Articles

Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми ҳафтум: Рӯҳ ва нафс





القيامة الصغرى وعلامات القيامة الكبرى، القسم السابع: صفة الروح والنفس





< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >





Таълиф: Д. Умар Сулаймон Ашқар





تأليف: عمر سليمان الأشقر





—™





Таҳия: Мусъаб Ҳамза





إعداد: مصعب حمزة





Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми ҳафтум: Рӯҳ ва нафс





Мабҳаси аввал: Таъриф ва баён





Барои касе ки дар умури инсон баъд аз марг пажуҳише анҷом диҳад, зарур аст тасвире аз руҳро ки баъд аз марг хушҳол мешавад ё азоб мебинад тарсим намояд. Яъне инки чи будани руҳро баён кунад, оё руҳ кайфияте дорад? Оё руҳ ҷузъи бадан аст ё чизе ҷудо аз ҷисму бадан? Агар чизе ғайр аз ҷисм аст дар куҷо сакан гузидааст? Оё рӯҳ махлуқ ва ҳодис аст? Оё рӯҳ воҳид аст ё мутааддид ва мутакассир? Оё арвоҳ мемиранд ва марги онҳо чи гуна аст? Маҳали онҳо дар барзах куҷо аст? Оё дар олами барзах ба ҳаводис ва рӯйдодҳои ҷаҳон илм ва огоҳӣ доранд?





Ибни Таймия мефармояд: Рӯҳе, ки тадбиркунанда дар умури ҷисму бадан мебошад ҳамон рӯҳе аст, ки бо марги инсон аз ҷасад берун меравад ва ҳангоми ҳаёт дар даруни вай дамида шуда ва ҳамон нафсе аст, ки дар охирин рамақи ҷон ба парвоз дармеояд. (Рисолатул ақли ва руҳ. Маҷмуаи Аррасоил алмунирия: 2\36)





Қатъан ононе, ки рӯҳ ва нафсро ду мавҷуди ҷудо аз ҳам медонанд, роҳи савобро пеш нагирифтаанд ва дучори иштибоҳ шудаанд. Бо каме тааммул дар нусуси гузашта мутаваҷҷеҳ мешавем, ки нафс ҳамон чизе аст, ки фариштагон дар вақти марг онро мегиранд ва ба осмонҳо мебаранд ва боз онро ба ҷасад бармегардонанд ва аз он савол мешавад ва ӯ ҳам хӯшҳол мегардад ва азоб мебинад, бино ба ин аҳодиси Ҳазрати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин ҳамон рӯҳе аст, ки ҳангоми берун рафтан аз ҷасад чашм ба суи у назар намуда фуру баста мешавад.





Ва ин офарида ё махлуқе, ки зиндагӣ бадон мунаввар аст ва бо фуқдони он зиндагӣ низ аз байн меравад, ҳамон рӯҳ ё нафс аст. Албатта истеъмоли рӯҳ ё нафс ё исмҳои дигар барои ин мавҷуд мониъе надорад.





Ибни Таймия мефармояд: Рӯҳ ва нафс аз маонии мутааддиде таъбир мекунанд, рӯҳ ба ҳавое ки вориди бадан мешавад ё аз он хориҷ мешавад итлоқ мегардад. Ҳамчунин рӯҳ ба бухоре, ки аз лулаҳои холии қалб берун меояд ва ба сурати моддаи тақрибан сиёҳранг дар рагҳо ҷараён пайдо мекунад истеъмол мешавад, ки пизишкон онро рӯҳ мегуянд ва ба рӯҳ ҳайвоне шуҳрат дорад. Ин ду мафҳум бо мафҳуми аз рӯҳ, ки ҳангоми марг аз бадан берун меравад ва онро нафс ҳам меноманд, фарқ дорад. Манзур аз нафс зот ва айн аст ва бархе мавоқиъ барои хун ҳам истиъмол мешавад, масалан фуқаҳо мегуянд: бархе аз мавҷудот хуни ҷорӣ надоранд ва бархеи дигар хуни онҳо ҷорӣ аст. Ин ду мафҳум аз нафс бо маънои рӯҳ яке нестанд. (Рисолаи Алақл ва руҳ)





Илова бар ин калимаи рӯҳ ба ҳазрати Ҷибраил (а) низ гуфта мешавад:





﴿نَزَلَ بِهِ ٱلرُّوحُ ٱلۡأَمِينُ ١٩٣﴾ [الشعراء : ١٩٣]





“Ҷибраил онро фуруд овардааст”.





