Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Дар хоб дидам мисвок мекунам, ногаҳон ду мард маро кашиданд ва яке аз он ду аз дигаре (аз назари син) бузургтар буд. Ман мисвокро ба кассе, ки хурдтар буд, додам, ба ман гуфта шуд: Онро ба шахси бузургтар бидеҳ, ман мисвокро ба шахси бузургтар додам».[28]
Абуяҳёи Ансорӣ гуфтааст: «Абдуллоҳ ибни Саҳл ва Муҳайяса ибни Масъуд (р) (баъд аз сулҳ) ба тарафи Хайбар рафтанд ва дар маҳалле аз ҳам ҷудо шуданд. Баъд Абдуллоҳ кушта шуд ва Муҳайяса ба тарафи ӯ рафт, дар ҳоле ки ӯ дар хуни худ оғушта буд. Абдурраҳмон ба Мадина омад, сипас ӯ ва амӯзодагонаш - Ҳувайяса ва Муҳайяса назди Расули Худо (с) рафтанд. Абдурраҳмон, ки аз онон хурдтар буд, рафт то дар бораи бародараш Абдуллоҳ сӯҳбат кунад. Пайғамбар (с) фармуданд: «Бигзор аз ту бузургтар сӯҳбат кунад».[29]
Оре, эй хонандаи мӯҳтарам, чунин аст аҳамияти эҳтиром ва бузургдошти бузургону олимон ва чунин аст ҳаққи тақаддум ба бузургтарҳо барои сухан гуфтан, магар замоне ки мустақиман аз кӯдак хоста шавад, ки сухан бигӯяд ва ё дар ҳолате, ки саволе дошта бошад!…
Адаби чорум, бархӯрди бародарона
Дар боби гузашта роҷеъ ба эҳтирому бузургдошти бузургтарҳо ба василаи афроди хурдтар ва муҳаббат варзидани бузургтарҳо нисбат ба афроди хурдтар аз худ матолибе гуфта шуд. Акнун бояд донист, ки Паёмбари Худо (с) иҷозат намедиҳанд ҳеҷ бародаре новобаста аз бародари хурд ё бузург ҳар навъ силоҳеро барои тарсонидани бародари худ ва ба хотири андохтани ваҳшат дар дили ӯ бар рӯяш бикашад. Аз ин рӯ, роҷеъ ба бархӯрди бародарона ва риояи адабу эҳтироми дуҷониба мефармоянд:
«Касе, ки силоҳи оҳаниро барои бародари худ бикашад, фариштагон бар ӯ нафрин мефиристанд, то замоне ки ӯро тарк кунад, агарчи бародари падариву модарияш ҳам бошад».[30]
Расули Худо (с) ба писарон таъкиду тавсия мефармуданд, ки бидонанд, аз дидгоҳи Ислом бародари бузург дорои мақому манзалати хоссае аст ва ин ба хотири таҳаммул ба дӯш кашидани бори сангини хонавода ва масъулияти тарбияву сарпарастӣ намудани бародарони хурдаш мебошад. Чунонки омадааст, Расули Худо (с) фармуданд:
«Дар миёни бародарон бародари бузургтар ба манзалаи падар мебошад».[31]
Бинобар ин, вақте падару модар ҳисси меҳру шафқатро дар дилу замири бародари бузург нисбат ба бародарони хурдаш эҷод намоянд ва эҳтирому қадрдониро низ дар дилу замири бародари хурд барои бародари бузург ҷой диҳанд, бидуни шак, ин кор мӯҷиб мешавад, ки хонавода бар асоси як ҳаракати мутавозин ва мутаодил ҷараён ёбад ва афроди он вазифаи худро нисбат ба якдигар бишиносанд ва ҳар як пеш аз он ки ҳаққи худро бар дигаре бишиносад, вазифаи худро дар баробари ӯ дарк кунад ва ба он амал намояд.
