Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сиюҳафтум: Усули тарбияи набавӣ барои кӯдакон, Асосҳо дар робита бо услубҳои муассири фикрӣ дар ақлу андешаи кӯдак
سلسلة تربية الأولاد، القسم السابع والثلاثون: عن أصول التربية النبوية للأطفال.
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
2. Асосҳо дар робита бо услубҳои муассири
фикрӣ дар ақлу андешаи кӯдак
Пешгуфтор,
зикри чанд оят дар робита бо кӯдакон
﴿وَإِذۡ قَالَ لُقۡمَٰنُ لِٱبۡنِهِۦ وَهُوَ يَعِظُهُۥ يَٰبُنَيَّ لَا تُشۡرِكۡ بِٱللَّهِۖ إِنَّ ٱلشِّرۡكَ لَظُلۡمٌ عَظِيمٞ ١٣ وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حَمَلَتۡهُ أُمُّهُۥ وَهۡنًا عَلَىٰ وَهۡنٖ وَفِصَٰلُهُۥ فِي عَامَيۡنِ أَنِ ٱشۡكُرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيۡكَ إِلَيَّ ٱلۡمَصِيرُ ١٤ وَإِن جَٰهَدَاكَ عَلَىٰٓ أَن تُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٞ فَلَا تُطِعۡهُمَاۖ وَصَاحِبۡهُمَا فِي ٱلدُّنۡيَا مَعۡرُوفٗاۖ وَٱتَّبِعۡ سَبِيلَ مَنۡ أَنَابَ إِلَيَّۚ ثُمَّ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ١٥ يَٰبُنَيَّ إِنَّهَآ إِن تَكُ مِثۡقَالَ حَبَّةٖ مِّنۡ خَرۡدَلٖ فَتَكُن فِي صَخۡرَةٍ أَوۡ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ أَوۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ يَأۡتِ بِهَا ٱللَّهُۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَطِيفٌ خَبِيرٞ ١٦ يَٰبُنَيَّ أَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ وَأۡمُرۡ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَٱنۡهَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَٱصۡبِرۡ عَلَىٰ مَآ أَصَابَكَۖ إِنَّ ذَٰلِكَ مِنۡ عَزۡمِ ٱلۡأُمُورِ ١٧ وَلَا تُصَعِّرۡ خَدَّكَ لِلنَّاسِ وَلَا تَمۡشِ فِي ٱلۡأَرۡضِ مَرَحًاۖ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ مُخۡتَالٖ فَخُورٖ ١٨ وَٱقۡصِدۡ فِي مَشۡيِكَ وَٱغۡضُضۡ مِن صَوۡتِكَۚ إِنَّ أَنكَرَ ٱلۡأَصۡوَٰتِ لَصَوۡتُ ٱلۡحَمِيرِ ١٩﴾ [لقمان: ١٣، ١٩]
«Ва (ёд кун) чун Луқмон ба писари худ гуфт ва ӯ он писарро панд медод: «Эй писари ман! Ба Худо шарик муқаррар макун, ба дурустӣ, ки ширк ситаме бузург аст!» Ва одамиро нисбат ба падару модари вай ҳукм фармудем, модараш вайро дар ҳоли сустӣ, болои сустии дигар,[1] дар шикам бардоштааст ва аз шир боз кардани ӯ дар ду сол аст (ҳукм фармудем, ки) Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун. Бозгашт ба сӯи Ман аст. Ва агар бо ту дар он кӯшиш кунанд, то чизеро, ки туро ба (ҳақиқати) он донише нест, бо Ман шарик муқаррар кунӣ, пас, аз онҳо фармонбардорӣ макун ва бо онҳо дар (маишати) дунё ба ваҷҳи писандида сӯҳбат дор ва роҳи касеро пайравӣ кун, ки ба сӯи Ман руҷӯъ дорад. Сипас, руҷӯъи шумо ба сӯи Ман аст, пас шуморо ба он чӣ мекардед, огоҳ мекунам. [Луқмон гуфт:] Эй писараки ман! Ба дурустӣ, ки агар [кирдоре] ҳамсанги донае аз сипандон бошад, пас дар миёни санге, ё дар осмонҳо, ё дар замин бошад, (ба ҳар ҳол) Худо онро ҳозир мекунад, ҳамоно Худо борикбини хабардор аст. Эй писараки ман! Намозро барпо дор ва ба кори писандида бифармо ва аз нописандида манъ кун ва ба ҳар чи ба ту бирасад, сабр кун, ба дурустӣ ки ин муқаддима аз корҳои мақсуд аст. Ва рухсораи худро аз мардум матоб[2] ва дар замин хиромон роҳ марав, ба дурустӣ ки Худо ҳар нозандаи худситояндаро дӯст надорад. Ва дар рафтори худ миёнаравӣ кун ва овози худро фуруд ор. Ба ростӣ ки бадтарини овозҳо овози харон мебошад».[3]
Асоси аввали фикрӣ,
нақли қиссаҳо ва достонҳои омӯзанда барои кӯдак
