Масъалаҳои муҳим
аз ҳадиси суоли ду малоика
"Парвардигорат кист? Динат чист?
Ва паёмбарат кист?"
Муаллиф
Валид ибни Ҳамуд ибни Сулаймон ал-Абрӣ
Тарҷумон
Шаҳобиддин Солиҳ
2018-12-03 мелодӣ
25-03-1440 ҳиҷрӣ
3
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Пешгуфтор
Ҳамду сипос барои Аллоҳ аст, Ӯро ҳамд мегуем ва аз Ӯ
талаби ёрӣ ва мағфират мекунем ва ба Аллоҳ аз бадиҳои
нафсҳоямон ва аз амалҳои бадамон паноҳ мебарем, касеро
Аллоҳ ҳидоят кунад, пас барои ӯ гумроҳкунандае нест ва
касеро гумроҳ кунад, пас барои ӯ роҳнамое нест. Ва гувоҳӣ
медиҳам, ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Аллоҳи ягона, Ӯро
шарике нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва
расули Ӯст.
Аммо баъд: Ин масъалаҳоро бар ҳадиси Баро ибни Озиб
разияллоҳу анҳу гузоштам, барои дар бар гирифтани он
умури муҳими динро ва аз рӯи иқтидо кардан ба олимоне, ки
бар баъзе ҳадисҳо танҳо таълиф карданд, ҳамчуноне ки
Доруқутнӣ кард, ҳайсе ки барои ҳадиси Баро ибни Озиб дар
фитнаи қабр1 ҷузъи танҳо таълиф кард.
Ва Хатиби Бағдодӣ барои ғусли ҷумъа ҷузъи танҳо навист.2
Ва Алоӣ барои ҳадиси шаш рӯзи шаввол ҷузъи танҳо на-
вист.3 Ва ғайраш бисёр аст.
Ва баёни онро бар масъалаҳое қарор додам, то маърифати
маъноҳояш осон шавад ва хоссатан оне ки ба суолҳои сегона
тааллуқ дорад, то ки мӯъмин бар ҳуҷҷате аз динаш бошад. Аз
Аллоҳ мепурсам, ки ба ин китоб фоида диҳад, Ӯ валии ин ва
бар ин қудрат дорад.
1 Инро Ибни Қайим дар китобаш (ар-Руҳ), 1/274 зикр кард.
2 Инро Заҳабӣ дар (ас-Сияр), 18/292 зикр кардааст.
3 Чопшуда аст.
4
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Аз Саъд ибни Убайда аз Баро аз Паёмбар саллаллоҳу алай-
ҳи ва саллам дар фармудаи Аллоҳ таъоло:
MGFE DCBA@?>=Lإﺑﺮاﻫﻴﻢ:٢٧
"Аллоҳ касонеро ки имон оварданд, бо гуфтори собит,
дар зиндагии дунё ва (ҳам) охират пойдор медорад". (Сураи
Иброҳим, ояти: 27) ривоят аст, ки фармуд: "Дар қабр, ҳаргоҳ
барои ӯ гуфта шавад: Парвардигорат кист? Ва дини ту
чист? Ва паёмбарат кист?". Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим
ва Тирмизӣ ривоят кард ва лафз аз они ӯст ва гуфт: Ин ҳадис
ҳасану саҳеҳ аст.
Ва дар ривояте дар назди Ибни Абӯшайба дар "Мусаннаф"
аз Баро ривоят аст, ки гуфт: "Пойдорӣ дар ҳаёти дунё, ҳар-
гоҳ ду малоика дар қабр пеши мард оянд, пас барояш
гӯянд: Парвардигорат кист? Пас гӯяд: Парвардигори ман
Аллоҳ аст. Ва гӯянд: Динат чист? Гӯяд: Дини ман Ислом
аст. Гӯянд: Ва паёмбари ту ксит? Гӯяд: Муҳаммад. Гуфт:
Пас ин пойдорӣ дар ҳаёти дунё аст".
Ва дар ривояте дар назди Таёлисӣ омада ки пас мегӯяд:
Яъне мӯъмин: "Ӯ Расулуллоҳ аст". Пас мегӯянд: Аз куҷо
медонӣ? Пас мегӯяд: "Ба назди мо ба ҳуҷҷатҳо аз ҷониби
Парвардигорамон омад, пас ба Ӯ имон овардам ва Ӯро
тасдиқ кардам".
Дар ин ҳадис чанд масъалаҳо аст:
Масъалаи якум: Ба дурустии ҳадис тааллуқ дорад. Бағавӣ
гуфт: "Ба дурустияш иттифоқ шудааст".1
Ва он ҳамонгуна аст, ки гуфт, пас ба ростӣ Бухорӣ ва Мус-
лим дар китобҳои Саҳеҳашон ривоят карданд ва Тирмизӣ,
1 Шарҳ-ус-суннат, 5/412.
5
Ибни Ҳиббон, Ҳоким ва ҳамаи имомҳои Ислом ин ҳадисро
саҳеҳ гуфтаанд.1
Масъалаи дуюм: Фармудаи Ӯ: "Ҳаргоҳ ду малоика дар
қабр пеши мард оянд", дар ин ҷумла омада, ки аз ин имтиҳон
ва дар фитна афтодан касе наҷот намеёбад ва ҳамоно Аллоҳ
инро бар бандагонаш нависта аст ва ин охирон фитна аст, ки
бар мӯъмин пеш меояд, агар аз ин наҷот ёбад, баъд аз он
осонтар аст.2
1 Ҳадиси Бароро тулонӣ ва мухтасар ривоят кард: Бухорӣ (1369) ва (4699) ва
Муслим 73-(2871) ва Аҳмад (18575) ва (18482) ва Абӯдовуд (4750) ва аз тариқи ӯ
Байҳақӣ дар "Исботу азоб-ил-қабр" (2) ва Тирмизӣ (3120) ва Насоӣ (2057) ва
Ибни Моҷа (4269) ва Ибни Ҳиббон (206) ва Ибни Манда дар "Имон" (1062) ва
ғайрашон аз чанд тариқ аз Шӯъба аз Алқама ибни Марсид аз Саъд ибни Убайда
аз Баро ибни Озиб разияллоҳу анҳумо ба таври марфӯъ ривоят кардаанд. Ва
инро Ибни Абӯшайба (12048) Ва Ҳанноди Сарӣ дар "аз-Зуҳд" (340) аз Абӯмуовия
аз Аъмаш аз Саъд ибни Убайда аз Баро ибни Озиб ба таври мавқуф ривоят
карданд ва ҳукми марфӯъро дорад.