Адаби панҷум, эҳтироми ҳамсоя
Бояд донист, ки ҳамсоя дар шариати Ислом ҳуқуқи зиёде дорад ва ин ба хотири тақвияти робитаи иҷтимоӣ аст. Ҳамчунин бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки тардиде нест, ки кӯдак низ бо дигар кӯдакони ҳамсояи худ дорои одобе аст, ки Пайғамбар (с) падарону модаронро ба риояи онҳо ташвиқ кардааст, то кӯдаконашонро одат диҳанд ба ин ки нисбат ба душвориҳои ҳамсоягон бетараф набошанд ва аз азияту озор расонидан ба онон ба ҳар тариқи мумкин худдорӣ намоянд ва дар пешопеши онҳо нагузоранд, ки кӯдаконашон бо дар даст доштани маводи хӯрданӣ ва ё бо дар даст гирифтани мева аз хона хориҷ шаванд ва дар пеши чашми кӯдакони ҳамсояи камдаромад ба хӯрдани онҳо бипардозанд. Зеро фарзанди ҳамсояе, ки падару модараш бар асари камбуди молӣ ва тангдастии шадид тавони харидани он ғизо ва ё меваро надорад, ба таври ҳатмӣ дилшикаста ва хашмгин мешавад.
Ҳамчунин манъ намудани кӯдакон аз овардани маводи хӯрданӣ ба беруни хона мӯҷиб мешавад, ки онон одат кунанд ба ин, ки дар сари роҳу гузаргоҳи умумӣ чизе нахӯранд, балки фақат дар хона ба тановули маводи хӯрданӣ бипардозанд ва то ин ки чунин коре ба сурати одати умумӣ дарояд.
Дар ривояте омадааст: «Агар мевае харидӣ, фарзанди ҳамсояатро ба он таклиф кун ва миқдоре аз онро ба ӯ бидеҳ. Агар чунин накунӣ, пас онро пинҳонӣ бихар ва ба хона бибар ва дар дастраси фарзанди худат қарор мадеҳ, то ин ки онро дар даст нагирад ва беруни хона набарад, ба гунае ки фарзанди ҳамсоя онро бубинад ва нисбат ба ӯ хашмгин гардад».[32]
Ба ростӣ, чӣ бузург аст Ислом ва одоби исломӣ! Ва чӣ зебост, ки мусалмонон худро пойбанд ба риояи ин одоб ва раҳнамудҳои исломӣ гардонанд ва мутобиқи онҳо бо якдигар муошират ва ҳамзистӣ дошта бошанд!
Худованд ҳамаи моро ба риояи одоби исломӣ ва ба кор гирифтани онҳо нисбат ба якдигар муваффақ гардонад.
Адаби шашум, иҷозат хостан
Иҷозат ва иҷозат хостан барои дохил шудан ба манзилҳои дигарон вазифаи ҳар фарде, новобаста аз бузургу хурд будан, мебошад. Чун иҷозат хостан дар қонуну муқаррароти исломӣҷойгоҳи хосси худро дорад, то он ҷое ки Худованди мутаъол онро ба василаи оятҳои зиёде, ки дар мурури замон бар наслҳои пай дар пай хонда мешаванд, ба унвони амри хос муқаррар фармудааст. Ҳамчунин иҷозат хостан дар зиндагии иҷтимоиву хонаводагӣ дорои аҳамияти зиёде мебошад. Ба ҳамин хотир буд, ки илова бар бузургони саҳоба кӯдакони онон низ аз қабили Абусаъиди Худрӣ ва амсоли ӯ ба масъалаи иҷозат хостан ошноӣ доштанд ва ба риояи он аҳамият медоданд. Чунонки дар ривоят омадааст, Абумусои Ашъарӣ (р) ба дари хонаи Умар ибни Хаттоб (р) рафт ва иҷозаи дохил шудан хост, аммо ба ӯ иҷозаи даромадан ба хона дода нашуд, мисле ки худи Умар ибни Хаттоб (р) машғули корҳои шахсӣ буд. Пас Абумусо (р) баргашт ва Умар ибни Хаттоб (р) баъд аз ин ки корҳояшро ба итмом расониду аз онҳо фориғ шуд, гуфт: «Оё садои Абдуллоҳ ибни Қайсро нашунидед? Ба ӯ иҷозат диҳед, ворид шавад». Гуфтанд: «Вай баргаштааст». Сипас Умар ибни Хаттоб (р) ӯро фаро хонд. Абумусо омаду гуфт: «Ба мо дастур дода шудааст, (ки бидуни иҷоза вориди хона нашавем)».
Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: «Агар шоҳиду далеле барои ин гуфтаи худ дошта бошӣ, биёр. Абумусо назди ҷамъе аз ансор рафта, мавзӯъро аз эшон пурсид. Онон гуфтанд: «Ҷуз Абусаъиди Худрӣ, ки аз мо хурдтар аст, бар он гуфтаи ту гувоҳӣ намедиҳад». Пас Абусаъидро бо худ назди Умар ибни Хаттоб (р) бурда, моҷароро барои ӯ баён намуд. Умар ибни Хаттоб (р) низ гуфт: «Ман дар ин маврид аз дастури Расули Худо (с) бехабар мондаам, чун рафтан ба бозору саргарм шудан ба назорати амри тиҷорат ва доду ситад маро аз он ғофилу бехабар сохтааст».
Бинобар ин, амирулмӯъминин Умар ибни Хаттоб (р) фаромӯш карда буд, ки вақте ба шахсе иҷозаи вуруд ба хона дода нашуд, бар ӯ лозим аст, ки ба он ҷое ки омадааст, бидуни хашму норозигӣ баргардад. Пас шаҳодати Абусаъиди Худрӣ суннати Пайғамбари акрам (с)-ро ба ёди ӯ андохт.[33]
Оре, Қуръони карим одат додани кӯдакро бар иҷозат хостан тавсия намудааст ва ба волидайн дастур додааст, ки иҷозат гирифтанро ба кӯдак биомӯзанд, чун Қуръон онро вориди аҳкоми исломӣ намудааст. Бинобар ин, кӯдак пеш аз болиғ шудан дар се вақт, ки хоссаи хилвати зиндагии заношӯӣ мебошад, бидуни иҷозат вориди ҳуҷраи хоби онон нашавад. Он се вақт яке пеш аз намози субҳ, дигар ҳангоми пешин ва саввум баъд аз намози хуфтан аст, чун дар ин се вақт падару модар либосҳои маъмулиро аз тан берун меоваранд ва ба хобу истироҳат мепардозанд.
Худованд дар ин маврид мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لِيَسۡتَٔۡذِنكُمُ ٱلَّذِينَ مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُمۡ وَٱلَّذِينَ لَمۡ يَبۡلُغُواْ ٱلۡحُلُمَ مِنكُمۡ ثَلَٰثَ مَرَّٰتٖۚ مِّن قَبۡلِ صَلَوٰةِ ٱلۡفَجۡرِ وَحِينَ تَضَعُونَ ثِيَابَكُم مِّنَ ٱلظَّهِيرَةِ وَمِنۢ بَعۡدِ صَلَوٰةِ ٱلۡعِشَآءِۚ ثَلَٰثُ عَوۡرَٰتٖ لَّكُمۡۚ لَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ وَلَا عَلَيۡهِمۡ جُنَاحُۢ بَعۡدَهُنَّۚ طَوَّٰفُونَ عَلَيۡكُم بَعۡضُكُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ ٥٨﴾ [النور : ٥٨]
«Эй мӯъминон! Ғуломони шумо ва касоне аз шумо, ки ба синни булуғ нарасидаанд, бояд дар се вақт аз шумо иҷозат талабанд:пеш аз намози бомдод ва нимрӯз, ки либос аз тан берун мекунед ва пас аз намози хуфтан, ин се вақти хилвати шумо аст. Дар ғайри ин ҳолатҳо бар шумову бар онҳо ҳеҷ гуноҳе нест, ки дар атрофии якдигар бигардед. Худованд оятҳои худро ин гуна барои шумо баён мекунад ва Худо донои фарзона аст».[34]
Аммо вақте ки кӯдак ба ҳадди булуғ расиду вориди синни таклиф гардид, бояд падару модар иҷозат гирифтанро дар ҳар ҳолате бошад, чӣ дар хона ва чӣ дар ғайри хона, дар тамоми мавридҳое, ки дарро баста диданд, ба ӯ дастур диҳанд. Худованд ба ин мавзӯъ чунин ишора менамояд:
﴿وَإِذَا بَلَغَ ٱلۡأَطۡفَٰلُ مِنكُمُ ٱلۡحُلُمَ فَلۡيَسۡتَٔۡذِنُواْ كَمَا ٱسۡتَٔۡذَنَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ ءَايَٰتِهِۦۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ ٥٩﴾ [النور : ٥٩]
«Ва чун кӯдакони шумо ба синни булуғ расиданд, бояд монанди касоне, ки пеш аз онҳо (дар ҳамин шароит) иҷоза металабиданд, иҷоза бигиранд. Худо оятҳои Худро барои шумо баён мекунад ва Худо донои фарзона аст».[35]
Расули Худо (с) чӣ гуна иҷозат мегирифтанд?