(Сураи Шуаро ояти 193)





Бар Қуръон низ итлоқ мегард:





﴿وَكَذَٰلِكَ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ رُوحٗا مِّنۡ أَمۡرِنَاۚ ٥٢﴾ [الشورى: ٥٢]





“Ҳамон гуна, ки ба пайғамбарони пешин ваҳй кардаем, ба ту низ ба фармони Худ ҷонро ваҳй кардаем”.





(Сураи Шуро ояти 52)





Шореҳи “Ақидаи Таҳовия” чунин назар медиҳад, ки рӯҳ ва нафс ҳар чанд, ки ба ин латифаи рабония итлоқ мегарданд аммо нафс ба таври ағлаб вақте ба кор меравад, ки рӯҳ муттасил ба бадан бошад ва вақте аз бадан ҷудо шавад аксаран ба он рӯҳ гуфта мешавад. (Шарҳи Ақидаи Таҳовия, 444)





Ибни Таймия мефармояд: Рӯҳ ба лиҳози инки тадбиркунанда дар умури ҷисму бадан мебошад, нафс гуфта мешавад ва ба ин лиҳоз, ки латиф аст рӯҳ номида мешавад. Аз ин ҷиҳат аст, ки бодро рӯҳ меноманд ва Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:





(الرِّيحُ مِنْ رُوحِ اللَّهِ)





"Бод аз рӯҳи Худованд аст". Яъне аз рӯҳе, ки Худованд онро халқ намудааст” (Рисолатул ақли ва рӯҳ. Маҷмуаи Аррасоил алминбария: 6\37)





Мабҳаси дуввум: Оё рӯҳ кайфияти маълуме дорад?





Аз ин ҷиҳат, ки рӯҳ назире дар олами ҳастӣ надорад мо наметавонем онро табйин ва авсофашро таъриф кунем. Бинобар ин ҳикмат аст, ки Худованд барои баёни он аз гузораҳҳое чун боло рафтан ва поён омадан ва дидан ва шунидан ва сухан гуфтан истифода мекунад.





Албатта чунин сифоте махсуси аҷсоми физикӣ ҳастанд, суъуд ва нузул ва самъ ва басари рӯҳ барои мо маъруф ва маълум намешавад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо хабар медиҳад, ки рӯҳ ба сӯи осмонҳо суъуд мекунад ва баъд ба тарафи қабр бармегардад. Ҳамчунин Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаааст, ки рӯҳ хӯшҳол мешавад ва азоб мебинад ва бетардид ин неъмат багунае нестанд, ки мо ба кайфияти он илм ва огоҳӣ пайдо кунем.





Мабҳаси сеюм: Истиқлоли рӯҳ аз бадан





Гурӯҳе аз мутакаллимини мубтадиъ аз Ҷаҳмия ва Муътазила бар ин боваранд, ки рӯҳ ҷузъе аз аҷзои бадан ё сифате аз сифоти бадан аст. Монанди қавли касоне, ки мегуянд: Рӯҳ ҳамон нафс ва рӯҳе аст, ки дар бадан ҷараён дорад ва бархе дигар мегуянд: Рӯҳ иборат аст аз ҳаёт, мизоҷ ё худи бадан ва ҷисм. (Маҷмуи фатовои Шайхулислом Ибни Таймия)





Машоиёни аз фалосифа бар ин боваранд, ки нафс баъд аз ҷудо шудан боқӣ мемонад аммо нафсро ба сифоти ботиле сифат медиҳанд ва мегуянд: Рӯҳ вақте аз бадан ҷудо мешавад ба ақл мубаддал мегардад. Ақл ҳам назди онҳо муҷарради аз модда ва пайвандҳои моддӣ аст ва модда ҳам ҷисм аст ва ақл назди онон вуҷӯде мустақил ва ҷудо аз бадан дорад ва муттасиф ба ҳаракат ва сукун намешавад ва қатъан аҳволи он таҷдид намегардад.





