Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистусеюм: Асоси сеюми ақидавӣ, собиту устувор сохтани муҳаббати Паёмбар (с) дар қалбҳои кӯдакон
سلسلة تربية الأولاد, القسم الثالث و العشرون: عن الأساس الثالث و هو تثبيت محبة النبي صلى الله عليه و سلم في قلوب الأولاد
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистусеюм:
Асоси сеюми ақидавӣ, собиту устувор сохтани муҳаббати Паёмбар (с) дар қалбҳои кӯдакон
Бояд донист, қисмати аввали шаҳодат, яъне «Ло илоҳа иллаллоҳ» ба василаи қисмати дуюми он, яъне «анна Муҳаммада-р-расулуллоҳ» таҳаққуқ мепазирад. Аз ин рӯ, салафи солеҳ ва халафи содиқи онон пайваста барои собиту устувор сохтани он дар қалбҳои кӯдакон мекӯшиданд, зеро ба василаи ин ду калимаи шаҳодат аст, ки эҳсосот ва ҳавоси зоҳиру ботини кӯдак ба ҳаракат дармеоянд ва ҳарорати шууру идроки исломӣ дар дарунаш фузунӣ меёбад ва ӯро ба сӯи тамоми некиҳо мекашонад ва ҳамаи мушкилоташро ҳал мекунад ва мусибатҳоро саҳлу осон месозад…
Табиист, ба таври куллӣ нафси башарият дар марҳалаи сохтори иҷтимоии худ мекӯшад, то хештанро ба нерӯмандтарин шахсияти перомуни худ ҳаммонанд созад, то ин ки аз ӯ пайравӣ намояд, бар мабнои раҳнамоиҳояш ҳаракат кунад ва дар тамоми ҳаракату саканот аз ӯ тақлид намояд. Дар ин сурат, тарбияи исломӣ хоҳони он аст, ки кӯдакони хурдсол, афроди навҷавон, ҷавонон ва ашхоси бузургсол худро тобеъ ва муқаллиди Расули Худо (с) созанд ва бо тамоми вуҷуд аз гуфтору кирдору рафтори инсонсози Ӯ пайравӣ кунанд, чун тардиде нест, ки Расули Худо (с) намунаи шахсияти собит ва улгӯи ҷомеасози тағйиру табдилнопазир мебошад, ба ин хотир, ки Ӯ ба таври куллӣ комилтарини инсонҳо ва фозилтарини пайғамбарони Худо мебошад. Бегумон, азобе, ки нафси башарият ба он гирифтор шудаву бемориҳои равонию асабӣ, ки дар гӯшаву канори ҷаҳон мунташир гардидааст, ҳама ва ҳама натиҷаи дурӣ аз пешвои муслиҳу муқтадои дурусту содиқ ва дар асари адами тамассук ба Расули Худо (с) ва пайравӣ нанамудан аз суннати поки ӯ мебошад. Ҳамчунин наслҳои саргардонеро мебинем, ки дар вартаи инҳирофу табоҳии шахсият зиндагӣ мекунанд, ба ин хотир аст, ки дар фаслҳои мухталифи сол нафасзанон дунболи мавзӯоти мутағайиру масоили нопойдор меафтанд ва кӯр-кӯронаву ноогоҳона пушти сари афроди мунҳарифу гумроҳе ҳаракат мекунанд, ки ба таври куллӣ аз барномаи илоҳӣ дур мебошанд ва худро мутамаддину бофарҳанг меноманд, афроде, ки шайтон дар мағзи онон дамида ва гумон мебаранд, ки равшанфикри замони худ ҳастанд.
Бинобар ин, кӯдакону навҷавонон ниёзманд ба як шахсияти воқеӣҳастанд, ки ба ӯ иқтидо кунанд ва аз барномаи инсонсозу саодатофарини ӯ пайравӣ намоянд. Дар ин сурат, кист бузургтар ва бофазилаттар аз Паёмбари Худо (с), ки бояд аз ӯ ва барномаи дурусти ӯ пайравӣ шавад?