Ва Аҳмад (18534) ва Абӯдовуд (4753) ва Абӯдовуди Таёлисӣ (789) ва Ҳаннод
дар "Зуҳд" (339) ва Ибни Манда дар "Имон" (1064) ва Ҳоким (107) ва Байҳақӣ
дар "аш-Шуъаб" (390) ва "Исботу азоб-ил-қабр" (2) ва ғайрашон бисёр аст аз
Аъмаш аз Минҳол ибни Амр аз Зозон аз Баро ба таври марфӯъ ривоят карданд
ва ҳадиси дарози марфӯъ аст. Ибни Манда дар "Имон" (2/962) мегӯяд: "Ин
иснод пайвасту машҳур аст, онро ҷамоате аз Баро ривоят кардаанд". Байҳақӣ
дар "Исботу азоб-ил-қабр" гуфт: "Ин ҳадиси калон ва иснодаш саҳеҳ аст, онро
ҷамоати имомҳои мӯътабар аз Аъмаш ривоят карданд". Ва Ибни Таймия дар
"ал-Фатво" (4/290) гуфт: Ва он ҳадиси ҳасану собит аст. Ва Ибни Қайим дар "ар-
Руҳ" (65) гуфт: Ҳадис саҳеҳ аст, дар он шакке нест, онро аз Баро ҷамоате ривоят
кард. Ва дар боб аз Абӯсаъиди Худрӣ, Абӯҳурайра, Анас, Ҷобир ва Оиша ба
таври марфӯъ ривоят омад ва аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ба таври мавқуф омада
аст. Ва ба мутавотир будани суоли ду малоика ҳар яке аз Ибни Абдулбар дар
"ал-Истизкор" (2/423) ва Шавконӣ дар "ал-Фатҳ-ур-Раббонӣ" (2/620) қатъӣ сухан
карданд.
2 Ин аз ривояти Юнус ибни Хабоб аз Минҳол ибни Амр аз Зозон аз Баро ибни
Озиб ба таври марфӯъ омада аст ва дар он омада: "Ва он охирон фитна аст, ки
бар мӯъмин пеш меояд", ва дар Юнус заъф аст ва аз он ҳадиси Усмон бениёз
мегардонад, ки гуфт: Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: "Қабр
аввали манзилҳои охират аст, агар аз он наҷот ёбад, пас баъди он осонтар аст ва
агар аз он наҷот наёбад, пас баъди он аз он сахттар аст". Инро Тирмизӣ (2308) ва
6
Имом Абӯмуҳаммад ибни Абӯзайди моликӣ дар вақти
овардани ақидаҳои аҳли имонро гуфт: "Мӯъминҳо дар қабр-
ҳояшон имтиҳон мешаванд ва пурсида мешаванд ва Аллоҳ
касонеро ки имон оварданд, ба қавли устувор пойдор месо-
зад".1
Ва Ибни Абдулбарри моликӣ мегӯяд: "Фитнаи ду малоика,
мункар ва накир, замоне ки бандаро мепурсанд: Парвардиго-
рат кист? Динат чист? Ва паёмбарат кист? Пас осор оиди ин
мутавотир аст ва аҳли суннат ва ҷамоат ва онон аҳли ҳадис ва
раъй дар аҳкоми шариатҳои Ислом ҳастанд, ҳамагӣ ба имон
ва тасдиқи ин иҷмоъ доранд".2
Ва Байҳақии шофеъӣ дар аввали китобаш "Исботу азоб-ил-
қабр" мегӯяд: "Китоби исботи азоби қабр ва суоли ду
малоика, бар он чизе ки шариат ба оятҳои тиловатшуда ва
хабарҳои ривоятшуда ва гуфторҳои гузаштагони ин уммат во-
рид шуда бо ҷоиз будани ин ба ақл дар қудрати Аллоҳ субҳо-
наҳу ва таъоло".3
Масъалаи сеюм: Дар суол кардани баъди мурдан далел
бар ин аст, ки Аллоҳ ҷалла ва ало моро беҳуда наофаридааст
ва бекор тарк накардааст ва албатта моро барои мақсади бу-
зург ва ҳикмати азиме офарида, ки дар он саодат 4 ва наҷоти
Ибни Моҷа (4267) ба санади саҳеҳ ривоят карданд. Ва Абӯбакри Маррузӣ (соли
вафот: 285 ҳиҷрӣ) дар "Ахбор-уш-шуюх ва ахлоқуҳум" дар рақами (331) аз
Ҳасани Басрӣ ривоят кард, ки ӯ гуфт: "Охирон фитнае, ки бар мӯъмин пеш
меояд, фитнаи қабр аст". Дар санадаш қатъ аст.
1 Муқаддимаи Абӯзайди Қайравонӣ барои китобаш ар-Рисола, саҳ: (60), таҳқиқи
Бакр Абӯзайд раҳимаҳуллоҳ. Ва фитнаи қабр ҳамон суоли ду малоика аст,
ҳамчуноне ки Шайхи Ислом дар ал-Ақидат-ул-Восития, саҳ: (95) гуфтааст. Ва
Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар Фатҳ-ул-Борӣ (11/177) дар шарҳи ҳадиси паноҳ бурдан аз
фитнаи қабр, замоне ки гуфт: Фитнаи қабр: Ҳамон суоли ду малоика аст.
2 Истизкор, 2/423.
3 "Исботу азобилқабр"-и Байҳақӣ, саҳ: 1.
4 Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ба таври мавқуф ривоят аст, ки гуфт: "Ҳаргоҳ мард
дар қабраш гузошта шавад, агар аз аҳли саодат бошад, Аллоҳ ӯро дар қавли
7
мост ва он ибодати Аллоҳи якто, Ӯро шарике нест, мебошад.
Ҳамчуноне ки Аллоҳ таъоло фармуд: (Ман ҷинну инсонро
наофаридам, магар ки Маро ибодат кунанд), (Сураи Зориёт,
ояти: 56). Ин ибодат дуруст намешавад, магар бар тариқи
хотами расулон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, пас
касе Ӯро итоат кунад, дохили Ҷаннат мешавад ва касе Ӯро
бефармонӣ кунад, дохили Дӯзах мешавад.
