Articles

Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сиюҳаштум: Усули тарбияи набавӣ барои кӯдакон





سلسلة تربية الأولاد، القسم الثامن والثلاثون: أصول التربية النبوية للأطفال


—™


Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сиюҳаштум: Усули тарбияи набавӣ барои кӯдакон.





Асоси аввали равонӣ, сӯҳбат кардан бо кӯдак





Бояд донист, ҳамчунонки ҷисми кӯдак ба воситаи ғизои дурусту солим рушду нумӯи матлуб мекунад, арвоҳ низ ба василаи тарбияи латифу некӯ рушду нумӯ менамояд. Тафо­вут танҳо дар он аст, ки рушду нумӯи ҷисм ҳадди маълуму ниҳояти мушаххас дорад, ки аз он ҳадду ниҳоят берун на­ме­равад, ба гунае ки ҳар гоҳ ба он ҳадду мақом бирасад, шу­рӯъ ба ақибгардӣ мекунад ва аз нав ба заъфу нотавонӣ мега­рояд. Аммо рушду нумӯи рӯҳ ба зиндагии инсон пайванд хӯрдааст ва мутаваққиф намешавад, магар он замоне, ки нафсҳо дар сина хомӯш шаванд ва шахс аз мадрасаи ин ҷа­ҳони бузурги моддӣ рахт барбандад...[1]





Возеҳу равшан аст, ки ҳамроҳ шудану сӯҳбат кардан бо кӯдак дар нафсу равони ӯ бисёр муассир мебошад ва дар тақвияти рӯҳияи ӯ нақши босазоеро ифо мекунад. Зеро сӯҳ­бат кардану ҳамдам шудан дар воқеъ оинаи дӯст бо дӯст аст ва шабоҳати зиёде бо амали талқин дар миёни ду дӯст до­рад, ки ба ҳамдигар омӯзиш дода, ба якдигар фоида мера­со­нанд. Ҳамчунонки дар мабоҳиси гузашта баён гардид, Пай­ғамбари акрам (с) дар тамоми майдонҳову саҳнаҳои зинда­гӣ бо кӯдакон ҳамроҳу ҳамсӯҳбат мешуданд. Ба унвони на­муна, як бор бо Ибни Аббос (р) ҳамроҳу ҳамсӯҳбат мешу­данд ва бо ҳам роҳ мерафтанду сӯҳбат мекарданд. Бори ди­гар бо амакзодаашон Ҷаъфар ҳамсӯҳбат мегардиданд. За­моне ҳам бо Анас (р) ба гуфтугӯ мепардохтанд. Ҳамин тавр, бо ҳар кӯдаке бидуни такаббуру танаффур ва дур аз эҳсоси худбиниву худбартарӣ ҳамнишину ҳамсӯҳбат мешуданд. Шакке нест, ин ҳаққи кӯдаку навҷавон аст, ки бикӯшад ҳам­роҳу ҳамнишини бузургон гардад, то аз эшон одоби иҷти­моӣ, масоили ахлоқӣ ва матолиби диниву дунявиро омӯхта, хештанро пок созад. Ҳамчунин ақлу андешаи худро ороста, одату кирдору рафтори хешро некӯ созад.





Дар ривоят омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) дар дав­рони кӯдакияшон, дар ҳоле ки бо дигар кӯдакон бозӣ ме­карданд, Ҷибриил (а) омада, Ӯро гирифта бар замин хобонд ва ба амри Худованд қалбашонро шикофт...[2]





Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар гуфтааст: “Агар ману Қусам ва Убайдуллоҳ ибни Аббосро медидӣ, дар ҳоле ки бозӣ мекардем, ногаҳон Расули Худо (с) савор бар чаҳорпое расида, маро дар пеши худ, сипас Қусамро бар пушти худ савор мекарданд, Убайдуллоҳ ибни Аббосро мегузоштанд! Сипас, Пайғамбар (с) се бор даст бар сари ман кашида, фармуданд: «Худоё (ак­нун Ҷаъфар, ки шаҳид шудааст) ҷои ӯро бо фарзандаш Аб­дуллоҳ пур кун ва ӯро сарпарастиву мувозибат бифармо». Баъд Убайдуллоҳ ба Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар гуфт: “Ба сари Қусам чӣ омадааст?” Гуфтам: “Дар роҳи Худо шаҳид шуд”. Ман низ ба Абдуллоҳ гуфтам: “Худованд ва Расулаш ба ваз­ъу ҳоли ӯ огоҳтаранд”. Гуфтам: “Оре, ҳамин тавр аст”.[3]





