СУОЛОТИ МУЊИМ ДАР ЗИНДАГИИ ИНСОНИ МУСУЛМОН (1)
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
1. Мусулмонон аќоиди худро аз кадом манбаъњо мегиранд? Аз ду манбаъ, яъне Ќуръон ва ањодиси сањењи Паёмбар (с), ки ба таъбири Ќуръон:@Он љуз вањй ва паёме нест, ки вањй ва паём мегардад@.(Ан Нf/v`4) (Аммо лозим ба зикр аст, ки истинботи мо аз оёт ва ањодис, бояд бар тибќи фањм ва истинботи сањоба ва салафи солењ сурат гирад.
2. Дар сурати (зуњури) ба миён омадани ихтилоф байни мусулмонон онон бояд ба чї манбаъе руљуъ кунанд? Дар сурати арзи њастї кардани њар навъи ихтилофе бояд ба њукм ва дастури шаръ мурољиа кард, ки ин њукм ва дастур аз ду манбаъ - Ќуръон ва њадис - истинбот мешавад. Ќуръон дар ин робита мефармояд: “Ва агар дар чизе ихтилоф доштед (ва дар амре аз умур кашмакаш пайдо кардед) онро ба Худо (бо арза ба Ќуръон) ва Паёмбари Ў (бо руљуъ ба суннати набавї) баргардонед”(Fy Ybcj` 59).
Паёмбари Ислом (с) њам дар робита бо Ќуръон ва њадис ва ањамияти он ду мефармоянд: “Дар миёни шумо ду чизро ба ёдгор гузоштам, то замоне, ки ба он ду мутамассик буда ва амал кунед, аз гумроњї ва залолат ба дур хоњед буд (бошед), он ду Ќуръон ва суннати ман мебошад”. (Ањмад).
3. Гурўње, ки дар рўзи ќиёмат наљотёфта ва растагорандкадом аст? Паёмбари ислом (с) дар ин робита фармудаанд: “Уммати ман ба њафтоду се гурўњ ва фирќа таќсим мешаванд ва танњо як гурўњ аз онон растагор мегарданд ва баќия дар оташи дўзах гирифтор меоянд. ёрон аз эшон пурсиданд: Ё Расулаллоњ! Он гурўњ кадом аст? Эшон фармуданд: гурўње, ки аз суннати ман ва равиши ёрони ман пайравї намоянд”. (Ањмад ва Тирмизї).
Бинобар ин њадис, мазњаби барњаќ мазњабе аст, ки аз суннати Паёмбар (с) ва сирати ёрони он њазрат пайравї намояд ва аз бидъат дар дин парњез кунад.
4. Шартњои ќабули корњои нек чист? 1.Имон ба Худо ва эътиќод ба тавњид, зеро кори неки фарди мушрик пазируфта намешавад. 2.Доштани ихлос дар анљоми он кор ба нањве, ки танњо ризои Худо мадди назар бошад. 3. Дар анљоми он корњо аз суннати Паёмбари Ислом (с) пайравї шавад, зеро танњо бар асоси дастуроти шаръ мебоист Худовандро ибодат намуд. Риъоя накардани њар кадом аз ин шартњо корњои неки моро аз миён мебарад. Худованд дар бораи аъмоли неки куффор ва мушрикон чунин фармудааст: “Мо ба суроѓи тамоми аъмоле, ки (ба зоњир нек буда ва дар дунё) онон анљом додаанд, меравем ва њамаро њамчун ѓубори парокандае дар њаво месозем ва эшонро аз аљр ва подоши он мањрум мекунем”(Fkaeh-jy` 23).
Чаро ки надоштани имон муљиби мањв ва нобудии эњсон ва беэътибор шудани аъмоли хуби инсон мегардад.
5. Маротиб ва дараљоти дини Ислом кадоманд? Маротиби ин дин ба тартиб иборат аст аз Ислом, имон ва эњсон.
6. Ислом чист ва аркони он кадомњояд? Ислом аз ин иборат аст, ки ба тавњид мўътаќид бошему таслими он шавем, амрњои онро анљом дињем ва аз манњиёташ иљтиноб варзем. Аз ширк нисбат ба Парвардигор парњез намуда, аз ширку мушрикон дурї љўем.
