Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми ёздаҳум: Нишонаҳои Қиёмат, Аломатҳое ки ҳанӯз зоҳир нашудаанд, Фитнаи Даҷҷол ва он аз бузургтарин фитна дар таърихи башар аст
القيامة الصغرى وعلامات القيامة الكبرى، القسم الحادي عشر: أشراط الساعة، علامات الساعة التي لم تقع بعد، فتنة الدجال أعظم فتنة في تاريخ البشر
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таълиф: Д. Умар Сулаймон Ашқар
تأليف: عمر سليمان الأشقر
Таҳия: Мусъаб Ҳамза
إعداد: مصعب حمزة
Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми ёздаҳум: Нишонаҳои Қиёмат, Аломатҳое ки ҳанӯз зоҳир нашудаанд,
Мабҳаси дуввум: Фитнаи Даҷҷол
Матлаби аввал: Фитнаи Даҷҷол бузургтарин фитна дар таърихи башар аст.
Фитнаи Даҷҷол дар рӯзҳои охири дунё ва ибтидои қиёмат ба вуқӯъ мепайвандад ва яке аз нишонаҳои бузурги вуқӯъи қиёмат аст. Фитнаи Даҷҷол яке аз бузургтарин фитнаҳост, ки дар тули таърих домангири башар мешавад. Дар саҳеҳи Муслим аз Абудаҳмо ва Абуқатода ривоят шудааст, ки мегӯянд: мо аз канори Ҳишом ибни Омир мегузаштем ва назди Имрон ибни Ҳусайн мерафтем. Ҳишом ибни Омир рӯзе хитоб ба мо гуфт: Шумо аз канори ман гузашта назди касоне меравед, ки ҳузури онҳо дар маҳзари Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) беш аз ман набудааст ва ҳадиси Паёмбари Худоро аз ман беҳтар намедонанд. Ман аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки фармуданд:
(مَا بَيْنَ خَلْقِ آدَمَ إِلَى قِيَامِ السَّاعَةِ خَلْقٌ أَكْبَرُ مِنْ الدَّجَّالِ)
“Миёни халқи Одам ва қиёми қиёмат падидае бузургтар аз падидаи Даҷҷол вуҷӯд надорад" (Муслим, китоби “Алфитан", ҳадиси 4\2222, шумораи: 2946)
Бинобар ин тамоми паёмбарон умматҳои худро аз Даҷҷол барҳазар доштаанд. Аммо Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) беш аз дигар паёмбарон масъалаи Даҷҷолро мавриди таъкид қарор додааст.
Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баланд шуд ва пас аз ҳамду ситоиши Худованд дар бораи Даҷҷол суҳбат кард ва фармуд:
(إِنِّي لَأُنْذِرُكُمُوهُ وَمَا مِنْ نَبِيٍّ إِلَّا أَنْذَرَهُ قَوْمَهُ وَلَكِنِّي أَقُولُ لَكُمْ فِيهِ قَوْلًا لَمْ يَقُلْهُ نَبِيٌّ لِقَوْمِهِ تَعْلَمُونَ أَنَّهُ أَعْوَرُ وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِأَعْوَرَ)
“Ман шуморо аз Даҷҷол барҳазар медорам ва ҳеҷ паёмбаре нест, ки қавмашро бим надода бошад. Аммо ман дар бораи Даҷҷол сухане ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ паёмбаре ба қавмаш нагуфтааст ва он инки Даҷҷол кур аст ва Худованди шумо кур нест. (Пас фиреби Даҷҷолро нахуред, ки мегӯяд: ман Худо ҳастам) (Саҳеҳи Бухорӣ, китоби “Алфитан". Фатҳул-борӣ 13\90)
Дар Бухорӣ ва Муслим аз ҳазрати Анас (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
(مَا بُعِثَ نَبِيٌّ إِلَّا أَنْذَرَ أُمَّتَهُ الْأَعْوَرَ الْكَذَّابَ أَلَا إِنَّهُ أَعْوَرُ وَإِنَّ رَبَّكُمْ لَيْسَ بِأَعْوَرَ وَإِنَّ بَيْنَ عَيْنَيْهِ مَكْتُوبٌ كَافِرٌ)
“Ҳеҷ паёмбаре мабъус нашудааст, магар инки қавмашро аз аъвари (кури) дурӯғгӯ бим додааст. Эй мардум огоҳ бошед, ки Даҷҷол кур аст ва Худои шумо кур нест. Дар миёни ду чашми Даҷҷол калимаи “кофир" навишта шудааст" (Саҳеҳи Бухорӣ, китоби “Алфитан". Фатҳул-борӣ 13\90. Муслим китоби “Алфитан" боби “зикр ад-Даҷҷол ва сифатин мо маъаҳу" 4\2248, шумораи: 2933)
Дар Сунани Тирмизӣ ва Сунани Абудовуд аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи Даҷҷол фармуд:
(إِنِّي أُنْذِرُكُمُوهُ وَمَا مِنْ نَبِيٍّ إِلَّا قَدْ أَنْذَرَهُ قَوْمَهُ لَقَدْ أَنْذَرَهُ نُوحٌ قَوْمَهُ وَلَكِنْ سَأَقُولُ لَكُمْ فِيهِ قَوْلًا لَمْ يَقُلْهُ نَبِيٌّ لِقَوْمِهِ تَعْلَمُونَ أَنَّهُ أَعْوَرُ وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِأَعْوَرَ)
“Ман шуморо аз Даҷҷол барҳазар медорам ва метарсонам. Ҳеҷ паёмбаре наомадааст, магар инки қавмашро тарсонида ва бим додааст. Ҳазрати Нуҳ (а) қавмашро аз Даҷҷол бим додааст. Аммо ман дар бораи Даҷҷол сухане ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ паёмбаре қабл аз ман онро ба забон наёвардааст, шумо медонед, ки Даҷҷол кур аст ва Худои шумо кур нест" (Ҷомеул-усул: 10\356, шумораи: 2848)
