Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми ҳаштум: Боби дувум: Нишонаҳои Қиёмат, Замони Қиёмат
القيامة الصغرى وعلامات القيامة الكبرى، القسم الثامن: أشراط الساعة، ووقت الساعة
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таълиф: Д. Умар Сулаймон Ашқар
تأليف: عمر سليمان الأشقر
Таҳия: Мусъаб Ҳамза
ترجمة : مصعب حمزة
Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми ҳаштум
Боби дувум: Нишонаҳои Қиёмат
Фасли аввал: Замони Қиёмат
Мабҳаси аввал: Омадани Қиёмат қатъӣ аст.
Омадани Қиёмат қатъӣ аст ва имон овардан ба он аз ҷумлаи аркони дини мубини Ислом аст, Ва бидуни он имон комил намегардад.
Худованд мефармояд:
﴿لَّيۡسَ ٱلۡبِرَّ أَن تُوَلُّواْ وُجُوهَكُمۡ قِبَلَ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ وَلَٰكِنَّ ٱلۡبِرَّ مَنۡ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ وَٱلۡكِتَٰبِ وَٱلنَّبِيِّۧنَ ١٧٧﴾ [البقرة: ١٧٧]
“Инки (ба ҳангоми намоз) чеҳраҳоятонро ба ҷониби машриқ ва мағриб кунед, некӣ (танҳо ҳамин) нест (ва ё зотан рӯ кардан ба ховар ва бохтар, некӣ ба шумор намеояд). Балки некӣ (кирдори) касе аст, ки ба Худо ва рӯзи вопасин (рӯзи охират, қиёмат) ва фариштагон ва китоб (и осмонӣ) ва паёмбарон имон оварда бошад” (Сураи Бақара ояти 177)
﴿وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ يُؤۡمِنُونَ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ وَمَآ أُنزِلَ مِن قَبۡلِكَۚ وَٱلۡمُقِيمِينَ ٱلصَّلَوٰةَۚ وَٱلۡمُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ أُوْلَٰٓئِكَ سَنُؤۡتِيهِمۡ أَجۡرًا عَظِيمًا ١٦٢﴾ [النساء : ١٦٢]
“Ва мӯъминон (уммати Муҳаммадӣ) ки имон доранд ба ончи бар ту ва ба ончи (бар паёмбарон) пеш аз ту нозил шудааст ва ба вижа онон, ки намозро чунон, ки бояд мехонанд ва касоне, ки закоти мол медиҳанд ва афроде, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, ба ҳамаи онҳо подоши бузургеро хоҳем дод” (Сураи Нисо ояти 162)
Қуръон барои баён ва исботи қиёмат равиш ва манҳаҷи махсусеро гирифтааст то дар даруни инсонҳо нуфуз кунад.
﴿يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَ يُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لَعَلَّكُم بِلِقَآءِ رَبِّكُمۡ تُوقِنُونَ ٢﴾ [الرعد: ٢]
“Худованд кору бори (ҷаҳон) ро (зери назар дорад ва бо ҳисоб ва китоби дақиқе) мегардонад ва Ӯ (нишонаҳои диданиро дар паҳнои китоби ҳастӣ бармешумурад ва) оятҳо (и хондании китоби Қуръон) ро баён медорад, то инки яқин ҳосил кунед, ки (дар сарои дигар) Парвардигоратонро мулоқот хоҳед кард” (Сураи Раъд ояти 2)
Дар бархе аз мавоқеъ бо сиғаи хабар омаданашро баён мекунад:
