Articles

 





Дар ривояте Пайғамбари акрам (с) фармуданд:





«(Ба василаи касби сарвату мақом) аз падарони (фақиру гумноми) худ рӯйгардон нашавед (ва аз интисоби ба онон гу­резон набошед) касе, ки (аз ин тариқ) аз интисоб ба падари худ рӯй бигардонад, ӯ амали куфромезеро муртакиб шу­дааст».[78]





Боз дар «Саҳеҳайн» бо ибораи Муслим омадааст, ки Абузар (р) гуфтааст: «Аз Расули Худо (с) шунидам, ки ме­фармуданд: «Марде, ки худро ба ғайри падари хеш нисбат диҳад, дар ҳоле ки бидонад ӯ падараш намебошад, куфр вар­зи­дааст. Касе, ки иддаои чизе кунад ва онро ба худ нисбат ди­ҳад, дар ҳоле ки моли ӯ набошад (чунин шахсе) аз мо ва ба ра­виши мо намебошад ва бояд ҷойгоҳи худро дар оташи дӯзах омода созад. Касе, ки шахсеро ба куфр хонад ва ё ӯро «душ­мани Худо» гӯяд, дар ҳоле ки он тавр набошад (ки ӯ мегӯяд) мусалламан кайфари он ба худи ӯ бармегардад)».[79]





Асоси ёздаҳум, анҷом додани ҳаҷ ба ҷои падару модари пиру нотавони худ





Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки субҳи рӯзи ид дар ҳоле ки Фазл ибни Аббос пушти сри Расули Худо (с) буд. Зане аз қабилаи Хасъам омад ва аз Пайғамбар (с) пурсид: «Эй Расули Худо (с)! Бегумон ҳаҷ яке аз фаризаи Худованд бар бандагонаш мебошад ва ин фариза низ бар падари пиру солхӯрдаам фарз шудааст, аммо ӯқодир нест бар василаи нақлия худро нигоҳ дорад, оё метавонам ба ҷои ӯ фаризаи ҳаҷро барояш анҷом диҳам? Ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, ба ҷои ӯҳаҷро анҷом деҳ».[80]





Дар ривояти дигар омадааст, ки Ибни Раззин гуфт: «Эй Расули Худо (с), падарам пиру солхӯрда мебошад ва намета­вонад ҳаҷ ва умраро анҷом диҳад ва худро дар каҷова нигоҳ дорад. Ҳазрат (с) фармуданд: «Ба ҷои падарат фаризаи ҳаҷ­ро барояш анҷом деҳ».[81]





Асоси дувоздаҳум, ба ҷой овардани назри падару модар





Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) пирамарди солхӯрдаеро диданд, ки бо кӯмаки ду писа­раш ҳидоят мешавад ва бар онон такя зада роҳ мерафт. Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ин пирамардро чӣ шуда­аст?». Писаронаш гуфтанд: «Эй Расули Худо, ин корро бар худ назр кардааст!» Он ҳазрат (с) фармуданд: «Эй пира­мард, савор шав! Худованд аз ту ва аз назри ту бениёз аст».[82]





Асоси сездаҳум, нофармонӣ аз волидайн гуноҳи кабира аст





Нофармонӣ аз падару модар аз гуноҳони кабира аст, ки ҳам дар дунё ва ҳам дар охират кайфар дорад.





Дар Саҳеҳайн омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:





«Оё шуморо ба бузургтарин гуноҳони кабира огоҳ со­зам?». Арз кардем: «Бифармоед, эй Расули Худо (с)!» Фарму­данд: «Шарик қоил шудан барои Худо ва азият додани воли­дайн ва нофармонӣ аз онон». Дар ҳоле ки такя зада буданд, нишаста фармуданд: «Ва аз сухани дурӯғбипарҳезед». Пай­васта онро такрор мефармуданд, то ин ки аз рӯи шафқат гуфтем: «Эй кош, бас мекарданд».[83]





Дар ривояти дигар Расули Худо (с) фармуданд:





«Се нафар ҳастанд, ки Худованд дар рӯзи Қиёмат бо на­зари лутфу раҳмат ба онон наменигарад: Касе, ки падару мо­дари худро озор медиҳад ва аз онон нофармонӣ мекунад; зане, ки худро ба сурати мард дармеоварад ва марди дар мавриди занаш беғайрат. Ва се нафар ба биҳишт дохил намешаванд: Шахси нофармон аз падару модар, шахси ба шаробхорӣ одаткарда ва фарди миннатгузор ба он чӣ мебахшад».[84]





Муъоз (р) мегӯяд: «Пайғамбари акрам (с) даҳ матлабро ба ман тавсия намуда, фармуданд:





«1. Ҳеҷ чизеро бо Худованд шарик қарор мадеҳ, ҳатто агар кушта ва ё дар оташ андохта шавӣ.





2. Аз падару модарат нофармонӣ макун, агарчи ба ту фармон диҳанд, ки аз аҳлу моли хеш бигзар ва канора гир.





3. Намозҳои воҷибро қасдан тарк макун, зеро касе, ки на­мози воҷиберо қасдан тарк кунад, аҳди (амони) илоҳӣ аз ӯ бардошта мешавад.





4. Шаробхорӣ макун, чунки он сарчашмаи ҳар гуноҳу баде аст.





5. Аз гуноҳ кардан бипарҳез, зеро хашми Худованд ба са­баби иртикоби гуноҳ нозил мегардад.





