Ин гурӯҳ дар замони саҳобаи киром зуҳур карданд, саҳобагонро такфир ва хуни мусалмононро мубоҳ қарор доданд ва фитнаи бузурге дар уммати исломӣ ба вуҷуд оварданд.
Матлаби саввум: Чигунагии раҳои аз фитнаҳо
Бисёре аз саҳобагон барои шинохтан ва шинохти роҳи наҷот аз онҳо заҳмат ва талоши зиёде ба харҷ додаанд, яке аз пешгомони онҳо ҳазрати Ҳузайфа ибни Ямон (р) аст. Дар ривоёти саҳеҳ аз ин саҳобаи бузургвор чунин нақл шудааст: Ман аз ҳар касе ба ин фитна огоҳтар ҳастам.
Ҳазрати Ҳузайфа ба хотири инки дар фитнаҳо наяфтад хеле зиёд дар бораи онҳо аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савол мекард. Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз ҳазрати Ҳузайфа (р) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Мардум дар бораи хайр ва хубиҳо аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савол мекарданд, вале ман дар бораи шар ва бадиҳо савол мекардам то битавонам худро аз онҳо наҷот диҳам. Арз кардам: Эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мо дар ҷаҳолат ва бадиҳо мезистем, Худованд ин хайр (дини мубини Ислом)-ро барои мо фиристод, оё баъд аз ин хайр ва хубӣ бадӣ эҷод мешавад? Фармуд:
“Оре. Баъд аз он “Дахан” аст. Арз кардам: “Дахан” чист? Фармуд: Гурӯҳе аст, ки хилофи роҳнамудҳои ман мардумро роҳнамоӣ мекунанд, шумо баъзе аз аъмоли онҳоро меписандед вале баъзе дигарро рад мекунед. Арз кардам: Оё баъд аз ин хайр шарре ба вуҷуд меояд? Фармуд: Оре, даъватгароне бар дарҳои дӯзах нишастаанд, ҳар кас даъвати ононро бипазирад ва лабайк гӯяд ӯро ба дӯзах партоб мекунанд. Арз кардам: Эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ононро ба мо муарифӣ кун. Фармуд: Онҳо аз нажоди мо ҳастанд ва бо луғат ва забони мо ҳарф мезананд. Арз кардам: Агар ман то он замон зинда мондам чи кунам? Чи дастуре ба ман медиҳед? Фармуд: Аз тамоми ин гурӯҳҳо худро ҷудо кун, ҳатто агар маҷбур шави ба биёбоне бирав ва аз барги дарахтон тағзия бигир ва то лаҳзаи фаро расидани марг бар ҳамин ҳолат боқӣ бимон” (Саҳеҳи Бухорӣ, китоби фитан, Фатҳул-борӣ 13\35)
Аз Ирбоз ибни Сория (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) суханони бисёр зебо ва балиғе дар ҷамъи мо баён фармуд, суханоне ки ашкҳоро сарозер ва дилҳоро нарм кард. Арз кардем: Эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин суханон монанди суханони касе аст, ки бо дӯстон ва ёронаш худоҳофизӣ мекунад, шумо ба чизҳое моро васият мефармоед? Фармуд:
“Шуморо дар ҳоле раҳо мекунам, ки ҳама чизро барои шумо возеҳ ва равшан сохтаам, ҳама мубҳамот равшан ва ошкор шудаанд. Баъд аз ман ҳеҷкас роҳи инҳирофро интихоб намекунад, магар касе, ки дар тақдири Худованд сарнавишташ ба ҳалокат сиришта бошад, ҳар кас аз шумо баъд аз ман зинда бимонад шоҳиди ихтилофоти зиёде хоҳад шуд. Шуморо лозим аст ба равишҳои хулафои рошидин чанг бизанед ва пойбанди он бошед ва итоат кунед, агар ҳам ҳокими шумо як ғуломи сиёҳпӯсти ҳабашӣ бошад. Мисоли марди муъмин монанди шутуре аст, ки маҳор (лаҷом зада) шудааст, ба ҳарҷо ронда шавад меравад” (Ибни Моҷа, Тирмизӣ ва Аҳмад)
Вазифаи муъмин ҳангоми куштори мусалмонон
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) умматро дар фитнаҳое, ки миёни мусалмонон рух медиҳад, роҳнамоӣ кардааст. Дар фитнаҳое, ки ҳақ мубҳам ва ташхиси умур мушкил аст, Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мусалмононро аз ворид шудан дар ҷанг барҳазар доштааст ва тавсия мефармояд, ки беҳтарин роҳ дар ин гуна фитнаҳо гӯшанишинӣ аст, дар қуллаи кӯҳҳо рафта бо чаронидани гӯсфанд рӯзҳои зиндагияшр сипарӣ кунад ё инки дар қаламрави ҳукумати исломӣ бо душманони дин биҷангад. Агар шамшери ду гурӯҳи аз мусалмонони даргир домангири ӯ шуд аз худ дифоъ накунад, ҳарчанд ҷони худро аз даст диҳад. Аз ҳазрати Абубакр (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
