Инчунин дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим аз ҳазрати Ҳузайфа (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
(إِنَّ مَعَهُ مَاءً وَنَارًا فَنَارُهُ مَاءٌ بَارِدٌ وَمَاؤُهُ نَارٌ)
“Даҷҷол об ва оташ бо худ дорад, оташи ӯ дар воқеъ хунук аст ва оби ӯ дар воқеъ оташ аст" дар ривояти Муслим омадааст: “فلا تهلكوا" “Пас худро ба ҳалокат наяндозед" (Бухорӣ, китоби “Алфитан" боби “зикри Даҷҷол". Фатҳул-борӣ 13\90, Муслим китоби “Алфитан" боби “зикри Даҷҷол" 4\2249, шумораи: 2934)
Дар ривояти дигари Муслим, ки инчунин онро аз ҳазрати Ҳузайфа (р) ривоят мекунад, омадааст: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
(لَأَنَا أَعْلَمُ بِمَا مَعَ الدَّجَّالِ مِنْهُ مَعَهُ نَهْرَانِ يَجْرِيَانِ أَحَدُهُمَا رَأْيَ الْعَيْنِ مَاءٌ أَبْيَضُ وَالْآخَرُ رَأْيَ الْعَيْنِ نَارٌ تَأَجَّجُ فَإِمَّا أَدْرَكَنَّ أَحَدٌ فَلْيَأْتِ النَّهْرَ الَّذِي يَرَاهُ نَارًا وَلْيُغَمِّضْ ثُمَّ لْيُطَأْطِئْ رَأْسَهُ فَيَشْرَبَ مِنْهُ فَإِنَّهُ مَاءٌ بَارِدٌ)
“Ман чизҳои ҳамроҳи Даҷҷолро аз худаш беҳтар медонам. Ӯ ду дарёи равон дорад. Як дарё дар зоҳир оби гуворо ва сафед аст ва дарёи дигар дар зоҳир оташи шуълавар. Агар касе аз шумо дар замони зуҳури Даҷҷол зинда бимонад, ончиро, ки дар зоҳир оташ аст, ихтиёр кунад, чашмро поён гирифта ва аз он бинӯшад, чун он оташ дар воқеъ оби хунук аст" (Муслим, китоби “Алфитан" 4\2252, шумораи: 2937)
Дар ҳидиси дигари имом Муслим омадааст, ки Даҷҷол зуҳур мекунад, бо худ об ва оташ дорад. Ончиро, ки мардум ба сурати об мебинанд дар воқеъ оташ аст, ки месӯзонад ва ончиро, ки мардум ба сурати оташ мебинанд, оби хунук ва ширин аст. Ҳар кас аз шумо замони Даҷҷолро дарёбад, ончиро, ки ба сурати оташ мебинад ихтиёр кунад, зеро дар воқеъ оби ширин ва покиза аст. (Муслим, китоби “Алфитан")
Аз нусус чунин бармеояд, ки мардум ҳақиқати чизҳоро, ки Даҷҷол ба ҳамроҳи худ дорад намешиносанд. Ончи, ки мебинанд ҳикоят аз воқеияти амр надорад, балки мухолифи воқеият аст. Бинобар ин дар аҳодиси саҳеҳи Муслим чунин омадааст:
(إِنَّهُ يَجِيءُ مَعَهُ مِثْلُ الْجَنَّةِ وَالنَّارِ فَالَّتِي، فالتی یقول: انها الجنة هی النار)
“Даҷҷол намунаи биҳишт ва дӯзахро ба ҳамроҳ дорад, чизе, ки биҳишт аст дар воқеъ дӯзах аст" (Муслим, китоби “Алфитан" шумораи: 2936)
3. Кумак гирифтан аз шайтонҳо
Даҷҷол аз шайтонҳо ёрӣ ва кумак меҷӯяд ва равшан аст, ки шайтонҳо хидмат барои касоне мекунанд, ки дар ниҳояти ҷаҳолат ва гумроҳӣ ба сар бибаранд ва қоил ба бандагии ғайри Худованд бошанд. Дар саҳеҳи ибни Моҷа ибни Хузайма ва Мустадрак аз Абуумома (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(وَإِنَّ مِنْ فِتْنَتِهِ أَنْ يَقُولَ لِأَعْرَابِيٍّ أَرَأَيْتَ إِنْ بَعَثْتُ لَكَ أَبَاكَ وَأُمَّكَ أَتَشْهَدُ أَنِّي رَبُّكَ فَيَقُولُ نَعَمْ فَيَتَمَثَّلُ لَهُ شَيْطَانَانِ فِي صُورَةِ أَبِيهِ وَأُمِّهِ فَيَقُولَانِ يَا بُنَيَّ اتَّبِعْهُ فَإِنَّهُ رَبُّكَ)
“Аз ҷумлаи фитнаҳои Даҷҷол ин аст, ки ба инсони ҷоҳил ва аъробӣ мегӯяд: Оё агар ман падар ва модари мурдаи туро зинда кунам гувоҳӣ медиҳи, ки ман парвардигори ту ҳастам? Мегӯяд: Бале. Онгоҳ шайтонҳо ба сурати падар ва модари он марди аъробӣ дармеоянд ва мегӯянд: Эй фарзанди азизам аз ӯ пайравӣ кун, ҳамоно ӯ парвардигори ту аст." (Саҳеҳ ҷомеул-сағир, 6\274, шумораи: 7752)
4. Итоати ҳайвонот ва ҷимодот аз Даҷҷол
Аз ҷумлаи абзори фитнаи Даҷҷол, ки Худованд ба василаи он бандагонашро меозмояд ин аст, ки ба осмон амр мекунад то биборонад, ба замин дастур медиҳад то алаф бирӯёнад ва ба ҳайвонот амр мекунад то тобеи ӯ шаванд ва ба вайронаҳо амр мекунад то ганҷҳои пинҳонро зоҳир кунанд. Дар ҳамаи маворид аз ӯ итоат мешавад. Дар Саҳеҳи Муслим аз Навос ибни Самъон ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
“Даҷҷол назди мардум меояд, мардумро даъват мекунад, ба ӯ имон меоранд ва аз ӯ итоат ва пайравӣ мекунанд. Ба осмон амр мекунад биборад, ба замин дастур медиҳад гиёҳ ва дарахт бирӯёнад. Чорвоҳои мардум ба теъдоди бисёр зиёд ва бо пистонҳо пур аз шир ва бисёр фарбеҳ ҳамроҳ бо онон роҳ мераванд. Назди мардум меоянд, мардумро даъват мекунанд, мардум суханонашро рад мекунанд, мардум бекору бечиз мешаванд, чизе дар ихтиёри онҳо боқӣ намемонад. Аз канори вайронаҳо мегузарад ва хитоб ба онҳо мегӯяд: Ганҷҳои худро берун биоред. Ганҷҳои вайронаҳо монанди занбурҳои асал, ки аз маликаи худ пайравӣ мекунанд, аз ӯ пайравӣ хоҳанд кард" (Саҳеҳи Муслим, китоби “Алфитан" 4\2252, шумораи: 2937)
5. Куштан ва зинда кардан
Аз ҷумлаи абзори фиреби ӯ ин аст, ки фарди муъминро дар назари мардум мекушад ва сипас иддио мекунад, ки ӯро зинда мегардонад. Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз Абусаъид (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) сухани бисёр зиёде перомуни Даҷҷол барои мо баён кард ва фармуд:
