б) Исм кӯтоҳ ва равон бошад: Дуюмин тариқаи интихоби номи нек ин аст, ки волидайн номеро барои навзоди худ интихоб намоянд, ки дорои ҳуруфи камтар, талаффуз намуданаш саҳлу осон, ҳамчунин ҷаззобу дилнишин бошад.
в) Дорои маънои зебо ва муносиби ҳоли соҳиби ном бошад: Тариқаи сеюм барои интихоби номи нек ва писандида ин аст, ки дорои маънои зебо ва муносиби ҳоли соҳиби ном бошад ба гунае ки дар миёни афроди ҳамсинну соли ӯ ва дар миёни ҷомеаву миллати худ ривоҷёфта, мӯътадил ва дархури мавқеияти худ ва хонаводааш бошад…
2. Тарошидани мӯи сари навзод ва ҳикмати он
Дуюмин амале, ки дар ҳафтрӯзагии навзод анҷом гирифтанаш мустаҳаб аст, тарошидани мӯи сари тифл мебошад ва мустаҳаб аст ҳамвазни мӯи тарошидашуда нуқра ба унвони садақа ба фақирон ва хонаводаҳои ҳақдор ба садақа дода шавад.
Дар ривоят омадааст, ки Фотима (р) ҳамвазни мӯи тарошидаи сари Ҳасану Ҳусайн ва Уммикулсум нуқра садақа дод.[23]
Ибни Исҳоқ баён намудааст, ки Фотима (р) гуфт: «Баъд аз ин ки Ҳасанро таваллуд намудам, Расули Худо (с) гуфтанд: «Мӯи сарашро битарош ва ҳамвазни он нуқра садақа бидеҳ». Ман мӯи сарашро вазн намудам, баробари вазни якуним дирҳам буд».
Деҳлавӣ дар шарҳи ин гуна аҳодис ва фалсафаи тарошидани мӯи сари навзод ва додани садақа гуфтааст: «Ин кор дорои чанд ҳикмат мебошад, аз он ҷумла: Аввал ин ки вақте навзод аз ҳолати ҷанинӣ хориҷшуд ва ба марҳалаи туфулият расид, ин худ неъмате мебошад, ки лозим аст шукри он ба ҷо оварда шавад. Беҳтарин чизе, ки метавонад ба унвони шукр дар баробари ин неъмат қарор гирад, ин аст, ки бо чизи мушаххас ва маҳсусе, ки ҳамвазни мӯи сари навзод бошад, ба унвони садақа ба афроди фақиру бенаво дода шавад (то ба ин васила ҳам дафъи бало аз навзод шуда бошад ва ҳам иддаи фақиру бенаво аз чанголи фақру тангдастӣ раҳоӣ ёбанд). Дуюм ин ки тарошидани мӯйҳое, ки навзод ҳамроҳи он таваллуд шудааст, илова бар зудудани касофат ва бардоштани маводи зиёдатии давраи ҷанинӣ, мӯҷиби рушду нумӯи навзод дар даврони туфулият мегардад».
Аммо ҳикмати хос шудани нуқра ҷиҳати садақаи ҳамвазни мӯи навзод ин аст, ки агар ба ҷои нуқра тилло таъйин мешуд, мусалламан ба ҷуз афроди сарватманд касе аз ӯҳдаи таҳияи он барнамеомад ва барои афроди камдаромад амри вазнин ва ғайриимкон мебуд. Таъйини коло ва ҷинси поёнтар аз нуқра низ дар баробари мӯи сари навзод чизи беаҳамият ва камарзиш мебошад, пас садақаи нуқра ҳадди миёнаи ин ду мебошад.
3. Ақиқа ва ҳикмати он
Сеюмин амале, ки дар ҳафтрӯзагии навзод анҷом гирифтанаш мустаҳаб аст, амали ақиқа мебошад. Дар истилоҳи фиқҳӣ мӯи тифли навзод ва гӯсфанде, ки дар рӯзи ҳафтуми таваллудаш ҳангоми тарошидани мӯйи сари ӯ ба ин муносибат забҳ мекунанд, ақиқа мегӯянд.