Дар ривоят омадааст, ки Абуҷуҳайфа яке аз кӯдакони са­ҳоба буд, ғолибан ҳамроҳи қавми худ назди Расули Худо (с) мерафт ва ҳамин омаду рафт ӯро ба ҷое расонд, ки баъдан аҳодиси набавиро ривоят мекард. Ҳар он чиро, ки аз он ҳаз­рат (с) дида, ё шунида буд, бозгӯ мекард. Чунонки худи ӯ мегӯяд: “Ҳамроҳи чанд нафар аз писарони Омир ибни Саъсаъа дар маҳалли Абтаҳ назди Расули Худо (с) омадем, фарму­данд: «Марҳабо ба шумо, хуш омадед, шумо аз ман ҳастед!». Ҳангоми фаро расидани вақти намоз Билол рафт, ки азон би­гӯяд, пас ду ангушти худро дар миёни ду гӯши худ қарор дод ва ҳангоми азон гуфтан онҳоро мегардонид. Баъд иқомаи на­моз гуфт ва Пайғамбари акрам (с) асое рӯи замин кӯбиданд ва дар канори он намоз хонданд.[4]





Саҳобаи бузургвор (р) низ ҳамин корро мекарданд, чу­нонки Умар ибни Хаттоб (р) бо писараш ва бо Ибни Аббос (р) сӯҳбату ҳамнишинӣ мекарданд ва Зубайр (р) низ кӯдаки худро ба майдони ҷанг мебурд, то фанҳои ҷангу пайкорро биомӯзад, ки фарди қавию устувор хоҳад шуд.





Илова бар он, Пайғамбари акрам (с) пайваста бар дӯс­тиву бозӣ ва ҳамнишинии кӯдакон бо якдигар таъкид ме­фармуданд ва худашон дар даврони кӯдакияшон бо дигар кӯдакон бозӣ мекарданд, бо онон ҳамсӯҳбату ҳамнишин ме­шуданд ва шабу рӯз бо онон омаду рафт доштанд. Инчунин вақте бузург шуданд, баъд аз мабъус шуданашон ҳам кӯда­конеро, ки медиданд, ба сурати дастаҷамъӣ бозӣ мекарданд, монеъи онон намешуданд ва бозии эшонро амри нописанд намедонистанд, балки ононро бар ин корҳои дастаҷамъиву бозиҳои гурӯҳӣ ташвиқу тарғиб мекарданд...





Бинобар ин, лозим аст кӯдак дар даврони хурдсолияш бо кӯдакони дигари ҳамсинну соли худ муоширату ҳамни­шинии солим ва дӯстиву рафоқати содиқонаву созанда дош­та бошад. Дар чунин мавридҳо беҳтар аст волидайн дӯсти содиқу солеҳ барои кӯдаки худ интихоб кунанд, дар равишу рафтори ин гирдиҳамоии дастаҷамъии кӯдакон назорат на­моянд, комилан ҳаракоти ононро сарпарастӣ ва дар зери назар дошта бошанд. Бояд падарон ба таври доимӣ бо мас­ъулону муаллимони кӯдаконашон дар сатҳи мактабҳо дар алоқаи комил бошанд ва бо онон ҷаласаҳои зиёде ташкил диҳанд ва дар мавриди рафъи нуқсонҳо ва пешрафти илми­ву ахлоқии кӯдакони худ бо эшон ҳамкорию ҳамёрӣ кунанд. Ҳамчунин лозим аст модарон ба мактабҳои кӯдакони худ муроҷиат карда, аз авзоу аҳволи дарсиву ахлоқии онон ҷӯё шаванд. Иншоаллоҳ, дар фасли баъдӣ дар ин бора ба таф­сил баҳс хоҳем кард, зеро шакке нест дар ин маврид, ки во­лидайн мекӯшанд таоми ҳалол барои кӯдакони худ таъмин кунанд, то ҷисму рӯҳи онон бо ғизои ҳалолу муносиб рушду нумӯ кунад ва намехоҳанд гӯшту устухони эшон аз моли ҳа­ром бирӯяду бо он таквину истеҳком ёбад. Аз ҷиҳати дигар низ мекӯшанд барои кӯдакони худ дӯстони солеҳу содиқ пайдо кунанд, то дар фазои солиму созанда бо онон ба му­боҳасаву гуфтугӯ, ба шабнишиниву бозӣ ва ба тафриҳу сар­гармӣ бипардозанд...