“Даҷҷол зуҳур мекунад. Ворид шудан ба Мадинаи мунаввара барояш мамнуъ хоҳад буд. Дар баъзе манотиқи санглох дар беруни Мадина таваққуф мекунад. Марде, ки дар он рӯзгор аз беҳтарини мо хоҳад буд, назди вай меояд ва мегӯяд: Ман гувоҳӣ медиҳам ту ҳамон Даҷҷоле ҳасти, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моҷарои туро барои мо баён кардааст. Даҷҷол мегӯяд: Оё агар инро бикушам ва зинда гардонам боз ҳам шумо иддиои худо буданамро рад мекунед ва шакку тардид доред? Мардум мегӯянд: На хайр. Даҷҷол он инсони мавриди назарро дар зоҳир мекушад ва сипас ӯро зинда мекунад, он мард мегӯяд: Акнун беш аз ҳар замони дигар ба ҳақиқати ту пай бурдам. Даҷҷол бори дигар қасди куштани ӯро дорад аммо ин бор қудрати чунин кореро дар худ намебинад" (Бухорӣ, китоби “Алфитан". Фатҳул-борӣ: 13\101. Муслим: 4\2256, шумораи: 2938)
Имом Муслим аз Абусаъиди Худрӣ (р) чунин ривоят мекунад: Даҷҷол зуҳур мекунад, марди муъмине ба сӯи ӯ роҳсипор мешавад, мардони силоҳбадасти Даҷҷол ӯро дида аз ӯ мепурсанд: Куҷо меравӣ? Марди муъмин мегӯяд: Қасд дорам пеши он кас биравам, ки зуҳур кардааст (яъне Даҷҷол). Ба ӯ мегӯянд: Оё ту ба парвардигори мо имон намеовари? Марди муъмин мегӯяд: Парвардигори мо пинҳон аст. Пайравони Даҷҷол мегӯянд: Ӯро бикушед. Афроде аз пайравонаш хитоб ба ҳамдигар мегӯянд: Оё ӯ шуморо аз куштан манъ накардааст, магар касеро, ки худаш бикушад? Онгоҳ он марди муъминро назди Даҷҷол мебаранд, вақте марди муъмин Даҷҷолро мебинад, мегӯяд: Эй мардум! Ин Масеҳи Даҷҷол аст, ҳамон Даҷҷоле, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи он хабар додааст. Даҷҷол дастур медиҳад ӯро бигиранд, бизананд ва захмӣ кунанд. Ӯро бар замин хобонида бисёр лату куб мекунанд. Онгоҳ аз ӯ мепурсанд: Оё имон намеовари? Он марди муъмин мегӯяд: Ту Масеҳи дурӯғгӯ ҳасти. Даҷҷол дастур медиҳад то он марди муъминро аз фарқи сар ба василаи арра ду пора кунанд. Даҷҷол худ миёни он ду порра роҳ меравад ва мегӯяд: Баланд шав! Он ду пора бо ҳам васл шуда ба ҳолати аввалӣ бозмегардад. Даҷҷол мепурсад: Оё ба ман имон оварди? Мегӯяд: Акнун туро беш аз пеш шинохтам. Сипас мегӯяд: Ин кор бо касе дигар баъд аз ман анҷом намегирад. Даҷҷол он марди муъминро мегирад то забҳаш кунад, оҳани бузурге рӯи синааш мегузорад то наҷунбад, дасту пойҳояшро мебандад ва ба зоҳир ӯро дар оташ меандозад, вале дар воқеъ ӯ ба биҳишт андохта мешавад. Зеро дӯзахи ӯ биҳишт аст. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ин марди муъмин назди Худо бузургтарин шаҳид аст. (Муслим, китоби “Алфитан" 4\2256, шумораи: 2938)
Матлаби ҳаштум: Маҳали зуҳури Даҷҷол
Даҷҷол аз машриқзамин, аз шаҳрҳои форси Хуросон зуҳур мекунад. Дар ҳадисе, ки Тирмизӣ, Ибни Моҷа, Ҳоким ва Аҳмад ва Зиё дар Мухтор аз ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) ривоят мекунанд чунин омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(إن الدجال يخرج من أرض بالمشرق، يقال لها: (خراسان) يتبعه قوم كأن وجوههم المجان المطرقة)
“Даҷҷол аз машриқзамин, ҷое, ки ба он Хуросон гуфта мешавад, зуҳур мекунад. Касоне аз Даҷҷол пайравӣ мекунанд, ки чеҳраҳояшон монанди сипари сайқалшуда аст" (Силсила ал-аҳодис ас-саҳиҳа: 4\122, шумораи: 1591)
Аммо мусалмонон замоне ӯро мешиносанд, ки миёни Ироқ ва Шом (Сурия) мерасад. Дар ҳадиси Навос ибни Самъон омадааст: Даҷҷол дар як фосилаи миёни ду кишвар, Ироқ ва Шом зуҳур мекунад ба сӯи чап ва рост барои ривоҷ додани фитна меравад, эй бандагони Худо (дар баробари фитнаи Даҷҷол) собитқадам бошед. (Саҳеҳи Муслим, боби “зикри Даҷҷол" китоби “Алфитан")
Матлаби нуҳум: Муддати будубоши Даҷҷол дар рӯи замин
Саҳобагон (р) дар бораи муддат ва замони будубоши Даҷҷол дар замин пурсиданд, Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: Чиҳил рӯз, як рӯз баробари як сол ва рӯзи дуввум баробари як моҳ ва рӯзи сеюм баробари як ҳафта ва дигар рӯзҳояш монанди рӯзҳои маъмулии шумо хоҳанд буд. Савол шуд: Эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) он рӯз, ки баробари як сол хоҳад буд оё намозҳои як рӯз барои мо кофӣ аст? Фармуданд: На хайр, он рӯзи тулониро бо рӯзҳои маъмулӣ муқоиса намуда (ба миқдори ҳар рӯз панҷ намоз) хонда шавад. (Ҷомеул-усул: 10\345, шумораи: 7839) (Муслим ва Абудовуд)
Посухи Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба саволи саҳобагон мабнӣ бар инки оё панҷ намоз дар он як рӯз, ки баробар ба як сол хоҳад буд кифоят мекунад ё не, ҳикоят аз он мекунад, ки рӯзҳо ҳақиқатан на маҷозан, ба андозаи як сол, як моҳ ва як ҳафта тулонӣ мешаванд.