6. Аз фирор кардан ҳангоми ҷиҳод барҳазар бош, агарчи мардумон ҳалок шаванд.





7. Дар ҳоле ки ту дар миёни мардум ҳастӣ, вақте марги онон фаро расид, ту пойдору собитқадам бош.





8. Ба андозаи тавони худ бар аёлу хонаводаат харҷ кун.





9. Аз тарбия ва таъдиби онон дастбардор мабош ва кӯ­тоҳӣ макун.





10. Ба хотири ризои Худо ва дар роҳи Худо эшонро би­тарсон (ва худ низ дар мавриди онон аз Худованд битарс)».[85]





Дар ривояти дигар Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Бузургтарин гуноҳони кабира иборатанд аз шарик қарор до­дан барои Худо, азияту озор додани волидайн, қатли нафс (қасдан) ва савганди дурӯғ(бо вуҷуди илму огоҳӣ ба он)».[86]





Дар Саҳеҳайн омадааст, ки Расули Худо (с) фармуда­анд: «Бегумон, Худованди мутаъол бар шумо ҳаром гардо­ни­дааст азияту озор додани модарон, худдории шахс аз додани он чӣ, ки бояд бидиҳад, хоҳон шудани чизе, ки ҳаққи гириф­танашро надорад, зинда ба гӯр кардани духтарон ва барои шумо зишт аст бозгӯ намудани ҳар он чиро шахс мешунавад (масалан, чунин гуфта шуд, фалонӣ чунон гуфт…), исрор варзидан дар бораи чизе, ки зарурӣ ва мавриди ниёз намебошад ва исроф намудан дар молу зоеъ гардонидани он…».[87]





Дар ривоят омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фарму­данд: «Касе, ки ғуломи мусалмонеро аз банди ғуломӣ озод кунад, мӯҷиби дур сохтани ӯ аз оташи дӯзах мегардад, зеро ҳар устухоне аз устухонҳояш дар баробари ҳар устухоне аз устухонҳои ӯ озод карда мешавад. Ҳар кас яке аз падару мо­дараш дар қайди ҳаёт бошаду нисбат ба ӯ раҳмату бахшиш надошта бошад, Худованди ғолибу тавоно ӯро аз раҳмату мағфирати Худ дур месозад. Касе, ки кӯдаки ятими бозмонда аз падару модари мусалмонро гираду ба ӯ хӯроку нӯшиданӣ бидиҳад, то ин ки бузургу бениёз шавад, Биҳишт барои ӯ воҷибу ҳатмӣ мегардад».[88]





Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Мо иддае ҷамъ шуда будем, Пайғамбари акрам (с) наздамон омада фармуданд: «Эй ҷамоати муслимин! Тақвои Худо ва парҳезкориро пешаи худ созед, ва силаи раҳмро ба ҷой оваред, зеро ҳеҷ савобу подоше аз ба ҷой овардани силаи раҳм зудтар намерасад. Аз нофармонӣ барҳазар бошед, чунки ҳеҷ уқубату кайфаре аз уқубату кайфари нофармонӣ зудтар намерасад. Аз азияту озор расонидан ба падару модар бипарҳезед, чаро ки бӯи биҳишт аз фосилаи ҳазор сол роҳ дар ҳаққи касе, ки падару модарашро озор намедиҳад, ёфт мешавад. Қасам ба Худо! Ҳеҷ як аз озордиҳандаи падару модар, қатъкунандаи силаи раҳм ва ҳамчунин пирамарди зинокунандаву пӯшандаи либоси фахромезе, ки аз рӯи такаббуру худнамоӣ либоси худ­ро мепӯшад, бӯи биҳишт ба машомаш намерасад, чун аза­ма­ту бузургворӣ фақат шоистаи Парвардигори ҷаҳониён аст».[89]





Яке аз нишонаҳои Қиёмат сурати зиште аз мухолифату озор расонидан аст, ба тавре, ки фарзанд бо падари худ ме­ҷангад ва ӯро мекушад. Чунонки дар ривоят омадааст, Пай­ғамбари акрам (с) фармуданд: «Қиёмат барпо намешавад, магар замоне, ки шахс бо ҳамсоя, бародар ва падари худ би­ҷангад».[90]





Кайфари нофармонӣ аз падару модар дар дунё





Дар ривояте омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фарму­даанд: «Худованд (ҷазои) он чи аз гуноҳонро, ки бихоҳад то рӯзи қиёмат ба таъхир меандозад, магар азияту озор расо­ни­дан ба волидайн ва нофармонӣ аз ононро, ки Худованд кайфа­ри онро дар дунё ва қабл аз марг ба шахси озордиҳандаву но­фармон менамоёнад».[91]





Дар робита бо шеваи азияту озор ва кайфияти нофармо­нӣ нисбат ба падару модар, бояд донист, меъёри азияту озор расонидан ба падару модар ва ё ба яке аз он ду ҳамон тавре, ки Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ гуфт, ба ин сурат аст, ки агар нисбат ба падару модар амале анҷом шавад, ҳарчанд дар урфу одат амри тавҳиномезу беэҳтиромона набошад, аммо мӯҷиби ранҷишу озурдагии хотири онон гардад, гуноҳи кабира мебошад, агарчи анҷом доданаш нисбат ба дигарон ҳаром на­бошад. Масалан, ба ин шакл, ки вақте писар ба падараш рӯ ба рӯ мешавад рӯи худро турш кунад ва чини абру намояд ва ё ин ки агар падараш дар пеши назари мардум ва дар миёни ом­ма бар ӯ гузарад, аз ҷои худ барнахезад ва нисбат ба ӯ арзишу аҳамияте қоил нашавад ва аз ин қабил амалҳои дигар, ки наз­ди шахси оқилу бомурувват ва аз назари урфу одат амали ранҷовару ноҷавонмардона маҳсуб гардад…