Бояд волидайни мӯҳтарам ба ин нуктаи муҳим таваҷҷӯҳ кунанд ва бисёр огоҳу ҳушёр бошанд ва нагузоранд фарзан­донашон бо кӯдакони нобобу афроди фосид омаду рафт ку­нанд ва бо ин гуна афрод дӯсту ошно шаванд. Зеро ин кор мӯҷиби суқути онон дар чоҳи зиллату хорӣ мегардад, эшон­ро ба муртакиб шудан ба гуноҳону лағжишҳо ва расвоиҳои ҷуброннопазир дучор месозад.





Табиист, вақте ки падар аз як тараф дар гумроҳӣ ва ай­ёшӣ ғарқ гардад ва нисбат ба умури моддӣ ва масоили дун­явӣ беш аз ҳадди даркорӣ бисёр кӯшову ҷиддӣ бошад ва пайваста худро ба онҳо машғул созад ва аз ҷиҳати дигар, модар низ ба воситаи диду боздидҳо бо дӯстону ошноёнаш пайваста дар рафту омад бошад ва ба хушгузаронӣ бипар­дозад, мусалламан кӯдаки онон дар вазъияти ногувор ва дар ҳолати номатлубе ба сар мебарад, ба гунае ки дар доми аф­роди нобобу мунҳариф меафтад. Агар гуноҳҳо баррасӣ ша­ванд ва аз зиндонҳои наврасону ҷавонон боздид ба амал ояд ва ё авзоъу аҳволи онҳо ба гӯши касе бирасад, мушаххас мегардад, ки бештари онҳо кӯдакону навҷавонони нобобу мунҳарифе ҳастанд, ки дар асари ғафлату саҳлангории во­лидайну сарпарастонашон ба чунон сарнавиште дучор шу­даанд.





Акнун шумо, эй волидайни мӯҳтарам ва эй сарапарас­тони гиромӣ! Оё мехоҳед фарзанди худро дар зиндонҳои ҷа­вонон биёбед, ё дар хонаҳои Худо ва масоҷиди муслимин? Пас, агар қисмати дуюмро мехоҳед, бояд барои ёфтани кӯ­даки солеҳу содиқе, ки фарзанди шумо бо ӯ дӯсту ҳамнишин шавад ва бо итминон бо ӯ муоширату омаду рафт дошта бо­шад, шитоб ба харҷ диҳед ва дар ҷустуҷӯи чунин дӯсте кӯто­ҳӣ наварзед. Агар кӯдаки солеҳу содиқе наёфтед, ҳарчи зуд­тар назди устод ва муаллими содиқу солеҳе биравед, то фар­зандони солеҳу боадабро ба шумо муаррифӣ кунанд, ки фарзанди хешро ҳамроҳу ҳамнишини онон созед ва дар ҷам­ъи онҳо қарор диҳед.





Оре, оё вақти он нарасидааст, ки волидайни мӯҳтарам бедор шаванд ва ба хубӣ дарёбанд, ки ба ростӣ душманон бедору дар каминанд, то кӯдаконашонро дар доман ва дар зери сарпарастии онон бирабоянду ба дуздӣ бибаранд? Ин коре аст, ки ба василаи барномаҳои муназзаму аз пеш тарҳ­резишудаи мулҳидон ва ҳамдастии афроди фосиду табаҳкор ва ба дасти ҳастаҳои нопок анҷом мегирад...





Асоси дуюми равонӣ,





ворид намудани шодию сурур дар дилу замири кӯдак





Равшану возеҳ аст, ворид намудани суруру шодӣ дар ди­лу даруни кӯдак нақши шигифтангезе дорад ва дар рӯҳу ра­вони ӯ асари зиёде мегузорад. Зеро кӯдакон дар, ҳоле ки шу­куфаҳои сафову покӣ мебошанд, суруру шодиро дӯст медо­ранд, вақте дар чеҳраи бузургони худ лабхандеро мушоҳида мекунанд, ба он шод мешаванд ва онро дӯст медоранд. Ило­ва бар ин, шакке нест, ки бедор намудани онҳо ягона омили муассири воқеъӣ аст, ки дар руҳу равони кӯдак нақши му­ҳимме ба ҷо хоҳад гузошт. Ҳамзамон ӯро ба истеъдоду омо­дагии бештар барои пайравию омӯзиши коре ва барои ҳар навъ иршоду раҳнамоие тайёр мекунад.