Матлаби даҳум: Пайравони Даҷҷол
Масеҳи Даҷҷоли кур ва дурӯғгӯ ҳамон подшоҳе аст, ки яҳудиҳо дар интизори расидани ӯ ҳастанд то дар даврони ӯ бар дунё ҳукумат кунанд. Дар Муснади Аҳмад аз Усмон ибни Абулъос (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(أكثر اتباع الدجال اليهود والنساء)
“Бештар пайравони Даҷҷол яҳуд ва занон ҳастанд"
Дар ҳадиси Анас ибни Молик, ки имом Муслим онро дар Саҳеҳи худ овардааст, чунин омадааст: Ҳафтод ҳазор тан аз яҳуди Исфаҳон, ки абоаи (ҷомаи) махсус доранд, аз Даҷҷол пайравӣ мекунанд. (Муслим, китоби “Алфитан" 4\2266, шумораи: 2944)
Абунуайм мегӯяд: Яке аз маҳалаҳо ё қаряҳои Исфаҳон мавсум ба “яҳудия" буд. Зеро он қаря ё маҳалаи махсуси яҳудиҳо буд ва то замони Аюб ибни Зиёд ҳокими Миср дар даврони Маҳдӣ ибни Мансури Аббосӣ ҳамин вазъият идома дошт.
Мусалмонон дар бахше аз он сокин шуданд ва бахши дигари он ҳамчунон барои яҳуд боқӣ монд.
Номи Даҷҷол назди яҳуд Масеҳ ибни Довуд аст. Яҳудиҳо иддио доранд, ки Масеҳ дар охири замон зуҳур мекунад ва ҳукуматаш дар дарё ва хушкӣ густариш пайдо мекунад ва дарёҳо ҳамроҳи ӯ ҳаракат мекунанд. Яҳудиҳо чунин иддио доранд, ки Даҷҷол, нишоне аз нишонаҳои Худованд аст. Яҳудиён дар ин иддиои худ дурӯғ мегӯянд. Масеҳ ибни Довуд фаришта ё нишоне аз нишонаҳои Худованд нест, балки ӯ ҳамон масеҳи гумроҳкунанда аст. Албатта масеҳи ҳидоятгар ва роҳнамо Исо ибни Марям аст. Ҳазрати Исо (а) он масеҳи гумроҳ, яъне Даҷҷол ва пайравони яҳудӣ ӯро ба қатл мерасонад.
Матлаби ёздаҳум: Маҳфуз мондани Макка ва Мадина аз Даҷҷол
Даҷҷол қасди рафтан ба Мадинаи мунаввараро мекунад, аммо наметавонад вориди Мадина шавад. Зеро Худованди муттаол Макка ва Мадинаро аз Даҷҷол ва вабо ҳифозат кардааст ва муҳофизати ин ду шаҳри муқаддасро ба фариштагон супурдааст. Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз ҳазрати Абуҳурайра (р) ҳадиси марфуъе нақл шудааст, ки дар вуруди шаҳри Мадинаи мунаввара фариштагон гумошта шудаанд то аз вуруди Даҷҷол ва вабо пешгирӣ шавад.
