Articles

ГУФТУГЎИ ОРОМ ВА ДЎСТОНА





] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [





2011 - 1432





حوار هادئ بين عبد الله وعبد النبي





«باللغة الطاجيكية»





2011 - 1432





Ду ҷавон яке ба номи Абдуллоҳ ва дигаре ба номи Абдуннабӣ бо ҳам вохурданд, ва вориди гуфтугу гаштанд. Нуқтаи оғози ин гуфтугў ин буд, ки Абдуллоҳ номи Абдуннабиро хилофи таълими шариъат медонист.





Абдуллоҳ: Оё ту ғайри Худоро парастиш ва ибодат мекунӣ?





Абдуннабӣ: На, ман ғайри Худоро парастиш намекунам, ман мусулмон ҳастам ва танҳо Худоро ибодат ва парастиш мекунам.





Абдуллоҳ: Аммо ин исм мисли Абдулмасиҳ ва амсоли он аст, ки масеҳиён бар худ мегузоранд. Ҳарчанд ин кори масеҳиён ҷойи тааҷҷубе надорад, чун онон Исо (а)-ро мепарастанд. Аммо ҳар кас исми туро бишнавад, фикр мекунад ту низ Паёмбари ислом (с)-ро парастиш мекунӣ, ҳол он ки дар эътиқодоти мусулмонон Муҳаммад (с) танҳо банда ва паёмбари Худост.





Абдуннабӣ: Муҳаммад (с) беҳтарини инсонҳо ва сарвари ҳамаи паёмбарон аст. Мо бо ин навъ номҳо ба худ табаррук меҷўем аз тариқи ҷо ва манзалати эшон, қасди наздикшави ба даргоҳи илоҳиро дорем ва ба хотири ҳурмат ва шарофати ин исмҳо шафоати эшонро хосторем. Аз тарафи дигар номи бародар ва падарам Абдулҳусайн ва Абдуррасул аст.





Ин номҳо аз қадимулайём дар миёни мардум роиҷ буда, ту ҳам ин қадар сахтгир набош, дини Ислом дине аст саҳлу осонгир.





Абдуллоҳ: Ин амри зишт ва нописанде, ки ту мегўӣ, бадтар аз масъалаи номҳост. Дарвоқеъ, ту аз ғайри Худо чизеро мехоҳӣ, ки дар тавони ў нест, фарқ ҳам намекунад, ки ин фард, Муҳаммад (с) бошад ё дигар солеҳоне чун Ҳусайн (р.з) Баҳоуддин (р.ҳ) ва амсоли онҳо. Ин бо тавҳиде, ки Худованд онро ба мо амр фармуда ва низ бо мафҳуми "Ло илоҳа иллаллоҳ" зиддият дорад. Ман барои ин ки аҳамияти ин масъала ва оқибатҳои бади онро барои ту беҳтар ва возеҳтар баён кунам, чанд суол аз ту мепурсам, албатта инро бидон, ки ҳадафи ман аз ин кор танҳо расидан ба ҳақиқат ва шинохти ботил аст. Аммо қабл аз ҳар чиз ду оятро ба унвони муқаддимаи баҳсамон зикр мекунам. Аввалин оят ин аст: “Мўъминон ҳангоме, ки ба сўйи Худо ва Паёмбараш фаро хонда мешаванд то миёни онон доварӣ кунад, суханашон танҳо ин аст, ки мегўянд: Шунидем ва итоат кардем”(Нур 51).





Ва ояти дигар: “Агар дар чизе ихтилоф доштед, онро ба Худо (Қуръон) ва Паёмбар (суннати ў) баргардонед” (Нисо 59)





Абдуллоҳ: Дўсти ман ту даъво менамои, ки муваҳҳид ва яктопарастӣ. Бигў маънӣ ва мафҳуми "Ло илоҳа иллаллоҳ" чист?





Абдуннабӣ: Тавҳид ин аст, ки бовар дошта бошӣ Худованд вуҷуд дорад ва Ўст, ки осмонҳо ва заминро халқ карда, Ўст ки зинда мекунад ва мемиронад ва Ўст, ки умури оламро дар даст дорад ва Ўст рўзидиҳандаи огоҳу доно.