Возеҳу равшан аст, ки нақли қиссаҳои муфид ва бозгӯии достонҳои омӯзанда дар тақвияти таваҷҷӯҳу диққати нигариш ва дар бедории фикриву ақлии кӯдак нақши бузургеро ифо мекунад ва ба хотири баҳраманд шудану лаззат бурдан аз онҳо соири услубҳову равишҳои фикрии муассирро дар ақлу андешаи кӯдак таҳти шиоъи худ қарор дода, онҳоро ба тасарруф дармеоварад…
Аз ин рӯ, мо қиссаҳои бисёреро дар робита бо кӯдакон аз Пайғамбари акрам (с) меёбем, ки онҳоро барои асҳоби бузургсолу хурдсол, ки дар ҳузурашон буданд, бозгӯ мекарданд ва онон низ бо таваҷҷӯҳи зиёд, бо омодагиву бедории комил ба онҳо гӯш фаро медоданд. Пайғамбари акрам (с) барои эшон қиссаҳоеро роҷеъ ба ҳаводису рӯйдодҳои гузашта ҳикоя мекарданд, то ин ки ҳам афроди ҳозири дар он ҷо ва ҳам наслҳои баъдиро то рӯзи қиёмат огоҳу бедор созад ва ба василаи онҳо панду ибрат бигиранд.
Бояд донист, дар он ҳаводису рӯйдодҳо матлаби қобили мулоҳизаву бисёр муҳимм ин аст, ки ин гуна қиссаҳои набавӣ такя бар ҳақоиқи собитшудае мекунанд, ки дар замони гузашта рух додаанд ва дур аз хурофоту афсона мебошанд, балки онҳо қиссаҳое ҳастанд, ки эътимоду итминони комил ба таърихро дар вуҷуди кӯдак бармеангезад. Ҳамчунонки рӯҳашро лабрез аз ангезаву ҳаракат мекунанд ва дар замири ӯ ба гунае шуури исломиро поягузорӣ менамоянд, ки ҳеҷ гоҳ сарчашмаи он намехушкад ва чунон эҳсоси амиқеро дар ӯ ба вуҷуд меоваранд, ки сустиву кундиро намешиносад.
Бегумон, ахбори уламои омилин ва гуфтору кирдори огоҳони некӯкор аз беҳтарин васоиле аст, ки фазоилро дар рӯҳу равони инсон менишонад, ӯро ба таҳаммули сахтиҳо, ранҷҳо дар роҳи аҳдофи асилу шариф ва мақосиди бузургу олӣ водор месозад. Ҳамчунин ӯро ба сӯи пайравӣ аз афроди фидокору пойбанд ба воҷибот бармеангезад, то ин ки ба болотарин дараҷаҳову шарифтарин мақомот бирасад. Ба ҳамин сабаб аст, ки баъзе аз уламои салафи солеҳ гуфтаанд: «Қиссаҳои муфиду ҳикояҳои омӯзанда лашкаре аз лашкарҳои Худо мебошанд, ки ба василаи онҳо қалбҳои мардони роҳи Худо собиту устувор мегардад ва далели ин идда Қуръони карим аст, ки мефармояд:
﴿وَكُلّٗا نَّقُصُّ عَلَيۡكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلرُّسُلِ مَا نُثَبِّتُ بِهِۦ فُؤَادَكَۚ وَجَآءَكَ فِي هَٰذِهِ ٱلۡحَقُّ وَمَوۡعِظَةٞ وَذِكۡرَىٰ لِلۡمُؤۡمِنِينَ ١٢٠﴾ [هود: ١٢٠]
«Ва ҳар кадом аз саргузаштҳои пайғамбаронро, ки бар ту ҳикоят мекунем, чизе аст, ки ба он дили туро устувор мегардонем. Ва дар ин (саргузаштҳо) ҳақ барои ту омада ва панде ва тазаккуре барои мӯъминон аст».[4]
Имом Абуҳанифа гуфтааст: «Бозгӯи ҳикояҳо аз ҳаёти уламо ва баёни некиҳои онҳо, аз нигоҳи ман, аз бисёр масоили фиқҳӣ беҳтар мебошад, ба хотири ин ки онҳо одоби қавм мебошанд. Далели ӯ ҳамин каломи Худованди поку муназзаҳ аст, ки мефармояд:
﴿أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ هَدَى ٱللَّهُۖ فَبِهُدَىٰهُمُ ٱقۡتَدِهۡۗ ٩٠﴾ [الانعام: ٩٠]
«Ин ҷамоа касонеанд, ки Худо онҳоро ҳидоят кардааст, пас, ба равиши онҳо иқтидо кун…».[5]
Ҳамчунин далели дигари ӯ ин сухани Худованд аст:
﴿لَقَدۡ كَانَ فِي قَصَصِهِمۡ عِبۡرَةٞ لِّأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِۗ ١١١﴾ [يوسف: 111]
«Ба дурустӣ ки дар қиссаи пайғамбарон барои соҳибони хирад панду андарз аст…».[6]
Дар фаслҳои гузашта маънои теъдоде аз қиссаҳои набавиро якеро пас аз дигаре баён намудем, аз қабили қиссаи Асҳоби ухдуд, қиссаи Ҷурайҷи обид, қиссаи он се нафари дармонда дар ғор, қиссаи Увайси Қаранӣ ва ғайра. Инак ба зикри баъзеи дигар аз қиссаҳои набавӣ мепардозем, то ин ки тӯшаи тарбиявию парваришӣ барои волидайну мураббиён бошанд, монанди
а) Қиссаи ҳазрати Иброҳим, Исмоил ва модари Исмоил (а).