“Фитнаҳое дар оянда буруз хоҳанд кард, касе ки дар авҷи фитнаҳо нишастааст беҳтар аст аз касе, ки дар онҳо роҳ меравад ва касе, ки дар фитна роҳ меравад беҳтар аст аз касе, ки дар фитнаҳо ширкат мекунад. Огоҳ бошед ҳаргоҳ фитнаҳо нозил шуданд, ҳар кас шутуре дошта бошад ба шутурҳои худ мулҳақ шавад ва ҳар кас гӯсфанд дошта бошад ба гӯсфандони худ мулҳақ шавад, ҳар кас замини зироатӣ дошта бошад ба заминҳояш мулҳақ шавад. Яке аз ҳозирин арз кард: Эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) касе, ки шутур, гӯсфанд ва замин надошта бошад чи кунад? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Шамшерашро гирифта лаби онро бар санг бизанад то шикаста шавад, сипас агар барояш мақдур аст худашро наҷот диҳад. Бор Илоҳо оё расонидам? (хабар кардам) Бор Илоҳо оё расонидам? Бор Илоҳо оё расонидам? (Ба ин маъно ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моро аз воқеъ шудани ин фитнаҳо ва чигуна худро аз ин фитнаҳо наҷот доданро хабар додааст.) (Паёмбари Худо ин суханро се маротиба такрор намуданд). Яке аз ҳозирин пурсид: Эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бифармоед: Агар ман иҷборан ба сӯи ҷанг кашонида шавам ё ба сӯи яке аз фариқайн бурда шавам? Ва аз тарафи касе мавриди исобати шамшер қарор гирифтам ё инки тире ба ман исобат кард ва ман кушта шудам чи мешавад? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Қотили ту гуноҳони худ ва гуноҳони туро бар дӯш хоҳад гирифт ва аз аҳли дӯзах аст” (Муслим, китоби фитан, боби нузули фитан: 4\2212, шумораи: 2887)
Аз Абусаъиди Хидрӣ (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(يُوشِكُ أَنْ يَكُونَ خَيْرَ مَالِ الْمُسْلِمِ غَنَمٌ يَتْبَعُ بِهَا شَعَفَ الْجِبَالِ وَمَوَاقِعَ الْقَطْرِ يَفِرُّ بِدِينِهِ مِنْ الْفِتَنِ)
“Қариб аст ки (дар ояндаи наздик) беҳтарин моли мусалмонон гӯсфандоне бошад, ки онҳоро дар қуллаи кӯҳҳо ва чарогоҳҳо бурда, ба хотири ҳифозат аз динаш, аз фитнаҳо фирор мекунад” (Бухорӣ, Фатҳул-борӣ: 13\40)
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ҳазрати Абузар нишон дод, ки дар фитнаҳо чигуна амал кунад, фармуд:
“(Эй Абузар) Агар ҷанге миёни мусалмонон рух дод ва мусалмонон даргири куштор шуданд ба гунае, ки Ҳиҷоратул-зайт (номи маҳале аст дар Мадинаи мунаввара) ғарқ дар хунҳо шуд, онгоҳ чи мекуни? Абузар (р) гуфт: Худо ва паёмбараш донотар ҳастанд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Дар хонаи худ бинишин ва дари манзилатро бибанд. Абузар (р) гуфт: Агар натавонистам чи? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ҳамроҳи касе бош, ки дар гузашта бо вай будаи. Гуфтам: Силоҳамро ҳамл кунам? Фармуд: Онгоҳ шарики онҳо ҳасти, аммо агар эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки шамшер туро таҳдид кунад, чодаратро бар чеҳраат бияндоз. Яъне муқовимат накун то қотили ту бо бори гуноҳони худ ва гуноҳони ту ба сӯи Худо баргардад (ва вориди дӯзах шавад)” (Ҳадиси саҳеҳ, Аҳмад, Абудовуд, Ибни Ҳиббон, Ҳоким, Саҳеҳи сағир 6\258)
Асҳобе монанди Саъд ибни Абиваққос (р), Абдуллоҳ ибни Умар (р), Муҳаммад ибни Салама (р), Абибакра ва ғайра, ки дар ҷанг миёни ёрони ҳазрат дар даврони Алӣ (р) ва Муовия (р) ширкат карданд ба ин аҳодис истидлол намуданд. Ин бузургон бар ин бовар буданд, ки ворид шудан дар фитна ҷоиз нест, ҳатто агар касе ба куштани онҳо иқдом кунад аз худ дифоъ намекунанд.
Баъзе бар ин бовар буданд, ки инсон дар фитна дохил нашавад, аммо агар касе ба онҳо ҳамла кард аз худ дифоъ кунад.
Ҷумҳури саҳоба ва тобеин бар ин бовар буданд, ки ҳимоят аз ҳақ ва саркуби ёғиҳо лозим аст, соҳибони ин дидгоҳ аҳодиси мазкурро дар ҳаққи касоне татбиқ кардаанд, ки тавони қитолро надоштанд ва ба далеле аз зуафо маҳсуб мешаванд ё инки қодир ба ташхиси ҳақ аз ботил нестанд. (Фатҳул-борӣ: 13\33)
Табарӣ мегӯяд: Фитна ба маънои ибтило ва озмоиш аст. Инкори мункар бар касоне, ки қодир бар ин амаланд воҷиб аст, ҳар кас аҳли ҳақро ҳимоят кунад дуруст амал кардааст ва ҳар кас хатокорро ҳимоят кунад муртакиби иштибоҳ шудааст. Агар масъала мубҳам ва мушкил шавад (яъне ташхиси ҳақ аз ботил мумкин набошад) дар он сурат аст, ки аҳодиси наҳй аз қитол сидқ пайдо мекунанд. (Фатҳул-борӣ: 13\31)
Бегумон дар чунин шароите, ки ҳаво ва ҳавас ҳоким аст ва фитнаҳо барпо мешаванд, ташхиси ҳақ аз ботил хеле мушкил аст. Беҳтарин роҳ барҳазар будан ва гӯшагирӣ аст то мусалмон муҷиби азият ва озори мусалмони дигар қарор нагирад ва хуни ноҳақеро бар замин нарезад. Валлоҳу аълам.