Абдуллоҳ: Агар мафҳуми тавҳид фақат ин бошад дар он сурат Фиръавн, Абўҷаҳл ва дигар кофирон ва мушрикон низ яктопараст ҳастанд, зеро ҳеч кас ин масъалаҳоеро, ки ту баён намудӣ, инкор намекунад. Ҳатто Фиръавн ҳам ки иддаои худовандӣ мекард, дар дил ба ин маворид эътиқод дошт. Қуръон ҳам дар ин маврид мефармояд: “Ситамгорон ва мустакбирон мўъҷизотро инкор карданд, ҳарчанд ки дар дил бад-онҳо яқин ва итминон доштанд” (Намл 14).





Аммо Фиръавн фақат он замон, ки дар дарё ва ҳангоми ғарқ шудан, маргро ба чашм дид, ин боварияшро бар забон ошкор кард. Дўсти ман, бояд донист, ки ҳақиқати тавҳиде, ки Худованд ба хотири исбот ва баёни он Паёмбаронро дар миёни инсонҳо фиристод, китобҳо бар онон нозил фармуд ва Қурайш ва дигар кофирон ба қатл расиданд, ин аст, ки танҳо Худовандро ибодат кунем. Худи ибодат мафҳуме аст, ки ҳар он чиро, ки ба Худо писанд меояд аз он хушнуд бояд шуд, дарбар мегирад ва калимаи "Илоҳ" дар "Ло илоҳа иллаллоҳ" ба ин маъност, ки ҳеч касро лаёқати ибодат ва итоъат нест, ҷуз Худованди бузург.





Абдуллоҳ: Дўсти ман! Суоли дигаре мепурсам: Оё медонӣ чаро паёмбарон, ки аввалини онон Нўҳ (а) аст дар миёни инсонҳо мабъус шуданд?





Абдуннабӣ: Барои ин ки мушриконро ба парастиши Худои якто фаро хонанд ва ононро аз ширк варзидан боз доранд.





Абдуллоҳ: Хуб, метавонӣ ба ман бигўӣ чаро қавми Нўҳ (а) мушрик буданд ва ширк меоварданд?





Абдуннабӣ: На, намедонам.





Абдуллоҳ: Худованд Нўҳ (а)-ро дар миёни қавмаш фиристод, чун онон дар мавриди солеҳони худ чун Вадда, Сувоъ, Яғус, Яъуқ ва Наср роҳи муболиға дар пеш гирифта буданд.





Абдуннабӣ: Манзурат ин аст, ки бутҳое ки ба номи Вадда, Сувоъ ва амсоли онҳо парастиш мешуданд, номҳои солеҳон ҳастанд ва на номи ҷабборони кофири он қавм?





Абдуллоҳ: Бале, ин исмҳо номи солеҳони он қавм буд, ки мардум ононро ба илоҳҳое мубаддал сохтанд. Араб ҳам ҳамон роҳи ононро тай кард. Ибни Аббос (р.з) дар ин хусус чунин гуфтааст: «Бутҳое, ки дар миёни қавми Нўҳ (а) буд, баъдҳо ба миёни қабоили араб омад ва ҳар қабилае бутеро барои худ баргузид. Бути Ваддаро қабилаи Калб, ки дар Давмату-л-ҷандал сокин буданд, ва бути Сувоъро барои Ҳузайл, ва бути Яғусро барои Бани Мурод, ва Баъдаҳо барои Бани Ғузайф, ки сокини Ҷавфи сабоъ буданд, ва бути Яъуқ барои Бани Ҳамдон ва бути Наср барои Ҳумайр оли Зи-л-килоъ, ки ба тартиб Вадда, Сувоъ, Яғус, Яъуқ ва Насрро барои худ интихоб карданд. Ин номҳо исми солеҳони қавми Нўҳ (а) буд, ки пас аз вафоташон мардум ба васвасаи шайтон барои ёдбуди онон муҷассамаҳое аз онон сохта ва дар маҷолис ва маҳофили худ насб карданд. Пас аз марги наслҳои нахустин наводагони онон бо аз ёд бурдани ҳадафи сохти ин тамсилҳо ба парастиши онҳо рўй оварданд». (Бухорӣ).





