Articles

Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми понздаҳум





Амалҳое, ки дар ҳафтрӯзагии навзод анҷом мегиранд





سلسلة تربية الأولاد, القسم الخامس عشر: عن الأعمال التي تقام بها في الأيام السبعة من ولادة الطفل





< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >





Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир





إعداد: حقنظراو طاهر





—™





Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми понздаҳум





Амалҳое, ки дар ҳафтрӯзагии навзод анҷом мегиранд





1. Номгузории кӯдак





Вақте ки кӯдак таваллуд мешавад, аввалин амале, ки мӯ­ҷиби икром ва некии ӯ мегардад, ин аст, ки падару модараш ӯро бо номи хуб ва лақаби шарифу муборак номгузорӣ на­моянд, зеро номи нек амре аст возеҳ ва илова бар ин, ки фарди соҳиби номро шоду хушҳол мекунад ва мояи сарба­ландиву дилгармии ӯ дар миёни ҳамсолонаш мегардад, ди­гарон низ ҳангоми шунидани он таҳти таъсир қарор меги­ранд. Ба ҳамин хотир аст, ки Худованд ба бандагони худ дастур додааст, ки Ӯро бо беҳтарин номҳо фаро хонанд, чунонки мефармояд:





«Ва номҳои нек азони Худо аст, (ки бар беҳтарин маъ­ноҳо ва комилтарин сифатҳо далолат менамоянд), пас Ӯро ба он номҳо бихонед ва раҳо кунед касонеро, ки дар ном­ҳои Худо каҷравӣ мекунанд[1] ба онҳо ҷазои он чӣ, ки ме­карданд, дода хоҳад шуд».[2]





Ҳамчунин Худованд дастур додааст, ки Ӯро бо беҳта­рин ва зеботарин сифатҳо васф кунанд ва мефармояд:





«Бигӯ: «Аллоҳро бихонед, ё Раҳмонро бихонед, ҳар ка­домеро бихонед, (фарқе намекунад), чун Худоро номҳои некӯ аст».[3]





Пайғамбари Худо (с) низ беҳтарин номҳоеро барои фар­зандони худ ихтиёру интихоб кардаанд. Муҳаммад ибни Ҳанафия исми худро ба хотири муборак ва эҳтиром ба номи он ҳазрат (с) нисбат дод ва ин корро бо истинод ба ривояте анҷом дод, ки Алӣ ибни Абутолиб (р) аз Пайғамбари акрам (с) иҷозат хоста, гуфт: «Агар баъд аз шумо писаре барои ман ба дунё ояд, оё ӯро бо ном ва кунияи шумо номгузорӣ кунам?» Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Оре». Пас ин амр рухса­те шуд аз ҷониби Расули Худо (с).[4]





Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Фарзандони худро бо номҳои паёмбарон номгузорӣ кунед (ба хотири табаррук ба номи онон ва фоли нек гирифтан ба ин, ки аз роҳу равиши эшон пайравӣ кунанд) ва маҳбубтарини номҳо назди Худованд «Абдуллоҳ» ва «Абдурраҳмон» аст ва содиқтарини номҳо «Ҳорис» ва «Ҳумом» аст ва зишттарини номҳо «Ҳарб» ва «Мурра» мебошад».[5]





Абудовуд аз Абудардо (р) ривоят кардааст, ки Пайғам­бар (с) фармуданд: «Бегумон, шумо дар рӯзи Қиёмат бо ном­ҳои худ ва номҳои падаронатон фаро хонда мешавед, пас (то метавонед фарзандону наздикони) худро номҳои зебову нек ниҳед».[6]





Аз Ибни Умар (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд:





«Бегумон, маҳбубтарини номҳои шумо назди Худованди муттаол «Абдуллоҳ» ва «Абдурраҳмон» аст».[7]





Боз омадааст, ки Расули Худо фармуданд:





«Беҳтарин номҳои шумо «Абдуллоҳ» ва «Абдурраҳмон» ва «Ҳорис» мебошад».[8]





Ибни Салоҳ баён намудааст, ки мафҳуми ин ҳадис чу­нон дар миёни саҳоба густариш ёфта ва фарогир шуд, ки теъдоди афроде, ки дар миёни онон «Абдуллоҳ» ном дош­танд ба 220 нафар расиданд. Ироқӣ гуфтааст, ки маҷмӯи ашхоси «Абдуллоҳ» ном дошта ба 300 нафар мерасид.[9]