Ҳар ду гурӯҳ дар мавриди рӯҳ роҳи иштибоҳеро паймудаанд. Мутакаллимини мубтадиъаи мазмум, ки қоил ба ҳаёт ва мизоҷ ва бадан будани рӯҳ ҳастанд, бисёре аз онҳо мункири азоб шуданд ва мегуянд: Дар олами барзах рӯҳе вуҷуд надорад то азоб бубинад ё аз неъматҳо баҳра бибарад, то дар ниҳоят нусуси воридшуда дар ин мавридро рад мекунанд.





Фалосифае, ки гумон мекунанд рӯҳ баъд аз ҷудо шудан аз бадан ба ақл табдил мешавад, мегуянд: Рӯҳ вақте аз бадан ҷудо шуд ҳеҷ ҳолате аз аҳвол барояш таҷаддуд намеёбад, яъне афъол ҳодисае монанди дидан ва шунидан ва донистан ва сурур ва нороҳатӣ ва ғайра аз он сар намезанад ва эҷод намешавад, балки барои ҳамеша бар як ҳолат боқӣ мемонад, ҳамон гуна, ки назди онҳо ақл ва нафс дорои чунин ҳолат ва кайфияте ҳастанд.





Гурӯҳи дигаре аз фалосифа рӯҳро бо сифоти воҷибулвуҷуд муттасиф мекунанд ва мегуянд: Рӯҳ на дохили бадан аст ва на хориҷ аз он, на муғоир бо бадан аст ва на дохил дар он, на мутаҳаррик аст на сокин, на суъуд мекунад ва на поён меояд ва ҷисм ва арз ҳам нест. (Маҷмуаи фатовои Шайхул Ислом)





Иллати асосии иштибоҳи ин ду гурӯҳ эътимод кардан бар ақл ва поярезӣ кардани мақоиси дунявӣ дар масоили ғайбӣ ва ухравӣ мебошад, ки бо чунин чизҳое қобили миқёс ва тафаккур нестанд. Гурӯҳи аввал мункири вуҷӯди рӯҳи мустақил аз бадан ҳастанд ва ин дар воқеъ такзиб ва нафйи нусуси мутавотир аст ва инкори заруриёти динӣ ба ҳисоб меояд ва гурӯҳи дуввум яъне фалосифаи машоийин ва касоне, ки ҳомии дидгоҳи онон ҳастанд. Ҳарчанд ба истиқлоли рӯҳ аз бадан имон доранд аммо чун рӯҳро аз ҷинси бадан намедонанд ва онро мухолифи ҳамаи мавҷудоти зоҳирии дигар мепиндоранд, ба чунин ҳолот ва ҳаракоте, ки дар нусус нақл шудааст бовар надоранд. (Маҷмуаи фатовои Шайхул Ислом 3\31)





Бинобар асли тадвиншудаи онҳо таъриф ва тасвири рӯҳ бар асоси он хеле сахт ва душвор ва ҳатто номумкин аст. Таъбирот ва қиёси онҳо қодир ба тасвир кашидан аз рӯҳ нест ва бетардид Худованд касонеро, ки аз Худо ва Расул иҷобат карданд ва ба гуфтаҳои Худо ва Паёмбараш имон оварданд ҳидоят намудааст ва онон бар ин ақидаанд, ки рӯҳ ҷисме аст ба эътибори моҳият аз ин ҷисми моддӣ ва маҳсус мутағойир аст ва он ҷисме аст нуронӣ, улувӣ, хафиф ва мутаҳаррик ва монанди ҷараёни об дар гулоб ё равған дар зайтун ва оташ дар зуғол ва дар аъзо монанди об дар дарахт ҷараён дорад.