Аркони ислом. Паёмбар (с) дар ин бора чунин фармудаанд: “Ислом бар панљ асос бунёд ёфтааст: гуфтани шањодатайн, иќомаи намоз, гирифтани
рўзаи моњи Рамазон, пардохтани закот ва адои њаљ ”. (Бухорї ва Муслим).
7. Имон чист ва аркони он кадоманд? Имон иборат аст аз ќавлу феъли ќалб ва забон, ки бо амали љаворењ тавъам ва њамроњ бошад. Мизони имон бо анљоми тоъот ва риъояи таќво афзоиш ёфта бо иртикоби гуноњ дучори нуќсон шуда, коњиш меёбад.
Худованд мефармояд: " То ки имоҳояшон зиёда гардад бо имонҳояшон" (Fkafns` 4) ин чунин Паёмбар (с) дар бораи имон ва аќсоми он чунин фармудаанд: “Дарахти имон шомили њафтоду чанд шоха аст,ва беҳтарини у кавли: Лоилоҳа иллаллоҳ аст ва пастаринаш дур кардани чизb озор медодагиро аз роҳ ва шарму њаё яке аз шохањои он мебошанд”. (Муслим).
Чї басо пеш омада бошад, ки инсон, баъд аз анљоми корњои нек ва амал ба амрњои Худованд эњсоси суруру нишот мекунад ва баъд аз иртикоби гуноњон дучори навъе рихват ва танбали дар анљоми тоъат мегардад. Ин њолатҳо танњо ба далели афзоишу коњиши мизони имон дар инсон мебошад. Худованд барои њифз ва афзоиши мизони имон чунин фармуда аст: “Ва дар ду тарафи рўзи аввал ва охири он ва нахустин соъоти шаб намозро барпо дор, зеро хубињо бадињоро аз миён мебарад”(Sel`114).
Аркони имон. Паёмбари ислом (с) дар ин маврид чунин фармудаанд: “Имон иборат аст аз имон ба Худованд, ба фариштагон, ба китобњо,ба рўзи муњосаба, ба паёмбарон, ба зинда шудани пас аз марг ва ќазову ќадар”. (Бухорї ва Муслим).
8. Маънои Ло илоња иллаллоњ чист? Мафњуми он ин аст, ки убудият ва итоъатро аз ѓайри Худо салб ва онро танњо
барои Худованд ихтисос дињем.
9. Оё Худованд бо мо ва њамроњи мост? Бале, Худованд аз тариќи илми худ нисбат ба мо ва њифозаташ бар мо ва ињотааш бар коинот њамроњи мост, вале бояд донист, ки зоти Ў бо вуљуди махлуќоташ омехта намебошад. Њеч кадом аз офаридањояш наметавонанд бар Ў ињота ёфта ва зоти Ўро дарк кунанд. Дарвоќеъ, Ў дар айни њол, ки наздик аст, дар мартабаи воло ќарор дорад ва бо вуљуде, ки аз мо ва тавони фањми мо ба дур аст, ба мо бисёр наздик аст.
10. Оё Худовандро метавон бо чашм дид? Мусулмонони ањли ќибла дар ин масъала бар ин аќида њастанд, ки зоти Худовандро наметавон дар дунё мушоњида кард, аммо бо истинод ба ояи зайл мўъминон дар рўзи ќиёмат дар сарои мањшар ва дар бињишт Худовандро хоњанд дид. Худованд мефармояд: “(Оре) дар он рўз суратњое шодоб ва масрур аст ва ба Парвардигорашон менигаранд!”(Fk-b\vfn` 22 nj 23)
СУОЛОТИ МУЊИМ ДАР ЗИНДАГИИ ИНСОНИ МУСУЛМОН (2)
1. Шинохти номњо ва сифоти Худованд чї фоида дорад? Бе ifre ie,sf аввалин амре, ки Худованд онро бар бандагонаш вољиб ufhljyblffcn, шинохти Ўст. Xeyjyt мардум Худоро бишносанд, Ўро ба таври шоиста ибодат мекунанд. Худованд мефармояд: “Пас бидон, ки маъбуде ба њаќ љуз «Аллоњ» нест”(Vesfvvfl` 19. Пас ёд кардани рањмат ва бахшиши густурдаи Худованд боиси эљоди умед, зикри шиддати интиќоми Ў муљиби тарс ва ёд кардани неъмат бахшидани Ў ба танњої сабаби шукргузорї мешавад.