Масъалаи чорум: Маънои қавли пойдоре, ки дар оят зикр
шуд, дар назди оммаи муфассирон ҳамон калимаи тавҳид
аст1 аз рӯи фармудаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам,
ҳамчуноне ки дар Бухорӣ аст: "Мусалмон ҳаргоҳ дар қабр
пурсида шавад: Шоҳиди медиҳад, ки нест маъбуди бар ҳақ
ба ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст". Пас ин
гуфтаи Аллоҳ аст: "Аллоҳ касонеро ки имон оварданд, бо
гуфтори собит дар зиндагии дунё ва (ҳам) охират пойдор
медорад"2. (Сураи Иброҳим, ояти: 27)
Ва ҳақиқати шаҳодат ҳамон ягона парастидани Аллоҳ ва
дӯрӣ аз ширк ҷустан аст ва асли ширк дуои ғайри Аллоҳ бо Ӯ
мебошад. Ва далел фармудаи Ӯ таъоло: "Ва Аллоҳро бипа-
растед ва ба Ӯ чизеро шарик наоред". (Сураи Нисо, ояти: 36)
Ва фармудаи Ӯ таъоло: "Пас ҳамоно масҷидҳо аз они Аллоҳ
аст, пас бо ҳамроҳи Аллоҳ касеро ибодат накунед". (Сураи
Ҷин, ояти: 18)
Масъалаи панҷум: Ин се амре ки аз он дар қабр пурсида
мешавад ва он маърифати Аллоҳ ва Ислом ва Расулуллоҳ
пойдор устувор мегардонад...". Инро Ибни Абӯшайба (12047) ва Табарӣ дар
"Таҳзиб-ул-осор, (733) ва (734) зикр кард".
1 Шамсиддин Муҳаммад Мунбаҷии ҳанбалӣ (в. 785 ҳиҷрӣ) дар китобаш
"Таслияту аҳл-ил-масоиб" (с: 196) мегӯяд: Бисёри муфассирон гуфтанд: Қавли
собит калимаи тавҳид ва он қавли: Ло илоҳа иллаллоҳ дар ҳаёти дунё, яъне пеш
аз мурдан аст ва дар охират, яъне дар қабр аст.
2 Саҳеҳи Бухорӣ (4699).
8
мебошад 1, дин ба он аҳамият дода аст, пас зикри он дар
дуоҳои субҳу шом 2 ва дуои азон 3 омадааст ва ин ки Ӯ ҳаргиз
таъми имонро намечашад, магар ба он, ҳамчуноне ки дар
ҳадиси Аббос ибни Абдулмутталиб дар Саҳеҳи Муслим аст, ки
ӯ Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро шунид, ки ме-
фармуд: "Касе ки ба Парвардигории Аллоҳ ва ба дин будани
Ислом ва ба расул будани Муҳаммад розӣ шавад, таъми
имонро чашидааст" 4 бар ин далолат мекунад, ки он аз му-
ҳимтарини муҳимҳост, банда наҷот намеёбад, магар ба он.
Масъалаи шашум: Қавли мӯъмин барои ду малоика да-
лели сидқаш аст: "Ба назди мо ба ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Пар-
вардигорамон омад, пас ба Ӯ имон овардам ва Ӯро тасдиқ
кардам".5 Дар ин ҷумла омадааст, ки ҳамаи мӯъминон дар
1 Ҳамааш дар шаъни рисолат тааллуқ дорад ва он маърифати мурсил (равон-
кун) ва Расул ва рисолат мебошад, пас Аллоҳ мурсил ва Муҳаммад расули Ӯ ва
дини Ислом ҳамон рисолатест, ки ба он омадааст, мебошад.
2 Инро Аҳмад (18968) ва Абӯдовуд (5072) ва Насоӣ дар ал-Кубро (9832) ва
Табаронӣ дар "ад-Дуо" (302) аз ҳадиси Абӯсалом хидматгори Паёмбар
саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят кард, ки фармуд: "Ягон мусалмон ё инсон ё
бандае нест, ки мегӯяд, замоне ки дар бегоҳ ё дар субҳ дохил мешавад, мегӯяд:
Ба Парвардигории Аллоҳ ва ба дини Ислом ва ба паёмбарии Муҳаммад розӣ
шудам, магар ки бар Аллоҳ ҳақ аст, ки ӯро дар рӯзи қиёмат розӣ гардонад".
Ҳофиз дар ал-Фатҳ (13/379) гуфт: Санадаш қавӣ аст.
3 Инро Муслим 13-(386) аз ҳадиси Саъд ибни Абӯваққос аз Расулуллоҳ саллал-
лоҳу алайҳи ва саллам ривоят аст, ки фармуд: Касе замоне ки азонро мешу-
навад, гӯяд: "Гувоҳӣ медиҳам, ки нест маъбуди бар ҳақ ба ҷуз Аллоҳи ягона Ӯро
шарике нест ва ин ки Муҳаммад банда ва расули Ӯст, ба Парвардигории Аллоҳ
ва ба расул будани Муҳаммад ва ба дин будани Ислом розӣ шудам, гуноҳаш
мағфират мешавад".
4 Муслим: 56-(34).
5 Ин ривоятро Таёлисӣ (789) аз Аъмаш аз Минҳол ибни Амр ривоят кард ва
тахриҷи ин ҳадис гузашт. Барои ин ҳадиси Абӯҳурайра ба санади ҷайид (нек) дар
назди Аҳмад (8563) ба таври мухтасар ва Ибни Моҷа (4268) ва Ибни Ҳиббон
(3113) шоҳидӣ медиҳад. Ва дар он омада аст: "Ва паёмбари ман Муҳаммад аст,
ба назди мо ба ҳуҷҷатҳо ва ҳидоят аз назди Аллоҳ омад, пас ба Ӯ имон овардам
9
имонашон ба китоби Аллоҳ ва мӯъҷизаҳои анбиёи Аллоҳ уму-
ман1 эътимод мекунанд. Ва дар ин ишорат ба фазли омӯхтани
дин мебошад, касе ки дар динаш олимтар бошад, дар ҷавоб
гуфтанаш устувортар мебошад.