Дар Сунани Ибни Моҷа, Саҳеҳи Ибни Хузайма ва Мустадраки Ҳоким аз Абиумома ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(يا أيها الناس! إنها لم تكن فتنة على وجه الأرض منذ ذرأ الله ذرية آدم أعظم من فتنة الدجال وإن الله عز وجل لم يبعث نبيا إلا حذر أمته الدجال وأنا آخر الأنبياء وأنتم آخر الأمم وهو خارج فيكم لا محالة)
“Эй мардум аз рӯзе, ки Худованд насли инсонро офаридаст ҳеҷ фитнае дар рӯи замин бузургтар аз фитнаи Даҷҷол набудааст. Худованд ҳеҷ паёмбареро нафиристодааст, ки қавмашро аз Даҷҷол натарсонида бошад ва ман охирин ва хотами паёмбарон ҳастам ва шумо ҳам охирин уммат ҳастед ва Даҷҷол ҳатман дар миёни шумо зуҳур хоҳад кард" (Саҳеҳ ҷомеул-сағир 6\237, шумораи: 7753)
Матлаби дуввум: Сабаби ном ниҳодани ӯ ба Масеҳи Даҷҷол
Ибни Асир мегӯяд: Даҷҷолро аз ин сабаб масеҳ мегӯянд, ки як чашми он масеҳ (ҳам сатҳ ва мамсуҳ) аст ва масеҳ ба касе мегӯянд, ки як тарафи рӯяш на чашме дошта бошад ва на абру. Масеҳ (Масиҳ) бар вазни фаъил ба маънои мафъул аст. Бар хилофи Исо ибни Марям (а) ӯро аз ин ҷиҳат масеҳ меноманд, ки масҳ карда ва даст кашидан бар беморон, беморро (бо иҷозати Худованд) шифо медод. Бинобар ин масеҳ (масиҳ) дар ҳаққи Исо ибни Марям (а) бар вазни фаъил ба маънои фоъил аст ва дар ҳаққи Даҷҷол ба маънои каззоб ва дурӯғгӯ аст.
Ибни Ҳаҷар мегӯяд: Чун Даҷҷол ҳақро ба ботил мепӯшонад ва ҳақиқатро китмон мекунад, Даҷҷол номида мешавад. Арабҳо мегӯянд:
دجل الإناء بالذهب إذا طلاه
“Зарфро бо оби тилло пӯшонид"
Ибни Дурайд мегӯяд: Даҷҷолро аз он ҷиҳат Даҷҷол мегӯянд, ки ҳақро ба василаи дурӯғаш мепӯшонад ва баъзеҳо мегӯянд: Ваҷҳи тасмияи Даҷҷол ин аст, ки ба дуртарин нуқтаи замин сафар мекунад, ё аз ин ҷиҳат, ки ӯ бо сафарҳои худ тамоми заминро мепӯшонад. (Фатҳул-борӣ 11\19)
Матлаби севвум: Авзои мусалмонон дар замони зуҳури Даҷҷол
Андаке пеш аз зуҳури Даҷҷол мусалмонон дорои азамат ва шукӯҳе хоҳанд буд ва чунон бармеояд, ки ҳадафи зуҳури Даҷҷол поён додан ба ин азамат ва қудрат аст. Дар он рӯзгор мусалмонон бо Рум сулҳ мекунанд ва ҳамаи мусалмонон ва румиҳо алайҳи як душмани муштарак меҷанганд ва пирӯз мешаванд. Сипас ҷанг миёни мусалмонҳо ва салибиҳо шуруъ мешавад. Дар Сунани Абудовуд аз Зӣ-михбар (р) нақл аст, ки мегӯяд: Аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мефармуд:
(ستصالحون الروم صلحا آمنا فتغزون أنتم وهم عدوا من ورائكم فتنصرون وتغنمون وتسلمون ثم ترجعون حتى تنزلوا بمرج ذي تلول فيرفع رجل من أهل النصرانية الصليب فيقول: غلب الصليب فيغضب رجل من المسلمين فيدقه فعند ذلك تغدر الروم وتجمع للملحمة " وزاد بعضهم: " فيثور المسلمون إلى أسلحتهم فيقتتلون فيكرم الله تلك العصابة بالشهادة)
Дар ояндаи наздик шумо мусалмонон бо румиҳо сулҳи мусолиматомезеро анҷом медиҳед, шумо ва онҳо дар баробари душман муттаҳид шуда алайҳи онҳо меҷангед ва дар ниҳоят пирӯз мешавед. Амволи ғаниматро ба даст меоред, сипас ба сӯи хона ва кошона ба роҳ меафтед то ба “Мараҷи зӣ-талул" мерасед, дар онҷо таваққуф мекунед, як марди насронӣ салибро бармедорад ва мегӯяд: Салиб ғалаба пайдо кардааст. Марде аз мусалмонҳо ба хашм омада салибро мешиканад ва онгоҳ румиҳо бо макру ҳила алайҳи мусалмонон омодаи ҷанг мешаванд"
Дар ривояти дигаре омадааст: Мусалмонҳо бо аслиҳаҳои худ ҳамла мекунанд, даргирӣ шуруъ мешавад ва Худованд ин гурӯҳи аз мусалмононро ба мақоми баланди шаҳодат мерасонад. (Мишкотул-масобиҳ 3\18, шумораи: 5428)
Он рӯзҳо шумо хоҳед дид, ки мусалмонҳо қудратманд ҳастанд, онон ҷиҳод мекунанд ва пирӯз мешаванд ва ба саломат ба хонаҳояшон бармегарданд ва мебинанд онон ба ҳар қиммат пойбанди дини худ ҳастанд. Насронӣ вақте салибро баланд мекунад чунин мепиндорад, ки пирӯзии мусалмонон дар сояҳои салиб буда ва ба хотири он таҳаққуқ ёфтааст. Мусалмони ғайратманде баланд шуда салибро мешиканад ва гурӯҳи мусалмонон бо бардоштани аслиҳаҳои худ ба румиҳо ҳамла мебаранд ва бо вуҷӯди камии лашкар ба ҷанг ва пайкор мепардозанд. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) онҳоро шаҳид медонад ва Худованд ин шаҳодатро муҷиби такрим ва таъзими онҳо қарор медиҳад. Румиҳо алайҳи мусалмонон макру ҳила мекунанд ва ҷараёнҳои баъдӣ боиси вуқуи ҷангу куштор ва хунрезӣ мешавад.