Аз ҷумла корҳои латиф ва меҳрангезе, ки Расули Худо (с) анҷом доданд, ин буд: Рӯзе, ки Ибни Аббос (р) таваллуд шуд, ӯро «Абдуллоҳ» номид, чунончи аз худи Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: Уммифазл, духтари Ҳорис ба­рои ман таъриф кард ва гуфт: Рӯзе Расули Худо (с) гуф­танд: «Эй Уммифазл!». Гуфтам: «Бифармоед эй Расули Ху­до!» Расули Худо (с) бар гӯшам фармуданд: «Бегумон, ту ҳо­мила бар писаре мебошӣ!». Гуфтам: «Чӣ гуна чунин коре мум­кин аст, дар ҳоле ки Қурайш бо ҳам аҳду паймон бастаанд, ки занон бордор нашаванд?» Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ин чизе аст, ки ман ба ту мегӯям, пас ҳар гоҳ он писарро тавал­луд кардӣ, ӯро пеши ман биёр». Уммифазл мегӯяд: «Билохира чунин шуд ва вақте ки онро таваллуд кардам, назди Пайғам­бар (с) бурдам ва он ҳазрат (с) ӯро «Абдуллоҳ» номиданд, сипас фармуданд: «ӯро бибар, ҳатман писари бисёр зиррак ва ҳушёр хоҳӣ ёфт». Уммифазл мегӯяд: «Назди Аббос омадам ва ҷараёнро ба иттилои ӯ расонидам». Аббос табассуме кар­да, назди Расули Худо (с) рафт. Ӯ марди зебо ва дорои қома­ти баланд буд ва вақте ки Расули Худо (с) ӯро диданд, аз ҷой бархостанд, пешонии ӯро бӯсиданд ва дар тарафи рости худ нишонида, фармуданд: «Ин амаки ман аст, пас ҳар кас мехо­ҳад, бояд ба амакаш биболад». Аббос гуфт: «Эй Расули Худо (с) чунин чизе магӯ». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Чаро нагӯ­ям? Дар ҳоле ки ту амаки ман ва ёдгору бозмондаи ниёгони ман ҳастӣ ва амак низ ба манзалаи падар аст».





Аз Анас (р) ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Дишаб писаре барои ман таваллуд шуд ва ӯро ба исми па­дарам «Иброҳим» ном ниҳодам».[10]





Аз Ҷобир (р) ривоят шуда, ки гуфт: «Барои нафаре аз мо писаре ба дунё омад ва ӯро «Қосим» ном ниҳод. Мо гуфтем: «Мо туро ба кунияи Абулқосим садо намекунем ва чунин чи­зеро аз ту намепазирем. Пас, он мард назди Расули Худо (с) рафт ва мавзӯъро барояшон баён намуд. Он ҳазрат (с) фар­муданд:





«Исми писаратро Абдурраҳмон бигузор».[11]





Боз аз Ҷобир (р) ривоят шуда, ки гуфт: «Барои марде аз мо писаре ба дунё омад ва исми ӯро Муҳаммад номид. Пас қавмҳову наздикон ба ӯгуфтанд: «Мо намегузорем, исми пи­саратро ба исми Расули Худо (с) бигузорӣ». Он мард писа­рашро бар дӯш гирифт ва назди Расули Худо (с) омада, гуфт: «Эй Расули Худо (с), писаре барои ман ба дунё омада­аст ва номашро Муҳаммад гузоштаам, акнун қавмҳову наз­диконам ба ман мегӯянд: «Мо намегузорем номи писаратро ба исми Расули Худо (с) бигузорӣ». Расули Худо (с) фарму­данд: «(Монеъе надорад, ки) исми маро (барои фарзандони худ) баргузинед, аммо кунияи ман яъне (Қосим)-ро интихоб накунед, зеро ки ман (ба амри Худованд) қисматкунанда ҳас­там ва дар миёни шумо тақсим мекунам».[12]