Пайғамбари акрам (с) пайваста ба дили кӯдакон шодию сурур меандохтанд ва ба ҳар василаи мумкин эшонро шоду хушҳол мегардониданд ва барои ин кор равишҳову услуби зиёдеро ба кор мебурданд, аз он ҷумла:





1. Ба василаи истиқболи хуб ва пазироии қобили таваҷ­ҷӯҳе аз онон.





2. Бо бӯсидану меҳр варзидан ва бо шӯхиву хушгӯии му­носиб бо онон.





3. Ба василаи даст бурдан бар сари онон ба унвони му­ҳаббату шафқат.





4. Бардоштану қарор додани онон дар оғӯши шарифу меҳромези худ.





5. Додани таоми поку муносиб ба онон.





6. Нишастан бар сари як суфра ва хӯрок хӯрдан бо онон.





Табиист, ҳар як аз ин услубҳои зикршуда, бар асоси он чи, ки баён гардид, маънову мақсуди хоссеро дар бинои отифӣ ба вуҷуд меоварад, ба хотири ин ки суруру шодӣ, шу­куфоӣ, қудрати таъсирпазирӣ, тандурустӣ ва хушбахтиро дар рӯҳу равони кӯдак эҷод мекунад...





Асоси сеюми равонӣ, эҷоди бинои рақобат дар байни кӯдакон ва таъйини ҷоиза барои фарди ғолиб





Шакке нест, ки рақобату мусобиқа ба таври умум, дар инсон ва ба таври хусус дар вуҷуди кӯдакон эҳсосоту нерӯ­ҳои нуҳуфтаи ононро ба ҳаракат дармеоварад, нерӯҳое, ки инсон онҳоро намешиносад ва дарк намекунад, магар замо­не, ки рақобату мусобиқа барои пирӯзӣ бар фалон кас ва ё ба хотири дастёбӣ ба фалон чиз дар вуҷуди ӯ эҷод шавад.





Машҳур аст, ки Пайғамбари акрам (с) рӯҳи рақобати созандаву ҳамчашмии шоистаро дар вуҷуди кӯдакон барме­ангехтанд, то ин нерӯи бузургу шигифтангез дар вуҷуди онон ва ба таври куллӣ дар вуҷуди инсон ба ҳаракат дарояд. Яке аз намунаҳои равшану муассири он рақобати фикрӣ аст. Чунонки рӯзе он ҳазрат (с) онро ба унвони савол бар ас­ҳоби худ матраҳ намуданд. Дар ҳоле ки Абдуллоҳ ибни Умар (р), ки хурдтарини он гурӯҳ буд, дар миёни онон ҳузур дошт. Пайғамбари акрам (с) хитоб ба онон фармуданд:





«Ҳамоно аз ҷинси дарахтон дарахте ҳаст, ки баргҳояш намерезанд ва чигунагии он ҳамчун шахси мусалмон мебошад, ба ман бигӯед, он чӣ навъ дарахт аст?».





Афроди ҳозир дар он ҷо зеҳнашон ба дарахтони биёбон расид ва ҳар кадом онро ба як навъ дарахти биёбон тафсиру таъбир менамуданд. Пайғамбари акрам (с) ба мо фарму­данд: «Он дарахт хурмо аст». Сипас Абдуллоҳ ибни Умар (р) ба падараш гуфт: “Ба зеҳнам расид, ки он дарахт хурмо аст, аммо чун ман аз ҳама камсинтар будам, шарм доштам, ки дар ҳузури бузургони ҳозири дар он ҷо ҷавоби дурустро бигӯям”.





Табиист, ки ин гуна саволҳо ақлу андешаи кӯдакро бе­дор месозад ва мушкилоти ахлоқиву иҷтимоӣ, гиру бандҳои дарку фаҳмашро боз мекунад ва ҳофизаи хушки ӯро фаъол менамояд.





Ҳамчунонки гуфта шуд, ин Абдуллоҳ ибни Умар (р) буд, ки дар посухи дуруст додан бо бузургон ба рақобат пардохт, аммо ба сабаби камсинну сол буданаш нисбат ба онон ва ба хотири шарму риояи адаб аз ҷавоб додан худдо­рӣ намуд.