Абдуннабӣ: Ин сухани бисёр аҷибе аст!





Абдуллоҳ: Чизи аҷибтар аз он ин аст, ки Худованд, Паёмбари ислом (с)-ро дар миёни қавме фиристод, ки Худоро парастиш мекарданд, ҳаҷ баҷо меоварданд ва садақа мекарданд. Мушкили онон дар ин нукта буд, ки онон баъзе аз офаридаҳои Худовандро чун фариштагон ва Исо (а) ва дигар солеҳон ва неконро воситаи наздики ба Худованд қарор медоданд ва ононро шафиъи худ назди Худо мепиндоштанд. Расули акрам (с) дар миёни онон мабъус шуд, то ононро ба дини ҳанифи Иброҳим (а) бозгардонад ва ба он қавм бифаҳмонад, ки наздики ва шафоъат хоси Худост ва ғайри Ўро ҳақи он мақоми воло нест ва танҳо Ў офаридгори ҷаҳониён аст. Танҳо Ўст, ки офаридаҳояшро рўзӣ медиҳад ва тамоми осмонҳо ва Замин ва ҳар он чи дар онҳост ва ҳатто он маъбудоне, ки парастишашон мекунанд, махлуқ ва фармонбардори Ўянд ва таҳти тасаллут ва иҳотаи он зоти беҳамто қарор доранд.





Абдуннабӣ: Ин ҳарфи муҳим ва аҷибе аст, ки ту мегўӣ, оё барои суханат ҳам далеле дорӣ?





Абдуллоҳ: Далоили ҳарфам бисёранд, аз ҷумла ин оят: “Бигў, чӣ касе аз осмону Замин ба шумо рўзӣ медиҳад? Чӣ касе молик ва холиқи гўшу чашмҳост ва ё чӣ касе зиндаро аз мурда ва мурдаро аз зинда берун меоварад, ё чӣ касе умури ҷаҳонро тадбир мекунад? Хоҳанд гуфт: Худо. Пас бигў: Пас чаро тақво пеша намекунед ва аз Худо наметарсед?” (Юунус 31)





Ё ин оят: “Бигў Замин ва касоне, ки дар Замин ҳастанд, аз они кистанд агар доно ва фарзонаед? Хоҳанд гуфт: Аз они Худоянд. Бигў: Пас чаро намеандешед ва ёдовар намегардед? Бигў: Чӣ касе соҳиби осмонҳои ҳафтгона ва соҳиби Арши азим аст? Хоҳанд гуфт: Аз они Худост. Бигў: Пас чаро парҳезгорӣ пеш намегиред? Бигў: Оё чӣ касе фармондеҳии бузурги ҳама чизро дар даст дорад? Ў касест, ки паноҳ медиҳад ва касеро Ў паноҳ дод, агар фаҳмида ва огоҳед? Хоҳанд гуфт: Аз они Худост. Бигў: Пас чӣ гуна гўл мехўред ва ҷоду ва ҷанбал мешўед?” (Муъминун 84-89)





Кофирони Қурайш ҳам ҳангоми тавоф лаббайкгўён мегуфтанд: “Худоё, мо гўш ба фармони Туем, Туро ҳеч шарике нест, магар шарике, ки ҳам худи ў ва ҳам ҳар он чи, ки дар ихтиёр ва тасарруфи ўст, дар мулк ва тасарруфи туст” Мебинӣ, ки мушрикони Қурайш низ ба ин эътиқод доштанд, ки дунё ва ҳар он чи, ки дар он аст офаридаи Худоянд ва дар ихтиёри Ўянд ва ин ҳамон тавҳид дар рубубият аст. Аммо ин навъ тавҳид, ононро ба доираи Ислом ворид нанамуд, зеро фариштагон ва некон дар эътиқоди онон метавонанд манзалаашонро назди Худованд боло бурда ва шафеъоне назди Худо бошанд. Ҳамин эътиқоди ботил, ҷон ва молашонро ҳалол кард. Бинобар ин мо бояд дуо, назр, забҳу қурбонӣ, истиъонат ва тамоми ибодоти дигарро танҳо мухтас ба Худованд бидонем.