Инчунин дар Саҳеҳи Бухорӣ аз ҳазрати Анас (р) ривоят аст: Тарсу бими Даҷҷол дохили Мадина намешавад. Он рӯз Мадинаи мунаввара ҳафт дарвозаи вурудӣ хоҳад дошт, ба ҳар дарвозае ду фаришта гумошта шудааст. (Бухорӣ, китоби “Алфитан". Фатҳул-борӣ: 13\90)
Дар Сунани Тирмизӣ ва Муснади Аҳмад аз ҳазрати Абуҳурайра (р) ривоят шудааст: Даҷҷол аз тарафи шарқ меояд ва қасди ворид шудан ба Мадинаи мунаввараро дорад, вақте ба пушти “Уҳуд" мерасад бо фариштагон бархурд мекунад, ҷиҳат ва масири худро ба сӯи Шом иваз мекунад ва дар онҷо ба ҳалокат мерасад. (Тирмизӣ ин ҳадисро саҳеҳ донистааст)
Дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим аз ҳазрати Анас (р) ривоят шудааст:
(لَيْسَ مِنْ بَلَدٍ إِلَّا سَيَطَؤُهُ الدَّجَّالُ إِلَّا مَكَّةَ وَالْمَدِينَةَ لَيْسَ لَهُ مِنْ نِقَابِهَا نَقْبٌ إِلَّا عَلَيْهِ الْمَلَائِكَةُ صَافِّينَ يَحْرُسُونَهَا فينزل بالسبخة ثُمَّ تَرْجُفُ الْمَدِينَةُ بِأَهْلِهَا ثَلَاثَ رَجَفَاتٍ فَيُخْرِجُ اللَّهُ كُلَّ كَافِرٍ وَمُنَافِقٍ)
“Ҳеҷ шаҳре нест, ки Даҷҷол вориди он нашавад, магар Макка ва Мадина. Дар даромадгоҳи ин ду шаҳр фариштагоне гумошта шудаанд ва аз он нигоҳбонӣ мекунанд. Даҷҷол дар минтақаи шуразори аз заминҳои Мадина нозил мешавад. Шаҳри Мадина се бор ба ларза меояд. Ҳар кофир ва мунофиқе, ки дар Мадина зиндагӣ мекунад бо ин се ларза аз Мадина берун шуда ба тарафи Даҷҷол ба роҳ меафтанд" (Саҳеҳул-ҷомеъ: 5\99, шумораи: 7752)
Матлаби дувоздаҳум: Роҳи наҷот аз Даҷҷол
Дар мабҳасҳои гузашта баён намудем, ки мусалмонон андаке пеш аз зуҳури Даҷҷол дорои қудрату шавкати бузурге хоҳанд шуд ва вориди ҷангҳои хатарноке мешаванд ва ба пирӯзӣ даст меёбанд. Даҷҷол барои хотима додан ба ин қудрати бузург, ки бузургтарин ҳукумати замони худро аз пой даровардааст, вориди арсаи набард мешавад. Мусалмонҳо дар он рӯзгор Қустантинияро фатҳ мекунанд. Шаётин мусалмонҳоро нидо медиҳанд, ки Даҷҷол дар хона ва манзилҳоятон ворид шуда ва ҷонишини шумо гаштааст. Мусалмонон амволи ғаниматро раҳо карда ба сӯи хонаҳояшон бармегарданд. Сипас Даҷҷол дар ҳоле берун меояд, ки мусалмонон аслиҳаро бар замин нагузоштаанд, дар ҳамин ҳолат ҳазрати Исо (а) нозил мешавад ва мусалмононро дар ҳоли омодагӣ ва тадоруки ҷангӣ мебинад. Бар ҳар мусалмон воҷиб аст, ки ба нерӯҳои исломии ҳомили парчами ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ бипайванданд ва барои дини Худо ҷиҳод кунад, ҳарчанд шароит ва авзоъ сахт ва душвор бошад. Оре, ин ҳамон чизе аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моро ба он васият намудааст. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд:
(إِنَّهُ يَخْرُجُ مِنْ خَلَّةٍ بَيْنَ الشَّامِ وَالْعِرَاقِ فَعَاثَ يَمِينًا وَعَاثَ شِمَالًا يَا عِبَادَ اللَّهِ اثْبُتُوا)
“Даҷҷол дар фосилаи миёни ду кишвар, яъне Ироқ ва Шом зуҳур мекунад. Ба рост ва чап фасодро тарвиҷ медиҳад. Эй бандагони Худованд собитқадам бимонед" (Муслим: 2\2252, шумораи: 2937)
Мусалмонро ҷоиз нест назди Даҷҷол биояд, ҳарчанд ба худ эътимод дошта бошад. Зеро Даҷҷол шубуҳот ва ҳилаҳое бо худ дорад, ки имонро мутазалзил месозад. дар Сунани Абудовуд аз Имрон ибни Ҳусайн ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
(مَنْ سَمِعَ بِالدَّجَّالِ فَلْيَنْأَ عَنْهُ فَوَاللَّهِ إِنَّ الرَّجُلَ لَيَأْتِيهِ وَهُوَ يَحْسِبُ أَنَّهُ مُؤْمِنٌ فَيَتَّبِعُهُ مِمَّا يَبْعَثُ بِهِ مِنْ الشُّبُهَاتِ أَوْ لِمَا يَبْعَثُ بِهِ مِنْ الشُّبُهَاتِ)
“Ҳар кас дар бораи Даҷҷол бишнавад аз ӯ дурӣ биҷӯяд. Савганд ба Худо марди мусалмон назди ӯ меояд ва худро муъмин медонад аммо аз шубуҳоташ пайравӣ мекунад" (Ҷомеул-усул: 10\354, шумораи: 7846)
Касоне, ки тавони муқобила ва мубориза бо Даҷҷолро надоранд, метавонанд аз масири Даҷҷол фирор кунанд ва ин амал (яъне гурехтан аз Даҷҷол) дар он рӯзгор ба касрат анҷом мегирад, яъне бисёре аз мардум аз вай мегурезанд.
Дар Саҳеҳи Муслим аз Умми Шарик (р) ривоят шудааст: Аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мефармуд: Мардум ба хотири наҷот аз Даҷҷол ба кӯҳҳо фирор мекунанд. Агар мусалмон чора надошт, ғайри мубориза ва муқобила бо Даҷҷол онгоҳ бар вай лозим аст, ки собитқадам бимонад ва бо истидлол ва ҳуҷҷат аз ҳақ дифоъ кунад.
Дар ҳадисе омадааст: Агар Даҷҷол дар замоне, ки ман миёни шумо ҳастам зуҳур кунад, ман аз шумо дифоъ мекунам, агар замоне зуҳур кунад, ки ман миёни шумо набошам бояд ҳар шахс аз худаш дифоъ кунад. Албатта Худованд беҳтарин ёвар ва мададгор аст.