Даргирӣ ва фатҳи Қустантиния
Малҳама маъракаи бузурге аст, ки миёни мусалмонон ва салибиён рух медиҳад. Дар ҳадиси гузашта ба сабаби даргирӣ ва иллати ҷанг ишора шуд. Ҳадисҳои фаровоне пиромуни ин маъракаи ваҳмнок ва наҳваи сабру таҳаммули мусалмонон ва пирӯзии муъминон дар ин маърака бар душманон, ривоят шудааст. (Дар ҳадисҳои набавӣ баён шудааст, ки дар охири замон румиён хеле зиёд мешаванд. Дар Муснади Имом Аҳмад ва Саҳеҳи Муслим омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: (تقوم الساعة و الروم اکثر عدداً) “Қиёмат дар ҳоле барпо мешавад, ки румиён аз ҳама бештар ҳастанд". Саҳеҳи ҷомеул-сағир: 3\51)
Чунин пайдост, ки теъдоди зиёде аз масеҳиёни ҳақиқӣ дар ин маърака душодуши муъминон ба ҷанг ва пайкор мепардозанд. Дар Саҳеҳи Муслим аз ҳазрати Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى يَنْزِلَ الرُّومُ بِالْأَعْمَاقِ أَوْ بِدَابِقٍ فَيَخْرُجُ إِلَيْهِمْ جَيْشٌ مِنْ الْمَدِينَةِ مِنْ خِيَارِ أَهْلِ الْأَرْضِ يَوْمَئِذٍ فَإِذَا تَصَافُّوا قَالَتْ الرُّومُ خَلُّوا بَيْنَنَا وَبَيْنَ الَّذِينَ سَبَوْا مِنَّا نُقَاتِلْهُمْ فَيَقُولُ الْمُسْلِمُونَ لَا وَاللَّهِ لَا نُخَلِّي بَيْنَكُمْ وَبَيْنَ إِخْوَانِنَا فَيُقَاتِلُونَهُمْ فَيَنْهَزِمُ ثُلُثٌ لَا يَتُوبُ اللَّهُ عَلَيْهِمْ أَبَدًا وَيُقْتَلُ ثُلُثُهُمْ أَفْضَلُ الشُّهَدَاءِ عِنْدَ اللَّهِ وَيَفْتَتِحُ الثُّلُثُ لَا يُفْتَنُونَ أَبَدًا فَيَفْتَتِحُونَ قُسْطَنْطِينِيَّةَ فَبَيْنَمَا هُمْ يَقْتَسِمُونَ الْغَنَائِمَ قَدْ عَلَّقُوا سُيُوفَهُمْ بِالزَّيْتُونِ إِذْ صَاحَ فِيهِمْ الشَّيْطَانُ إِنَّ الْمَسِيحَ قَدْ خَلَفَكُمْ فِي أَهْلِيكُمْ فَيَخْرُجُونَ وَذَلِكَ بَاطِلٌ فَإِذَا جَاءُوا الشَّأْمَ خَرَجَ فَبَيْنَمَا هُمْ يُعِدُّونَ لِلْقِتَالِ يُسَوُّونَ الصُّفُوفَ إِذْ أُقِيمَتْ الصَّلَاةُ فَيَنْزِلُ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَأَمَّهُمْ فَإِذَا رَآهُ عَدُوُّ اللَّهِ ذَابَ كَمَا يَذُوبُ الْمِلْحُ فِي الْمَاءِ فَلَوْ تَرَكَهُ لَانْذَابَ حَتَّى يَهْلِكَ وَلَكِنْ يَقْتُلُهُ اللَّهُ بِيَدِهِ فَيُرِيهِمْ دَمَهُ فِي حَرْبَتِهِ)
“Қиёмат барпо намешавад то инки румиҳо ба Аъмоқ ва Добиқ (номи ду мантиқа дар наздикии Ҳалаб ҳастанд) ҳамла накунанд. Онгоҳ сипоҳе аз Мадина муштамил бар беҳтарини мардуми рӯи замин алайҳи румиҳо дар сафи ҷанг меистанд. Вақте дар рӯ ба рӯи ҳам қарор мегиранд, румиҳо мегӯянд: Бигзоред то касоне, ки мардуми моро ба асорат гирифтанд бикушем. Мусалмонон мегӯянд: Савганд ба Худо, роҳи шуморо боз намекунем ва бародаронамонро ба шумо таслим намекунем. Мусалмонҳо алайҳи румиҳо меҷанганд. Онҳо назди Худованд беҳтарин шаҳидон ҳастанд ва як саввум ба пирӯзӣ мерасанд ва ҳаргиз дучори фитна нахоҳанд шуд ва Қустантинияро фатҳ мекунанд. (Ин фатҳ ё пирӯзӣ ғайри фатҳе аст, ки тавассути Султон Муҳаммади Фотиҳ анҷом гирифтааст). Дар ҳамин лаҳза, ки мусалмонон машғули тақсими моли ғанимат мешаванд ва дар ҳоле, ки шамшерҳои мусалмонон ба дарахтҳои зайтун овезон шудааст, шайтон миёни мусалмонон нидо медиҳад, ки Даҷҷол дар аҳлу аёли шумо ҷонишини шумо шудааст. Мусалмонҳо ҳаракат мекунанд ва ин эъломи шайтон дурӯғ аст. Вақте мусалмонҳо ба Шом (Сурия) мерасанд, Даҷҷол зуҳур мекунад. Дар ҳоле, ки мусалмонҳо худро барои пайкор алайҳи душман муҳайё мекунанд, дар муқобил ҳам ба сафороии низомӣ мепардозанд, намоз барпо мешавад ва Исо ибни Марям фурӯд меояд. Мардумро дар намоз имоматӣ мекунад. Вақте нигоҳи Даҷҷол ба ҳазрати Исо ибни Марям меафтад монанди намак дар об маҳлул ва об мешавад. Агар ба ҳоли худ раҳо шавад нобуд ва ҳалок мегардад. Аммо ҳазрати Исо (а) ӯро мекушад ва найзаашро, ки олуда бо хуни ӯст, ба мардум нишон медиҳад" (Муслим, китоби “Алфитан" 4\2221, шумораи: 2897)