1. Зикри чанд ҳадис ва ривоятҳо дар бораи пайравӣ аз Паёмбари Худо (с) ва барномаи дурусти Ӯ
Дар бораи устувор намудани муҳаббати
Расули Худо (с) дар дилҳо
Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Фарзандони худро бар асоси се хислат тарбия кунед: бар устувор намудани муҳаббати пайғамбаратон, муҳаббати оли байташ ва бар тиловати Қуръон».[1]
Ривоят аст, ки марде аз Паёмбари Худо (с) пурсид: «Кадом вақт рӯзи Растохез меояд?» Расули Худо (с) фармуданд: «Чӣ чизе барои он омода сохтаӣ?». Гуфт: «Намозу рӯза ва садақаи зиёде наандӯхтаам, аммо Худо ва Расули Худо (с)-ро дӯст медорам». Расули Худо (с) фармуданд: «Ту (дар рӯзи Қиёмат)ҳамроҳи касе мебошӣ, ки дӯсташ медорӣ».[2]
Анас (р) гуфтааст: «Ман Расули акрам (с), Абубакр ва Умар (р)-ро дӯст медорам ба умеди он, ки ба василаи ин муҳаббате, ки (дар дунё) нисбат ба онон дорам, (фардои қиёмат) бо эшон бошам».
Амре аст возеҳ ва мушаххас, ки Анас (р) дар ҳоле ки кӯдаки хурдсол буд, муддати даҳ сол барои Пайғамбар (с) хидмат кард.
2. Муҳаббати Расули Худо (с) дар дили кӯдакону навҷавонони саҳоба чӣ гуна собиту устувор гардид?
Вақте дар зиндагии кӯдакони саҳобаи бузургвор (р) хуб диққат ва тааммул намоем, ки чӣ гуна муҳаббати Расули Худо (с)-ро касб мекарданд ва чӣ гуна дар зиндагии хеш ӯро аз ҳар чизи дигаре муқаддамтару боарзиштар медонистанд, ба равшанӣ дармеёбем, ин ба он сабаб будааст, ки онон дорои хусусиятҳои зер будаанд:
а) Даъвати Расули Худо (с)-ро зуд мепазируфтанд ва амру фармонҳояшро иҷро менамуданд ва зуд пазируфтани даъват илова бар фузунии муҳаббат худ, далел бар вуҷуди устувории ин муҳаббат мебошад. Чунончи Алӣ ибни Абутолиб дар синни то даҳ солагӣ бидуни машваратхоҳӣ бо касе даъвати Паёмбари Худо (с)-ро ба сӯи Ислом «лаббайк» гуфт ва фавран онро пазируфт, зеро кор кори ақида аст ва ҳар коре далели хосси худро дорад ва ҳар кас пайрави ақидае мебошад, ки худ онро ихтиёр намудааст.
Бинобар ин, Алӣ ибни Абутолиб дар синни ҳаштсолагӣ ба баъд, чи дар марҳалаи аввали Ислом ва чи баъд аз ошкор шудани он, бидуни ин ки тарсу хавфе дошта бошад, мутобиқи дастуроти исломӣ зист ва дар оғози Ислом Расули Худо (с) ва ҳамсарашон Хадиҷа (р), ки дар Макка пинҳонӣ намоз мехонданд, Алӣ ибни Абутолиб низ бо онон намоз мехонд ва рӯзе падараш Абутолиб дид, ки писараш Алӣ бидуни тарсу хавфе бо Расули Худо (с) намоз мехонад.