Матлаби чорум: Маҳали интишори фитнаҳо
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҷиҳати вазиши боди фитнаҳо ба сӯи кишварҳои исломиро барои мо равшан кардааст. Дар Бухорӣ, Муслим ва Муватаи Молик аз ҳазрати Абуҳурайра (р) чунин омадааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(رأَسُ الكُفْرِ نَحْو المشرقِ، والفخر والخُيَلاءُ في أهل الخيل والإِبل: الفَدَّادين أهْلِ الوَبَرِ، والسكينةُ في أهل الغنم)
“Пояҳои куфр дар тарафи шарқ қарор доранд. Болидан ва ғурур дар касоне ёфт мешавад, ки аҳли асп ва шутур ҳастанд. (Дар замони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва дар ҷомеаи араб он рӯз асп ва шутур аз умдатарин васоили нақл ба ҳисоб меомаданд ва ағлаби онҳое, ки соҳибони асп ва шутур буданд ба худ менозиданд ва дигаронро ба нигоҳи паст менигаристанд) ва оромиш ва сукунхотири дар касоне вуҷуд дорад, ки соҳиби гӯсфанд ҳастанд” (Ҷомеул-усул 10\61, шумораи: 7528)
Ривоёти зиёде ҳаммонанди ин ривоят дар китобҳои ҳадис нақл шудааст, ки ба далели парҳез аз такрор, аз нақли онҳо сарфи назар мешавад.
Албатта дар як ривоят аз Ибни Умар (р) чунин омадааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
(إِنَّ الْفِتْنَةَ هَاهُنَا إِنَّ الْفِتْنَةَ هَاهُنَا مِنْ حَيْثُ يَطْلُعُ قَرْنُ الشَّيْطَانِ)
“Фитна аз ҷое сарозер мешавад, ки шохи шайтон тулуъ мекунад”
Бухорӣ ва Муслим аз Оиша (р) ривоят мекунанд, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст: Сари фитна ҷое аст, ки шохи шайтон тулуъ мекунад. (Бухорӣ китоби фитан, боби “фармудаи Паёмбар: Фитна аз тарафи машриқ аст”, Фатҳул-борӣ (13\45), Муслим китоби “фитан”, боби “фармудаи Паёмбар: Фитна аз тарафи машриқ аст” 4\2229, шумораи 2905)
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар поёни ҳадис мефармояд:
(اللَّهُمَّ بَارِكْ لَنَا فِي شَامِنَا اللَّهُمَّ بَارِكْ لَنَا فِي يَمَنِنَا قَالُوا وَفِي نَجْدِنَا، قَالَ هُنَاكَ الزَّلَازِلُ وَالْفِتَنُ وَبِهَا أَوْ قَالَ مِنْهَا يَخْرُجُ قَرْنُ الشَّيْطَانِ)
“Парвардигоро дар Шоми мо ва дар Ямани мо баракат иноят фармо. Ҳозирин гутфанд: Эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар Наҷди мо? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Онҷо маҳали зилзила ва фитнаҳо аст ва шохи шайтон аз онҷо тулуъ мекунад” (Бухорӣ китоби фитан, боби “фармудаи Паёмбар: Фитна аз тарафи машриқ аст”, Фатҳул-борӣ (13\45))
Наҷд дар луғат ба маънои замини баланд аст. Хаттобӣ мегӯяд: Касоне, ки дар Мадина ҳастанд, наҷди онҳо саҳрои Ироқ ва атрофи он аст ва саҳрои Ироқ машриқи аҳолии Мадина аст ва наҷд ҳамон тавр, ки арз шуд, ба маънои замини муртафиъ ва баланд аст. Наҷд акси ғур аст. Ғур ба маънои замини паст ва нишеб ва тамоми сарзамини Таҳома аз манотиқи ғур аст, Макка аз ҷумлаи сарзамини Таҳома аст. (Фатҳул-борӣ: 13\47)
Ироқ дар ҷиҳати шарқ аст ва нисбат ба Мадина наҷд (яъне минтақаи муртафиъ) маҳсуб мешавад. Солим ибни Абдуллоҳ ибни Умар низ чунин фаҳмида буд. Вақте мардуми Ироқ муртакиби корҳои бузург мешуданд ва аз корҳои ҳақир ва кучак савол мекарданд, Солим хитоб ба онҳо мегуфт: Эй аҳли Ироқ ман дар бораи корҳои кучак аз шумо савол намекунам, балки корҳои бузургро ба шумо месупорам. Падарам ба нақл аз ҳазрати Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ҳамоно фитнаҳо аз инҷо (ишора ба тарафи машриқ) меоянд, аз ҷое ё аз ҷиҳате, ки шохи Шайтон тулуъ мекунад ва шумо мардуми Ироқ баъзе гардани баъзе дигарро мезанед. (Муслим, китоби “алфитан”, боби “алфитна минал машриқи” 4\2229, шумораи ҳадис: 29905)
Ҳар касе таҳқиқе ва пажуҳише дар таърих дорад, ба хубӣ медонад, ки фитнаҳо ва боди самуми онҳо аз ҷониби машриқ бар фазои олами Ислом ва уммати исломӣ вазидаанд. Фитнаҳое, ки боиси қатли халифаи рошид ҳазрати Усмон (р) шуданд аз машриқ нашъат гирифта буданд. Фирқаи Ҳарурия (хавориҷ) аз шарқ зуҳур кард. Бодҳои самуми хавориҷ идома пайдо кард то дар даврони амавиҳо тору пуди уммати исломиро аз ҳам пошид ва инқилоби Занҷ дар соли 255 ҳиҷрӣ аз шарқ (Басра) шуруъ шуд ва дар соли 278 ҳиҷрӣ наҳзати Қаромита низ аз сарзамини Ироқ ва машриқ оғоз гардид. Ҷиноёте, ки Қаромита ва занҷиҳо ба уммати исломӣ ва ҷаҳони Ислом ворид карданд, бар касе пӯшида нест.
Фитнаи оламсӯзи тоторҳо низ аз машриқ шурӯъ шуд ва вазъият чунин хоҳад монд то онки парчамҳои Даҷҷол аз Хуросон зоҳир мешавад, ҳамон гуна, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст.