Нақл аст, ки миллатҳои гузашта фарзандони худро ба номҳои пайғамбаронашон ва афроди солеҳу некӯкори қабл аз худ ном мениҳоданд, чунончи аз Муғира ибни Шӯъба (р) ривоят шуда, ки гуфт: «Вақте вориди Наҷрон шудам, мар­думи он ҷо аз ман пурсида, мегуфтанд: «Шумо фалон кас ва фалон касро ба номҳои «Ё ухта Ҳоруна ва Мусо» пеш аз Исо мехонед! Пас ҳангоме, ки ба хидмати Расули Худо (с) раси­дам, аз ӯ пурсидам, фармуданд: «Онон (фарзандони худро) ба номҳои пайғамбарон ва афроди солеҳи пеш аз худ ном мени­ҳоданд».[13]





Саҳобаи ҷалилулқадр Зубайр ибни Авом номҳои ша­ҳидони саҳобаро барои фарзандони худ бармегузид, ба уме­ди он ки роҳу равиши ононро дар пеш гиранд ва инон низ дар роҳи Худо ба дараҷаи шаҳодат бирасанд.





Бинобар ин, Зубайр ибни Авом (р) мегӯяд: «Талҳа ибни Убайдуллоҳи Таймӣ писарони худро ба номҳои пайғамбарон номид, чун медонист баъд аз ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ пай­ғамбаре ба вуҷуд нахоҳад омад. Ман низ номҳои шаҳидони саҳобаро барои писарони хеш баргузидам ба умеди он ки онон роҳу равиши шаҳидонро дар пеш гиранд, эшон дар роҳи Худо ва барои бар дигар динҳо бартарӣ ёфтани дини Худо шаҳид шаванд. Аз ин рӯ, номҳои шаҳидони зерро барои онон баргу­зидам: Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш, шаҳиди ҷанги Уҳудро барои яке аз писаронам баргузидам ва ӯро «Абдуллоҳ» номидам. Мунзир ибни Амри Ансорӣ «бани Соида»-ро барои писари дигарам ин­тихоб намудам ва ӯро «Мунзир» номидам. Урва ибни Масъу­ди Сақафиро барои писари сеюмам баргузидам ва ӯро «Урва» ном гузоштам. Ҳамза ибни Абдулмутталиб шаҳиди ҷанги Уҳудро барои писари чоруми худ интихоб кардам ва ӯро «Ҳамза» номидам. Ҷаъфар ибни Абӯтолиб, шаҳиди ғазваи Муътаро баргузидам ва номи яке аз писаронамро «Ҷаъфар» ниҳодам. Мусъаб ибни Умайр, парчамбардор ва шаҳиди ҷанги Уҳудро барои писари дигарам интихоб намудам ва ӯро «Мус­ъаб» ном гузоштам. Убайда ибни Ҳорис, шаҳиди ғазваи Бадр­ро барои писари дигарам баргузидам ва ӯро «Убайда» номи­дам. Холид ибни Саъид, шаҳиди Марҷу-с-сифрро барои яке ди­гар аз писаронам интихоб намудам ва ӯро «Холид» номидам. Билохира, Умар ибни Саъид бародари Холидро, ки дар ҷанги Ярмук кушта шуд, барои дигар писарам интихоб намудам ва ӯро «Умар» ном гузоштам.[14]





Ва аммо интихоби куния: Маъмулан волидайн баъд аз ин ки нахустин фарзанди онон таваллуд шавад ва ӯро ном гузоранд, кунияи эшон ба номи ӯ интихоб мешавад. Чунон­ки ривоят шудааст, Абушурайҳ ҳангоме ки ҳамроҳи қавми худ назди Пайғамбар (с) рафтанд, Пайғамбар (с) шуниданд, ки ӯро бо кунияи «Абулҳакам» мехонанд! Пайғамбар (с) ба ӯ гуфтанд: «Бегумон, фақат Худост ҳокиме, ки оғозу поёни ҳар ҳукми қатъӣ ва ғайри қобили рад бо Ӯ аст, пас чаро ту ба «Абулҳакам» куниягузорӣ шудаӣ?».[15] Дар ҷавоб гуфт: «Вақте қавму қабилаи ман бар сари чизе ихтилоф кунанд, ба­рои дур кардани низоъ назди ман меоянд ва ман дар миёни эшон ба гунае доварӣ мекунам, ки ҳарду гурӯҳ розиву хушнуд мешаванд». Расули Худо (с) фармуданд: «Чи кори хубе! Пас, оё ту фарзанд дорӣ?». Гуфт: «Оре, писароне ба номҳои Шу­райҳ, Муслим ва Абдуллоҳ дорам». Расули Худо (с) фарму­данд: «Кадомаш аз ҳама бузургтар аст?». Дар ҷавоб гуфт: «Шурайҳ». Расули Худо (с) фармуданд: «Пас кунияи ту Абушурайҳ аст».