Дар ривоят омадааст, ки Анас ибни Молик (р) дар даврони кӯдакӣ назди Расули Худо (с) мерафт ва аз маҳбубтарин чизе, ки бозӣ кардан бо дигар кӯдакон мебошад, даст мекашид ва барои Расули Худо (с) кор мекард, ҳатто агар дар вақти бозӣ кардан Расули Худо (с) ӯро садо мезаданд, фавран бозиашро тарк мекард ва даъвати Расули Худо (с)-ро лаббайк мегуфт ва бо шитоб барои иҷрои дастуроти Ӯ ҳозир мешуд ва муддати даҳ сол ҳамин тавр барои Расули Худо (с) кор кард. Чунончи худи ӯ мегӯяд: «Рӯзе, дар ҳоле ки ман бо дигар кӯдакон бозӣ мекардам, Алӣ ибни Абутолиб назди Расули Худо (с) омад ва салом кард, Расули Худо (с) аз ҳамон ҳол маро ба дунболи коре фиристод…[3]
Ҳатто кӯдакону навҷавонони саҳобаи киром ба василаи расидани фармонҳои маҳбуби худро интизорӣ кашидан ба дараҷае аз муҳаббати содиқона расида буданд, ки бидуни ин ки касе ба онон бигӯяд ва ё дастуре бидиҳад, барои расидан ба ҳузури Расули Худо (с) аз якдигар сабқат меҷустанд ва корҳояшонро анҷом медоданд. Чунончи дар ривоят омадааст: «Ибни Аббос мегӯяд: «Вақте ки Расули Худо (с) мехостанд вузӯ бигиранд, бидуни ин ки Ӯ бидонад зарфи обро барояшон мегузоштам, сипас Паёмбари Худо (с) мефармуданд: «Кӣ ин зарфи обро гузоштаву ҳозир кардааст?». Мегуфтанд: «Ибни Аббос. Паёмбари акрам (с) мефармуданд: «Худоё ӯро дар дину дастуроти динӣ огоҳ кун!…».[4]
Сабқат ҷустан барои расидан ба ҳузури Расули Худо (с) ва дар иҷрои амру фармонҳои Ӯ шитоб кардан ба шаклҳои гуногун сурат мегирифт. Аз ҷумла, байъат намудани кӯдакону навҷавонони саҳобаи киром бо Расули акрам (с), чунончи омадааст: «Асмо духтари Абубакри Сиддиқҳангоме, ки аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карданд, ҳомила буд, ки аз он ҳамл Абдуллоҳ ибни Зубайр ба дунё омад ва вақте ба Қубо расид, кӯдак таваллуд кард ва баъд аз ин ки Абдуллоҳ ба дунё омад, ӯро барои амали таҳник назди Расули Худо (с)бурд. Расули акрам (с) ӯро аз дасти Асмо гирифта, дар оғӯши худ гузоштанд, сипас хурмое хоста, онро ба сурати хамире дароварданд ва шираи онро бо ангушт ба даҳон ва атрофи лабҳои Абдуллоҳ молиданд. Абдуллоҳ низ шурӯъ ба маккидани он намуд ва ин нахустин ғизое буд, ки вориди шикамаш шуд, сипас Расули акрам (с) даст бар сари Абдуллоҳ кашиданд».
Асмо мегӯяд: «Баъд аз он ки Абдуллоҳ ба синни ҳафт, ё ҳаштсолагӣ расид, барои байъат назди Расули Худо (с) омад ва вақте Паёмбари Худо (с) ӯро диданд, лабханде заданд, сипас Абдуллоҳ бо Расули Худо (с) байъат кард.[5]
Саҳобаи киром кӯдакони худро бар асоси муҳаббати Пайғамбар (с) тарбияву парвариш мекарданд ва табиист, касе, ки бар асоси ҳар чизе тарбия шавад, бар хӯю одати он чиз парвариш меёбад ва рушд мекунад.
