Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми нуҳум: Нишонаҳои Қиёмат, Нишонаҳое, ки воқеъ шудаанд
Манзур аз ин нишонаҳо, нишонаҳое ҳастанд, ки ба вуқӯъ пайвастаанд ва ба поён расидаанд ва бори дигар ҳам такрор намешаванд. Албатта ин гуна нишонаҳо фаровонанд. Мо дар инҷо ба бархе аз онҳо ишора мекунем.
Мабҳаси аввал: Биъсат ва вафоти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод).
Аз ҷумлаи нишонаҳои қиёмат биъсат ва вафоти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мебошад. Дар ҳадиси Имом Бухорӣ ва Имом Муслим аз ҳазрати Саҳл ибни Саъд (р) чунин нақл шудааст: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ро дидам, ки ба дароз намудани ду ангушт, вусто ва субоба, фармуд: Ман ва қиёмат, яъне биъсати ман ва қиёмат монанди ин ду ангушт ба ҳам наздик ҳастанд.
Ва дар ривояти дигаре омадааст:
(بُعِثْتُ وَالسَّاعَةُ كَهَاتَيْنِ)
“Ман ва қиёмат чунин фиристода шудаем. Онгоҳ бо ду ангушти мазкур дар ҳоле, ки онҳоро дароз карда буд, ишора мекард” (Ҷомеул-усул: 10\384)
Дар Бухорӣ ва Муслим ва Сунани Тирмизӣ аз ҳазрати Анас ибни Молик чунин нақл шудааст:
(بُعِثْتُ أنا والساعة كهاتين، کفَضل إحداهما على الأخرى وضم بالسبابة والوسطى)
“Фосилаи замонии қиёмат ва омадани ман монанди фосила ва бузургии ин ду ангушт ба ҳам аст, онгоҳ ангушти сабоба ва вусторо бо ҳам мечаспонид” (Ҷомеул-усул: 10\384)
Дар китобҳои сират омадааст, ки яҳуд дар бораи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегуфтанд биъсати Муҳаммад ва вуқӯи қиёмат бо ҳам ҳастанд.
Мабҳаси дуввум: Пора шудани моҳ
Ҳамаи уламо иттифоқ доранд, ки моҳ дар замони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ду тақсим шудааст ва иншиқоқи моҳ аз ҷумлаи муъҷизаҳои бузург ва бошукӯҳи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст. (Тафсири Ибни Касир 6\469)
Қуръон дар ин бора бо сароҳат мефармояд:
﴿ٱقۡتَرَبَتِ ٱلسَّاعَةُ وَٱنشَقَّ ٱلۡقَمَرُ ١ وَإِن يَرَوۡاْ ءَايَةٗ يُعۡرِضُواْ وَيَقُولُواْ سِحۡرٞ مُّسۡتَمِرّٞ ٢﴾ [القمر: ١، ٢]
“Қиёмат ҳарчи зудтар фаро мерасад, ва (дар он) моҳ ба ду ним мегардад. Агар мушрикон муъҷизаи бузургеро бубинанд аз он рӯйгардон мегарданд (ва ба он имон намеоваранд) ва мегӯянд: ҷодӯи гузаро ва нопойдоре аст”.
(Сураи Қамар: ояти 1-2)
Имом Нававӣ ба нақл аз Қозӣ Аёз мефармояд: Ду тика шудани моҳ яке аз муъҷизаҳои муҳим ва асосии Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст. Ҷамъи фаровоне аз саҳобагон иншиқоқи моҳро ривоят кардаанд, илова бар ин оят ва сиёқаш дар ин хусус бисёр равшан ва возеҳ ҳастанд. Заҷҷоҷ мегӯяд: Баъзе аз мубтадиъин ва мухолифини уммати исломӣ ба хотири курӣ ва зулмати қалб мункири он ҳастанд. Албатта ақл дар ин бора ҳақи сухан гуфтан ва изҳори назар надорад, чун моҳ махлуқ ва офаридаи Худованд аст ва Худо бино ба ирода ва машияти худ дар он тасарруф мекунад, ҳамон гуна, ки дар қиёмат ду ҳолат, фано ва таквирро бар ин махлуқи маъмур ҷорӣ месозад. (Нававӣ шарҳи Муслим: 17\143)
Аллома ибни Касир аҳодиси марбут ба иншиқоқи моҳро дар тафсири сураи Қамар нақл карда мегӯяд: Аҳодиси иншиқоқ фаровон ва саҳеҳ ҳастанд. Имом Муслим ҳам дар саҳеҳаш онҳоро зикр кардааст, яке аз онҳо ҳадиси Анас (р) аст, ки мегӯяд: Аҳли Макка аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хостанд то муъҷизаеро ба онон нишон диҳад, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ду бор иншиқоқи моҳро ба онҳо нишон дод. (Саҳеҳи Муслим, боби иншиқоқи қамар: 4\2159, шумораи: 2802)
Аз ҷумлаи ин аҳодис, ҳадиси Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) аст, ки мефармояд: Моҳ дар замони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ду бахш тақсим шуд. Дар ривояти дигар аз Ибни Масъуд нақл шудааст:
“Мо ҳамроҳи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар Мино будем, моҳ бар асари муъҷизаи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ду бахш тақсим шуд, қисмате аз он дар пушти кӯҳ ва қисмати дигар дар минтақаи поёнтар қарор гирифт, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хитоб ба мо фармуд: шоҳид ва гувоҳ бошед” (Муслим боби “иншиқоқи қамар” 4\2159, шумораи: 2800)
Мабҳаси саввум
Оташи Ҳиҷоз, ки гардани шутурҳои Бусроро равшан кард.