Оре, Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) илм ва таълимотеро ба ҷой гузоштааст, ки воқеият ва ҳақиқати Даҷҷолро ба пуррагӣ равшан месозад. Бояд бидонем, ки Даҷҷол ҷисм аст ва қобили дидан ва мушоҳида мебошад, ӯ мехурад ва менӯшад. Худованд дар дунё дида намешавад ва ниёзе ба хурдан ва нӯшидан надорад. Даҷҷол дар чашм нақс ва айб дорад, чунончи дар ҳадис омадааст: Даҷҷол ҷавон ва дорои мӯйҳои печида ва фарфарӣ аст. Як чашми ӯ бенур ё мамсуҳ аст, на барҷаста ва на фурӯрафта аст ва ман ӯро бо Абдулизо ибни Қатан ташбеҳ мекунам. (Муслим, китоби “Алфитан" 4\2254, шумораи 3937)
Касе, ки дорои чунин вижагӣ бошад, қатъан даъвои улуҳият ва рубубияти ӯ дурӯғи маҳз ва ифтиро аст. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) касонеро, ки дар замони зуҳури Даҷҷол зинда мемонанд ба хондани аввалҳои сураи Каҳф тавсия фармудааст. Дар ҳадиси Абиумома омадааст:
(إِنَّ مِنْ فِتْنَتِهِ أَنَّ مَعَهُ جَنَّةً وَنَارًا فَنَارُهُ جَنَّةٌ وَجَنَّتُهُ نَارٌ فَمَنْ ابْتُلِيَ بِنَارِهِ فَلْيَسْتَغِثْ بِاللَّهِ وَلْيَقْرَأْ فَوَاتِحَ الْكَهْفِ)
“Аз ҷумлаи фитнаи Даҷҷол ин аст, ки дӯзахи ӯ биҳишт ва биҳишти ӯ дӯзах аст. Ҳар кас ба дӯзахи ӯ мубтало шуд аз Худованди муттаол кумак ҷӯяд ва аввалҳои сураи Каҳфро тиловат кунад" (Ибни Моҷа, Тирмизӣ, ва Ҳоким бо санади саҳеҳ. Саҳеҳул-ҷомеъ: 6\274, шумораи: 7752)
Дар баъзе аҳодис омадааст: Ҳар кас даҳ оят аз сураи Каҳфро ҳифз кунад аз Даҷҷол маҳфуз мемонад. Дар баъзе аҳодиси аз аввали сураи Каҳф ва дар баъзеи дигар аз охири он омадааст. (Китоби “Ан-ниҳоят", Ибни Касир: 1\154)
Дар посух ба ин савол, ки чаро аввали сураи Каҳф ё хотимаи ин сура сабаби амон аз фитнаи Даҷҷол мешавад, баъзеҳо мегӯянд: Зеро Худованд дар оғоз ва муқаддимаи сураи Каҳф он чанд нафар ҷавонро аз фитнаи тоғуте, ки дар нобудии онҳо баромада буд, амон дод ва ин ҷараён дар оғози сура унвон шудааст. Бинобар ин касе, ки чунин вазъияте дорад, яъне вазъияти мушобиҳе бо асҳоби Каҳф дорад, хондани ин оятҳо ба таносуби ташбеҳ бо соҳиби Каҳф сабаби наҷоти ӯ аз фитнаи Даҷҷол мешавад.
Баъзеҳо мегӯянд: Чун аввали сураи Каҳф муштамил бар аҷоиб ва шигифтиҳое аст, ки қалби хонандаро тақвият мекунанд ва оёте ҳастанд, ки тиловаткунандаро аз нигоҳи руҳӣ тасбит мекунанд. Бинобар ин ҳар касе онҳоро тиловат кунад ба фитнаи Даҷҷол гирифтор намешавад ва фитнаҳои Даҷҷолро нодир ва шигифтангез намедонад ва дучори ғафлат намешавад ва дасисаҳои Даҷҷол дар вай асар нахоҳанд кард.
Аз ҷумлаи омилҳое, ки мусалмононро аз Даҷҷол ва фитнаҳои он нигоҳ медорад, паноҳ бурдан ба Ҳарамайн, Макка ва Мадина аст, зеро ворид шудан ба Ҳарамайн барои Даҷҷол мамнуъ аст. Аз ҷумлаи омилҳои наҷотдиҳанда аз фитнаи Даҷҷол паноҳ бурдан ба Худованд ва хостани ҳимоят аз Ӯ таоло аст. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мусалмононро ба паноҳ бурдан ва ҳимоят хостан аз Худованд амр кардааст. Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз ҳазрати Оиша (р) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам дар намоз аз фитнаҳои Даҷҷол паноҳи Худовандро металабид. (Бухорӣ, китоби “Алфитан". Фатҳул-борӣ: 13\90)
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамвора баъд аз ташаҳҳуд ин дуоро мехонд:
«اللهم انا نعوذبك من عذاب جهنم، من عذاب القبر ومن فتنة المحيا والممات ومن فتنه المسيح الدجال».