Мабҳаси чорум: Супурдани масъулият ба ноаҳлон
Гумоштани фарди номуносиб дар маҳал ва мансабҳои муносиб аз ҷумлаи завобити бисёр муҳим ва арзишманде аст, ки зиндагии башар бидуни риояти он ҳаргиз ба салоҳ намеанҷомад. Рӯи ин ҳисоб мақтаъҳое дар торихи исломӣ, ки масъулиятҳои калидӣ ба афроди шоиста ва бокифоят супурда шуданд аз ҷумлаи мақотиъ ва фатароти бисёр равшан ва тиллоӣ ҳастанд, ки дар торихи уммати исломӣ ба ҳисоб меоянд. Бузургтарин мушкиле, ки мунҷар ба фасоди низоми ҳаёти башар мегардад ин аст, ки мансабҳои калидӣ ва масъулиятҳои ҳассос ба афроди бекифоят супурда шаванд, афроде, ки ҳаёт ва зиндагии башарро тобеи ҳавасҳои худ қарор медиҳанд ва мошини ҷомеаро бар асоси манофеи шахсии худ ба ҳаракат дармеоваранд ва инсонҳои шоиста, ки қодир ба идораи умур ба наҳви аҳсан ва афзал ҳастанд канор зада мешаванд.
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст, ки аз ҷумлаи нишонаҳои қиёмат супурдани масъулият ба афроди ношоиста ва нолоиқ аст. Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз ҳазрати Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар маҷлисе баҳс мекарданд, ки марди бодиянишине ворид шуд ва савол кард: Қиёмат кай фаро мерасад? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба суханонаш идома дод ва ба саволи саволкунанда таваҷҷуҳ накард. Баъзеҳо бар ин бовар буданд, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) саволи бодиянишинро шунид вале онро нописанд ва бад ҷилва додааст. Бархе ҳам гуфтанд: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) саволро нашунидааст. Вақте Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба суханонаш поён дод, фармуд: Касе ки дар бораи қиёмат савол кард куҷост? Он марди бодиянишин гуфт: Эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ман ҳастам. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(إِذَا ضُيِّعَتْ الْأَمَانَةُ فَانْتَظِرْ السَّاعَةَ قَالَ كَيْفَ إِضَاعَتُهَا يَا رسولالله قَالَ إِذَا أُسْنِدَ الْأَمْرُ إِلَى غَيْرِ أَهْلِهِ فَانْتَظِرْ السَّاعَةَ)
“Ҳаргоҳ амонат зоеъ шуд мунтазири қиёмат бош. Он марди бодиянишин гуфт: Амонат чигуна зоеъ мешавад? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: Ҳаргоҳ масъулиятҳо ба афроди бекифоят супурда шуд, қиёмат фаро мерасад” (Ҷомеул-усул: 10\396, шумораи: 7904)
Касе нигоҳи амиқ ба торихи исломӣ бияндозад ба осонӣ хоҳад донист, ки ин беморӣ (яъне супурдани масъулиятҳо ба афроди бекифоят) ки дар суханони Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба он ишора шудааст яке аз бузургтарин офатҳост, ки домангири уммати исломӣ шудааст ва осебҳои фаровони иҷтимоиро бар пайкари уммати исломӣ ворид сохтааст. Мустабидони бекифояте зимоми умури умматро дар даст гирифтаанд, ки тоб ва тавони шунидани суханон ва дидгоҳҳои мухолифинро надоранд. Дар ҳадисе аз ҳазрати Муовия (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(سيأتي قوم يتكلمون، فلا يرد عليهم، يتقاحمون في النار تقاحم القردة)
“Дар уммати ман роҳбароне баъд аз ман хоҳанд омад, суханоне мегӯянд, ки ҷавоб додани онҳо барои касе мақдур нахоҳад буд. Ин гуна ҳокимон монанди маймун дар дӯзах андохта мешаванд” (Табаронӣ дар Ал-кабир ва Ал-авсат)
Баъзе аз ин ҳокимон ба далели иншиғол ва пардохтан ба шаҳавот ва ғарқ шудан дар лаззатҳо, аз риояти умури мусалмонон бозмемонанд ва бархе дигар ҳақро намешиносанд ва ташхис намедиҳанд. Қаҳран ин гурӯҳ мардумро ба анҷоми умуре вомедоранд, ки худ ба онҳо огоҳ нестанд. Дар натиҷа бидъат ва мункарот дар ҷомеа густариш пайдо мекунад. Ҳадисе дар ҷиҳати таъйиди ин матлаб аз Убода ибни Сомит (р) ба шарҳи зер ривоят шудааст:
(سَتَكُونُ أُمَرَاءُ تَشْغَلُهُمْ أَشْيَاءُ يُؤَخِّرُونَ الصَّلَاةَ عَنْ وَقْتِهَا فَصَلُّوا الصَّلَاةَ لِوَقْتِهَا وَاجْعَلُوا صَلَاتَكُمْ مَعَهُمْ تَطَوُّعًا)
“Ҳокимоне хоҳанд омад, ки ба корҳое машғул мешаванд ва намозро аз вақти аслӣ ба таъхир меандозанд (шумо, ки дар вақти аввал намози худро хондаед) ҳамроҳ бо онҳо намозро бо нияти суннат бигзоред” (Ҷомеул-сағир, 3\205)
Дар ҳадиси Умми Салама (р) ки Имом Муслим ва Абудовуд онро нақл кардаанд, чунин омадааст:
(سَتَكُونُ أُمَرَاءُ فَتَعْرِفُونَ وَتُنْكِرُونَ فَمَنْ عَرَفَ بَرِئَ وَمَنْ أَنْكَرَ سَلِمَ وَلَكِنْ مَنْ رَضِيَ وَتَابَعَ لم یبرأ)
“Ҳокимон ва амироне хоҳанд омад, ки бархе аз аъмолашонро қабул доред, вале бархе дигарро намеписандед. Ҳар кас аз аъмоли зишти онҳо изҳори норизоӣ кунад табриа мешавад ва ҳар кас инкор кунад ҷони солим бадар мебарад. Аммо касе, ки хӯшнуд шуда ва табаият кунад худро табриа накардааст” (Ҷомеул-сағир, 3\205)
Ривояти дигаре дар Муснади Имом Аҳмад ва Муъҷами Табаронӣ аз ҳазрати Ибни Масъуд (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: Ҳокимоне дар оянда ба шумо мусаллат хоҳанд шуд, ки намозҳоро аз вақти худ ба таъхир меандозанд ва бидъатҳоро ривоҷ медиҳанд. Ибни Масъуд гуфт: Эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) таклифи мо дар он сурат чист? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Аз ман мепурси, ки таклифи ту чист? Касе, ки аз Худо нофармонӣ кунад ҳеҷ гуна ҳаққи итоате бар дигарон надорад.