Ҳамчунин яке аз ин гуна намунаҳо эҷоди рақобати вар­зишӣ дар миёни кӯдакон аст, ки Пайғамбари акрам (с) онро ба сурати мусобиқа дар миёни кӯдакон ташкил мекарданд, то ҷисми эшон ба хубӣ рушд кунад ва қавию нерӯманд гар­дад. Чунонки Абдуллоҳ, Убайдуллоҳ, писарони Аббос ва кӯдакони дигарро таърифу тарғиб мекарданд ва ононро дар як саф қарор дода, сипас мефармуданд: «Ҳар кадом аз шумо зудтар пеши ман биёяд, фалон чиз ва фалон чизро ба ӯ меди­ҳам». Онҳо ба суръат ба сӯи он ҳазрат (с) медавиданду худ­ро бар пушту рӯи синаашон меандохтанд. Он ҳазрат (с) низ ононро мебӯсиданд ва он чиро, ки ваъда дода буданд, ба онон ато мефармуданд.[5]





Бинобар ин, мусобиқа ташкил кардан дар миёни кӯда­кон услуб ва роҳу равише аст, ки ба дасти волидайну мураб­биён дар байни фарзандонашон анҷом мегирад. Онҳо мета­вонанд ин гуна чорабиниҳоро пешниҳод кунанд ва замони муносиберо барои иҷрои он дар назар бигиранд ва ба ин ва­сила рӯҳу равони кӯдаконро шоду масрур намоянд, ҳимма­ту чобукии ононро баланд бардоранд. Ҳамзамон ба ашхоси дар мусобиқа ғолибомада бахшишҳо кунанд, то шодию хур­сандии кӯдакон афзун гардад. Чунончи дар ҳадиси чанд сатр қабл омада зикр гардид, ки Пайғамбари акрам (с) фар­муданд: «Ҳар кадом аз шумо зудтар пеши ман биёяд, фалон чиз ва фалон чизро ба ӯ медиҳам».





Табиист, ки кӯдак ба василаи ин пирӯзиву сабқат ҷустан бар ҳамсолони худ эҳсоси лаззату хушбахтӣ мекунад. Аз ин рӯ, ҳар кӯдаке мекӯшад он чӣ дар тавон дорад, ба кор биандозад, тамоми саъйу талоши худро барои расидан ба муваффақият сарф кунад ва ҳамаи қудрату нерӯи худро барои рӯзи мусобиқа омода созад. Ба ин сурат, ки ба хона баргашта, ба машқ бипар­дозад, матолиби лозимро биомӯзад, нукоти заъфи худро ба ва­силаи пурсидан аз афроди огоҳ бартараф намояд ва пайваста волидайни хешро аз мизони пешрафту тавоноии худ огоҳ со­зад, чун ин кор нерӯву тавони нуҳуфтаи ӯро ошкор сохта, онро шукуфо мекунад.





Ин услуб, илова бар доштани натиҷаҳои зикргардида, фоидаи дигаре низ дорад, яъне рӯҳи иҷтимоӣ будан ва анге­заи дурӣ ҷустан аз танҳоиву узлатнишиниро дар вуҷуди кӯ­дак зинда месозад, ба он рушду нумӯ мебахшад, дарку фаҳ­ми зиндагии дастаҷамъиро таҷриба мекунад, ба тавре ки дар миёни ҷомеаи худ гоҳе суд мебарад ва замоне низ зиён мебинад, як бор ҷавоби савол ё амреро медиҳад ва бори ди­гар ба бунбаст мерасад, як вақт назараш ба воқеият исобат мекунад ва замоне ба хатову иштибоҳ меафтад...





Асоси чоруми равонӣ,





далер ва қавидил сохтани кӯдак





Бешак, шуҷоъ сохтани зоҳирӣ ва ё маънавӣ амри некӯву унсуре аз унсурҳои зарурии тарбиявӣ аст, ки наметавон аз он бениёз буд, аммо бидуни ифроту зиёдаравӣ дар он.