Аз ҳазрати Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى تَخْرُجَ نَارٌ مِنْ أَرْضِ الْحِجَازِ تُضِيءُ أَعْنَاقَ الْإِبِلِ بِبُصْرَى)
“Қиёмат барпо намешавад то онки оташе аз сарзамини Ҳиҷоз, ки гардани шутурҳо дар Бусро аз он равшан мешаванд, шуълавар нашавад..” (Бухорӣ китоби “алфитан” боби “хуруҷи нор”. Фатҳул-борӣ 13\78 ва Муслим дар саҳеҳаш китоби “алфитан” боби “ло тақумус-соъа ҳатто тахруҷа нор мин арзил-ҳиҷоз” шумораи (2902) (4\2227). Бусро ҳамон гуна, ки Нававӣ мефармояд: Шаҳре аст маъруф ба Шом, шаҳре аст миёни Ҳаррон ва Димишқ. (18\30) торихнависон мегӯянд: Бино бар ҳадиси Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) оташе гардани шутурҳои Бусроро равшан сохт, ба гунае минтақаро равшан кард, ки толибилмон дар равшании он мутолеа мекарданд)
Ин нишонаи бисёр бузурге, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи он сухан гуфтааст ва хабар додааст, дар оянда рух медиҳад, дар соли 654 ҳиҷрӣ қамарӣ бо ҳамон сурати мазкур дар ҳадис ба вуқӯъ пайваст.
Аллома Ибни Касир аз ин оташ сухан ба миён оварда мегӯяд: Дар ҳамин сол оташе аз Ҳиҷоз зоҳир шуд, ки гардани шутурҳои Бусроро равшан сохт. Ҳамон гуна, ки дар ҳадиси мутафаққун алайҳ хабари он бар забони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-и ростгӯ баён шуда буд.
Аллома Шайх Ҳофиз Шаҳобуддин Абушомаи Мақдисӣ дар китобаш “Аззайл ва шарҳиҳи” ба тафсил дар ин бора сухан гуфта аз китобҳои мутааддиде дар мавриди вуқӯи оташ ва хурӯҷи он аз забони шоҳидони айнӣ нақл кардааст. Мо ҳам дар инҷо хулосае аз каломи Абушомаи Мақдисиро ба хонандагон мерасонем: Номаҳои мутааддиде аз Мадинаи Мунаварра мабнӣ бар зоҳир шудани оташе дар панҷуми ҷимодулохири соли 654 ба Димишқ расидааст ва дар таърихи панҷуми раҷаб дар ҳоле, ки оташ ба ҳолати аввалии худ будааст, китобҳое дар бораи он матолиб навишта шудаанд ва дар таърихи даҳуми шаъбон ин китобҳо ба дасти мо расидааст. Сипас дар идома мефармояд:
Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим. Дар авалҳои моҳи шаъбон соли 654 ҳиҷрии қамарӣ номаҳое аз Мадинаи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба Димишқ расидааст, дар ин номаҳо дар бораи як аломати бисёр бузург ва рӯйдоди бисёр муҳим сухан гуфта шудааст ва таъйиди он дар ҳадиси саҳеҳайн аз Абуҳурайра (р) низ ба сиҳат расидааст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Қиёмат барпо намешавад то инки оташе аз сарзамини Ҳиҷоз, ки гардани шутурҳои Бусроро равшан месозад, зуҳур накунад.
Абушома дар идомаи баҳс мегӯяд: Афроди қобили эътимоде ин ҷараёнро бо чашмҳои худ дида ва ба ман хабар додаанд, ин афрод мегӯянд: Мо шабона дар минтақаи Таймо тавассути он нур ва рӯшноӣ китоб навиштаем: Яке аз шоҳидони айнии ин ҷараён чунин мегӯяд: Дар он шаб мо дар хонаҳои худ будем, ногаҳон фазо чунон нуронӣ шуд, ки гӯё дар хонаи ҳар кадом чароғи бузурге равшан шуда ва ҳеҷ гуна гармӣ ва шуълае ҳам надошт, бегумон ин нур нишоне аз нишонаҳои қудрати илоҳӣ аст.