Манзур аз ибодат кардан ба василаи номњо ва сифоти Парвардигор иттилоъ пайдо кардан нисбат ба онњо ва донистани маъонии онњо ба таври комил ва амал кардан ба онњост. Теъдоде аз љумлаи номњо ва сифоти Худованд онњое њастанд, ки бандагон бад-онњо васф мешаванд, монанди илм, рањмату адл. Гурўњи дигар аз номњо ва сифоти Парвардигор онњое њастанд, ки бандагон бад-онњо накўњиш мешаванд, монанди улуњият, љабарут ва такаббур. Њамчунин бандагон низ сифоте доранд, ки ба василаи онњо сутуда мешаванд ва бад-онњо дастур дода мешаванд, аммо тавсифи Худованд ба василаи он сифот мамнўъ мебошад, монанди бандагї, ниёзмандї, фаќр, зиллат, талаб кардан ва ѓайра. Пас дўстдоштатарини мардум назди Парвардигор он касе аст, ки сифоте дошта бошад, ки Худованд онњоро дўст дорад. Ва манфуртарин фард назди Парвардигор касе аст, ки дорои сифоте бошад, ки Худованд аз онњо безор ва мутанаффир аст.
2. Нjмҳой неки Худованд кадомҳоянд? Худованд мефармояд: “Ва барои Худо, номњои нек аст, Худоро ба он номњо бихонед”(Fmhja` 180).
Њамчунин аз Паёмбар (с) ривоят шудааст, ки фармуд: “Бе ifre ie,sf, Худованди баландмартаба 99 ном дорад, касе ки онњоро бар забон љорї кунад ва ба онњо амал кунад, вориди бињишт мешавад”. (Бухорї ва Муслим).
Ва ҳисоб кардани онҳо яъне: 1) Шуморидани лафзҳояшон ва ададашон.
2) фаҳмидани маъноҳояшон ва далолатҳояшонро ва имон овардан ба онҳо, ва агар бигуяд (Ал Ҳаким) яъне таслим шудан дар му-обили тамоми амрҳой Худованд, чунки тамоми онҳо мувофи-и хостай ҳикмати Худованд мебошанд, ва агар бигуяд: (Ал _уддус) пас ба ёд меорад поку муназзаҳ будани Худовандро аз тамоми но-исиҳо.
3) Худовандро бо он номҳо дуо кардан: ва ин бар ду навъ аст:
А) Дуъой ҳамду сано ва ибодат. Б) Дуъой талабу пурсиш аз Худованд.
Касе, ки ба пайравї аз Ќуръон ва суннати сањењ бипардозад, метавонад онњоро шумориш намояд ва бар забонњо љорї кунад, ин номњо иборатанд аз
СУОЛОТИ МУЊИМ ДАР ЗИНДАГИИ ИНСОНИ МУСУЛМОН (3)
13. Тафовути номњо ва сифоти Худованд дар чист? Номњои Худованд ва сифоти Ў дар ду чиз бо њам муштарак њастанд; яке дар љоиз будани истиъоза (паноҳ чустан) ба онњо ва дигар љавози савганд хўрдан бад-онњо. Аммо аз чанд љињат дорои тафовутњое њастанд: Аввал ин ки изњори убудият нисбат ба номњо љоиз аст, мисли Абдулкарим, њамчунин мухотаб ќарор додани асмоъи ў дуруст мебошад, мисли гуфтани ё Карим, дар њоле ки ин ду амр дар бораи сифот сидќ намекунад ва наметавон масалан гуфт: ё Каррамаллоњ ё номи касеро Абдулкарам гузошт. Дувум, сифот аз исмҳо муштаќ мешаванд ба унвони мисоли сифати «рањмат» аз исми «рањмон» иштиќоќ ёфтааст, аммо акси ин амр љоиз намебошад. Тафовути севуми он ду ин аст, ки исмҳо аз афъоли ў гирифта намешавад, мисол: аз афъоли Худованд "Ғазаб" аст, ва мо наметавонем ки бигуем аз номҳой худованд "Ал Ғозиб" аст, аммо сифатҳояш бошанд мумкин аст ки аз афъолаш иштикок шаванд: мисли сифати "Ғазаб" мо уро барой Худованд исбот мекунем, чунки ғазаб аз афъоли Худованд аст. ўст.