Имом Нававӣ дар тавзеҳи ҳадиси боло мегӯяд: «Байъати кӯдакону навҷавонон байъати табрику ташриф будааст, на байъати таклиф. Чун ин байъат дар поёнтар аз синни таклиф анҷом гирифтааст».[6]
Омадааст, кӯдакону навҷавононе, ки бо Расули Худо (с) байъат намуданд, иборат буданд аз Ҳасану Ҳусайн, Абдуллоҳ ибни Аббос ва Абдуллоҳ ибни Зубайр (разияллоҳу анҳум).[7]
б) Ҷангидани навҷавонон бо касе, ки Паёмбари
Худо (с)-ро озор медод
Дар замони саҳобаи киром навҷавонон илова бар ин ки барои хидмат кардан ба Расули Худо (с) аз якдигар сабқат меҷустанд, барои ҷангидан ва интиқом гирифтан бо касоне, ки Расули Худо (с)-ро озору азият медоданд, бесаброна, аз ҳамдигар пешӣ мегирифтанд ва бо онон меҷангиданд. Чунончи омадааст: «Абдурраҳмон ибни Авф (р) гуфтааст: «Дар ҳоле ки дар миёнаи ҷанги Бадр қарор гирифта будам, дидам писарбачае дар тарафи ростам истода, аз ман мепурсад: «Эй амак! Абуҷаҳл кадом аст, ӯро ба ман нишон деҳ?» Ба ӯ гуфтам: «Эй писарам, ба Абуҷаҳл чӣ кор дорӣ?» Он писар гуфт: «Қасам ба Худо, агар ӯро бинам, намегузорам ҷони солим бадар барад, чун ӯ Паёмбари Худо (с)-ро озор медиҳад». Сипас, дидам писари дигаре дар канори чапам истода, ҳамон саволро аз ман мепурсад! Баъд ҷанг шиддат гирифт ва аз ҳар ҷиҳат шӯълавар шуд. Дар ин асно Абуҷаҳл дар майдони корзор намоён гардид ва ман ба он ду писар гуфтам: «Он аст марде, ки ӯро мехоҳед, оре ӯ Абуҷаҳл аст. Пас ҳар ду писар бо шамшери хурди худ шитобон ба сӯи ӯ давиданд ва ҳар як мехост бар дигаре пешӣ гирад ва зудтар ба он душмани Худо ва Расули Худо (с) бирасад ва ба ӯ зарба бизанад. Сипас, ҳар дуи онон бо шамшерҳои худ зарбаи шадиде ба Абуҷаҳл заданд ва дарҳол нақши бар замин шуд. Ҳар як аз эшон мекӯшид муждаи кушта шудани Абуҷаҳлро зудтар ба Расули Худо (с) бирасонад. Баъд аз он ки ба ҳузури Расули Худо (с) расиданд, ҳар кадом мегуфт: «Ман ӯро куштам». Расули Худо (с) фармуданд: «Шамшерҳоятонро ба ман нишон диҳед». Расули Худо (с) осори хунро бар бадани ҳар як аз онҳо дида, фармуданд: «Ҳар дуи шумо ӯро куштаед».[8]
Ҳамчунин, навҷавонони салафи солеҳ бо касоне, ки ба ишора ва ё ба кор бурдани калимаҳо ва ибораҳо иҳонатомез ба шахсияти муқаддаси Паёмбари Худо (с) беадабӣ менамуданд, фавран меҷангиданд ва ба хотири гирифтани интиқом бар онон ҳамлавар мешуданд. Чунончи Шаҳҳобиддини Абшаҳӣ дар китоби худ «Ал-Мустатраф фи кулли фаннин мустазраф» дар ин робита ва бар ҳамин маънову мафҳум достони зебоеро баён намудааст ва мегӯяд: «Гурӯҳе аз писарони Баҳрайнӣ чавгонбозӣ[9] мекарданд ва Усқуфи Баҳрайн низ нишаста буд. Ногоҳ тӯб ба синаи Усқуф зад ва Усқуф онро гирифта ба бозингарон пас надод. Онон низ аз ӯ мехостанд, ки тӯбро боз диҳад, аммо ӯ намедод. Яке аз эшон гуфт: «Туро савганд ба Худои Муҳаммад (с) медиҳам, тӯбро пас бидеҳ». Боз он марди палид аз додани тӯб худдорӣ намуд ва Расули Худо (с)-ро низ носазо гуфт. Дар ин ҳол, писарони бозингари баҳрайнӣ билофосила бо чавгони[10] худ бар ӯҳамлавар шуданд ва он қадар ӯро заданду озор доданд, то ин ки ҷон дод. Хабари ин воқеа ба Умар ибни Хаттоб (р) расид. Умар ибни Хаттоб гуфт: «Қасам ба Худо, хабари кушта шудани Усқуф ба дасти навҷавонону ҷавонони Баҳрайнӣ аз ҳар фатҳу пирӯзӣ ва аз ба даст овардани ҳар гуна ғаниматҳои ҷангӣ шодиовартар буд, зеро акнун мутмаинам, ки Ислом иззату сарфарозӣ ёфтааст! Чун вақте ки ба Паёмбари акрам (с) ва ба мӯътақадоти динии ҷавонону навҷавонон беҳурматӣ шавад, фавран онон хашмгин мешаванд ва барои интиқомҷӯӣ ба по мехезанд, ҳамон тавре ки Усқуфро кушта хунашро рехтанд ва Худованд аз ҳар кас ва аз ҳар чизе огоҳтар аст».