Мушоҳида мекунем, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) иҷозаи қиём ва шуришро алайҳи ҳокимони нофармон содир нафармудааст, зеро қиём сабаби хунрезӣ ва куштори мардуми бегуноҳ мешавад. Албатта адами қиём то замоне аст, ки ҳокимон бар аҳкоми умумии Ислом амал кунанд ва пойбанди зоҳири шаръ бошанд.
Дар Сунани Насоӣ, Муснади Ибни Ҳиббон бо санади саҳеҳ аз ҳазрати Арфаҷа нақл мекунанд, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
“Баъд аз ман табъизҳо ва тарҷиҳотеро хоҳед дид. Аммо шумо ҳар касеро дидед, ки аз ҷамоати мусалмонон худро ҷудо мекунад ё қасди тафриқаи уммати исломиро дорад гардани ӯро бизанед. Ҳар касе бошад ва дорои мақоме бошад, чун дасти Худо ҳамроҳи ҷамоат аст ва Шайтон бо касоне роҳ меравад, ки тафриқаафкан ҳастанд” (Ҷомеул-сағир 3\205)
Мабҳаси панҷум: Фасоди мусалмонон
Мизони пешрафт ва сиёдати уммат бастагӣ ба мизони вуҷуди афроди нек ва шоиста дорад, ки улгӯи арзишҳои воло ва ахлоқи сутуда бошанд ва дар дунёи хориҷ барои иқомаи адл, аз байн бурдани ноҳинҷориҳо ва ислоҳи фасод талош кунанд. Ин гуна афроди нек ва солеҳ ҳамон касоне ҳастанд, ки бори амонатеро, ки осмонҳо ва замин аз пазируфтани он худдорӣ карданд бар дӯши худ гирифтаанд:
“Мо амонат (ихтиёр ва ирода)-ро бар осмонҳо ва замин ва кӯҳҳо (ва ҳама ҷаҳони хилқат) арза доштем (ва анҷоми вазифаи ихтиёрӣ ҳамроҳ бо масъулият ва анҷоми вазифаи иҷборӣ бидуни масъулиятро ба эшон пешниҳод кардем. Ҷумлагии онҳо иҷбориро бар ихтиёр бартарӣ доданд) ва аз пазириши амонат худдорӣ карданд ва аз он тарсиданд ва ҳоло инки инсон (ин уъҷубаи ҷаҳон) зери бори он рафт (ва дорои мавқеияти бисёр мумтозе шуд. Аммо бархе аз) онон (пай ба арзиши вуҷудии худ намебаранд ва қадри ин мақоми баландро намедонанд ва) воқеан ситамгар ва нодонанд”.
(Сураи Аҳзоб: ояти 72)
Манзур аз амонат ҳамон имон ва таклифи шаръӣ аст, ки Худованд ба унвони амонат онро ба бандагонаш супурдааст. Пардохтани мол ва ҳуқуқи бандагон низ аз ҷумлаи амонат маҳсуб мешавад ва Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пешбинӣ фармудааст, ки ин амонат ба тадриҷ бардошта мешавад. Дар замони ҳазрати Ҳузайфа андаке аз он бардошта шуд, вале дар замони мо бештар ва дар замони оянда беш аз ин бардошта хоҳад шуд. Имом Муслим дар саҳеҳи худ аз ҳазрати Ҳузайфа (р) чунин нақл мекунад, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ду ҳадис барои мо нақл карданд, якеро дар замони худ дидаам ва дар интизори дуввумӣ ҳастам. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
“Амонат реша дар дили мардум дорад. Нахустин амонат Қуръони карим аст, ки нозил шуд ва мардум онро фаро гирифтанд, сипас навбати амонати суннат омад, ки мардум онро ҳам ёд гирифтанд. Сипас Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи рафтан ва баланд шудани амонат сухан гуфта фармуд: Инсон каме мехобад, амонат аз дили ӯ бардошта мешавад ва ин бардоштан асари каме барҷо мегузорад, сипас дубора мехобад ва миқдори дигаре аз амонат бардошта мешавад, ин бор асараш монанди обилае (донаи обилае) боқӣ мемонад. Донае, ки онро бар рӯи поят меғалтонед, мебини, ки барҷаста шудааст аммо дохили он чизи муфиде (ғайр аз хуни фосидшуда, ки ба сурати об даромадааст) ёфт намешавад. Сипас Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чанд сангрезаро гирифт ва онро рӯи пояш ғалтонид ва фармуд: Мардум муомила мекунанд, ҳеҷ кас амонатро ба ҷой намеоварад, ба гунае, ки амонатдорҳо мегӯянд: Инсонҳои амин бисёр кам ва ангуштшумор ҳастанд. Чунин гуфта мешавад: Дар фалон тоифа ё маҳала фарди амине вуҷуд дорад. Ҳатто дар бораи баъзе инсонҳо гуфта мешавад: Чи қадар зирак аст? Чи қадар шух аст? Чи қадар оқил аст? Ҳама ин сифотро дорад, аммо ба андозаи як донаи арзан имон надорад. (Муслим, китоби имон, шумораи: 2\126, шумораи: 143)
Ҳузайфа мегӯяд: Ран рӯзгореро шоҳид будам, ки аслан таваҷҷуҳ намекардам бо чи касе муомила мекунам ва тарафи ҳисоби ман кист. Чун мутмаин будам, ки тарафи ҳисоби ман мусалмон аст. Дин ӯро вомедорад, ки ҳаққи маро адо кунад ва агар яҳудӣ ва насронӣ аст ҳокими исломӣ метавонад ҳақи маро аз вай бигирад, вале имрӯз бо шумо ҷуръати муомила карданро надорам, магар бо фалонӣ ва фалонӣ”
Мабҳаси шашум: Барда (каниз) кардани модарон, фахрфурӯшии фақирон ва кохнишинии чупон.