Масъалаи ҳафтум: Маънои суоли якум: "Парвардигорат
кист?". Пас мӯъмин ҷавоб мегӯяд: Парвардигори ман Аллоҳ
аст, яъне Парвардигори ман Аллоҳ аст, ки маро халқ кард,
ризқ дод, мадад кард ва Ӯ маъбуди ман аст, ҷуз Ӯ барои ман
маъбуде нест. Пас Раб (парвардигор) ҳамон Зотест, ки дар
офаридан, ризқ додан ва идора кардан якто аст, ки ҳамаи
халқашро ба неъматҳояш тарбия кард, агар он неъматҳоро аз
даст диҳанд, барои онон боқӣ мондан имкон надорад, Аллоҳ
таъоло мефармояд: "Ҳар неъмате ки доред, пас аз ҷониби
Аллоҳ аст". (Сураи Наҳл, ояти: 53)
Ва бузургтарин ва хостарин тарбият, тарбияи Аллоҳ барои
авлиёаш аст, пас ононро ба имон тарбия мекунад ва ононро
барои имон муваффақ мегардонад ва имонро барои онон
комил мекунад ва монеаҳое, ки дар байни онон ва байни он
аст дӯр мекунад.
Ва ҳақиқати тарбият: Тарбияи тавфиқ додан барои ҳар хайр
ва аз ҳар шарр нигаҳ доштан мебошад.
Ва шояд, ки ин маъно ҳамон сир дар бисёри дуоҳои анбиё
ба лафзи Раб бошад, пас ҳамаи талабҳои онон дар зери пар-
вардигории хосси Ӯ дохил мебошад.2
Ва далел фармудаи Аллоҳ таъолост: "Сипосу ситоиш барои
Аллоҳ, ки Парвардигори оламиён аст". (Сураи Фотиҳа, ояти:
1)
ва Ӯро тасдиқ кардам". Ва дар назди Асмоа ба монанди ин лафз дар Бухорӣ
(184) ва Муслим, 11-(905) омадааст.
1 "ал-Авосим ва-л-қавосим"-и Ибни Вазир, (4/76)-ро назар кун!
2 "Тайсир-ул-карим-ир-Раҳмон фи тафсири калом-ил-маннон"-и Сиъдӣ, саҳ: (39)-
ро назар кун!
10
Пас фармудаи Ӯ: (Парвардигори оламиён) ба якто будани Ӯ
дар офаридан, идора кардан, неъматҳо ва ғинои комили Ӯ ва
пурра муҳтоҷ будани ҷаҳониён ба Ӯ ба ҳамаи ваҷҳ ва эътибор
далолат мекунад.
Ва маърифати Аллоҳ дар нафсҳо, фитратҳо ва ақлҳо қарор
дорад. Ва далели ин оятҳои Аллоҳ ва махлуқҳои Ӯст, пас аз
ҷумлаи оятҳояш: Шабу рӯз ва офтобу моҳтоб аст ва аз мах-
луқҳои Ӯ: Ҳафт осмон ва ҳафт замин ва касе ки дар онҳо ва
чизе ки дар байни онҳост. Ва далел фармудаи Аллоҳ таъо-
лост:
"Ва аз нишонаҳои Ӯ шабу рӯз ва офтобу моҳ аст, (вале)
барои офтобу моҳ саҷда накунед (балки) барои Аллоҳе, ки
офаринандаи онҳост саҷда кунед, агар танҳо Ӯро мепарас-
тед". (Сураи Фуссилат, ояти: 37)
Ва фармудаи Аллоҳ:
"Албатта Парвардигори шумо Аллоҳест, ки осмонҳо ва
заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш қарор гирифт,
бо (пардаи торики) шаб рӯзро мепушонад ва шаб ба суръат
дар паи рӯз меояд ва офтоб, моҳ, ситорагонро офарид, ки
мусаххари фармони Ӯ ҳастанд. Огоҳ бошед, ки офаринишу
амр аз они Ӯ (ва ба фармони Ӯст), пурбаракат ва безавол аст
Аллоҳе ки Парвардигори оламиён аст". (Сураи Аъроф, ояти:
54)
Ва Раб ҳамон маъбуд аст ва далели ин фармудаи Аллоҳ
таъолост:
11
"Эй мардум! Парвардигоратонро, ки шумо ва касонеро,
ки пеш аз шумо буданд, офарид, парастиш кунед, то парҳез-
гор шавед. Он кас ки заминро бистари шумо ва осмонро
сақфе қарор дод ва аз осмон обе фурӯ фиристод ва ба васи-
лаи он меваҳоро барои рӯзии шумо рӯёнид, бинобар ин
барои Аллоҳ ҳамтоёне қарор мадиҳед, дар ҳоле ки медо-
нед (ҳеҷ як аз онҳо на шуморо офарида ва на рӯзи меди-
ҳанд)". (Сураи Бақара, ояти: 21-22)
Ибни Касир раҳимаҳуллоҳу таъоло мегӯяд: "Албатта Аллоҳ
офаридгор, ризқдиҳанда, молики хона ва сокинони он ва
ризқдиҳандаи онон аст, пас ба ин чизҳо шоиста мебошад, ки
ба ягонагияш парастида шавад ва ба Ӯ ғайрашро шарик гар-
донда нашавад ва барои ин фармуд: "Пас барои Аллоҳ ҳам-
тоён қарор надиҳед, дар ҳоле ки медонед (ҳеҷ як аз онҳо
на шуморо офарида ва на рӯзӣ медиҳанд)" 1. (Сураи Бақара,
ояти: 22)
Пас ҳар ибодате ки Аллоҳ бар он амр кардааст, сарф кар-
дани он барои ғайри Ӯ ҷоиз намебошад, чаро ки он ҳаққи хо-
лиси Ӯ ба ягонагияш мебошад.
Ва навъҳои ибодате ки Аллоҳ ба он амр кардааст: Дуо,
муҳаббат, хавф (тарс), раҷо (умед), таваккул кардан, истионат
(ёрӣ хостан), истиғоса (ба фарёд хондан), истиоза (паноҳ
бурдан), забҳ (мол куштан), назр ва ғайр аз ин аз ибодате ки
Аллоҳ ба он амр кардааст, ҳамааш махсуси Аллоҳ мебошад.
Ва далел фармудаи Аллоҳ таъолост:
1 Тафсир-ул-Қуръон-ил-азими Ибни Касир, 1/57.