14. Мафњуми имон ба фариштагон чист? Иборат аст аз имон ба вуљуди онон ва ин ки фариштагон навъи хосе аз офаридањои Худованд њастанд ки Худованд онҳоро барой ибодат кардану ба чо овардани амрҳояш халк кардааст. Ќуръон дар мавриди онон чунин мефармояд: “Балки бандагони гиромї ва мўњтараме њастанд, ки ба њеч ваљњ аз итоъату ибодат ва иљрои фармон сарпечї намекунанд. Онон он ќадар муаддаб ва фармонбардори Худованданд, ки њаргиз дар сухан гуфтан бар Ў пешї намегиранд ва танњо ба фармони Ў кор мекунанд, на фармони каси дигаре”(Fk Fy,b\` 27).
Имон ба фариштагон аз имон овардан ба чањор чиз аст, ки иборатанд аз: 1.Имон ба вуљуди онон; 2. Имон ба вуљуди фариштагоне, ки аз тариќи Ќуръон ва њадис исми ононр о медонем, монанди Љибриил; 3. Имон ба хусусиёте, ки аз тариќи Ќуръон ва њадис дар бораи онњо ба мо расидааст, мисли азамат ва бузургии зоти онон; 4. Имон ба вазифањо ва корњое, ки њар кадом аз фариштагон мукаллаф ба анљоми он њастанд, монанди Малакулмавт.
15. Ќуръон чист? Ќуръон, сухани Худованд аст, ки аз љониби Ў нозил шуда ва ба сўйи Ў боз мегардад. Китобе, ки Худованд худ ба њуруф ва асвоти он такаллум намуда ва Љибриил онро ба Муњаммад расулуллоњ иблоѓ кардааст. Дигар китобҳое, ки Худованд онњоро бар Паёмбарони худ нозил фармуда ба њамин нањв каломуллоњ будааст.
16. Оё бо руљуъ ба Ќуръон аз мурољиъа ба суннати Паёмбар (с) бениёз мешавем? На, зеро суннат муфассири Ќуръон аст ва љузиёти дин ба мисли намозро фаќат бо суннат метавон шинохт, ва Худованд моро амр кардааст ки ба суннат баргардем ва аз он истифода барем, чунонеки дар ин оят омадааст: "Ва ончиро ки Расул барой шумо овардааст (шариъат) пас уро бигиред. (ба у амал кунед)"(Fksfih`7) Дар њамин робита Паёмбар (с) чунин фармудаанд: “Бидонед, ки ду чиз ба ман ато шудааст: Ќуръон ва чизе њаммонанди он, ки њамроњи он аст (суннати ман). Мебинам рўзгоре фаро мерасад, ки дар он марди сер бар тахташ такя зада (озманду љоњталаб) ва ба мардум мегўяд: Танњо њалоли Ќуръонро њалол бишморед ва танњо аз њароми он бипарњезед”. (Ањмад ва Абудовуд).
17. Мафњуми имон ба паёмбарон чист? Мафњуми он ин аст, ки боварии комил дошта бошем Худованд бар њар уммате паёмбаре аз худи он уммат барангехта, то ў он ќавмро ба парастиш ва ибодати танњо Худованд ва инкори њар он чи ѓайри Ўст, даъват кунад.
Бояд имон дошта бошем, ки њамаи паёмбарон ростгўянд ва мавриди таъйиди Худованд бар роњи рост њастанд, парњезгору бузургвору некўкоранд ва њидоятшудаву њидоятгаранд. Мебоист бар ин эътиќод дошта бошем, ки онон рисолати худро тамом ва комил ба ќавми худ иблоѓ кардаанд ва дар маъмурияти худ кўтоњї нанамудаанд. Имон ба он мусталзими ин аст, ки яќин дошта бошем, ки онон бартарин ва шарифтарин инсонњо њастанд ва аз таваллуд то замони вафот аз ширк варзидан ба Худованд пок ва муназзањ будаанд.
