Articles




Ҳар кас низ ин масъаларо ба Худо нисбат диҳад, кофир шудааст.





Ҳамчунин Худо дар ҷойи дигар чунин мефармояд: “Худо ҳаргиз фарзанде барои худ интихоб накарда ва маъбуди дигаре бо Ў нест, ки агар чунин мешуд ҳар як аз худоён махлуқоти худро тадбир ва идора мекарданд ва баъзе бар баъзеи дигар бартарӣ меҷустанд” (Муъминун 91).





Бинобар ин мебинем, ки Худо байни ин навъ куфр ва байни эътиқод ба илоҳҳои мутаъаддид тафовуте қоил аст. Аз тарафи дигар кофироне, ки Лотро, ки марди солеҳ буд, ибодат мекарданд, ўро фарзанди Худо намедонистанд. Ҳамчунин касоне, ки ҷинро ибодат мекарданд, ўро фарзанди Худо намедонистанд. Мазоҳиби чоргона ҳам дар мавриди ҳукми муртад дар ин иттифоқ доранд, ки агар фарде мўътақид бошад Худоро фарзанде аст, муртад шуда ва агар касе ба Худо шарик бубандад ў низ муртад шуда, пас мебинем онҳо ҳам байни ин ду масъала тафовут қоиланд.





Абдуннабӣ: Аммо Худованд дар мавриди авлиё ва солеҳон мефармояд: “Огоҳ бошед (дўстон ва) авлиёи Худо на тарсе доранд ва на ғамгин мешаванд” (Юунус 62)





Абдуллоҳ: Мо ҳам ба мақому манзалати онон назди Худо имон дорем. Аммо ин далел намешавад, ки мо ононро ибодат кунем. Мо танҳо инро мегўем, ки набояд бо кумаку мадад аз онон барои Худованди беҳамто шарике қарор дод. Мо ҳам эътиқод дорем, ки мебоист ба онон эҳтиром гузошт ва дунболарави роҳу равиши онон буд. Танҳо аҳли бидъат ҷойгоҳ ва манзалати ононро инкор мекунанд. Дини Худо дине аст миёнарав, дини ҳидоят ва ҳақ дар миёни ду роҳи залолат ва бутлони ифрот ва тафрит.





Абдуннабӣ: Инро бояд дар назар дошт, ки Қуръон дар мавриди афроде нозил шуд, ки асосан калимаи тавҳидро қабул надоштанд, нубуввати Расулуллоҳ (с) ва вуқуъи қиёматро инкор мекарданд ва Қуръонро сеҳр мехонданд. Аммо мо бар хилофи онон калимаи тавҳидро қабулдорем ва ба нубуввати Паёмбари ислом (с), вуқуъи қиёмат ва рўзи муҳосаба ва ҳаққонияти Қуръон имон дорем, намоз мехонем, рўза мегирем ва закот медиҳем, он вақт чӣ гуна моро монанди онон медонед?





Абдуллоҳ: Ҳама уламо ва бузургони дин бар ин асл иттифоқи назар доранд, ки ҳар кас дар як масъала, рисолат ва паёмбарии Расулуллоҳ (с)-ро қабул кунад, аммо дар масъалаи дигар паём ва дастури ўро напазирад, муртад ва кофир шудааст. Ҳамчунин агар ба баъзе аз оёти Қуръон мўъмин бошад ва ба баъзеи дигар кофир бошад ва монанди касе, ки ба тавҳид иқрор дошта бошад ва мункири намоз бошад, ё ба тавҳиду намоз иқрор дошта бошад ва ба вуҷуби адои закот мункир бошад, ё ба тамоми инҳо иқрор дошта бошад, вале мункири рўза бошад, ё ба тамоми инҳо иқрор дошта бошад, вале мункири ҳаҷи хонаи Худо бошад, Худованд дар мавриди мардумоне, ки дар замони ҳаёти Паёмбари акрам (с) аз адои фаризаи ҳаҷ саркашӣ мекарданд, чунин фармуд: «Ва аз тарафи Худо бар мардум мақаррар шуд ҳаҷ кардани хона (Каъба), касеро ки тавони рафтан ба сўйи онро дошта бошад (яъне тўша ва маркаби роҳ дошта бошад) ва ҳар, ки куфрони неъмат варзад, яқинан Аллоҳтаъоло аз ҷаҳониён бениёз аст» (Ол Умрон 97).





Ва ҳар кас рўзи ҳисобу китобро (қиёматро) инкор кунад ба иттифоқи уламо кофир аст ва Қуръон сароҳатан баён намудааст, ки ҳар кас ба бахше аз Қуръон имон дошта бошад ва бахши дигар аз онро инкор кунад, куфр варзидааст.





Бинобар ин, аҳком ва усули Қуръон ва Ислом бояд ба таври тамом ва камол ва бидуни мустасно ҳифз ва риоят шавад, оё ту ба ин асл мўътақидӣ ё на?





Абдуннабӣ: Бале, ба ин асл эътиқод дорам, зеро ин амр дар Қуръон комилан возеҳ ва ошкор аст.





