Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сивупанҷум: Алоқаманд сохтани кӯдак ба некӣ кардан ба падару модар
سلسلة تربية الأولاد، القسم الخامس والثلاثون: عن الترغيب فى بر الوالدين والترهيب من عقوقهما
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Тавсияҳои Қуръон
﴿وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنًاۚ إِمَّا يَبۡلُغَنَّ عِندَكَ ٱلۡكِبَرَ أَحَدُهُمَآ أَوۡ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُل لَّهُمَآ أُفّٖ وَلَا تَنۡهَرۡهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوۡلٗا كَرِيمٗا ٢٣ وَٱخۡفِضۡ لَهُمَا جَنَاحَ ٱلذُّلِّ مِنَ ٱلرَّحۡمَةِ وَقُل رَّبِّ ٱرۡحَمۡهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرٗا ٢٤﴾ [الاسراء: ٢٣، ٢٤]
«Ва Парвардигори ту фармон додааст, ки ба ҷуз Ӯ (дигаре)-ро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Агар яке аз онҳо, ё ҳар дуяшон назди ту ба синни калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уфф» магӯ ва бар сари онҳо бонг мазан ва ононро (аз пеши худ) марон ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ. Ва аз ҷиҳати меҳрубонӣ бозуи тавозӯъро барояшон паст кун ва бигӯ: “Парвардигоро, ба эшон раҳм кун ҳамон гуна ки онон маро дар хурдсолӣ парвариш карданд».[1]
Ва мефармояд:
﴿وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حُسۡنٗاۖ وَإِن جَٰهَدَاكَ لِتُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٞ فَلَا تُطِعۡهُمَآۚ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٨﴾ [العنكبوت: ٨]
«Мо ба инсон тавсия кардем, ки ба падару модараш некӣ кунад. Ва агар (эй инсон) онҳо саъю талош кунанд, ки барои Ман он чиро, ки ба ҳақиқати он огоҳӣ надорӣ, шарик орӣ, аз онҳо итоъат макун. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст, пас аз он чӣ кардаед, огоҳатон мекунам».[2]
Боз мефармояд:
﴿وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حَمَلَتۡهُ أُمُّهُۥ وَهۡنًا عَلَىٰ وَهۡنٖ وَفِصَٰلُهُۥ فِي عَامَيۡنِ أَنِ ٱشۡكُرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيۡكَ إِلَيَّ ٱلۡمَصِيرُ ١٤ وَإِن جَٰهَدَاكَ عَلَىٰٓ أَن تُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٞ فَلَا تُطِعۡهُمَاۖ وَصَاحِبۡهُمَا فِي ٱلدُّنۡيَا مَعۡرُوفٗاۖ وَٱتَّبِعۡ سَبِيلَ مَنۡ أَنَابَ إِلَيَّۚ ثُمَّ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ١٥﴾ [لقمان: ١٤، ١٥]
«Мо ба инсон нисбат ба падару модараш тавсия кардем, (ки дар ҳаққи эшон некӣ кунад, ба хусус модар, чаро ки) модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар[3] дар шикам бардоштааст ва поёни даврони ширхорагии ӯ ду сол аст, (аз ин рӯ тавсияи Мо ин аст) Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун. Ва (бидон ки саранҷом) бозгашт ба сӯи Ман аст. Ва агар бо ту дар он кӯшиш кунанд, то чизеро, ки туро ба (ҳақиқати) он донише нест, бо Ман шарик муқаррар кунӣ, пас аз онҳо фармонбардорӣ макун ва бо онҳо дар (зиндагии) дунё ба ваҷҳи писандида сӯҳбат дор ва роҳи касонеро пайравӣ кун, ки ба сӯи Ман рӯ овардаанд. Сипас шумо ба сӯи Ман бармегардед, пас шуморо ба он чӣ мекардед, огоҳ мекунам».[4]