“Парвардигоро! аз азоби дӯзах ва сазои қабр ва аз фитнаи марг ва ҳаёт ва аз фитнаи Масеҳи Даҷҷол, ба ту паноҳ мебарем"
Матлаби сездаҳум: Ҳалок шудан ва хотима додан ба фитнаҳои Даҷҷол ва нобудии пайравони яҳудии ӯ
Дар ҳадисҳои гузашта ва дар мабоҳиси қаблӣ ишора шуд, ки ҳалокати Даҷҷол тавассути ҳазрати Исо (а) сурат хоҳад гирифт. Дар ҳамон лаҳзаҳо, ки сипоҳи Ислом омодаи ҷанг мешавад, сафороии низомӣ сурат мегирад, намози ҷамоат барпо мешавад. Исо ибни Марям (а) фурӯд меояд, намозро иқома мекунад. Вақте Даҷҷол ҳазрати Исоро мебинад монанди намак дар об маҳлул ва об мешавад. Агар ба ҳоли худ гузошта шавад об шуда ҳалок мегардад. Аммо Худованд тавассути ҳазрати Исо (а) ӯро мекушад, хуни ӯро ба лашкари Ислом нишон медиҳад. (Саҳеҳи Муслим, китоби “Алфитан", 4\2221, шумораи: 2897)
Дар Сунани Ибни Моҷа, Саҳеҳи Ибни Хузайма ва Мустадраки Ҳоким бо санади саҳеҳ ҳадисе аз Абуумома нақл шудааст:
“Имоми онҳо марди солиҳе аст, вақте имом пеш меравад то намозро иқома кунад, Исо (а) аз осмон нозил мешавад, он имом ба даруни саф бармегардад то Исо (а) имоматии мусалмононро бар уҳда бигирад, Исо (а) дасташро бар китфи ӯ гузошта мегӯяд: Чун барои ту қомат шудааст бояд пеш биравӣ, имом пеш меравад ва барои мардум намозро барпо медорад. Вақте намоз ба поён мерасад Исо (а) мегӯяд: Дарро боз кунед, чун дар боз мешавад мардум Даҷҷолро пушти дар мебинанд, ки ҳафтод ҳазор яҳудии мусаллаҳ ҳамроҳ дорад. Вақте Даҷҷол ба сӯи Исо (а) нигоҳ мекунад монанди намак дар об маҳлул ва об мешавад, по ба фирор мегузорад. Мардум дар дарвозаи Ладд шарқӣ (Ал-ладд номи шаҳре дар Фаластин наздик ба шаҳри Рамла аст) ӯро дастгир мекунанд ва ба қатл мерасонанд. Бо марги Даҷҷол яҳуд шикаст мехурад, ҳама мавҷудот аз санг то чуб ва дару девор алайҳи яҳуд қиём мекунанд ва хитоб ба мусалмонон мегӯянд: Фалон яҳудӣ пушти ман пинҳон шудааст биё ӯро ба қатл бирасон, магар дарахти “ғарқад", ки дарахти яҳудӣ аст, бо яҳуд боқӣ мемонад.
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
(لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى يُقَاتِلَ الْمُسْلِمُونَ الْيَهُودَ فَيَقْتُلُهُمْ الْمُسْلِمُونَ حَتَّى يَخْتَبِئَ الْيَهُودِيُّ مِنْ وَرَاءِ الْحَجَرِ وَالشَّجَرِ فَيَقُولُ الْحَجَرُ أَوْ الشَّجَرُ يَا مُسْلِمُ يَا عَبْدَ اللَّهِ هَذَا يَهُودِيٌّ خَلْفِي فَتَعَالَ فَاقْتُلْهُ إِلَّا الْغَرْقَدَ فَإِنَّهُ مِنْ شَجَرِ الْيَهُودِ)
“Қиёмат барпо намешавад то инки мусалмонон бо яҳуд наҷанганд ва мусалмонон яҳудиёнро мекушанд, ҳатто вақте яҳудие пушти санг ва дарахт худро пинҳон мекунад, санг ва дарахт садо мезанад: Эй инсон, эа бандаи Худо, ин мард, ки пушти ман пинҳон аст яҳудӣ аст, биё ӯро бикуш, ғайр аз дарахти ғарқад, зеро ғарқад аз дарахтҳои яҳуд аст. (Бухорӣ, “Қитолул-муслимин ал-яҳуда". Муслим, китоб “Алфитан ва ашрот ас-соъа", хадиси шумораи: 2922)
Матлаби чордаҳум: Ақидаи Аҳли суннат дар бораи Даҷҷол
Имом Нававӣ дар шарҳи Муслим мегӯяд: Қозӣ мегӯяд: Ҳама ҳадисҳое, ки Имом Муслим ва ғайра дар бораи достони Даҷҷол баён кардаанд барои аҳли сунат, пайравони воқеии Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) далел ҳастанд. Даҷҷол касе аст, ки Худованд ба василаи ӯ бандагонашро меозмояд ва ӯро бар бисёре аз чизҳо мусаллат кардааст, монанди: зинда кардани мурдае, ки ӯро мекушад, зоҳир кардани зебоию сарсабзӣ ва шодобии дунё ва қаҳтии он, биҳишт ва дӯзах ва дарёҳои марбут ба онҳо, рафтани хазонаҳои замин аз пушти вай, амр кардан ба осмонҳо ва боридани он, рӯёнидани алаф ва дарахт ба дастури ӯ. Ҳама ин корҳо ба қудрат ва машияти Худованд ба дасти Даҷҷол сурат мегиранд. Сипас Худованд ин қудратро аз ӯ мегирад ва ӯ наметавонад он мурдаеро, ки зинда карда буд, бори дигар бикушад ва наметавонад бақияи корҳоро анҷом диҳад. Тилисми ӯ шикаста мешавад ва Исо (а) ӯро мекушад ва Худованд муъминонро дар баробари Даҷҷол ва фитнаи ӯ устувор ва побарҷо нигоҳ медорад. Ин аст мазҳаби уламои аҳли суннат ва дигар муҳаддисон ва фуқаҳо. Бар хилофи Хавориҷ ва баъзе Муътазила, ки мункири вуҷӯди Даҷҷол ҳастанд ва бар хилофи Бухории муътазилӣ (Ин он Бухории муҳаддис нест) ва бархе хамфикрони ҷаҳамияи ӯ. Онҳо гумон мекунанд, ки воқеъаи Даҷҷол нодуруст аст, чун Даҷҷол бо чизҳое таъйид мешавад, ки дар доираи муъҷиза қарор мегиранд ва муъҷиза ҳам махсуси паёмбарон аст.
Аммо ин дидгоҳи саҳеҳ нест, чун Даҷҷол бо арзи корҳои хориқулода муддаии нубувват нест то он корҳо муъҷиза бошанд ва дар ҳукми таъйиди нубувваташ иддио шаванд, балки ӯ муддаии улуҳият аст ва дар айни иддио ҳам дурӯғ мегӯяд, чун далоили нақсие монанди кур будан ва ниёз ба обу ғизо ва қазои ҳоҷат ва будани калимаи «کفر» (кафара) бар пешонияш, дар вуҷӯди шуми ӯ ёфт мешавад, ки ноқиси улуҳият ҳастанд. Агар илоҳ бошад бояд битавонад ингуна нақсҳоро аз худ бартараф созад.