б) Қиссаи Зал-Кифл.
в) Қиссаи он се нафар (ақраъ, абрас ва аъмо).
г) Қиссаи шахси ба миқдори ҳазор динор қарздор.
Ба таври куллӣ, ҳамаи онҳо ба ҳашт қисса мерасад, ки метавон ба унвони шевае аз шеваҳои тарбияи кӯдакон истифода намуд. Инак шарҳу тафсири ҳар як аз онҳо:
1. Қиссаи ҳазрати Иброҳим, Исмоил
ва модари Исмоил (а)
Дар ривояте омадааст, ки Ибни Аббос (р) гуфт: «Аввалин василае, ки занон онро ба миёни худ мебастанд ва ба он кӯдакро ҳамл мекарданд, аз ҷониби Ҳоҷар, модари Исмоил анҷом гирифт, ки ба василаи он Исмоилро ҳамл намуд, то аз назари Сора, ҳамсари дигари Иброҳим бардорад. Сипас, Иброҳим (а) Ҳоҷар ва писари ширхораашро ба Макка бурд, то ба Байтуллоҳ расид ва ононро дар зери Давҳа – дарахти бузурге болои Замзам, дар ҷои Хона ниҳод.
Дар он замон дар Макка на касе зиндагӣ мекард ва на обу васоили дигари зист вуҷуд дошт. Иброҳим миқдоре об дар машк ва баъзе хурмо дар анбоне барои онон гузошт. Сипас, баргашт ва ба тарафи Шом ба роҳ афтод. Ҳоҷар, модари Исмоил аз дунболи ӯ омад ва гуфт: «Эй Иброҳим! Моро дар ин биёбоне, ки дар он на ҷои истиқомат аст ва на обу хӯрданӣ, танҳо гузошта ба куҷо меравӣ?» Ҳоҷар ин суоли худро чанд бор такрор кард, вале Иброҳим ба вай таваҷҷӯҳ накард. Билохира, Ҳоҷар ба ӯ гуфт: «Оё ин корро Худованд ба ту дастур додааст?» Иброҳим гуфт: «Бале». Ҳоҷар гуфт: «Дар ин сурат Худованд моро ҳалок нахоҳад кард» ва ба сӯи Исмоил баргашт. Иброҳим роҳашро ба тарафи Шом идома дод, то ба маҳалли «Ас-Санияҳ», ҷое ки мардум ӯро намедиданд, расид ва рӯи худро ба тарафи Хона баргардонда, дастҳояшро бардошт ва чунин дуъо кард:
﴿رَّبَّنَآ إِنِّيٓ أَسۡكَنتُ مِن ذُرِّيَّتِي بِوَادٍ غَيۡرِ ذِي زَرۡعٍ عِندَ بَيۡتِكَ ٱلۡمُحَرَّمِ رَبَّنَا لِيُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ فَٱجۡعَلۡ أَفِۡٔدَةٗ مِّنَ ٱلنَّاسِ تَهۡوِيٓ إِلَيۡهِمۡ وَٱرۡزُقۡهُم مِّنَ ٱلثَّمَرَٰتِ لَعَلَّهُمۡ يَشۡكُرُونَ ٣٧﴾ [ابراهيم: ٣٧]
«Парвардигоро! Ҳамоно ман баъзе аз фарзандонамро (ба дастури Ту) дар сарзамини безироат дар назди Хонаи мӯҳтарами Ту сокин сохтам, Парвардигоро, то намозро барпо доранд, пас чунон кун ки дилҳои гурӯҳе аз мардумон мутаваҷҷеҳи онҳо гардад ва ба эшон аз меваҳо рӯзӣ деҳ, то шояд, ки сипосгузорӣ кунанд».[7]
Ҳоҷар ба писараш Исмоил шир медод ва аз оби машк менӯшид, то ин ки оби он тамом шуд ва Ҳоҷару писараш ташна шуданд (ва ба танг омаданд). Ҳоҷар ба писараш Исмоил, ки аз шиддати нороҳатӣ худро бар замин мезад, менигарист. Ӯ намехост фарзандашро дар чунон вазъи нигаронкунанда бубинад. Ӯ аз водӣ ба тарафи кӯҳи Сафо болотар рафт, то бидонад, оё касеро мебинад ё на? Касеро надид ва аз Сафо поён омад, то ба водӣ расида, доманашро ҷамъ карда, давид, ба монанди давидани шахси хаста, то ин ки аз водӣ гузашт, баъд ба кӯҳи Марва омад. Болои Марва низ истоду ба атроф нигарист, то бидонад касеро мебинад ё на? Аммо касеро надид ва ин омадану рафтани байни Сафову Марваро ба ҳамон ҳолати давидан ҳафт бор анҷом дод.
