Ҷизя ва хироҷ аз манобеи муҳими даромади байтулмоли мусалмонон дар ҳукумати исломӣ маҳсуб мешаванд. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пешгӯи карда буд, ки ин даромад мутаваққиф мешавад ва мусалмонон ба хотири мутаваққиф шудани ҷизя ва хироҷ манбаи молиётӣ ва даромади муҳимеро аз даст хоҳанд дод.
(Ҷизя маблағи моҳона ва ё солонае аст, ки аҳли зимма ба ҳукумати исломӣ мепардозанд.
Хироҷ маблағ ё маҳсуле аст, ки соҳибони замин (заминҳое, ки қаҳран фатҳ шуда ва баъд дар ивази пардохти маҳсул ё маблағи мушаххасе дар ихтиёри моликони қабл аз фатҳ дода шудааст) онро ба ҳукумати исломӣ пардохт мекунанд)
Дар Саҳеҳи Муслим аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
“Ироқ дирҳам ва қафизашро манъ мекунад. Шом муд ва динорашро манъ мекунад, Миср ирдаб ва динорашро манъ мекунад, шумо аз ҷое, ки шурӯъ кардед бармегардед. Гӯшт ва хуни Абуҳурайра (бар сиҳати ин ҳадис) гувоҳӣ медиҳад”
Қафиз, муд ва ирдаб воҳидҳои вазн ва кайли мардуми он рӯзгор дар он кишварҳо будаанд. Баъзе аз ин воҳидҳо имрӯз низ шуҳрат доранд ва машҳур ҳастанд. Дирҳам ва динор номи воҳидҳоии пӯлии маъруфи он даврон ҳастанд, ки имрӯз низ дар бархе кишварҳои арабӣ воҳиди пӯл мебошанд. Манъ кардани ин вуҷӯҳ ё маҳсулот аз тарафи кишварҳо ва сарзаминҳои зикргардида ба хотири чира шудани куфор дар бархе мавоқеъ бар кишварҳост, чун Итолиё ва тоторҳо (муғулҳо) дар мақотеи мухталиф дар бисёре аз кишварҳои исломӣ зимоми қудратро дар даст гирифтаанд ва дар замони мо (имрӯза) куфор сарзаминҳои исломии зиёдеро ба ишғоли худ даровардаанд. Ҳукумати хилофати исломиро аз байн бурда ва шариати исломиро аз маснади ҳукумат берун рондаанд.
Имом Нававӣ дар шарҳи ҳадис мефармояд: Беҳтарин ва писандидатарин тавҷеҳ ин аст, ки Рум ва аҷам дар охири замон ба маснади қудрат менишинанд ва ин даромадҳоро аз мусалмонон манъ мекунанд.
Имом Нававӣ чанд сафҳа баъд ин матлабро аз Ҷобир (р) нақл мекунад: Мумкин аст дар байтулмоли мусалмонон маҳсули зироатӣ ё дирҳам ҷамъ нашавад. Мо пурсидем бо чи далел? Фармуд: Ҳокимони аҷам ҷилави онро мегиранд ва манъ мекунанд. Дар бораи манъ кардани мардуми Шом тавассути Рум (Итолиё) аз пардохтани ҷизя ва хироҷ низ чунин ривоёте нақл шудааст. Баъзе ин ривоятро чунин тавҷеҳ кардаанд, ки дар охири замон мардуми ин манотиқ муртад шуда ва аз пардохтани ҷизя ва хироҷ имтиноъ меварзанд ва закотеро, ки қаблан мепардохтанд, намепардозанд. Чунин низ гуфта шудааст: Куффоре, ки пардохти ҷизя бар онҳост дар охири замон қудратманд шуда аз пардохтани ҷизя ва хироҷ ва дигар молиёт худдорӣ мекунанд. (Шарҳи Нававӣ, 18\20)
Ҳама тавҷиҳоте, ки Имом Нававӣ перомуни манъи ҷизя ва хироҷ ва соири молиёт барои ҳадиси мазкур нақл кардааст, таҳаққуқ ёфтаанд. Илова бар ин ҳукумати исломӣ, ки иқтисодашро бар пояи шариати исломӣ бино мекард, аз байн рафтааст. Худовандо шикоятамонро дар боргоҳи Ту матраҳ мекунем.