Б. Чанд асос дар бораи некӣ дар ҳаққи волидайн баъд аз марги ҳар ду ва ё яке аз он ду





Асоси аввал, анҷом додани тааҳҳудот ва васиятҳои падару модар





Табиист, ҳастанд афроди бузургсоле, ки дар даврони кӯ­дакии худ яке аз падару модари хешро аз даст додаанд, пас лозим аст ин гуна афрод дар даврони бузургии худ чизеро ба унвони эҳтирому бузургдошти эшон барои онон пеш ги­ранд ва ё ин ки дар даврони зиндагии худ, ки яке аз падару модарашон мемирад, лозим аст дар ҳаққи ӯ некӣ кунанд…





Бинобар ин, дар бораи некӣ кардан дар ҳаққи падару модар баъд аз фавти яке ва ё ҳар дуи онон асосу қоидаҳое вуҷуд дорад, ки яке аз ин асосу қоидаҳо ба ҷой овардани тааҳҳудоту васиятҳои онон аст. Чунонки дар ривоят омада­аст, Шурайд ибни Сувайди Сақафиро модараш ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш ба ӯ тавсия намуд, ки баъд аз маргаш ғуломи мӯъминеро ба ҷои ӯ озод намояд. Сипас Шурайд назди Пайғамбари акрам (с) омад ва гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Модарам васият кардааст, ки баъд аз маргаш ғуломи мӯъминеро ба ҷои ӯ озод намоям ва акнун ман канизи сиёҳ­пӯсте дорам, оё ӯро озод намоям?» Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ӯро ба ин ҷо даъват кун». Ӯро даъват кард ва омад. Пайғамбари акрам (с) ба он каниз хитоб карда фар­му­данд: «Парвардигори ту кист?». Гуфт: «Парвардигори ман «Аллоҳ» аст. Фармуданд: «Ман чӣ касе ҳастам?». Дар ҷавоб гуфт: «Ту Расули Худо (с) ҳастӣ». Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ин канизро озод кун, ба ростӣ, ки ӯ мӯъмин аст».





Аз Молик ибни Рабиъаи Соъидӣ ривоят шуда, ки гуф­тааст: «Ҳангоме ки назди Пайғамбари акрам (с) нишаста бу­дем, ногаҳон марде аз бани Салама омад ва гуфт: Эй Расули Худо! Оё чизе аз некӣ дар ҳаққи падару модарам боқӣ мон­да­аст, ки баъд аз фавти онон маъмур ба анҷом доданаш бо­шам?» Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Оре, намози май­йит бар онон ва дуову талаби омӯрзиш барои онон ва ба ҷой овардани паймонҳову васиятҳои эшон баъд аз фавташон, ҳамчунин ба ҷой овардани силаи раҳме, ки ба он ду тааллуқ дорад (аз қабили амакҳову аммаҳо ва тағоҳову холаҳо) ва икрому эҳтиром кардани дӯстону ошноён».[92]





Ногуфта намонад, ин ҳадис аксари аркони некиҳоро шо­мил мегардад.





Табиист, гоҳо фарзанд дар анҷоми васияти падару мо­дараш дучори мушкилоту душвориҳое мешавад, аммо бояд донист, ки некии дурусту содиқона ва яқини комил ба Ху­дои ғолибу тавоно ва такя ба ин гуфтаи Қуръон: «Мо ин­да­кум янфаду ва мо индаллоҳи боқин»[93] аз ҷумлаи авомиле ҳастанд, ки ӯро барои суръат бахшидан ба анҷоми васият­ҳои падару модар ёрӣ медиҳанд.





Инак, дар ин робита намунаи ҷолиберо барои хонанда­гон баён мекунем. Дар ривоят омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) гуфт: «Вақте падарам Зубайр (р) дар воқеаи ҷанги Ҷамал истода буд, маро фаро хонд. Ман дар канори ӯ исто­дам ва гуфт: «Эй писарам! Имрӯз фақат золим ё мазлум куш­та мешавад ва ман яқин дорам мазлумона кушта хоҳам шуд ва бузургтарин ғаму андӯҳи ман ба хотири қарзҳоям мебо­шад. Оё имкон дорад, ки қарзҳоямон чизе аз амволамонро боқӣ бигузорад?» Баъд гуфт: «Эй писарам! Он чӣ аз амволу ам­лок­ро, ки дорем, бифурӯшу қарзҳоямро бипардоз». Сипас нисбат ба сеяки моли худ ва тақсими сеяки изофӣ аз қарзҳоро дар байни фарзандони Абдуллоҳ (р) ва фарзандони худи Зубайр (р) васият карду гуфт: «Агар баъд аз пардохти қарзҳо чизе аз амволамон боқӣ монад, сеяки он барои фарзандони худат бошад».