Абдуннабӣ: Пас агар тавҳид ба маънои имон ба вуҷуди Худо нест, ба чи маъност?





Абдуллоҳ: Манзур аз тавҳиде, ки паёмбарон ба хотири он дар миёни мардумон мабъус шуданд, ин аст, ки танҳо Худоро парастиш ва ибодат кунем ва ҳар навъ амале мисли забҳу қурбони, дуо, назр, кумаку мададро танҳо дар ҳақи Худованд анҷом диҳем. Ин мафҳуми дурусти "Ло илоҳа иллаллоҳ" аст. Қурайш ин корҳоро нисбат ба илоҳҳои худ анҷом медоданд, ҳол он ки ин илоҳ, мумкин буд паёмбар бошад ё фаришта, инсон бошад ё ҷин, дарахт бошад, ё қабр. Онон офариниш тадбири олам ва розиқ буданро танҳо хоси Худо медонистанд. Паёмбар (с) дар миёни онон мабъус шуд, то ононро ба камоли тавҳид ба мафҳуми дурусти он ва иҷрои он фаро хонад.





Абдуннабӣ: Манзурат ин аст, ки як қурайшии мушрик дар фаҳми маънои "Ло илоҳа иллаллоҳ" аз мусулмонони замони мо донотар будааст?





Абдуллоҳ: Бале, ва ин воқеъияте аст дарднок. Кофирони гумроҳ медонистанд, ки манзури Расулуллоҳ (с) аз "Ло илоҳа иллаллоҳ" ин аст, ки бояд убудият ва итоатро танҳо хоси Худо қарор дод ва иборати ғайр аз Ўро инкор кунем. Онон дар ҷавоби Паёмбар (с), ки фармуд бигўед: «Ло илоҳа иллаллоҳ» ба таъбири Қуръон чунин гуфтанд: “Оё у ба чои ҳамаи ин худоён, худои ягонае қарор доданист! Ин ба рости чизи ачибест" (Сод 5)





Ҷойи басе тааҷҷуб аст, ки кофирони гумроҳ маънои ин иборатро хуб медонистанд, аммо касоне, ки худро мусулмон медонанд, то чое ки кофирон маънои онро медонанд, бознамеистанд ва ҳатто ҳастанд касоне, ки мепиндоранд Ислом танҳо бар забон рондани ин иборат аст, ҳол он ки қалбан эътиқоде ба маъно ва мафҳуми он надоранд. Мутаасифона, ононе ки дар дин маълумоте доранд, аз ин масъала бенасиб нестанд ва мисли оммаи мардум гумон мебаранд ин калима бадон маъност, ки танҳо Худо холиқ ва розиқи ҷаҳон аст ва танҳо Ўст, ки ба тадбири умури ҷаҳон мепардозад. Бояд эътироф кард дар мусулмоние, ки кофирони Қурайш нисбат ба фаҳми дурусти калимаи тавҳид аз онон донотаранд, ҳеч хайр ва манфиъате нест.





Абдуннабӣ: Аммо ман барои Худо шарике қоил нестам, имон дорам, ки ҳеч холиқ ва розиқе ғайр аз Худованди бузург вуҷуд надорад ва ҳар навъ нафъу суд ё зарару мусибате танҳо аз ҷониби Ўст. Ман бовар дорам, ки Ўро ҳеҷ мислу монанде нест ва Муҳаммад (с) паёмбар аст ва ҷуз ба изну хости Худо наметавонад дар мавриди худ тасмиме бигирад, чӣ бирасад ба дигар бузургоне чун Алӣ, Ҳусайн, Абдулқодир ва амсоли онҳо. Он чи ки лозим аст гуфт, ин аст, ки ман ва амсоли ман гуноҳгорем ва онон солеҳон ва неконе ҳастанд, ки назди Парвардигор, соҳиби ҷоҳу манзалатанд. Мо дарвоқеъ, аз онон мехоҳем то ба хотири он ҷоҳу мақомашон назди Худо, шафоъати моро ба даргоҳи Ў бикунанд.