Пас то замоне, ки ин бадан тавони таҳаммули рӯҳро дошта бошад рӯҳ дар он зиндагӣ мекунад ва осор ва натоиҷро ҳам аз роҳи бадан ба бор меоварад ва ҳаракот эҷод менамояд, вале агар бадан фосид шуд ва тавони таҳаммулро надошт рӯҳ ба парвоз дармеояд ва аз қабули чунин осор ва ҳаракате сар боз мезанад ва ба сӯи олами барзах ба парвоз дармеояд.[1]





Дар аснои мабоҳиси гузашта далоили зиёдеро аз Қуръон мабнӣ бар инки рӯҳ мавҷуде мустақил ва ҷудо аз бадан аст баён кардем:





﴿وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ بَاسِطُوٓاْ أَيۡدِيهِمۡ أَخۡرِجُوٓاْ أَنفُسَكُمُۖ ٩٣﴾ [الانعام: ٩٣]





“Фариштагон дастҳои худро (ба сӯи онон) дароз кардаанд (ва бар биногушашон тапонча ва бар пушташон тозиёна мезананд ва мегуянд: агар метавонед аз ин азоби илоҳӣ) хештанро бираҳонед”





(Сураи Анъом ояти 93)





﴿وَلَوۡ تَرَىٰٓ إِذۡ يَتَوَفَّى ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ يَضۡرِبُونَ وُجُوهَهُمۡ وَأَدۡبَٰرَهُمۡ ٥٠﴾ [الانفال: ٥٠]





“Агар бубини (эй Паёмбар ҳавл ва ҳаросу азоб ва иқоберо, ки ба кофирон даст медиҳад) бадон гоҳ, ки фариштагон ҷони кофиронро мегиранд ва сару сурат ва пушту рӯи ононро (аз ҳар сӯ) мезананд ва (ба эшон мегуянд): азоби сӯзон (аъмоли бади худ) ро бичашед”.





(Сураи Анфол ояти 50)





﴿ٱللَّهُ يَتَوَفَّى ٱلۡأَنفُسَ حِينَ مَوۡتِهَا وَٱلَّتِي لَمۡ تَمُتۡ فِي مَنَامِهَاۖ فَيُمۡسِكُ ٱلَّتِي قَضَىٰ عَلَيۡهَا ٱلۡمَوۡتَ ٤٢﴾ [الزمر: ٤٢]





“Худованд арвоҳро ба ҳангоми марги инсонҳо ва дар вақти хоби инсонҳо бармегирад. Арвоҳи касонеро, ки фармони марги ононро содир карда аст нигоҳ медорад”.





(Сураи Зумар ояти 42)





﴿فَلَوۡلَآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلۡحُلۡقُومَ ٨٣ وَأَنتُمۡ حِينَئِذٖ تَنظُرُونَ ٨٤﴾ [الواقعة: ٨٣، ٨٤]





"Пас чаро ҳангоме, ки ҷон ба гулӯгоҳ мерасад, (тавони бозгардондани онро надоред?!) ва шумо дар ин ҳол менигаред".





(Сураи Воқеа ояти 83 - 84)





﴿كَلَّآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلتَّرَاقِيَ ٢٦ وَقِيلَ مَنۡۜ رَاقٖ ٢٧ وَظَنَّ أَنَّهُ ٱلۡفِرَاقُ ٢٨ وَٱلۡتَفَّتِ ٱلسَّاقُ بِٱلسَّاقِ ٢٩ إِلَىٰ رَبِّكَ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡمَسَاقُ ٣٠﴾ [القيامة: ٢٦، ٣٠]





“Чунин нест, ки гумон мебаранд. Ҳангоме, ки ҷон ба гулӯгоҳ бирасад. (Аз тарафи ҳозирон ва атрофиён саросема ва даступочаи ӯ, оҷизона ва маъюсона) гуфта мешавад: оё касе ҳаст, ки (барои наҷоти ӯ) афсун ва таъвизе бинависад?! Ва (муҳтазар) яқин пайдо мекунад, ки замони фироқ фаро расида аст. Соқи пое ба соқи пое мепечад ва пойҳо ҷуфти якдигар мегардад. Дар он рӯз рондани (ҳамагон) ба сӯи Парвардигорат хоҳад буд”.