Абушома мегӯяд: Инак достонро аз забони китобҳои воридшуда баён мекунам:
Дар шаби чоршанбе саввуми ҷимодулохири соли 654 ҳиҷрӣ қамарӣ дар Мадинаи Мунаввара садои ваҳшатноке ба гӯш расид, ба дунболи садо зилзилае, ки замин, деворҳо, сақфҳо, чубҳо ва дарвозаҳоро ба ларза даровард, рух дод ва ин заминларза то рӯзи ҷумъа, панҷи моҳи ҷорӣ бо вақфаҳои кӯтоҳе идома дошт.
Сипас аз тарафи шаҳри Ҳира наздикии Қурайза оташи бузурге зоҳир шуд. Мо аз дохили хонаҳо онро дидем ва чунон ба назар мерасид, ки оташ дар ҷивори мост. Ин оташ бисёр бузург буд, шуълаҳои он ба андозаи се манора баланд шуданд. Селҳое аз оташ ба ҷарён афтод, масили (селроҳа) Шазо масдуд шуд, ҳануз ҳам масдуд аст ва касе онро боз накардааст. Ба Худо савганд гурӯҳе аз мо, ки ба сӯи оташ нигоҳ мекарданд мутаваҷҷеҳ шуданд, ки оташ аз кӯҳҳо сарозер мешавад. Ҳира, ки масири зоирини Ироқ буд, масдуд шуда буд ва оташ то Ҳира расид. Ин гурӯҳ аз тарси инки оташ ба тарафи онҳо биояд, таваққуф карданд ва тарафи машриқ баргаштанд ва аз васати дара шуълаҳо ва кӯҳҳои оташин, ки сангҳоро мехурд берун меомад. Оре, дар ин оташ намунаҳое аз ончи, ки Худованд дар китоби худ хабар додааст, ба чашм мехурд:
﴿إِنَّهَا تَرۡمِي بِشَرَرٖ كَٱلۡقَصۡرِ ٣٢ كَأَنَّهُۥ جِمَٰلَتٞ صُفۡرٞ ٣٣﴾ [المرسلات: ٣٢، ٣٣]
“Оташе, ки (чунин дуди маргборе аз он бармехезад) оташпораҳое аз худ берун медиҳад, ки ангор кушк (и бузург ва барафроштае) ҳастанд. Оташпораҳое, ки ангор (аз лиҳози ранг ва ҳаракат ва суръат) шутурони зарде ҳастанд”.
(Сураи Мурсалот: ояти 32-33)
Оташ заминро мехурд. Ин номаро дар панҷуми раҷаби соли 654 навиштам, дар ҳоле, ки аз шиддати оташ чизе коста нашудааст, оташ ба тарафи Ҳира дар Бани Қурайза, ҷое, ки масири корвони ҳоҷиёни ироқӣ буд, баргашт. Тамоми Ҳира ба оташи шуълаваре мубаддал шуда буд. Мо аз дохили хонаҳои худ дар Мадинаи Мунаввара онро монанди шуълаҳое, ки ҳуҷоҷ равшан мекунанд, дидем. Аммо маркази оташ кӯҳҳое аз оташи сурх буд, сели оташ аз “Қурайза” сарозер мешуд, ҳамвора афзун мегашт ва мардум намедонистанд, ки ин оташ чи саранҷоме дорад ва кораш ба куҷо мерасад, аммо ман тавони тавсифи он оташро надорам. Худованд оқибатҳоро неку гардонад.
Абушома мегӯяд: Дар номаи дигаре чунин омадааст:
Дар нахустин ҷумъаи ҷимодулохар соли 654 ҳиҷрии қамарӣ дар ҷониби шарқии Мадинаи Мунаввара оташи бузурге дар нимаи рӯз шуълавар шуд, замин такон хурд ва аз дараҳо сели оташ ба ҷараён афтод то инки шуълаҳои оташ ба андозаи кӯҳи Уҳуд забона кашиданд, сипас хомӯш шуд. Соате баъд ба ҷараён афтод ва мо даступохурда шуда будем, аз дастамон коре намеомад, намедонистем чи коре анҷом диҳем, мардум дар он ҳангом истиғфоркунон ба сӯи паёмбарашон шитофтанд то аз Худо мадад ҷӯянд. Бегумон ин оташ аломати қиёмат аст.