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳадиси дигар перомуни ваҳмнок будани ин маърака ва фидокорие, ки мусалмонон дар ин маърака аз худ нишон медиҳанд, сухан гуфтааст. Фидокорӣ ба ҳадде буд, ки гурӯҳҳое аз мусалмонон се рӯз пай дар пай то охирин қатраи хун ва то вопасин лаҳзаҳои зиндагӣ барои ҷон додан ва истиқболи марг рафтан, байъат мекунанд. Чунон бармеояд, ки шумори мусалмонон дар он рӯз андак хоҳад буд, чун мусалмонон дар он маърака замоне ба пирӯзӣ мерасанд, ки аз ҷойҳои дигар имдод мерасад ва худ ба танҳоӣ аз паси ин лашкар барнамеоянд.
Дар Саҳеҳи Муслим аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят шудааст: Қиёмат барпо намешавад то мерос тақсим нагардад ва ғанимат шодобӣ ва хушҳолӣ ба бор наёварад ва баъд бо ишора ба тарафи Шом (Сурия) фармуд: Душман алайҳи мусалмонон ҷамъ мешавад ва мусалмонон низ дар баробари онҳо сафороӣ менамоянд. (Ин таҷаммуъ ба хотири ҷанг ва куштор хоҳад буд ва баъд аз ғадру ҳилаи румиҳо, ки дар ҳадиси гузашта ба он ишора шуд, таҳаққуқ хоҳад ёфт). Ровӣ (Ясир ибни Ҷобир) мегӯяд: Арз кардам, манзур аз душман, румиҳо ҳастанд? Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) фармуд: Оре, дар он рӯз ҷанги иртидод шиддат пайдо мекунад, мусалмонон паймон мебанданд, ки ба яке аз ду некӣ -марг ё пирӯзӣ- даст ёбанд, то инки шаб фаро мерасад ва фаро расидани шаб монеъ аз ҷанг мешавад ва ҳар ду гурӯҳ бидуни пирӯзӣ ба қароргоҳи худ бармегарданд. Мусалмонон шарт мекунанд, ки ҳеҷ кас бидуни пирӯзӣ наметавонад баргардад вале бо фаро расидани шаб шарт ба итмом мерасад. Мусалмонон дубора шартро дар миён мегузоранд. То се рӯз ин куштор идома дорад, рӯзи чаҳорум ҳамаи мусалмонон алайҳи Рум саф гирифта таёр мешаванд. Ҷанги бисёр шадиде сурат хоҳад гирифт, ҷанге, ки монанди он дида нашудааст ё дида нахоҳад шуд. Куштаҳо чунон зиёд мешаванд ва фазо чунон бадбӯ мешавад, ки ҳатто агар паранда аз канори онҳо бигзарад ҷон дода бар замин меафтад. Марде, ки сад фарзанд дошта бошад танҳо як фарзанд барояш боқӣ мемонад ва бақия дар ҷанг ҷони худро аз даст медиҳанд. Баъд аз ин ҳодиса чи ғанимате мояи хушҳолӣ мешавад ва кадом мерос тақсим мегардад? Дар ҳамин вазъият садое, ки бузургтар аз ин ҷанг аст ба гӯши онҳо мерасад. Мунодие нидо мекунад, ки Даҷҷол дар фарзандон ва хонаводаҳо ҷонишини шумо шудааст. Моли ғанимат ва ҳарчиро, ки дар даст доранд раҳо мекунанд ва ба сӯи хонаҳо ба роҳ меафтанд. Даҳ марди ҷангӣ ва салаҳшур ба тарафи Даҷҷол ба унвони муқаддимаи лашкар равона мешаванд. Ибни Аббос (р) мегӯяд: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(إِنِّي لَأَعْرِفُ أَسْمَاءَهُمْ وَأَسْمَاءَ آبَائِهِمْ وَأَلْوَانَ خُيُولِهِمْ هُمْ خَيْرُ فَوَارِسَ عَلَى ظَهْرِ الْأَرْضِ يَوْمَئِذٍ أَوْ مِنْ خَيْرِ فَوَارِسَ عَلَى ظَهْرِ الْأَرْضِ يَوْمَئِذٍ)
“Ман номи ҷанговарон ва номи падарон ва ранги аспҳояшонро медонам. Онҳо дар он рӯзгор аз беҳтарин ҷанговарон хоҳанд буд" (Саҳеҳи Муслим, китоби “Алфитан" 4\2223, шумораи: 2899)
Дар Саҳеҳи Муслим дар бораи фатҳи Қустантиния аз Абуҳурайра (р) тафсили бештаре ба шарҳи зер омадааст. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