18. Анвоъи шафоат дар рўзи ќиёмат кадоманд? Аввал шафоати узмо (бузург) аст ки он хоси Паёмбари Ислом (с) аст ва мавќеи он њангомест, ки мардум дар рўзи ќиёмат баъд аз панљоњ њазор сол, мунтазири судури њукми илоњї дар бораи сарнавишташон мебошанд. Дар ин ваќт аст, ки Паёмбари ислом (с) аз Худованд барои уммати худ талаби шафоат менамояд. Ин њамон маќоми мањмудест, ки Худованд башорати онро ба Паёмбар (с) додааст. Дувум шафоате аст, ки бо он аз Худованд хоста мешавад то дарњои бињишт ба рўйи мўъминон кушода шавад.
Аввалин касе, ки шафоати ин корро мекунад Паёмбари ислом (с) аст ва уммати ў аввалин уммате њастанд, ки ба бињишт ворид мешаванд. Севум шафоати яктопарастоне аст, ки мањкум ба чашидани азоби дўзах њастанд.
Онон шафоат мешаванд, то дучори он азоби њавлнок нагарданд. Чањорум шафоати яктопарастони саркаш ва гуноњкороне, ки ба азоби љањаннам дучор шудаанд ва дар оташи он гирифтор омадаанд, онон низ шафоат мешаванд, то аз азоби дўзах ба дар оянд. Панљум шафоат барои иртиќои мартаба ва љойгоњи ањли бињишт аст. Шашум шафоати мўъминоне аст, ки аз Худованд хоста мешавад, то бидуни њисобу китоб вориди бињишт шаванд. Аз њамин рў Худованд афроди бешумореро, ки танњо Худ шумори ононро медонад, аз оташи дўзах рањонида ва вориди бињишташон мекунад.
Њафтум шафоате аст, ки аз Худованд хоста мешавад, то дар муљозот ва азоби дўзахиён тахфифе ќоил шавад. Ин шафоат њам њаммонанди шафоати навъи аввал хоси Паёмбари ислом (с) аст, ки эшон онро барои коњиши азоби амўяшон Абўтолиб аз Худованд хостор шуданд. Дар соири анвоъи шафоатњо, дигар паёмбарон, авлиё, фариштагон ва шуњадо низ дорои њаќќи шафоат њастанд, аммо њаќќи таќаддум ба Паёмбари Ислом (с) тааллуќ дорад. Ҳаштум ин ки Худованд бо раҳмату мағфираташ аз оташи дузах мардумеро ки имон ба тавҳид доштанд локин гунаҳкор буданд бидуни шафоъати касе берун мекунад ва дохили /аннат мекунад ва ҳисоби онҳоро ба ғайр аз Худованд касе намедонад.
19. Оё кумак хостан ва истиъонат ва талаби шафоат аз зиндагон љоиз аст? Бале, љоиз аст ва Худованд мардумро ба кўмак кардан ба якдигар ташвиќ намуда ва фармудааст: “Дар роњи некї ва парњезгорї њамдигарро ёрї ва пуштибонї намоед”(Fkvjblf` 2).
Паёмбар (с) њамчунин фармудаанд: “То замоне, ки бандае дар пай кумак ба бандаи дигаре аст, Худованд низ дар пай кумаки уст” (Муслим).
Аммо шафоъат фазилати бисёр бузург дорад, ки маънояш "Миёнарави мебошад", чуноне ки Худованд мефармояд: " Ва касе шафоъате бикунад ки шафоъати нек бошад аз ин шафоъаташ барой у насибе аст"(Fy Ybcj` 85) ин чунин Расулуллоњ (с) мефармояд: “Ба якдигар шафоъат кунед, то подоши нек бибаред”. (Бухорї).