Имом Муслим дар саҳеҳи худ аз ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) дар бораи омадани Ҷибрил ба сурати як инсон бо либоси сафед ва мӯйҳои бисёр кутоҳ ва мушкӣ назди Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), нақл мекунад ва мегӯяд: Ҷибрил аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи Ислом, имон ва эҳсон савол кард, Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳама пурсишҳоро ҷавоб доданд. Дар поён Ҷибрил дар бораи қиёмат савол кард, Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
“Касе, ки аз вай савол мешавад аз саволкунанда илми бештаре дар ин бора надорад. Ҷибрил гуфт: Пас аз нишонаҳои қиёмат барои ман сухан бигӯ. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ин аст, ки каниз оқояшро мезояд (модар канизи фарзандаш мегардад, вақте аз каниз фарзанд ба дунё меояд, фарзанд озод аст, зеро падараш соҳиби он каниз аст, вале модараш ҳамонгуна каниз боқи мемонад, то инки соҳибаш ӯро озод кунад) ва инсонҳои фақир, бесару сомон ва чупонҳоро мебини, ки дар сохтани қаср ва биноҳои муҷалал аз ҳамдигар сабқат мегиранд” (Саҳеҳи Муслим. Ба Ҷомеул-улум вал ҳикам, саҳ 61 нигоҳ карда шавад)
Ҳазрати Ибни Аббос (р) ҷавоби Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз саволи Ҷибрилро чунин нақл кардааст:
“Ҳаргоҳ диди, ки каниз оқояшро (соҳибашро) мезояд (яъне фарзандон ба модарон амр мекунанд, ҳамонгуна, ки сайид ва оқо ба канизаш дастур медиҳад) ва инсонҳои побараҳна, муҳтоҷ ва гурусна сиёдатро дар даст мегиранд, инҳо аз ҷумлаи нишонаҳои қиёмат ҳастанд”.
Пурсид: эй Паёмбари Худо! инсонҳои побараҳна, муҳтоҷ ва гурусна киҳо ҳастанд? Фармуд: Арабҳо. (Имом Аҳмад дар Муснадаш, 1\318,319. Силсилаи аҳодиси саҳеҳа: 3\332, шумораи: 1345))
Ибни Раҷаб дар шарҳи ин ҳадис мегӯяд: Хулосаи нишонаҳои қиёмат дар ин ҳадис ин аст, ки мансабҳо ва масъулиятҳо ба ноаҳлон супурда мешавад. Ҳамонгуна, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҷавоби саволи касе, ки аз фаро расидани қиёмат савол кард, фармуд: Ҳаргоҳ масъулиятҳо ба ноаҳлон супурда шавад, мунтазири қиёмат бош ва ҳаргоҳ инсонҳои побараҳна, луч ва чупон, ки дар воқеъ ҷоҳил ва ситампеша ҳастанд сиёдати мардумро дар даст бигиранд ва муҷиби сарват ва амвол шаванд то он ҳад, ки дар сохтани биноҳо аз ҳамдигар сабқат бигиранд, бетардид ин вазъият низоми дин ва дунёро фосид мекунад. (ба Ҷомеул-улум вал ҳикам, Ибни Раҷаб, саҳ: 39 нигоҳ шавад)
Мабҳаси ҳафтум: Душмании ҳамаи миллатҳо бо уммати исломӣ
Аз ҷумлаи нишонаҳои қиёмат ҷамъ омадан ва якҷо шудани миллати куфр алайҳи уммати исломӣ аст. Дар ҳадиси ҳазрати Савбон (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
“Қариб аст миллатҳо алайҳи шумо ҳамдигарро даъват ва ҳимоят кунанд, ҳамон гуна, ки бар сари суфра ҳамдигарро барои хурдани таом даъват мекунанд. (яъне инки таҷаммуъ кардан алайҳи шумо барои онон чунон осон мешавад, ки даъват кардан ҳамдигаро бар сари суфра) яке аз ҳозирин пурсид: Оё ин вазъият ба хотири он пеш меояд, ки теъдоди мо мусалмонон кам мешавад? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: На, шумо дар он рӯз аз ҳар замони дигар бештарин ададро хоҳед дошт, аммо шумо монанди хасу хошок беарзиш хоҳед буд. Худованд ҳайбату тарси шуморо аз дили душман берун хоҳад кард ва заъфу ваҳнро бар дилҳоятон меафканад. Яке аз ҳозирин пурсид: Заъфу ваҳн чист?
Фармуд: Муҳаббати дунё ва кароҳият ва нописандидагӣ аз марг” (Бар асоси изҳороти Шайх Носириддини Албонӣ ҳадис аз ҳама тариқи ривоёт саҳеҳ аст)
Ҳадиси мазкур дар тули торих беш аз чанд бор таҳаққуқ ёфтааст. Замоне салибиён алайҳи уммати исломӣ ҳамдаст шуда ва ҳуҷум карданд. Дар замони дигаре муғулҳо ҷаҳони исломро мавриди тохту този худ қарор доданд. Аммо ин пешгӯи дар қарни ахир ба гунае бисёр равшан ва возеҳ таҳаққуқ пайдо кардааст. Ҳамаи милатҳои куфр, салибиён, яҳуд ва тамоми мулҳидин барои инҳидоми хилофати исломӣ даст дар дасти ҳамдигар гузошта сарзамин ва ҳукумати хилофати исломиро таҷзия карданд ва сарзаминҳои исломиро миёни худ тақсим намуданд. Фалистинро ба яҳудиён вогузор карданд, мусалмонон вазъияте бадтар аз вазъи айтом ба сари суфраи инсонҳои пасту лаим пайдо карданд ва нерӯҳои аҳриманӣ ҳамвора ҳамдигарро барои ба нобудӣ кашонидани ин уммат, макидани сарват, ба яғмо бурдани манобеъ ва ба зиллат кашонидани мардони онҳо дар талош ҳастанд. Уммати исломӣ ба гунае дучори зиллат ва пастӣ шудааст, ки касрат ва фузунии ҷамъият ҳеҷгуна суде барои он надорад. Балки бо вуҷуди касрат, вазъияте монанди хас ва хошок доранд ва далели ин ҳама пастӣ ва таҳқир ҳамон ваҳн (ҳубби дунё ва нохӯшояндии марг) аст.