Оре, пайванд ва иртибот додани ин фасл ба тарбияи кӯдак аҳамияти онро ошкор месозад, чун ин фасл ба таври мустақим ба ҳар инсон, қатъи назар аз мард ва зан иртибот дорад. Ва он ба ин далел аст, ки аҳодиси зиёде далолаткунанда бар ин воқеият ворид шуда, ки ба ростӣ хубӣ кардан дар ҳаққи волидайн асари бузурге дорад дар нек сохтани фарзандон ба тавре, ки ҳар гоҳ аз фарзандонамон хостем, то ба мо некӣ кунанд, онон ба ин кор иқдом хоҳанд кард. Ин худ аз мо мехоҳад, ки хоҳ муҷаррад бошем ва хоҳ хонадор, ҳамеша барои некӣ кардан ба волидайни худ кӯшиш намоем, ҳамон тавре, ки сарвари ҷаҳониён ҳазрати Муҳаммад (с) ба он тавсия фармудаанд. Чунончи аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Афофу покдомании занони мардумро нигоҳ доред, то занони шумо низ афифу покдоман бошанд. Дар ҳаққи падару модари худ некӣ кунед, то фарзандонатон дар ҳаққи шумо некӣ кунанд. Агар бародари динии яке аз шумо ба умеди пӯзишу гузашт назди ӯ омад, бояд онро бипазирад, хоҳ узрхоҳияш ҳақиқӣ бошад ва ё ба дурӯғ узр хоҳад, агар чунин накунад (фардои Қиёмат) бар ҳавзи Кавсар ворид нахоҳад шуд».[5]
Ва мефармоянд: «Ба падару модари худ некӣ кунед, то фарзандонатон низ ба шумо некӣ кунанд, покдоману дурусткор бошед, то занонатон покдоману дурусткор бошанд».[6]
Бинобар ин, вақте сабаби аслии азияту озор расонидани фарзандон ба волидайни худ барои мо равшан гардид, он ҳам дар марҳалае, ки аз як ҷиҳат тасаллути падару модар ва аз тарафи дигар умқи сиришту табиати даврони туфулият аз ҳам ҷудо мешавад ва фарқкунанда мегардад. Роҳи саҳеҳу солим барои дуруст сохтани кӯдак ва устувор намудани роҳи ӯ бар асоси роҳу равиши некӯкорон ва ҳаракати ӯ ба шакли росту мустақим он аст, ки мо низ дар роҳу равиши худ адолату миёнаравиро пеш гирем ва дилбастагии беш аз ҳадди худро нисбат ба дунёву матои он тағйир дода, бештар ба тарафи некӯкорӣ, адолат, ибодати Худованд ва дурӣ ҷустан аз азияту озор расонидан ба волидайн бо анвоъу ақсоми гуногуну шаклҳои мухталифи он рӯй биёрем...
Шояд ин савол пеш ояд, ки чӣ гуна ва аз чӣ роҳе инсон некӯкор мешавад? Асосу пояи некӯкорӣ кадом аст? Оё некӯкорӣ фақат ҳангоми ҳузури падару модар аст ва ё дар набудани онон низ мебошад? Оё ин некӯкорӣ баъд аз фавти волидайн ҳам идома меёбад?
Дар ҷавоб бояд гуфт, дар рафти баҳсу баррасӣ ва бо тафаккуру андеша дар аҳодиси набавӣ дармеёбем, ки барои некӣ кардан дар ҳаёти волидайн ҳамчунин барои баъд аз фавти онон асос ва қавоиду завобити хоссе вуҷуд доранд, ки ба василаи онҳо ба таври куллӣ дари некӣ кардан дар ҳаққи волидайн чи дар ҳаёт ва чи баъд аз мамоти онон барои фарзандонашон боз мебошад. Муддати замони ин некӯкорӣ, замони истифода аз он, ҳамчунин коҳиши даст задани шахс ба хатову иштибоҳ давом дорад. Дар воқеъ, ин худ намоёнгари раҳмату инояти фаровони Парвардигор аст нисбат ба бандагони худ. Аммо бисёр мояи тааҷҷубу шигифтӣ аст, ки бо вуҷуди ин ҳама сабукиҳову зиёдатии раҳмат ва инояти бедареғи Парвардигор боз дармеёбем, ки азияту озор расонидан ба волидайн бо анвои гуногун ва ба шаклҳои мухталиф, Худо нигоҳ дорад, дар миёни мардум амалӣ мешавад, ки дар воқеъ ин худ айни зулму ситам ба худ ва ба фарзандон мебошад. Зеро касе, ки воқеан ба худ раҳм намекунад ва намехоҳад барои волидайнаш фарзанди некӯкор бошад, пас, лоақал нисбат ба фарзандони хеш бораҳму меҳрубон бошад. Лозим аст пайваста барои некӣ кардан ба волидайни худ бикӯшад, то ин ки Худованд ҳам ба фарзандону кӯдакони ӯ ин тавфиқро иноят фармояд ва онон низ ба ӯ некӣ кунанд, ки дар натиҷа эшонро аз гуноҳи азияту озор расонидан ба волидайн ва аз хашму азоби Худованд бираҳонад.