Абдуллоҳ: Ҳоло ки ту ба ин асли халалнопазир имон дорӣ, бояд инро ҳам хуб бидонӣ, ки тавҳид бузургтарин фаризае аст, ки Паёмбари акрам (с) онро бар пайравонаш воҷиб кардаанд. Тавҳид масъалаест бисёр муҳим ва бузургтар аз намоз, закот, рўза ва ҳаҷ, пас чӣ тавр мумкин аст касе бо инкори яке аз ин умур аз Ислом хориҷ шуда ва кофир гардад, агар ҳам ба тамоми он чи Расулуллоҳ (с) овардааст, амал кунад, аммо ба хотири инкори тавҳид, ки тамоми анбиё барои исботи он мабъус шуданд, кофир нашавад. Ҷаҳли шумо ба ин кори хатарнок, бисёр тааҷҷубангез аст. Аз тарафи дигар ёрони Паёмбар (с) дар Ямома бо Бани Ҳанифа ба набард пардохтанд, ки ба рисолати Паёмбари ислом (с) имон дошта ва калимаи тавҳидро бар забон оварда буданд, намоз мехонданд ва азон мегуфтанд.





Абдуннабӣ: Аммо онон ба иддаои нубуввати Мусайлимаи каззоб имон доштанд ва мо бовар дорем, ки баъд аз Муҳаммад (с) ҳеч паёмбаре зуҳур намекунад.





Абдуллоҳ: Вале шумо чунон дар шаъни Алӣ (р.з) ва Абдулқодир (р.ҳ) ва дигар анбиёву фариштагон ва солеҳону авлиё муболиға мекунед, ки ононро дар ҳадди Худованд боло бурдаед. Агар ҳукм ин аст, ки ҳар кас инсонеро то ҳадди Паёмбар (с) боло бибурд, кофир аст ва ҷону молаш мубоҳ ва шаҳодатайн ва намоз хондан ҳам нафъе ба ҳоли ў надорад, пас ин ҳукм нисбат ба касе, ки фардеро то ҳадди Худо боло барад ба тариқи авло ҷорист. Аз сўйи дигар касонеро, ки Алӣ (р.з) сўзонид низ мусулмон буданд ва аз ёрон ва ҳамразмони он ҳазрат ва аз саҳоба илм гирифта буданд, аммо чун дар шаъни эшон дучори ҳамон пиндорҳои ғалат ва муболиғаомезе шуда буданд, ки шумо дар шаъни Алӣ (р.з) ва Абдулқодир (р.ҳ) ва монанди онҳо дучори он шудаед. Пас агар ин куфр нест саҳоба чи гуна ҳамразамони худро такфир карда ва сўзониданд? Оё гумон мебаред, ки саҳоба ба такфири мусулмонон мепардохтанд ё ин ки эътиқоди муболиғаомез дар шаъни авлиёе чун Абдулқодир (р.ҳ) эроде надорад? Аммо доштани ҳамин тарз тафаккур дар шаъни Алӣ (р.з) куфр аст. Шояд ин эрод матраҳ шавад, ки гузаштагон фақат ба ин далел кофир шуданд, ки илова бар ширк, мункири нубуввати Паёмбар (с) ва ҳаққонияти Қуръону қиёмат низ буданд.





Дар ҷавоби ин эрод бояд гуфт, ки пас манзур аз мабоҳиси боби ҳукми муртад, ки уламои ҳар мазҳаб ба таври васеъ ба он пардохтаанд, чист? Онон дар ин боб масоили мутаъаддидеро матраҳ кардаанд, ки ҳар кадом сабаби такфир ва ҳалол шудани ҷону моли фарди муртад мегардад. Онон ҳатто пойро фаротар гузошта ва масоили кўчаке чун бар забон овардани калимае, ки муҷиби хашми Худованд шавад ҳарчанд қалбан ва аз рўйи бовар набошад ва ё аз рўйи мазоҳ ва шўхӣ бошад, куфр медонанд зеро Худованд дар мавриди чунин афроде чунин фармудааст: “Бигў, оё ба Худо ва оёти Ў ва паёмбараш метавон бозӣ ва шухӣ кард? Узрхоҳӣ накунед. Шумо пас аз имон овардан кофир шудаед” (Тавба 65-66)





Лозим ба зикр аст ин оят дар шаъни касоне нозил шуд, ки суханеро ба мазоҳ бар забон оварда буданд ва он сухан боиси хашми Худованд ва расулаш шуд ва ин оятро нозил фармуд, то эълон намояд, ки он чанд нафар ба хотири гуфтани он сухан кофир шудаанд. Аз дигар сў Худо қавми Бани Исроилро бо вуҷуди имонашон ба хотири ин ки аз Мўсо (а) дархост карданд то худоҳоеро бар эшон таъйин кунад, ки онҳоро тавони дидан дошта бошанд, ба ин хотир ононро мавриди сарзаниш қарор дод. Расулуллоҳ (с) низ дар ҷавоби саҳобае, ки аз эшон дархост карда буданд, то бар эшон зоти анвотеро муъайян намояд, фармуданд ин дархост ҳамон дархости Бани Исроил аз Мўсо (а) аст, ки гуфтанд: “Иҷъал лано илоҳан камо лаҳум олиҳатун” (Ва он ҳазрат (с) он саҳобаро аз ин навъ дархостҳо барҳазар доштанд.