Абушома мегӯяд: Дар номаи дигар омадааст: Рӯзи душанбеи аввали ҷимодулохар соли 654 ҳиҷрии қамарӣ дар Мадина садое монанди садои раъд шунида шуд ва ба муддати дӯ рӯз идома дошт ва дар шаби чаҳоршанбе, саввуми ҳамон моҳ, пас аз садое, ки шунида будем, зилзилаҳое ба вуқӯъ пайваст. Рӯзи ҷумъа панҷуми моҳи мазкур дар минтақаи Ҳира оташе ба андозаи масҷиди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шуълавар шуд. Мардуми Мадина бо чашмҳои худ ин оташро диданд, мо онро мушоҳида кардем, зуғолаҳои равшанӣ ба андозаи як сохтмон аз оташ ба берӯн партоб мешуд, айнан он гуна, ки Худованд мефармояд:
﴿إِنَّهَا تَرۡمِي بِشَرَرٖ كَٱلۡقَصۡرِ ٣٢﴾ [المرسلات: ٣٢]
“Оташе, ки (чунин дуди маргборе аз он бармехезад) оташпораҳое аз худ берун медиҳад, ки ангор кушк (и бузург ва барафроштае ҳастанд. Оташпораҳое, ки ангор (аз лиҳози ранг ва ҳаракат ва суръат) шутуроне зарде ҳастанд”.
(Сураи Мурсалот: ояти 32)
Ин оташ дар маҳале ба номи Аҷиллин рух дод. Рудхонае аз ин оташ ба дарозии чор фарсах ва паҳноии чор мил ба роҳ афтод. Чуқурии оташ баробар ба якуним қади инсон буд, ин рудхона дар болои замин ҷорӣ шуд, ловаҳо ва кӯҳҳои кучаке аз ин оташ берун меомаданд ва дар болои замин равон мешуданд, монанди сахрае буд, ки завб (об) мешавад то инки ба сурати сурби гудохта даромад ва вақте, ки мунҷамид шуд сиёҳ гашт ва пеш аз инҷимод сурх буд. Ин оташ сабаб шуд бисёре аз иртикоби гуноҳ даст бардоранд ва бо анҷоми ибодот ба сӯи Худо мешитофтанд ва ҳокими Мадина аз ситамҳои зиёде, ки бар аҳли Мадина раво дошт, даст бардошт.
Шайх Шаҳобуддин Абушома мегӯяд: Қозии Мадина Шамсуддин ибни Синон ибни Абдулваҳҳоб ибни Нумайлаи Ҳусайнӣ дар бораи ин оташ ба баъзе асҳобаш чунин навишт: Дар шаби чоршанбе сеюми ҷимодулохар дар сеяки охири шаб зилзилаи бузурге, ки ҳамаи моро ваҳшатзада кард, ба вуқӯъ пайваст ва пас ларзаҳои зиёде дар ҳар рӯз то даҳ маротиба идома дошт. Ба Худо савганд рӯзе, ки назди ҳуҷраи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) будем зилзилае шуд, ки минбари Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро ларзонид. Вақте мо садои оҳани минбари Паёмбари Худоро шунидем, ки тавассути заминларза ларзид, ваҳшатзада шудем, чароғҳои Ҳарами муттаҳар низ ларзиданд. Зилзила рӯзи ҷумъа дар поёни нисфи аввал тамом шуд. Ин зилзила садое монанди садои раъди шадид ҳамроҳ дошт. Дар рӯзи ҷумъа дар масири Ҳира дар маҳалаи Аҷиллин оташи бузурге ба бузургии Мадина зоҳир шуд. Мо аз ин оташи фавқулода дучори тарс ва ҳарос шудем, ман ба хонаи ҳокими Мадина рафтам ва бо ӯ суҳбат кардам ва гуфтам: Азоби илоҳӣ моро иҳота кардааст, ба сӯи Худо баргард. Амир тамоми ғуломони худро озод кард ва амволи гурӯҳеро пас гардонид. Вақте ин корро анҷом дод хитоб ба ӯ гуфтам: Поён биё то назди ҳарами Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) биравем. Ӯ поён шуд ва мо ҳама мардуми Мадина ҳатто занон ва кудакон назди равзаи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шаби шанберо сипарӣ кардем, ҳатто як нафар аз аҳолии Мадина дар хурмозорҳои атрофи Мадина набуд, ки шаби шанберо дар масҷиди набавӣ сипарӣ накунад. Сипас бар асари он зилзила наҳре аз оташ ба ҷараён афтод ва вориди водии Аҷиллин шуд ва роҳро масдуд кард, сипас ба Баҳратулҳуҷоҷ расид, дарёи оташ аст, ки ҷараён дорад, болои он зуғолҳо буд. Ин сели оташ ҷараён дошт то инки дараи Шазоро пушти сар гузошта ва дар он дара бори дигар селе ҷорӣ шуд.