Ибни Аббос (р) мегӯяд: Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ба хотири ҳамон ҳафт бор давида рафту омад кардани Ҳоҷар дар миёни Сафову Марва аст, ки мардум (дар маросими ҳаҷ) он ҳафт бор давидан миёни Сафову Марваро анҷом медиҳанд».
Билохира, вақте ки Ҳоҷар болои Марва баромад, садоеро шунид, ба худ гуфт: «Сокиту ором бош!» Боз ҳамон садоро шунид, Ҳоҷар гуфт: «Шунидам, агар фарёдрас ҳастӣ, ба кӯмаки мо биё!» Ногаҳон дар маҳалли Зам-зам фариштаеро (Ҷибриилро) дид, ки атрофи худро ҷустуҷӯву мекунад. Бинобар қавле, ёли худро бар замин зад, то ин ки дар ҳамон ҷо об пайдо шуд ва ба Ҳоҷар гуфт: «Об бинӯш». Ҳоҷар бо дасти худ чуқурие канда, онро ба сурати ҳавзчае даровард ва бо машаққат миқдоре аз онро дар машк рехт ва аз он нӯшид. Ҳар андоза, ки аз он об бармедошт, фавран ба ҳамон миқдор чуқурии кандааш аз об пур мешуд…
Ибни Аббос (р) гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Худованд модари Исмоилро биомӯрзад, агар ӯ Зам-замро ба ҳоли худ мегузошт ва ё агар бо мушт аз он барнамедошту наменӯшид, Зам-зам ба сурати чашмае дар рӯи замин ҷорӣ мешуд».
Баъд аз он Ҳоҷар аз он об нӯшиду ба писараш Исмоил шир дод. Он фаришта (Ҷибриил) ба ӯ гуфт: «Аз нобудии он ҳарос надошта бошед, чун ин ҷо маҳалли Байтуллоҳ аст ва писарат Исмоил (вақте бузург шавад) бо падараш Иброҳим (а) онро аз нав бино хоҳанд кард. Худованд аҳли онро аз байн намебарад. Дар он ҳолат ҷои Хона ба сурати теппачае аз замин баланд буд, вақте сел меомад, тарафи росту чапи онро фаро мегирифт.
Онҳо дар ҳамон ҳолат ба сар мебурданд, то ин ки ҷамоате ва ё хонаводае аз қавми Ҷурҳум, ки аз роҳи Кадо омада буданд, дар поёни Макка фуруд омаданд. Паррандаеро диданд, ки дар ҳаво мечархад. Гуфтанд: «Ҳатман ин парранда ба даври об мечархад, бояд бидонем дар ин водӣ об ҳаст, ё не? Сипас, як нафар ё ду нафарро барои дурустии гумонашонро маълум кардан фиристоданд. Вақте онҳо ба он ҷо расиданд, диданд, ки об аст. Он ду фиристода баргаштанду хабари вуҷуди обро ба қавми худ доданд. Онон ба назди об омада, диданд, ки Ҳоҷару Исмоил дар назди обанд. Ба онон гуфтанд: «Оё иҷозат медиҳед, ки назди шумо биёем?» Ҳоҷар гуфт: «Оре, биёед, аммо ҳеҷҳаққе дар ин об надоред». Онон гуфтанд: «Бисёр хуб, мушкилӣ надорад».