Худованд ҳамаи моро аз азияту озор расонидан ба волидайн маҳфуз бидорад. Омин!!!
А. Чанд асос дар бораи некӣ дар ҳаққи
волидайн дар ҳоли ҳаёти онон
Асоси аввал, савоби некӣ дар дунё ва охират
Табиист, некӣ кардан ба волидайн дар зиндагии дунявӣ ва ухравии фарзандон асари зиёде дорад. Ба ҳамин хотир аст, ки дармеёбем, Расули Худо (с) ҷонибу нишонаҳои ин некӣ ва асари он дар зиндагии ҳар фарди мусалмоне, ки вақте ислоҳ шуд, ҷомеа низ ислоҳ мешавад, мушаххасу маълум карда, равшан мефармоянд, ки ин некӣ дар ҳаққи волидайн бар инсон амри воҷиб аст, на суннате, ки бихоҳад бидуни чашмдоште онро анҷом диҳад.
Чунончи дар ривоят омадааст, марде ба Пайғамбари акрам (с) гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Чӣ касе бештар сазовори некӣ аст? Он ҳазрат (с) фармуданд:
«Модару падарат, хоҳару бародарат ва онон, ки ба ту наздик мебошанд ва ин гуфтае аст ҳақ ва воҷиб ва қаробате аст, ки барқарории иртиботи он воҷиб ва қатъи он ҳаром мебошад».[7]
Дар ривоят боз омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ҳамоно Худованд эҳтироми модаронатонро ба шумо дастур медиҳад”. Се бор онро такрор карданд,баъд фармуданд: “Бегумон Худованд эҳтироми падару модарро ба шумо тавсия мекунад ва эҳтироми наздиконро ба тартиби қарибтар баъд аз он қарибтарро ба шумо супориш менамояд».[8]
Дар ривояте омадааст, ки марде ба Пайғамбари акрам (с) гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Ҳаққи падару модар бар фарзандонашон чист? Фармуданд:
«Онҳо Биҳишту Дӯзахи ту ҳастанд (яъне агар дар дунё аз онҳо итоат намоӣ ва ба ҳеҷ ваҷҳ эшонро наёзорӣ, мӯҷиби рафтани ту ба биҳишт мешаванд. Агар ононро нофармонӣ кунӣ ва азияту озор диҳӣ, боиси рафтани ту ба оташи дӯзах мегарданд)».[9]
Дар ривоят мадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ризову хушнудии Парвардигор дар ризову хушнудии падару модар аст ва хашму нохушнудии Парвардигор дар хашму нохушнудии падару модар мебошад».[10]
Дар ривояте омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Пайваста дар хидмати модарат бош ва эҳтиромашро пос дор, зеро биҳишт зери пои модар аст».[11]
Дар ривоят омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Падару модар миёнаи дарҳои биҳиштанд, пас агар мехоҳӣ вориди он шавӣ, он дарро дидбонӣ кун (яъне ба падару модарат некӣ кун ва ононро нофармонӣ макун) ва ё онро (дар асари озору азият расонидан ба онон) тарк кун ва аз даст бидеҳ».[12]
Бинобар ин, лозим аст мо нисбат ба азамати мақому манзалати падару модар шинохти комил дошта бошем ва ба аҳамияти некӣ кардан дар ҳаққи онон дарк намоем:
1. Асари некӣ дар ҳаққи волидайн дар дунё
Некӣ дар ҳаққи волидайн дар дунё мӯҷиби баракат, зиёдии умр ва фузунии ризқу рӯзӣ мегардад.