Рамз ва рози иттиҳоди миллати куфр алайҳи уммати исломӣ
Инсиҷом ва иртиботи уммати исломӣ бар мабонии динии худ бузургтарин монеъ дар баробари мақосиди шуми душманони Ислом аст, ҳарчанд макру дасисаи душманон ва қудрати онҳо хеле қавӣ ва мустаҳкам бошад. Дар сурати ваҳдати уммати исломӣ ҳаргиз наметавонад ба мақосиди шуми худ даст пайдо кунанд. Дар ҳадисе, ки Савбон (р) онро ривоят мекунад, Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
“Ман аз Парвардигорам хостам, ки умматамро дар асари қаҳт ва хушксолии умумӣ ҳалок накунад ва бар онон душмане ғайр аз худ мусаллат нагардонад, ки нобуд ва решакан карданашонро барои худ ҳалол ва мубоҳ бидонанд. Парвардигорам дар ҷавоб фармуд: Эй Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳаргоҳ Ман тасмиме гирифтам касе наметавонад онро баргардонад ва Ман хостаи туро мабнӣ бар адами ҳалокати уматат ба хотири қаҳтсолӣ фарогир ва адами мусаллат кардани бегонае, ки каёни онҳоро аз байн бибарад, пазируфтаам. Ҳатто агар тамоми мардуми рӯи замин алайҳи уммати исломӣ иттифоқ кунанд наметавонанд онҳоро аз байн бибаранд. Албатта ин замонат то замоне аст, ки уммат бо ҳам даргир нашавад ва ҳамдигарро ба асорат нагирад” (Саҳеҳи Муслим, боби “ҳалок ҳозиҳил-умма баъзуҳум бибаъз”)
Аз ҳадиси мазкур чунин бармеояд, ки ваҳдат ва инсиҷоми ин уммат танҳо муассиртарин омили ҳифозати уммат дар баробари ҳуҷумҳои душманон аст. Ҳаргоҳ тавони ин уммат алайҳи ҳамдигар сарф шавад ва миёни сафҳои муттаҳиди он, дудастагӣ ва хусумат буруз кунад, Худованд душманонро бар онон мусаллат мекунад, ин натиҷаи ихтилоф ва дудастагӣ аст, зеро дар чунин вазъияте тавон ва қудрати уммати исломӣ мутаваҷҷеҳи душманон намешавад балки мутаваҷҷеҳи худиҳо аст ва ҳамдигарро аз байн мебаранд ва ин ҳамон чизе аст, ки душманон мехоҳанд.
Мабҳаси ҳаштум: Хасф (фурӯравӣ дар замин) ва қазф (партоби замин) ва масхҳое, ки Худованд ба василаи онҳо бархе аз ин умматро муҷозот мекунад.
Ба далели иртикоби алании маъсият ва анҷом додани гуноҳ, анвои балоҳо ва гирифториҳо, монанди: Рониши (хасф) замин, партоби замин ва масх домангири ин уммат хоҳад шуд. Гуноҳоне монанди: Шаробхурӣ, пӯшидани либоси абрешимӣ барои мардон, зино, рибохорӣ, ва амсоли онҳо, ки мунҷар ба ҳалол донистани ҳаром ҳастанд, муҷиби ин гирифториҳо мешаванд.
Дар Муъҷами Кабири Табаронӣ бо санади саҳеҳ аз Саҳл ибни Саъд (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(سَيَكُونُ فِي آخِرِ الزَّمَانِ خَسْفٌ، وَقَذْفٌ، وَمَسْخٌ إِذَا ظَهَرَتِ الْمَعَازِفُ وَالْقَيْنَاتُ، وَاسْتُحِلَّتِ الْخَمْرُ)
“Ҳаргоҳ мусиқӣ ва суруду соз зиёд шуд ва шаробнӯшӣ ҳалол дониста шавад, хасф, масх ва қазф дар уммат пайдо мешавад” (Табаронӣ дар Маъҷами Кабир ва Авсат аз Абусаъид ва Тирмизӣ аз Умрон ибни Ҳусайн)
Ибни Моҷа ҳадисро бо ин лафз аз Абдуллоҳ ривоят кардааст:
(بين يدي الساعه؛ مسخ، خسف و قدف)
“Қабл аз вуқӯи қиёмат масх, хасф ва қазф ба вуҷӯд меоянд”
Тирмизӣ аз ҳазрати Оиша (р) чунин ривоят мекунад:
(يكون في هذه الأمه خسف و مسخ و قدف، قالت و قلت يا رسولالله. أ نهلك و فينا الصالحون؟ قال: نعم اذا ظهرت الخبث)
“Дар ин уммат хасф, қазф ва масх рух хоҳад дод. Ҳазрати Оиша (р) мефармояд: Арз кардам, эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мо ҳалок мешавем ҳоло онки миёни мо инсонҳои солиҳе вуҷуд доранд? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Оре, ҳаргоҳ хабосат ва ноҳинҷориҳо ғолиб шаванд”.