Агар чунончи, кӯдакону навҷавонони мусалмон наметавонистанд аз касоне, ки нисбат ба Расули Худо (с) бадгӯиву носазо мегуфтанд, интиқом бигиранд, фавран гуфтору кирдори ин гуна афроди фосиқу мунофиқро ба иттилои Расули Худо (с) ва ё ба афроди мӯъмини баъд аз ӯ мерасониданд.
Қуръон мефармояд:
﴿يَقُولُونَ لَئِن رَّجَعۡنَآ إِلَى ٱلۡمَدِينَةِ لَيُخۡرِجَنَّ ٱلۡأَعَزُّ مِنۡهَا ٱلۡأَذَلَّۚ وَلِلَّهِ ٱلۡعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِۦ وَلِلۡمُؤۡمِنِينَ وَلَٰكِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ لَا يَعۡلَمُونَ ٨﴾ [المنافقون: ٨]
«Мегӯянд: Агар (аз ғазваи Бани Мусталиқ) ба Мадина бозрасем, албатта, соҳибиззат хоршударо аз Мадина берун мекунад,[11]дар ҳоле ки иззат азони Худо ва пайғамбари Ӯ ва мӯъминон аст, валекин мунофиқон намедонанд».[12]
Муфассирон дар сабаби нузули ин оят гуфтаанд: Баъд аз ғазваи Бани Мусталиқ Расули акрам (с) ҳамроҳи муҳоҷирин омодаи баргаштан ба Мадина шуданд ва бар обе, ки ба он «Ал-Мурайсиъ» мегуфтанд, расиданд. Ҳамроҳи Умар ибни Хаттоб марде буд, ӯро Ҷаҳҷоҳ мегуфтанд, мардикори Умар буд ва лаҷоми маркабашро мекашид. Фарди дигаре, ки ӯро Синон мегуфтанд, ҳамроҳи Абдуллоҳ ибни Убай буд. Ҳардуи онон бар он об қарор доштанд. Ҷаҳҷоҳ бо садои баланд муҳоҷиронро нидо мезад ва Санон низ ансорро. Ногаҳон миёни он ду ҷангу низоъ даргирифт ва Абдуллоҳ ибни Убай, ки гурӯҳе аз қавмҳояш назди ӯ буданд ва Ибни Салул ва Зайд ибни Арқам низ ҷузъи онон буданд, хашмгин шуда гуфт: «Оё мехоҳед, муҳоҷирини Макка, яъне мусалмонон, вориди шаҳру сарзамини шумо шаванд? Қасам ба Худо, ин амали шумо нисбат ба онон чунон аст, ки мегӯянд: «Саги худро фарбеҳу чусту чолок гардон, то туро бихӯрад». Аммо бидонед, қасам ба Худо, агар ба Мадина баргардем, бояд дар он ҷо афроди боиззату қудрат афроди залилу хорро, яъне Муҳаммад ва қавми ӯро, берун мекунанд». Сипас, ба афроде, ки дар атрофи ӯ буданд ва ҷузъи қавмҳои худ ва аҳли Мадина буданд, рӯ оварду гуфт: «Вуруди онон ба Мадина ба зиёни шумо аст, пас монеъи вуруди эшон шавед, аз додани ғизо ба Муҳаммад худдорӣ кунед ва бар афроде, ки ҳамроҳи ӯҳастанд, инфоқ накунед, то ин ки Муҳаммадро тарк кунанду аз атрофи ӯ пароканда шаванд». Зайд ибни Арқам, ки ҷузъи гурӯҳи Абдуллоҳ буд, ин гуфтаи Абдуллоҳро шунид, гуфт: «Қасам ба Худо, ки ту эй Абдуллоҳ ҷузъи залилону хоршудагон ҳастӣ! Муҳаммад аз ҷониби Худо дорои иззату қудрат ва дар миёни