(Сураи Қиёмат ояти 26 - 30)





Чизе, ки гирифта мешавад ва ба ҳалқум мерасад ва фариштагон онро мегиранд бояд ҳақиқат дошта бошад ва аз бадан мустақил бошад.





Ривоётеро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) доир бар инки фариштаи марг рӯҳро қабз мекунад ва фариштагон онро дар кафане аз кафанҳои биҳишт ё дӯзах мегузоранд ва сипас ба сӯи осмонҳо боло бурда мешавад, агар некукор ва солеҳ бошад дарҳои осмон ба рӯяш боз мешаванд ва агар бадкор бошад дарҳо баста мешаванд. Сипас рӯҳ ба ҷасад баргардонда мешавад, мавриди савол қарор мегирад, хушҳол мешавад ва азоб мебинад ва арвоҳи шуҳадои муъминон бар дарахтони биҳишт овезон карда мешаванд ва вақти қабзи рӯҳ чашмҳо онро дунбол мекунанд. Ин нусус ва нусуси фаровони дигар, ки ба таври маҷмуъ далолаткунанда бар ин матлаб ҳастанд, ки рӯҳ мавҷуди мустақил ва ҷудо аз аҷсод аст ва баъд аз муфориқат барои ҳамеша боқӣ ва мондагор мемонанд.





Мабҳаси чорум: Маҳали истиқрори рӯҳ дар бадан





Рӯҳ дар сар то сари бадани инсон ҷараён дорад. Ибни Таймия мефармояд: Рӯҳ ба ҳеҷ ҷои бадан ихтисос надорад, балки монанди ҳаёт ва зиндагӣ дар тамоми бадан ҷараён дорад. Чун зиндагӣ машрут ба рӯҳ аст, то замоне рӯҳ дар ҷасад бошад ҷасад зинда аст ва ҳаргоҳ аз ҷасад ҷудо шуд зиндагӣ ва ҳаёт низ ҷасадро раҳо месозад. (Рисолаи Алақл ва рӯҳ, Маҷмуаи Расоили мунирия (3\47)





Мабҳаси панҷум: Рӯҳ махлуқ аст





Гурӯҳе аз фалосифа бар ин ақидаанд, ки рӯҳ ғайри махлуқ ва қадим ва азалӣ аст, аммо аз зоти илоҳӣ ҷудо аст. Хулоса дар мавриди рӯҳ ҳамон ақидаро багрузидаанд, ки дар мавриди ақл ва нафс гирифта буданд.





Гурӯҳҳои дигаре, ки рӯҳро фаришта медонанд аз пайравони ҳамин ниҳла ҳастанд.





Гурӯҳи дигаре аз занодиқаи ин уммат ва гумроҳони аз мутакаллимин ва мутасаввифин ва аҳли бидъат бар ин ақидаанд, ки рӯҳ аз зоти Худованд аст. Бинобар гуфтаи Ибни Таймия ин гурӯҳ аз гурӯҳи гузушта хеле бадтар ва хатарноктар ҳастанд, зеро ин гурӯҳ инсонро ба ду бахш, лоҳутӣ, ки рӯҳ аст ва носутӣ, ки ҷасад аст, тақсим кардаанд. (Маҷмуи фатовои Шайхул Ислом: 4\222)





Воқеият ин аст, ки рӯҳ бино ба далоили фаровон махлуқ ва мубтадиъ аст:





1- Иҷмоъ:





Шайхул Ислом Ибни Таймия мефармояд: Рӯҳи инсон ба иттифоқи уммат ва аимаи салаф ва қотибаи аҳли Суннат ва Ҷамоат махлуқ ва мубтадиъ аст. Бузургони фаровоне чун Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ, имоми маъруф ва машҳуд, ки дар замони худ аз ҳар касе ба ихтилоф ва иҷмоъи уммат огоҳтар ва хабиртар буд, ин иҷмоъро нақл кардааст.





Ҳамчунин Абумуҳаммад ибни Қутайба дар китоби “Аллуқат” перомуни махлуқ будани рӯҳ мефармояд: Ҳамаи мардум иттифоқ доранд, ки Худованд офаридагори биҳишт ва ба вуҷӯд оварандаи насими (рӯҳ) аст.