12
"Пас ҳамоно масҷидҳо аз они Аллоҳ аст, пас бо ҳамроҳи
Аллоҳ касеро ибодат накунед". (Сураи Ҷин, ояти: 18)
Ва фармудаи Аллоҳ таъоло:
"Ва ҳар кас маъбуди дигареро бо Аллоҳ бихонад ва ба
яқин ҳеҷ далеле бар он нахоҳад дошт, ҳисоби ӯ назди Пар-
вардигораш хоҳад буд, ба ростӣ кофирон наҷот наме-
ёбанд". (Сураи Мӯъминон, ояти: 117)
Ва дар ҳадис омадааст: "Дуо ҳамон ибодат аст".1
Ҳамчуноне ки Аллоҳ таъоло мефармояд:
"Парвардигори шумо гуфтааст: Маро дуо кунед, то (дуои)
шуморо иҷобат кунам. Ба яқин касоне ки аз ибодати Ман
такаббурӣ мекунанд, ба зуди бо зиллат (хорӣ) вориди Дӯзах
мешаванд". (Сураи Ғофир, ояти: 60)
Ва далели хавф, фармудаи Аллоҳ таъолост:
M=< ;:987Lآل ﻋﻤﺮان:١٧٥
"Пас аз онҳо натарсед ва танҳо аз Ман битарсед, агар
имон доред". (Сураи Оли Имрон, ояти: 175)
Ва далели раҷо (умед) фармудаи Аллоҳ таъолост:
Mçæ å ä ãâïîí ìëêéèLاﻟﻜﻬﻒ:١١٠
"Пас ҳар ки ба лиқои Парвардигораш умед дорад, бояд
кори шоиста анҷом диҳад ва ҳеҷ касро дар ибодати Пар-
вардигораш шарик накунад". (Сураи Каҳф, ояти: 110)
Ва далели таваккул, фармудаи Аллоҳ таъолост:
1 Инро Абӯдовуд (1479) ва Тирмизӣ (2969) ривоят карданд ва онро Тирмизӣ
саҳеҳ гуфт ва Ибни Моҷа (3828) аз ҳадиси Нӯъмон ибни Башир ривоят карданд.
13
MÑÐÏÕÔ ÓÒLاملﺎﺋﺪة:٢٣
"Ва бар Аллоҳ таваккул кунед, агар имон доред". (Сураи
Моида, ояти: 23)
Ва фармудаи Аллоҳ таъоло: M| { z y x wLاﻟﻄﻼق:٣ "Ва
ҳар кас бар Аллоҳ таваккул кунад, Аллоҳ амри ӯро кифоят
мекунад". (Сураи Талоқ, ояти: 3)
Ва далели истионат (ёрӣ талабидан), фармудаи Аллоҳ
таъолост: M6 5 4 3 2Lاﻟﻔﺎحتﺔ:٥ "Танҳо Туро мепарастем
ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷуем". (Сураи Фотиҳа, ояти: 5)
Ва дар ҳадис омада аст: "Ва ҳаргоҳ кумак хостӣ, пас аз
Аллоҳ кумак бихоҳ".1
Ва далели истиоза (паноҳ бурдан), фармудаи Аллоҳ таъо-
лост: M8 7 6 5 4Lاﻟﻔﻠﻖ:١ "Бигӯ ба Парвардигори субҳ
паноҳ мебарам". (Сураи Фалақ, ояти: 1)
Ва фармудаи Аллоҳ: MT S R Q PLاﻟﻨﺎس:١ "Бигӯ ба Пар-
вардигори мардум паноҳ мебарам". (Сураи Нос, ояти: 1)
Ва далели истиғоса (фарёдрасӣ), фармудаи Аллоҳ таъо-
лост: M% $ # " !Lاﻷﻧﻔﺎل:٩ "(Ба хотир биёред)
замонеро, ки аз Парвардигоратон кумак мехостед ва Ӯ хос-
таи шуморо қабул кард". (Сураи Анфол, ояти: 9)
Ва далели забҳ (куштани мол), фармудаи Аллоҳ таъолост:
M°¯®¬«ª ©¨§¦¥¤£Lاﻷﻧﻌﺎم:١٦٢-١٦٣
"Бигӯ, ҳароина намози ман ва ҳаҷҷу қубонии ман ва зин-
дагонии ман ва марги ман ҳама барои Аллоҳ аст, Парвар-
дигори ҷаҳониён, ҳамтое барои Ӯ нест". (Сураи Анъом, ояти:
162-163)
1 Инро Аҳмад (2669) ва Тирмизӣ (2516) аз ҳадиси Ибни Аббос ривоят карданд.
Ва Тирмизӣ гуфт: Ҳадиси ҳасану саҳеҳ аст.
14
Ва далел аз суннат: "Аллоҳ лаънат кунад, касеро ки барои
ғайри Аллоҳ забҳ намояд".1
Ва далели назр, фармудаи Аллоҳ таъолост:
M0/. -, + *)Lاﻹﻧﺴﺎن:٧
"Онҳо ба назри худ вафо мекунанд ва аз рӯзе ки шарру
азобаш густурда аст, метарсанд". (Сураи Инсон, ояти: 7)
Масъалаи ҳаштум: Маънои суоли дуюм: "Дини ту чист?".
Пас мӯъмин ҷавоб медиҳад: Дини ман ислом аст, яъне ман
барои Аллоҳ ба ибодат таслим мешавам ва барои Ӯ ба тоат
хузӯъ мекунам, на барои ғайри Ӯ. Ва Ислом се мартаба дорад,
онро Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам баён намуд,
ҳамчуноне ки дар ҳадиси Ҷибраил алайҳис салом аст2:
1-Ислом ва он ҳамон амалҳои зоҳириро шомил мешавад.
2-Имон ҳамаи амалҳои ботиниро шомил мешавад.
3-Эҳсон ва он аз рӯи зоҳиру ботин ибодатро комил кардан
аст ва устувор кардани он, мисле ки ту Аллоҳро ибодат меку-
нӣ, гӯё ту Ӯро мебинӣ.
Ва барои ҳар мартаба аркон аст, пас аркони Ислом панҷ то
аст: Гувоҳӣ додан бар ин ки нест маъбуди бар ҳақ ҷуз Аллоҳ
ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва барпо дорӣ намозро
ва бидиҳӣ закотро ва рӯза дорӣ моҳи Рамазонро ва хонаи
Аллоҳро ҳаҷ намоӣ. Ва далели ин ҳадиси Ибни Умар дар
Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим омадааст: "Ислом бар панҷ асос
бино шудааст: Шоҳидӣ додан бар ин ки нест маъбуди бар
ҳақ ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва
барпо доштани намоз ва пардохтани закот ва ҳаҷ ва рӯзаи
моҳи Рамазон".3
1 Муслим, 45-(1978) аз ҳадиси Алӣ ибни Абӯтолиб разияллоҳу анҳу ривоят кард.