Эй бародар! Савганд ба Худо зиндагии мо имрӯз олуда аст ва тамоми мардуми Мадина тавба кардаанд, ҳеҷ созу суруре дар он шунида намешавад ва ҳеҷ шаробе дар он ёфт намешавад. Оташ бо ҷорӣ шудан ва масдуд кардани баъзе роҳҳои Ҳоҷ ва Баҳра тамом шуд, водии оташ ба тарафи мо ҷорӣ шуд ва мо аз он тарсидем, ки мабодо оташ назди мо бирасад. Мардум ҳама ҷамъ шуданд ва тавбакунон шаби ҷумъаро пеши равзаи мубораки Паёмбари Худо гузарониданд. Андаке аз он оташ, ки ба мо наздик буд ба қудрати илоҳӣ хомӯш шуд. Оташ монанди шутурҳои ҳиҷора буд, чунон садое дошт, ки хобро аз чашмҳои мо гирифта аз тарсу ҳарос аз хӯрдану нӯшидан ҳам монда будем. Ман аз баёни бузургӣ ва ҳавлнокии он нотавонам.
Аҳолии Янбуъ низ ин оташро дидаанд ва қозии худ Ибни Саъдро барои дидани он даъват кардаанд, Қозӣ ҳам омада ба назди оташ рафтанд, касе наметавонад бузургии онро тавсиф кунад. Дар рӯзи панҷуми моҳи раҷаб мардум достонро дар ҳоле, ки худ ҳаросон ва оташ дар ҳоли шуълавар буданаш буд навиштаанд. Моҳ ва хуршед аз рӯзе, ки тулуъ кардаанд гоҳ гоҳе дучори кусуф ва нургирифтагӣ мешаванд. Аз Худованд хоҳони офият ҳастем.
Абушома мегӯяд: Асари кусуф ва нургирифтагӣ дар Димишқ барои мо возеҳ буд, мо аз ин падида дучори ҳайрат шуда будем ва бо худ меандешидем, ки Худоё чи шудааст? То инки хабари ин оташ ба мо расид.
Ман мегӯям: Абушома пеш аз омадани ин нома таърихи ин оташро мушаххас карда буд ва мегуфт: Дар шаби душанбе 16-и ҷимодулохар дар оғози шаб моҳро гирифтагӣ рух дод, бисёр сурх буд ва сипас ба ҳолати аввалӣ баргашт ва рӯзи баъдӣ бар хуршед гирифтагӣ рух дод ва мавқеи тулуъ ва ғуруби хуршед сурх шуд ва то чанд рӯз ба ҳамин ҳолат боқӣ монд. Худованд бар ҳар чиз қодиру тавоно аст.
Дар идома мегӯяд: Тасвири Имом Шофеӣ аз ҷамъ шудани офтобгирифтагӣ ва ид аз ин ҷараён равшан шуд, ҳар чанд, ки уламои нуҷум ва ситорашиносон мункири он ҳастанд.
Абушома мегӯяд: Дар номае дигар аз баъзе Бани Фошонӣ дар Мадина чунин омадааст: Дар моҳи ҷимодулохар иддае аз мардуми шарифи Ироқ назди мо омаданд ва дар бораи Бағдод чунин хабар додаанд, ки Бағдод дучори туфони шадиде шудааст, ҳатто об аз баландтарин деворҳои Бағдод боло рафта бисёре аз аҳолии он ғарқ шудаанд. Об дар васати шаҳр дохили қасри халифа шудааст, ҳамроҳи хонаи вазир сесаду ҳаштод хонаи дигарро аз байн бурдааст, махзану анбори аслиҳаи халифаро вайрон сохта аслиҳаи зиёдеро нобуд кардааст, Бар асари дохил шудани кишти дар байни шаҳр, қариб буд, ки мардуми зиёде аз байн бираванд, вале бештари кӯчаҳо дар асари ин сониҳа тахриб шуданд.
Абушома мегӯяд: Аммо назди мо ҷараёни бузурге рух дод: Дар шаби чаҳоршанбе саввуми ҷимодулохар ва ду рӯз пеш аз он мардум садое монанди садои раъдро мешуниданд ва тамоми мардум аз шунидани он ваҳшатзада ва аз хобгоҳҳои худ бедор шуданд, мардум бо оҳу гиря истиғфор мекарданд ва ба масҷид паноҳ мебурданд ва ба намоз мепардохтанд, ларзаҳо бидуни вақфа то субҳ идома пайдо кард. Дар тамоми рӯзи чаҳоршанбе, шаби панҷшанбе ва субҳи ҷумъа заминларзаҳо идома дошт, ҳатто дастаҳои масҷид низ такон хурданд ва садои баланде аз сақфи масҷид шунида шуд. Мардум хеле аз гуноҳони худ ҳарос доштанд, сипас заминларза баъд аз намози фаҷри рӯзи ҷумъа ва пеш аз зуҳр поён ёфт.
