буд. Мардум ӯро паёмбар ё коҳин ё валӣ талақӣ мекарданд. (Муқаддимаи Ибни Халдун: 587, 588)





Мабҳаси нуҳум: Анвоъи нишонаҳои қиёмат





Дар бисёре аз аҳодиси Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) анвоъ ва ақсоми аломоти қиёматро баршумурдааст. Бухорӣ ва Муслим аз ҳазрати Абуҳурайра (р) нақл кардаанд, ки қиёмат барпо намешавад то инки ду гурӯҳи бузург бо ҳам даргир нашаванд ва миёни онҳо куштори бисёр густардае сурат нагирад, иддиои ҳарду гурӯҳ яке аст ва қиёмат барпо намешавад то инки ҳудуди сӣ даҷҷол ва дуруғгӯ зуҳур накунанд, ҳар кадом худро паёмбари Худо маърифӣ мекунад ва қиёмат барпо намешавад то инки илм бардошта нашавад ва то инки зилзилаи зиёде сурат нагирад ва солҳо, рӯзҳо, моҳҳо ва ҳафтаҳо кутоҳ нашаванд то инки фитна зиёд эҷод нагардад ва то инки ҳараҷ (яъне куштор) зиёд нашавад ва мол зиёд нашавад, ба гунае, ки сарватманд дар додани закот бо мушкил рӯ ба рӯ мегардад, ба ҳар касе рӯй меоварад то закоташро пардохт кунад, дар ҷавоби ӯ мегӯянд: ман ниёзманди мол нестам. Қиёмат барпо намешавад то вақте, ки мардум барои сохтани сохтмонҳои баланд ба мусобиқа ва мунофиса напардозанд, мушкилот ба андозаи фаровон мешавад, ки ба мурдагон ҳасрат меварзанд ва ҳангоми убур кардан бар гуристон орзуи маргро дар сар мепарваронанд. Қиёмат фаро намерасад то инки хуршед аз мағрибзамин тулуъ накунад, ҳангоми тулуъ ҳама мардум имон меоранд, аммо ин имон суде надорад, магар инки қаблан имоне сурат гирифта ё хайре дар имони худ касб карда бошад. (Бухорӣ, китоби Фитан, шумораи 7120. Фатҳул борӣ, 13\81. Муслим ҳадисро дар шакли мутафариқ дар саҳеҳаш ривоят кардааст. Ибни Асир дар Ҷомеул усул 10\404 шумораи 7920 тамоми ровиёни ҳадисро ҷамъ кардааст).





Дар саҳеҳи Бухорӣ аз Авф ибни Молик ривоят шудааст, ки мегӯяд: Дар ғазваи Табук назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омадам, ки дар чодаре нишаста буданд, фармуд:





(اعْدُدْ سِتًّا بَيْنَ يَدَيْ السَّاعَةِ مَوْتِي ثُمَّ فَتْحُ بَيْتِ الْمَقْدِسِ ثُمَّ مُوْتَانٌ يَأْخُذُ فِيكُمْ كَقُعَاصِ الْغَنَمِ ثُمَّ اسْتِفَاضَةُ الْمَالِ حَتَّى يُعْطَى الرَّجُلُ مِائَةَ دِينَارٍ فَيَظَلُّ سَاخِطًا ثُمَّ فِتْنَةٌ لَا يَبْقَى بَيْتٌ مِنْ الْعَرَبِ إِلَّا دَخَلَتْهُ ثُمَّ هُدْنَةٌ تَكُونُ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَ بَنِي الْأَصْفَرِ فَيَغْدِرُونَ فَيَأْتُونَكُمْ تَحْتَ ثَمَانِينَ غَايَةً تَحْتَ كُلِّ غَايَةٍ اثْنَا عَشَرَ أَلْفًا)