2 Инро Бухорӣ (56) ва Муслим 5-(9) аз ҳадиси Абӯҳурайра ривоят карданд.
3 Бухорӣ (8) ва Муслим, 21-(16).
15
Ва маънои шаҳодати ло илоҳа иллаллоҳ: Яъне маъбуди
барҳаққе ҷуз Аллоҳ нест, "ло илоҳа" нафйкунандаи ҳамаи
чизе ки ба ҷуз Аллоҳ парастида мешавад, "иллаллоҳ" исбот-
кунандаи ибодат аст барои Аллоҳи ягона, барои Ӯ дар ибода-
таш шарике нест, ҳамчуноне ки дар мулкаш шарик нест.
Ва маънои шаҳодати ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ ин
аст, ки итоати Ӯ дар он чизе ки амр кард ва тасдиқи Ӯ дар он
чизе ки хабар дод ва парҳез кардан аз он чизе ки наҳю заҷр
кард ва ин ки Аллоҳ парастида нашавад, магар ба он чизе ки
Ӯ шаръ намудааст.
Ва маънои барпо доштани намоз: Намозро дар вақташ
хондан ва онро ба аркон, шартҳо ва воҷибҳояш анҷом додан
аст.
Ва маънои пардохтани закот: Пардохтани моли махсус
барои мустаҳиққонаш, барои ризои Аллоҳ аст.
Ва маънои рӯзаи моҳи Рамазон: Он рӯза доштани як моҳ
дар сол, аз дамидани субҳи рӯзаш то нишастани офтоби ҳа-
мон рӯз ба боз истодан аз хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳо аз рӯи
умеди аҷру савоби Аллоҳ барои Аллоҳ рӯза доштан аст.
Ва маънои ҳаҷ: Он қасди хонаи Аллоҳ барои адои феълҳои
ҳаҷ аст ва ҳаҷ дар умр як бор фарз аст.
Ва аркони имон шашто аст:
Имон овардан ба Аллоҳ, малоикаҳои Ӯ, китобҳои Ӯ, расуло-
ни Ӯ ва рӯзи охират ва ба тақдири некӯ бадаш имон овардан
аст.
Ва далели ин аркони шашгона фармудаи Аллоҳ таъолост:
"Некӣ ин нест, ки (ба ҳангоми хондани намоз) рӯи худро
ба сӯи машриқ ё мағриб кунед, балки некӯкор касе аст, ки
ба Аллоҳ ва рӯзи охират ва фариштагон ва китоби Аллоҳ ва
16
паёмбарон имон овардан аст". (Сураи Бақара, ояти: 177) то
охири оят.
Ва далели қадар, фармудаи Аллоҳ таъолост:
Mã âáà ßÞLاﻟﻘﻤﺮ:٤٩
"Мо ҳар чизро ба қадар офаридем". (Сураи Қамар, ояти:
49)
Ва эҳсон як рукн дорад ва он парастидани Аллоҳ, гӯё ки ту
Ӯро мебинӣ, пас агар ту Ӯро набинӣ дар ҳақиқат Ӯ туро
мебинад. Ва далели ин фармудаи Аллоҳ таъолост:
MÙØ×ÖÕÔÓÒÑLاﻟﻨﺤﻞ:١٢٨
"Албатта Аллоҳ бо касоне аст, ки тақво пеша кардаанд ва
касоне ки некӯкоранд". (Сураи Наҳл, ояти: 128)
Ва фармудаи Аллоҳ таъолост:
"Ва бар (Аллоҳи) тавоно ва меҳрубон таваккул кун, ҳамон
касе ки туро ба ҳангоме ки (барои ибодат) бармехезӣ
мебинад ва (низ) ҳаракати туро дар миёни саҷдакунандагон
(мушоҳида мекунад) Ӯст шунаво ва доно". (Сураи Шуъаро,
ояти: 217-218)
Ва фармудаи Аллоҳ таъоло:
MÍ ÌËÊ ÉÈ ÇÆÅÄà ÂÁ À¿¾½¼»ºL
ﻳﻮﻧﺲ:٦١
"Дар ҳеҷ ҳол (ва андешае) нестӣ ва ҳеҷ қисмате аз
Қуръонро аз ҷониби Аллоҳ тиловат намекунӣ ва ҳеҷ амале-
ро анҷом намедиҳед, магар ин ки дар он ҳангом ки вориди
он мешавед, Мо гувоҳ бар шумо ҳастем...". (Сураи Юнус,
ояти: 61) то охири оят.
Ва далели ин аз суннат ҳадиси машҳури Ҷибраил алайҳис
салом аст. Аз Умар разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: Вақте
17
мо назди Паёмбари Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам
нишаста будем, рӯзе дидем, ки марде омад, ҷомааш сахт
сафед буд ва мӯйҳояш сахт сиёҳ буд, бар ӯ асари сафар дида
намешуд ва касе аз мо ӯро намешинохт, то ин ки назди
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам нишаст ва ду зонуи
худро ба ду зонуи Паёмбар часпонид ва ду дасташро бар ду
ронаш ниҳод ва гуфт: Эй Муҳаммад, маро дар бораи Ислом
хабар деҳ.!? Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:
Ислом ин аст, ки гӯвоҳи диҳӣ, ки нест маъбуди барҳақ ҷуз
Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст ва барпо
бидорӣ намозро ва бидиҳи закотро ва рӯза бидорӣ моҳи
Рамазонро ва ба ҳаҷ биравӣ, агар тавони роҳи онро дошта
бошӣ, он мард гуфт: Рост гуфтӣ. Мо тааҷҷуб кардем, савол
мекунад ва тасдиқ менамояд. Гуфт: Пас маро аз имон хабар
деҳ. Гуфт: Имон ин аст, ки ба Аллоҳ ва малоикаҳои Ӯ ва
китобҳои Ӯ ва ба расулони Ӯ ва ба рӯзи охират имон биёварӣ
ва ба тақдири неку бадаш имон биёрӣ. Гуфт: Рост гуфтӣ. Он
мард гуфт: Маро аз эҳсон хабар деҳ. Гуфт: Эҳсон ин аст, ки
бипарасти Аллоҳро гӯё, ки ту Ӯро мебинӣ, пас агар ту Ӯро
набинӣ, дар ҳақиқат Ӯ туро мебинад. Он мард гуфт: Маро аз
рӯзи қиёмат хабар деҳ. Гуфт: Пурсидашуда дар ин масъала аз
пурсанда донотар нест. Он мард гуфт. Пас маро аз нишонаҳои
қиёмат хабар деҳ. Гуфт: Ин ки каниз арбоби худро бизояд ва
ин ки бубинӣ пову тан бараҳнагон, бенаво, чупонро, ки бар
бардоштани қасрҳо зиёдаравӣ мекунанд.