Абдуллоҳ: Ҷавоби ман ҳамон аст, ки гуфтам. Кофирон ва мушрикон ҳамчунин боварӣ доштанд, онон низ эътиқод доштанд, ки холиқу розиқи ҷаҳон танҳо Худост ва танҳо Ўст, ки умури оламро тадбир мекунад ва илоҳҳояшонро танҳо ба хотири даст ёфтан ба тақарруб ва шафоаташон ибодат мекарданд. Оётеро, ки дар ин робита ҳастанд низ қаблан баён кардам.





Абдуннабӣ: Аммо оёте, ки дар ин хусус нозил шудаанд дар мавриди бутҳост на дар мавриди паёмбарон ва солеҳон, пас чӣ тавр ононро ба бутон монанд мекунед?





Абдуллоҳ: Ҳамон тавр ки гуфтем, баъзе аз ин бутон дар асл номи солеҳон ва некони қавмҳо будаанд, чуноне ки дар миёни қавми Нўҳ (а) инчунин буд. Кофирон ва мушрикон танҳо шафоъати ин бутонро металабанд, зеро ононро соҳиби арҷу наздики бо Худо медонистанд.





Далели мо ин ояти Қуръон аст: «Касоне, ки ҷуз Худо сарпарастон ва ёварони дигареро бар мегиранд. (Мегўянд) мо ононро парастиш намекунем, магар бад-он хотир, ки моро ба Худованд наздик гардонад» (Зумар 3)





Аммо дар ҷавоби ин суол, ки чӣ гуна метавон паёмбарон ва авлиёро монанди бутҳо донист, бояд гуфт Паёмбари акрам (с) дар миёни қавме фиристода шуд, ки гурўҳе аз онон авлиё ва солеҳонро шафиъи худ мехонданд ва Қуръон дар мавриди инчунин афрод мегўяд: “Он касонеро, ки фарёд мехонанд онон, ки аз ҳама муқаррабтаранд барои тақарруб ба парвардигорашон васила меҷўянд ва ба раҳмати Худо умедвор ва аз азоби Ў ҳаросноканд, чаро ки аз азоби Парвардигорат бояд ҳазар кард” (Исро 57).





Гурўҳе дигар Исо ибни Марямро шафиъи худ қарор медоданд, ки Худованд мегўяд: “Эй Исо писари Марям! Оё ту ба мардум гуфтаӣ, ки ҷуз Аллоҳ ману модарамро ҳам ду Худои дигар бидонед?” ( Моида 116)





Дастае ҳам фариштагонро воситаи наздик созии худ ба даргоҳи Худованд медонистанд: “Рўзеро, ки Худованд ҳамаи ононро гирд меоварад ва сипас ба фариштагон мегўяд: Оё инон шуморо парастиш мекарданд”(Саба 40).





Бо диққат ва тааммул дар оёти Қуръон дармеёбем, ки Қуръон ҳам касонеро, ки қоил ба мақоми убудияти бутон буданд, такфир мекунад ва ҳам ононеро, ки ҳамин тарз фикрҳоро нисбат ба Паёмбар, авлиё ва фариштагон доранд. Расулуллоҳ (с) бо ҳамаи онон ҷангид ва ҳеч тафовуте байни онон қоил набуд.





Абдуннабӣ: Аммо кофирон аз бутони худ суду манфаъат мехостанд, ҳол он ки мо имон дорем, ки ҳамаи хайр ва баракатҳо ва зарару зиёнҳо аз ҷониби Худованди доно ва ҳакиме аст, ки тадбири ҳамаи олам дар дасти Ўст ва солеҳону неконро дар ин кор тавоноӣ нест. Мо танҳо умеди он дорем, ки онон шафиъи мо назди Худованд бошанд, ҳамин асту бас.