Ва ин масъала дар сурати фароњам омадани чањор шарт дорад: 1.Талаби кумак ё шафоъат аз зиндаҳо бошад чунки талаби шафоъат ё кумак аз мурда дуъо номида мешавад ва мурда дуъоро нахоҳад шунид. Худованд мефармояд; " Ва агар шумо онҳоро дуъо кунед онҳо шуморо нахоҳанд шунид ва агар бишунаванд бароятон чавобе нахоҳанд дод " (Ajnbh` 14)пас чигуна аз мурда талаб карда мешавад дар сурате ки худи он мурда эҳтиёч ба дуъой зиндаҳо дорад, ва ҳангоме ки инсон аз дунё мегузарад амалҳояш катъ мегардад ва ба худ дигар фойдае расонида наметавонад магар он дуъоҳое ки зиндаҳо дар ҳакаш мекунанд савобаш ба у хоҳанд расид, чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: Вакто ки фарзанди Одам аз дунё мегузарад амалҳояшон катъ мегардад магар се чиз фойдааш ба онҳо мерасад, аввал: Садакай чория (садакае ки баъди мурдан боки монад), дувум: илме ки баъди мурдани соҳибаш аз у истифода шавад, севум: фарзанди солеҳе ки дар ҳакаш дуъо кунад. (Муслим). 2)Мавриди дархост дар тавони фарди шафиъ бошад 3)Дар мавриди умури дунявї шафоат хоста шавад;; 4)Фарди шафиъ њозир бошад 5)Ибороти талаби шафоат чандпањлў ва мубњам набуда ва комилан возењ бошанд. 6)Шафоъат дар коре бошад ки чойз бошаду зараре надошта бошад.
Шафоате, ки ин шаш шартро дорост аз аљру подоши азиме бархўрдор аст.
20. Анвои тавасул кадоманд? Тавасул ду навъ аст. Навъи аввал љоиз аст ва иборат аст аз: 1.Тавасул ба исмҳо ва сифоти Худованд; 2.Бо анљоми корњои неке чун муњаббати Паёмбар (с) ва пайравї аз суннати ў ба даргоњи Худованд изњори итоат ва хушўъ намудан, мисли кисай се нафаре ки дар ғор буданд сипас бо товасул ба амалҳой некашон начот ёфтанд. 3.Инсон аз бародари мусулмон, ки зинда ва њозир мебошад бихоњад, ки ў барояш ба даргоњи Худованд дуъо кунад.
Навъи дуввуми тавасул, ки ботил ва њаром аст иборат аст аз: 1.Љоњ ва манзалаи паёмбарон ё авлиёро ба унвони воситаи истиљобати дуъо ќарор дода, мисли ин ки бигўяд: Худовандо! Ба хотири љоњ ва манзалати Паёмбарат ё љоњ ва манзалати Ҳусейн, аз ту мехоњам, ки ин ҳочати манро бароварда сози…. Њар чанд љоњ ва манзалати Паёмбар (с) ва солењон назди Худованд дорои арзиши бисёр аст, аммо ёрони он њазрат, ки нисбат ба дигар мардумон бештар љўёи хайр ва некї буданд, он њангом, ки дучори хушксолї шуданд, бо вуљуде, ки ќабри Паёмбар (с) дар канорашон буд, ба љоњу манзалати ў мутавасил нашуданд, балки мутавасил ба дуои Аббос (р) амўи Паёмбар (с) гардиданд;
2. Ин ки фард њангоми дуо Худовандро ба паёмбарон ва авлиё савганд дињад. Масалан, бигўяд: Худоё ба хотири Паёмбарат ё ба хотири њаќќонияти ў фалон чизро ба ман ато фармо. Ин навъ тавасул њаром аст, зеро савганд хўрдани махлуќ ба махлуќ мамнўъ мебошад, ва ин чунин банда ҳак надорад бар болой Худованд магар ин ки уро тоату ибодат кунанд.
СУОЛОТИ МУҲИМ ДАР ЗИНДАГИИ ИНСОНИ МУСУЛМОН (5)
27. Эҳсон чист?
Паёмбари Ислом (с) дар ҷавоби ин суол чунин фармудаанд: “Эҳсон ин аст, ки чунон аз Худованд битарсӣ, ва уро ибодат куни ки гўё Ўро мебинӣ ва агар чунин эҳсос надорӣ, чунон бовар дошта бошӣ, ки Худованд туро мебинад ва нозир ва муроқиби туст” (Мутафақун алайҳ).