мусалмонон низ бисёр маҳбуб ва мавриди эҳтиром мебошад. Ба сабаби ин гуфтаи ношоистае, ки баён намудӣ, минбаъд аслан туро дӯст нахоҳам дошт». Абдуллоҳ дар ҷавоб гуфт: «Хомӯш бош, ман шӯхӣ кардам!» Зайд ибни Арқам ин моҷароро ба иттилои Расули акрам (с) расонид. Пас ин оят дар тасдиқи ростгӯии Зайд ва дурӯғгӯии Абдуллоҳ нозил шуд. Сипас ба Абдуллоҳ гуфта шуд: «Бегумон, ояти бисёр шадиде дар бораи ту нозил шудааст, ба назди Расули Худо (с) бирав ва аз Ӯ бихоҳ, то барои ту талаби омӯрзиш кунанд, аммо ӯ напазируфт...»
3. Дар дили кӯдакону навҷавонони саҳоба устувор намудани муҳаббати он чи, ки Расули Худо (с) дӯст медоштанд
Дар ривоят омадааст: «Анас ибни Молик (р) гуфт: «Ҳамроҳи Расули акрам (с) назди навҷавони дӯзандае рафтем. Навҷавон барои Расули Худо (с) косае, ки сарид (як навъ таоми арабӣ) дар он буд, ҳамроҳи каду овард ва ин амали навҷавон назари Расули Худо (с)-ро ҷалб намуд. Пайғамбар (с)пай дар пай кадуро мехӯрданд». Анас мегӯяд: «Ман ҳам кадуҳоро пеши дасти Расули акрам (с) мегузоштам. Баъдан ман низ кадуро ҳамеша дӯст дотам».[13]
4. Кӯдакону навҷавонони саҳоба ва салафи солеҳ гуфтору кирдори Паёмбар (с)-ро дар хотирашон нигоҳ медоштанд
Дар ривоят омадааст, ки Маҳмуд ибни Рабеъ гуфт: «Дар ҳоле ки панҷсола будам, ба хотир дорам, ки Расули Худо (с) об аз сатил гирифта (ба унвони шӯхию бозӣ) ба рӯям мепошиданд».[14]
Нақл аст, ки Абуҳавро Саъдии Рабеъа ибни Шайбон гуфта: «Ба Ҳасан ибни Алӣ гуфтам: «Аз Паёмбари Худо (с) чиро дар хотир нигаҳ доштаву ҳифз кардаӣ?» Гуфт: «Аз Расули Худо (с) ба ёд дорам, ки фармуданд:
«Тарк кун он чиро, ки дар ҳалолу ҳаром буданаш шакку тардид дорӣ ва баргир он чиро, ки дар ҳалолу хуб буданаш яқин дорӣ, чун ростиву дурустӣ дар ҳар чизе мояи оромиши хотир ва итминони қалб аст ва дурӯғу нодурустӣ мӯҷиби парешониву изтироб».[15]
Самура ибни Ҷундуб мегӯяд: «Дар замони Расули акрам (с) кӯдаку навҷавоне беш набудам, гуфтору кирдори Расули Худо (с)-ро ҳифз мекардаму ба хотир медоштам ва маро низ аз гуфтану ҳарф задан манъ намефармуданд, магар вақте ки мардони калонсолтару бузургтаре аз ман он ҷо ҳузур медоштанд».[16]
Дар ривоят омадааст: «Ибни Аббос (р) гуфт: «Шабе дар хонаи холаам Маймуна хобидам ва субҳ, ки муаззин азон гуфт, Расули Худо (с) барои намоз бархостанд, дар ҳоле ки мефармуданд: «Худоё! Қалб, забон, гӯш, чашм, пушти сар, пеши по, болои сар ва зери поямро равшан ва нуронӣ бигардон! Худоё! Нури зиёде ба ман ато кун!».[17]