Абдуллоҳ: Ин сухани ту дақиқан мисли сухани кофирон аст. Қуръон ҳам аз забони онон чунин мефармояд: “Инон ғайр аз Худо чизҳоеро мепарастанд, ки на бад-эшон зиён мерасонад ва на фоидае ва мегўянд: инҳо миёнаҷўйҳои мо дар назди Худоянд”.





Абдуннабӣ: Аммо ман танҳо Худовандро мепарастам ва паноҳ бурдан ба солеҳону некон ва истиъонат аз ононро ибодату парастиши онон намедонам.





Абдуллоҳ: Ман аз ту як суол мекунам: Оё имон дорӣ, ки Худованд бар мо воҷиб фармуда, ки ибодатро холисона ва фақат барои Ў анҷом диҳем, ҳамон тавр ки худи Ў дар Қуръон чунин фармудаанд: “Дар ҳоле, ки ҷуз ин бад-эшон дастур дода нашудааст, ки мухлисона ва ҳақгароёна Худойро бипарастанд ва танҳо шариъати Ўро дастур бидонанд”(Албаина 5)





Абдуннабӣ: Бале, Ў ин амрро бар мо воҷиб кардааст.





Абдуллоҳ: Хуб, ман аз ту мехоҳам ин ихлос дар ибодатро, ки Худованд бар ту воҷиб карда барои ман тавзеҳ диҳӣ.





Абдуннабӣ: Намефаҳмам манзурат аз ин суол чист?





Абдуллоҳ: Пас ба ман гўш бидеҳ, то онро бароят тавзеҳ диҳам.





Худованд дар Қуръон фармудааст: “Парвардигори худро фурўтанона ва пинҳонӣ ба ёрӣ бихоҳед, Ў таҷовузкоронро дўст намедорад” (Алаъроф 55).





Ҳоло аз ту мепурсам, ки оё дуо кардан ибодате аст хос ба Худо ё на?





Абдуннабӣ: Бале, зеро ҳамон тавр, ки дар ҳадиси Паёмбар (с) омада: “Дуъо айни ибодат аст” (Аҳмад ва Абудовуд). Дуо ҷойгоҳи муҳиме дар ибодат дорад.





Абдуллоҳ: Ту ки муътақиди дуо ибодате аст хоси Худо ва барои иҷобати дуоят шабу рўз ва дар ҳолати тарс ва умед Ўро мехонӣ ва он вақт дар дуоят фаришта ё Паёмбар ва ё фарди солеҳеро, ки дар қабраш оромидааст, восита қарор медиҳӣ, ба ман бигў оё дучори ширк дар ибодат нашудаӣ?





Абдуннабӣ: Бале, дучори ширк шудаам, суханат комилан дуруст аст.





Абдуллоҳ: Ҳоло бароят мисоли дигаре мезанам. Худованд мефармояд: «Ҳоло ки чунон аст, танҳо барои Парвардигори худ намоз бихон ва қурбонӣ кун» (Кавсар 2) Оё ту забҳ ва қурбониро ибодат медонӣ ё на?





Абдуннабӣ: Бале, ибодат аст.





Абдуллоҳ: Бинобар ин, агар барои офаридае аз офаридаҳои Худо ин корро анҷом диҳӣ, оё дар ин ибодат нисбат ба Худованд ширк варзидаӣ ё на?





Абдуннабӣ: Бале, ин кор бидуни шак ширк аст.





Абдуллоҳ: Ман дуо ва забҳро барои ту мисол задам, чаро ки дуо муҳимтарин ибодати қавлӣ ва забҳ муҳимтарин ибодати амалӣ аст. Аммо ибодатҳо мунҳасир ба ин ду чиз нест ва масоили дигаре чун назр, савганд, паноҳ чустан ва истиҷобат ва монанди инҳоро дарбар мегирад. Ҳоло аз ту мепурсам: Оё мушрикони Қурайш фариштагон, солеҳон ва Лоту Уззоро ибодат ва парастиш мекарданд?