Соҳиби «Шарҳу-с-сунна» гуфтаааст: «Тағйири кунияи Абулҳакам ба Абушурайҳ ба ин хотир аст, ки маънои кали­маи ҳакам иборат аст аз ин ки вақте касе дар мавриди мас­ъалае доварӣ кунад ва ҳукм содир намояд, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳук­ми ӯ рад карда нашавад. Ба ин гуна таъриф ва вижагӣ фақат Худованди мутаъол шоиста аст. Чунонки мефармояд:





﴿وَٱللَّهُ يَحۡكُمُ لَا مُعَقِّبَ لِحُكۡمِهِۦۚ ٤١﴾ [الرعد: ٤١]





«Худованд ҳукм ва фармон меронад ва ҳукми Ӯро ҳеҷ монеъ ва боздорандае нест».[16]





Бинобар ин, аз ҳадиси боло чунин натиҷагирӣ мешавад, ки кунияи мард ба номи бузургтарин писарони ӯ баргузида мешавад ва агар писар надошта бошад, ба номи бузургта­рин духтаронаш баргузида мешавад. Ҳамчунин кунияи зан ба номи бузургтарин писаронаш интихоб мешавад ва агар писар надошта бошад, ба номи бузургтарин духтаронаш интихоб мегардад.[17]





Яке дигар аз далелҳои ҷоиз будани куния ба исми фар­занд ин аст, ки Пайғамбари акрам (с) бо кӯдакони хурдсол шӯхӣ мекарданд ва ононро бо куния садо мезаданд, на бо исмашон ва мефармуданд:





«Эй Абуумайр, ин булбули хурд чӣ кор кард?».[18]





Бояд донист, ки ҳангоми номгузории кӯдакон шайтон номҳои зишту номашрӯъро дар дили волидайн меандозад, аз ин ҷиҳат, падару модаре хушбахту дилсӯзанд, ки барои фарзандони худ номҳои зишту номашрӯъро интихоб наку­нанд, балки ононро бо беҳтарину зеботарин номҳо номгузо­рӣ намоянд. Зеро номҳои зишту нохуш каромату эҳтироми фарзандонашонро халалдор мекунад ва мӯҷиби таҳқиру ис­теҳзои онон дар ҷомеа ва дар миёни ҳамсинну солони худ мегардад.





Номгузорӣ бо баъзе аз номҳо кароҳат дорад. Гоҳе баъзе аз волидайн номеро барои фарзанди худ интихоб мекунанд, ки дарвоқеъ агар бо соҳиби ном мутобиқат накунад ва ё ҳангоми садо задан ба он ном ҷавоб манфӣ бошад, навъи тирагии хотир ва эҳсоси бадфолӣ пеш меояд.





Чунонки дар ривоят омадааст: «Писари худро ба исмҳое ҳамчун: Саҳл, Манфиъат, Муваффақ, Растагор номгузорӣ на­кун, зеро (вақте) мегӯӣ: Растагор ё Муваффақ дар хона аст? Агар ҷавоб манфӣ бошад ва гуфта шавад: «Не, нест» (ал­батта ин худ навъе нохушӣ ва фоли бад ба шар ме­бошад)».[19]





Ҳамчунин аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят шуда, ки Па­ёмбар (с) фармуданд: «Ман наҳй мекунам аз ном гузоштани фарзанд ба Рофеъ, Баракат ва Ясор».[20]





Паёмбар (с) исмҳои зишту номуносибро тағйир медо­данд, чунонки Тирмизӣ аз Оиша (р) ривоят намуда, ки гуфт: «Расули Худо (с) исми зишту нописандро тағйир медоданд».[21]





Чунончи Муслим ва Абудовуд (раҳ) ривоят намудаанд, ки Муҳаммад ибни Амр ибни Ато духтаре ба номи Бурра дошт, аммо Паёмбари Худо (с) номашро тағйир дода, Зай­наб ном ниҳоданд ва фармуданд: «Хештанро поку вораста мапиндоред, чун Худо ба афроди поку вораста аз шумо огоҳ­тар аст».