Дар ривоят омадааст: «Абуҷуҳайфа, ки яке аз саҳобагони хурдсол буд, вақте Паёмбари Худо (с) аз олам даргузаштанд, ҳанӯз ба ҳадди булуғ нарасида буд, гуфтааст: «Дар Макка ба хидмати Расули акрам (с) расидам, дар ҳоле ки дар Абтаҳ дар хаймаи сурхи чармие ҳузур доштанд. Билол ва Паёмбари акрам (с) аз он хайма берун омаданд, таҳорат карданд ва Билол ба азон гуфтан шурӯъ кард, дар ҳоле ки ҳангоми гуфтани «Ҳайя алас-салоҳ ва ҳайя алал-фалоҳ» рӯи худро ба тарафи росту чап мегардонид. Сипас асо ё чӯбдастеро бардошт ва дар пеши маҳалли намоз гузоридани Расули Худо (с) (ба унвони ҳоил) бар замин ниҳод. Баъд Паёмбари акрам (с) бархоста намози асрро (ба сурати қаср) хонданд ва мардуму ҳайвонот аз пушти он чӯбдаст убур мекарданд. Баъд Расули акрам (с) то ба Мадина баргаштан ҳамин тавр ду ракъат- ду ракъат намоз мехонданд».[18]
Инак достони шигифтангез ва хотираи бисёр муҳимеро роҷеъ ба навҷавони олиқадре баён мекунем, ки Худованд ҳушу заковати фавқулодаеро ба ӯ бахшида буд. Ин навҷавон бисёр огоҳ, тезҳуш ва муҷоҳиди бузург Аҳмаб ибни Таймия аст, ки Ҳофиз Муҳаммад ибни Аҳмад Абдулҳодӣ дар китоби «Ал-Уқудуд-дуррия мин маноқиби шайхул-ислом Ибни Таймия» мегӯяд: «Аҳмад ибни Таймия бар асари зиракии фавқулодда, ҳуши саршор, ҳофизаи қавӣ ва суръати идроки беназире, ки дошт, саромади аҳли Димишқ буд, мардумони он ҷо бо иттифоқи назар мегӯянд: «Яке аз уламои бисёр огоҳ аз шаҳри Ҳалаб ба Димишқ омад ва гуфт: «Шунидам дар ин шаҳр навҷавоне ба номи Аҳмад ибни Таймия ҳаст, ки дорои ҳушу ҳофизаи бисёр қавӣ мебошад. Ман ба ин ҷо омадам, то ин ки шояд ӯро бинам». Як нафар дӯзанда ба ӯ гуфт: «Ҳар рӯз аз ин ҷо мегузарад ва ба маҳалли кораш меравад. Имрӯз то кунун наомадааст ва аз ин ҷо нагузаштааст. Пас ту чанд лаҳзае ин чо биншин, ҳозир меояд ва аз ин ҷо мегузарад». Он олими Ҳалабӣ андаке дар он ҷо нишаст. Дар ин асно кӯдаке гузашт ва лавҳаи бузурге ҳамроҳ дошт. Дӯзанда гуфт: «Он навҷавоне, ки лавҳаи бузурге бо худ дорад, Аҳмад ибни Таймия аст». Олими Ҳалабӣӯро садо зад ва лавҳаро аз ӯ гирифта, дар он нигарист, сипас ба вай гуфт: «Эй писарам! Иҷоза бидеҳ, то чизе ба ту бигӯям ва бинависӣ, то онро бо худ дошта бошӣ!» Пас, матни ёздаҳ, ё сенздаҳҳадисро ба сурати имло ба ӯ бигуфт ва навишт. Баъд ба Ибни Таймия гуфт: «Бароям бихон». Ибни Таймия низ фақат як бор дар он навишта нигарист, сипас