Ибни Ҳиббон дар Саҳеҳи худ ривоят намудааст, ки Уммукурзи Каъбия дар бораи ақиқа аз Расули Худо (с) савол кард. Дар ҷавоб фармуданд:
«Ақиқаи писар ду гӯсфанд ва барои духтар як гӯсфанд аст, ишколе надорад, ки гӯсфандҳо нар бошанд ё мода».[24]
Боз Расули Худо (с) фармудаанд: «Ҳар писари навзоде дар гарави ақиқае мебошад, ки дар рӯзи ҳафтуми таваллуди ӯ забҳ мегардад ва дар он рӯз номгузорӣ мешавад ва мӯи сарашро метарошанд».[25]
Ҳамчунин мефармоянд: «Ақиқа кори дурусте аст, ки барои писар ду гӯсфанди мусовӣ (дар син ва андоза) ва барои духтар як гӯсфанд мебошад».[26]
Дар ибораи дигар Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Барои писар забҳи ду гӯсфанд ва барои духтар як гӯсфанд аст».[27]
Инчунин омадааст: «Ақиқаро метавон рӯзи ҳафтум, ё чордаҳум ва ё бисту якуми вилодат забҳ намуд».[28]
Салафи солеҳ бар асари эҳтимоми шадид ба амри ақиқа ва забҳи гӯсфанд таваҷҷӯҳи зиёде доштанд. Агар касе аз тангдастӣ тавони забҳи гӯсфандеро намедошт, ба ҷои он гунҷишкеро забҳ мекарданд. Чунонки Иимом Молик дар Муваттаъ аз Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Ҳориси Таймӣ ривоят намуда, ки гуфтааст: «Аз падарам шунидам, ки мегуфт: «Ақиқа мустаҳаб аст, агарчи бо забҳи гунҷишке бошад». Имом Молик ба дунболи гуфтаи Муҳаммад ибни Иброҳим мегӯяд: «Назари мо дар робита бо амри ақиқа ин аст, ки касе мехоҳад барои навзоди худ гӯсфанде забҳ кунад, пас барои писар як гӯсфанд ва барои духтар низ як гӯсфанд забҳ кунад ва дар назари мо ақиқа амри воҷиб нест, балки мустаҳаб мебошад ва мардум пайваста онро ба унвони амри мустаҳаб анҷом додаанд. Бинобар ин, касе, ки барои фарзанди худ гӯсфанде забҳ кунад, ин кори ӯ ба манзалаи ибодат ва забҳи қурбонӣ мебошад, аз ин рӯ, гӯсфанди забҳшуда набояд кӯр, лоғар, шикастааъзо ва бемор бошад ва набояд гӯшту пӯсти он фурӯхта шавад ва устухоншикаста низ набошад, хонаводааш метавонанд аз гӯшти он бихӯранд ва аз он садақа диҳанду бибахшанд, аммо набояд хуни онро ба навзод бимоланд».[29]
Деҳлавӣ гуфтааст: «Касе, ки тавонии молӣ дошта бошад, мустаҳаб аст ду гӯсфанд барои писар забҳ кунад ба хотири ин ки писар барои падару модар, ҳамчунин ҳифзу ҳиросат аз дин ва миллат аз духтар муфидтар ва тавонотар мебошад, пас ин амр мӯҷиби шукргузории бештар ва сазовори баландовоза гардонидани зиёдтар мегардад».