Сипас дар минтақаи Ҳира, он сӯи Бани Қурайза бар сари роҳи “Савориқия” оташи бузурге, ки аз замин берун меомад аз оғози субҳ то зуҳр зоҳир шуд. Мардум ба шиддат аз ин оташ ҳаросиданд, сипас дуди ғализе монанди абри сафеде аз он оташ бар осмон соя гузошт ва то қабл аз ғуруби рӯзи ҷумъа идома ёфт. Сипас оташи сурхранге ба андозаи қалъае бо забонаҳои бар фалаккашида шуълавар шуд, мардум паноҳ бурда ва ҳуҷраи муборакаро иҳота карданд, дар ҳоле, ки сарҳои худро луч карда ба гуноҳони худ эътироф мекарданд, ба сӯи Худованд шитофта дар ҷивори Ҳарами муборак сакан мегузиданд. Мардум аз ҳар сӯ ва аз тарафи хурмозорҳо ба масҷид омаданд, занон ва кудакон аз хонаҳо берун рафта дар масҷид ҷамъ омаданд ва бо ихлос ба Худо руҷуъ карданд. Сурхии оташ тамоми осмонро пӯшонид, чунон ба назар мерасид, ки мардум дар рушноии моҳ ҳастанд.
Мардум яқин карданд, ки мемиранд ва ё гирифтори азоб мешаванд. Мардум тамоми шабро дар ҳоли тиловати Қуръон ва рукуъу суҷуд сипарӣ карданд ва ба даргоҳи илоҳӣ дасти дуо мебардоштанд, ҳамагон ба истиғфору тавба машғул шуданд, то инки аз фузӯнӣ ва шуълаҳои он коста шуд.
Қозӣ ва фақеҳ назди ҳоким рафтанд ва ӯро насиҳат карданд. Ҳоким тамоми моликият ва ғуломонро озод кард ва ончи, ки муталлиқ ба мо буд ба мо баргардонид. Оташ ба ҳолати худаш боқӣ монд ва шуъла зад, баландии он ба андозаи як кӯҳи бузург буд ва арзу паҳноияш ба андозаи шаҳри Мадина буд. Сангрезаҳое аз он берун омада ва ба сӯи осмон партоб мешуданд ва дубора дар васати оташ меафтоданд ва шуълаҳои кӯҳмонанде бо садои раъд аз он берун меомад. То чанд рӯз оташ ба ҳамин ҳолат боқӣ монд, сипас монанди сел ба сӯи водии Аҷиллин ҷорӣ шуд, селоби оташ аз ду дара, Аҷиллин ва Шазо гузашт то ба Баҳратулҳоҷ расид. Сангҳо ҳамвора бо оташ ҳаракат мекарданд ва мерафтанд. Наздик буд то ба Ҳиратулъариз бирасад, сипас оташҳо хомӯш шуданд ва чанд рӯз таваққуф кард то инки шуълавар шуд ва ба пешу қафо шарора партоб мекард то инки дар асари партоби сангрезаҳои сурх ду кӯҳ дар қисмати пеш ва қафои он шакл гирифтанд ва оташе, ки миёни ин ду кӯҳ боқӣ монд, забона мекашид. Сипас нур ва рушноии он бузург шуд то ба ҳол (яъне то замони навиштани нома) дар бузургтарин шакли худ шуълавар аст. Дар поёни ҳар шаб то қабл аз зуҳр аз ин оташ садои ҳавлнок шунида мешавад. Ин оташ шигифтиҳое дорад, ки банда қодир ба тавсифи он ба тамоми маъно нестам, ба ҳамин миқдор кифоя мекунам. Бар асари ин оташ чунон ба назар мерасад, ки моҳу хуршед ҳам акнун дучори кусуф шуда нургирифтагӣ дар онҳо дида мешавад. Имрӯз, ки ин нома навишта мешавад, як моҳи комил аз ин оташ мегузарад ва ҳамон гуна, ки буд ҳанӯз ҳам ҳамон гуна аст.
Бархе дар баёни он ҳодиса гуфтаанд:
*Эй Касе, ки зарарҳоро бармедори аз ҷурм ва гуноҳони мо даргузар, эй Худовандо! гуноҳон ва маъсиятҳо моро иҳота кардаанд.
*Худовандо аз чизҳое ба ту паноҳ мебарем, ки тавон ва таҳаммули онҳоро надорем, ҳарчанд мо мустаҳиқи он бало ва мусибатҳо ҳастем.
*Зилзилаҳое, ки кӯҳҳои сахт дар муқобили он сари таслим фурӯ меоваранд, чи гуна кӯҳ дар муқобили ин зилзила тобу тавон дорад?
*Ҳафт рӯз аст, ки замин ба ларза даромада ва шикоф бардоштааст, шуълае дорад, ки хуршедро хомӯш кардааст.