(سَمِعْتُمْ بِمَدِينَةٍ جَانِبٌ مِنْهَا فِي الْبَرِّ وَجَانِبٌ مِنْهَا فِي الْبَحْرِ قَالُوا نَعَمْ يَا رسولالله قَالَ لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى يَغْزُوَهَا سَبْعُونَ أَلْفًا مِنْ بَنِي إِسْحَقَ فَإِذَا جَاءُوهَا نَزَلُوا فَلَمْ يُقَاتِلُوا بِسِلَاحٍ وَلَمْ يَرْمُوا بِسَهْمٍ قَالُوا لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَاللَّهُ أَكْبَرُ فَيَسْقُطُ أَحَدُ جَانِبَيْهَا)
Оё дар бораи шаҳре[1], ки нисфи он дар хушкӣ ва нисфи дигараш дар баҳр қарор дорад чизе шунидаед? Ҳозирин гуфтанд: Оре, Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: Қиёмат барпо намешавад то инки ҳафтод ҳазор аз фарзандони ҳазрати Исҳоқ (а) алайҳи мардуми он диёр ҷиҳод накунанд. Ин фарзандони Исҳоқ[2] ҳаргоҳ вориди шаҳр шаванд бо силоҳ намеҷанганд ва ҳеҷ тиреро намеандозанд, балки онҳо мегӯянд: “Ло илоҳа илаллоҳ", бо гуфтани ин калима нисфи шаҳр суқут мекунад"
Савр (Савр ибни Зайди Дайлӣ, яке а ровиёни ҳадис аст) мегӯяд: Ба гумони ман Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ҳамон нисфе, ки тарафи баҳр аст баъди нисфи дуввум низ бо гуфтани калимаи "Ло илоҳа илаллоҳ валлоҳу акбар" суқут мекунад. Дафъаи саввум, ки калимаи мазкур гуфта мешавад дарвозаи шаҳр боз мешавад ва мусалмонон вориди шаҳр мешаванд ва амволи ғаниматро ба даст меоранд. Дар ҳамин ҳол, ки машғули тақсими ғанимат ҳастанд касе нидо дармедиҳад: Эй мардум муроқиб бошед, ки Даҷҷол зуҳур кардааст. Дар ин ҳангом ҳама чизро раҳо карда ба сӯи хонаҳояшон бармегарданд.
Матлаби чорум: Қаҳтӣ ва гуруснагӣ қабл аз зуҳури Даҷҷол
Пеш аз зуҳури Даҷҷол мардум ба шиддат гирифтори офат ва мусибатҳои фаровоне мешаванд, борон аз осмон бар замин намеборад ва замин гиёҳ ва дарахт намерӯёнад. Дар Сунани Ибни Моҷа, Саҳеҳи ибни Хузайма ва Мустадраки Ҳоким аз Абуумома аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(إِنَّ قَبْلَ خُرُوجِ الدَّجَّالِ ثَلَاثَ سَنَوَاتٍ شِدَادٍ يُصِيبُ النَّاسَ فِيهَا جُوعٌ شَدِيدٌ يَأْمُرُ اللَّهُ السَّمَاءَ فِي السَّنَةِ الْأُولَى أَنْ تَحْبِسَ ثُلُثَ مَطَرِهَا وَيَأْمُرُ الْأَرْضَ فَتَحْبِسُ ثُلُثَ نَبَاتِهَا ثُمَّ يَأْمُرُ السَّمَاءَ فِي الثَّانِيَةِ فَتَحْبِسُ ثُلُثَيْ مَطَرِهَا وَيَأْمُرُ الْأَرْضَ فَتَحْبِسُ ثُلُثَيْ نَبَاتِهَا ثُمَّ يَأْمُرُ اللَّهُ السَّمَاءَ فِي السَّنَةِ الثَّالِثَةِ فَتَحْبِسُ مَطَرَهَا كُلَّهُ فَلَا تُقْطِرُ قَطْرَةً وَيَأْمُرُ الْأَرْضَ فَتَحْبِسُ نَبَاتَهَا كُلَّهُ فَلَا تُنْبِتُ خَضْرَاءَ فَلَا تَبْقَى ذَاتُ ظِلْفٍ إِلَّا هَلَكَتْ إِلَّا مَا شَاءَ اللَّهُ قِيلَ فَمَا يُعِيشُ النَّاسُ فِي ذَلِكَ الزَّمَانِ قَالَ التَّهْلِيلُ وَالتَّكْبِيرُ وَالتَّسْبِيحُ وَالتَّحْمِيدُ وَيُجْرَى ذَلِكَ عَلَيْهِمْ مُجْرَى الطَّعَامِ)
“Пеш аз зуҳури Даҷҷол се сол қаҳтӣ, ки мардум ба шиддат дар он дучори гуруснагӣ мешаванд пеш хоҳад омад, соли аввал Худованд ба осмон амр мекунад, ки як саввум боришро мутаваққиф созад ва ба замин дастур медиҳад, ки як саввум гиёҳонашро сабз накунад. Дар солҳои дуввум ва саввум низ чунин мешавад ва дар поёни се сол ҳеҷ қатрае бар замин намеафтад ва ҳеҷгуна донае аз замин сабз намешавад. Ҳеҷ ҳайвони сумдоре бар замин зинда намемонад. Ҳама аз байн мераванд. Касе арз кард: Эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мардум дар ин муддат чигуна ва ба чи василае зиндагии худро мегузаронанд? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Бо таҳлил ва такбиру ҳамд, ин калимот ҷойгузини ғизо мешаванад" (Саҳеҳул-ҷомеъ 6\277, шумораи: 7752)
Матлаби панҷум: Вижагиҳо ва нишонаҳои Даҷҷол