Чунонки Пайғамбари акрам (с) мефармоянд:
«Касе, ки хушҳол аст ба ин ки (дар дунё) умри ӯ тӯлониву бобаракат бошад ва ризқу рӯзии ӯ афзун гардад, пас бояд ба падару модари хеш некӣ кунад ва силаи раҳм ба ҷой оварад».[13]
Дар ривояти дигар омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Хушо ба ҳоли касе, ки ба падару модараш некӣ мекунад,Худованд умри ӯро зиёду бобаракат мегардонад».[14]
Дар ривоят омадааст, ки Савбон (р) гуфт: “Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«Бегумон шахс ба василаи гуноҳе, ки муртакиби он мешавад, аз ризқу рӯзӣ маҳрум мегардад ва балои муқаддарро ба ҷуз дуъо чизе рад намекунад ва некӣ кардан низ умрро зиёду бобаракат мегардонад».[15]
Дар ривояти дигар омадааст:
«Дуо радди қазо (ва дафъи бало) мекунад ва некӣ кардан низ умрро зиёду бобаракат менамояд».[16]
2. Асари некӣ дар ҳаққи волидайн дар охират
Яке аз асарҳои некӣ кардан ба волидайн ин аст, ки мӯҷиби пӯшонидану бахшидагии гуноҳон мегардад.
Чунонки омадааст, марде назди Пайғамбари акрам (с) омаду гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Ман муртакиби гуноҳи бузурге шудам, оё имкони тавба кардан барои ман ҳаст?” Пайғамбар (с) фармуданд: «Оё модарат дар қайди ҳаёт аст?». Он мард гуфт: “Не”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оё холаат дар қайди ҳаёт аст?». Он мард гуфт: “Оре”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ба ӯ некӣ кун».[17]
Аз Оиша (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«Ба биҳишт даромадам ва садои қироатеро шунидаму гуфтам: “Ин кист, ки Қуръон мехонад?” Гуфтанд: “Ҳорис ибни Нӯъмон аст».[18] Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ин бар асари некӣ кардан ба модараш будааст».
Дар ривояти Аҳмад омадааст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳорис ибни Нӯъмон дар мавриди модараш некӯкортарини мардум буд».
Дар ривояти дигар Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«(Расули Худо (с) се бор гуфтанд) димоғаш бо ҳолати пастиву хорӣ бар хок хӯрад... (рӯ бар замин афтад ва сарнагун гардад. Арз карданд: Чӣ касе? Фармуданд:) Касе, ки яке аз падару модарашро ва ё ҳардуи ононро дар синни пириву нотавонӣ дарёфтааст (ва ва бар асари нофармонии онҳо), дохили биҳишт намешавад (яъне, он чӣ шоиста аст дар ҳаққи онон некиву хидматгорӣ намекунад ва дар асари ин кӯтоҳӣ дохили биҳишт намешавад)».[19]
Боз ривояти дигар омадааст: «Касе, ки падару модари худро ва ё яке аз он дуро дар синни пирӣ дарёбад, баъд аз он (ба воситаи азияту озор расонидан ва адами икром ва дастгирии онон) дохили оташи дӯзах мешавад ва Худованд ӯро аз раҳмати Худ дур месозад ва нобуд мекунад».[20]
Урва ибни Мурра (р) гуфтааст: “Марде назди Пайғамбари акрам (с) омад ва гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуди баҳақ вуҷуд надорад, ҷуз Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки ту фиристодаи Худоӣ. Ман намозҳои панҷгонаро ба ҷой меоварам, закоти моли худро мепардозам ва рӯзаи моҳи Рамазонро мегирам”. Пайғамбар (с) ба ӯ хитоб карда фармуданд: «Касе, ки ба ин ҳолату вижагиҳо бимирад, дар рӯзи қиёмат бо пайғамбарон, сиддиқон ва шаҳидон мебошад». Он ҳазрат (с) ангушти худро баланд карда фармуданд: «Модоме ки падару модарашро азияту озор надода бошад».[21]
Оре, ҳар яки мо ин қоидаи куллиро медонад, ки ҳар амале дар роҳи маъсияту нофармонии Худо анҷом гирад, ба унвони ибодат барои шахс башумор намеояд, балки итоату ибодат он аст, ки дар умури маъруфу машрӯъ анҷом гирад.
Асоси дуюм, муқаддам шуморидани некӣ
дар ҳаққи волидайн бар фарзи кифоя
Бояд донист, некӣ кардан дар ҳаққи волидайн фарзе аст, ки Худованд онро бар ҳар фарди мусалмон фарз кардааст. Аз ин рӯ, некӣ кардан дар ҳаққи волидайн ва фармонбардорӣ аз онон фарзи айн мебошад, он ҳам баробари соири фарзҳои айн, аз қабили намоз, рӯзаи моҳи Рамазон, закот ва ҷиҳоди дар роҳи Аллоҳ, дар ҳолати фарзи айн пайдо карданаш монанди сафарбаркунии умумӣ ва ҳамчунин масоили дигаре, ки ба таври зарурӣ дар дин маълум мегарданд...