Мардум аз ҳамдигар мепурсанд: «Вақте шахсе дари касеро мекӯбад, чӣ гуна биистад? Оё рӯ ба рӯи дар биистад, ё пушти дар ва ё дар як тарафи он?
Барои ҷавоби ин саволҳо ривояти зерро баён мекунем, ки омадааст:
«Расули Худо (с) вақте ба дари хонае меомаданд ва мехостанд иҷозаи вуруд ба онро бигиранд, дар муқобили дар намеистоданд, балки дар тарафи рост ё чапи он қарор мегирифтанд. Агар ба он ҳазрат (с) оҷозаи вуруд дода мешуд, медаромаданд, вагарна бармегаштанд».[36]
Паёмбари Худо (с) шахсан аз кӯдакон иҷозат мегирифтанд
Табиист, ки ҳақҳақ асту бузургу хурдро намешиносад ва пайравӣ аз суннат бар ҳамаи мусалмонон, дар ҳар дараҷаву мақоме, ки бошанд, лозим мебошад, чаро ки Расули Худо (с) танҳо роҳбару муаллими миллати мусалмон мебошанд ва бузургу хурд ва ба таври куллӣҷомеаи башариятро иршоду роҳнамоӣ мекунанд, ҳаққи кӯдакро дар ҳар заминае риоя менамоянду онро ба мардум мешиносонанд. Чунонки омадааст: «Миқдоре оби ошомиданӣ оварда шуд ва Пайғамбари акрам (с) каме аз онро нӯшиданд. Дар тарафи рости он ҳазрат (с) писарбачае ва аз ҷониби чапашон низ афроди бузургсол буданд. Расули Худо (с) аз он писар иҷоза хостанд, ки (аз тарафи чап шурӯъ кунанд ва аввал) обро ба афроди бузургсол бидиҳанд ва фармуданд: «Оё иҷозат медиҳӣ(аввал) обро ба ин афрод (бузургсоли тарафи чап) бидиҳам?». Он писар гуфт: «Не, эй Пайғамбар (с), қасам ба Худо, саҳми худро аз ҷониби шумо ба касе исор намекунам».[37]
Адаби ҳафтум, риояи одоби таом хӯрдан
Умар ибни Абусалама[38] гуфтааст: «Ман писарбаччае будам, ки зери сарпарастӣ ва тарбияи Пайғамбар (с) қарор доштам. Вақте таом мехӯрдам, дастамро ба атрофи табақи таом дароз мекардам. Пайғамбари Худо (с) ба ман фармуданд: «Эй писар! Ҳангоми хӯрдани таом «бисмиллоҳ» бигӯ ва бо дасти рост бихӯр, аз пеши худат таом бардор ва ба атрофи дигари табақи таом даст дароз макун»! Аз он баъд, ҳамеша одоб ва шеваи таом хӯрдани ман ба ин дастури Пайғамбар (с) буд».[39]
Дар ривоят омадааст: «Анас ибни Молик (р) гуфт: «Уммисулайм маро бо миқдоре хурмо дар як занбил пеши Расули Худо (с) фиристод. Ба он ҷо ки расидам, он ҳазрат (с) чанд дақиқае қабл назди яке аз дӯстонаш, ки ӯро даъват карда буд, рафта буд ва ман низ ба он ҷо рафтам ва дидам, ки машғули таом хӯрдан аст. Маро фаро хонд, то бо Ӯ хӯрок бихӯрам. Барои он ҳазрат (с) обгӯшт бо каду дуруст карда буданд ва Ӯро аз каду хушаш меомад ва ман низ кадуҳоро ҷамъ мекардам ва ба Ӯ наздик менамудам, пас аз ин ки таомашро хӯрд ба хонааш баргашт ва ман низ занбили хурморо пеши Ӯ гузоштам. Он ҳазрат (с) ба хӯрдан ва тақсим кардани он шуруъ карданд то даме, ки хурмо тамом шуд».