Абдуннабӣ: Аммо Бани Исроил ва он даста аз саҳоба, ки он дархости носавобро аз Расулуллоҳ (с) карданд, ба хотири дархосташон такфир нашуданд.





Абдуллоҳ: Бале, онон такфир нашуданд чун ба дархости ботили худ амал нанамуданд ва дар сурате, ки аз паёмбарони худ итоат накарда ва ба дунболи фикри нодурусти худ мерафтанд, кофир мешуданд. Ва ҳамчунин ононе ки Расулуллоҳ (с) онҳоро наҳй кард, агар ба итоъати ў амал накарда буданд ва баъд аз наҳй он амалро анҷом дода буданд, кофир мешуданд.





Абдуннабӣ: Ман ин ҷо гич шудаам. Аз як тараф вақте ба қиссаи Усома ибни Зайд (р.з) ва қатли он шахсе, ки қабл аз кушта шудан "Ло илоҳа иллаллоҳ"ро гуфта буд, нигоҳ мекунем ва каломи Паёмбар (с) ба Усомаро, ки фармуд: Усома! Оё баъд аз ин ки гуфт "Ло илоҳа иллаллоҳ" ўро куштӣ? Ва аз тарафи дигар ҳадиси Расули акрам (с)-ро ба хотир меоварам, ки фармудаанд: “Худованд ба ман амр карда, то бо мардум мубориза кунам, то ин ки калимаи "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигўяд”. Он гоҳ намедонам чӣ тавр ман тавони ин ду қазияро бо суханони ту амали намоям кунам.





Абдуллоҳ: Аммо ҳамон тавр ки медонем, Расуллуллоҳ (с) бо яҳудиён ҷангид, ёрони он ҳазрат бо Бани Ҳанифа корзоре карданд ва Алӣ (р.з) гурўҳе аз ёрони худро дар оташ зинда ба зинда сўзонид, ҳол он ки ҳам яҳудиён ҳам Бани Ҳанифа ва ҳам он ҳамразмони Алӣ (р.з), ки дар оташ сўзонида шуданд, калимаи тавҳидро мегуфтанд ва худро муваҳҳид ва яктопараст медонистанд, низ медонем ҳар кас яке аз усули дин ва ё аркони исломро, чун қиёмат ва намоз инкор намояд, ў кофир шуда агарчи калимаи тавҳидро бар забон оварад. Қазияи тавҳид низ ба ҳамин гуна аст ва ҳар кас онро риъоят накунад ва таслими он нашавад аз Ислом хориҷ ва кофир шудааст. Дар мавриди достони Усома ин тавзеҳро бояд дод, ки ў мардеро кушт, ки иддаои мусулмон будан мекард, аммо Усома гумон бурда, ки он мард фақат ба хотири тарс ва ҳифзи ҷонаш онро гуфтааст ва на аз рўйи бовар ва эътиқод. Бинобар ин, ин оят нозил шуд, ки: “Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме ки дар роҳи Худо ба мусофират рафтед таҳқиқ кунед” (Нисо 94).





Мафҳуми оят ин аст, ки ҳар кас калимаи тавҳидро бар забон овард, ҷону молаш дар амон аст, магар ин ки хилофи он собит шавад, ки дар он сурат гуфтани калимаи тавҳид ҳам нафъе ба ҳоли ў надорад ва ин мафҳум «фа табаййану (таҳқиқ кунед)» аст. Агар мусулмон буданро бар забон овардани калимаи тавҳид кифоят менамуд, дигар ниёзе ба таҳқиқ ва таъйини он набуд, дар ҳоле ки Қуръон илова бар зоҳир, ботинро низ меъёри мусулмон будан қарор додааст. Мафҳуми ҳадиси Расули акрам (с) низ, ки фармудаанд: “Худованд ба эшон амр кардаанд, то замоне, ки мардум Ло илоҳа иллаллоҳро бар забон наёваранд, бояд бо онон биҷангид» низ ҳамин аст, зеро ҳамон паёмбаре, ки ба Усома чунин гуфтанд дар мавриди хавориҷ чунин фармудаанд: “Ҳар ҷо ононро ёфтед, ба қатлашон расонед”.





Ҳол он ки онон чунон ғарқ дар ибодоти Худо мешуданд, ки худи саҳоба бо дидани ибодати онон, эҳсоси ҳақорат мекарданд ва худро сарзаниш менамуданд, аммо чун умуре хилофи шаръ ва тавҳид аз онон сар зада буд, гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" ва анҷоми он ҳама ибодат монеъи такфир ва мубоҳ шудани ҷонашон нашуд.





Абдуннабӣ: Аммо ҳадисе аз Паёмбар (с) ривоят шуда, ки мардум дар рўзи қиёмат барои наҷот аз азоби он рўз аз паёмбарон (а) кумаку мадад металабанд, аз Одам (а) шуруъ мекунанд то ба Исо (а) мерасанд, ба тартиби зер: Одам, Нўҳ, Иброҳим, Мўсо, Исо, Расулуллоҳ (алайҳимуссалом), аммо ҳамаи онон аз ин кор сар боз мезананд ва ин корро дар тавони худ намедонанд, то ин ки мардум ба ҳузури Расулуллоҳ (с) мерасанд ва аз ў талаби шафоъат мекунанд.