Абдуллоҳ (р) мегӯяд: «Падарам Зубайр (р) пайваста пардохти қарзҳояшро ба ман тавсия мекарду мегуфт: «Эй писарам! Агар дар пардохти қарзҳоям нотавон мондӣ, барои адои онҳо аз мавлоям кӯмаку ёрӣ биҷӯй». Абдуллоҳ (р) мегӯ­яд: «Қасам ба Худо! Надонистам манзури ӯ аз ин гуфтор чист? То ин ки аз ӯ пурсидам: «Эй падари меҳрубонам! Мав­лои ту кист? Дар ҷавоб гуфт: «Мавлои ман «Аллоҳ» аст». Абдуллоҳ (р) мегӯяд: «Қасам ба Худо ҳар гоҳ дар бораи пар­дохти қарзҳояш дучори мушкиле мешудам, мегуфтам: «Эй мавлои Зубайр (р), қарзҳои ӯро бипардоз», билофосила Худо­ванд василаи пардохти онҳоро фароҳам месохт. Билохира Зу­байр (р) кушта шуд, дар ҳоле ки ҳатто як дирҳам ва ё динор ба ҷой нагузошт, ба ҷуз як порча замини васеъ, боғ, ёздаҳ дар хона дар Мадина, ду дар хона дар Басра, як дар хона дар Ку­фа ва як дар хона дар Миср. Қарзҳои Зубайр (р) ба ин сурат буданд, ки як нафар моли худро пеши ӯ меовард ва ба унвони амонат назди ӯ мегузошт, Зубайр (р) мегуфт: «Ҳеҷ амона­теро аз шахсе нигоҳ намедорам, магар ин ки соҳибаш ӯҳда­дори он гардад, зеро ман метарсам, он мол аз байн биравад ва ман молу сарвати хешро аз роҳи аморату молиёт ва боҷу хи­роҷ касб нанамудаам, ба ҷуз он чӣ аз ғанимат, ки дар ҷангҳо ҳамроҳи Пайғамбари акрам (с) ва ё бо Абубакр (р), Умар (р) ва Усмон (р) ба даст овардаам».





Абдуллоҳ ибни Зубайр (р)мегӯяд: «Қарзҳоеро, ки назди падарам буд, ҳисоб кардам, ба ду миллиону дусад ҳазор динор мерасид». Сипас, Ҳаким ибни Ҳизом (р) Абдуллоҳ ибни Зу­байр (р)-ро дид ва ба ӯ гуфт: «Эй бародарзода! Чӣқадар қарз назди бародарам Зубайр (р) ҳаст? Абдуллоҳ (р) маблағи во­қеиро нагуфт ва онро пинҳон дошт ва танҳо гуфт: «Сад ҳа­зор динор». Ҳаким (р) гуфт: «Қасам ба Худо! Фикр наме­ку­нам амволу дороии шумо ғунҷоишу кафофи ин қарзҳоро дош­та бошад». Абдуллоҳ (р) гуфт: «Агар ин қарзҳо ду миллиону дусад ҳазор динор мебуд чӣ?» Ҳаким (р) гуфт: «Фикр намеку­нам аслан тавоноии пардохти онро дошта бошед, пас агар аз пардохти он нотавон мондед, аз ман кӯмаку ёрӣ бихоҳед, то шуморо кӯмак кунам».





Зубайр (р) он боғи васеъро ба маблағи саду ҳафтод ҳазор динор харида буд. Сипас писараш Абдуллоҳ (р) онро ба як миллиону шашсад ҳазор динор фурӯхт ва баъд баланд шуду ба овози баланд гуфт: «Ҳар кас ҳаққе бар падарам Зубайр (р) дорад, биёяд, то онро аз баҳои ин боғ ба ӯ бипардозем». Аб­дуллоҳ ибни Ҷаъфар ибни Абутолиб, ки чорсад ҳазор динор назди Зубайр (р) дошт омад ва ба Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) гуфт: «Агар хоҳед, то ин маблағро барои шумо бигузорам». Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) гуфт: «Не, лозим нест». Боз Аб­дуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) гуфт: «Агар хоҳед, онро аз зумраи қарзҳое, ки ба таъхир меандозед, қарор диҳед ва пардохти онро низ ба таъхир биандозед». Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) гуфт: «Не, ниёзе нест». Сипас Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) гуфт: «Пас, як қитъа аз ин боғро бароям ҷудо кунед». Абдул­лоҳ ибни Зубайр (р) ҳамин корро кард ва ба ӯ гуфт: «Ин қит­ъа аз ин ҷо то он ҷо азони ту» ва онро ба ӯ фурӯхта, ба ин васила тамоми қарзҳои Ибни Ҷаъфар (р)-ро пардохт кард ва чор саҳму ними он боқӣ монд. Сипас, Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) назди Муъовия (р) рафт ва Амр ибни Усмон (р), Мунзир ибни Зубайр (р) ва Ибни Замъа (р) низ пеши ӯ буданд. Муъо­вия (р) ба Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) гуфт: «Баҳои боғ чӣ қадар шудааст?» Абдуллоҳ (р) гуфт: «Ҳар саҳме сад ҳазор дир­ҳам мебошад». Муъовия (р) гуфт: «Чӣ қадар боқӣ мондааст?» Абдуллоҳ (р) гуфт: «Чор саҳму ним». Баъд Мунзир ибни Зу­байр (р) як саҳм ба маблағи сад ҳазор дирҳам, Амр ибни Ус­мон (р) ҳам саҳме ба сад ҳазор дирҳам ва Ибни Замъа (р) низ ба сад ҳазор дирҳам ба унвони саҳми худ бардош­танд. Му­ъовия (р) гуфт: «Акнун чӣ қадар боқӣ монд?» Аб­дуллоҳ ибни Зубайр (р) гуфт: «Як саҳму ним». Муъовия (р) гуфт: «Ман он як саҳму нимро низ ба саду панҷоҳ ҳазор дир­ҳам ги­риф­там». Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) ҳам саҳми худро ба шаш ҳазор дирҳам ба Муъовия (р) фурӯхт. Бинобар ин, вақте Аб­дуллоҳ ибни Зубайр (р) аз адои қарзҳои Зубайр (р) фориғ шуд, писарони Зубайр (р) гуфтанд: «Мероси моро дар байна­мон тақсим кун». Абдуллоҳ (р) гуфт: «Қасам ба Худо, онро дар байни шумо тақсим нахоҳам кард, то ин ки ба муд­дати чор сол дар замони муайян нидо мекунам: «Эй мардум! Ҳар кас қарзе пеши Зубайр (р) дорад, пеши мо биёед, то онро ба ӯ пас диҳем». Бинобар ин, ҳар сол дар замони муайяне нидо ме­кард (то ҳар кас қарзе пеши ӯ дорад, биёяд ва онро пас гирад).