Аммо амр ба анҷоми ақиқа ба ин сабаб аст, ки арабҳо (қабл аз Ислом) барои фарзандони худ гӯсфанд забҳ мекарданд ва назди онон ақиқа амре лозим ва як суннати муаккада ба ҳисоб меомад, зеро дар он масолеҳи миллию иҷтимоӣ ва шахсӣ вуҷуд дошт ва мӯҷиби барқарории ҳамёрию ҳамкорӣ ва эҷоди иртиботи ҳасана ва авотифи инсонӣ дар миёни онон мебошад. Бинобар ин, ба хотири вуҷуди чунин манофеъи саршоре буд, ки Расули Худо (с) онро боқӣ гузошт ва ба он амал намуда, мардумро низ ба анҷоми он ташвиқ кард. Аммо чизе, ки ҳаст, ин аст ки Расули Худо (с) тақлидҳо ва одобу русуми хосси онҳоро тағйир дод. Чунонки аз Бурайда ривоят шудааст, ки гуфт: «Мо, ки дар даврони ҷоҳилият будем, ҳар вақт писаре барои мо таваллуд мешуд, барои ӯ гӯсфанде забҳ мекардем ва хуни онро ба сари навзод мемолидем ва оғӯшта мекардем, аммо акнун ки дар даврони Ислом қарор гирифтаем, ҳар вақт писаре барои мо ба дунё биёяд, барои ӯ гӯсфанде забҳ мекунем ва сарашро метарошем ва ба он заъфарон мезанем».[30]
Ҳикмати машрӯъияти ақиқа ва фоидаҳои он
а) Нахустин фоидаи маросими ақиқа улфат ва таваҷҷӯҳ намудан ба ошкор сохтан ва маълум кардани аслу насаби навзод мебошад ва лозим будани чунин коре ба хотири он аст, ки баъдан дар бораи ӯ суханони ношоиста ва масоили номатлуб гуфта нашавад. Аз ҷиҳати дигар, барои волидайн зебанда нест, ки таваллуди фарзанди худро пинҳон бидоранд ва хабари онро ниҳонӣ ба самъи дигарон бирасонанд, балки бояд дар эъломи ин неъмати Худододӣ шитоб намоянд ва сустӣ накунанд…
б) Дуюмин ҳикмати маросими ақиқи ин аст, ки ин кор дарвоқеъ навъе таблиғу ташвиқ барои пеша сохтани саховату бахшандагӣ ва дурӣҷустан аз бухлу хасисӣ мебошад.
в) Машрӯъият бахшидан ба амри ақиқа дарвоқеъ мухолифат бо одобу русуми масеҳият дар робита бо навзод мебошад, зеро вақте ки барои масеҳиён фарзанде таваллуд мешуд, тибқи маросими хосси худ навзодро бо оби махсусе ғусл медоданд ва онро «маъмудия» мегуфтанд ва мӯътақид буданд, ки ин кор навзодро масеҳӣ мегардонад, аммо Қуръони карим дар ин оят ин ҳаракати нодурустро ботил мехонад:
«(Худованд моро ба оини тавҳидӣ ва имони ростин зинат додааст ва) ин (дин ва) рангу зинати Худост ва чӣ касе аз Худо (метавонад) зеботар биорояд?».[31]
Бинобар ин, ақиқа ба сурати амри мустаҳаби шаръӣ даромад, то ин ки пайравони дини ҳаниф пайваста онро дар баробари амали масеҳиён анҷом диҳанд ва мутақобилан ба василаи ин амали машрӯъи худ нишон диҳанд, ки кӯдаки онон тобеи дини ҳаниф ва пайрави оину миллати Иброҳим (а) ва Исмоил (а) мебошад. Яке аз машҳуртарин аъмоли мансуб ба Иброҳим (а) ва Исмоил (а), ки дар миёни фарзандони бузургвор ба ирс мондааст, ҳамон амали Иброҳим аст, ки барои забҳи писараш анҷом дод, (ба ростӣ ин озмоиши бузург, ки забҳи фарзанд бошад бо дасти падар, озмоише аст, ки баёнгари имони комил ва яқини содиқ ба Худованди ҳастӣ мебошад). Ба ҳамин хотир аст, ки Худованд дар баробари он қурбонии бузург ва боарзишро фидои фарзандаш гардонид.[32]
Ҳамчунин яке аз машҳуртарин шароеъи Иброҳим (а) ва Исмоил (а) маносики ҳаҷ аст, ки дар он тарошидани сар ва забҳи қурбонӣ анҷом мегирад. Бинобар ин, шабеҳ сохтани аъмоли мусалмонон ба кори Иброҳим (а) ва Исмоил (а) дарвоқеъ намоёнгари бузургдошт ва баландовоза гардонидани ин миллати заиф мебошад ва нидое аст ба амале, ки нисбат ба навзод анҷом шудааст ва дар ҳақиқат ҷузъи аъмоли хоссаи ин миллати пок ва пайравони оини Иброҳим (а) ва Исмоил (а) мебошад.
г) Яке дигар аз ҳикмати ақиқа ин аст, ки забҳи гӯсфанд дар оғози таваллуди кӯдак, ин воқеиятро мерасонад, ки падар омодаи фидо кардани писари худ (дар роҳи Худо) мебошад, ҳамчуноне ки Иброҳим (а) омодаи чунин коре нисбат ба писари худ Исмоил (а) шуд ва шакке нест, ки ин кор мӯҷиби идомаёбии эҳсон ва исор ва нишонаи давомнокии фармонбардорӣ аз аҳкоми исломӣ аст.