*Оташпораҳое ба зардии кох ва қаср аз худ берун меоянд, монанди борондагии мудовим аст, ки сел ба роҳ андохтааст
*Агар тарси он бар дилҳо сахт ва гарон чира шавад, аз шиддати он тикапора мешавад ва монанди нур шикоф бармедошт.
*Аз он оташ дуди фаровоне бар чеҳраи осмон нишастааст, маҳол аст, ки аз бузургии дуд хуршед дубора баргардад.
*Нури он оташ дар мо ҳам таъсир гузоштааст, чи шабе баъд аз он хоҳад омад.
*Аз шиддати ин оташ ҳар обе, ки зери хоки замин бошад, ҷӯш меояд.
*Забонаҳои он оташ буруҷро иҳота кардааст, наздик аст, ки суқут кунад ва замин ба он бипайвандад.
*Эй шигифто ин муъҷизаи бузурги Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст, қавми доно ва зирак дар мавриди он таақул мекунанд ва ба тафаккур мепардозанд.
*Ба номи бузурги Ту эй Худовандо, ки номат макнун аст, агар гуноҳони мо бузург бошад ва қалб ба ниҳояти қасват ва нопокӣ ҳам дучор шуда бошад.
*Аз мо гузашт кун ва неъматро арзонӣ бидеҳ ва моро растагор намо, аз мо гузашт кун, чун ҳама дорои гуноҳ ва маъсият ҳастем.
*Қавми Юнус вақте, ки имон оварданд азоби онҳо бардошта шуд ва аз он наҷот ёфтанд ва ҳама дар неъмат ва оромиш ба сар бурданд.
*Мо уммати ин паёмбари баргузидаи худат ҳастем ва мо аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мехоҳем, ки барои афв ва бахшиши мо дар боргоҳат дуо кунад.
*Агар Расулуллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намебуд ҳеҷ кас наметавонист роҳу равиши ҳидоятро пайдо кунад ва роҳрави роҳи ҳидоят бошад.
*Раҳм кун ва салому раҳмати худро то воизон бар рӯи минбар мераванд ва котибон қалам бар коғаз мениҳанд бар он Расулуллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бифирист.
Муаллифи муҳтарам мегӯяд: Аҳодиси марбут ба ин оташ дар саҳеҳайн аз тариқи Зуҳрӣ аз Саъд ибни Мусаяб аз Абуҳурайра (р) ба шарҳи зер тахриҷ шудаанд:
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:
(لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى تَخْرُجَ نَارٌ مِنْ أَرْضِ الْحِجَازِ تُضِيءُ أَعْنَاقَ الْإِبِلِ بِبُصْرَى)
“Қиёмат барпо намешавад то онки оташе аз сарзамини Ҳиҷоз, ки гардани шутурҳо дар Бусро аз он равшан мешаванд, шуълавар нашавад..” (Бухорӣ, китоби Алфитан, боби хуруҷи нор. Фатҳул борӣ 13\78. Муслим дар саҳеҳаш, китоби “алфитан” боби “ло тақуму ассоа ҳатто тахруҷа нор мин арзил Ҳиҷоз” шумораи (2902) (4\2227). Бусро ҳамонгуна, ки Нававӣ мефармояд: шаҳре аст маъруф ба Шом, шаҳре аст миёни Ҳаррон ва Димишқ. 30\18 торихнависон мегӯянд: бинобар ҳадиси Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) оташе гардани шутурҳои Бусроро равшан сохт, ба гунае минтақаро равшан кард, ки толибилмон дар баробари равшании он мутолеа мекарданд)
Ин оташ дар ҳамин сол, яъне дар соли 654 ҳиҷрӣ қамарӣ зоҳир шудааст, ҳамонгуна, ки мо чанд ва чуни онро баён кардем. Илова бар ин Қозӣ Садриддин Алӣ ибни Абулқосими Тамимии Ҳанафӣ ҳокими Димишқ, дар баъзе музокирот дар бораи ин оташ чунин хабар додааст: Дар Бусро аз марди аъробие шунидам, ки ба падарам хабар медод ва мегуфт: онҳо равшании гардани шутурҳоро дар партави нури ҳамин оташ, ки дар сарзамини Ҳиҷоз зоҳир шуда буд, дидаанд.
Муаллиф мегӯяд: Қозиюлқузот Садриддин Алӣ ибни Абулқосим дар соли 642 (ҳиҷрӣ қамарӣ) мутаваллид шуда ва падараш дар Бусро муддариси фиқҳи ҳанафӣ будааст, падарбузургаш низ уҳдадори ҳамин мансаб буд. Ӯ дар Бусро таҳсил карда ва ба Димишқ мунтақил шудааст ва дар Содирия ва Маъдамия машғули тадрис буда сипас дар фиқҳи ҳанафӣ ба мансаби қозиюлқузот расида буд. Ӯ дар аҳком овозаи хубе доштанд ва ҳангоми оташсӯзӣ дувоздаҳсола буд, маъмулан дар чунин сине хабарҳо ва достонҳо хеле хуб забт мешаванд.