Ҳоло ба ман бигў дар мавриди ин ҳадис чи назаре дорӣ?





Абдуллоҳ: Зоҳиран ту гуфтаҳои манро ба хубӣ дарк накардаӣ ва онҳоро бо ҳам омехта намудаӣ. Ман гуфтам: кумак талаб кардан аз шахси зинда ва ҳозир чизеро ки тавоноии онро дорад ишколе надорад, ҳамон таверки дар Қуръон ҳам омадааст: “Фарде, ки аз қабилаи ў буд, алайҳи касе, ки аз душманонаш буд, аз Мўсо кўмак хост” (Қасас 15).





Ва ҳамон тавр ки инсон дар майдони корзор, дар чизе, ки дар тавон ва қудрати ҳамразмонаш аст аз онон кумаку мадад металабад. Мо кумаку мададро аз мурдагон ва ё афроде, ки аз мо ғоиб ҳастанд ва низ кумакро дар мавриди чизҳое, ки дар тавони онон нест ва фақат Худо қодир бар анҷоми онҳо мебошад, нодуруст дониста ва онро ҳаром медонем. Мардум ҳам дар рўзи қиёмат аз паёмбарон (а) мехоҳанд, дуо ба даргоҳи Худованд кунанд, то шояд мардум аз азоби он рўзи бузург раҳоӣ ёбанд ва ин кор, яъне рафтан ба назди фарди солеҳ ва парҳезгор ва аз ў хостани ин ки бар имон ба даргоҳи Худовандӣ дуо намояд, корест ҷоиз, ҳамон тавр ки саҳоба (р.з) дар замони ҳаёти мубораки Расулуллоҳ (с) низ ҳамчунин кор мекарданд, аммо баъд аз вафот Расулуллоҳ (с) ҳаргиз бар сари қабри эшон нарафта ва аз ў кумаку мадад наталабиданд ва бар ҳамин асос уламои бузурги гузаштаи Ислом дуо намудан дар канори қабрҳо ва шафиъ қарор додани соҳибони онҳоро ҷоиз надонистаанд.





Абдуннабӣ: Хуб, ҳоло ба достони Иброҳим (а) нигоҳе бияндозем.





Вақте ки кофирон ўро ба самти анбўҳи оташ партоб намуданд, дар ҳаво Ҷибриил (а) ба Ибрҳим (а) зоҳир шуд ва аз ў пурсид, ки оё ниёз ва ҳоҷате ба у дорад, то ў онро бароварда созад. Иброҳим (а) аз Ҷибриил ҳеч дархосте нанамуд. Пас агар ба эътиқоди шумо истиғоса аз фариштагон ҳаром асту ширк маҳсуб мешавад, чаро Ҷибриил (а) бар Иброҳим (а) зоҳир шуд ва ба ў он пешниҳодро дод?





Абдуллоҳ: Ин ҳарф ҳам мисли ҳамон ҳадиси Усома аст. Аз тарафи дигар ин ривоят чандон дуруст нест ва дар сурати саҳеҳ будани ин ривоят, бояд гуфт Ҷибриил (а) бар Иброҳим (а) зоҳир шуд то ба ў кўмак кунад, зеро ҳамон тавр ки Қуръон мефармояд ў “Алламаҳу шадиду-л-қува” (Начм 5) аст ва дар ин сурат агар Худо ба ў иҷоза диҳад, дар тавони ў буд, ки оташи Иброҳим ва кўҳҳо ва даштҳои атрофи онро дар чашм ба ҳам задан ба ҳар сў, ки хоҳад бияфканд ва ҳеч чизе наметавонист монеъи ў дар ин кор шавад. Ин ҳолат мисли вазъияте аст, ки дар он як марди сарватманд ба марди фақир ва бепаноҳ бархўрд мекунад ва ба ў пешниҳоди кўмак ва мусоъадат медиҳад. Аммо Иброҳим (а) пешниҳоди Ҷибриил (а)-ро напазируфт, то фақат зери бори миннатиХолиқ равад ва мунтазирӣ хост ва иродаи Парвардигори худ шуд.





Дўсти ман матлаби муҳиме, ки бояд ин ҷо матраҳ шавад ин аст, ки ширки пешиниён ба чанд ҷиҳат аз ширки аҳли замони мо хафифтар ва сабуктар буд:





Аввал, онон фақат дар ҳолати рифоҳ ва осоиш ва қудрату амният ба Худо ширк мебастанд ва дар мавқеъи бало ва мусибат имонашонро холис ва бидуни ширк мекарданд, танҳо аз Худо кўмак хоста ва илоҳҳо ва пешвоёни худро аз ёд мебурданд. Худованд дар ин хусус чунин мефармояд: “Ҳангоме, ки савори киштӣ мешаванд холисона ва содиқона Худоро ба фарёд мехонанд. Пас ҳангоме ки Худо ононро наҷот дод ва солим ба хушкӣ расонд, боз эшон ширк меварзанд” (Анкабут 65).