Эҳсон болотарин маротиби сегонаи дин аст, ки ҳар мусулмоне метавонад ба он бирасад.
28. Ақсоми тавҳид кадоманд?
1. Тавҳид дар рабубият ва он ин аст, ки корҳое чун офариниш, рўзӣ расондан ва ғайраро танҳо дар тавон ва қудрати Худованд бидонем. Лозим ба зикр аст, ки қабл аз биъсати Паёмбар (с) куффор ва мушрикон ба ин навъ тавҳид эътиқод доштанд.
2. Тавҳид дар улуҳийят ва иборат аст аз ин ки корҳое чун намоз, назр ва ғайраро, ки бандагон барои тақарруб ба даргоҳи илоҳӣ анҷом медиҳанд, танҳо барои Худованд анҷом диҳем. Паёмбарон ва китобҳои онон ба хотири исботи ҳамин тавҳид дар миёни инсонҳо фиристода шуданд.
3. Тавҳид дар номҳо ва сифоти Худованд ва он иборат аст аз ин ки танҳо асмои ҳусно ва сифоти улёе, ки Худованд ва Паёмбараш (с) онро баён ва эълон намудаанд, барои Худованд зикр кунем ва аз ҳар навъ таҳриф (тағйир дар маъно ва мафҳум), такйиф (пардохтан ба баёни кайфият ва миқдор), таътил (муъаттал кардани асмоъ ва сифоти Худо бидуни ҳеч мафҳум ва маънӣ) ва тамсил (мўътақид будан ба мислу монандӣ дар асмоъ ва сифоти Худо ба асмоъ ва сифоти махлуқин) барои онҳо парҳез намуд.
29. Валӣ кист?
Ў мўъминест некўкор ва парҳезгор, ҳамчуноне ки Қуръон мефармояд: “Ҳон! Бегумон дўстони Худованд (субҳон) тарсе бар онон (аз хорӣ дар дунё ва азоб дар охират) нест ва (бар аз даст рафтани дунё) ғамгин намегарданд (чаро, ки дар пешгоҳи Худо чизе бар онон муҳайё аст, ки басе волотар ва беҳтар аз колоҳои дунё аст) тақво пеша карданд”(Юнус 62-63).
Ҳамчунин Паёмбар (с) дар мавриди ў фармудаанд: “Валӣ ва дўсти ман фақат Худо ва мўъминони пок ва некўкор ҳастанд”. (Бухорӣ ва Муслим).
30. Чӣ вазифае нисбат ба саҳоба бар души мост? Ононро бояд дўст бидорем, барояшон дуо кунем, қалб ва забони худро аз ҳар навъ иҳонат ба онон пок нигаҳ дорем, ба баён ва бозгў кардани фазоил ва хубиҳои онон бипардозем. Аз иштибоҳоти онон сарфи назар карда, ва аз ғўтавар шудан дар илали ихтилофоташон бипарҳезем.
Зеро ки онон маъсум аз гуноҳ ва иштибоҳ набудаанд, аммо бояд донист, ки онон ба дараҷаи иҷтиҳод расида буданд ва муҷтаҳид агар иҷтиҳодаш дуруст бошад, ба аҷри музоъаф ва дучандон мерасад ва дар ғайри он сурат, танҳо подоши иҷтиҳодашро дарёфт мекунад. Иштибоҳоти онон дар баробари он ҳама фазоил ва талошҳои фаровонашон барои Ислом ба сони лаккае наҷосат аст дар дарёе азиму жарф, оё ин лакка метавонад он дарёро олуда кунад?! Ва баъзеи онҳо аз баъзеашон бартари доранд. Беҳтарини онҳо ин даҳ нафар мебошанд: Абубакр сипас Умар сипас Усмон сипас Али сипас Талҳа ва Зубайр ва Абдураҳмон ибни Авф ва Саъд ибни Абуваққос ва Саъид ибни Зайд ва Абуъубайда ибни ҷарроҳ, сипас оммай Муҳоҳирин сипас касоне ки аз Муҳоҳирин ва Ансор дар ҷанги Бадр иштирок карда буданд, сипас боқи мондай Ансор, сипас тамоми саҳобаҳо. Паёмбар (с) дар мавриди шаъни саҳобаҳои худ чунин мефармояд: “Ёрони маро дашном надиҳед. Ба Худованд савганд, агар ҳар кадоми аз шумо ба андозаи кўҳи Уҳуд тилло инфоқ кунад, наметавонад ҳатто ба ниме аз мартаба ва манзалати онон даст ёбад”. (Бухорӣ ва Муслим).