Ровӣ гуфт: Пас он мард рафт, мо андаке истодем, пас Паём-
бар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: Эй Умар, оё медо-
нӣ пурсанда кист?! Гуфтанд: Аллоҳ ва расулаш донотар аст.
Фармуд: Ин Ҷибраил алайҳис салом аст, омад то амри дини
шуморо ба шумо таълим диҳад.1
1 Саҳеҳи Муслим, 1/8.
18
Масъалаи нуҳум: Маънои суоли сеюм: "Паёмбарат кист?".
Пас мӯъмин ҷавоб медиҳад: "Муҳаммад".
Ӯ Муҳаммад алайҳис салоту вас салом, хатмкунандаи
анбиё ва фиристодаи Аллоҳ барои ин уммат, аз ҷин ва инс
аст. Аллоҳ Ӯро барои ҳамаи мардум фиристод, Аллоҳ таъоло
фармуд: MrstuvwxyLاﻷﻋﺮاف:١٥٨ "Бигӯ эй
мардум ман расули Аллоҳ ба сӯи ҳамаи шумо ҳастам".
(Сураи Аъроф, ояти: 158)
Ва Аллоҳ субҳонаҳу фармуд:
Muvwxyz{Lﺳﺒﺄ:٢٨
"Ва (эй паёмбар) Мо туро барои ҳамаи мардум ҷуз
башоратдиҳанда ва бимдиҳанда нафиристодаем". (Сураи
Сабо, ояти: 28)
Пас номи Ӯ Муҳаммад ва номи Ӯ Аҳмад ва номи Ӯ Моҳӣ ва
Ҳошир ва Муқаффӣ1 ва Ӯ набиюттавба2 ва набиюрраҳмат ва
набиюлмалҳамат аст. Ҳамаи ин номҳои Ӯ алайҳис салоту вас
салом аст, локин машҳуртарин, беҳтарин ва бузургтарини он
Муҳаммад аст, ки Ӯро аҳлаш ба он ном гузошта ва Қуръон ба
1 Ал-Моҳӣ касест, ки Аллоҳ ба сабаби ӯ куфрро маҳву нобуд кард. Ва Ҳошир
касест, ки мардум бар қадами ӯ ҳашр мешавад. Ва Оқиб касест, ки баъди анбиё
омад, пас баъди Ӯ набие нест. Ва аммо Муқаффӣ касест, ки бар осори касе ки
пеш аз ӯ омадааст, меояд. Пас Аллоҳ ӯро бар осори расулони пешин фиристод.
(Зод-ул-масир, 1/91)-ро назар кун.
2 Набиюттавба-касест, ки ба сабаби ӯ Аллоҳ дари тавбаро бар аҳли замин кушод,
пас Аллоҳ тавбаи ононро пазируфт, ки монанди он барои аҳли замин пеш аз он
ҳосил нашуда буд. Ва аммо набиюлмалҳамат-касест, ки ба ҷиҳоди душманони
Аллоҳ фиристода шуд, пас паёмбаре ва умматаш ҳаргиз ҷиҳод накард, он
андозае ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва умматаш ҷиҳод кард. Ва
аммо набиюрраҳмат-касест, ки Аллоҳ ӯро барои раҳмати оламиён фиристод,
пас ба сабаби ӯ ҳамаи аҳли заминро, мӯъмину кофири онҳоро раҳмат кард,
аммо мӯъминон пас насиби фаровоне аз раҳмат ноил шуданд ва аммо кофирон,
пас аҳли китоби онҳо, дар зери сояи ӯ ва таҳти аҳди ӯ зиндагӣ карданд. (Зод-ул-
масир, (1/93)-ро назар кун!.
19
он омадааст, Аллоҳ таъоло мефармояд: M# " !Lاﻟﻔﺘﺢ:٢٩
"Муҳаммад Расулуллоҳ аст". (Сураи Фатҳ, ояти: 29)
Ва Аҳмад инчунин аст, ҳамчуноне ки ба он Исо алайҳис
салом башорат дод: M8 7 6 5 4 3 2Lاﻟﺼﻒ:٦ "Ва
муждадиҳанда ба расуле ҳастам, ки баъд аз ман меояд ва
номаш Аҳмад аст". (Сураи Саф, ояти: 6)
Ва Ӯ Муҳаммад ва номи падараш Абдуллоҳ ва номи бобо-
яш Абдулмутталиб аст. Ва Абдулмуталиб лақаб аст, вагарна
номаш Шайба аст ва номи падари бобояш Ҳошим аст ва ӯ
сайиде аз сайидҳои Қурайш буд, ҳамчуноне ки Абдулмуталиб
инчунин буд. Ва Ҳошим аз Қурайш аст ва Қурайш қабилаи
калон аст ва он беҳтарини араб аст ва Паёмбар саллаллоҳу
алайҳи ва саллам аз хоссаи онон аз бани Ҳошим аст ва онон
беҳтарини Қурайш ҳастанд. Ва номи Қурайш Феҳр ибни
Молик аст. Ва гуфта шуд: Ӯ Назр ибни Кинона бобои Феҳр
ибни Молик аст. Ва онон аз насли Исмоил ибни Иброҳими
халил ҳастанд.
Ва шашту се сол умр дошт, чил сол пеш аз нубувват ва
бисту се сол набию расул буд, ба "Иқра" набӣ ва ба
"Муддассир" расул шуд ва ватанаш Макка аст. Аллоҳ ӯро ба
бим додан аз ширк ва ба сӯи тавҳид даъват кардан фиристод.