ғ) Фоидаҳои дигари ақиқа яке ин аст, ки навзодро аз ҳамон ибтидои ба дунё омаданаш ба Худо наздик месозад. Илова бар он, чун забҳи гӯсфанд ӯро сабаби аз балоҳо ҳифз шудан ва аз осебҳову фиребҳои шайтон дур гаштани ӯ мешавад. Аз ин рӯ, ниҳояти фоидаро аз он мебарад. Ҳамчунин аз ҷиҳати дигар, аз дуъои хайри волидайнаш ва ҳозир намуданаш дар маносики Ҳаҷ ба василаи падар ва бастани эҳром ва ғайра барои ӯ баҳраманд мегардад…
д) Шашумин фоидаи ақиқа ин аст, ки навзодро аз қарор доштан дар гарав озод месозад, зеро навзод дар гарави забҳи гӯсфанд мебошад (ба ин маъно, ки агар барои навзод қурбонӣ анҷом нагирад, на ӯ аз осеби шайтон маҳфуз мемонад ва на волидайнаш аз шафоати ӯ бархурдор мегарданд), чунонки Имом Аҳмад гуфтааст: «Дар рӯзи Қиёмат шафоати кӯдак барои волидайнаш вобаста ба забҳи гӯсфанд аст барои ӯ». Ато ибни Абурибоҳ гуфтааст: «Кӯдак дар гарави ақиқа мебошад, ба ин маъно, ки агар волидайнаш барои ӯ ақиқа анҷом надиҳанд, аз шафоати ӯ маҳрум мемонанд».
Дар ривоят омадааст, ки Худованд забҳи гӯсфандро василаи раҳоии навзод аз осеби шайтон қарор додааст, шайтоне ки мекӯшад ҳангоми ба дунё омадани кӯдак худро ба ӯ бирасонад, то зарбае ба паҳлӯяш бизанад. Пас, забҳи қурбонӣ сабаби аз балоҳову чанголи асорати шайтон раҳоӣ ёфтани навзод ва нагузотани шайтон ба даргир шудан бо ӯ мегардад, ки дар натиҷа метавонад барои охираташ саъю талош намояд.
Бинобар ин, шайтон дар камини таваллуди навзод нишастааст, то ба ӯ зарба бизанад, чун барои Парвардигори ҷаҳониён савганд хӯрдааст, ки бо корде, ки барои кӯдак ва ҳамнавъони кӯдак омода сохтааст, решаи фарзандони Одам (а)-ро бизанад ва ононро мунҳарифу ҳалок созад, магар иддаи ками аз эшонро. Пас шайтон аз ҳамон лаҳзаҳои аввали таваллуд дар камин истодааст, то ин ки ба маҳзи ба дунё омадани фарзанд худро ба ӯ бирасонад ва ба асорати худ дароварад ва ҷузъи дӯстдорону афроди ҳизби худ қарор диҳад ва дар ин кор бисёр ҳарис мебошад, то ба ин васила бештари навзодонро аз зумраи лашкариёни худ гардонад.
Чунонки Худованд мефармояд:
﴿وَشَارِكۡهُمۡ فِي ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَوۡلَٰدِ ٦٤﴾ [الاسراء: ٦٤]
«…ва дар амволи онон (бо ташвиқу таҳрикашон барои касби он аз ҳаром ва сарфи он дар ҳаром) ва дар авлоди эшон (фиреб кардани авлиё ва раҳнамоии фарзандонашон ба куфру фасод дар асари тарбияи нодурусташон) ширкат биҷӯй…».[33]
Ва мефармояд:
﴿وَلَقَدۡ صَدَّقَ عَلَيۡهِمۡ إِبۡلِيسُ ظَنَّهُۥ فَٱتَّبَعُوهُ إِلَّا فَرِيقٗا مِّنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٢٠﴾ [سبا: ٢٠]
«Ва ба дурустӣ ки Шайтон дар ҳаққи онҳо андешаи худро рост ёфт. Пас, онҳо ба ҷуз гурӯҳи андаке аз мӯъминон, ба ӯ пайравӣ карданд».[34]
Бинобар ин, чун навзод дар гарав мебошад, Худованд барои волидайн машрӯъ сохтааст, ки ба василаи забҳи гӯсфанд ӯро аз гаравгонӣ раҳо созанд ва онро фидои фарзанди худ намоянд. Бинобар ин, дар сурати забҳ накардани гӯсфанд, мусалламан ҳамчунон дар гарав мемонад.