31. Оё метавон дар мадҳ, шаън ва манзалати Паёмбар (с) муболиға кард?
Бидуни шак, Паёмбар (с) ашрафи махлуқот ва беҳтарини онон аст.
Аммо набояд ба монанди масеҳиён, ки дар мавриди Исо ибни Марям (а) роҳи муболиғаро паймудаанд, мо низ дар мадҳи Паёмбари Ислом (с) роҳи иғроқ ва ғулувро дар пеш гирем. Худи Расул (с) низ моро аз ин кор манъ намуда, фармудаанд: “Маро он тавр, ки масеҳиён писари Марямро мадҳи беандоза кардаанд, ситоиш накунед. Ман фақат бандаи Ўям, пас (дар ҳақи ман) фақат бигўед: Муҳаммад бандаи Худо ва паёмбари Ўст”. (Бухорӣ).
32. Оё аҳли китоб мўъмин ҳастанд?
Ҳама яҳудиён ва масиҳиён ва пайравони адёни дигар кофиранд ҳарчанд, ки ба дине муътақид бошанд, ки асл ва решаи он дуруст аст, зеро ҳар кас баъд аз биъсати Паёмбари ислом (с) ба дини ў нагаравад, бар тибқи Қуръон, аъмоли ў пазируфта нашуда ва дар рўзи охират дар оташи дўзах дарафканда мешаванд: “Касе, ки ғайр аз (ойин ва шариъати) Ислом, ойине баргузинад аз ў пазируфта намешавад ва ў дар охират аз зумраи зиёнкорон хоҳад буд”(Оли Умрон: 85).
Ва агар мусулмоне ба кофир будани онон мўътақид набошад ва ё ба ботил будани динашон шак дошта бошад, худи ў низ кофир шудааст.
Қуръон мефармояд: “Ҳар кас аз гурўҳҳо ба Қуръон имон наёварад миъодгоҳи ў оташ аст”.
Ҳамчунин Паёмбар (с) дар бораи кофир будани аҳли китоб чунин фармудаанд: “Савганд ба Худованде, ки ҷони ман ба дасти Ўст, ҳар яҳудӣ ва масеҳие, ки паёми рисолати ман ба ў мерасад, бадон имон наёварад, дучори оташи ҷаҳаннам хоҳад шуд”. (Муслим).
33. Оё зулму ситам ба куффор равост?
Адолат амрест воҷиб Худованд мефармояд: "Худованд шуморо ба адолату эҳсон амр мекунад "(ан-Наҳл :90) ва Зулму ситам ҳаром аст. Дар як ҳадиси қудсӣ Худованд фармудааст: “Ман зулму ситам карданро ба шумо бандагонамро бар худ ҳаром кардаам ва онро низ бар шумо ҳаром гардонидам, пас ба якдигар ситам раво мадоред” (Муслим).
Ва мазлум рузи қиёмат золимашро ба қазоват мекашад, Паёмбар (с) мефармояд: Оё медонед муфлис кист? Гуфтанд муфлис миёни мо касе аст ки на мол дошта бошаду на дорой, сипас Паёмбар (с) фармуд: муфлисони уммати ман касоне ҳастанд ки рузи қиёмат меоянд бо намозу руза ва закот локин касеро дар дунё дашном додаанд ва касеро туҳмат кардаанд ва моли касеро хурдаанд ва хуни касеро резондаанд ва касеро зарбу лат кардаанд, сипас аз ҳасаноташон мегиранду ба онҳо миқдори мазлумияташон додан мегиранд ва вақто ки ҳасаноташон халос шуду зулмҳой кардагияшонро дар дунё напушонд аз хатоҳову гуноҳҳой зулмшудагон гирифта бар сари ин золим мезананд сипас уро гирифта ба оташи дузах хоҳанд партофт. (Муслим) Балки қисос миёни ҳайвонот низ барпо хоҳад шуд.