Даҷҷол иддиои рубубият мекунад ва барои ривоҷ додани ботилҳои худ амалҳои хориқулодаеро анҷом медиҳад, ҳатто шахсе, ки назди ӯ меояд гумон мекунад ҷараёни Даҷҷол бар вай пинҳон намешавад ва ботили ӯ таъсире надорад. Аммо вақте аъмоли хориқулодаи ӯро мебинад таслим мешавад ва аз ӯ пайравӣ мекунад. Дар Сунани Абудовуд бо санади саҳеҳ аз Имрон ибни Ҳусайн ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(مَنْ سَمِعَ بالدَّجَّال، فَلْيَنْأَ منه، فوالله إِن الرجل ليأتيه وهو يَحْسِبُ أَنه مؤمن، فيتبعُه، مما يَبْعَثُ به من الشبهات، أَو لَمَا يَبعث به من الشبهات)
“Ҳар кас дар бораи Даҷҷол мешунавад бояд аз вай дурӣ кунад. Ба Худо савганд инсони мусалмон пеши ӯ меояд ва мепиндорад, ки мусалмон аст, вале вақте назди ӯ меояд аз шубуҳоти илқошудаи ӯ пайравӣ мекунад" (Ҷомеул-усул 10\356, шумораи: 7846)
Ҳар кас бо диққат Даҷҷолро мавриди мутолиа қарор диҳад медонад, ки Даҷҷол ботил аст ва сифоти рубубият дар он таҳаққуқ наёфтааанд. Ҳар чанд тавассути ӯ корҳои хилофи оддат сурат мегирад, чун Даҷҷол башар ва нотавон аст, мехурад, менӯшад, мехобад ва ниёз ба рафтани ҳоҷҷат дорад. Ҳар кас чунин ҳолате дошта бошад чи гуна метавонад худо, маъбуд ва рабби коинот бошад? Ҳоло онки ӯ ниёзманд ба коинот аст!
Бо ин вуҷӯд Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бисёре аз аломот ва вижагиҳои онро барои мо баён фармудааст то мусалмоне, ки Даҷҷол дар замони онҳо зуҳур мекунад, ӯро шинохта ва дар доми фиреби ӯ гирифтор нашавад.
Вижагиҳои барҷастаи Даҷҷол
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба гунае Даҷҷолро муаррифӣ кардааст, ки кӣ ва чигунагӣ ва сифоту қиёфаи ӯ равшан шудааст. Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Даҷҷолро дар хоб дид ва ӯро чунин тавсиф фармуд: Марде тануманд ва сурхранг аст, мӯйҳои сараш печида ва як чашмаш нобиност. Чашми кури ӯ ба тарафи берун барҷаста ва монанди донаи ангуре аст, ки рӯи об мебошад, аз нигоҳи симову сурат ва қиёфа монандии зиёде ба Ибни Қатани Хузоъӣ дорад. (Саҳеҳи Бухорӣ, китоби “Алфитан". Фатҳул-борӣ: 13\90)
Дар Муснади Аҳмад ва Сунани Абудовуд бо санади саҳеҳ аз Убода ибни Сомит ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(إني حدثتكم عن الدجال حتى خشيت أن لا تعقلوا، أن مسيح الدجال رجل قصير أفحج جعد أعور مطموس العين وإنه أعور العين، ليست بناتئة ولا حجراء، واعلموا أن الله عز وجل ليس بأعور، وأنكم لن تروا ربكم حتى تموتوا)
“Ман дар бораи Даҷҷол барои шумо суҳбат кардам то инки эҳтимол додам мутаваҷҷиҳ нашудаед. Инак ба шумо мегӯям, ки Масеҳи Даҷҷол марди кутоҳқаде аст, мӯйҳои печида дорад, дорои як чашм аст ва чашми ӯ бенур аст, беабру аст, барҷаста нест. Агар дучори мушкил шудед, бидонед, ки Парвардигори шумо як чашма нест ва танҳо дар қиёмат қодир ба дидани ӯ хоҳед буд" (Саҳеҳ ҷомеул-сағир: 2\318, шумораи: 2455)
Якчашм будани Даҷҷол
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар тавсифи ду чашми Даҷҷол хеле таъкид фармудааст, чун ҳарчанд битавонад аз дигар сифату вижагиҳояш худро раҳо созад, ҳаргиз наметавонад чашмҳояшро пинҳон кунад. Чашмҳо дар маърази диди умум қарор мегиранд. Ҳар кас онҳоро мебинад ва вижагиҳои чашм ошкор ва пинҳон шудани нестанд. Ҳадисҳои гузашта ишорае перомуни маъюб будани чашмҳои Даҷҷол доштанд. Дар бархе ривоёт омадааст, ки чашми аъвари (кури) Даҷҷол чашми росташ аст ва дар баъзе ривоёт чашми чап.
Кур будани чашми рост бештар маъруф аст, чун ҳадисҳои мутафаққун алайҳ ҳастанд. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чашми кури Даҷҷолро ба чашми хомӯш ва бехосият ташбеҳ кардааст. Дар ҳадисе омадааст, ки чашми рости ӯ барҷаста ва қобили пинҳон кардан намебошад. Монанди нухоае (балғам), ки рӯи девори соф ва гаҷкоришуда бияфтад.