﴿ٱللَّهُ يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ ثُمَّ إِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ١١﴾ [الروم: ١١]
“Худованд офариниш (и инсон)-ро оғоз мекунад, сипас ӯро (мемиронад ва ӯро ба ҳаёт) дубора бармегардонад. Онгоҳ ба сӯи Худо бозгардонида мешавед” (Сураи Рум ояти 11)
﴿قَدۡ يَعۡلَمُ مَآ أَنتُمۡ عَلَيۡهِ وَيَوۡمَ يُرۡجَعُونَ إِلَيۡهِ فَيُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُواْۗ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمُۢ ٦٤﴾ [النور : ٦٤]
“Ва огоҳ аст аз он рӯзе, ки инсонҳо дар он ба сӯи Ӯ бозмегарданд ва эшонро аз аъмоле, ки анҷом додаанд огоҳ месозад (ва ҷазо ва сазо ва подоши кирдору рафтор ва гуфторашронро медиҳад)” (Сураи Нур ояти 64)
Ва дар бархе мавоқеъ бо адоти таъкид “ان” ё “ان و لام” баён мешавад:
﴿إِنَّ ٱلسَّاعَةَ ءَاتِيَةٌ ١٥﴾ [طه: ١٥]
“Растохез ба таври ҳатмӣ хоҳад омад” (Сураи Тоҳо ояти 15)
﴿وَإِنَّ ٱلسَّاعَةَ لَأٓتِيَةٞۖ فَٱصۡفَحِ ٱلصَّفۡحَ ٱلۡجَمِيلَ ٨٥﴾ [الحجر: ٨٥]
“Ва бегумон рӯзи растохез фаро мерасад (ва табаҳкорон илова аз мукофоти дунявӣ, ба азоб ва иқоби сахти ухравӣ гирифтор мегарданд) пас (эй Паёмбар!) гузашти зебое дошта бош (ва бузургворона ва ҳакимона ба даъвати худ идома бидеҳ ва дар баробари азият ва озори куфор шикебоӣ кун” (Сураи Ҳиҷр ояти 85)
﴿فَإِنَّ أَجَلَ ٱللَّهِ لَأٓتٖۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ٥﴾ [العنكبوت: ٥]
“Замонеро, ки Худо таъйин кардааст (дер ё зуд) фаро мерасад, ва ӯ шунаво ва огоҳ аст (ва гуфтор ва рафтори ҳамагонро мешунавад ва мебинад ва сазо ва ҷазо медиҳад)” (Сураи Анкабут ояти 5)
Дар бархе мавоқеъ шаку шубҳа аз вуқуи қиёматро нафй ва дур месозад.
﴿إِنَّ ٱلسَّاعَةَ لَأٓتِيَةٞ لَّا رَيۡبَ فِيهَا وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يُؤۡمِنُونَ ٥٩﴾ [غافر: ٥٩]
“Рӯзи қиёмат ҳатмӣ фаро мерасад ва шакке дар он нест, вале бештари мардум тасдиқ намекунанд” (Сураи Ғофир ояти 59)
Дар бархе мавоқеъ бо савганд ёд кардан ё бо зоти Худ ё мавҷудоти бузург, омадани қиёматро собит мефармояд:
﴿ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۚ لَيَجۡمَعَنَّكُمۡ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ لَا رَيۡبَ فِيهِۗ ٨٧﴾ [النساء : ٨٧]
“Ҷуз Худо, худое (барҳақ) нест. Ҳатман шуморо (баъд аз марг зинда мегардонад ва) дар рӯзе, ки шакке дар (вуқуъи) он нест гирд меоварад. (Худо аст, ки инро мегӯяд) ва чи касе аз Худо ростгӯтар аст?” (Сураи Нисо ояти 87)
﴿وَٱلذَّٰرِيَٰتِ ذَرۡوٗا ١ فَٱلۡحَٰمِلَٰتِ وِقۡرٗا ٢ فَٱلۡجَٰرِيَٰتِ يُسۡرٗا ٣ فَٱلۡمُقَسِّمَٰتِ أَمۡرًا ٤ إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَصَادِقٞ ٥ وَإِنَّ ٱلدِّينَ لَوَٰقِعٞ ٦﴾ [الذاريات: ١، ٦]