Фасли саввум
Дар бораи нишонаҳое, ки таҳаққуқ ёфта ва идома доранд ё инки баъд аз таҳаққуқ мумкин аст бори дигар такрор шаванд
Мабҳаси аввал: Ҷанг ва пирӯзӣ
Худованд паёмбарашро ҳамроҳ бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод то онро дар баробари тамоми адён пирӯз ва сарбаланд нигоҳ дорад ва ҳомилони ин дин ҷиҳати нашр ва густариши Ислом ба суи машриқ ва мағриб рафта ва манотиқи муҳиммеро фатҳ кардаанд ва ба пирӯзиҳои чашмгире даст пайдо карданд. Бисёре аз ҳукуматҳои куфрро дар замони худ шикаст доданд ва онҳоро аз байн бурданд. Дар тули таърих шеваи мусалмонон чунин будааст ва ин шева то замони ҷиҳод алайҳи Даҷҷол боқӣ хоҳад монд.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамвора саҳобаро дар бораи футуҳот ва пирӯзиҳое, ки тавассути онҳо ё пайравонашон сурат мегирад, огоҳ намудааст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин пешгӯиҳоро дар Маккаи Мукаррама замоне, ки мусалмонон фоқиди қудрат ва ҳукумат будаанд ба асҳоб (р) хабар медод. Ё замоне Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин ахборро ба иттилои мусалмонон мерасонад, ки мусалмонон дар Мадинаи Мунаввара дар асари зулму ситами душманон дар ҳоли хавфу бим зиндагӣ мекарданд. Имом Бухорӣ аз ҳазрати Хабоб ибни Арат (р) чунин нақл мекунад: Назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ҳоле, ки эшон дар сояи девори хонаи Каъба нишаста ва ба чодаре, ки ҳамроҳ дошт такя зада буд шикоят бурдем ва арз кардем: эй Паёмбари гиромӣ чаро нусратро аз Худо намехоҳед? Чаро барои мо дуо намекунед? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
“Дар замони гузашта чунин будааст, ки ҳуфраеро (чуқуриеро) дар замин эҷод мекарданд ва муъминро дар он мегузоштанд ва ё аррае бар сари ӯ мениҳоданд ва аз фарқи сар ба ду нисф тақсим мекарданд. Аммо ин фоҷеа ва мушкилии бузург наметавонист онҳоро аз дин баргардонад, ё ба шонаҳои оҳанин зинда зинда сарашонро шона мекарданд то тика тика гӯшт ё як тори раг дар бадани онҳо боқӣ намемонд, аммо боз ҳам ин гуна шиканҷаҳо натавонист онҳоро аз дин мунсариф созад. Худованд ин динро чунон қудратманд месозад, ки ҳеҷ хатаре ӯро таҳдид намекунад, аммо шумо шитоб доред ва аҷала мекунед” (Саҳеҳи Бухорӣ, китоби алманоқиб)
Бешак амният дар ҷазираи араб вуҷуд надошт ва қонун қонуни ҷангал буд. Дар бисёре аз аҳодис дар бораи таҳаққуқи амният ба хотири пирӯз шудан ва зоҳир шудани дини мубини Ислом дар ҷазираи араб сухан гуфта шудааст. Масалан Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
Ислом аз марзҳои ҷазираи араб мегузарад ва давлати бузурги вақт монанди Кисро ва Қайсарро ба нобудӣ мекашонад. Дар Саҳеҳи Муслим аз Нофиъ ибни Утба чунин нақл шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
(تَغْزُونَ جَزِيرَةَ الْعَرَبِ فَيَفْتَحُهَا اللَّهُ ثُمَّ فَارِسَ فَيَفْتَحُهَا اللَّهُ ثُمَّ تَغْزُونَ الرُّومَ فَيَفْتَحُهَا اللَّهُ ثُمَّ تَغْزُونَ الدَّجَّالَ فَيَفْتَحُهُ اللَّهُ)
“Шумо бо мушрикони ҷазираи араб ҷиҳод мекунед, Худованд онро ба дастҳои шумо фатҳ менамояд, сипас навбати Форс мерасад, он низ фатҳ мешавад, пас аз он бо Рум меҷангед, он низ фатҳ мешавад. Алайҳи Даҷҷол меҷангед ва ӯро низ аз пой дархоҳед овард” (Муслим, китоби алфитан)
Бухорӣ аз Адӣ ибни Ҳотам ривоят мекунад, ки мегӯяд:
“Ман назди Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) будам, марде назди ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва аз тангдастӣ шикоят кард, пас дигаре омад дар бораи ноамнии роҳ гила намуд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хитоб ба ман фармуд: Эй Адӣ ту Ҳираро дидаи? (Ҳира номи ҷой аст) Арз кардам: На хайр эй Паёмбари Худо, вале номашро шунидаам. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Агар умр вафо кунад ва ба дарозо бикашад хоҳӣ дид, ки як зан ба танҳоӣ аз Ҳира сафар мекунад ва ба Макка меравад то хонаи Худоро тавоф кунад, ғайр аз Худо дигар аз касе ҳарос надорад. Сипас фармуд:
Агар умри ту вафо кунад, хоҳӣ дид, ки хазинаҳои Кисро фатҳ хоҳанд шуд. Арз кардам: Кисро фарзанди Ҳурмуз? Фармуд: Оре, хазинаҳои Кисро писари Ҳурмуз ва агар зинда бимонӣ хоҳи дид, ки як мард бо дастҳои пур аз тилло ва нуқра аз хона берун меояд ва ба дунболи касе мегардад, ки онҳоро аз вай бигирад ва қабул кунад, вале касеро намеёбад, ки ин сарватро қабул кунад. Шумо рӯзе Худоро мулоқот мекунед, ки миёни шумо ва Худованд мутарҷиме нахоҳад буд. Худованд аз шумо савол мекунад, оё ман паёмбаре ба сӯи шумо нафиристода будам, то шуморо аз аҳкоми Ислом ва дин огоҳ созад? мегӯяд: Бале. Худованд мефармояд: Оё ба шумо молу сарват надода будам? Мегӯяд: Бале. Онгоҳ ин инсон ба сӯи чап ва рости худ нигоҳ мекунад, ғайр аз дӯзах чизеро намебинед. Адӣ мегӯяд: Аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мефармуд: Аз дӯзах худро наҷот диҳед, агар бо инфоқ кардани нисфи як дона хурмо ҳам бошад, ҳар кас қодир ба инфоқи нисфи донаи хурмо набошад, ба василаи як ҳарф ва сухани ширин худро аз дӯзах наҷот диҳад. Адӣ мегӯяд: Чунин шуд: Дидам, ки як зан ба танҳои аз Ҳира ба Макка сафар мекард ва ҳечгуна хатаре ӯро таҳдид наменамуд. Ман аз касоне будам, ки хазинаҳои Кисроро фатҳ кардем ва агар шумо зинда бимонед хоҳед дид, ки пешгӯиҳои Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи касрати молу сарват таҳаққуқ меёбанд” (Бухорӣ китоби “маноқиб” ҳадиси шумораи: 3595)
Дар ҳадиси дигаре Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст, ки мусалмонон ҳукумати Кисро ва Қайсарро сарнагун хоҳанд кард ва хазинаҳои онҳоро дар роҳи Худо инфоқ мекунанд. Имом Бухорӣ аз Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(إِذَا هَلَكَ كِسْرَى فَلَا كِسْرَى بَعْدَهُ وَإِذَا هَلَكَ قَيْصَرُ فَلَا قَيْصَرَ بَعْدَهُ وَالَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ لَتُنْفَقَنَّ كُنُوزُهُمَا فِي سَبِيلِ اللَّهِ)
“Вақте Кисро ҳалок шуд пас аз вай кисрои дигар нахоҳад буд ва ба сипас аз нобудии Қайсар қайсари дигаре нахоҳад омад, савганд ба Худое, ки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст шумо (саҳобагон) хазинаҳо ва молу сарвати Қайсар ва Кисроро дар роҳи Худо инфоқ хоҳед кард” (Саҳеҳи Бухорӣ, китоби маноқиб, ҳадиси: 3618)
Дар Саҳеҳи Муслим аз Савбон (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(إن الله زَوَى لِي الْأَرْضَ فَرَأَيْتُ مَشَارِقَهَا وَمَغَارِبَهَا وَإِنَّ أُمَّتِي سَيَبْلُغُ مُلْكُهَا مَا زُوِيَ لِي مِنْهَا وَأُعْطِيتُ الْكَنْزَيْنِ الْأَحْمَرَ وَالْأَبْيَضَ)
“Худованд заминро барои ман ҷамъ кард ва ман аз машриқ то мағриби заминро дидам. Қатъан ҳукумати умматам ба нуқоте, ки дидам хоҳад расид ва ду хазина, сурх ва сафед (яъне тилло ва нуқра) ба ман дода шудааст” (Саҳеҳи Муслим, китоби алфитан, боби “Ҳалок ҳозиҳил-умма баъзуҳум бибаъз (4\2215), шумораи: 2889)
Бегумон пешбинии Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) таҳаққуқ пайдо кардааст. Мулк ва ҳавзаи ҳукумати мусалмонон ба андозае, ки замин барои Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҷамъ шуда буд, расидааст. Бузургтарин густардагии ҳукумати мусалмонон аз шарқ то ғарб буд. Аммо доманаи он аз шимол ва ҷануб ба нисбати шарқ ва ғарб вусъат пайдо накард.
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо хабар додааст, ки мусалмонон алайҳи ҳиндуҳо ҷиҳод мекунанд. Дар ҳадиси саҳеҳе, ки аз Савбон (р) ривоят шудааст, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
(عِصَابَتَانِ مِنْ أُمَّتِي أَحْرَزَهُمَا اللَّهُ مِنْ النَّارِ عِصَابَةٌ تَغْزُو الْهِنْدَ وَعِصَابَةٌ تَكُونُ مَعَ عِيسَى ابْنِ مَرْيَمَ عَلَيْهِمَا السَّلَام)
“Ду гурӯҳ аз уммати ман ҳастанд, ки Худованд онҳоро аз дӯзах муҳофизат кардааст, яке алайҳи ҳиндуҳо мубориза мекунанд ва дигаре ҳазрати Исо ибни Марямро ҳимоят менамоянд” (Насоӣ, Аҳмад ва ғайра онро нақл кардаанд ва санадаш қавӣ аст).
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи фатҳи Қустантиния, пойтахти Руми шарқӣ ва Ватикан, маркази Руми ғарби сухан гуфтааст. Дар ҳадиси саҳеҳ аз Абуқубайл ривоят шудааст, ки мегӯяд: Назди Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос будем, савол шуд:
Аз Қустантиния ва Рум кадом кишвар зудтар фатҳ мешаванд? Абдуллоҳ (р) сандуқеро, ки ҳалқа дошт, аз ҳамроҳони худ хост, сандуқро оварданд ва навиштаеро аз он берун овард. Ровӣ мегӯяд: Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос гуфт: Вақте мо дар ҳузури Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳадисро менавиштем, марде ин саволро матраҳ кард. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Аввал шаҳри Ҳирақл фатҳ мешавад, яъне Қустантиния. (Аҳмад, Дорумӣ, Ибни Абишайба, Ҳоким ва Заҳабӣ ин ҳадисро саҳеҳ қарор додаанд).
Форс ва Рум фатҳ шуданд, ҳукумати Қайсар ва Кисро аз байн рафтанд, мусалмонон бо Ҳинд ҷиҳод карданд ва Қустантинияро низ ба зери султаи худ дароварданд ва дар оянда мусалмонон ба ҳукуматҳои бисёр азиме даст пайдо хоҳанд кард. Ислом дар он густариш меёбад, ширк ва бутпарастӣ залил мешавад ва Рум бино ба ҳадиси Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фатҳ мегардад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
“Ислом то ҷое, ки шаб ва рӯз расидаанд, хоҳад расид. Ҳеҷ хонаи чодарӣ ё сангӣ ва гилӣ пайдо намешавад, ки Ислом дар он дохил нагардад. Ин ваъдаи илоҳӣ бо иззати азизон ё зиллати залилон таҳаққуқ пайдо хоҳад кард. Иззате, ки Худованд Исломро ба он иззат хоҳад дод ё зиллате, ки куфрро ба он залил хоҳад кард” (Ибни Ҳиббон дар саҳеҳи худ ва ибни Аруба дар Алмунтақо ва Шайх Носириддин онро дар радифи аҳодиси саҳеҳ овардаанд).
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст, ки мо мусалмонон бо туркҳо меҷангем. Дар саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим аз ҳазрати Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
“Аз ҷумлаи нишонаҳои қиёмат ин аст, ки шумо бо касоне меҷангед, ки кафшҳои махмалӣ мепӯшанд ва аз ҷумлаи нишонаҳои қиёмат ин аст, ки шумо бо касоне меҷангед, ки рӯйҳои паҳне доранд, гӯё чеҳраҳои онҳо монанди сипарҳое ҳастанд, ки дар оташ доғ ва кубида шудаанд”.
Дар ривояти дигаре аз Бухорӣ ва Муслим омадааст:
“Қиёмат барпо намешавад, то инки шумо бо туркҳо, туркҳое, ки чашмҳои кучак ва чеҳраҳои сурх ва биниҳои фурӯрафта доранд, мубориза накунед. Чеҳраҳои онҳо монанди сипарҳо кубида шудааст ва қиёмат барпо намешавад то замоне, ки шумо алайҳи қавме, ки кафшҳои махмалӣ доранд, ба мубориза напардозед” (Бухорӣ китоби “ҷиҳод” боби “тарк”, Фатҳул-борӣ 6\103, Муслим китоби “фитан” 4\2233, шумораи 2912 ин ҳадисро ривоят кардаанд.
(Маҷон (ки дар ҳадис зикр шуд) ба маънои сипар аст ва мутрақа ба маънои кубидашуда. Мафҳуми ҳадис ин аст, ки туркҳо дар ранг ва паҳноии пешонӣ ба сипар мемонанд. Зулф инҷо ба маънои қавси бинӣ аст).
Пешгӯиҳои Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) таҳаққуқ пайдо карданд. Мусалмонон то ба ҳол чандин бор алайҳи туркҳо ҷангидаанд. Имом Нававӣ дар бораи Тотор, гурӯҳе, ки ҷаҳони Исломро зеру рӯ карданд, мефармояд: Баёноти Паёбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди туркҳо таҳаққуқ пайдо кардааст. Яъне тамоми вижагиҳое, ки дар ҳадис барои онҳо баён шудааст дар туркҳо дида мешавад ва мусалмонон чандин бор алайҳи онҳо ҷангидаанд. Мо аз Худованди муттаол оқибати некро барои мусалмонон дар ҳама умур масъалат дорем ва алтофи доимӣ ва ҳимояти ҳамаҷонибаи Худовандро барои мусалмонон орзу мекунем. Бар Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки аз рӯи ҳаво сухан намегӯяд, балки асоси каломаш ваҳйи илоҳӣ аст дуруду саломи бепоён мефиристем. (Шарҳи Нававӣ бар Муслим 18\38. Равшан аст, ки Имом Нававӣ аз ахбори ҳазрат мутаассир шудааст, зеро ҳадисро дар даврони ҷанг ва такопӯи сарбозони Ислом шарҳ мекунад ва тавсифоти ҳадисро бо чашмони худаш дидааст).
Мабҳаси дуввум: Зоҳир шудани даҷҷолҳо ва муддаиёни нубувват
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огоҳ намудааст, ки чанд тан аз даҷҷолҳои муддаии нубувват дар уммат зуҳур хоҳанд кард. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) теъдоди онҳоро наздик ба 30 нафар гуфтааст ва дар баъзе ривоёт теъдоди мушаххаси онҳо 27 нафар аст. Манзур аз муддаиёни нубувват касоне ҳастанд, ки оташи фитнаро шуълавар месозанд ва мардумро ба сӯи худ фаро мехонанд ва мардум ҳам аз онҳо пайравӣ мекунанд ва дар доми фиреби онҳо гирифтор мешаванд. Аммо касоне, ки муддаии нубувват шуда вале мардум ба даъваташон таваҷҷуҳ накардаанд, берун аз ин шумориш ҳастанд.
Дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى يُبْعَثَ دَجَّالُونَ كَذَّابُونَ قَرِيبًا مِنْ ثَلَاثِينَ كُلُّهُمْ يَزْعُمُ أَنَّهُ رسولالله)
“Қиёмат барпо намешавад то инки ҳудуди 30 даҷҷол, ки ҳар кадом муддаии нубувват ҳастанд, зоҳир нашаванд” (Бухорӣ, китоби алфитан. Фатҳул борӣ: 13\81).
Дар Саҳеҳи Муслим аз Савбон (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(و إنه سيكون في أمتي كذابون ثلاثون، كلهم يزعم أنه نبي، و أنا خاتم النبيين، لا نبي بعدي)
“Дар уммати ман 30 нафар дуруғгӯ хоҳанд омад, ҳар кадом муддаии нубувват ҳастанд, вале ман хотами паёмбарон ҳастам ва пас аз ман паёмбаре нахоҳад омад” (Муслим, Ҷомеул-усул, 10\404)
Дар Муснади Аҳмад, Мушкилул-осори Таҳовӣ ва Муъҷами Табаронии кабир ва авсат бо санади саҳеҳ аз Ҳузайфа (р) аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят шудааст:
(في أمتي دجالون سبعة و عشرون، منهم اربعة نسوة، كلهم يزعم أنه نبي، و أنا خاتم النبيين، لا نبي بعدي)
“Дар уммати ман 27 даҷҷол ва дуруғгӯ, ки чор нафари аз онҳо зан ҳастанд, зуҳур хоҳанд кард, вале ман хотами паёмбарон ҳастам ва баъд аз ман паёмбаре нахоҳад омад” (Силсилаи аҳодиси саҳеҳа: 4\654, шумораи 1999).
Шумори зиёде аз муддаиёни нубувват дар замонҳои гузашта омадаанд. Дар аҳди саҳобагон Мусайламаи каззоб, Асвади Ансӣ ва Саҷҷоҳи Коҳин ва дар даврони тобеин Мухтори Сақафӣ даъвои нубувват кардаанд ва ҳудуди як аср пеш шахсе ба номи Ҳусайн ибни Алӣ ибни Мирзоаббос дар Ирон муддаии нубувват шуд (дар соли 1233 ҳиҷрӣ дар Теҳрон ба дунё омад ва дар соли 1309 ҳиҷрӣ дар Акои Фаластин даргузашт). Ин шахс лақаби “Баҳоуллоҳ” ро ба худ гирифт ва пайравонаш худро баҳоӣ номиданд. Охирин касе, ки тибқи иттилооти мо иддиои нубувват кард, Маҳмуд Муҳаммад Тоҳо Судонӣ буд, ки ба василаи мақолот ва кутуб мунташир шуда бисёреро ба вартаи гумроҳӣ кашонид ва дар оғози соли 1985 милодӣ тавассути ҳукумати Судон ба хотири куфр ва гумроҳӣ ва муртад буданаш ба дор овехта шуд. Худованд ин гуна ситамкоронро лаънат кунад. Албатта даҷҷоли бузург ҳамон аст, ки дар охири замон буруз мекунад ва Исо ибни Марям (а) барои хотима додан ба фитнаи ӯ аз осмон нозил хоҳад шуд.
Мабҳаси саввум: Фитнаҳо
Матлаби аввал: Барҳазар будан аз фитнаҳо
Инсони солеҳ ва шоиста мусалмоне аст, ки бар дини нозилшуда аз ҷониби Аллоҳ устувор ва побарҷо бимонад ва уммати солеҳа ҳамон уммате аст, ки ин динро пазируфта ва бар он пойбанд бошад. Аммо фарди мусалмон ва уммати исломӣ бо анвоъи гирифторӣ ва мушкилот мавриди имтиҳон ва озмоиш қарор мегиранд. Гоҳе гирифторӣ ва офатҳо ба хотири пайравӣ аз ҳаво ва ҳавас, хусумат ва тафриқа афканиҳо дар дохили уммати исломӣ нашъат мегиранд, гоҳе гирифторӣ аз тарафи душмани кинатуз мутаваҷҷеҳи уммати исломӣ мешавад ва гоҳе фитнаҳои ношӣ аз фитнаафканӣ ва хусумат ба ҷое мерасанд, ки мусалмонон алайҳи ҳамдигар шамшер мекашанд ва мунҷар ба хунрезӣ ва қатли нафс мешаванд, дар натиҷа ҳурматҳо поймол ва амвол ба ғорат бурда мешаванд.
Худованди муттаол паёмбари бузурговарашро аз фитнаҳо, ки дар оянда домангири уммати исломӣ мешаванд, огоҳ сохтааст. Бинобар ин аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи ин фитнаҳо ва роҳҳои наҷот аз онҳо баҳсҳо ва суханҳои тулонӣ бо саҳоба доштаааст. Абузайд Амр ибни Ахтаб мегӯяд: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намози бомдодро барои мо хонд ва ҷиҳати эроди сухан ба болои минбар ташриф овард. Суҳбат фармуд то инки вақти зуҳр расид, поён шуд. Намози зуҳрро иқома кард ва сипас дубора болои минбар рафт то намози аср ба суханонаш идома дод. Баъд аз намози аср болои минбар баромад то вақти мағриб ба суханонаш идома дод ва дар бораи фитнаҳое, ки дар замони оянда буруз мекунанд моро дар ҷараён гузошт. Ҳар кас аз мо олимтар буд, онҳоро ба хотир гирифт. (Муслим, китоби фитан).
Шояд ҳазрати Ҳузайфа (р) манзураш ҳамин суханронии Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) будааст, ки мефармояд: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои эроди хутба баланд шуд ва ҳама фитнаҳои ояндаро барои асҳоб баён кард ва ҳатто масъалаеро низ боқӣ нагузошт. Баъзе ин суҳбатҳоро ҳифз карданд ва бархе ҳам фаромӯш намуданд, ман ҳам бархе аз суханонро фаромӯш кардаам. Аммо вақте касе аз ҳамроҳонамро мебинам ба ёди он суханон хоҳам афтод, ҳамон гуна, ки дар муддате чеҳраи афрод аз зеҳн пок мешавад вале бо дидани дубораи он шахс, чеҳраи ёдрафта ба зеҳн боз мегардад. (Муслим, китоби фитан)
Бархе аз ин фитнаҳо бисёр сангин ва торик ҳастанд ва баъзе дигар хафиф ва осонтар. Дар ҳадиси Ҳузайфа дар Саҳеҳи Муслим дар бораи ин фитнаҳо чунин омадааст:
(مِنْهُنَّ ثَلَاثٌ لَا يَكَدْنَ يَذَرْنَ شَيْئًا وَمِنْهُنَّ فِتَنٌ كَرِيَاحِ الصَّيْفِ مِنْهَا صِغَارٌ وَمِنْهَا كِبَارٌ)
“Сетои аз ин фитнаҳо тавре ҳастанд, ки ҳеҷ чизеро саҳеҳ ва солим боқӣ намегузоранд. Баъзе аз онҳо монанди бодҳои тобистонӣ ҳастанд. Баъзеҳо кучак ва баъзеҳо бузург”. (Саҳеҳи Муслим, китоби фитан)
Шиддати ин фитнаҳо ба ҳадде аст, ки мумкин аст мусалмон аз дин ва имонаш муртад шавад. Дар ҳадисе аз ҳазрати Абуҳурайра (р) аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чунин омадааст:
(بَادِرُوا بِالْأَعْمَالِ فِتَنًا كَقِطَعِ اللَّيْلِ الْمُظْلِمِ يُصْبِحُ الرَّجُلُ مُؤْمِنًا وَيُمْسِي كَافِرًا أَوْ يُمْسِي مُؤْمِنًا وَيُصْبِحُ كَافِرًا يَبِيعُ دِينَهُ بِعَرَضٍ مِنْ الدُّنْيَا)
“Қабл аз фаро расидани фитнаҳое, ки монанди шаби торик ҳастанд, ба сӯи аъмоли солеҳ бишитобед. Чун инсон вақти субҳ муъмин аст, вале дар асари ин фитнаҳо мавқеи шом вориди куфр мешавад ё баръакс. Дар ин фитнаҳо мумкин аст касе аз шумо дар баробари матои андаки дунё динашро бифурӯшад. (Аҳмад, Муслим ва Тирмизӣ, Саҳеҳи Ҷомеулсағир: 3\4)
Дар ҳадиси ҳазрати Анас ибни Молик (р) омадааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: Пеш аз фаро расидани қиёмат фитнаҳое ба монанди шаби торик хоҳанд омад. Инсон мавқеи субҳ муъмин аст ва мавқеи шом кофир мешавад ё баръакс. Баъзе аз ақвом дин ва имони худро дар баробари матои андаки дунё мефурӯшанд. Ин фитнаҳо чунон бар муъминон ва мусалмонон сангинӣ мекунанд, ки онҳо барои наҷот аз ин фитанҳо маргро орзу мекунанд.
Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
(لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى يَمُرَّ الرَّجُلُ بِقَبْرِ الرَّجُلِ فَيَقُولُ يَا لَيْتَنِي مَكَانَهُ)
“Қиёмат барпо намешавад то инки як инсон дар канори қабри инсони дигар мегузарад ва мегӯяд: Эй кош мемурдам ва ба ҷои ту дар ин қабр будам” (Бухорӣ, Муслим китоби фитан)
Дар ривояти дигари Имом Муслим чунин омадааст:
“Савганд ба зоти ягонаи Худованд қиёмат барпо намешавад то инки як инсон аз канори қабре мегузарад ва рӯи он қабр меғалтад ва мегӯяд: Эй кош ман ба ҷои зинда будан дар ин қабр мебудам” (Саҳеҳи Муслим)
Бузургтарин омили вуқӯи фитнаҳо камилмӣ ва касрати ҷаҳл, тарки Ислом ва иртикоби гуноҳ ва шикастани ҳурматҳост. Аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ва Абумусои Ашъарӣ (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
(إِنَّ مِنْ أَشْرَاطِ السَّاعَةِ أَنْ يُرْفَعَ الْعِلْمُ وَيَكْثُرَ الْجَهْلُ يَكْثُرَ الْهَرْجُ)
“Ҳамоно аломати қиёмат, ҷаҳли фаровон ва бардоштани илм аст ва ҳарҷ зиёд мегардад (манзур аз ҳарҷ куштор аст)” (Ҷомеул-усул, 11\408, шумораи 7924)
Аз ҳазрати Анас (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
“Бетардид аз ҷумлаи нишонаҳои барпо шудани қиёмат бартараф шудани илм, касрати зино, шаробхории фаровон, кам шудани мардон ва зиёд шудани занон аст. Ҳатто як мард сарпарасти панҷоҳ зан хоҳад буд” (Мутафақун алайҳ, Мишкотул-масобиҳ: 3\21)
Иллати зиёд будани занон ва кам шудани мардон он тавр, ки дар баъзе ривоёти дигар омадааст, ҷангҳое аст, ки дар наздики фаро расидани қиёмат ба вуқӯъ хоҳанд пайваст. Дар аҳодиси Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз касрати қатл ва куштор дар охири замон хеле фаровон ёд шудааст ва манзур аз ин қатл ва кушторҳо, қатли кофирон ва ба дасти мусалмонон нест, балки манзур аз он куштани мусалмонон тавассути мусалмонон аст. Дар бисёре авқот асбоб ва аҳдофи ин кушторҳо мушаххас намешавад. Дар ҳадисе аз Абумусои Ашъарӣ (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
“Пеш аз вуқӯи қиёмат ҳарҷ зиёд мешавад. Аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: ҳарҷ чист? Фармуд: Куштор. Сипас фармуд: Манзур аз куштор кушта шудани куфор ба дасти мусалмонон нест, балки кушта шудани баъзе аз мусалмонон ба дасти баъзеи дигар аст, ҳатто инсон, ҳамсоя, бародар, амак ва писари амакашро мекушад. Пурсида шуд: Оё ақли мо дар он рӯз дар ҷояш аст? Фармуд: Ақли инсонҳои он рӯзгор гирифта мешавад ва инсонҳои беҳудае ҷойгузин мешаванд. Онҳо фикр мекунанд, ки чизе ҳастанд, аммо дар воқеъ онҳо инсонҳои беарзише беш нестанд” (Аҳмад бо санади саҳеҳ. Силсилаи аҳодиси саҳеҳ, Носириддини Албонӣ: 4\248)
Аз ҳазрати Абуҳурайра (а) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(وَالَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ لَيَأْتِيَنَّ عَلَى النَّاسِ زَمَانٌ لَا يَدْرِي الْقَاتِلُ فِي أَيِّ شَيْءٍ قَتَلَ وَلَا يَدْرِي الْمَقْتُولُ عَلَى أَيِّ شَيْءٍ قُتِلَ)
“Савганд ба зоти ягонаи Худованд, ки ҷони ман дар қабзаи қудрати Ӯст, замоне фаро мерасад, ки қотил намедонад, ки чаро муртакиби қатл шудааст ва мақтул намедонад, ки чаро кушта шудааст” (Муслим, китоби “фитан”)
Матлаби дуввум: Намунаҳое аз ин фитнаҳо
Аввал: Шаҳодати ҳазрати Усмон (р) ва эҷоди дудастагӣ дар сафи мусалмонон
Аз бузургтарин фитнаҳое, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи онҳо пешгӯи фармудааст, фитнае аст, ки мунҷар ба кушта шудани халифаи рошид, ҳазрати Усмон (р) ва иншиқоқи сафи муттаҳиди уммати исломӣ мешавад, баъзе бар баъзе дигар шамшер кашиданд ва хунҳои поке аз тарафайн рехта шуд. Содиқтарин тавсиф барои ин фитна ин буд, ки монанди амвоҷи хурушон ва муталотими дарё мавҷ мезанад.
Дар ҳадиси Ҳузайфа (р) замоне, ки ӯ дар маҳзари Умари Форуқ (р) нишаста буд, омадааст, ки ҳазрати Умар ибни Хатоб (р) аз ҳозирин пурсид: Чи касе аз шумо суханони Паёмбари Худоро дар мавриди фитнаҳо ба хотир дорад? Ҳузайфа мегӯяд: Ман арз кардам: Фитнаи аҳл, мол ва валад, ки музоҳими намоз ва садақа ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мешаванд. Ҳазрати Умар (р) фармуд: Аз ин гуна фитнаҳо савол намекунам, дар бораи фитнаҳое савол мекунам, ки монанди амвоҷи хурушони дарё мавҷ мезананд. Ҳузайфа гуфт: Он фитнаҳо зараре барои ту надоранд, чун миёни шумо ва ин фитнаҳо дарвозаи қуфлшудае вуҷуд дорад. Ҳазрати Умар (р) пурсид: Оё ин дар шикаста мешавад ё боз мегардад? Ҳузайфа гуфт: Шикаста мешавад. Ҳазрати Умар (р) фармуд: Агар шикаста шавад бори дигар қобили қуфл кардан нест. Арз кардам, оре. Ровӣ мегӯяд: Аз ҳазрати Ҳузайфа пурсидам оё ҳазрати Умар (р) медонист, ки манзур аз дар чи будааст? Ҳузайфа гуфт: Комилан, ҳамон гуна, ки яқин дошт қабл аз ин рӯз шабе вуҷуд доштааст, чун ман ҳадиси Паёмбари Худоро барояш нақл карда будам, ҳеҷгуна шаке дар он ҳадис вуҷуд надорад. Пас беҳтар ин аст, ки дар бораи “дар” аз вай савол кунем. Ба Масруқ амр кардем то дар бораи “дар” аз ҳазрат савол кунад. Масруқ пурсид: Манзур аз боб (дар) кист? Фармуд: Умар. (Бухорӣ ва Муслим, китоби фитан)
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) таърихи вуқуи фитнаро мушаххас кардааст.
Дар ҳадиси Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) омадааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Осиёби Ислом пас аз 35 сол ба гардиш дармеояд, агар касе ҳалок шавад масири гумроҳонро мепаймояд ва агар бар дин собит бимонад то ҳафтод сол идома хоҳад дошт. (дар ривояте омадааст, ки ҳазрати Умар (р) савол кард: эй Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз оянда ё гузашта? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: аз гузашта. (Ин ҳадисро Абудовуд, Таҳовӣ дар Мушкилул-осор, Ҳоким, Аҳмад ва дигарон ривоят кардаанд. Ҳоким ин ҳадисро саҳеҳ гуфта Заҳабӣ низ бар он мувофиқат кардааст. Нигоҳ шавад ба Силсилаи аҳодиси саҳеҳа, Носириддини Албонӣ: 2\703, шумораи: 976)
Ҷанги Ислом ба осиёб ташбеҳ шудааст, чун ҷанг сарбозонро орд мекунад ҳамон гуна, ки осиёб гандумро ба орд табдил менамояд. Дар поёни ҳадис Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба муддати замони ҳукумати Бани Умая, ки ҳафтод сол буд, ишора фармудааст.
Дар баъзе ривоёт сароҳатан ба авзоъ ва аҳволи уммати исломӣ дар ин фитнаҳо ишора шудааст. Дар ҳадиси ривоятшуда аз ҳазрати Абуҳурайра (р) чунин омадааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى تَقْتَتِلَ فِئَتَانِ عَظِيمَتَانِ يَكُونُ بَيْنَهُمَا مَقْتَلَةٌ عَظِيمَةٌ دَعْوَتُهُمَا وَاحِدَةٌ)
“Қиёмат барпо намешавад то инки ду гурӯҳи бузург бо як иддио ба ҷанги ҳам бираванд” (Бухорӣ, китоби маноқиб, шумораи ҳадис: 3608, 3609)
Дуввум: Фитнаи хавориҷ
Аз ҷумлаи осори фитнаҳо ихтилоф ва дудастагӣ аст. Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи зуҳури гурӯҳе дар охири замон, ки нақши босазое дар эҷоди тафриқа миёни сафҳои мусалмонон бозӣ мекунад, хабар додааст. Ин гурӯҳ муддаии илм ҳастанд ва дар ибодат бисёр саъйу талош мекунанд ва мардумро ба сӯи китоби Худованд даъват мекунанд. Аммо дар воқеъ ҷоҳил ва ситамкоранд, аҳкоми онҳо золимона ва орои онҳо ноқис аст ва хуни мусалмонони дигарандешро мерезанд ва саҳоба ва дигар уламоро ба ҷаҳл нисбат медиҳанд. Дар ҳадиси мутафақун алайҳ аз ҳазрати Алӣ (р) дар ин бора чунин ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
“Дар охири замон гурӯҳе зуҳур мекунанд, ки ҷавонсол ҳастанд, аз назари илмӣ сафиҳ ва фоқиди дироят ҳастанд. Суханони беҳтарини махлуқи Худоро мегӯянд, Қуръонро мехонанд, аммо Қуръон аз гулӯи онҳо поён намеравад. Ҳамонгуна, ки тир аз камон берун меравад онҳо ҳам аз дин хориҷ мешаванд. Ҳаргоҳ ин гурӯҳро дидед бо онҳо биҷангед. Куштани онҳо дар рӯзи қиёмат назди Парвардигор муҷиби аҷр ва савоб аст” (Саҳеҳул ҷомиъ: 3\213)
Дар Сунани Абудовуд, Ибни Моҷа, Мустадраки Ҳоким ва Муснади Имом Аҳмад аз ҳазрати Анас (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
“Дар уммати ман ихтилоф ва дудастагӣ эҷод мешавад. Гурӯҳе зуҳур мекунанд, ки суханони зебо мегӯянд аммо амалҳои ношоиста анҷом медиҳанд. Қуръонро мехонанд вале аз гулӯяшон поён намегузурад, аз дин чунон берун мераванд, ки тир аз ҳадаф мегузарад, ба сӯи дин барнамегарданд, магар замоне, ки тири раҳошуда ба ҷои тиргузори дар камон баргардад, (ва чун баргаштани тири раҳошуда ба ҷои тиргузори дар камон маҳол аст, бинобар ин баргаштани онон ба сӯи дин низ маҳол аст) онҳо бадтарин махлуқи рӯи замин ҳастанд. Хушо ба ҳоли касе, ки онҳоро бикушад ё ба василаи онҳо кушта шавад. Онҳо мардумро ба сӯи китоби Худо даъват мекунанд ва ҳоло онки ҳеҷгуна муносибате бо Қуръон надоранд. Ҳар кас онҳоро бикушад назди Худованд аз онҳо беҳтар аст. Аломоти онҳо тарошидани мӯи сар аст” (Саҳеҳул ҷомиъ: 3\217)