Ибни Аббос (р) гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Ин худ мерасонад, ки Ҳоҷар модари Исмоил (дар он ҳолат) унсу ҳамзистиро бо дигарон мехостааст».
Пас, онон дар он ҷо, дар канори Ҳоҷару Исмоил боқӣ монданд ва як нафарро ба сӯи аҳлу вобастагони худ фиристоданд. Онон низ ба эшон пайваста, дар он ҷо монданд ва хонаводаҳоеро ташкил доданд.
Билохира, Исмоил бузург шуда, аз онон забони арабиро омӯхт ва мавриди алоқаву рағбати бисёри онон қарор гирифт. Дар ин асно модараш Ҳоҷар низ фавт кард ва баъд аз он ки Исмоил хонадор шуд, падараш Иброҳим (а) омад, то аз онон, ки дар биёбони Макка ба ҷо гузошта буд, иттилоъ ёбад ва нисбат ба эшон меҳру шафқат варзад. Аммо Исмоилро наёфт ва аз занаш хабари ӯро пурсид. Дар ҷавоб гуфт: «Исмоил рафтааст, то чизе барои мо ба даст оварад, (бинобар қавле гуфт: барои шикор рафтааст)». Сипас, Иброҳим (а) дар бораи зиндагӣ ва аҳволи онон пурсид. Зани Исмоил дар ҷавоб гуфт: «Мо дар вазъи баде ҳастем ва зиндагии сахтеро ба сар мебарем». Иброҳим гуфт: Вақте Исмоил баргашт саломи маро ба ӯ бирасон ва ба вай бигӯ: Остонаи дарашро тағйир диҳад».[8] Вақте Исмоил баргашт, гӯё чизеро мебинад, аз ин рӯ аз занаш пурсид: «Оё касе пеши шумо омадааст?» Занаш гуфт: «Оре, пирамарде бо чунину чунон мушаххасот омада, хабари туро аз ман пурсид ва баъд дар бораи чӣ гунагии зиндагии мо савол кард. Ман низ ба ӯ гуфтам: «Мо дар вазъияте сахт ва тангнои шадид қарор гирифтаем». Исмоил гуфт: «Оё чизе ба ту тавсия накард?» Занаш гуфт: «Оре, ба ман дастур дод, ки саломи ӯро ба ту бирасонам ва ба ту мегуфт: «Остонаи дарат»-ро тағйир деҳ. Исмоил гуфт: «Ӯ падари ман аст ва ба ман дастур додааст, ки аз ту ҷудо шавам ва талоқат диҳам, пас ба аҳлу хонаводаи худ пайванд». Ҳамин тавр ӯро талоқ дод ва аз он қавм бо зани дигаре издивоҷ кард. Баъд аз муддате Иброҳим (а), бо хости Худо, назди онҳо омад ва ин бор ҳам Исмоилро надид ва назди зани Исмоил рафта, хабари ӯро пурсид. Дар ҷавоб гуфт: «Исмоил рафтааст, то чизе барои мо ба даст биоварад». Иброҳим пурсид: «Вазъи зиндагӣ ва аҳволи шумо чӣ гуна аст?» Дар ҷавоб гуфт: «Алҳамдулиллоҳ, вазъи мо хуб аст ва дар рафоҳ мебошем, Худои ғолибу тавоноро сипосгузорем». Иброҳим гуфт: «Маводи хӯрданиву нӯшидании шумо чист?» Гуфт: «хӯроки мо гӯшт ва нӯшидании мо об аст». Иброҳим гуфт: «Худоё дар гӯшту оби онон хайру баракат бидеҳ». Дар ривояти дигар омадааст: «Дар он ҳолат чизе надоштанд, агар барои онон дуъои чизе мекард, фароҳам мешуд».
Ҳар кас ғайри аз мардуми Макка назди онон меомад, бо сукунати ӯ дар он ҷо мувофиқ набуданд. Иброҳим (а) ба ҳамсари Исмоил гуфт: «Вақте ки Исмоил баргашт, саломи маро ба ӯ бирасон ва бигӯ: «Остонаи дарашро нигоҳ дорад». Вақте Исмоил баргашт (дид мисли ин ки бӯи хуше ба машомаш мерасад), гуфт: «Оё касе пеши шумо омад?» Занаш гуфт: «Оре, пирамарди хушҳайкал ва бисёр мӯҳтараме омада, хабари туро аз ман пурсид. Гуфтам: «Рафтааст, то чизе барои мо биоварад». Пурсид: «Вазъи зиндагӣ ва ҳоли шумо чӣ гуна аст?» Дар ҷавоб гуфтам: «Алҳамдулиллоҳ, вазъи мо хуб аст». Исмоил гуфт: Ба ту чизе тавсия кард?» Гуфт: «Оре, ба ту салом расонд ва ба ту дастур дод, ки остонаи даратро нигоҳ бидорӣ». Исмоил гуфт: «Он пирамард падари ман аст ва мақсуди ӯ аз «остонаи дар» туӣ, ки ба ман дастур додааст: «Туро нигоҳ дорам ва талоқ надиҳам».