Пас аз гузашти чор сол Абдуллоҳ (р) мероси падара­шон­ро, (ки аз қарзҳояш боқӣ монда буд,) дар байни онон тақсим кард. Зубайр (р) чор зан дошт ва ба ҳар як аз он чор зан як миллиону сад ҳазор дирҳам расид. Абдуллоҳ (р) мегӯяд: «Та­моми сарвати Зубайр (р) панҷоҳ миллиону дусад ҳазор дир­ҳам буд».





Оре, ба ростӣ ин яке аз бузургтарин некиҳо аст, ки фар­занд дар ҳаққи волидайни худ мекунад, он ҳам ҳамроҳ бо имону эътиқоди комил ва ҳамроҳ бо яқину итминони халал­нопазир ба Худои мутаъол дар осон сохтани амри нек ва ан­ҷом додани васиятҳои онон…





Худованд ҳамаи моро аз зумраи некӯкорон бигардонад. Омин!





Асоси дуюм, дуъо ва талаби омӯрзиш барои падару модар





Муҳаммад ибни Сирин гуфтааст: «Назди Абуҳурайра (р) будем мегуфт: «Худоё, Абуҳурайраву модараш ва ҳар ка­серо, ки барои онон талаби омӯрзиш мекунад, бибахш!» Му­ҳаммад ибни Сирин мегӯяд: «Мо низ барои онон талаби омӯрзиш кардем, то ин ки ба дуои Абуҳурайра дохил шавем ва шомили он гардем».[94]





Қаблан ҳадисеро дар бораи «дуо ва талаби истиғфор ба­рои падару модар…» ва ҳамчунин ҳадиси: «…ва фарзанди солеҳ барои падару модараш дуои хайр ва талаби мағфират мекунад..»-ро зикр кардем.





Дар ривояте Пайғамбари акрам (с) фармуданд:





«Ҳамоно Худованди ғолибу тавоно дараҷаи бандаи некӯ­корро дар биҳишт боло мебарад ва мегӯяд: «Парвардигоро! Чунин мақому дараҷае аз куҷо насиби ман шудааст?» Дар ҷа­воб гуфта мешавад: «Ба василаи талаби омӯрзиши фарзан­дат барои ту ҳосил шудааст».[95]





Асоси сеюм, ба ҷо овардани силаи раҳми падару модар ва некӣ дар ҳаққи дӯстони онҳо





Дар ривоят омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Умар (р) ҳар вақте ба тарафи Макка мерафт ва аз савор шудан бар шутур дилгиру нороҳат мешуд, дарозгӯше дошт, бар он савор ме­шуд ва имомае низ бар сари худ мебаст. Рӯзе, дар ҳоле ки савор бар он дарозгӯш шудаву имомаашро ба даври сари худ баста буд, ба як нафар аъробие бархӯрд карду аз ӯ пур­сид: «Оё ту писари фалон шахс ҳастӣ?» Аъробӣ гуфт: «Чаро на? Ҳастам». Абдуллоҳ ибни Умар (р) чаҳорпоро ба ӯ доду гуфт: «Савори он шав». Имомаашро низ ба ӯ доду гуфт: «Он­ро ба даври сари худ бибанд». Яке аз ёронаш гуфт: «Худованд туро биомӯрзад, чаҳорпое, ки бар он савор мешудӣ ва имома­еро, ки ба даври сари худ мебастӣ, ба ин аъробӣ додӣ?» Аб­дуллоҳ ибни Умар (р) дар ҷавоби дӯсташ гуфт: «Ман аз Ра­сули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд: «Беҳтарин некӣ дар ҳаққи падар ҳамон барқарор намудани иртиботи дӯстӣ ва некӣ намудани ӯ аст дар ҳаққи дӯстону ошноёни падараш баъд аз фавти ӯ».[96] Сипас гуфт: «Ман аз ин назар ба ин шахс некиву муҳаббат намудам, чун падараш падарам Умар ибни Хуттоб (р)-ро бисёр дӯст медошт».