“Савганд ба бодҳо, ки (абрҳоро бармеангезанд ва ба ин сӯ ва он сӯ баробари фармони Яздон мебаранд ва) ба суръат пароканда медоранд. Ва савганд ба абрҳое, ки бори сангине (аз борон) ро бо худ бармедоранд! Ва савганд ба киштиҳое, ки сода ва осон (дар обҳои рудхонаҳо ва дарёҳо ва уқёнусҳо) равон ва дар ҳаракатанд! Ва савганд ба фариштагоне, ки корҳоро (миёни худ баробари фармони Яздон) тақсим кардаанд! Мусалламан чизе, ки бадон ваъда дода мешавед ва аз он тарсонида мешавед, рост ва қатъӣ аст. Ва рӯзи ҷазо, ҳатман вуқӯъ пайдо мекунад ва меояд” (Сураи Зориёт ояти 16)
Дар бархе мавоқеъ ба паёмбараш дустур медиҳад, ки савганд ёд кунад:
﴿وَيَسۡتَنۢبُِٔونَكَ أَحَقٌّ هُوَۖ قُلۡ إِي وَرَبِّيٓ إِنَّهُۥ لَحَقّٞۖ وَمَآ أَنتُم بِمُعۡجِزِينَ ٥٣﴾ [يونس : ٥٣]
“(Кофирон бар сабили истеҳзо) аз ту мепурсанд: оё он (растохез ва азобе, ки мегӯи) рост аст? Бигӯ: оре, ба Худоям савганд қатъан рост аст ва шумо наметавонед (аз он ҷилавгирӣ кунед ва бо фирор ва сарпечӣ аз он, Худоро) дармонда ва нотавон созед” (Сураи Юнус ояти 53)
﴿وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَا تَأۡتِينَا ٱلسَّاعَةُۖ قُلۡ بَلَىٰ وَرَبِّي لَتَأۡتِيَنَّكُمۡ عَٰلِمِ ٱلۡغَيۡبِۖ ٣﴾ [سبا: ٣]
“Кофирон мегӯянд: қиёмат ҳаргиз барои (ҳисобу китоб ва сазову ҷазои) мо барпо намешавад. Бигӯ: чаро, ба Парвардигорам савганд! Он касе, ки донои роз (у ниҳон дар густараи ҷаҳон) аст, қиёмат ба суроғи шумо меояд” (Сураи Сабаъ ояти 3)
Дар оятҳои дигар аз ҳаққонияти қиёмат хабар медиҳад:
﴿إِنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞۖ فَلَا تَغُرَّنَّكُمُ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا ٣٣﴾ [لقمان: ٣٣]
“Ваъдаи Худо (ба фаро расидани қиёмат) ҳақ аст. Пас зиндагонии дунё шуморо фиреб надиҳад ва (молу мақом ва нафси аммора ва аҳриманӣ фиребкор шуморо дар бораи Худо нафиребад)” (Сураи Луқмон ояти 33)
Касе, ки дар оёти Қуръон дар ин маврид ба баҳсу таҳқиқ бипардозад, мутаваҷҷеҳ хоҳад шуд, ки Худованд равишҳои гуногунеро барои исботи он фармудааст, чунончи ба баъзе аз онҳо ишора намудем.
Мабҳаси дуввум: Қиёмат наздик аст
Худованди боломартаба чаҳордаҳ аср қабл ба бандагонаш хабар додааст, ки қиёмат наздик ва лаҳзаҳои тақаққуқ ёфтани он фаро расидааст.
﴿ٱقۡتَرَبَتِ ٱلسَّاعَةُ وَٱنشَقَّ ٱلۡقَمَرُ ١﴾ [القمر: ١]
“Қиёмат наздик шуд ва моҳ пора гардид” (Сураи Қамар ояти 1)
Иншиқоқ (ду пора) шудани моҳ, яке аз нишонаҳое аст, ки ишора ба наздик ва воқеъ шудани қиёмат дорад ва бинобар ин аст, ки омадани қиёмат хеле наздик аст, Қуръони карим онро чунон тарсим мекунад, ки гӯё воқеъ шудааст.