Бинобар ин, агар дар чунин ҳолатҳое фарзи айн бо фарзи некӣ кардан дар ҳаққи волидайн бо ҳам зиддият пайдо карданд, лозим аст шахс бикӯшад, алал ақал дар миёни онҳо тавофуқу таодул эҷод кунад. Агар бо вуҷуди саъю талоши зиёд эҷоди ин амр барояш имконпазир нашавад ва натавонад дар миёни он ду фариза тавофуқ фароҳам оварад, бояд дар чунин вақт фарзи айни илоҳиро бар фаризаи некӣ кардан дар ҳаққи волидайн муқаддам бидорад. Дар ин бора имом Муҳаммади Ғаззолӣ баъд аз нақлу баёни аҳодису ривоёти зиёде дар робита бо итоату фармонбардорӣ аз волидайн мегӯяд: “Бештари уламо бар онанд, ки итоату фармонбардорӣ аз волидайн дар шубҳаҳо воҷиб аст, вале дар ҳароми маҳз воҷиб нест”.[22]
Аммо итоату фармонбардорӣ аз волидайн дар фарзи кифояе, ки вақте иддае онро анҷом доданд, фарзи он аз гардани соири мусалмонон соқит мешавад, муқаддам аст. Бояд гуфт, фарзи некӣ кардан дар ҳаққи падару модар ва итоат аз онон бар тамоми фарзҳои кифоя муқаддам мебошад. Бинобар ин, фаризаи некӣ дар ҳаққи волидайн ва фармонбардорӣ аз эшон ба маротиб муқаддамтар бар умури мубоҳу мустаҳаб мебошад. Ба ҳамин хотир аст, ки имом Муҳаммади Ғаззолӣ мегӯяд: “Касе, ки машғул шудан ба суннат ӯро аз анҷоми амри воҷиб боз медорад, фиребхӯрда аст ва касе, ки машғул шудан ба амри воҷиб ӯро аз амри мустаҳаб боз дорад, маъзур аст”. Пас, бояд ҳар фард ин гуфтаи имом Муҳаммади Ғаззолиро ба унвони як қоидаи асилу устувор дар зиндагии худ ба кор гирифта, соири умурро ба василаи он бисанҷад ва ҳангоми бо ҳам зид омадани онҳо мутобиқи ин қоида амал кунад. Инак баёни чанд мисол дар ин бора:
1. Муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи волидайн
бар ҷиҳоди дар роҳи Худо
Мегӯянд Ҷоҳимаи Суламӣ назди Пайғамбари акрам (с) омад ва гуфт: “Эй Расули Худо! Мехоҳам ба майдони ҷангу ҷиҳод биравам ва омадаам, то бо шумо дар ин бора машварат кунам”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оё модарат дар қайди ҳаёт аст?». Гуфт: “Оре”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Бирав дар хидмати модарат бош, зеро биҳишт зери пои модар аст».[23]
Ибни Масъуд (р) мегӯяд: Аз Расули Худо (с) пурсидам: “Кадом амал назди Худованд маҳбубтар аст?” Фармуданд: «Адои намозҳои воҷиб дар вақти худ». Гуфтам: “Баъд аз он чӣ?” Фармуданд: «Некӣ дар ҳаққи падару модар». Гуфтам: “Дигар чӣ чизе?” Фармуданд: «Ҷиход дар роҳи Худо».[24]
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ ин ҳадисро шарҳ дода гуфтааст: “Ибни Тин мегӯяд: “Муқаддам доштани некӣ ба падару модар бар ҷиҳоди дар роҳи Худо ду эҳтимол дорад:
1. Гароиш ба суду манфиати беҳтар.
2. Ҳар кореро, ки инсон анҷом медиҳад, ба ин хотир аст, ки мебинад дар баробари анҷоми он подош меёбад, пас, вақте кори аз он беҳтару судмандтарро бинад, ба анҷом додани он аз худ майлу рағбати бештаре нишон медиҳад ва ин амр ӯро барои касби он фазилату бартарӣ бар анҷоми он кор устувору собитқадам мегардонад”.