Дар Саҳеҳи Муслим аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) дар бораи Даҷҷол омадааст:
(أَعْوَرِ الْعَيْنِ الْيُمْنَى كَأَنَّهَا عِنَبَةٌ طَافِيَةٌ)
“Чашми росташ кур аст ва монанди донаи ангуре аст, ки рӯи об шино мекунад" (Бухорӣ, китоби “Алфитан" боби “Даҷҷол". Фатҳул-борӣ 13\90. Муслим, китоби “Алфитан" боби “зикри Даҷҷол" 4\2247)
Дар ҳадиси Абусаъид омадааст:
(وعينه اليمني عوراء جاحظه لا تحفي كانها نخاعه في حائط مجصص، عينه اليسري كانها كوكب دري)
“Чашми рости ӯ барҷаста ва қобили пинҳон кардан намебошад, монанди нухоае (балғам), ки рӯи девори гаҷкоришуда бияфтад. Чамши чапаш монанди кавкаби дуррӣ аст" (Фатҳул-борӣ: 13\98)
Имом Нававӣ ривоёти мутаоризро ин гуна тавҷеҳ намудааст: Тамоми ривоёте, ки ҳокӣ аз кур будани ду чашми Даҷҷол ҳастанд, ба дараҷаи сиҳат расидаанд. “Авро" ба маънои маъюб будани чашм аст, бинобар ин тавсиф кардани чашми Даҷҷол ба авр (маъюб) яъне ҳар ду чашмаш мушкил доранд. Дар баъзе ривоёти дигар омадааст, ки чашми рости ӯ кур аст ва дар бархе ривоёти дигар омадааст, ки чашми чапи ӯ кур аст. Дар баъзе ривоёт омадааст: «احداهما طافئه» (тофиа) яъне чашми ӯ дид надорад. Дар бораи чашми дигари ӯ омадааст: «الاخري طافيه» (тофия) ба маънои зоҳир ва барҷаста. Пас ду чашми Даҷҷол бар асоси изҳороти Имом Нававӣ яке фоқиди нур ва дид ва дигаре ҳарчанд кур нест аммо дорои ихтилолу айб аст. Дар ривояти Муслим омадааст: Чашме, ки фоқиди нур ва дид аст, ҳамон чашми мамсуҳ аст. Рӯи онро ҷилде ғализе пӯшонида ва тавони диданро аз он гирифтааст.
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чашми бинояшро ин гуна тавсиф мекунад: Чашми ӯ сабз ва монанди шиша ба назар мерасад. (Силсилатул аҳодиса ас-саҳиҳа 4\477, шумораи: 1863)
Миёни ду чашми ӯ кофир навишта шудааст
Аломатҳои дигаре низ вуҷӯд дорад, ки Худованд Даҷҷолро дар партави он муаррифӣ намудааст. Албатта ин аломатро танҳо муъминон медонанд. Яъне онҳое, ки фоқиди басират ҳастанд, ин аломатҳоро намешиносанд. Манзур аз ин аломат ҷумлае аст, ки матни он «ك، ف، ر» мебошад ё «كافر». Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз Анас (р) аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нақл шудааст:
(مَا بُعِثَ نَبِيٌّ إِلَّا أَنْذَرَ أُمَّتَهُ الْأَعْوَرَ الْكَذَّابَ أَلَا إِنَّهُ أَعْوَرُ وَإِنَّ رَبَّكُمْ لَيْسَ بِأَعْوَرَ وَإِنَّ بَيْنَ عَيْنَيْهِ مَكْتُوبٌ كَافِرٌ)
“Ҳеҷ паёмбаре мабъус нашудааст магар инки умматашро аз аъвари каззоб (кури дурӯғгӯ) барҳазар доштааст. Огоҳ бошед, ки Даҷҷол аъвар аст ва Парвардигори шумо аъвар нест ва миёни ду чашми ӯ калимаи кофир навишта шудааст" (Бухорӣ, китоби “Алфитан" боби “зикри Даҷҷол". Фатҳул-борӣ 13\90)
Мушобиҳи ин ҳадис, ҳадисе аст, ки Имом Бухорӣ онро нақл кардааст. Бар асоси изҳороти Имом Нававӣ муҳаққиқон бар ин ақидаанд, ки ин навишта комилан маълум ва мушаххас аст, аз ҷумлаи аломатҳое мебошад, ки баёнгари куфри қатъӣ, кизб ва ботил будани ӯст. Худованд онро барои ҳар муъмин чи босавод ё бесавод зоҳир мекунад ва аз касоне, ки қасди шақоват ва воқеъ шудан дар фитани ӯро дошта бошад, пинҳон медорад.