﴿أَتَىٰٓ أَمۡرُ ٱللَّهِ فَلَا تَسۡتَعۡجِلُوهُۚ ١﴾ [النحل: ١]
“(Эй мушрикон! Ончи Худо ба шумо дар рӯзи қиёмат ваъда додааст, чун ҳатмӣ ва қарибулвуқуъ аст, ангор ҳам инак барои вуқуъи он) фармони Худо даррасидааст, пас (масхаракунон нагӯед, ки агар рост мегӯед, ки қиёмате ҳаст аз Худо бихоҳед ҳарчи зудтар азоби онро бинамоёнад! Истиҳзокунон) онро ба шитоб махоҳед” (Сураи Наҳл ояти 1)
Агар инсон бо қалби огоҳ ва ақли ҳозиқ ва бино ба паёми нозилшудаи Худованд имон биёварад ва изъон намояд, ҷараёни қиёмат ӯро бисёр хавфзада ва ҳаросон месозад ва тавони ғалаба бар нафсро пайдо мекунад, вале аз инҷост, ки инсон ҳолати шигифтовар дорад, чун хатар бисёр наздик аст ва инсон дар авҷи ғафлат аз рӯзи растохез зиндагиро сипарӣ мекунад:
﴿ٱقۡتَرَبَ لِلنَّاسِ حِسَابُهُمۡ وَهُمۡ فِي غَفۡلَةٖ مُّعۡرِضُونَ ١ مَا يَأۡتِيهِم مِّن ذِكۡرٖ مِّن رَّبِّهِم مُّحۡدَثٍ إِلَّا ٱسۡتَمَعُوهُ وَهُمۡ يَلۡعَبُونَ ٢ لَاهِيَةٗ قُلُوبُهُمۡۗ ٣﴾ [الانبياء: ١، ٣]
“(Замони) муҳосибаи мардумон (и куфрпеша чун Қурайш, бисёр барояшон наздик аст, дар ҳоле ки онон ғофил (аз ҳавлу ҳароси он) ва рӯйгардон (аз имон бадон) мебошанд. Ҳеҷ бахши тозае аз Қуръон (ва андарзи ҷадиде) аз сӯи Парвардигорашон ба онҳо намерасад магар инки онро ба шӯхӣ мешунаванд ва ба бозӣ мегиранд. (онон дар ҳоле ҳастанд, ки) дилҳояшон ғофил аст” (Сураи Анбиё ояти 1 3)
Дар мавриди қиёмат Қуръон ба бандагон хеле ҳушдор медиҳад ва ба онҳо дар бораи омодагӣ барои фаро расидани қиёмат бисёр таъкид мекунад ва қиёматро ба фардо ташбеҳ мекунад, чун қиёмат рӯзе аст, ки баъд аз зиндагии дунё сурат мегирад:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَلۡتَنظُرۡ نَفۡسٞ مَّا قَدَّمَتۡ لِغَدٖۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ ١٨﴾ [الحشر: ١٨]
“Эй муъминон! Аз Худо битарсед ва ҳар касе бояд бингарад, ки чи чизеро барои фардо (и қиёмати худ) пешопеш фиристодааст. Аз Худо битарсед” (Сураи Ҳашр ояти 18)
Гоҳе ин амр мавриди эрод ва ишкол қарор мегирад, ки чизе ҳазору чорсад сол аз наздик буданаш мегузарад, вале ҳанӯз ҳам таҳаққуқ наёфтааст, чигуна чунин чизе метавонад наздик бошад? Ҷавоб ин аст, ки қиёмат дар илм ва муҳосаботи Худованд наздик аст, агарчанде бино ба миқёсҳои башарӣ дур бошад, Худованд мефармояд:
﴿إِنَّهُمۡ يَرَوۡنَهُۥ بَعِيدٗا ٦ وَنَرَىٰهُ قَرِيبٗا ٧﴾ [المعارج: ٦، ٧]
“Онон он рӯзро дӯр мебинанд, ва мо онро мумкин ва наздик мебинем” (Сураи Маориҷ ояти 6-7)
Масъалаи шоёни таваҷҷуҳ ин аст, ки умри боқимондаи дунё нисбат ба умри гузаштаи он андак аст, масалан шумо муддати панҷоҳ солро барои бозпардохти бадеҳкорӣ таъйин мекунед, агар аз ин муддат чилупанҷ соли он бигзарад метавонед хитоб ба ӯ бигӯед: муддати таъйиншуда наздик шудааст ҳарчанд панҷ сол боқӣ мондааст, вале нисбат ба солҳои сипаришуда хеле камтар аст.
Аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) низ аҳодисе ворид шудааст, ки ишора ба ҳамин ҳақиқат доранд. Дар Бухорӣ ва Муслим аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ҳадисе ривоят шудааст, ки чунин аст:
(إِنَّمَا أَجَلُكُمْ فِي أَجَلِ مَنْ خَلَا مِنْ الْأُمَمِ كَمَا بَيْنَ صَلَاةِ الْعَصْرِ وَمَغْرِبِ الشَّمْسِ)
“Муддати замони шумо нисбат ба муддати замони умматҳои гузашта ба андозаи байни намози аср ва ғуруби офтоб аст”
Ҳадиси мазкур вуҷуди инсонро дар як рӯзе аз рӯзҳои дунё тарсим мекунад, ки саҳм ва муддати замони уммати исломӣ аз он рӯз аз мавқеи аср то ғуруби офтоб аст ва аз тулуи фаҷр то дами аср баҳраи умматҳои гузашта мебошад. Бинобар ин умри уммати исломӣ дар муқоиса бо умри умматҳои гузашта ва муқоиса бо тамоми рӯз ба андозаи замони аср то ғуруб аст. Яъне аз тулуи фаҷр то дами аср, ки замони умматҳои гузашта аст. Пас умри боқимондаи ҳаёти дунявӣ аз замони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) то рӯзи қиёмат дар муқоиса бо умри тамоми дунё ба андозаи вақти аср то ғуруби офтоб аст. Муддати замони тулуи фаҷр то фаро расидани вақти аср умри уматҳои гузашта мебошад, чун нусуси сариҳе далолат бар ин доранд, ки уммати исломӣ охирин уммат аст ва то қиёми қиёмат боқӣ хоҳад монд.
Дар ҳидиси дигар, ки Бухорӣ ва Муслим онро ривоят кардаанд, чунин омадааст: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳоле, ки ба ду ангушт, субоба ва вусто ишора мекард, фармуд:
(بُعِثْتُ وَالسَّاعَةُ كَهَاتَيْنِ)
“Ман ва қиёмат (аз нигоҳи фосилаи замонӣ) монанди ин ду ангушт ҳастем” (Бухорӣ дар саҳеҳаш, китоби “Рақоиқ” боби “بعثت انا والساعة كهاتين”, Фатҳул борӣ11\347 ва Муслим дар китоби “Фитан” бо “Қурби соат” 4\2468, шумораи 2950 аз Анас ривоят кардаанд)
Яъне инки фосилаи миёни ман ва қиёмат бисёр наздик аст, ки умри дунё ба василаи ангушти вусто андозагирӣ шавад, боқимондаи умри дунё аз замони биъсати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) то қиёмат ба андозаи изофаи ангушти вусто бар ангушти субоба аст. Ин фосила дар миқёс ва меъёри башар дароз аст, зеро қудрати дарки башар кутоҳ ва маҳдуд аст, аммо дар мизони Худованд хеле наздик мебошад:
﴿أَتَىٰٓ أَمۡرُ ٱللَّهِ فَلَا تَسۡتَعۡجِلُوهُۚ ١﴾ [النحل: ١]
“(Эй мушрикон! Ончи Худо ба шумо дар рӯзи қиёмат ваъда додааст, чун ҳатмӣ ва қарибулвуқуъ аст, ангор ҳам инак барои вуқуъи он) фармони Худо даррасидааст, пас (масхаракунон нагӯед, ки агар рост мегӯед, ки қиёмате ҳаст аз Худо бихоҳед ҳарчи зудтар азоби онро бинамоёнад! Истиҳзокунон) онро ба шитоб махоҳед” (Сураи Наҳл ояти 1)
﴿وَمَآ أَمۡرُ ٱلسَّاعَةِ إِلَّا كَلَمۡحِ ٱلۡبَصَرِ أَوۡ هُوَ أَقۡرَبُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ٧٧﴾ [النحل: ٧٧]