Абдуннабӣ: Бале, ононро ибодат мекарданд.





Абдуллоҳ: Аммо ибодатҳои онон танҳо дар дуо, забҳ, паноҳ чустан, кумак хостан ва имон доштанд, ки онон ҳама бандагони Худоянд ва таҳти қудрат ва фармони Ў. Онон бовар доштанд танҳо Худост, ки умури оламро дар даст дорад ва бутону илоҳҳоро танҳо барои ин мехонданд, ки шафиъашон назди Худо бошанд.





Абдуннабӣ: Абдуллоҳ! Оё ту шафоъати Паёмбарро инкор мекунӣ?





Абдуллоҳ: На, ман онро инкор намекунам, балки баръакс Паёмбари акрам (с), ки падару модарам фидояш шаванд, шафиъи уммати худ назди Раббу-л-ъоламин аст ва орзўям ин аст, ки шафоъати эшон шомили ҳоли ман ҳам шавад. Аммо бояд донист ҳама шафоатҳо аз они Худост, чуноне ки Қуръон мефармояд: “Бигў, ҳар гуна миёнҷигарӣ аз они Худост” (Зумар 44).





Ҳеч касро наметавон шафоат кард, магар ин ки Худованд ичозаи онро дода бошад: “Кист он кас, ки ҷуз ба ичозаи Ў дар пешгоҳаш шафоат кунад?” (Бақара 255)





Шафоат низ танҳо касонеро дарбар мегирад, ки Худо аз онон хушнуд бошад: “Ва онон ҳаргиз барои касе шафоат намекунанд, магар барои он касе, ки Худо аз ў хушнуд аст” (Анбиё 28).





Ва Худованд аз ҳеҷ кас хушнуд намешавад, ҷуз аз тариқи эътиқоди росих ба тавҳид ва Ислом. “Ва касе, ки ғайр аз Ислом ойине баргузинад, аз ў пазируфта намешавад ва ў дар охират аз зумраи зиёнкорон хоҳад буд”(Ол Умрон 85).





Бинобар ин ва бо ин оят бояд шафоъатро фақат аз Ў бихоҳем ва чунин бигўем: Парвардигоро! Маро аз шафоъати Паёмбарат маҳрум нагардон ва ўро шафиъи ман соз.





Абдуннабӣ: Мо қаблан дар ин масъала тавофуқ кардем, ки набояд аз ғайри Худо чизе хост, ки тамаллук ва тавони онро надорад, аммо ҳақи шафоат ба Паёмбараш ато фармуда, бинобар ин ў молик ва соҳиби ин ҳақ аст ва тавони шафоат намуданро дорад, пас метавон аз ў шафоат хост ва ин дигар ширк маҳсуб намешавад.





Абдуллоҳ: Агар Худованд сароҳатан моро аз ин кор манъ намекард ҳарфи ту дуруст буд. Худованд дар Қуръон мефармояд: “Пас ҳеч касро бо Худо нахонед” (Ҷин 18).





Талаби шафоат, дуост ва оне ки ҳаққи шафоатро ба Паёмбар (с) ато фармуда, моро аз дуо ва талаби шафоат аз ғайри Ў барҳазар доштааст.





Ҳамчунин медонем шафоат имтиёзест, ки Худованд онро ба фариштагон, авлиё ва ҳатто ашхос, мисли кудаконе, ки қабл аз булуғашон вафот кардаанд, ато фармудааст, ба ин тартиб метавон аз онон талаби шафоат ва тақарруб ба даргоҳи Худованд намуд, ки дар он сурат боз ба ҳамон ибодати солеҳон ва неконе бармегардем, ки мушрикони Қурайш бар он буданд. Ҳоло агар ин масъалаи ибодати солеҳон ва фариштагонро қабул дошта бошед, оёти Қуръонро, ки моро аз ин кор манъ мекунад, нодида гирифтаем ва агар аз ин кор сарфи назар кунем, каломи ту ботил мешавад, ки чун Худованд ба Паёмбар ҳаққи шафоат ато фармуда, пас метавон аз ў талаби шафоат намуд.