Ё он ҷо ки мефармояд: “Ва ҳангоме, ки (дар сафари дарё) мавҷе ҳамчун абрҳо ва кўҳҳо ононро бипўшонад (ва боло равад ва болои сарашон қарор гирад), Худоро бо ихлос мехонанд. Аммо вақте онҳоро ба хушкӣ расонд ва наҷот дод, баъзе роҳи эътидолро пеш мегиранд (ва ба имони худ вафодор мемонанд, дар ҳоле ки) баъзеи дигар фаромўш карда, роҳи куфр пеш мегиранд, вале оёти моро ҳеч кас ҷуз паймоншиканони носипос инкор намекунанд!”





Аммо мушрикони замони мо дар ҳолатҳои осоиштаги ё дар мусибату бало аз ғайри Худо мадад меҷўянд ва ба ғайри ў руй меоваранд. Масалан, дар ҳангоми ба рўзи ҳодиса ва мушкилӣ, номи паёмбарон ва солеҳоне чун Паёмбари ислом (с), ва ё Ҳусайн (р.з) ва дигар дустони Худоро бар забон меоваранд ва гуё ки онҳо ба додашон мерасида бошанд.





Дувум, мушрикони замони Расулуллоҳ (с) ва қабл аз эшон дар канори ибодати Худованд фақат солеҳону муқаррабони даргоҳ, чун паёмбарон ва фариштагон ва ё ҳадди ақал мавҷудоте чун сангу чўбро, ки ҳаргиз дар баробари Худованд дучори исён ва гуноҳе нашудаанд, ибодат ва парастиш мекарданд, аммо мушрикони ин замон аз хубу бад, солеҳу фосиқ кумаку мадад меҷўянд, агарчи бо чашми худ фисқу фуҷури ононро бубинанд.





Севум, ширки пешиниён фақат дар улуҳият ва убудият буд ва ҳаргиз ғайри Худоро дар рубубият шарики Ў қарор намедоданд, аммо мушрикони ин рўзгор, ширкро то он ҷо расонидаанд, ки дар рубубият ҳам барои Худованд шарик метарошанд. Масалан, табиатро омили ба дунё омадан ё мурдан медонанд ва амсоли ин тафаккуроти ширкомез бисёр аст ва ҳеч кас диққат ва тааммуле дар ин гуна афкор намекунад, то аз ин навъ лағзишҳо эмин ва дар паноҳ бимонанд. Нуктаи муҳими дигареро, ки бояд ба ту бигўям ин аст, пас суханро бо он чи гузашт дар масъалаи азиме ба поён мерасонем, он ҳам ин аст, ки ҳеч ихтилофе дар ин ки тавҳид бояд бо гуфтор ва кирдори қалбу забон бошад, пас агар дар яке аз онҳо ихтилоф шавад, он шахс тавҳид ва мафҳуми онро бидонад ва ба он амал накунад, кофири муъонид ва ситезаҷў аст чун Фиръавн ва Иблис. Дар ин робита лозим ба зикр аст, ки мардумони бисёре ҳастанд, ки ҳақро мешиносанд, аммо ба далоили гуногуне чун фазои ҳоким бар ҷомеъа ва муҳити онон, касби манофеъ ва ё тарс аз зарару зиён ба ҳақ амал намекунанд, ҳол он ки бояд донист ғолиби санодид ва руасои куфр ва ширк, худ, ҳақро мешиносанд, аммо ба хотири дарёфти манофеи зудгузару фанопазири дунё аз он сарфи назар карда ва роҳи ботилро дар пеш мегиранд ва барои ин амалкарди худ далелҳои гуногуне низ меоваранд. Қуръон дар мавриди ин қабил афрод мегўяд: “Онон оёти Худоро ба баҳои андак фурўхтаанд ва аз роҳи Худо бозмондаанд ва дигаронро низ аз он боздоштаанд. Онон кори бисёр баде кардаанд” (Мунофиқун 2).





Ва ҳар кас зоҳиран ба тавҳид амал кунад, дар ҳоле ки онро дарк намекунад ва мўътақид ба он нест, ў мунофиқ аст. Ва мунофиқ аз кофир бадтар ва шарраш бештар аст, Худованд мефармояд: “Мунофиқон дар пойинтарин мароҳили дўзах қарор доранд ва ҳеч гуна ёваре барои онҳо нахоҳӣ ёфт” (Нисо 145).





Ин масъалаест, ки мутаассифона, дар рўзгори мо дар миёни мардум ривоҷ дорад ва аз гуфтору рафтори онон ошкор мешавад. Гурўҳе ҳақро медонанд, аммо Қорунвор аз тарси ин ки мабодо муҳтамили зиён ва зараре шаванд, бад-он амал намекунанд. Гурўҳи дигар чун Ҳомону Фиръавн ба хотири ҳифзи ҷоҳу мақоми худ аз амал ба ҳақ сар боз мезананд ва гурўҳе низ ҳақро инкор мекунанд, аммо ба хотири дар амон мондан ва ё даст ёфтан ба суду манфиъате ба сурати сурӣ ва зоҳирӣ бад-он амал мекунанд.