Дар ин маврид аз Абуисҳоқ пурсиданд, эшон ҳам дар ҷавоб фармуд: Касе ки ба роҳи рост ҳидоят ёфта бошад, дар ин маврид шакке надорад. Сипас дар идома мефармояд: Рӯҳ ҷузъи махлуқот аст, гурӯҳҳои фаровоне аз уламо ва машоих дар ин бора сухан гуфтаанд ва дидгоҳи мухолифи махлуқ буданро рад ва ботил сохтаанд.





Ҳофиз Абуабдуллоҳ ибни Манда дар ин бора китобе ба номи “Рӯҳ ва нафс” ба риштаи таҳрир дароварда ва аҳодис ва осори зиёде дар ростои масъалаи мавриди баҳсро баён фармудааст. Илова бар эшон теъдоди зиёде аз аима монанди: Имом Муҳаммад ибни Марвазӣ, Шайх Абуяъқуби Хаззор, Абуяъқуб Аннаҳр Ҷаврӣ, қозӣ Абуяъло дар ин бора китоби ҷудо будани рӯҳ аз ҷасад қаламфарсоӣ кардаанд ва ба шиддат бар мухолифини ин ақида тозидаанд, махсусан ба сӯи касоне, ки дар бораи ҳазрати Исо (а) муътақид ба ваҳдати рӯҳ ва ҷисм будаанд бо шиддат инкори худро равона сохтаанд, Ва махсусан дар бораи рӯҳи ғайри ӯ, чигунае ки имом Аҳмад дар китобаш (Рад бар зиндиқҳо ва ҷаҳмиҳо) зикр кардааст. (Маҷмуи фатовои Шайхул Ислом: 4\216)





2 - Китоб ва Суннат





Далоили фаровоне аз китоби Худо ва суннати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мабнӣ бар махлуқ будани рӯҳ зикр шудаанд, масалан:





﴿قُلِ ٱللَّهُ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖ ١٦﴾ [الرعد: ١٦]





“Бигу! Худо офаринандаи ҳама чиз аст”.





(Сураи Раъд ояти 16)





Шориҳи Ақидаи Таҳовия бо истинод ба ин оят мефармояд: ин оят ом аст ва тамоми ашёъро дар бар мегирад.





﴿هَلۡ أَتَىٰ عَلَى ٱلۡإِنسَٰنِ حِينٞ مِّنَ ٱلدَّهۡرِ لَمۡ يَكُن شَيۡ‍ٔٗا مَّذۡكُورًا ١﴾ [الانسان: ١]





“Оё (ҷуз ин аст, ки) муддати замоне бар инсон (дар шиками модар, ба гунаи нутфа ва ҷанин) гузаштааст ва он чиз қобили зикр ва шоистаи таваҷҷуҳ набудааст?!”.





(Сураи Инсон ояти 1)





﴿قَالَ كَذَٰلِكَ قَالَ رَبُّكَ هُوَ عَلَيَّ هَيِّنٞ وَقَدۡ خَلَقۡتُكَ مِن قَبۡلُ وَلَمۡ تَكُ شَيۡ‍ٔٗا ٩﴾ [مريم: ٩]





“Фармуд: (матлаб) ҳамин гуна аст (ки паём дода аст). Парвардигори ту гуфтааст ин кор барои ман (ки Худоям ва аз ҳеҷ, ҳама чизро офаридаам ва аз ҷумла худи) туро, ки қаблан ҳеҷ набуди, ҳастӣ бахшидаам, осон аст”.





(Сураи Марям ояти 9)





Қатъан инсон иборат аз рӯҳ ва бадан аст ва дар ояти 9 сураи Марям Худованд маҷмуи рӯҳ ва бадани ҳазрати Закариёро мавриди хитоб қарор додааст. Ибни Таймия мефармояд: Инсон иборат аст аз маҷмуи рӯҳ ва бадан, ҳатто ихтисоси инсон бештар ба рӯҳ аст то ҷасад, чун бадан мураккаби рӯҳ аст. Ҳамон гуна, ки Абудардо мегуяд: Яқинан рӯҳ маркаби баданам аст, агар бо он ба нармӣ рафтор кунам маро ба мақсаде мерасонад ва агар дар ҳақи он шиддат ба харҷ диҳам маро ба мақсад намерасонад.