“Кори (барпо шудани) қиёмат (ва зинда гардонидани мардумон дар он барои Худо сода ва осон аст ва аз лиҳози суръат ва суҳулат, дуруст) ба андозаи чашм барҳам задан ва кутоҳтар аз он аст. Бегумон Худо бар ҳар чизе тавоно аст (чаро ки қудраташ беинтиҳо аст)” (Сураи Наҳл ояти 77)
Имом Аҳмад аз Утба ибни Ғазвон ривоят мекунад, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хутба дод, баъд аз ҳамду ситоиши Худованд фармуд:
(فَإِنَّ الدُّنْيَا قَدْ آذَنَتْ بِصَرْمٍ وَوَلَّتْ حَذَّاءَ وَلَمْ يَبْقَ مِنْهَا إِلَّا صُبَابَةٌ كَصُبَابَةِ الْإِنَاءِ يَتَصَابُّهَا صَاحِبُهَا وَإِنَّكُمْ مُنْتَقِلُونَ مِنْهَا إِلَى دَارٍ لَا زَوَالَ لَهَا فَانْتَقِلُوا بِخَيْرِ مَا بِحَضْرَتِكُمْ)
“Боқимондаи умри дунё нисбат ба солҳои сипаришуда монанди қатраи обе аст, ки аз як ливони об боқӣ мондааст. Шумо аз ин дунё ба хонае, ки ҳаргиз аз байн намеравад дар ҳоли интиқол ҳастед. Пас бо беҳтарин зод ва туша ба сӯи он ҳаракат кунед” (Дар ривояти Муслим. Тафсири Ибни Касир 6\468)
Мабҳаси сеюм: Касе замони вуқуъи қиёматро намедонад
Аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи қиёмат пурсида шуд, ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҷавоб фармуд: Дар ин маврид саволшуда аз саволкунанда донотар нест. Саволкунанда ҳазрати Ҷибраил (а) буд, ки дар шакли инсоне ба ҳузури Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расид ва дар мавриди чанд масъалаи муҳим аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид. Агар Ҷибраил (а) фариштаи муқарраби боргоҳи Илоҳӣ ва Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) поктарин ва бузургтарин бандаи Худо, илм ба қиёматро намедонад, чи касе дигаре метавонад муддаии илм ба қиёмат бошад?
Қуръони карим ба равшанӣ фармудааст, ки донистани замони вуқуъи қиёмат аз вижагиҳои илми Худованд аст ва ба ҳамин далел Худованд ин илмро ба касе дигар ёд надодааст ва ҳатто фариштаи муқарраб ва набии мурсал ҳам аз ин илм огоҳи надоранд. Худованд мефармояд:
﴿يَسَۡٔلُونَكَ عَنِ ٱلسَّاعَةِ أَيَّانَ مُرۡسَىٰهَاۖ قُلۡ إِنَّمَا عِلۡمُهَا عِندَ رَبِّيۖ لَا يُجَلِّيهَا لِوَقۡتِهَآ إِلَّا هُوَۚ ثَقُلَتۡ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ لَا تَأۡتِيكُمۡ إِلَّا بَغۡتَةٗۗ يَسَۡٔلُونَكَ كَأَنَّكَ حَفِيٌّ عَنۡهَاۖ قُلۡ إِنَّمَا عِلۡمُهَا عِندَ ٱللَّهِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ١٨٧﴾ [الاعراف: ١٨٧]
“Дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд ва мегӯянд: дар чи замоне (дунё ба поён мерасад ва) қиёмат рух медиҳад? Бигӯ: танҳо Парвардигорам аз он огоҳ аст ва касе ҷуз Ӯ наметавонад дар вақти худ онро падидор созад (ва аз поёни ин ҷаҳон ва сароғози он ҷаҳон мардумонро огоҳ созад. Иттилоъ аз ҳангомаи қиёмат) барои (сокинони) осмонҳо ва замин сангин ва душвор аст (ва ҳаргиз дониши эшон ба он намерасад). Қиёмат ногаҳонӣ ба вуқуъ мепайвандад ва бар саратон метозад. Аз ту мепурсанд: ангор ту аз (шуруи) қиёмат бохабари? Бигӯ: иттилоъ аз он хоси Яздон аст, аммо бештари мардумон (ин масъала ва фалсафаи онро чунонки бояд) намедонанд” (Сураи Аъроф ояти 187)