Ҳоло дўсти ман лозим меояд дар ду оят тааммул ва диққати бештаре намуд.





Ояти аввал ин аст: “Узрхоҳӣ накунед. Шумо пас аз имон овардан кофир шудаед” (Тавба 66).





Дар ин оят Худованд чанд тане аз шахсоне, ки дар ҷанги Табук бо Расулуллоҳ (с) ба корзору майдон омада буданд, ба хотири бар забон овардани калимаҳои куфромез ва он ҳам ба қасди мазоҳ ва ханда кофирашон ҳукм намудааст. Ҳол бояд донист ҳукми ононеро, ки ба ҷиддият ва аз рўйи дидаву дониста куфр мегўянд ё ба хотири фоида ва зиёни матои дунё ба куфр рўй меоваранд, чист? Инон ҳамонҳое ҳастанд, ки фиреби шайтонро мехўранд ва ба суханони ў амал мекунанд: “Шайтон шуморо (ба ҳангоми инфоқ) ваъдаи фақру тиҳидастӣ медиҳад ва ба фаҳшо (ва зиштиҳо) амр мекунад” (Бақара 268).





Аз биму ҳаросе, ки ў дар дарунашон меафканд ба худ меларзанд: “Ин фақат шайтон аст, ки пайравони худро метарсонад” (Ол Умрон 175).





Ононро коре бо лутф ва фазли бемунтаҳои Худовандашон нест: “Вале Худованд ваъдаи омурзиш ва фузунӣ ба шумо медиҳад” (Бақара 268).





Он курдилонро аз хашму интиқоми Парвардигорашон боке ба дилҳои сиёҳашон нест: “Пас аз онон матарсед ва аз ман битарсед” ( Ол Умрон 175).





Ҳоло хуб бияндешем, бо ин авсоф ва аҳвол оё бояд ононро авлиё ва дўстони Худо хонд, ё дўстон ва пайравони шайтони лаъин?





Ояти дувуме, ки бояд дар он тадаббур ва тааммули бештар намуд ин аст: “Касоне, ки баъд аз имон кофир шаванд - ба ҷуз онҳо, ки таҳти фишор воқеъ шудаанд, дар ҳоле ки қалбашон ором ва бо имон аст - оре, онҳо ки синаи худро барои пазириши куфр гушудаанд, ғазаби Худо бар онҳост ва азоби азиме дар интизорашон!” (Наҳл 106)





Бинобар ин оят танҳо куфреро, ки соҳиби он маҷбур ба гуфтани он аст, куфр намедонанд, аммо бар забон овардани он дар шароити тарс, тамаъ, мадоро бо мардум, ишқ ба ватан ва қавми хеш, дуст доштани молу мақом ва ё иртикоби он аз рўйи мазоҳ куфр маҳсуб мешавад. Оят инро баён медорад, ки инсон дар мавриди гуфтори худ мавриди иҷбор ва фишор қарор мегирад ва қалбу эътиқодоташ масун аз ин иҷбор ҳастанд, бинобар ин танҳо мавриди мустасное, ки бар забон овардани куфр, куфр маҳсуб намешавад ҳамон ҳолати иҷбор ва фишор аст, аммо дигар вазъиятҳое, ки зикр шуд аз ин маврид ҷудо ҳастанд, зеро ҳам гуфтору ҳам пиндори фард дар ихтиёри худи ўст. Ҳамчунин Қуръон дар ин замина боз мефармояд: “Ин ба хотири он аст, ки зиндагии дунё (ва пастиро) бар охират тарҷеҳ доранд ва Худованд афроди беимонро (лаҷуҷ)-ро ҳидоят намекунад” ( Наҳл 107).





Ин оят ба сароҳат баён мекунад, ки азоб ва иқоби Худованд ба хотири бовар ва эътиқод, ҷаҳл, нафрат доштан аз дин ва ё дўст доштани куфр, инсонро дарбар намегирад, балки он чи ки инсонро ба сўйи хашм ва интиқоми Худо мекашонад, майли ў ба дунё ва матои он аст. Ин амре аст, ки инсони заифу-н-нафсро водор мекунад онро бар дин ва ҳақ тарҷеҳ диҳад. Ҳоло дўстам аз ту мепурсам: Оё вақти он нашуда, ки ба даргоҳи Парвардигорат рўй оварда ва аз кирдору пиндори гузаштаи худ бозгардӣ? Зеро ин масъалае, ки мо дар мавриди он баҳс намудаем, масъалаест бисёр муҳим ва сарнавиштсоз, ки ба тааққул ва таммули зиёде ниёз дорад.





Абдуннабӣ: Тавба мекунам ва аз Худованд истиғфор менамоям, имон меоварам, ки ғайр аз Худованд ҳеч маъбуде, ки лаёқати парастиш ва убудият дошта бошад, вуҷуд надорад ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад (с) паёмбар ва паёмовар аст. Аз ҳар он чи ғайри Худост ва онро ибодат ва итоат мекардам, худро пок сохта, ва аз даргоҳи Худованд бахшоиш ва афви Ўро хосторам ва аз Ў мехоҳам манро шомили лутфу раҳмати хеш қарор диҳад. Аз Ў мехоҳам, ки манро бар шоҳроҳи тавҳид ва бовари ростин собитқадам намояд ва манро аз пиндорҳои носавоби пешин нигоҳ дорад.