Бино бар ин далоил ва далелҳои дигар танҳо афроде дар доми фиреби ӯ гирифтор мешаванд, ки аз ақл ва мантиқ баҳраи кофӣ набурда бошанд ва ҷараёни ҷаҳонро бо ин абзори шинохт баррасӣ нанамоянд ва пайравони онҳо бар асоси сер кардани шикам ва наҷот аз марг ва ба амният расидан аст, на бар асоси ақлу мантиқ.
Аз тарафи дигар чун корҳои ӯ монанди тез рафтан ва ғайра ақли одамиро ҳайрон месозад ва заифон ҳам заҳмати тафаккур ва тааммуқ дар корҳоро ба худ намедиҳанд хеле зуд фиреб мехуранд ва таслими воқеи ноҳинҷор мешаванд, аммо оқилон ва инсонҳои огоҳ бо мутаваҷҷеҳ шудан ба нақс ва ҳудусе, ки бо улуҳият таноқуз дорад нақшаи шуми ӯро кашф мекунанд ва дар доми фиреби хориқулодаташ гирифтор намешаванд.
Матлаби понздаҳум: Даҷҷол ва Ибни Саёд
Ибни Саёд марде аз яҳудони Мадина аст, номи ӯ “Соф" аст. Ӯ дар бисёре аз сифот монанди Даҷҷол аст. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳоли Ибни Саёд машкук буд. Беш аз як бор Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар садад баромаданд то ҳақиқати ҳоли ӯро кашф кунанд. Ин нукта ҳикоят аз он дорад, ки дар бораи Ибни Саёд чизе ба Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ваҳй нашудааст. Дар Саҳеҳи Муслим аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят аст:
“Умар ибни Хатоб (р) ҳамроҳ бо Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба сӯи қабилае, ки Ибни Саёд дар онҷо буд, ба роҳ афтоданд. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Ибни Саёдро дид, ки ҳамроҳ бо кудакон наздик ба хонаҳои Бани Мағола бозӣ мекард. Ӯ аз омадани Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огаҳ нашуд то инки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дасти мубораки худро бар пушти ӯ зад ва аз ӯ пурсид: Ту гувоҳӣ медиҳи, ки ман Расул ва фиристодаи Худо ҳастам? Ибни Саёд ба сӯи Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нигоҳ кард ва гуфт: Гувоҳӣ медиҳам, ки ту Расули амин ҳасти. Онгоҳ Ибни Саёд аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид: Оё ту гувоҳӣ медиҳи, ки ман расули Худо ҳастам? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро тарк кард ва фармуд: Ба Худованд ва ба паёмбаронаш имон овардаам. Сипас Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз ӯ пурсид: Чи мебини? Ибни Саёд гуфт: Ростгӯ ва дурӯғгӯ назди ман меоянд. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: Дучори иштибоҳ шудаед. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хитоб ба Ибни Саёд гуфт: Чизе барои ту пинҳон кардаам, (яъне ту медони он чист)? Ибни Саёд гуфт: «الدخ» (Дах, яъне оятҳое аз сураи Духон ҳастанд). Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хитоб ба ӯ гуфт: Гум шав ва аз ҳадди худ таҷовуз накун. (яъне ту он қадар олим ё соҳиби каромат нести, ки ончиро ман дар дил пинҳон кардаам, бидони) онгоҳ ҳазрати Умар (р) гуфт: Эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ман иҷозат бидеҳ то гарданашро бизанам. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Агар Ибни Саёд ҳамон Даҷҷол аст ту наметавони ӯро бикуши ва агар Даҷҷол набошад куштани ӯ барои ту суде надорад) (Муслим дар Саҳеҳаш, 4\2244, шумораи 2930, ҳадисро нақл кардааст)
Имом Муслим ҳадиси дигареро аз Солим ибни Абдуллоҳ ривоят мекунад, ки мегӯяд: Аз Абдуллоҳ ибни Умар шунидам, ки мегуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бо Убай ибни Каъби Ансорӣ ба хурмозоре, ки Ибни Саёд онҷо буд рафтанд. Чун Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро дид пушти хурмоҳо худро пинҳон кард то аз Ибни Саёд чизе бишнавад. Пеш аз инки Ибни Саёд ӯро бубинад Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Ибни Саёдро дид, ки рӯи фарше дароз кашидааст ва садоеро замзама мекунад. Модари Ибни Саёд Паёмбарро дид, ки худро дар миёни хурмоҳо пинҳон мекунад. Модараш ба ӯ гуфт: Эй Соф (номи Ибни Саёд) ӯ Муҳаммад аст. Ибни Саёд дарҳол аз ҷояш парида баланд шуд. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Агар модараш ӯро мегузошт дар бораи худ матолиберо баён мекард. (Муслим: 4\2244, шумораи: 2231)
Имом Нававӣ дар шарҳи Муслим мегӯяд: Уламо бар ин ақида ҳастанд, ки қиссаи Ибни Саёд мушкил ва муштабаҳ аст, мабнӣ бар инки оё ӯ ҳамон Масеҳи Даҷҷоли маъруф аст ё шахси дигар? Албатта дар ин амр тардиде вуҷӯд надорад, ки ӯ яке аз Даҷҷолон аст. Уламои исломӣ бар ин боваранд: Аз зоҳири ҳадисҳо чунин бармеояд, ки дар бораи инки ӯ Даҷҷол аст ё касе дигар, чизе бар Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ваҳй нашудааст. Ончи, ки бар Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ваҳй шудааст ҳамон сифоти Даҷҷол аст ва дар Ибни Саёд қарина ва шавоҳиде мабнӣ бар инки ӯ Даҷҷол аст ё эҳтимоли даҷҷол буданро дорад, машҳуд буд. Бинобар ин Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба сурати қатъӣ ӯро на Даҷҷол медонист ва на касе дигар. Бинобар ин буд, ки хитоб ба ҳазрати Умар (р) фармуд: агар воқеан ӯ Даҷҷол бошад ту наметавони ӯро бикуши. Ҳазрати Умар (р) яқин пайдо карда буд, ки ӯ Даҷҷол аст то Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳақиқатро барояш баён намуд. Абдуллоҳ ибни Умар (р) низ аз касоне буд, ки Ибни Саёдро Даҷҷол медонист. Абудовуд бо санади саҳеҳ аз Ибни Умар (р) ривояте меорад, ки мегуфт:
والله ما أشك أن ابن صائد هوالمسيح الدجال
“Савганд ба Худо шаке надорам, ки Ибни Соид (Ибни Саёд) ҳамон Масеҳи Даҷҷол аст" (Шарҳи Нававӣ бар Муслим: 18\46)
Ибни Соид ё Саёд муддате баъд аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) зинда буд ва муддаи шуд, ки мусалмон шудааст, аммо мардум ин иддиои ӯро напазируфтанд ва ҳамвора дар бораи ӯ машкук буданд ва дар мусалмон будани ӯ тардид доштанд. Дар Саҳеҳи Муслим аз Ибни Умар (р) ривоят шудааст: Ду маротиба Ибни Саёдро мулоқот кардааст ва хитоб ба баъзе аз ҳамроҳонаш мегӯяд: Оё мегӯи Ибни Саёд ҳамон Даҷҷол аст? Ӯ гуфт: На хайр. Ибни Умар мегӯяд: Хитоб ба ӯ гуфтам: Ту маро дурӯғгӯ собит карди. Савганд ба Худо баъзе аз шумо ба ман хабар додааст, ки Ибни Саёд намемирад, магар замоне, ки мол ва авлодаш аз ҳамаи шумо бештар бошад ва имрӯз ӯ чунин вазъияте дорад. Ибни Умар (р) мегӯяд: Ибни Саёд бо ман сухан гуфт ва сипас ман ӯро раҳо кардам.