Равшану возеҳ аст, ки далеру қавидил намудан дар рӯҳу равони кӯдак дорои нақши босазое аст. Дар пешрафти ҳара­кати мусбати бунёди ӯ, дар кашфи тавоноии зиндагонӣ ва анвоъи хостаҳояш хеле ва хеле муассир мебошад. Ҳамчу­нин, ба идома бахшидани амал ва анҷом додани он ба хо­ти­ри қадам ниҳодан ба тарафи пеш фузунӣ мебахшад.[6]





Илова бар он, дар ҳадисе, ки аз Пайғамбари акрам (с) дар асоси қаблӣ, (асоси сеюм) дар робита бо таърифу таш­виқи кӯдакон баён шуд, ки он ҳазрат (с) фармуданд: «Ҳар кадом аз шумо зудтар пеши ман биёяд, фалон чиз ва фалон чизро ба ӯ медиҳам» худ далели возеҳе бар ташҷеъу ташвиқ намудани кӯдакон бар мусобиқа кардан аст. Ҳозир шудани Абдуллоҳ ибни Умар (р) дар он маҷлисе, ки Пайғамбар (с) саволи дарахти хурморо матраҳ фармуданд, далели дигаре барои ташвиқу тарғиби дигарон, новобаста аз синну сол ва ба рақобат ҷустану мусобиқа кардан ба якдигар даъват на­мудан аст. Зеро ҳангоме ки Умар ибни Хаттоб (р) бо пи­сараш Абдуллоҳ аз он маҷлис берун шуд, Абдуллоҳ ба ӯ гуфт: “Эй падар! Вақте Пайғамбар (с) он саволро матраҳ фармуданд, ман дар пеши худам донистам, ки ҷавоби саҳеҳи он дарахти хурмо аст”. Умар ибни Хаттоб (р) ба ӯ гуфт: “Пас чӣ туро манъ кард, ки онро нагӯӣ, дар ҳоле ки агар ту онро мегуфтӣ, назди ман аз фалону фалон чиз беҳтару маҳ­бубтар буд”. Абдуллоҳ ба ӯ гуфт: “Он чи, ки монеъи ман шуд, ҷавоби онро бигӯям ин буд, ки дидам ту ва Абубакри Сиддиқ дар он маҷлис ҳузур доред ва дар бораи он чизе наме­гӯед, аз ин рӯ, ман низ нописанд донистам, ки ҷавобро бигӯям”.[7]





Ибни Ҳаҷар ин ҳадисро шарҳ дода, гуфтааст: “Ба зоҳир Пайғамбари акрам (с) дар матраҳ намудани ин савол гӯё ишора бар ин фармудаанд, ҷавоби дуруст миёни бузургсолу хурдсол баробар бошад, ҳаққи тақаддум ба фарди бузургсол аст. Аммо агар он ҷавоби саҳеҳ ва баёни дурусте, ки пеши фарди хурдсол ҳаст, назди шахси бузургсол набошад, ҳеҷ мо­неъе надорад, ки фарди хурдсол сухан бигӯяд ва изҳори назар намояд, зеро Умар ибни Хаттоб (р) бо вуҷуди ин ки писараш барои ӯ далел овард, ки ба хотири ҳузури ӯ ва Абубакри Сид­диқ дар он маҷлис ҷавоби саҳеҳро нагуфтааст, аммо бо ин васф таассуф хӯрд, ки чаро писараш сухан нагуфт ва ҷавоби дурустро баён накард?”[8]





Ибни Қайим низ дар шарҳи ин ҳадис гуфтааст: “Ин ҳа­дис ишорабар он дорад, ки падар ба ин шоду хушҳол мешавад, ки фарзандаш назарияи саҳеҳ бидиҳаду дар ҷавоб додани ду­руст тавфиқ ҳосил кунад. Ҳамчунин ба ин воқеият низ ишора лорад, ки ҳеҷ монеъе надорад фарзанд дар ҳузури падараш ҷа­воби саволеро, ки медонад, бидиҳад, агарчи падараш ҷавоби онро намедонад. Чун ин ҷавоб додани дурусти фарзанд дарво­қеъ ба унвони беадабӣ нисбат ба падараш маҳсуб наме­ша­вад”.[9]