Ибни Манда ва дигарон аз ҳазрати Ибни Аббос (р) чунин ривоят кардаанд, ки то миёни рӯҳ ва бадан ихтилоф бошад хусумат ҳам то рӯзи қиёмат идома хоҳад дошт, рӯҳ ба ҷисм мегуяд: Ту буди, ки корҳои бадро анҷом доди ва бадан ҳам дар ҷавоб ба рӯҳ мегуяд: Ту маро ба анҷоми корҳои бад амр карди. Онгоҳ Худованд фариштаеро ба манзури ҳалли ихтилоф миёни рӯҳ ва бадан мефиристад, фаришта чунин қазоват мекунад: Мисоли (рӯҳ ва бадан) монанди ду инсон аст, ки яке аз онҳо фоқиди даст ва по ва замингир аст ва дигаре нобино, ин ду вориди боғе мешаванд ва дар он боғ яке, ки фоқиди дасту по аст меваеро болои дарахте мебинад ва хитоб ба дигари мегуяд: ман меваеро мебинам аммо тавони ба онҷо баромаданро надорам. Нобино мегуяд: Ман метавонам ба ин дарахт боло равам, аммо меваро намебинам. Шахси замингир мегуяд: Манро бар пушти худ савор кун то он меваро бичинам. Нобино ӯро бар пушти худ савор мекунад ва ӯ бино ба ҳидоят ва роҳнамоии замингир меваро аз болои дарахт мечинад. Онгоҳ фариштаи қозӣ мегуяд: Кадом як аз ин ду нафар муҷрим ҳастанд? Рӯҳ ва бадан мегуянд: Ҳар ду муҷрим ҳастанд. Фаришта мегуяд: Пас шумо дуто низ ҳамин ҳолатро доред ва ҳарду муҷрим ҳастед. (Маҷмуи фатовои Шайхул Ислом: 4/222)





3 - Дар ростои ин баҳс ривоёти зиёде аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мабнӣ бар инки арвоҳ қабз мешаванд ва дар кафанҳо ва хушбӯҳое, ки фариштагон ба ҳамроҳи худ доранд, гузошта мешаванд. Сипас ба сӯи осмонҳо бурда мешаванд ва дар ниҳоят азоб дода мешаванд ё аз неъматҳо баҳра меҷӯянд. Ҳамаи ин авзоъ ва аҳвол барои мавҷудоти махлуқ ва ҳодис ба кор мераванд на қадим ва азалӣ.





4 - Агар арвоҳ махлуқ ва мутараббӣ намебуданд ҳаргиз ба рубубияти Парвардигор эътироф намекарданд, аммо замони тааҳҳуд гирифтан аз арвоҳи инсонҳо Худованди муттаол хитоб ба арвоҳ фармуд:





﴿وَإِذۡ أَخَذَ رَبُّكَ مِنۢ بَنِيٓ ءَادَمَ مِن ظُهُورِهِمۡ ذُرِّيَّتَهُمۡ وَأَشۡهَدَهُمۡ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ أَلَسۡتُ بِرَبِّكُمۡۖ قَالُواْ بَلَىٰ شَهِدۡنَآۚ أَن تَقُولُواْ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ إِنَّا كُنَّا عَنۡ هَٰذَا غَٰفِلِينَ ١٧٢﴾ [الاعراف: ١٧٢]





“(Эй Паёмбар! Барои мардум баён кун) ҳангоме ки Парвардигорат фарзандони Одамро аз пушти одамизодагон (дар тули асрҳо ва қарнҳо) падидор кард ва (ақл ва идрок ба онон дод то аҷоиб ва ғароиби гетиро дарёбанд ва аз рӯи қавонин ва суннани муназзам ва шигифтангез, ҳастии Худои худро бишносанд ва билохира бо хондани далоили шинохти яздон дар китоби боз ва густардаи ҷаҳон, ингор Худованди субҳон) эшонро бар худашон гувоҳ гирифтааст (ва хитоб ба онон фармудааст) ки: оё ман Парвардигори шумо нестам? Онон (ҳам) ба забони ҳол посух дода ва) гуфтаанд: оре”.