Қаблан ҳадисеро дар робита бо барқарории дӯстӣ ва иртибот бо дӯстону ошноёни падару модар ва икрому бу­зургдошти онон баён намудем…





Ибни Ҳиббон дар «Саҳеҳ»-и худ аз Абубурда ривоят на­муда, ки гуфтааст: «Вақте вориди Мадина шудам, Абдуллоҳ ибни Умар (р) назди ман омад ва гуфт: «Оё медонӣ, чаро пе­ши ту омадаам?» Гуфтам: «Не». Абдуллоҳ ибни Умар (р) гуфт: «Шунидам, ки Расули Худо (с) мефармуданд: «Касе, ки дӯст дорад бо падари худ дар қабраш иртибот дошта бо­шад, пас бояд бо бародарону дӯстони падараш баъд аз фавти ӯ робита дошта бошад (ва он пайванди дӯстиро қатъ наку­над)».[97]Абдуллоҳ ибни Умар (р) гуфт: «Ман ба ин хотир пе­ши ту омадам, чун байни падарам Умар ва байни падари ту робитаи бародариву дӯстӣ буд ва ман дӯст доштам онро барқарор созам».





Боз аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шуда, ки гуфта­аст: «Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Дӯстиву муҳабба­ти падаратро ҳифз кун ва онро қатъ макун (вагарна), Ху­дованд нури (қалби) туро хомӯш менамояд».[98]





Асоси чорум, садақа додан барои падару модар





Абдуллоҳ ибни Аббос (р) гуфтааст: «Марде ба Пайғам­бари акрам (с) гуфт: «Модарам фавт кардааст, агар барои ӯ садақа диҳам, ба ӯ суде мерасонад?» Он ҳазрат (с) фар­муданд: «Оре, ба ӯ суд мерасонад». Он мард гуфт: «Пас, ман шуморо гувоҳ мегирам, ки моли ҳалоле дорам, онро садақаи ӯ кардам».[99]





Дар ривояти дигар омадааст: «Марде ба Пайғамбари ак­рам (с) гуфт: «Модарам сакта карда (забонаш баста) аст ва ман гумон мекунам агар ҳарф мезад, барояш садақа мекар­дам, агар барояш садақа кунам, аҷру подоше дорад?» Он ҳаз­рат (с) фармуданд: «Оре, аҷру савоб дорад».[100]





Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Вақте фарде бихоҳад садақае диҳад ва савоби онро барои па­дару модари мусалмонаш қарор диҳад, аҷру савоби он барои падару модараш мебошад ва худи ӯ низ ҳамонанди аҷру саво­би ононро меёбад, бидуни ин ки чизе аз аҷру савоби онҳо кам гардад».[101]





Дар ривояте омадааст, ки Саъд ибни Убода (р) ҳамроҳи Пайғамбари акрам (с) дар яке аз ҷангҳо ширкат кард ва аз Мадина хориҷ шуда ба ҷиҳод рафт. Сипас, модараш дар Мадина дар ҳоли марг қарор гирифт ва ба ӯ гуфтанд: «Ва­си­яте кун». Модараш гуфт: «Дар бораи чӣ чизе васият кунам? Молу сарват азони Саъд мебошад». Билохира, пеш аз он ки Саъд ба Мадина баргардад, модараш фавт кард ва вақте ки Саъд баргашт, моҷароро ба огоҳии ӯ расониданд. Саъд гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Агар садақае барои модарам бику­нам, ба ӯ суде мерасонад ва подоше меёбад?» Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, ба ӯ суде мерасонад». Сипас Саъд гуфт: «Инак, боғеро бо чунину чунон мушаххасот садақаи ӯ гар­донидам».[102]





Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки марде ба Пайғам­бари акрам (с) гуфт: «Падарам фавт кардааст ва молу сар­ва­те аз худ ба ҷо гузошта, аммо васият накардааст. Акнун агар барои ӯ садақа диҳам, ба ӯ суде мерасонад ва мӯҷиби бах­шиши гуноҳонаш мешавад? Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, ба ӯ суд мерасонад».[103]





Беҳтарин садақаи ҷория оби чоҳ ва ҷӯй мебошад





Дар ривоят омадааст, ки Саъд ибни Убода (р) гуфтааст: «Гуфтам: «Эй Расули Худо (с)! Модарам фавт кардааст, чӣ садақае барои ӯ анҷом диҳам, (аз назари савоб) беҳтар аст? Он ҳазрат (с) фармуданд: «Об». Пас Саъд ибни Убода чоҳи обе канду гуфт: «Ин чоҳи об садақаи модари Саъд аст».[104]





Боз аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шуда, ки Пай­ғамбари акрам (с) фармуданд:«Касе, ки чоҳи обе биканад ва аз он андаруни шиками озодае аз ҷинну инс ва парранда сероб шавад, Худованд дар рӯзи қиёмат аҷру подоши неки ӯро хо­ҳад дод. Касе, ки масҷиде бисозад, агарчи хурдтар аз ошёнаи мурғи сангхора (бисёр хурд) бошад, Худованд хонае барои ӯ дар биҳишт месозад».[105]





Асоси панҷум, анҷом додани ҳаҷ ба ҷои падару модар





Дар ривоят мадааст, ки Абуразини Уқайлӣ назди Пай­ғамбари акрам (с) омад гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Падарам пиру солхӯрда аст, қодир ба сафар ва анҷоми маросими ҳаҷҷу умра намебошад, наметавонад худро бар василаи нақлия ни­гоҳ дорад». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ба ҷои падарат ҳаҷ ва умраро барои ӯ анҷом деҳ».[106]