Ҳангоми хӯрок хӯрдан чӣ гуна бо кӯдак
муносибат шуд?
Дар ривояте омадааст, ки Исҳоқ ибни Яҳё гуфт: «Ҳамроҳи Исо ибни Талҳа дар масҷид будем, Масоиб ибни Язид вориди масҷид шуд. Ибни Талҳа ба ман гуфт: «Назди он шахс бирав ва ба ӯ бигӯ: «Амакам Ибни Талҳа мегӯяд, ки оё Расули Худо (с)-ро дидаӣ?» Сипас ман пеши ӯ рафта, гуфтам: «Оё Расули Худо (с)-ро дидаӣ?» Дар ҷавоб гуфт: «Оре, дидаам. Ман ҳамроҳи чанд писарбаччаи дигар бо ҳам назди Ӯ рафтем ва дидем, ки аз як коса хурмо мехӯрад ва иддае аз асҳоб ҳамроҳи ӯ буданд. Расули Худо (с) ба ҳар кадоми мо даст дода, бар сари мо низ даст кашиданд».[40]
Имом Муҳаммади Ғаззолӣ (р) дар китоби «Эҳёу улуми-д-дин» ба одоби таом хӯрдан, ки кӯдакон ниёзманд ба донистани онҳо мебошанд, ишора кардааст, то ин ки онҳоро бар асоси одоби исломӣба кор гиранд. Инак порае аз ин навъи одобро барои хонандагон баён мекунем:
– Шахс таомро бояд бо дасти рост бардорад ва бо «бисмиллоҳ» шурӯъ кунад ва дар охир ҳам бо гуфтани «алҳамду лиллоҳ» хотима диҳад.
– Аз он чи, ки дар пеши дасти худ дорад, бихӯрад ва даст ба пеши дигарон дароз накунад.
– Пеш аз калонсолон ба хӯрдани таом шурӯъ накунад.
– Чашм ба таом ва ба касе, ки таом мехӯрад, надӯзад.
– Дар хӯрдани таом саросема нашавад (ором бихӯрад).
– Луқмаҳои хурд бардорад ва хуб онро бихояд.
– Пушти сари ҳам луқма барнадорад, балки то луқмаи аввалиро фурӯ набарад, луқмаи дуюмиро барнадорад.
– Либос ва дастҳояшро бо таом олуда насозад.
– Ба нону бодиринг ва ҳамчунин ба нони холӣ ва бидуни хӯриш одат кунад, он ҳам дар баъзе вақтҳо, на ба таври доимӣ ва ҳатмӣ.
– Пурхӯриро амри зишт ва нописанд бишуморад ва афроди пурхӯрро ба ҳайвонот монанд бидонад.
– Фаровонии хӯрданиҳоро дар пеши худ нописанд бидорад ва кӯдаки боодобу камхӯрро таърифу тавсиф кунад ва азхудгузаштагӣ, бахшиш ба таом ва ғамхорӣ нанамудан ба онро амри лозим бидонад.