Иброҳим (а) то замоне, ки Худо хост, аз онон дур монд ва баъд аз гузашти муддате бо хости Худованд аз нав назди онон омад. Исмоил, ки ҷавони наҷибу фозил шуда буд, дар зери давҳа «дарахти бузурге», наздики чоҳи Зам-Зам нишаста буд. Вақте ки Иброҳим (а)-ро дид, аз ҷо бархоста, ба тарафи ӯ рафт ва ҳар ду ба расми робитаи падариву фарзандӣ аъмоли муҳаббатомезеро нисбат ба якдигар анҷом доданд (аз қабили даст дар гардан андохтан ва мусоҳафаву бӯсидани даст ва ғайра…). Сипас, Иброҳим ба писараш гуфт: «Эй Исмоил! Худованд кореро ба ман дастур додааст». Исмоил гуфт: «Он чи Худованд ба ту дастур додааст, анҷом деҳ». Иброҳим гуфт: «Оё дар анҷоми он маро ёрӣ медиҳӣ?» Исмоил гуфт: «Оре, туро ёрӣ медиҳам». Иброҳим ба ҷое ки нисбат ба атрофи он баландтар аст, ишора карда гуфт: «Худованд ба ман дастур додаст, дар ин ҷо хонае бисозам». Саранҷом, Иброҳим ва Исмоил (а) дар ҳамон маҳалли аз ҷониби Худованд таъйиншуда пойдевори Хонаро баланд карданд. Исмоил санг меовард ва Иброҳим онҳоро дар девор ба кор мебурд, то ин ки девори сохтмон баланд шуд. Иброҳим ҳамон санги машҳурро оварда зери пои худ гузошт ва рӯи он меистоду девор месохт. Исмоил низ сангро ба ӯ медод, то онро ба кор барад ва онҳо даст ба дуъо бардошта мегуфтанд:[9]
﴿رَبَّنَا تَقَبَّلۡ مِنَّآۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ١٢٧﴾ [البقرة: ١٢٧]
«Эй Парвардигори мо! (Ин амалро) аз мо қабул кун, ҳамоно Ту шунаво ва доноӣ!».[10]
2. Қиссаи Ал-Кифл
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шуда, ки мегуфт: «Аз Пайғамбари акрам (с) шунидам мефармуданд: «Қабл аз шумо, дар гузаштаи дур, марде (аз бани Исроил) ба номи «Ал-Кифл» буда, ки аз ҳеҷ чизе парҳезу иҷтиноб намекард. Вай зани мӯҳтоҷу ниёзмандеро ёфт ва ба ӯ маблағи зиёде, (ба ривояте) шаст динор, ба ӯ дод, то худро дар ихтиёраш бигзорад ва аз ӯ ком гирад. Ҳангоме ки бо ӯ хилват карда, хост ком гирад, зан Худоро ба ёд оварду музтариб шуд, ларзид ва ба гиря афтод. Кифл гуфт: «Аз чӣ гиря мекунӣ?» Зан гуфт: «Ман ҳаргиз ин корро накардаву муртакиби чунин амале нашудаам ва он чи, ки маро бар ин кор водошта, зарурату ниёзи шадид аст». Кифл гуфт: «Ман низ ин корро намекунам, бирав туро озод кардам ва он миқдор зарро ҳам ба ту бахшидам. Ман ҳам тавба карда, бо Худои худ аҳд мебандам, ки дигар муртакиби чунин маъсияте нашавам». Мегӯянд: «Ал-кифл дар ҳамон шаб вафот кард ва бар болои дари ӯ навишта шуда буд: «Бегумон, Худованд Кифлро бахшид». Мардум аз ин кор шигифтзада шуданд, то ин ки дар шаъни ӯ бар пайғамбарии он замон ваҳй нозил шуд, ки ӯ бахшида шудааст».[11]
3. Қиссаи он се нафар (ақраъ, абрас ва аъмо)
Аз Абуҳрайра (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд: «Се нафар аз банӣ Исроил буданд, яке мубтало ба бемории барас (пес), дуюмӣ ба бемории резиши мӯи сар ва сеюмӣ ба нобиноӣ буд. Худованд хост ононро биозмояд, пас фариштаеро назди эшон фиристод. Нахуст пеши он яке, ки мубтало ба бемории барас буд, омаду гуфт: «Чӣ чизе назди ту маҳбубтар мебошад?» Дар ҷавоб гуфт: «Ранги зебову пӯсти қашанг, чун дар ин ҳолате ки ҳастам мардум аз ман мутанаффир мебошанд». Он фаришта даст бар рӯи пӯсту баданаш кашид, (ба амри Худованд) беморияш бартараф шуда, ранги зебову пӯсти қашанге ба ӯ дода шуд». Баъд аз он фаришта гуфт: «Чӣ навъ молеро бештар дӯст медорӣ?» Гуфт: «Шутур» ва ё гуфт: «Модагов», чун ровӣ шак кардааст, ки оё он фарди ақраъ модагов хост ё ин шахси абрас? Сипас шутури ҳомилае (бо шиками даҳмоҳа) ба ӯ дода шуд. Он фаришта гуфт: «Худованд онро барои ту бохайру баракат гардонад».