Аммо Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар бораи ин таъбиру тафсири Ибни Тин аз ин ҳадис мегӯяд: “Ба назари ман эҳтимоли аввал, ки гароишу тамоюл ба суду манфиати беҳтар бошад, возеҳу равшан нест, зеро эҳтимол меравад, дар ин ҳадис муқаддам будани некӣ дар ҳаққи падару модар бар ҷиҳоди дар роҳи Худо ба ин хотир аст, ки рафтан ба ҷиҳод бастагӣ ба иҷозаи падару модар дорад ва бидуни иҷозати онон анҷом намегирад, чунки яке аз роҳҳои некӣ ба падару модар касби иҷозат аз онон аст барои рафтан ба ҷиҳод. Ба ин далел, ки Пайғамбари акрам (с) рафтан ба ҷиҳодро бидуни иҷозати падару модар наҳй кардаанд”.
Чунонки дар “Саҳеҳайн” ривоят шудааст, марде ба назди Пайғамбари акрам (с) омад ва гуфт: “Эй Расули Худо (с) омадаам аз шумо иҷозати рафтан ба ҷиҳод бигирам, ба хотири касби аҷру подош аз ҷониби Худованд”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оё падару модарат (ва ё яке аз он ду) дар қайди ҳаёт аст?». Он мардгуфт: “Оре, ҳар дуи онон зинда ва дар пеши ман мебошанд”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Аз Худои мутаол аҷру подош мехоҳӣ?» Он мардгуфт: “Оре”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Пас, ба назди падару модарат баргарду онҳоро хуб парасторӣ кун ва бо эшон рафтору муоширати нек дошта бош (Худованд аҷру подоши туро медиҳад)».[25]
Дар ривояти дигар омадааст, ки шахсе назди Пайғамбари акрам (с) омада иҷозат гирифт, ки ба ҷиҳод биравад. Пайғамбар (с) фармуданд: «Оё падару модарат зиндаанд?». Он мардгуфт: “Оре, зиндаанд”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Пас дар хидмат кардан ба онон бикӯш».
Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар шарҳу тафсири «Пас дар хидмат кардан ба онон бикӯш» дар ҳадиси боло мегӯяд: “Яъне агар падару модарат зинда ва дар қайди ҳаёт бошанд, пас, дар некиву эҳсон кардан дар ҳаққи онон ниҳоят саъю кӯшиш бинамо, зеро бегумон, хидмату эҳсон кардан дар ҳаққи онон барои ту ба манзалаи ҷанг ва ҷиҳод бо душмани кофир мебошад”.
Имом Ғаззолӣ дар бораи корҳое, ки бо некӣ кардан дар ҳаққи падару модар зиддият пайдо мекунанд, маъониву бардоштҳои бисёр муҳиму муфидро баён мекунад ва мефармояд: “Бештари уламо бар онанд, ки итоату фармонбардорӣ аз падару модар дар шубҳаҳо воҷиб мебошад, вале дар ҳароми маҳз воҷиб намебошад. Ҳатто агар онон нахостанд бо ту хӯрок бихӯранд, бар ту лозим аст, ки бо эшон хӯрок бихӯрӣ, зеро тарки шубҳа ҷузъи парҳезгорӣ мебошад ва ба даст овардани ризояту хушнудии падару модар амри воҷиб аст. Ҳамчунин барои ту зебанда нест ва набояд бидуни иҷозати онон ҳатто ба мусофирати мубоҳ биравӣ ва ҳаҷ, ки як фаризаи Ислом мебошад ва мубодират ба он мустаҳаб аст, зеро вуҷуби он бар таъхир мебошад (яъне агар шахс иститоати рафтан ба ҳаҷро пайдо кард, воҷиб нест фавран мубодират ба рафтан кунад). Рафтан ба дунболи касби илму дониш мустаҳаб аст, аммо агар барои омӯхтани умури воҷиб аз қабили намозу рӯза дар маҳалли сукунат олиме дар дастрас набошад, воҷиб аст барои омӯхтани онҳо берун рафт ва ба дунболи омӯзиши онҳо афтод. Ончунон аст, ки касе нахуст дар шаҳре Ислом биоварад, дар он шаҳр олиме набошад, ки аҳкоми Ислом ва умури марбут ба шариатро ба ӯ биомӯзонад, дар ин сурат воҷиб аст барои омӯхтани онҳо ба сафар биравад ва аз шаҳри худ хориҷ гардида, пойбанд ба ҳаққи волидайни худ нашавад”.[26]