Абдуннабӣ: Аммо ман ба Худо ширк набастаам ва истиъонат аз солеҳон ва авлиёро ширк намедонам.





Абдуллоҳ: Оё бовар дорӣ, ки Худо ширкро ҳаром намуда ва онро бузургтар ва зишттар аз амали дунё баён карда ва эълон кардааст, ки онро намебахшад?





Абдуннабӣ: Бале, Худованд онро ба таври возеҳ ва ошкор баён кардааст.





Абдуллоҳ: Хуб, ту дар ҳоли ҳозир худро аз ширк ба Худо дур сохтӣ, аммо оё ту метавонӣ он ширкеро, ки ту дучори он нашудаӣ ва худро аз он пок медонӣ, барои ман равшани диҳӣ?





Абдуннабӣ: Ширк ин аст, ки бутҳоро парастиш кунем, аз онон чизе бихоҳем ва аз онҳо биму ҳарос дошта бошем.





Абдуллоҳ: Хуб, ба ман бигў маънои парастиши бутҳо чист? Оё фикр мекунӣ кофирони Қурайш ба ин мўътақид буданд, ки он чўбу сангҳо меофаринанд, рўзӣ медиҳанд ва умури ҷаҳонро дар ихтиёр доранд? Ҳамон тавр, ки гуфтам онон чунин эътиқод надоштанд.





Абдуннабӣ: Ман ҳам ба ин бовар ва эътиқод надорам. Ман мегўям онон, ки чўбу санг ва биноҳое, ки бар қабрҳо сохтаанд ва амсоли онҳоро паноҳгоҳи худ медонанд, барои онҳо забҳ ва қурбонӣ мекунанд ва онҳоро воситае барои наздики ба Худо ва дар амон мондан аз хашми Ў мепиндоранд, ба Худо ширк бастаанд ва ин ҳамон ибодат ва парастиши бутҳост, ки манзури ман мебошад.





Абдуллоҳ: Аммо ин ҳамон корҳоест, ки шумо дар ҳақи мазорҳо анҷом медиҳед. Ба ман бигў бидонам оё манзури ту аз ин ки ибодати бутҳо ширк мебошад ин аст, ки таваккал бар солеҳон ва истиъонат ва талаби иҷобати дуо аз онон ширк маҳсуб намешавад?





Абдуннабӣ: Бале, манзури ман ҳамин аст.





Абдуллоҳ: Пас оёте, ки Худованд дар онҳо таваккал ба паёмбарон ва солеҳон ва изҳори иродот ва хушўъ ба фариштагон ва амсоли онҳоро ҳаром дониста ва ононеро, ки муртакиби он мешаванд, такфир намудааст, чӣ мешавад?





Абдуннабӣ: Онон, ки фариштагон ва паёмбаронро ба дуо мехонанд танҳо ба ин далел кофир шуданд, ки фариштагонро духтарони Худо ва Исо ва Узайрро писарони Ў мехонданд, аммо мо, ки намегўем масалан Абдулқодир (р.ҳ) писари худост ё Зайнаб (р.ҳ) духтари Ўст.





Абдуллоҳ: Нисбат додани фарзанд ба Худо, худ куфри ҷудогона аст.





Қуръон дар радди ин иддао мефармояд: “Бигў: Худо, ягона ва якто аст. Худо сарвари волои бароварандаи умедҳо ва бартарафкунандаи ниёзмандиҳост. Назода ва зода нашудааст. Ва касе ҳамто ва ҳамгунаи Ў намебошад” ( Ихлос 1-3).





 



Recent Posts

Куҷо ҳастем аз ахлоқи ...

Куҷо ҳастем аз ахлоқи рузадорон?

Аснофи занҳо дар моҳи ...

Аснофи занҳо дар моҳи рамазон

ҲАМЕША БО ЁДИ ХУДО БО ...

ҲАМЕША БО ЁДИ ХУДО БОШ!