Аз ин пас ман номи худро ба Абдурраҳмон тағйир медиҳам. Дўсти ман! Аз Худованди маннон мехоҳам ба хотири ин насиҳатҳо ва иршодоти содиқона ва дўстонае, ки бар ман арза доштӣ, ба ту аҷр ва подоши некў ато фармояд, ки манро аз он афкор ва пиндорҳои ботил ва ҳалок кунанда наҷот додӣ. Дўсти ман, ба унвони охирин дархост аз ту мехоҳам чанд маврид аз умуреро, ки бояд аз он парҳез намуд, то динамон ҳаниф ва ростин бимонад, бароям боз гў.





Абдуллоҳ: Эроде надорад, ба ту хоҳам гуфт. Дўсти ман, хуб ба ҳарфҳоям гўш кун.





­ Аз ин парҳез кун, ки дар доми муташобеҳот ва умуре, ки беш аз як маъно ва эҳтимолот доранду дар Қуръон ва суннат дида мешаванд, бияфтӣ ва дар ин навъ масъалаҳо аз фитнаангезоне, ки ба қавли худашон қасд ва нияте ҷуз таъвили онҳо надоранд, пайравӣ накун, зеро ҷуз Худо касе донишу ҳикмат ва таъвили муташобеҳотро намедонад. Нисбат ба ин умур бояд ба монанди мўъминоне, ки имони росих ва халалнопазир доранд, рафтору муомила намуд ва эълон кард: «Имон овардем ба ин, ки ҳамаи инҳо аз назди Парвардигори мост» (Ол Умрон 7).





Ҳоло ба чанд ҳадиси Паёмбари акрам (с), ки бо ин масъала дар иртибот аст, гўш кун: “Дар он чи, ки дучори шак ва тардидӣ, худро дур нигаҳ дор ва ба ончи ки ба он яқин дорӣ, бипардоз”. (Аҳмад ва Тирмизӣ).





“Ҳар кас худро аз шубаҳоти дин ҳифз кунад, имон ва обрўяшро ҳифз намуда, ва ҳар кас гирифтори шубаҳоти дин гардад, ба муҳаррамот мубтало мешавад” (Бухорӣ ва Муслим).





“Гуноҳ он аст, ки дар дилат ворид шуда ва бими он дорӣ, ки мардум бадон роз огоҳ шаванд” (Муслим).





“Аз қалбу нафсат суол кун, зеро некӣ он аст, ки нафсат бадон оромиш ёбад ва бадон шод гардад. Ва гуноҳ он аст, ки дар даруни инсон ҷой гирад ва инсон аз бозгў кардани он барои мардум ҳарос дорад” (Аҳмад).





­ Аз табаъият ва дунболаравии ҳавову ҳавас парҳез кун. Қуръон дар мавриди чунин афроде мегўяд: “Ҳеч дидаӣ касеро, ки ҳавову ҳаваси худро ба худоӣ гирифтааст” (Фурқон 43).





­ Аз таассуб доштан нисбат ба инсонҳо ва афкоре, ки гузаштагони мо бар он будаанд, бояд парҳез намуд, зеро ин таассуб монеъи расидани ба ҳақиқат мегардад. Ҳақиқат мисли гумшудаи мўъминон аст, ки ҳар ҷо онро ёфтаанд, онҳо ба он шоистатар ҳастанд ва уро дар ҳол аз худ менамоянд: “Ва ҳангоме ки ба онон гуфта шавад: Аз он чи Худо нозил кардааст, пайравӣ кунед, мегўянд: Балки мо аз он чи падарони худро бар он ёфтаем пайравӣ мекунем.Оё агар падаронашон чизе нафаҳмида бошанд ва роҳ набурда бошанд, боз ҳам кўркўрона аз эшон тақлид мекунанд?” (Бақара 170)





Аз ин ки худро монанди кофирон намоӣ, бипарҳез зеро он сароғози ҳамаи балоҳост: “Ҳар кас худро ба монанди қавме намояд, чун онон шудааст” (Абўдовуд).





­ Бар ғайри Худованд ба касе ё чизи дигаре таваккал ва эътиқод накун: “Ҳар кас бар Худованд таваккал кунад, Худованд ўро басанда аст” (Талоқ 3).





­ Аз махлуқе, ки туро ба маъсияти Холиқ мехонад, итоъат накун.





­ Аз бадгумонӣ нисбат ба Парвардигор бипарҳез: “Ман (Худованди муттаъол) нисбат ба бандаам ҳамчунонам, ки ў нисбат ба ман меандешад” (Бухорӣ ва Муслим).





­ Аз ҳар навъ ҳалқа ва нахе, ки барои дафъи бало ё рафъи он бар даст мебанданд, парҳез кун.





­ Аз дуоҳо ва навиштаҷот ва ё абзорҳое, ки барои дафъи чашм ба кор мебанданд, бипарҳез. “Ҳар кас чизеро барои дафъи бало ва чашм ба худ овезад (аз ҳифозати Худо маҳрум) ва бадон чиз мубтало гардад” (Аҳмад ва Тирмизӣ).