Ва дар ояти дигар мефармояд:
﴿يَسَۡٔلُكَ ٱلنَّاسُ عَنِ ٱلسَّاعَةِۖ قُلۡ إِنَّمَا عِلۡمُهَا عِندَ ٱللَّهِۚ وَمَا يُدۡرِيكَ لَعَلَّ ٱلسَّاعَةَ تَكُونُ قَرِيبًا ٦٣﴾ [الاحزاب : ٦٣]
“(Эй Паёмбар!) мардум аз ту дар бораи фаро расидани қиёмат мепурсанд, бигӯ: огоҳӣ аз он ихтисос ба Худо дораду бас. (Ва касе ҷуз Ӯ аз ин мавзуъ огоҳ нест). Ту чи медони, шояд ҳам фаро расидани қиёмат наздик бошад. (Сураи Аҳзоб ояти 63)
Худованд дар сураи Нозиъот мефармояд:
﴿يَسَۡٔلُونَكَ عَنِ ٱلسَّاعَةِ أَيَّانَ مُرۡسَىٰهَا ٤٢ فِيمَ أَنتَ مِن ذِكۡرَىٰهَآ ٤٣ إِلَىٰ رَبِّكَ مُنتَهَىٰهَآ ٤٤﴾ [النازعات: ٤٢، ٤٤]
“Аз ту дар бораи қиёмат мепурсанд, ки дар чи замоне воқеъ мешавад? Туро чи огоҳӣ ва хабар аз он?! (Ту чизе аз он намедонӣ) огоҳӣ аз замони қиёмат ба Парвардигорат вогузор мегардад (ва иттилоъ аз вуқуъи он кори Парвардигори ту аст” (Сураи Нозиъот ояти 42, 44)
Оятҳои мазкур ба сароҳат ва вузуҳ далолат бар ин матлаб доранд, ки замони вуқуъи онро ҷуз Парвардигор касе дигар намедонад ва инки қиёмат ба сурати ногаҳонӣ меояд ва ҳатто Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи замони вуқуъи он хабар надорад ва қиёмат яке аз калидҳои панҷгонаи ғайб аст, ки аз улуми пинҳони Худо ба шумор меоянд, Қуръони карим мефармояд:
﴿إِنَّ ٱللَّهَ عِندَهُۥ عِلۡمُ ٱلسَّاعَةِ وَيُنَزِّلُ ٱلۡغَيۡثَ وَيَعۡلَمُ مَا فِي ٱلۡأَرۡحَامِۖ وَمَا تَدۡرِي نَفۡسٞ مَّاذَا تَكۡسِبُ غَدٗاۖ وَمَا تَدۡرِي نَفۡسُۢ بِأَيِّ أَرۡضٖ تَمُوتُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرُۢ ٣٤﴾ [لقمان: ٣٤]
“Огоҳӣ аз фаро расидани қиёмат вижаи Худо аст ва Ӯ аст, ки боронро меборонад ва мутталиъ аст аз ончи дар раҳмҳои (модарон) аст ва ҳеҷ касе намедонад фардо чи чиз ба даст меоварад ва ҳеҷ касе намедонад, ки дар кадом сарзамине мемирад. Қатъан Худо огоҳ ва бохабар (аз мавориди мазкур) аст.” (Сураи Луқмон ояти 34)
Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Калидҳои ғайб панҷто ҳастанд, ғайр аз Ӯ таоло касе дигар онҳоро намедонад. Сипас ояти мазкурро тиловат фармуд.
Мабҳаси чорум: Рози пинҳони замони вуқуъи қиёмат
Гоҳо инсон ба худ меандешад ва мепурсад: чи ҳикмат ва фалсафае дар пинҳон нигоҳ доштани вақти дақиқи қиёмат нуҳуфта аст?
Посух ин аст: Пинҳон мондани вақти дақиқи фарорасии қиёмат таалуқи асосӣ ба ислоҳи нуфуси инсонҳо дорад.
Замони дақиқи вуқуъи қиёмат пинҳон аст, муомилаи бисёр муҳиме, ки инсон аз вуқуъи он мутмаин бошад аммо намедонад, ки чи лаҳзае ба суроғи ӯ меояд ва ӯро иҳота мекунад, инсонро ҳамвора дар интизори худ нигоҳ медорад.