Дар ҳадиси ҳазрати Умрон (р), ки ҳаммонанди ҳадиси ҳазрати Оиша (р) аст, чунин омадааст: Шахсе савол кард, эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин хасф, қазф ва масх чи замоне миёни уммат рӯй хоҳад дод? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(إذا ظهرت القينات و المعازف و شربت الخمور)
“Ҳаргоҳ занони рақоса ва мусиқӣ ва созу сурур зоҳир шавад ва шароб нӯшида шавад”. (Тирмизӣ, силсилаи аҳодиси саҳеҳа: 4\293, шумораи: 1787)
Абунуайм дар ахбори Исфаҳон аз Ибни Аббос (р) ривоят мекунад, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Гурӯҳе аз ин уммат дар ҳоли шароб нӯшидан, хурдан ва бозӣ кардан, ба маймун ва хук мубаддал мегарданд. (Силсилаи аҳодиси саҳеҳа: 4\135, шумораи: 1604)
Имом Бухорӣ аз Абуомир ё Абумолик чунин ривоят мекунад, ки гурӯҳе аз уммати ман, зино кардан ва абрешимро ҳалол медонанд, шароб ва мусиқиро мубоҳ мекунанд, гурӯҳе наздики як парчам ҷамъ мешаванд, ин парчам ононро ба сӯи домҳояшон роҳнамоӣ мекунад ва онон ҳам барои дафъи ҳоҷат ба зери парчам паноҳ мебаранд ва мегӯянд: Фардо пеши мо баргардед, онҳо ҳам шабро зери парчам мегузаронанд, парчамҳо бардошта мешавад ва онон ба сурати бузина ва хук масх мешаванд. (Силсилаи аҳодиси саҳеҳа 4\135, шумораи 1604)
Аз ҷумлаи хасфҳои бузурге, ки дар наздикшавии қиёмат рух медиҳад, хасф шудани як лашкар ба пуррагӣ аст. Ҳамон гуна, ки дар ҳадисе ба ривояти Аҳмад аз Ҳумайдӣ аз Бақира ҳамсари Қаъқоъ ибни Абиҳадради Асламӣ ривоят шудааст, мегӯяд: Аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ки болои минбар суҳбат мекард, шунидам, ки мефармуд:
(إذا سمعتم بجيش قد خسف به قريبا، فقد أظلت الساعة)
“Эй мардум ҳаргоҳ шунидед, ки лашкаре дар замин фурӯ рафтааст, вақти фаро расидани қиёмат наздик шудааст” (Силсилаи аҳодиси саҳеҳа 1\139, шумораи: 91)
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи баъзе маконҳо, ки дар онҳо хасф воқеъ мешавад ба уммат хабар додааст. Дар Сунани Абудовуд бо санади саҳеҳ аз ҳазрати Анас (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
“Эй Анас, ҳамоно мардум вориди шаҳрҳо мешаванд ва шаҳре ба номи Басра ба вуҷӯд меояд. Агар ту аз канори он убур карди ё вориди он шуди аз манотиқи санглох, алафзор, нахлистон, бозорҳо ва даврвозаҳои ҳокимон парҳез кун. Аз ҳошияи он бигзар, чун дар онҷо хасф, масх ва қазф ва зилзила хоҳад омад ва гурӯҳе дар ин шаҳр шабро дар ҳоле ба субҳ мерасонанд, ки ба сурати бузина ва хук даромадаанд ва масх шудаанд” (Мишкотул-масобеҳ 3\19, шумораи: 5433)
Мабҳаси нуҳум: Афзоиши сарват
Аз ҷумлаи нишонаҳои қиёмат зиёд шудани мол ва сарват аст, ба гунае, ки агар сад динор ба касе дода шавад онро андак талақӣ мекунад ва соҳиби сарват дунболи инсонҳои мустаманде мегардад то закоти молашро ба ӯ бидиҳад, вале чунин касеро намеёбад. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хитоб ба Авф ибни Молик, ки дар ғазваи Хайбар ширкат карда буд, фармуданд: Пеш аз вуқӯи қиёмат шаш чизро бишумор. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) он шаш мавридро барои Авф баён фармуд ва яке аз онҳо афзоишёбии мол ва сарват буд, ба гунае, ки агар сад динор ба касе дода шавад ба он розӣ нест. (Бухорӣ китоби “ҷиҳод” боби “мо юҳзар минал ғадри”. Ба Ҷомеул-усул 10\412 нигоҳ кунед)
Дар Саҳеҳи Муслим аз ҳазрати Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
(لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى يَكْثُرَ فِيكُمْ الْمَالُ فَيَفِيضَ حَتَّى يُهِمَّ رَبَّ الْمَالِ مَنْ يَقْبَلُهُ مِنْهُ صَدَقَةً وَيُدْعَى إِلَيْهِ الرَّجُلُ فَيَقُولُ لَا أَرَبَ لِي فِيهِ)
“Қиёмат барпо намешавад то инки сарват миёни шумо зиёд набошад ва дар наздикшавии қиёмат мол чунон зиёд мешавад, ки соҳибони сарват нигарон мешаванд, мабнӣ бар инки закоти амволашонро ба чи касоне бипардозанд. Соҳиби сарват касонеро барои адои закот садо мекунанд, аммо онҳо мегӯянд: Мо ниёзе ба закот ва садақа надорем” (Саҳеҳи Бухорӣ, китоби ҷиҳод)
Аз Ҳориса ибни Ваҳаб (р) нақл шудааст, ки мегӯяд: Аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мефармуданд:
(تَصَدَّقُوا فَيُوشِكُ الرَّجُلُ يَمْشِي بِصَدَقَتِهِ فَيَقُولُ الَّذِي أُعْطِيَهَا لَوْ جِئْتَنَا بِهَا بِالْأَمْسِ قَبِلْتُهَا فَأَمَّا الْآنَ فَلَا حَاجَةَ لِي بِهَا فَلَا يَجِدُ مَنْ يَقْبَلُهَا)