Ва далели ин фармудаи Аллоҳ таъолост:
"Эй ҷома ба худ печида (аз ҳайбати ваҳй), бархез, пас
битарсон ва Парвардигоратро бузург бишумор ва либосатро
покиза дор ва аз палидӣ дурӣ кун ва набояд, ки чизе
бидиҳӣ (дар иваз) зиёда талаб кунӣ ва барои (ҳукми)
Парвардигорат, пас сабр кун". (Сураи Муддассир, ояти: 1-7)
20
Ва маънои "Бархез, пас битарсон" аз ширк бим медиҳад ва
ба сӯи тавҳид даъват мекунад. Воҳидӣ гуфт: "Бархез, пас
битарсон" кофирони Маккаро аз азоб, агар Парвардигоратро
ягона напарастанд.1
"Ва Парвардигоратро бузург бишумор" яъне ба тавҳид Ӯро
дар бандагӣ бузург бишумор. Имоми муфассирон Ибни
Ҷарири Табарӣ дар маънояш гуфт: "Ва эй Муҳаммад, Парвар-
дигоратро дар ибодаташ бузург бишумор ва дар ҳоҷатҳоят ба
сӯи Ӯ рағбат кун на ба ғайри Ӯ аз олиҳаҳо ва ҳамтоён".2
"Ва либосатро покиза дор". Яъне амалҳоятро аз ширк ва
маъсиятҳо пок кун!
"Ва аз руҷз (бут) дурӣ кун". Руҷз-бутҳо ва ҳаҷри он-тарки он
аст, инро Ибни Аббос гуфтааст.3
Даҳ сол ба сӯи тавҳид даъват мекард ва баъди даҳ сол ба
сӯи осмон бурда ва бар Ӯ панҷ вақт намоз фарз гардонида
шуд ва дар Макка се сол намоз гузорид ва баъди он ба ҳиҷрат
кардан ба сӯи Мадина амр карда шуд.
Ва ҳиҷрат интиқол (кучидан) аз шаҳри ширк ба сӯи шаҳри
Ислом аст ва он то рӯзи қиёмат боқӣ аст. Аллоҳ таъоло
фармуд: ML K J I H G F E DLاﻟﻌﻨﻜﺒﻮت:٥٦ "Эй
бандагони Ман, ки имон овардаед! Замини ман васеъ аст,
пас танҳо Маро бипарастед". (Сураи Анкабут, ояти: 56)
Заҷҷоҷ гуфт: "Ононро ба ҳиҷрат аз ҷое ки дар онҷо бар
онон ибодати Аллоҳ имкон надорад, ба сӯе ки барояшон
ибодат муҳаё мегардад, амр кард, сипас ононро ба марг
тарсонд, то бар онон ҳиҷрат осон гардад".4
1 Ал-Басит, 22/394.
2 Ҷомеъ-ул-баён, 23/405.
3 Масдари собиқ.
4 Зод-ул-масир, 3/412.
21
Ва далел бар ҳиҷрат аз суннат, фармудаи Паёмбар
саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст: "Ҳиҷрат қатъ намешавад,
то ки тавба қатъ шавад ва тавба қатъ намешавад, то ки
офтоб аз офтобшин тулӯъ кунад".1
Пас ҳангоме ки дар Мадина қарор гирифт ба бақияи
шариатҳои Ислом монанди закот, рӯза, ҳаҷ, азон, ҷиҳод, амри
ба маъруф, наҳй аз мункар ва ғайра аз шариатҳои Ислом амр
карда шуд, бар ин даҳ сол амал кард ва баъди он миронида
шуд, салавоту саломи Аллоҳ бар вай бод ва дини Ӯ боқӣ аст.
Ва ин дини Ӯст, хайре нест, магар умматро бар он далолат
карда ва бадие нест, магар умматро аз он ҳазар кунонда аст
ва хайре ки умматро бар он далолат кардааст: Тавҳид ва
ҳамаи он чизе ки Аллоҳ онро дӯст медорад ва аз он розӣ
мешавад, мебошад. Ва шарре ки аз он ҳазар кунонда аст:
Ширк ва ҳамаи он чизе ки Аллоҳ онро бад мебинад ва рад
менамояд, мебошад.
Ва Аллоҳ ба сабаби Ӯ динро комил кард ва далели ин
фармудаи Аллоҳ таъолост:
MUTSRQP ONMLKLاملﺎﺋﺪة:٣
"Имрӯз дини шуморо бароятон комил кардам ва неъмати
худро бар шумо тамом кардам ва Исломро ба унвони оини
(ҷовидони) шумо пазируфтам". (Сураи Моида, ояти: 3)
Масъалаи даҳум: Донистани ин се масъала, ки ҳамаи
динро ҷамъ мекунад, ба он амал кардан зарур аст ва ба сӯи
он даъват кардан ва он чизе ки ба хотири он вомехӯрад сабр
кунад. Ва далел фармудаи Аллоҳ таъолост:
1 Инро Аҳмад (16906) ва Абӯдовуд (2479) аз ҳадиси Муовия разияллоҳу анҳу
ривоят карданд.
22
"Ба аср савганд, албатта инсонҳо дар зиёнанд, магар
касоне ки имон оварда ва амалҳои солиҳ анҷом доданд ва
якдигарро ба ҳақ васият карданд ва якдигарро ба сабр
васият карданд". (Сураи аср, ояти: 1-3)
Шофеъӣ раҳимаҳуллоҳу таъоло гуфт: "Агар мардум ҳамин
сураро андеша кунанд, ҳароина барои онон басанда аст".1
Пас ин сураи бузург далолат кард бар ин ки дин бар чор
амр қоим аст:
1-Имон овардан ба ҳақ ва он фармудаи Аллоҳ таъолост:
"Ҷуз касоне ки имон оварданд". Ва он ҳамон чизест, ки аз
зикри се масъала гузашт.
2-Ва ба он амал кардан ва он фармудаи Аллоҳ таъолост:
"Ва амали солиҳ анҷом доданд".
3-Ва ба сӯи он даъват кардан ва он фармудаи Аллоҳ
таъолост: "Ва ба ҳақ якдигарро васият карданд".
4-Ва бар озоре ки дар роҳи он вомехӯрад сабр кардан ва
он фармудаи Аллоҳ таъолост: "Ва ба сабр якдигарро васият
карданд".
Алҳамду лиллоҳ тамом шуд.
Ба фазлу ёрии Аллоҳ таъоло тарҷумаи ин китоб
26/3/1440 ҳиҷрӣ мувофиқи 4/12/2018 мелодӣ, соати:
1:00 ба поён расид. Аз Аллоҳ дархост мекунам, ки ин
амали бандаро дар мизони ҳасаноташ қарор диҳад.
Мадинаи МунаввараБа қалами: Шаҳобиддин Солиҳ
1 Тафсир-ул-Қуръон-ил-азими Ибни Касир, 1/203.