– Ба нони холӣ ва таоми содда қаноат кунад.[41]
Адаби ҳаштум, риояи шакли берунӣ ва ҳолати зоҳирии кӯдак
1. Риояи мӯи сар ва тарошидани он
Дар робита бо нишон додани кӯдак, ба хусус ҳолати зоҳирию берунии кӯдак, новобаста аз мӯи сару кайфияти тарошидани он ва ранги либосу хориҷ шуданаш бо он, лозим аст таваҷҷӯҳи хоссе шавад. Ин чизе аст, ки Паёмбари Худо (с) ба он эҳтимоми зиёде варзидаанд. Чунонки Ибни Умар (р) гуфтааст: «Расули Худо (с) кӯдакеро диданд, ки миқдоре аз сараш тарошидаву баъзеи дигар аз он ба ҳоли худ гузошта шуда буд, аз ин кор манъ намуда, фармуданд: «Мӯи сари кӯдакро ба таври куллӣ битарошед ва ё ҳамаи онро ба ҳоли худ бигзоред (на ин ки баъзе аз онро битарошеду баъзеи дигарро бигузоред)».[42]
Паёмбари Худо (с) аз амали «қазаъ» наҳй фармудаанд.[43]
Аз Ибни Умар (р) савол шуд: «Қазаъ чист?» Дар ҷавоб гуфт: «Қазаъ қисме аз мӯи сари кӯдакро тарошида ва қисми дигари онро ба ҳоли худ гузоштан аст».
Қазаъ чор навъ аст:
Навъи аввал он аст, ки порае аз ин ҷову он ҷои сар тарошида шавад ва мӯи сари кӯдак ба монанди пораҳои абр қитъа-қитъа гардад.
Навъи дуюм он аст, ки мобайни сар тарошида шавад ва атрофи он ба ҳоли худ боқӣ бимонад ба монанд сари хидматкорони насоро.
Навъи сеюм он аст, ки атрофи сар тарошида шавад ва мобайни он ба ҳоли худ бимонад он тавре, ки бисёре аз афроди авбошу паст ин корро мекунанд.
Навъи чорум он аст, ки пеши сар тарошида шавад ва пушти сар ба ҳоли худ боқӣ бимонад.
Бояд донист, ки тамоми ин ҳолатҳо «қазаъ» мебошанд. Валлоҳу аълам.
Расули Худо (с) шахсан нозири тарошидани мӯи сари кӯдакон будаанд. Чунонки аз Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) ривоят шуда, ки: «Баъд аз шаҳид шудани Ҷаъфар Расули Худо (с) се рӯз хонаводаи ӯро ба ҳоли худ гузоштанд. Сипас назди онон омада гуфтанд: «Аз имрӯз ба баъд бар бародарам (Ҷаъфар) гиря накунед». Сипас фармуданд: «Бародарзодагонамро бароям фаро хонед». Абдуллоҳ мегӯяд: «Моро ба монанди чӯҷаҳое оварданд, баъд фармуданд: «Як нафар сартарошро даъват кунед». Пас ба ӯ дастур доданд ва сари моро тарошид.[44]
Расули Худо (с) нисбат ба чигунагии мӯи духтар бетафовут набудаанд. Чунонки омадааст, зане аз Расули Худо (с) пурсиду гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Мӯи сари духтарам бар асари бемории домана кам шудаву рехтааст ва ӯро низ шавҳар додам, оё ба сараш мӯй васл кунам?» Расули Худо (с) фармуданд: «Худованд шахси мӯйваслкунанда ва он касеро, ки хостори васл шудани мӯй ба сараш мешавад, нафрин кардааст».[45]
Ҳамчунин мулоҳиза мешавад, ки мӯи сари кӯдаки мусалмон нисбат ба соири кӯдакони ғайри мусалмон мушаххас ва мутамоиз мебошад, зеро ӯ мӯйҳояшро тағйири ҳолат намедиҳад ва худро ба шаклу сурати афроди бекораву бенизом дарнамеоварад ва аз ҳар гуна тағйиру тавҷеҳе, ки мухолиф бо дастури Расули Худо (с) бошад, дур асту нафрат меварзад.
2. Риояи ранги либос
Дар ривоят омадааст, ки Амр ибни Ос (р) гуфт: «Расули Худо (с) маро диданд, ки ду либоси зардранг бар тан дорам, фармуданд: «Оё модарат ба ту дастур додааст, ки ин либосро бипӯшӣ». Гуфтам: «Оё онҳоро шустан мефармоӣ, то ранги онҳо пок шавад?». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Не, балки онҳоро бисӯзон».[46]
Ҳамин ҳадис дар ривояти дигар бо иловаи зер омадааст: Фармуданд: «Бегумон ин либоси куффор аст, пас онро мапӯш!».