“Қабл аз вуқуи қиёмат шаш чиз бояд сурат бигирад: Марги ман (яъне марги Паёмбари Худо), фатҳи Байтулмақдис, маргҳои нобаҳангом (яъне беморие шоеъ мешавад, ки монанди вабо ва бидуни даранг аз байн мебарад), зиёд шудани мол (мол ба ҳадде зиёд мешавад, ки агар касе сад динорро ба даст оварад норозӣ ва носипос аст, фитнаи фарогир, ки домани ҳар хонаи арабро мегирад, миёни шумо ва румиён оташасбасе мешавад вале онҳо хиёнат мекунанд ва бо лашкаре, ки ҳашт парчам дорад ва зери ҳар парчам дувоздаҳ ҳазор сарбози мусаллаҳ хидмат мекунанд, ба ҷанги шумо хоҳанд омад”





Аз ҳазрати Анас (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:





(من أشراط الساعة الفحش والتفحش، وقطيعة الأرحام، وتخوين الأمين، وائتمان الخائن)





“Аз ҷумлаи нишона ва аломатҳои қиёмат бадгӯи ва бадамалӣ, қатъи силаи раҳм, хоин гуфтани амин ва амин хондани хоин аст” (Саҳеҳи Ҷомеул сағир, 5\213)





Дар ҳадиси дигар аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) омадааст, ки Паёмбари Худо фармудааст: Аз ҷумлаи нишонаҳои қиёмат ин аст, ки шахс аз назди масҷид убур мекунад вале ду ракъат намозро ба ҷо намеорад ва замоне фаро мерасад, ки танҳо бар дӯстон ва ошноён салом мекунанд. (Дар ривояти Табаронӣ)





Дар ҳадиси дигар аз ҳазрати Анас (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:





(مِنْ أَشْرَاطِ السَّاعَةِ أَنْ يَتَبَاهَى النَّاسُ فِي الْمَسَاجِدِ)





“Аз ҷумлаи нишонаҳои қиёмат ин аст, ки мардум дар сохтани масоҷид мубоҳот ва фахрфурӯшӣ мекунанд”





Нишонаҳое, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) онҳоро дар ин ҳадисҳо ва ҳадисҳои дигар баён фармудааст бешумор ҳастанд, олимони исломӣ онҳоро ба ду навъ, аломоти бузург ва хурд тақсим намудаанд. Нишонаҳои хурдро метавон ба ду даста тақсим кард: дастаи аввал нишонаҳое, ки ба вуқуъ пайвастаанд ва нишонаҳое, ки ҳануз таҳаққуқ наёфтаанд.





Нишонаҳое, ки ба вуқуъ пайвастаанд нишонаҳое ҳастанд, ки дар олами воқеъ рух додаанд ва ё зуҳури онҳо як бор нест, балки оҳиста оҳиста зуҳур мешавад ва шояд чанд бор ҳам такрор шаванд ё вуқуи онҳо дар оянда бештар аз гузашта бошад.





Бинобар ин нишонаҳои қиёматро ба чор фасл тақсим мекунем:





Фасли якум: Нишонаҳои хурде, ки ба вуқуъ пайваста ва хотима ёфтаанд.





Фасли дуюм: Нишонаҳои хурде, ки дар гузашта ва ҳол ба вуқуъ мепайванданд ва вуқуъи онҳо такрор мешавад.





Фасли сеюм: Нишонаҳои хурде, ки ҳануз рух надодаанд.





Фасли чаҳорум: Нишонаҳои бузург





[1] Ибни Арабӣ муътақид ба ваҳдатулвуҷуд.





[2] Ағлаб, зеро баъзе аз онҳо иштибоҳан вориди ин баҳс шудаанд ва қасди гумроҳ кардани дигаронро надоштаанд, монанди: Табарӣ ва Суютӣ.



Recent Posts

Сухане чанд бо аҳли х ...

Сухане чанд бо аҳли хирад

Фақат барои ҷавонон д ...

Фақат барои ҷавонон дар Рамазон

Қуръон аз дидгоҳи дон ...

Қуръон аз дидгоҳи донишмандони ғарбӣ

Ҳаёт маҷмуъаи варақҳо ...

Ҳаёт маҷмуъаи варақҳо аст