Инак, баёни мисоли дигаре дар робита бо эҳтимом вар­зидан ба далер намудану ташвиқи кӯдакон ба ин ки дар ма­ҷолиси бузургон ва дар мавқеи муносиб сухан гуфта, ороу назариёти дурусти худро ироа диҳанд. Чунонки омадааст, Умар ибни Хаттоб (р) хитоб ба касоне, ки перомуни ӯ бу­данд, гуфт: “Оё дар бораи нузули ин оят, ки мефармояд: «Ая­вадду аҳадукум ан такуна лаҳу ҷаннатун мин нахилин ва аъноб»[10] чӣ медонед? Дар ҷавоб гуфтанд: “Худо медонад ва Ӯ аз ҳар кас огоҳтар аст”. Умар ибни Хаттоб (р) хашмгин шуду гуфт: “Бигӯед: “Медонем, ё намедонем!” Ибни Аббос (р), ки камсинну солтарини он маҷмаъ буд, гуфт: “Эй ами­рулмӯъминин! Чизе дар ин бора дар зеҳнам расид”. Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: “Эй бародарзода, бигӯ, хештанро (ба во­ситаи хурдсол будан) ҳақиру камарзиш машумор!” Ибни Аб­бос (р) гуфт: “Барои амале масал зада шудааст”. Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: “Чӣ амале?” Ибни Аббос (р) гуфт: “Ба­рои амали шахси сарватманде, ки тоату ибодати Худоро ба ҷо меоварад ва корҳои некро анҷом медиҳад, сипас шайтоне назди ӯ меояду фиребаш медиҳад, то ин ки муртакиби мао­си­ву корҳои хилоф мешавад ва дар натиҷа тамоми аъмоли не­каш аз байн мераванд”.[11]





Оре, бояд шиори волидайну мураббиён дар ташвиқ на­мудани кӯдакон пайваста ин бошад, ки бигӯянд: “Эй писари азизам, бигӯ ва хештанро муҳаққиру камарзиш машумор!”





Бояд донист, яке аз услуби неку писандидаи тарғиб на­мудан ҳамон ташвиқ кардани кӯдакон бар анҷом додани корҳои некӯ аст, ки яке аз онҳо харидани китобҳои муфиду омӯзанда аст, то барои кӯдак манбаъу марҷаъи илмӣ гар­данд ва бар асоси мӯҳтавою матолиби инсонсози онҳо руш­ду нумӯ кунад. Чунонки писари донишманди олиқадр Ибни Обиддин дар бораи тарбияву парвариши падараш ишора менамояд, ки сабаби аслӣ дар ҷамъоварии китобҳои ноёбу камназир барои ӯ падараш будааст, зеро он тавре, ки худи ӯ қайд мекунад, ҳар китоберо, ки мехост, падараш барои ӯ ме­харид ва ба ӯ мегуфт: “Ҳар китобе, ки назаратро ҷалб меку­над, бихар, ман баҳои онро мепардозам, чун он чи аз сирати гузаштагонамро, ки ман фаромӯш кардаву аз даст додаам, ту онро зинда мекунӣ. Умедворам, эй писарам, Худованд по­доши хайрат бидиҳад”. Ҳамчунин китобҳои гузаштагонаш, ки дар назди ӯ мавҷуд буданд ва онҳоро бар фарзандону насли баъд аз насли худ вақф карда буданд, ба ӯ дод...





Асоси панҷуми равонӣ, таърифу тавсифи кӯдак





Шакке дар ин нест, ки таърифу тамҷид намудани кӯдак дорои асари фаъоле дар рӯҳу равони ӯ мебошад ва эҳсосоту ҳавосашро ба ҳаракат дармеоварад. Дар натиҷа, кӯдак ме­кӯшад, то рафтору аъмоли худро ислоҳ кунад, чун дар аса­ри ин таърифу тамҷид нафсу равонаш шоду хуррам мегар­дад, ба худ меболад, ба нишоту чобукии худ идома медиҳад ва онро пайравӣ менамояд. Пайғамбари акрам (с), ки ра­воншиноси ҳақиқӣ буданд, бар анҷоми ин ягона равиши ҳассосу фаъол дар робита бо рӯҳу равони кӯдак таъкид фар­муда, волидайну мураббиёнро ба риояи он водор мекар­данд. Зеро ба василаи таърифу тамҷид аст, ки рӯҳу равони кӯдак ба ҳаракату ҷунбиш ба сӯи истиҷобату фармонбар­до­рӣ дармеояд.





 



Recent Posts

Сухане чанд бо аҳли х ...

Сухане чанд бо аҳли хирад

Фақат барои ҷавонон д ...

Фақат барои ҷавонон дар Рамазон

Қуръон аз дидгоҳи дон ...

Қуръон аз дидгоҳи донишмандони ғарбӣ

Ҳаёт маҷмуъаи варақҳо ...

Ҳаёт маҷмуъаи варақҳо аст