Сипас назди шахси тоссар (бемӯй) омаду гуфт: «Чӣ чизеро бештар дӯст дорӣ?» Дар ҷавоб гуфт: «Мӯи зебо, то аз ин вазъу ҳолат беҳбудӣ ёбам, чун мардум аз ман дурӣ меҷӯянд». Он фаришта даст бар сари ӯ кашид, (ба амри Худованд) беҳбудӣ ёфта, мӯи зебо ба ӯ дода шуд. Баъд аз он фаришта ба ӯ гуфт: «Чӣ навъ мол назди ту маҳбубтару беҳтар мебошад?» Гуфт: «Моддагов». Фаришта низ ба ӯ модагови ҳомилае доду гуфт: «Худованд дар он барои ту хайру баракат диҳад».
Баъд аз он назди шгахси нобино омаду гуфт: «Чӣ чизе назди ту маҳбубтар мебошад?» Дар ҷавоб гуфт: «Беҳтарину маҳбубтарин чиз назди ман ин аст, ки Худованд биноиямро бозгардонад, то мардумро бубинам». Он фаришта даст бар чеҳраи ӯ кашид, (ба амри Худованд) биноии худро бозёфт. Баъд аз он ба ӯ гуфт: «Чӣ навъ молро бештар дӯст медорӣ?» Дар ҷавоб гуфт: «Гӯсфандро». Пас гӯсфанди бачадоре ба ӯ дода шуд. Сипас, шутури он шахси абрас, модагови шахси бемӯй ва гӯсфанди ин марди нобино дар асари таваллуд ба тадриҷ бештару бештар шуданд, то ин ки барои соҳиби шутур даррае пур аз шутур, барои соҳиби модагов даррае пур аз гов ва барои ин фарди нобино ҳам даррае пур аз гӯсфанд ба вуҷуд омад…
Муддате гузашт, он фаришта (ба амри Худованд) дар шаклу симои он фарди қаблии мубтало ба бемории барас омад ва нахуст назди шахси абраси қаблӣ рафту гуфт: «Марди фақиру бенавое ҳастам, васоили кору касбро аз даст дода, ҳазинаи бозгаштам тамому қатъ шудааст. Акнун аввал Худо, баъд туро суроғ дорам ва аз ту мехоҳам ба хотири касе, ки ин ранги зебову пӯсти қашанг ва шутуру сарватро ба ту додааст, шутуре ба ман бидеҳ, то ин ки савори он шуда, ба мақсад бирасам». Он мард аз хостаи ӯ сар боззад ва гуфт: «Соҳибҳақ бисёр аст». Он фаришта, ки дар шаклу симои қаблии ӯ буд, гуфт: «Мисле ки ман туро мешиносам! Оё ту он шахси фақиру мубтало ба бемории барас нестӣ, ки мардум аз ту танаффуру гурез мекарданд ва Худованд ин бадани солиму сарвати зиёдро ба ту додааст?» Дар ҷавоб гуфт: «Не, ман ин молу сарватро аз гузаштагони бузургу шарифи худ даст ба даст ва яке пас аз дигаре ба ирс бурдаам». Фаришта гуфт: «Агар дар ин гуфтаи худ дурӯғ бигӯӣ, Худованд туро ба ҳамон вазъу ҳолати қаблӣ, ки дар он будӣ баргардонад».