Қозӣ Аёз ихтилофи бузургонро дар ин маврид нақл мекунад ва мегӯяд: Гурӯҳе гумон мекунанд, ки навиштаи зоҳирӣ ва ҳақиқӣ аст ва бархе ҳам бар ин гумон ҳастанд, ки маҷоз аст ва барои таъкиди дидгоҳи худ ба ин ҳадис истидлол мекунанд, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ҳамаи муъминон онро мехонанд босавод бошанд ё бесавод, вале ин дидгоҳ заиф аст. (Шарҳи Нававӣ бар Муслим: 18\60)
Даҷҷол ворис надорад
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст, ки: Даҷҷол ақим (бефарзанд) аст ва фарзанде надорад. (Шарҳи Нававӣ бар Муслим: 4\2242-2243))
Матлаби шашум: Даъвои рубубияти ӯ ботил аст
Бо таваҷҷуҳ ба сифоту вижагиҳои Даҷҷол, ки ҳикоят аз маъюб ва нақси шадиди ӯ доранд, чи гуна ин махлуқи нотавон ва мустаманд метавонад раб бошад ва иддиои рубубият кунад. Ӯ иддио мекунад, ки ӯ раби мардум аст ва ҳоло онки Парвардигори мардум дар дунё қобили дидан нест. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
(تَعَلَّمُوا أَنَّهُ لَنْ يَرَى أَحَدٌ مِنْكُمْ رَبَّهُ عَزَّ وَجَلَّ حَتَّى يَمُوتَ)
“Бидонед ҳеҷ кадоми аз шумо то қиёмат Парвардигорашро дар дунё намебинад" (Саҳеҳи Муслим, китоби “Алфитан" 4\2245)
Илова бар ин Даҷҷол нақсу айби модарзодӣ дорад. Масалан айби курии ӯ бар касе пӯшида нест. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
(إِنَّ اللَّهَ تَبَارَكَ وَتَعَالَى لَيْسَ بِأَعْوَرَ أَلَا إِنَّ الْمَسِيحَ الدَّجَّالَ أَعْوَرُ عَيْنِ الْيُمْنَى كَأَنَّ عَيْنَهُ عِنَبَةٌ طَافِيَةٌ)
“Худованд бар шумо пинҳон намешавад. Худованд аъвар нест, вале чашми рости Даҷҷол аъвар аст. Чашми ӯ монанди донаи ангуре аст, ки рӯи об шино мекунад" (Бухорӣ, китоби “тавҳид" боби “قول الله: لتصنع علی عینی". Фатҳул-борӣ: 13\389)
Аз ҷумлаи сифоти маъюби Даҷҷол, ки дар аҳодис матраҳ шудаааст, «افحج» (афҳаҷ) аст. «فحج» (фаҳаҷ) бар фосилаи зиёд миёни ду соқи пои инсон гуфта мешавад, ё фосилаи зиёд миёни ду фахз ва рон ва баъзе онро фосилаи наздик миёни ду по ҳамроҳ бо дурии соқҳо тафсир кардаанд. Баъзеҳо мегӯянд: «افحج» (афҳаҷ) ба касе мегӯянд, ки дар пояш каҷӣ бошад. (Фатҳул-борӣ: 13\97)
Ибни Арабӣ мегӯяд: Вуҷӯди сифоти нақс дар васфи Даҷҷол далел бар ин аст, ки ӯ маҳкум ба нақс аст ва наметавонад навоқисро аз худ дур кунад. Агар ӯ раб мебуд метавонист навоқисро аз худ дур кунад. Барнадоштани сифоти нақс аз худ далели худо ва раб набудан аст ва инки тавони зудудани навоқисро аз вуҷӯди худ надорад.
Таъкиди Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар кур будани Даҷҷол аз он ҷиҳат аст, ки асари курӣ дар ӯ ошкор ва диданӣ аст. Олим ва ҷоҳил метавонад онро дарк кунад ва касоне, ки далоили ақлиро дарк намекунанд ба роҳатӣ метавонанд асари куриро дарёбанд, ҳарчанд оқилон ба роҳатӣ метавонанд ҳақиқати Даҷҷолро дарк кунанд.
Матлаби ҳафтум: Имконот ва васоили фитнаи Даҷҷол
Даҷҷол муддаии худовандӣ аст ва имконоти аҷиберо дар ихтиёр дорад, ки сабаби фитнаи бузург барои мардум мешавад ва аз ҷумлаи ин абзор ва имконоташ ин аст:
1. Ҳаракати босуръати ӯ бар рӯи замин
Дар ҳадиси Навос ибни Самъон, ки Муслим онро ривоят кардааст дар мавриди суръати рафтор ва интиқоли Даҷҷол аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савол шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(كَالْغَيْثِ اسْتَدْبَرَتْهُ الرِّيحُ)
“Монанди абре аст, ки бод онро ба ҳаракат дармеоварад"
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён кардааст, ки Даҷҷол дар атрофи замин меравад, ба тамоми шаҳрҳои дунё ба ҷуз Макка ва Мадина сафар мекунад. Дар ҳадиси Бухорӣ ва Муслим омадааст: Даҷҷол ғайр аз Макка ва Мадина тамоми шаҳрҳоро мепаймояд.
Дар ҳадиси Абуумома, ки Ибни Моҷа, Хузайма, ва Ҳоким онро нақл кардаанд, чунин омадааст:
(إِنَّهُ لَا يَبْقَى شَيْءٌ مِنْ الْأَرْضِ إِلَّا وَطِئَهُ وَظَهَرَ عَلَيْهِ إِلَّا مَكَّةَ وَالْمَدِينَةَ لَا يَأْتِيهِمَا مِنْ نَقْبٍ مِنْ نِقَابِهِمَا إِلَّا لَقِيَتْهُ الْمَلَائِكَةُ بِالسُّيُوفِ صَلْتَةً)
“Ҳеҷ нуқтае аз замин боқӣ намемонад магар инки Даҷҷол ба онҷо сар мезанад ва бар он ғалаба мекунад, ба ҷуз Макка ва Мадина. Аз ҳар нуқтае, ки бихоҳад вориди ин шаҳр шавад фариштагон бо шамшерҳои бараҳна ҷилави ӯро мегиранд" (Саҳеҳ ҷомеул-сағир 6\275, шумораи: 7752)
2. Биҳишт ва дӯзахи Даҷҷол
Аз ҷумлаи абзори фиреби Даҷҷол чизе шабеҳ ва монанд ба биҳишт ва дӯзах ё дарёе монанди об ва дарёе монанди оташ аст, ки онро ба ҳамроҳи худ дорад. Ҳақиқати амр хилофи воқеият мебошад. Ончиро, ки мардум ба сурати оташ мебинанд дар воқеъ оби хунук аст ва ҳақиқати ончи, ки мардум онро оби хунук мебинанд, оташи сӯзон аст.
Дар Саҳеҳи Муслим аз ҳазрати Ҳузайфа (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
(معه (أي الدجال) جنة ونار فناره جنة وجنته نار)
“(Даҷҷол) бо худ биҳишт ва дӯзах дорад, дӯзахаш биҳишт ва биҳишти ӯ дӯзах аст" (Муслим, китоби “Алфитан", боби зикри Даҷҷол: 4\2248, шумораи: 2934)