Устод Саид Қутб дар ин бора мегӯяд: Маҷҳул (номаълуми) дар зиндагии башар дар сохтори равонии ӯ як унсур ва омили асосӣ аст, бинобар ин лозим аст, ки инсонҳо дар зиндагии худ маҷҳуле, ки дар интизори он бинишинанд, дошта бошанд ва агар ҳар чиз барои башар пайдо мебуд ва ҳоло онки ӯ дорои чунин фитрате аст, нишот, шодобӣ ва саъйу талоши ӯ мутаваққиф мешуд ва зиндагӣ дучори рукуд ва инҷимод мегардид.
Оре инсонҳо дар паси пардаи маҷҳулот ҳаракат мекунанд, дар партави маҷҳулот барҳазар буда ва аз ҳушёрии лозим истифода мекунанд, умедро мебинанд, ва дар рубаруи таҷриба қарор мегиранд, меомӯзанд, пинҳониҳои тавон ва истеъдоди худ ва ҷаҳони гирдогирдро кашф мекунанд. Гиреҳ додани дилҳо ва эҳсосот ба қиёмати маҷҳул ва ваъдадодашуда, онҳоро аз саркашӣ ва туғён муҳофизат мекунад.
Онҳо намедонанд, ки қиёмат дар чи рӯзе ба вуқуъ меояд ва бинобар ин онҳо ҳамвора дар интизори вуқуъи он менишинанд, ҳамвора барои он омода мешаванд. Албатта маҷҳул будани қиёмат ин гуна самароти мусбатро дар ҳақи касоне ба армуғон меоварад, ки дорои фитрати солим ва мустақим бошанд, аммо касоне, ки фитраташон фосид шуда ва аз ҳавову ҳавас пайравӣ мекунанд муҷиби ғафлат ва нодонӣ мешаванд ва дар ниҳоят ба уқёнуси нобудӣ суқут мекунанд. (Рӯзи қиёмат дар Тафсири фӣ зилолул Қуръон, ҷамъ ва таҳия Аҳмад Фоиз, саҳ: 98)
Мабҳаси панҷум: Машғул шудан дар таъйини замони фаро расидани қиёмат ҷоиз нест
Дар мавриди фарорасии қиёмат пурсишҳо мешуд ва бештар аз худи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мепурсиданд. Посухи ин савол аз ҷониби Худованд чунин омадааст:
﴿يَسَۡٔلُكَ ٱلنَّاسُ عَنِ ٱلسَّاعَةِۖ قُلۡ إِنَّمَا عِلۡمُهَا عِندَ ٱللَّهِۚ وَمَا يُدۡرِيكَ لَعَلَّ ٱلسَّاعَةَ تَكُونُ قَرِيبًا ٦٣﴾ [الاحزاب : ٦٣]
“(Эй Паёмбар! Мардум аз ту дар бораи фаро расидани қиёмат мепурсанд, бигӯ: огоҳӣ аз он ихтисос ба Худо дораду бас. (Ва касе ҷуз Ӯ таоло аз ин мавзуъ огоҳ нест). Ту чи медони, шояд ҳам фаро расидани қиёмат наздик бошад” (Сураи Аҳзоб ояти 63)
﴿يَسَۡٔلُونَكَ عَنِ ٱلسَّاعَةِ أَيَّانَ مُرۡسَىٰهَا ٤٢ فِيمَ أَنتَ مِن ذِكۡرَىٰهَآ ٤٣ إِلَىٰ رَبِّكَ مُنتَهَىٰهَآ ٤٤﴾ [النازعات: ٤٢، ٤٤]
“Аз ту дар бораи қиёмат мепурсанд, ки дар чи замоне воқеъ мешавад? Туро чи огоҳӣ ва хабар аз он?! (Ту чизе аз он намедони) огоҳӣ аз замони қиёмат ба Парвардигорат вогузор мегардад (ва иттилоъ аз вуқуъи он кори Парвардигор туст” (Сураи Нозиъот ояти 42-44)
Худованд ин илмро ба ҳеҷ фариштаи муқарраб ё набии мурсал надодааст, бинобар ин Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар посух ба саволи Ҷибраил (а) мабнӣ бар замони вуқуъи қиёмат фармуд: дар ин маврид масъул аз соил огоҳтар нест.