Муслим ва Абудовуд (раҳ) ривоят намудаанд, ки Ибни Умар (р) духтаре дошт бо номи Осия,[22] Расули Худо (с) номи ӯро ба Ҷамила тағйир дод.





Ҳамчунин Абудовуд аз Башир ибни Маймун аз Усома ибни Ахдарӣ ривоят намудааст: Марде, ки номаш Асрам буд, ҳамроҳи гурӯҳе ба назди Расули Худо (с) рафтанд, Расули Худо (с) ба ӯ гуфтанд: «Исми ту чист?». Гуфт: «Асрам». Расули Худо (с) фармуданд: «Балки номи ту Зуръа мебо­шад». Ба ин васила он ҳазрат (с) Асрамро ба Зуръа тағйир дод.





Барои навзод чӣ гуна номи нек интихоб кунем?





Падару модар метавонанд барои номгузории навзоди худ номи неку муносибро мутобиқи раҳнамоиҳои зер инти­хоб кунанд:





а) Метавонанд номи некро аз номҳои аҳли дин, паём­ба­рону расулон ва бандагони солеҳу некӯкори Худо барои номгузории фарзандони худ интихоб кунанд ва бояд қасди волидайн аз интихоби чунин номе изҳори муҳаббат ва зин­да гардонидани номҳои онон бошад, ҳамчунин нияташон наздикӣ ҷустан ба Худо ва пайравӣ намудан аз суннати Па­ёмбар (с) ва анҷом додани дастуроти Худо бошад. Чунонки баъзе аз ин гуна номҳоро дар чанд саҳифаи қабл баён намудем…





Илова бар он, бояд донист, ки бузургтарин ва муҳимта­рин аҳдофи шаръиву динӣ аз интихоби ин навъи номҳо он аст, ки зикру ёди хостаҳои зарурии инсон ва масоили рӯз­марраи ӯ дохил шавад ва давом ёбад, то ин ки ҳар як аз он номҳо забоне гардад, кӣ пайваста дигаронро ба сӯи ҳақ ва ҳақиқат фаро хонад.





Аз ҷиҳати дигар, номгузории навзод ба ин гуна номҳо дарвоқеъ намоёнгари тавҳид ва яктопарастӣ аст ва аз замо­не, ки Расули Худо (с) мабъус гардид ва иқдом ба тавсиаи яктопарастӣ ва барпоии маросими динӣ ва иҷрои аҳкоми инсонсози исломӣ намуд, арабу ғайри араб номгузории фарзандони худро бештар ба номи афроде номгузорӣ меку­нанд, ки Худовандро парастиш менамоянд ва бисёр мутта­қиву пойбанд ба аҳкоми исломӣ мебошанд ва пайравӣ аз ин роҳу равишро амри лозим медонанд.





Ногуфта намонад, ки ду ном, Абдуллоҳ ва Абдурраҳ­мон, ки калимаи абд дар аввали исмҳои Аллоҳ ва Раҳмон қарор гирифта, ба онҳо изофа мешавад аз дигар исмҳои Ху­дованд, ки калимаи абд дар аввали онҳо қарор мегирад, аз ин ҷиҳат маҳбубтаранд ва бештар барои ном ниҳодани фар­зандон аз онҳо истифода мешавад, чун ин ду исм яъне Ал­лоҳ ва Раҳмон аз соири исмҳо машҳуртаранд ва бар ғайри Худо итлоқ намешаванд, аммо дигар исмҳои Худо ин тавр нестанд.





Пас аз ин тавзеҳот метавон ба рози мустаҳаб доштани номгузории навзодон ба Муҳаммад ва Аҳмад низ пай бурд, зеро тоифаҳо ва қабилаҳое аз мардум бисёр шефтаву алоқа­манд мебошанд ба ин ки навзодони худро ба номҳои гу­заштагоне, ки назди онон муаззам ва бузургвор мебошанд, номгузорӣ кунанд, то ин ки ин кор ҳам ранги таблиғ ва ба­ландовоза гардонидани динро ба худ гирад ва ҳам ба ман­залаи иқрору эътирофе бошад ба ин ки фарзандони эшон пайрави дини Ислом мебошанд…



Recent Posts

Чигуна бадиҳоро аз ху ...

Чигуна бадиҳоро аз худ дур созем?

Силсилаи тарбияи фарз ...

Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми понздаҳум Амалҳое, ки дар ҳафтрӯзагии навзод анҷом мегиранд 2