Чаро барои маросими ақиқа ва номгузории навзод рӯзи ҳафтум ихтисос дода шудааст?
Устод Деҳлавӣ дар бораи ҳикмати ихтисос додани рӯзи ҳафтум ба баргузории ин маросим чунин ҷавоб додааст: «Ҳикмати ҳафт рӯз ба таъхир андохтани маросими ақиқа ба ин хотир аст, ки хонаводаи навзод дар ин фосила ба ислоҳу парастории модар ва назорати навзод машғул мебошанд. Аз ин рӯ, шариати Ислом намехоҳад, ки машғулияти ононро зиёд кунад ва кору заҳмати бештарро ба ӯҳдаи эшон гузорад. Илова бар он, чӣ басо иттифоқ меафтад, ки оғози ин маросим ва таҳияи чорво барои забҳ дар рӯзи аввал муяссар нашавад. Пас агар чунин маросиме дар рӯзи аввали вилодат баргузор мешуд, ба таври қатъӣ барои онон душвор ва шояд ғайри мумкин мебуд. Аммо ҳафт рӯз муддати замони муносибе аст барои омода шудан ба ин маросим. Аммо дурӣҷустан аз азияту парҳез аз заҳмат, ҳамчунонки гуфта шуд, ба ин хотир аст, ки ин маросим шабеҳ ба маросими ҳоҷиён дар айёми Ҳаҷ мебошад. Ҳамчунин ихтисоси номгузории навзод ба рӯзи ҳафтум ба ин хотир аст, ки кӯдак қабл аз рӯзи ҳафтум ниёзе ба номгузорӣ надорад».[35]
4. Хатнаи навзод
а) Маънои луғавӣ ва истилоҳии хатна: Хитон дар луғат буридани пӯсти мавҷуд бар сари олати таносулии навзод аст.
Дар истилоҳи шаръ, қисмати мудаввар ва ҳалқае, ки поёни сари олати таносулии навзод қарор дорад ва сари олат дар он фурӯ меравад, маҳалли буридан мебошад ва ин ҳамон маҳалле аст, ки иҷрои аҳкоми шаръӣ ба он тааллуқ мегирад, чунонки Пайғамбари акрам (с) мефармоянд:
«Ҳар гоҳ (дар вақти омезиш маҳалли) ду хитони мард ва зан ба ҳам бирасад (хоҳ инзол сурат гирад ва ё нагирад) ғусл бар ҳар ду воҷиб мешавад».[36]
б) Ҳадисҳои воридшуда бар машрӯъияти хатна
Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «(Воридшудаҳои зер) ҷузъи фитрати (пайғамбарон) будааст: … хатнаи кӯдакон».[37]
Дар Саҳеҳайн омадааст: «Панҷ чиз фитрат ва равиши (пайғамбарон) мебошад: хатнаи кӯдакон…».[38]
Бинобар ин, дармеёбем, ки Ислом бар хатнаи писар таваҷҷӯҳ намуда, онро мавриди таъкид қарор додааст ва ин кор баъд аз рӯзи ҳафтум анҷом мегирад. Он ҳам ба далели ривояте аст, ки Байҳақӣ аз Ҷобир нақл намуда, ки Расули Худо (с) барои таваллуди Ҳасану Ҳусейн гӯсфанд забҳ кард ва баъд аз гузашти ҳафт рӯз низ он дуро хатна кард. Ибни Ҷазйӣ гуфтааст: «Хатна дар рӯзи вилодат ва дар рӯзи ҳафтум макрӯҳ мебошад, зеро ки ин ду рӯз махсуси яҳуд мебошад».