­ Набояд ба сангҳо, дарахтон ва биноҳо ва сохтмонҳо табаррук ҷуст.





­ Аз фоли бад задан бипарҳез: “Фоли бад задан ширк аст, фоли бад задан ширк аст, фоли бад задан ширк аст” (Аҳмад ва Абўдовуд).





­ Кори соҳирон ва ситорашиносоне, ки иддаъои илми ғайб мекунанд, ва дар рўзномаҳо бурҷҳои солро чоп мекунанд, ва даъво мекунанд ки аз тариқи ин бурҷҳо саодат ва шақовати инсонҳоро медонанд, бовар накун, ки эътиқод ба ин кор ширк аст.





­ Аз нисбат додани бориши борон ба ситорагони фаслҳо парҳез кун ва онро фақат ба Худо нисбат деҳ, ки дар ғайри ин сурат дучори ширк шудаӣ.





Аз савганд хўрдан ба ғайри Худо бипарҳез, ки он ширк аст: “Ҳар кас ба ғайри Худо савганд хўрад, кофир ё мушрик шудааст. Монанди савганд хўрдан ба Муҳаммад (с) ё ба имонат ё ба номус, ё ба зимат ё ба зиндагӣ” (Аҳмад ва Абўдовуд).





Аз дашном додан ба рўзгор,ё бод, ё офтобу сармо ё гармо бипарҳез, ки он дар воқеъ дашном додан ба Холиқи онҳост.





­ Ҳар гоҳ дучори бало ва мусибате шудӣ, аз ба кор бурдани калимаи (агар) парҳез кун, ки он роҳро ба рўйи васвасаҳои шайтон боз мекунад.





­ Дар иваз инро бигў: Ин амри тақдири Худо буд. Ў ҳар он чи хоҳад, анҷом диҳад.





­ Бар сари мазору қабри паёмбарон ва солеҳон масҷид бино накунед, зеро ки намоз хондан дар чунин масоҷиде раво нест. Дар «Саҳеҳайн» аз Оиша (рз) ривоят шуда, ки Паёмбари акрам (с) дар ҳоли иҳтизор фармуданд: “Худованд яҳудиён ва масиҳиёнро лаънат кунад, ки бар қубури паёмбаронашон масҷид сохтанд”. Оиша (р.з) фармудааст: Агар ин сухани Расулуллоҳ (с) намебуд, саҳоба (р.з) бар мазори эшон бино ва сохтмон месохтанд ва қабри эшонро барҷаста мекарданд. (Бухорӣ ва Муслим). Низ дар ҳадиси дигар Паёмбар (с) чунин фармуданд: “Пайравони адёни қабл аз шумо бар қабр ва мазори паёмбарон ва неконашон масҷид бино мекарданд, аммо шумо ин корро накунед, ки ман шуморо аз ин кор наҳй менамоям”. (Абуавона).





­ Ҳадисҳоеро, ки аз Расулуллоҳ (с) дар мавриди таъйиди тавассул ба он ҳазрат (с) ва солеҳон ривоят шуда, бовар макун, чунки он ҳадисҳоро дигарон аз пеши худ сохта ва ба дурўғ ба Паёмбар (с) нисбат додаанд. Аз миёни чунин ҳадисҳои бардуруғ мисли ин ҳадисҳо мебошанд ки нисбат доданашон ба паёмбар (с) ҳаргиз чоиз нест:





“Ба ҷоҳу манзалати ман тавасул ҷўед, ки манзалати ман назди Худо бисёр волост”.





“Ҳаргоҳ мушкилот болои шумо омад, ба дидори аҳли қубур бишитобед”.





“Худованд бар мазори ҳар кадоме аз авлиё фариштаеро масъули бароварда кардани ниёзҳои мардум кардааст”.





”Ҳар кас нисбат ба санге ҳам ҳусни занн дошта бошад он санг ба ў нафъ мерасонад”.





ТАЪКИД: Тамоми ин суханҳо бардурўғ ва бофтаву сохтаи қабрпарстон буда, дар китобҳои ҳадис асосу воқеият надоранд!!!





­ Аз барпо кардани маросимҳое чун шаби меъроҷ, шаби нимаи шаъбон (яъне шаби Барот) ва амсоли он парҳез кун, зеро ин корҳои нав ва ҷадиданд ва далели шаръӣ аз тарафи Паёмбар (с) бар онон қарор надорад. Вақте саҳоба (р.з), ки бештар аз мо ба Расулуллоҳ (с) ишқ меварзиданд ва фаротар аз мо бар аъмоли нек ва хайр кушишманд буданд, ба чунин амалҳо намепардохтанд, бешак агар ин амалҳо хайр буд, онон бар мо пешдастӣ мекарданд.





 



Recent Posts

Куҷо ҳастем аз ахлоқи ...

Куҷо ҳастем аз ахлоқи рузадорон?

Аснофи занҳо дар моҳи ...

Аснофи занҳо дар моҳи рамазон

ҲАМЕША БО ЁДИ ХУДО БО ...

ҲАМЕША БО ЁДИ ХУДО БОШ!