Имом Муҳаммади Ғаззолӣ (р) перомуни одоби либоспӯшии кӯдак раҳнамоии хубе намуда, гуфтааст: «Либоси сафед барои кӯдакон беҳтар ва хуб аст, на либоси рангоранги абрешимӣ, зеро чунин либосҳо шоистаи занон ва афроди занмонанд аст ва мардон аз пӯшидани он худдорӣ менамоянд ва онро кори нангину нописанд мешуморанд. Аз ин рӯ, вақте либоси абрешимӣ ва ё рангае бар тани кӯдаке дида шуд, лозим аст, ки онро зишту нописанд донист ва бояд кӯдакро аз рафоқату ҳамзистӣ бо кӯдаконе, ки ба хушгузаронӣ ва ба рафоҳу айёшӣ ва пӯшидани либоси фохир одат намудаанд, нигоҳ дошт».[47]
3. Ҳаром гардондани пӯшиши абрешим
Бинобар қоида ва муқаррароте, ки Расули акрам (с) дар робита бо пайравӣ нанамудан аз куффор дар либос пӯшидан гӯшзад фармудаанд, бояд аз ибтидои замоне, ки кӯдак чашм ба дунё мекушояд, ба суннати Расули акрам (с) одат дода, аз пӯшидани либоси ҳаром боздошт. Ин ҳамон чизе аст, ки саҳобаи гаронқадр бо тамоми ҷиддият ва дар ниҳояти сабру пойдорӣ ба он амал мекарданд. Чунонки Абдуллоҳ ибни Язид гуфтааст: «Назди Абдуллоҳ ибни Масъуд будем, ногаҳон писараш омад, ки пероҳани абрешимӣ дар тан дошт. Ибни Масъуд ба ӯ гуфт: «Ба ту ин пероҳанро кӣ пӯшонидааст?» Он писар гуфт: «Модарам». Ибни Масъуд гуфт: «Онро барору бидарон ва ба модарат бигӯ, пероҳани дигаре ғайр аз ин бар танат кунад».[48]
Косонӣ дар «Бадоеъус-саноеъ» дар боби «Ҳаром будани пӯшидани абрешим бар мардон» гуфтааст: «Баъд аз ин ки Паёмбари акрам (с) фармуданд: «Ҳозони ҳаромони ало зукури умматӣ». Яъне «Ин ду барои мардони уммати ман ҳароманд», маълум шуд, ки манзури он ҳазрат (с) аз ҳаромгардонии ин ҳукм ҷинси мардона мебошад. Пас, дар ҳаромии он ҳеҷ фарқе миёни марди бузургсолу хурдсол нест. Аммо чизе ки ҳаст, ин аст, ки агар пӯшанда кӯдак бошад, гуноҳи он бар худи кӯдак намебошад, балки бар касе аст, ки абрешимро бар ӯ пӯшонидааст, зеро ҳаром ба кӯдак дпхл надорад, (чун ғайри мукаллаф аст,) ҳамчунон ки агар кӯдак шароб бинӯшад, гуноҳи он бар гардани шаробдиҳанда аст, на бар кӯдак, пас ҳукми пӯшидани либоси абрешим низ ҳамин тавр мебошад.[49]
Ибни Қаййим гуфтааст: «Шахси валӣ ва сарпарасти кӯдакро ҳаром аст, ки ба кӯдак либоси абрешим бипӯшонад, ба хотири ин ки кӯдак ба василаи он сифатҳои занонаро ба худ мегирад».
Адаби нуҳум, хомӯширо риоя кардан
дар аснои тиловати Қуръон
Дар ривояте омадааст: «Ояти зер дар бораи навҷавоне аз Ансор нозил шуд ва Расули Худо (с) ҳар вақт чизеро мехонданд, онро қироат мекарданд: «Ва чун Қуръон хонда шавад, пас ба он гӯш ниҳед ва хомӯш бошед, то бар шумо меҳрубонӣ карда шавад».[50]