Аз Анас (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Марде назди Расули Худо (с) омад ва гуфт: «Падарам вафот кардааст ва ҳаҷ, ки воҷиби исломӣ аст, анҷом надодааст». Расули Худо (с) фармуданд: «Агар қарзе бар гардани падарат мебуд (баъд аз фавти ӯ) онро намепардохтӣ?». Он мард гуфт: «Оре, онро мепардохтам». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Пас, ҳаҷ низ дай­не аст бар гардани вай ва бояд ту онро (ба ҷои ӯ) анҷом диҳӣ».[107]





Аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки фалонии Ҷуҳанӣ гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Падарам вафот кардааст ва пир­марду солхӯрда буд ва ҳаҷро анҷом надодаву қодир ба сафару анҷоми он набуд. Расули Худо (с) фармуданд: «Ба ҷои пада­рат ҳаҷро анҷом деҳ».[108]





Дар ривоят омадааст, ки Зубайр ибни Арқам (р) гуфт: «Пайғамбари акрам (с) фармуданд:«Ҳар гоҳ шахс ба ҷои па­дару модараш маросими ҳаҷро анҷом диҳад, Худованд онро аз ӯ ва аз падару модараш қабул мекунад ва дар осмон ба арвоҳи онон муждаи қабули онҳо дода мешавад, (ин шахс) дар назди Худованд ба унвони фарди некӯкор навишта мешавад».[109]





Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) гуфтааст: «Расули Худо (с) фармуданд: «Касе, ки ба ҷои падару модараш маросими ҳаҷро анҷом диҳад, ба албатта ҳуҷҷаташро анҷом дода, савоби даҳ ҳаҷро меёбад».[110]





Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Марде назди Расули Худо (с) омад ва гуфт: «Падарам вафот кар­да­аст ва фаризаи ҳаҷҷи исломӣ бар ӯ мебошад. Оё ба ҷои ӯ фа­ризаи ҳаҷро анҷом диҳам? Он ҳазрат (с) фармуданд: «Агар падарат қарздор мебуд ва мемурд, намебояд қарзи ӯро бипар­дозӣ?». Он мард гуфт: «Чаро не, бояд онро бипардозам». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Фаризаи ҳаҷ низ ҳамин тавр аст ва бояд онро ба ҷои ӯ анҷом диҳӣ».[111]





Асоси шашум, шитоб ва ҷиддият ба харҷ додан барои некӯкорӣ ба хотири хушҳол намудани падару модар





Худованд дар Қуръон мефармояд:





«Бигӯ: «амал кунед, пас ба зудӣ Худо ва Пайғамбараш ва мӯъминон (натиҷаи) амали шуморо мебинанд…».[112]





Ҳофиз Ибни Касир (р) дар бораи ин оят мегӯяд: «Дар аҳодис ва ривоёт омадааст: «Бегумон, аъмоли зинда ва дар ҳоли ҳаёт дар дунё бар мурдагони хешованду наздики онон дар олами барзах нишон дода мешавад». Сипас, ҳадисе аз Абудовуди Таёлисӣ бо санади худ аз Ҷобир (р) ривоят на­муда, ки гуфтааст: Расули Худо (с) фармуданд: «Бегумон, аъмоли шумо бар хешовандону наздикони (фавткардаи) шу­мо нишон дода мешавад, пас, агар хубу некӯ бошанд, онҳо шо­ду хушҳол мешаванд ва агар хуб набошанд, мегӯянд: «Худо­вандо! Ба онон илҳом бифармо, то он чиро шоистаи тоату ибодати Ту аст, анҷом диҳанд».[113]





Сипас Ҳофиз ибни Касир ба дунболи ҳадиси боло ин ҳа­диси Имом Аҳмадро бо санади худ аз Анас (р) оварда, ки гуфтааст: «Бегумон, аъмоли шумо бар хешовандону наздико­натон аз мурдагон нишон дода мешавад, пас агар хайру нек бошанд, онҳо шоду хушҳол мегарданд ва агар хуб набошанд, мегӯянд: «Худоё! Эшонро дар дунё мамирон, то ин ки ҳидоя­ташон мекунӣ, ҳамчунонки моро ҳидоят кардаӣ».[114]





Омадааст, ки Абудардо (р) мегуфт: «Бегумон, аъмоли шумо бар амвотатон намоён мегардад, ҳам хушҳол меша­ванд ва ҳам бадҳол». Сипас Абудардо (р) мегуфт: «Худоё! Ман ба Ту паноҳ мебарам аз ин ки кореро анҷом диҳам, ки дар назди тағоям Абдуллоҳ ибни Равоҳа хору беқадр гардам ва ӯро низ нохушнуд гардонам».[115]





Дар ривояти дигар омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Аъмоли мардум дар рӯзи душанбеву панҷшанбе бар Худои Мутаъол нишон дода мешаванд ва дар рӯзи ҷумъа бар пайғамбарону падарону модарон нишон дода мешаванд ва ба василаи некиҳои онон хушҳол мегарданд ва чеҳраҳояшон нурониву равшантар мешавад, пас тақвои Худоро пеша кунед ва мурдагони худро (ба василаи аъмоли ношоиста) маё­зоред».[116]