Ибни Умар (р) бори дигар ӯро мулоқот кард ва чашмаш варам намуда барҷаста шуда буд. Ибни Умар (р) мегӯяд: Аз ӯ пурсидам: Чашмат аз кай чунин шудааст? Гуфт: Намедонам. Ибни Умар (р) мегӯяд: Намедони ҳоло онки чашми ту дар сари ту қарор дорад? Ибни Саёд гуфт: Агар Худо бихоҳад метавонад онро бар сари асои ту биофаринад. Ибни Умар мегӯяд: Онгоҳ садои бисёр баланде, ки аз садои улоғ низ баландтар буд аз бинияш берун овард, ҳамроҳонам мепиндоштанд, ки ман бо асоям ӯро задам, аммо савганд ба Худо ман чунин чизеро эҳсос накардам. Дар ривояти дигар дар Муслим аз Ибни Умар (р) ривоят шудааст: Ибни Умар сухане ба Ибни Саёд гуфт ва ӯро ба хашм даровард ва ба андозае бод кард, ки роҳро масдуд намуд. Ибни Умар (р) баъд аз он назди (хоҳараш) Ҳафса (р) рафт ва хабари Ибни Саёд ба ӯ расида буд, хитоб ба бародараш гуфт: Худованд бар ту раҳм кунад, аз Ибни Саёд чи мехости? Магар хабар надошти, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ӯ фармуда буд: Ибни Саёд аз хашме, ки ӯро хашмгин мекунад, берун меояд. (Муслим: 4\2247, шумораи: 2239)
Имом Муслим аз Абусаъиди Худрӣ (р) чунин ривоят мекунад: Ба қасди ҳаҷ ё умра ҳамроҳ бо ибни Саёд ба Макка мерафтем. Дар масири роҳ манзил гирифта таваққуф намудем. Мардум мутафарриқ шуданд ва ману ӯ танҳо мондем. Аз вай бисёр ваҳшатзада шудам, ӯ борҳои худро бо борҳои ман якҷо гузошт. Гуфтам: Ҳаво бисёр гарм аст, агар борҳои худро зери он дарахт бигзори беҳтар аст, ӯ борашро бурда зери дарахт монд. Рамае гусфанде аз он наздики мегузашт, Ибни Саёд рафт ва қадаҳе пур аз шир овард ва гуфт: Бинӯш эй Абусаъид. Гуфтам: Ҳаво бисёр гарм аст ва шир хосияти гармӣ дорад, албатта ман намехостам аз дасти ӯ шир бихурам ё ширро бигирам. Ибни Саёд гуфт: Эй Абусаъид мехостам ресмонеро бардошта худамро бар дарахте овезон кунам, зеро алайҳи ман ҳарфҳои зиёде зада мешавад. Эй Абусаъид агар мардум суханони Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро хуб дарк накарда бошанд, шумо онро дарк кардаед, оё ту ҳадиси Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро аз ҳама беҳтар намедони? Оё Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нафармудааст, ки Даҷҷол ақим ва беавлод аст ва ман фарзанд дорам ва ӯро дар Мадина гузоштам? Оё Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нафармудааст, ки Даҷҷол вориди Мадина ва Макка намешавад ва ман аз Мадина омадам ва акнун вориди Макка мешавам. (Муслим: 4\2242, шумораи: 2427)
Аммо ин суханон ва далелҳои Ибни Саёд барои собит намудани мусалмонии худ дар Абусаъид (р) таъсире намегузошт, зеро Ибни Саёд боз гуфта буд: Савганд ба Худо ман медонам, ки ӯ ҳоло дар куҷост, ман падару модари ӯро мешиносам. Ҳамчунин вақте аз Ибни Саёд пурсиданд: Чи мешуд агар ту ҳамон мард мебуди? Гуфт: Агар бароям арз мешуд мепазируфтам. (Муслим: 4\2242, шумораи: 2427)
Матлаби шонздаҳум: Даҷҷол дар ҳадиси Тамими Дорӣ
Имом Муслим аз Фотима бинти Қайс, хоҳари Заҳок ибни Қайс ривоят мекунад ва мегӯяд: Садои муаззини Расуллулоҳро шунидам, ки мегуфт: Намозро барпо доред, ман ҳам ба сӯи масҷид роҳсипор шудам ва пушти сари Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намозро дар сафи занон, ки баъд аз мардон қарор дошт хондам. Пас аз поёни намоз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бо чеҳраи хандон болои минбар ташриф овард ва фармуд: Ҳама дар ҷои худ бинишинанд. Сипас фармуд: