Articles

 





Бояд донист, кӯдакро мустақиман мухотаб ва тарафи су­хан қарор додан дар рушди ақлӣ, дар равшансозии ҳақоиқ ва тартибу танзими маълумоти фикрӣ барои ӯ ба хотири ҳифзу дарки онҳо бисёр муассир мебошад ва мӯҷиби омода­гии бештари ӯ барои пазириши беҳтар ва босуръаттар ме­гардад. Аммо баръакс, хитобу ҳаракати дастаҷамъӣ дар омехтагию таомули умумӣ барои кӯдак зиёд судманд набу­да, ӯро баҳраманд намесозад. Чунонки Пайғамбари акрам (с) ба мо омӯхтаанд, ки дар бисёре аз муносибатҳо ба сурати сароҳату ошкоро кӯдакро мухотаб созем ва ба таври муста­қим бо ӯ баҳс кунем. Он тавре, ки худи Пайғамбари акрам (с) дар бисёр мавридҳову муносибатҳои мухталиф масоиле­ро, ки мехостанд ба кӯдаки дар ҳоли рушду нумӯ биомӯ­занд, бо калимаҳои мухтасару муфид, бидуни ба кор бурда­ни ҷумлаҳои малолангез, ибораҳои тӯлонӣ ва хастакунанда ӯро мустақиман тарафи сухани худ қарор медоданд. Ба гу­нае ки он чиро мехостанд ба ӯ бигӯянд, ба шеваи оддӣ ва мураттаб, бо калимаҳои кӯтоҳу пурмаъно ва дар айни ҳол соддаву зудфаҳм, он тавре, ки сиришти ақлу табъи фикру андешаи кӯдак талаб мекунад, ба ӯ меомӯхтанд…





Чунончи, агар дар соддагӣ ва дар тартиби ба кор бур­дани калимаҳое, ки Пайғамбари акрам (с) дар ҳадиси зер мустақиман ба Ибни Аббос (р) меомӯхтанд, ба хубӣ диққа­ту тааммул бинамоем, дармеёбем, ки як қатор қоидаҳои асо­сии фикриро барои кӯдак ба тасвир кашидаанд, ки бо зин­дагии даврони кӯдакии ӯ, ки дар ҳар лаҳза интизори онҳо меравад, комилан мутаносиб мебошад.





Акнун ин гуна калимотро дар ҳадиси мавриди назар ба­ён мекунем: «Ибни Аббос (р) гуфтааст: «Рӯзе Пайғамбари акрам (с) маро пушти сари худ савор бар чаҳорпое карданд ва ба ман хитоб карда фармуданд: «Эй кӯдаки навҷавон! Ин чанд ҷумларо ба ту ёд медиҳам (онҳоро барои ҳамеша ба хо­тир биспор: авомир ва навоҳӣ): Худоро ҳифз ва риоя бинамо, Худованд низ туро (аз ҳар чизе) маҳфуз медорад, Худоро ба ёд дошта бош! (Пайваста) ӯро дар пеши рӯи худ меёбӣ, ҳар гоҳ чизе хостӣ онро фақат аз Худо бихоҳ ва ҳар вақт кӯмаку ёрӣ талабидӣ, танҳо аз Худо кӯмаку ёрӣ талаб кун. Бидон, ки тамоми мардум ҷамъ шаванд бар ин ки суде ба ту бирасо­нанд, ҳатман ҷуз он андоза, ки Худованд бароят муқаддар кардааст, ба ту суд намерасонанд ва агар ҳама ҷамъ шаванд бар ин ки ба ту зарару зиёне бирасонанд, ҷуз он миқдоре, ки Худованд ба зарари ту таъйин фармудааст, намерасонанд. Бинобар ин, ҷуз он чӣ, ки Худованд ирода фармудааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизе қодир ба расонидани хайру шарр наме­бошад».[14]





Чунонки мулоҳиза мешавад, ҷамолу зебоии ин хитоби мустақим ва гуфтугӯи рӯ ба рӯ бо кӯдак дар ин аст, ки бо ҷумлаи «Эй кӯдаки навҷавон» оғоз шудааст, ҷумлае, ки ба шиддат ӯро бедор сохта, эҳсосашро барои дарёфти паёми гӯянда бармеангезад. Ин ба монанди барангехтани эҳсоси ҷавонон аст, ҳангоме, ки «Эй ҷавонон»-ро мешунаванд, фав­ран мутаваҷҷеҳу омодаи дарёфти паёми нидокунанда мегар­данд. Пас, оё ҳеҷ хитобу баёне ҳамчун ин баёни ҷомеъу шо­миле, ки дар ҳадиси боло ақлу андешаи кӯдакро мавриди хитоб қарор медиҳад, ёфт мешавад? Оё то кунун қоидае ба монанди ин қоидаи куллӣ шунида ва ё дида шудааст, ки ин гуна ақлу андешаи кӯдакро поярезӣ кунад, то дар мувоҷеҳ шуданаш бо зиндагӣ такягоҳи маҳками ӯ гардад?





Илова бар ин, Пайғамбари акрам (с) ба василаи хитоби мустақим ва панду андарзи рӯ ба рӯ кӯдакро ба сӯи роҳи амалӣ иршод мекарданд, то ин ки бо пайдарҳамии фикрӣ худро аз чирку касофати бемориҳои дилу замир, аз қабили ҳасодат, душманӣ, кинатӯзӣ, найранг ва ғайра раҳо созад. Чунонки аз Анас (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Пайғамбари акрам (с) ба ман фармуданд: «Эй писари азиз! Агар тавони онро дорӣ, ки рӯзу шабро ба сар барӣ бидуни ин, ки ғиллу ғаш ва фиребу найранги касеро дар дил дошта бошӣ, пас чунин кореро бикун». Баъд фармуданд: «Эй писари азиз! (Бидон, ки) чунин коре аз суннату равиши ман мебошад ва ҳар кас сун­на­ти маро зинда бидорад, ба ҳақиқат маро дӯст медорад ва ҳар кас маро дӯст бидорад, дар биҳишт ҳамроҳи ман мебошад».[15]





Боз дар ин ҳадис чунонки мулоҳиза мешавад, Пайғам­бари акрам (с) иршоду роҳнамоии худро бо ҷумлаи «Эй пи­сари азизам» шурӯъ кардаанд, то ин ки эҳсосоти кӯдакро ба­рангезанд, ӯро ҷиҳати гӯш додан ба баёноти худ башиддат бедору омода созад ва барои дарёфти онҳо занҷирвор тари­қаи махсусеро ба кор гирифтаанд, то кӯдакро қонеъ ба ин намояд, ки он маълумоту огоҳиҳоро дарк кунад, ба хубӣ ёд бигирад ва ба тарзи шоистае аз онҳо баҳраманд гардад. Он ҳам дар як хитоби мустақим, иршоди рӯ ба рӯ ва дар як фа­зои комилан орому фараҳбахш, инчунин дар як бедорсозии хубу дилчасп ба василаи ҷумлаи «Эй писари азизам».





Асоси сеюми фикрӣ, мувофиқи дарку фаҳми





кӯдак бо ӯ сухан гуфтан





Равшану возеҳ аст, кӯдак низ ба монанди ҳар мавҷуде аз мавҷудоти зинда дорои ҳадду ҳудуде аз тавоноии ҷисмиву фикрии хоссе мебошад, ки қодир ба таҳаммулу дарки масо­или берун аз он нест. Аз ҷиҳати дигар, ақлу фикри ӯ пай­васта дар ҳолати рушду нумӯ мебошад. Аз ин рӯ, пай бур­да­ни волидайн ва мураббиён ба дараҷаи рушду мизони инки­шофёбии ақлу фикрӣ, ки кӯдак ба он расидааст, ҳалли бис­ёри аз мушкилотро бар онон саҳлу осон мегардонад. Зеро дар чунин ҳолат аст, ки ба хубӣ медонанд чӣ вақт кӯдакро тарафи сухани худ қарор диҳанд ва чӣ калимотеро барои ӯ ба кор баранд, то афкору хостаҳои мавриди назари худро ба ӯ бирасонанд.





Барои исботи ин маъно ба мисоли зер таваҷҷӯҳ намоед: Пеш аз ҷанги Бадр вақте иддае аз саҳоба писарбаччаеро, ки галабони Қурайш буд, гирифтанд ва теъдоди сарбозони эшонро аз ӯ пурсиданд, аммо ӯ натавонист ба хубӣ ҷавоб бидиҳад. Аз ин рӯ, ӯро заданд, то ин ки Пайғамбари акрам (с), ки равоншиноси ҳақиқӣ ва бидуни инкор мебошад, ома­данд ва аз он писарбачча пурсиданд: «Он қавм ҳар рӯз чанд шутур забҳ мекунанд?». Писарбача ҷавоб дод: “Байни нӯҳ то даҳ шутур забҳ мекунанд”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Пас, теъдоди ин қавм аз нӯҳсад то ҳазор нафар мебошад». Зеро Пайғамбари акрам (с) медонистанд, ки он писарбаччаи чӯпон ба ададҳои сад, ҳазор ва болотар аз он ошноӣ надо­рад, аммо қудрату тавонии ақливу фикрии ӯ ададҳои даҳи­ро дарк мекунад, фарқ намекунад, ки ин ададҳо дар бораи ҳар чизе, ки бошад, аммо чун шутур бадани бузурге дорад, аз ин рӯ, ёд гирифтану ошноӣ ба ададҳои даҳӣ дар бораи шутур барои ҳар кӯдаке саҳлу осон мебошад.





Инак зикри далели дигаре: Омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) духтарбаччаеро, ки фақат забони ҳабаширо медо­нист, бо ҳамон забон садо заданд, чун агар бо забони дига­ре ғайр аз забони ҳабашӣ бо ӯ сӯҳбат мекарданд, манзуру мақсуди он ҳазрат (с)-ро дарк намекард. Чунонки Ибни Таймия дар китоби худ «Иқтизоу сиротил-мустақим» нақл намуда, ки Пайғамбари Худо (с) ба духтари Холид ибни Саъид ибни Ос, ки вақти ба сарзамини Ҳабаша ҳиҷрат кар­дани падараш таваллуд шуда ва духтарбаччаи хурдсол буд, пероҳане пӯшонда фармуданд: «Эй Уммихолид! Ин пероҳан зебо аст».





Дар ривояте омада, ки Оиша (р) гуфтааст: “Дар ҳоле ки гурӯҳе аз мардуми Ҳабаша бозӣ мекарданд, Расули Худо (с) маро бо ридои худ пӯшониданд ва ба бозии онон нигоҳ кардам, то ин ки аз он хаста шудам, пас шумо низ қадри духтарони камсинну солеро, ки алоқаманд ба бозӣ мебошанд, бидонед”.[16]





Дар ривояти дигар омадааст, ки Оиша (р) гуфт: “Гурӯҳе аз сиёҳпӯстони ҳабашӣ дар рӯзи ид пеши Пайғамбар (с) бозӣ мекарданд. Он ҳазрат (с) маро фаро хонданд ва ман аз пуш­ти сару гарданашон тамошо мекардам, то ин ки аз тамошо кардан хаста шудам ва баргаштам”.[17]





Яке аз намунаҳои ҳаётӣ ин аст, ҳангоме ки Анас (р) ба­рои Пайғамбари акрам (с) хидмат мекард, агар дастуре аз дастурҳои он ҳазрат (с) фаромӯш мешуду онро анҷом наме­дод, аҳлу хонаводаи Пайғамбар (с) ӯро мавриди сарзаниш қарор медоданд. Аммо Пайғамбари акрам (с), ки ба ҳудуду тавоноии кӯдак ошно буданд ва мизони онро дарк мекар­данд, мефармуданд: «ӯро бигзоред, чун агар қодир мебуд ва метавонист онро анҷом диҳад, ҳатман анҷом медод». Ин худ баёнгари он аст, ки кӯдак дорои қудрату тавоноии маҳдуди фикриву ҷисмӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат, ӯро водор намудан ба анҷоми корҳои болотар аз қудрату тавоноии фикриву ҷисмии ӯ ба манзалаи хоҳони сабз шудани дона дар ҳаво мебошад. Илова бар он, Пайғамбари акрам (с) дар шӯхиву бозӣ бо кӯдакон ба мизони тоқату тавоноии ақливу фикрии эшон ва ба василаи ашёе, ки онҳоро медиданду мешинох­танд, шӯхиву ҳазл мекарданд. Чунонки бо Абуумайр шӯхӣ мекарданду мефармуданд: «Эй Абуумайр, булбули хурд чӣ кор мекунад?». Ин худ баёнгари он аст, ки нуғайр паррандаи хурде будааст, ки дар он ҷо ин кӯдаки хурд бо он бозӣ ме­кардааст. Бинобар ин, ҳар гоҳ бихоҳем, акси ин суратро амал кунем, яъне кӯдакро маҷбур ба анҷоми коре бинамоем, ки берун аз қудрати ҷисмонии ӯ бошад ва ё ӯро тавре мухо­таби худ қарор диҳем, ки фавқи тавоноии фикриву дарки ақли ӯ бошад, ҳатман ӯро дар баробари худ фарди радшуда, бадахлоқ, саркаш ва аҳёнан инсони кундзеҳн хоҳем ёфт. Ин мисли он аст, ки шахсе дастури анҷом додани кореро бо забоне, ки ба он ошно нестӣ, ба ту бидиҳаду ту ҷавоб нагар­донӣ ва онро дар асари дарк накардани хостаи ӯ анҷом на­диҳӣ, мутақобилан ӯ бо мушту лагад туро мавриди зарбу таҳдид қарор диҳад. Оё ин кор одилона аст? Пас, кӯдак низ ҳамин тавр мебошад.





Асоси чоруми фикрӣ, бо кӯдак





ба оромиву нармӣ ҳарф задан





Ба касе пӯшида нест, ки гуфтугӯи орому сухани нарм ба ақлу андешаи кӯдак рушду нумӯ мебахшад, қудрати ҳавосу нерӯи дарку фаҳми ӯро густариш медиҳад ва нишоту чобу­кии ӯро дар кашфи ҳақоиқи умур ва ошноӣ бар ҳаводиси рӯзгор меафзояд. Зеро тамрин ва одат додани кӯдак ба амри мубоҳисаву гуфтугӯ ба василаи волидайн ӯро ба болотарин қуллаи тарбияву сохтори фикриву ақлӣ мерасонад. Дар пар­тави чунин тарбия кӯдак метавонад дар бораи ҳуқуқи худ сухан бигӯяд ва ин имконро ба ӯ медиҳад, то роҷеъ ба уму­ри номаълуму масоили ношинохта савол кунад. Сипас он ҳаракат ва татаббуъи фикриву ақлӣ барои ӯ ба вуҷуд меояд, ба гунае ки ба маҷолиси бузургон роҳ меёбаду ҳузури ӯ до­рои фоидаи зиёде мегардад. Зеро ироаву назариёти фикрии ӯ дар чунин маҷолис дар нафсҳои бузургон асар мегузорад, чун ӯ дар муҳити хонаводаи худ дар бораи гуфтугӯ, одоб ва услуби он бо волидайнаш тамрин карда, ба он одат варзида ва дар робита бо мубоҳисаву музокира огоҳии комилро касб намудааст...





Аммо он идда волидайне, ки кӯдаки худро мулзам ба су­кути доим мекунанд, то ин кор нишон диҳад, ки ӯ кӯдаки поку сокит ва дорои ахлоқу одоби болое аст, мусалламан ин кор амри хуб аст, аммо ба шарти он ки кӯдак дар чунон ҳо­лате дорои қудрати баёни афкори худ бошад ва битавонад ба василаи адаби зиёду хулқи нек ба мубоҳиса бипардозад.





Оре, дар баҳсҳои гузашта намунаҳои зиёде аз гуфтугӯи ором ва матолибу раҳнамудҳои мантиқиву созандаи Пай­ғамбари акрам (с) бо кӯдаконро ба унвони улгӯи ҳасана баён намудем, аз он ҷумла:





1. Чунонки дар асоси қаблӣ (сеюм) баён намудем, вақте ки Пайғамбари акрам (с) барои иттилоъ ёфтан бар теъдоди сипоҳиёни қавми Қурайш аз он кӯдаки чӯпон савол кар­данд, нахуст ба оромиву аз тариқи равоншиносӣ ва таносу­би қудрати рӯҳиву тавоноии фикри ӯ ҷӯёи теъдоди он қавм шуда, аз ин шева низ натиҷа гирифтанд ва бар теъдоди онон огоҳӣ ёфтанд. Аммо чун асҳоб аз тариқи зарбу таҳдид наму­дани чӯпон ҷӯёи теъдоди он қавм шуданд, чӯпон ҷавоба­шонро надод ва аз ин кор натиҷае нагирифтанд.





2. Дар саҳифаҳои қаблӣ баён намудем, ки ҷавоне аз Қу­райш пеши Пайғамбари акрам (с) омада, мехост муртакиби амали зино шавад. Мардум бар ӯҳамлавар шуданд, аммо Пайғамбари акрам (с) ба оромӣ ва бо далелҳои мантиқӣ ӯро иршоду қонеъ ба ин намуданд, ки ин кор бисёр амали зишт мебошад. Он ҷавон низ амали зиноро ба шиддат рад наму­да, аҳд кард, ки ҳеҷ гоҳ муртакиби он нашавад.





3. Ҳамчунин баён намудем, Ибни Аббос (р) ҳангоме, ки кӯдаки хурдсол ва дар ҳоли рушду нумӯ буд, чӣ гуна намози шаби Пайғамбари акрам (с) ӯро ба ин алоқаманд сохт, ки ӯ низ аз бистари хобаш хесту ба монанди Пайғамбари акрам (с) таҳорат кард ва бо он ҳазрат (с) намоз хонд... Инак, ба­рои иттилои беҳтар ин гуфтугӯ ва иршоду роҳнамоии ҳаки­монаи Пайғамбари акрам (с) бо ин кӯдаки хурдсолро бори дигар ва бо тавзеҳи бештар нақл мекунем:





Ибни Аббос (р) мегӯяд: “Шабе назди холаам Маймуна (ҳамсари Расули акрам (с)) хобидам, то намози Расули ак­рам (с) бинам. Чун посе аз шаб гузашт, дар ҳоле ки мардум дар хоб буданду фазои ситорагон хомӯшу ором ва фақат Ху­дои ҳайюл-қайюм огоҳ буд, Расули акрам (с) аз хоб бархос­танд ва охири сураи «Оли Имрон» аз ояти «Инна фи халқи-с-самовоти ва-л-арз...» то охири сураро хонданд ва баъд ба та­рафи машки оби овезоншуда рафта, таҳорат карданд ва шу­рӯъ ба намоз хондан карданд, ман низ баланд шуда, монанди Расули акрам (с) таҳорат кардам ва рафтам дар тарафи чапи Расули акрам (с) истодам. Аммо Расули Худо (с) маро гирифта аз пушти худ чархониданд ва бурда дар тарафи рос­ти худашон қарор доданд. Ман аз нав ба сари ҷои қаблии худ баргаштам, вале боз Расули акрам (с) маро ба тарафи рости худ бурданд ва се бор ин корро анҷом додам. Саранҷом, вақте ки Расули акрам (с) аз намоз хондан фориғ шуданд, фарму­данд: «Эй писар! Чӣ чизе монеъи ту мешуд, то дар он ҷое ки туро қарор медодам, боқӣ бимонӣ?». Гуфтам: “Шумо Расули акрам (с) ҳастед ва набояд ҳеҷ кас баробар ва ҳамрадифи шумо бошад”. Расули Худо (с) фармуданд: «Худоё! Ӯро дар умури дин огоҳ кун ва таъбиру тафсири Қуръонро ба ӯ биомӯз».[18]





Дар ривояти дигар чунин омадааст, ки Ибни Аббос (р) гуфт: “Дар охири шаб, дар ҳоле ки намоз мехонданд, ба назди Расули Худо (с) рафтам. Ман ҳам рафта, пушти сарашон истодам, то намоз бихонам. Расули Худо (с) маро гирифта дар тарафи росташон қарор доданд. Вақте ки аз намоз фориғ шуданд, фармуданд: «Вақте ки туро дар тарафи рост қарор медодам, чӣ чиз боис мешуд, то ҷоятро тағйири диҳӣ?». Дар ҷавоб гуфтам: “Шумо Расули акрам (с) ҳастед ва набояд ҳеҷ кас дар баробари Шумо истода намоз бихонад”. Расули Худо (с) аз ин гуфтаи ман хушашон омад ва бароям дуо кар­да, аз Худованд хостанд, ки ба фаҳму огоҳии ман биафзояд”.





4. Яке дигар аз матолибе, ки қаблан дар робита бо гуф­тугӯи Пайғамбар (с) бо кӯдакон баён намудем, ин буд, ки бо кӯдакон ба оромӣ баҳс мекарданд, ба назару пешниҳоди онон гӯш медоданд ва онро мунсифона мепазируфтанд. Чу­нонки аз Самура ибни Ҷундаб (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Модарам бева шуда, ба Мадина омад ва ашхоси зиёде аз ӯ хостгорӣ карданд, аммо ӯ дар ҷавоб мегуфт: “Ман ба шавҳар намебароям, магар ба шахсе, ки кафолату сарпарастии ин пи­сари ятими маро ба ӯҳда гирад”. Сипас, марде аз Ансор ӯро ба издивоҷи худ даровард.





Самура мегӯяд: “Ҳар сол Расули Худо (с) иддае аз писа­рону навҷавонони Ансорро равонаи ҷанг бо куффор мекарданд ва ҳар кас худро муаррифӣ менамуд, ӯро ба онон ҳамроҳ ме­карданд. Билохира, соле ман низ худро ба Расули Худо (с) му­аррифӣ намудам, то маро ба онон ҳамроҳ кунанд, аммо нав­ҷавони дигареро ба онон ҳамроҳ намуданд ва маро рад карда, напазируфтанд. Ман ҳам гуфтам: “Эй Расули Худо (с)! Фа­лониро ба онон ҳамроҳ намудед, аммо маро рад карда, ҳамроҳ накардед, дар сурате ки агар бо ӯ гӯштин бигирам, ӯро бар замин мезанам! Расули Худо (с) фармуданд:





«Бо ӯ гӯштин бигир». Ман бо ӯ гӯштин гирифтам ва ӯро бар замин задам. Расули Худо (с) маро низ пазируфта, ба онон ҳамроҳ намуданд”.[19]





Сипас, саҳобаи бузургвор (р) бар ҳамон барномаву роҳу равиши Пайғамбар (с) ҳаракат карданд ва онро дунбол на­муданд. Чунонки мегӯянд: “Марде назди Умар ибни Хаттоб (р) омада, аз писараш шикоят кард, ки нофармонӣ мекунад ва бо ӯ мухолифат меварзад. Умар ибни Хаттоб (р) дастур дод, фарзандашро оварданд, то ҳақиқати амрро дарёбад ва зимнан дар робита бо ҳуқуқи падару фарзанд нисбат ба якди­гар тавзеҳоте бидиҳад. Баъд аз ин ки он писар омад, Умар ибни Хаттоб (р) хитоб ба ӯ гуфт: “Чӣ чизе туро ба ин во­дор намудааст, ки аз падарат нофармонӣ кунӣ ва бо ӯ мухо­лифат варзӣ?” Он писар гуфт: “Эй амирулмӯъминин! Ҳаққи фарзанд бар падараш чист?” Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: “Ҳаққи фарзанд бар падар ин аст, ки нахуст ҳангоми издивоҷ модарашро бо тааммул ва санҷиши дақиқ интихоб кунад. Баъд аз таваллуд шуданаш, ӯро номи нек ниҳад, сипас Қуръон ва аҳкоми онро ба ӯ биомӯзад”. Он писар гуфт: “Эй амирал­мӯъминин! Падарам ҳеҷ як аз инҳоро дар ҳаққи ман анҷом на­додааст”. Умар ибни Хаттоб (р) ба падари ӯ нигариста гуфт: “Омадаӣ аз нофармонии писарат шикоят кунӣ, дар су­рате ки худат қабл аз ӯ нофармону мухолиф будаӣ ва нисба­ти ӯ бадӣ кардаӣ!!” Ҳамчунин гоҳе Умар ибни Хаттоб (р) бо кӯдакону навҷавонон баҳсу гуфтугӯ мекард, ҳатто дар по­рае аз умури муҳим бо эшон ба машварат мепардохт.[20]





Акнун ту эй бародари мусалмон ва хонандаи мӯҳтарам! Бидон, ки халифаи муслимин, бузургтарин фармонравои кишварҳои замони худ, яъне Умар ибни Хаттоб (р) чӣ гуна дар ниҳояти қудрат пойбанд ба ҳаққу ҳақиқат буда, ба оро­мӣ бо мардум баҳсу гуфтугӯ мекард ва дар порае аз умури муҳим, ҳатто бо кӯдаконе, ки ба онон таваҷҷӯҳе намешуд, ба машварат мепардохт! Инҳо монанди ҳамон кӯдаконе ҳас­танд, ки Пайғамбари акрам (с) бо онон музокираву гуфтугӯ мекарданд ва инак амирулмӯъминин низ бо эшон музока­ра­ву мубоҳиса менамояд...





Пас, шумо низ эй падарону модарон, бо кӯдакони худ ҳамин гуна рафтор кунед ва ба оромиву муҳаббат бо онон ба гуфтугӯву табодули назар бипардозед, дар камоли нар­миву бурдборӣ ба раъю назари эшон гӯш фаро диҳед, бо самими қалб ба хостаи мантиқиву машрӯъи онон посухи мусбат диҳед, ҳамон тавре, ки халифаи муслимин Умар иб­ни Абдулазиз (р) ҳамин корро мекард. Чунонки мегӯянд: “Ҳангоме ки ба хилофат расид, ҳайъате ба унвони намояндаи мардум барои таҳнияту табрик гуфтан ба муносибати ма­қому мансаби ҷадиди ӯ ба мулоқоташ рафтанд. Ҳайъате ҳам ба намояндагии мардуми Ҳиҷоз пеши ӯ омада буданд ва як пи­сари навҷавони ҳошимӣ, ки аз ҳамаи онон камсинну солтар буд, барои сухан гуфтан пеш омад. Умар ибни Абдулазиз гуфт: “Бояд фарди калонсолтар аз ту сухан бигӯяд?” Он пи­сари навҷавон гуфт: “Худованд амирулмӯъмининро саломат дорад! Арзиши шахс ба василаи ду узви хурдаш, яъне забону қалбаш мебошад, пас ҳар гоҳ Худованд ба бандае аз банда­го­ни худ забони гӯёву ақли пок ва нигоҳдоранда аз бадӣ ба ӯ бибахшад, бешубҳа ӯ шоистагии сухан гуфтанро дорад ва ҳар кас ба сухани ӯ гӯш фаро диҳад ба миқдори фазлу барта­рии ӯ пай мебарад. Эй амирулмӯъминин! Агар расидан ба ин мақому манзалати ту ба миқдори синну соли шахс бастагӣ медошт, мусалламан дар миёни ин мардум фарди калонсол­таре аз ту шоистагии онро медошт”. Умар ибни Абдулазиз гуфт: “Рост мегӯӣ, пас бигӯ он чиро, ки мехоҳӣ”. Писари нав­ҷавон гуфт: “Худованд амирулмӯъмининро саломат дорад! Мо ҳайъате ҳастем барои арзи табрику таҳният ба ин ҷо омадаем, на барои ибрози мусибату хоҳон шудани чизе. Мо омадаем, то дар баробари он чи, ки Худованд ба василаи вуҷу­ди ту бар мо миннат ниҳодааст, сипосгузорӣ намоем, на ба хотири эҷоди рағбату алоқа ва парҳез аз раҳбат ва ҳарос, зе­ро рағбату алоқа аст, ки моро аз шаҳрҳои худ ба назди ту овардааст. Аммо роҷеъ ба раҳбату ҳарос низ бояд гуфт, мо дар асари густариши адлу додгарии ту аз зулму ҷавр дур ҳас­тем ва дар камоли амнияту оромиш ба сар мебарем.





Саранҷом, Умар ибни Абдулазиз гуфт: “Эй навҷавон! Ма­ро насиҳате бинамо!” Он навҷавон гуфт: “Худованд амирул­мӯъмининро саломат дорад! Иддае аз мардум ҳастанд, ки ҳилми Худо нисбат ба онон пӯшида мебошад, аз он маҳруманд, орзуи эшон тӯлонӣ гашта, таърифу тамҷиди мардум барои онон фузунӣ ёфтааст, ба ин васила, гомҳояшон лағжи­да, дар оташи хашми Худо афтодаанд. Бинобар ин, ту ҳушёр бош, ҳилми Худо аз ту барнагардад, фиреби он иддаеро нахӯ­рӣ, ор­зуят тӯлонӣ нагардад, таърифу тамҷиди онон низ бар ту фу­зунӣ наёбад. Мабодо гомҳои ту ҳам билағжад, дар на­тиҷа мағрур гардиву ба он қавм ҳамроҳ шавӣ. Умед аст Ху­дованд туро ҷузъи онон қарор надиҳад, балки туро аз зумраи афроди солеҳу некӯкори ин уммати ростини Ислом бигар­донад”.





Сипас, Умар ибни Абдулазиз гуфт: “Ин навҷавон чандсо­ла аст?” Гуфтанд: “Ёздаҳсола мебошад”. Баъд роҷеъ ба аслу насаби ӯ савол кард. Маълум шуд, ки ӯ аз наберагони Ҳусайн ибни Алӣ (р) мебошад. Пас, ӯро мавриди ситоиш қарор дод ва барояш дуои хайр кард.[21]





Аз Мусъаб ибни Саъд (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Ҳар гоҳ падарам дар масҷид намоз мехонд, онро бо ҳадди ақалли воҷибот, такмили рукӯъу суҷуд ва ҳазфи мустаҳабот мехонд. Аммо вақте ки дар хона намоз мехонд, намоз ва ру­кӯ­ъу суҷудро тӯлонӣ мекард. Гуфтам: “Эй падар! Мебинам, ки вақте дар масҷид намоз мехонӣ, дар ниҳояти ихтисор онро мехонӣ ва ба адои воҷибот иктифо мекунӣ, аммо дар хона он­ро тӯлонӣ мехонӣ?!” Падарам дар ҷавоб гуфт: “Эй писари азизам! Мо пешвоёне ҳастем, ки дигарон ба мо иқтидову пай­равӣ мекунанд (пас бояд риояи ҳоли ононро бикунем)”.[22]





Аз Абубарда ибни Абумусо (р) ривоят шуда, ки гуф­та­аст: “Шоҳид будам, дар ҳоле ки Абумусо дар хонаи Уммифазл буд, ногаҳон Уммифазл атса зад ва Абумусо дар ҷавоби ат­саи ӯ гуфт: «Ярҳамукиллоҳ», аммо ман атса кардам ва Абу­мусо дар ҷавоби он “Ярҳамукаллоҳ» нагуфт”. Абубарда ме­гӯяд: “Вақте ки назди модарам баргаштам, моҷароро ба ого­ҳии ӯ расонидам. Пас, ҳангоме, ки Абумусо омад, модарам ба ӯ гуфт: “Писари ман дар назди ту атса зад, дар ҷавоби ат­саи ӯ «Ярҳамукаллоҳ» нагуфтӣ, аммо зане атса зад, дар ҷа­воби атсаи ӯ гуфтӣ: «Ярҳамукиллоҳ». Абумусо гуфт: “Писа­ри ту вақте атса зад, «Алҳамдулиллоҳ» нагуфт, пас ман дар ҷавоби ӯ «Ярҳамукаллоҳ» нагуфтам. Аммо Уммифазл, ки ат­са зад, билофосила «Алҳамдулиллоҳ» гуфт ва ман дар ҷавоби ӯ «Ярҳамукиллоҳ» гуфтам. Зеро аз Расули Худо (с) шуни­дам, ки мефармуданд: «Вақте яке аз шумо атса кард ва ба дунболи он «Алҳамдулиллоҳ» гуфт, дар ҷавоби ӯ бигӯед: «Яр­ҳамукаллоҳ». Ва агар «Алҳамдулиллоҳ» нагуфт, пас шумо низ «Ярҳамукаллоҳ» нагӯед».[23] Модарам гуфт: “Аҳсанта, рост гуфтӣ”.





Инак, намунаи зиндаеро дар робита бо гуфтугӯву мубо­ҳисаи орому созандае баён мекунем, ки чӣ гуна дар вуҷуди имоми бузургвор Абуҳанифа муассир воқеъ шуд ва сабаби тасҳеҳи равишу тағйири амалкарди ӯ гардид.





Ҳамчунон ки қаблан баён кардем, мегӯянд: “Имом Абу­ҳанифа писарбачаеро дид, ки бо гил бозӣ мекард. Имом Абу­ҳанифа (ба унвони шӯхӣ) ба ӯ гуфт: “Ҳушёр бош, дар гил на­афтӣ!” Он писарбача дар ҷавоби он Имоми бузургвор гуфт: “Ту низ аз афтодан ва лағжидан дар масоили динӣбарҳазар бош, зеро лағжидани олим дар умури динӣ лағжидани олам аст”. Абуҳанифа дар асари ин гуфтори кӯдак чунон такон хӯрд ва дилу замираш тавре бедор гашт, ки баъд аз шунидани ин гуфтаи кӯдаки хурдсол ҳар фатвоеро, ки мехост бидиҳад, як моҳи тамом бо шогирдонаш онро мавриди баҳсу баррасӣ, машварат ва табодули назар қарор медоданд, сипас, ҳукми онро содир мекарданд.[24]





Ривоят шуда, ки Маҷошиъ ибни Юсуф гуфтааст: «Дар Мадина назди Имом Молик, ки муфтии мардум буд, нишаста будам. Муҳаммад ибни Ҳасан, ёри Абуҳанифа омад ва ӯ дар он ҳол навҷавон буд. Омаданаш ба назди Имом Молик замоне сурат гирифт, ки ҳанӯз барои хондани «Муваттаъ» пеши ӯ наомада буд. Сипас, Муҳаммад ибни Ҳасан ба Имом Молик гуфт: «Раъйи ту дар бораи касе, ки дар ҳоли ҷанобат ме­бошад ва ҷуз дар масҷид об намеёбад, то ғусл намояд, чист?» Имом Молик дар ҷавоб гуфт: «Шахси ҷунуб набояд вориди масҷид шавад». Муҳаммад ибни Ҳасан гуфт: «Дар ҳоле ки вақти адои намоз фаро расидааст ва ӯ обро дар масҷид меби­над, чӣ кор кунад?» Молик ҳамон ҷавобро такрор намуд, ки шахси ҷунуб набояд вориди масҷид шавад. Ҳар боре, ки Му­ҳаммад ибни Ҳасан ин саволро такрор мекард, Молик ба ӯ ме­гуфт: «Ту дар ин бора чӣ назаре дорӣ?» Муҳаммад ибни Ҳа­сан дар ҷавоб гуфт: Шахси ҷунуб таяммум карда, дохили масҷид шавад ва оби мавриди ниёзро аз дохили масҷид бар­дош­та, хориҷ шавад ва ғусл намояд». Имом Молик гуфт: «Ту аҳ­ли куҷоӣ?» Дар ҷавоб гуфт: «Ман аҳли ин ҳастам», дар ҳоле ки ишора ба замин мекард. Сипас, бархосту рафт ва афроди ҳозир дар он ҷо гуфтанд: «Ин Муҳаммад ибни Ҳасани Шай­бонӣ, ёри Абуҳанифа аст». Молик гуфт: «Муҳаммад ибни Ҳасан чӣ гуна дурӯғ мегӯяд, ки «ман аҳли ин шаҳр ҳастам?» Мардум гуфтанд: «Вақте ки гуфт, ман аҳли ин ҳастам, ишора ба замин кард (ва манзураш хок буд, на худи шаҳри Мадина)». Молик гуфт: «Ин гуфтаи ӯ аз он гуфтаи қаблӣ бар ман нохушояндатар буд».[25]





Асоси панҷуми фикрӣ, тамрин ва одат додани





ҳавоси кӯдак ба таҷрибаҳои амалӣ





Табиист, ҳангоме кӯдак шурӯъ ба рушду нумӯ мекунад ва метавонад порае аз корҳоро бо дасту аъзои худ анҷом ди­ҳад, мусалламан дар чунин замоне тамрини ҳавоси кӯдак ва одат додани ӯ ба аъмоли дуруст шинохту огоҳии зиёдеро барои ӯ ба бор меоварад. Зеро ин кор мӯҷиби бедории ақлу фикри кӯдак ва барангехтани ҳавоси ӯ мегардад, чун бо му­шоҳидаи кори дигарон дар пеши рӯи худ ҳавосаш таҷрибаи корро меомӯзад, ба гунае ки кӯдак ба тадриҷ ва қадам ба қадам ба анҷом додани кор одат карда, ба дурустиву усту­вории он ошноӣ пайдо мекунад. Чунонки омадааст, Расули Худо (с) аз назди кӯдаке гузаштанд, диданд, ки пӯсти гӯс­фанди забҳшудаеро меканад, аммо хуб балад нест. Он ҳаз­рат (с) фармуданд: «Бирав канор, то ин корро ба ту нишон диҳам». Баъд остини худро боло зада, дар пеши чашми кӯ­дак дасти худро ба даруни пӯсту гӯшти соқи пои гӯсфанд фурӯ бурданд ва дар асари он пӯсти гӯсфанд варам карда боз шуд, то ин ки дасти он ҳазрат (с) ба зери бағали он ра­сид. Сипас онро гузошта рафтанд, то барои мардум намози ҷамоатро бихонанд.[26]





Шакке нест, ки ин гуна таҷрибаҳои амалӣ дар тамрини кӯдак ва одат додани ӯ ба кори дуруст ин имконро ба ӯ ме­диҳад, то уфуқи шинохташ боз гардида, доираи дарку фаҳ­ми зеҳну ақли ӯ густариш ёбад.





Асоси шашуми фикрӣ, тақвият ва омода сохтани кӯдак ба ин ки шахсият ва равиши Пайғамбар (с)-ро намунаи худ қарор диҳад





Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Шабе дар хонаи холаам Маймуна (ҳамсари Расули акрам (с)) хобидам. Вақте посе аз шаб гузашт, дидам Расули акрам (с) барои на­моз хондан бархоста, ба тарафи машки оби овезоншуда раф­та, ба оромӣ таҳорат карданд. Сипас, шурӯъ ба намоз хон­дан карданд, ман низ аз бистари хобам бархостам ва монанди Расули акрам (с) таҳорат кардам, баъд рафта дар тарафи чапи Расули акрам (с) истодам. Расули Худо (с) маро гириф­та дар тарафи рости худашон қарор доданд ва ҳарчи Худо хост, намоз хонданд. Сипас, ба паҳлӯ хобиданд, то ҳангоми саҳар. Баъд муаззин омад, то азони субҳ бигӯяд ва он ҳазрат (с) ҳам аз ҷо бархоста барои намоз аз хона хориҷ шуданд.[27]





Оре, бар падару модар лозим аст, ки кӯдакони худро ба Пайғамбари акрам (с) ва роҳу равиши ӯ ошно созанд, то шахсияту равиши Пайғамбар (с)-ро намунаи зиндагии эшон қарор диҳанд ва мутобиқи он чи, ки дар фасли сеюм «асоси бинои ақидавӣ» баён гардид, муҳаббати Пайғамбар (р)-ро дар дили онон устувор созанд. Чунонки аз Алӣ ибни Абуто­либ (р) ривоят шудааст:





«Кӯдакони худро ба се хислат: ҳубби Пайғамбар, оли ба­йт ва тиловати Қуръон тарбия кунед».[28]





Шак нест, тааллуқ доштану шефта шудани кӯдак ба Пайғамбари акрам (с) ва пайравӣ намуданаш аз суннати по­ки ӯ мӯҷиб мешавад, ки инсони солиму устувор гардад, зеро ин кор зеҳну фикри кӯдак ва дарку фаҳми ӯро нисбат ба си­рати поку барномаи инсонсози пешвои тамоми пайғам­ба­рон, роҳбари ҷаҳони башарият ва маҳбуби Худои меҳру­бон – ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) боз карда, ӯро ба пайра­вӣ аз роҳу равиши он ҳазрат (с) водор месозад, ба гунае ки ақлу андешаи ӯро ба василаи нури имон бармеафрӯзад, ба азамати таърихи пурифтихори Ислом ошно мекунад ва дар асари ошноии ӯ ба суннати Пайғамбари акрам (с) фарди сарбаланд хоҳад шуд.





Барои устувор кардани ӯ ба ин кор сирати Пайғамбари акрам (с) ва ғазваҳои ӯро дар пеши рӯи кӯдак тасвир наму­дан, он ҳамаро ба хубӣ барои ӯ баён кардан басанда аст, то ҳарчи зудтар дар қалбаш муҳаббати Пайғамбар (с) ҷо ша­вад. Ва муҳаббати самимии Паёмбари Худо (с) қалби ӯро равшан мекунад ва барои дӯстдории дигар пешвоён дар қалби ӯ ҷой боқӣ намемонад. Дар натиҷа ба Пайғамбари Худо (с) иқтидо намуда аз пайравӣ ба соири фармонравоё­ни аҳзобу гурӯҳҳо канорагирӣ хоҳад кард. Ҳамчунин инти­хоби роҳу равиши Пайғамбар (с) ва дурӣҷустан аз афроди мунҳарифу бадкорро пайваста мадди назар қарор хоҳад дод.





 



Recent Posts

Сухане чанд бо аҳли х ...

Сухане чанд бо аҳли хирад

Фақат барои ҷавонон д ...

Фақат барои ҷавонон дар Рамазон

Қуръон аз дидгоҳи дон ...

Қуръон аз дидгоҳи донишмандони ғарбӣ

Ҳаёт маҷмуъаи варақҳо ...

Ҳаёт маҷмуъаи варақҳо аст