онро ба ӯ доду гуфт: «Ба он назар кун, бароят бихонам». Сипас он ҳадисҳоро барои ӯ, ки гӯш дода буд, бисёр хуб азёд хонд. Баъд аз он олими Ҳалабӣ гуфт: «Иҷоза бидеҳ, санади чанд ҳадисро, ки баргузидаам, бароят бинависам». Пас онҳоро навишта ба ӯ дод, ки бихонад. Ибни Таймия ба монанди дафъаи аввал фақат як бор онҳоро хонд ва навиштаро ба ӯ пас дода, онҳоро низ барои ӯ азёд хонд. Баъд аз ин ду озмоиш олим гуфт: «Агар ин навҷавон бимонад ва умре дошта бошад, албатта ба мақоми олии илму дониш хоҳад расид, зеро то кунун назири чунин фарди зирраку боҳуше дида нашудааст».[19]
5. Салафи солеҳ кӯдакони худро ба ҳифзи аҳодиси набавӣ ташвиқ мекарданд
а) Додани подош ба кӯдакон дар баробари ҳифз кардани аҳодиси набавӣ: Доктор Хатиби Бағдодӣ нақл намуда, ки Назр ибни Ҳорис гуфтааст: «Аз Иброҳими Адҳам шунидам, ки мегуфт: «Падарам ба ман гуфт: «Эй писарам, дар ҷустуҷӯи ёфтан ва ёд гирифтани аҳодис бош! Ҳар ҳадисеро, ки биёбӣ ва онро ҳифз кунӣ, дар баробари он як дирҳам ба ту медиҳам». Пас ман аз он ба баъд бар асоси ин қарордод ба ҷустуҷӯи аҳодиси набавӣ пардохтам».[20]
б) Хидмат кардани кӯдакони салафи солеҳ ба уламо ба хотири ёд гирифтани аҳодис аз эшон: Суфён ибни Уяйна гуфтааст: «Падарам дар Куфа ба саррофӣ машғул буд ва пулро радду бадал мекард. Саранҷом қарздор шуд ва мо ночор ба Макка омадем ва барои адои намози пешин ба масҷид рафтем. Ман ба дари масҷид баргаштам, ногаҳон пирамарде, ки савор бар хар он ҷо буд, ба ман гуфт: «Эй писар! Назди ин хар биист ва онро нигоҳ дор, то ба масҷид биравам, намоз бихонам». Гуфтам: «Ба шарте ин корро мекунам, ки чанд ҳадис бароям бигӯӣ ва ба ман биомӯзӣ». Он мард, ки маро хурду камаҳамият мепиндошт, гуфт: «Ту ба ҳадис чӣ кор дорӣ?» Гуфтам: «Ту ба ман бигӯ (кор надошта бош)!» Пас ӯ аз Ҷобир (р), аз Абдуллоҳ (р) ва Ибни Аббос (р) дар ҳудуди ҳашт ҳадис ба ман гуфт ва ман низ назди хари ӯ истода, онро нигоҳ доштам ва шурӯъ кардам ба такрор ва ҳифз кардани аҳодисе, ки ба ман гуфта буд. Баъд аз ин ки намозашро хонд, берун омада, гуфт: «Дар ин муддат, ки ман дар масҷид будам, бо он аҳодисе, ки ба ту гуфтам чӣ кор кардӣ, оё аз онҳо баҳрае бурдӣ?» Гуфтам: «Оре, дар бораи фалон чиз ва фалон кор маро огоҳ сохтӣ». Ва ман тамоми он чиро, ки бароям гуфта буд, такрор намудам ва ӯ низ гуфт: «Худованд туро дар ин роҳ муваффақ гардонад». Баъд маълум шуд, ки он мард Амр ибни Динор будааст.[21]