Баъзе шоирон дар тавсиф ва табйини оташсӯзӣ ва туфони Бағдод ин ду байтро сурудаанд:
*Пок ва муназзаҳ аст Худое, ки агар ирода кунад машият ва қудрати Худро бидуни ҳеҷ чуну чарое дар миёни мардум ҷорӣ месозад.
*Дар соле, ки Ироқро бо об ғарқ мекунад дар ҳамон сол замини Ҳиҷозро бо оташ ва гармӣ месӯзонад.
Абушома ҳам мегӯяд:
فی سنة اغرق العراق وقد احرق ارض الحجاز بالنار
*Дар соле, ки Ироқ бо об ва тавассути сел дучори туфон ва ғарқ мегардад, дар ҳамон сол Ҳиҷоз аз шиддати оташ месӯзад.
Ибни Соъӣ дар таърихи 654 мегӯяд: Дар рӯзи ҷумъа ҳаштуми моҳи раҷаби ҳамон сол назди вазир нишаста будам, ки номае аз Мадинаи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба дасташ расид, номаро гирифт ва хонд. Дар он нома баён шуда буд, ки Мадина дар рӯзи сешанбеи ҷимодулохар дучори заминларза шудааст ва дар ин сониҳа қабри мубораки ҳазрати Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ларза даромада садои оҳанҳои болои қабр ба гӯши ҳозирин расидааст. Пас аз заминларза оташе дар чорфарсахии Мадина шуълавар шуда монанди кӯҳ шуълаҳои оташро партоб мекунад, ин оташ то понздаҳ рӯз идома дошт.
Номарасон гуфт: Ман дар ҳоле ба хидмат расидам, ки оташ ҳануз идома дошт. Ҳоким аз қосид пурсид: Шуълаҳояш ба кадом тараф забона мекашанд ва дар ҳаракат ҳастанд?
Гуфт: Ба сӯи машриқ, дар идома гуфт: Ҳар сангеро месӯзонад ва об мекунад. Сипас қосид санги сухтаеро берун овард, ки монанди зуғол сиёҳ шуда буд.
Ибни Соъӣ дар идома мегӯяд: Нома ба хати қозии Мадина навишта шуда буд ва ҳокӣ аз он буд, ки ҳангоми зилзила мардум ба Ҳарам рафта ва сари худро луч карда машғули истиғфор ва тавба ҳастанд ва ҳокими Мадина ҳама бардаҳоро озод карда аз ҳар зулме худро раҳо сохтааст. Мардум мудом дар истиғфор буданд то зилзила мутаваққиф шуд, вале оташи шуълавар шуда ҳануз забона мекашад. Понздаҳ рӯз қабл аз омадани қосид шурӯъ шуда то ҳол идома дорад.
Ибни Соъӣ мегӯяд: Хати Маҳмуд ибни Юсуфи Амъонӣ шайхи Мадина бар соҳибаш раҳмат бодро хондам, ки мегуфт: Ин оташи Ҳиҷоз аломати бузург ва ишораи саҳеҳ бар наздик шудани қиёмат аст, хушбахт касе аст, ки қабл аз марг фурсатро ғанимат шумурда ба ислоҳи кор ва зиндагии худ шитофта аст. Ин оташ дар сарзамине рух додааст, ки дарахт ва гиёҳ надорад, ба ҷои онҳо сангро месӯзонад ва об мекунад, то онро ба хок ҳамроҳи об мубаддал созад ва монанди маводи обшаванда дохили кура об кунад. Худованд ин оташро дарс ва ибрате барои мусалмонон ва раҳмате барои оламиён қарор додааст. (Албидоя ва Ниҳоя 13\187.192)
Яке аз бузургоне, ки ҳангоми зуҳури оташ дар ҳоли ҳаёт буд, Имом Нававӣ аст. Дар шарҳи Муслим ҷараёнро ингуна баён мекунад: Дар замони мо, соли 654 оташи бузурге дуруст шуд, ин ҳодиса дар Мадинаи шарқӣ пушти Ҳира иттифоқ афтод, ҷараён аз тарафи Шом ва шаҳрҳои дигар ба тавотур расидааст ва бузургоне, ки дар шаҳри Мадина буданд ин ҷараёнро барои ман таъриф кардаанд. (Шарҳи Муслим, 18\28)
Аз баёни шоҳидони айнӣ равшан мешавад, ки ин оташ оташфишони бузурге будааст, ки зилзилае ба ҳамроҳ доштааст, ин ҳодиса ҳамон гуна, ки Паёмбари ростгӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст, ба вуқӯъ пайвастааст.
Мабҳаси чаҳорум: Мутаваққиф шудани ҷизя ва хироҷ