в) Аввалин касе, ки хатна гардид: Бинобар ривояте ҳазрати Иброҳим (а) аввалин касе буд, ки хатна шуд ва он ҳангом синнаш ба ҳаштодсолагӣ расида буд.[39]
Дар ривояти дигар омадааст: «Ҳазрати Иброҳим (а) аввалин касе буд, ки меҳмондориро расм ниҳод ва ӯ нахустин касест, ки шалвор пӯшид ва аввалин фарде буд, ки хатна шуд ва баъд аз ӯ хатна кардан дар миёни пайғамбарону пайравони онон идома пайдо кард, то замоне, ки ҳазрати Муҳаммад (с) мабъус гардид». Бинобар ин, хатна суннат ва равиши пайғамбарону расулон мебошад, ки ҷомеаи башарият низ аз эшон пайравӣ мекунад, то ин ки аз натиҷаи мусбати тиббӣ ва беҳдоштии ин равиши солими инсонӣ бархурдор гардад. Чунонки дар ривоят омадааст: «Расули Худо (с) фармуданд: «Чор чиз аз суннат ва равиши пайғамбарони Худост: хатна, худро муаттар сохтан, мисвок задан ва издивоҷ».[40]
Дар ривоят омадааст, ки Саъид ибни Ҷубайр (р) гуфтааст: «Аз Ибни Аббос савол шуд: «Ҳангоме ки Расули Худо (с) фавт карданд, ту чандсола будӣ?» Дар ҷавоб гуфт: «Дар он мавқеъ ман (ба ҳадди булуғ расидаву) хатна шуда будам ва мардон хатна намешуданд то ба ҳадди булуғ мерасиданд».[41]
Дар ривояти Ҳоким омадааст: «Ибни Аббос ҷавоб дод: «Вақте ки Расули Худо (с) реҳлат намуданд, ман понздаҳсола будам ва хатна ҳам шуда будам».[42]
Барои маросими хатна мардумро ба таом даъват намудан мустаҳаб аст.
Яке аз аломатҳои таъкиди Ислом бар амали хатна ин аст, ки агар марди хатнанашудае ба Ислом гаравид, воҷиб аст, илова бар ғусл намуданаш хатна ҳам бишавад. Чунонки ривоят шудааст: «Марде назди Расули Худо (с) омада гуфт: «Мусалмон шудам». Расули Худо (с) фармуданд: «Мӯи куфрро аз худ бардор ва битарош ва хатна кун».[43]
Дар ривояти дигар омадааст: «Расули Худо (с) фармуданд: «Касе, ки мусалмон шавад, бояд хатна гардад, агарчи бузургсол ва пир бошад».[44]
Ҳамчунин нишонаи ба амри хатна аҳамияти зиёд додани Ислом ин аст, ки ҳар шахсе хатна нашуда бошад, намозаш қабул нест. Чунончи ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Касе, ки хатна нашудааст, намозаш қабул намешавад ва аз гӯшти қурбонии ӯ низ хӯрда намешавад».[45]
Яке аз аломатҳои дигари таваҷҷӯҳи бештар додан ба амри хатна таъбире аст, ки Ибни Қутайба (р) дар ин ояти қуръонӣ кардааст: «Сибғаталлоҳи ва ман аҳсану миналлоҳи сибғаҳ».[46]
Ибни Қутайба гуфтааст: Мурод аз сибға дар ин оят хатнакунӣ аст ва Худованд онро ба сибға ном бурдааст, чун насоро навзодони худро дар оби махсусе, ки онро «маъмудия» мегуфтанд, фурӯ мебурданд, ғусл медоданд ва мегуфтанд ин амал мояи пок шудан ва насронӣ гардидани кӯдакон мебошад, ҳамчунонки хатнаи навзод аломати пок шудани кӯдакони пайрави дини ҳанифи Иброҳим мебошад. Бинобар ин, мурод аз сибға ин аст, ки дар пок намудани фарзандони худ аз равиши дини Иброҳим пайравӣ кунед, на аз равиши ғусли таъмиди насоро.[47]
г) Лозим ба ёдоварӣ аст
Яке аз нукоти фиқҳӣ, ки дар бораи хатна баён шуда, ин аст, ки Хаттобӣ мегӯяд: «Агарчи хатнакунӣ дар ҷумлаи соири суннатҳо зикр шудааст, аммо бояд донист, ки назди бештари уламои фиқҳӣ хатнаи мардон воҷиб мебошад, зеро хатна дарвоқеъ як амалу нишонаи динӣ аст, ки ба василаи он афроди мусалмон дар миёни афроди ғайримусалмон шиносоиву мушаххас мешаванд. Ба ин маъно, ки ҳар гоҳ дар миёни ҷамоати кушташуда афроде ёфт шаванд, ки хатна шудаанд, нишон медиҳад, ки онон афроди мусалмон мебошанд ва бояд дар гӯристони мусалмонон ва бо шароиту маросими хосси исломӣ дафн гарданд.