(Сураи Аъроф ояти 172)





Бинобар ин чун Худованд рабби арвоҳ аст, бояд арвоҳ мутарабӣ ва махлуқ бошанд.





5 - Агар арвоҳ махлуқ набошанд, насоро дар ибодати Исо ва улуҳият пиндоштанаш мавриди маломат қарор намегиранд.





6 - Агар руҳ ҳодис ва махлуқ намебуд дохили дӯзах намешуд ва азоб намедид ва аз Худованд маҳҷуб намешуд ва дар бадан пинҳон намегашт ва дар ихтиёри фариштаи марг қарор намегирифт, тавсиф намешуд, мавриди муҳосаба қарор намегирифт, ибодат намешуд, наметарсид ва намеҳаросид, ҳоло онки арвоҳи муъминон медурухшанд ва арвоҳи кофирон монанди зуғол сиёҳ мешаванд. (Маҷмуаи фатово: 4\220)





Мабҳаси шашум: Шубҳаи қоилин ба махлуқ набудани рӯҳ





(Шубҳаи аввал)





Муътақидон ба ғайри махлуқ будани рӯҳ ба далоили зер истинод мекунанд, масалан ояти:





﴿وَيَسۡ‍َٔلُونَكَ عَنِ ٱلرُّوحِۖ قُلِ ٱلرُّوحُ مِنۡ أَمۡرِ رَبِّي وَمَآ أُوتِيتُم مِّنَ ٱلۡعِلۡمِ إِلَّا قَلِيلٗا ٨٥﴾ [الاسراء: ٨٥]





“(Аз ту эй Муҳаммад!) дар бораи рӯҳ мепурсанд (ки чист). Бигу: рӯҳ чизе аст, ки танҳо Парвардигорам аз он огоҳ аст (ва хилқате асроромез ва сохтмоне муғоир бо сохтмони модда дорад ва уъҷубаи ҷаҳони офариниш аст. Бинобар ин ҷои шигифт нест агар ба ҳақиқати пай набаред). Чаро, ки ҷуз дониши андаке ба шумо дода нашудааст, (ба илми шумо инсонҳо бо таваҷҷуҳ ба густураи кулли ҷаҳон ва илми ло ятаноҳии Худованди субҳон қатрае ба дарё ҳам нест”.





(Сураи Исро ояти 85)





Ин шубҳа бо чанд далел рад мешавад:





Аввал: Манзур аз рӯҳ дар оят рӯҳи инсон нест, балки рӯҳ исми фариштае аст, чун Худованд мефармояд:





﴿يَوۡمَ يَقُومُ ٱلرُّوحُ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ صَفّٗاۖ ٣٨﴾ [النبا: ٣٨]





“Дар он рӯзе, ки Ҷибраил ва фариштагон ба саф меистанд”





(Сураи Набаъ ояти 38)





﴿تَعۡرُجُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَٱلرُّوحُ إِلَيۡهِ ٤﴾ [المعارج: ٤]





“Фариштагон ва Ҷибраил ба сӯи Ӯ (пар мекашанд ва) боло мераванд”.





(Сураи Маориҷ: 4)





“Фариштагон ва Ҷибраил дар он шаб бо иҷозаи Парвардигорашон паёпай (ба кураи замин ва ба сӯи парастишгарон ва ибодаткунандагони шабзиндадор) меоянд барои ҳар гуна коре”.





 



Recent Posts

Сухане чанд бо аҳли х ...

Сухане чанд бо аҳли хирад

Фақат барои ҷавонон д ...

Фақат барои ҷавонон дар Рамазон

Қуръон аз дидгоҳи дон ...

Қуръон аз дидгоҳи донишмандони ғарбӣ

Ҳаёт маҷмуъаи варақҳо ...

Ҳаёт маҷмуъаи варақҳо аст