Дар ривоят омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фарму­данд: «Аз ҷумлаи аъмолу ҳасаноти шахси мӯъмин, ки баъд аз маргаш ба ӯ мерасад, иборатанд аз илме, ки онро ба дигарон омӯхтаву густариш додааст, ё фарзанди солеҳе, ки аз худ ба ҷой гузоштааст, ё масҷиде, ки онро (холис барои ибодати Парвардигор) бино намудааст, ё хонае, ки (ба унвони паноҳ­гоҳу маҳалли истироҳати) роҳгузарону дар роҳ мондагон сохтааст, ё чоҳи обе канда ё қанотеро барои истифодаи уму­ми мардум ихтисос додааст ва ё садақаву закоте аст, ки (барои рафъи ниёзмандиҳои ниёзмандон) онро аз молу дороии худ дар вақти дар қайди ҳаёт буданаш ва дар ҳолати сиҳату тандурустӣ баровардааст, баъд аз маргаш ба ӯ мерасад».[117]





Оре, ин мафҳуми ҳамон ҳадиси саҳеҳе аст, ки қаблан ба­ён намудем, ки Пайғамбари акрам (с) мефармоянд: «Вақте инсон фавт кард, амали ӯ дар дунё қатъ мегардад, ҷуз се чизе, (ки дар дунё аз худ ба ҷо гузоштааст): 1. Садақаи ҷория, 2. Илме, ки мавриди истифода (-и машрӯъ) қарор гирад, 3. Фар­занди солеҳе, ки барои ӯ дуои хайр кунад».[118]





Умед аст Худованд ин се хислати писандидаро рӯзии та­моми мусалмонон гардонад ва ҳамаи моро ба иҷро наму­да­ни амру фармонҳояш ва розӣ кардани Зоти покаш муваф­фақ созад.





Асоси ҳафтум, зиёрати қабри падару модар





Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Пайғам­бари акрам (с) қабри модарашонро зиёрат карда, гиристанд ва касоне, ки перомуни он ҳазрат (с) буданд, низ гиря кар­данд. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Аз Парвардигорам иҷозат хостам, то барои модарам талаби омӯрзиш кунам, ба ман иҷозат дода нашуд ва аз ӯ иҷозат хостам, то ин ки қабри модарамро зиёрат кунам, ба ман иҷозати ин кор дода шуд. Пас шумо низ қабрҳоро зиёрат кунед, зеро зиёрати қабрҳо маргро ба ёди инсон меандозад ва ба фикри он меафтад».[119]





Абубурайда (р) аз падараш нақл намудааст, ки Пайғам­бари акрам (с) фармуданд: «Шуморо аз зиёрати қабрҳо манъ карда будам (аммо баъдан) ба Муҳаммад (с) иҷозат дода шуд, ки қабри модарашро зиёрат кунад. Пас, шумо ҳам қабр­ҳоро зиёрат кунед, чаро ки зиёрати қабрҳо инсонро ба ёди (марг ва ҳисобу китоб) охират меандозад».[120]





Дар ривояте омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) дар ми­ёни ҳазор нафар, ки дар либоси ҷиҳод буданд, қабри мода­рашонро зиёрат карда, чунон гиря карданд, ки ҳеҷ рӯзе беш­тар аз он рӯз дар ҳолати гиря кардан дида нашуда буд.[121]





Асоси ҳаштум, ба ҷой овардани амри мавриди қасами волидайн ва адои қарзҳои онон





Яке дигар аз роҳҳои некӣ кардани фарзандон дар ҳаққи падару модар ба ҷой овардани умури мавриди қасам ва адои қарзҳои эшон аст, то дашному бадномӣ барои онон фароҳам нагардад. Чунонки Абдурраҳмон ибни Самура (р) гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) фармуданд:





«Касе, ки амри мавриди қасами падару модарашро ба ҷо биоварад, қарзҳояшонро бипардозад ва дашному бадзабонӣ барои онон фароҳам насозад, ба унвони фарди некӯкор маҳсуб мешавад, агарчи дар зиндагияш (нисбат ба онон) озордиҳан­да буда бошад. Касе, ки амри мавриди қасами падару мода­рашро ба ҷо наоварад, қарзҳояшонро адо нанамояд ва василаи дашному бадзабониро барои онон фароҳам кунад, ба унвони фарди озордиҳанда маҳсуб мегардад, агарчи дар зиндагияш (дар ҳаққи онон) некӯкорбуда бошад».[122]





Асоси нуҳум, рӯза гирифтан ба ҷои падару модар





Аз Абдуллоҳ ибни Бурайда (р) ривоят шудааст ва ӯ аз падараш нақл намуда, ки гуфтааст: «Зане назди Пайғамбари акрам (с) омад ва гуфт: «Модарам фавтидааст ва рӯзаи ду моҳ бар ӯқарз мебошад». Он ҳазрат (с)фармуданд: «Ба ҷои ӯ рӯза бигир». Он зан гуфт: «Бар ӯ ҳаҷҷи воҷиб низ ҳаст». Он ҳазрат (с)фармуданд: «Ба ивази ӯ барояш ҳаҷ кун». Он зан гуфт: «Ман як садақаи ҷория барои ӯ анҷом додам». Он ҳаз­рат (с)фармуданд: «Худованд ба ту аҷру подоши нек дода ва мероси ӯро барои ту баргардонидааст».[123]



Recent Posts

Сухане чанд бо аҳли х ...

Сухане чанд бо аҳли хирад

Фақат барои ҷавонон д ...

Фақат барои ҷавонон дар Рамазон

Қуръон аз дидгоҳи дон ...

Қуръон аз дидгоҳи донишмандони ғарбӣ

Ҳаёт маҷмуъаи варақҳо ...

Ҳаёт маҷмуъаи варақҳо аст