Баъд аз он назди марди бемӯй дар ҳамон шаклу сурати қаблии ӯ омад ва он чиро ба он шахси абрас гуфт, ба ин марди бемӯй низ бигуфт. Ӯ низ тамоми гуфтаҳои он фариштаро рад карду напазируфт. Фаришта ҳам ба ӯ гуфт: «Агар дар ин гуфтаи худ дурӯғ мегӯӣ, Худованд туро ба ҳамон вазъу ҳолати қаблии худ баргардонад». Сипас, дар шаклу сурати нобино пеши он шахсе, ки қаблан нобино буд, омаду гуфт: «Шахси фақиру нобино ва дар роҳ мондаам, васоилу ҳазинаи сафарам тамом шудааст. Акнун ба ҷуз аввал Худо, баъд ту каси дигареро суроғ надорам. Аз ин рӯ, аз ту мехоҳам ба хотири касе, ки биноии туро боз гардонидааст, гӯсфанде ба ман бидеҳ, то ба василаи баҳои он ба мақсаду ватанам бирасам». Он фард дар ҷавоб гуфт: «Оре, ман нобино будам ва Худованд биноиямро боз гардонд, пас, акнун ту ҳар чӣ дилат мехоҳад бардору бибар. Қасам ба Худо! Ҳар он чиро, ки аз моли ман бардорӣ, ё бихоҳӣ туро ба хотири ризои Худо ба василаи радди он ба ранҷу заҳмат нахоҳам андохт (монеъи ту нахоҳам шуд)». Он фаришта ба ӯ гуфт: «Молу сарвати худро нигоҳ дор, бегумон ман чизе аз шумо (се нафар) намехоҳам, балки фақат хостам (ба амри Худованд) шуморо имтиҳон кунам, то бидонам дар баробари ин бозёбии саломатӣ ва дар баробари ин ҳама сарвати Худододӣ аз неъмати худ сухан мегӯед ва ё шукру сипоси Худовандро ба ҷо меоваред? Бидон, Худованд аз ту розиву хушнуд шудааст, аммо аз ду рафиқи дигари ту (ақраъ ва абрас) норозиву нохушнуд аст».[12]
3. Қиссаи шахсе, ки ҳазор динор қарз кард
Аз Абуҳурайра (р) нақл шуда, ки гуфт: «Расули Худо (с) достони марди (косибе) аз бани Исроилро баён фармуданд: «Он косиб хостори гирифтани қарз аз фарди дигаре аз сарватмандони банӣ Исроил шуд. Сарватманд гуфт: «Чанд нафар биёр, то дар миёни ману ту гувоҳ бошанд». Фарди косиб гуфт: «Худованд ба унвони шоҳид дар миёни мо кофӣ аст». Сарватманд гуфт: «Пас як нафар ба унвони зомин биёр». Косиб гуфт: «Худованд барои зоминӣ кофӣ аст». Сарватманд гуфт: «Рост мегӯӣ» ва ҳазор динор ба муддати мушаххасу муайяне ба ӯ қарз дод. Шахси косиб аз тариқи дарё рафта, ниёзҳояшро бароварда сохт. Сипас, дар ҷустуҷӯи василаи нақлияе афтод, то савори он шуда, ба шаҳри худ баргардад ва қабл аз фаро расидани мавъиди муқаррар қарзи худро бипардозад, аммо василаи нақлияе наёфт. Ночор тиккаи чӯб (най) оварда, онро сӯрох намуд ва ҳазор динорро ҳамроҳи як нома барои рафиқи сарватмандаш (соҳиби қарз) дар дохили он гузошт. Сипас, ду тарафи онро комилан маҳкам баст ва ба канори баҳр омаду гуфт: «Худоё! Ту медонӣ, ки ман аз фалонӣ ҳазор динор қарз кардаам ва ӯ аз ман шоҳиду зомин хост, ман ҳам гуфтам: «Худованд ба унвони шоҳиду зомин дар миёни ману ту кофӣ аст ва ӯ низ ба ин амр розӣ шуд. Ту ба ин огоҳӣ, ки ман кӯшидам василаи нақлияе биёбам, то савори он шуда, ба шаҳри худ баргардам ва қабл аз мавъиди муқаррар қарзи худро бипардозам (аммо муваффақ нашудам)». Баъд аз ин изҳорот тиккаи чӯби ҳазор динору номадоштаро дар баҳр андохт, то аз тариқи он ба мақсад бирасад. Баъд баргашту ҳамчунон дар ҷустуҷӯи ёфтани василаи нақлияе буд, ки ба шаҳри худ баргардад…
Дар рӯзи муқаррари пардохти маблағ он марди сарватманд, ки ҳазор динор ба ӯ қарз дода буд, ба канори баҳр рафт, то бубинад он фарди косиб аз сафар бармегардад ва ҳазор динори ӯро меоварад? Ногаҳон тиккачӯберо дар канори дарё дид ва онро бардошту ба хона овард, то хонаводааш аз он ба унвони ҳезум истифода кунад. Вақте ки онро боз кард, дид дар дохили он ҳазор динор ҳамроҳи як нома гузошта шудааст.
Сипас, фарди косиб ҳам ба шаҳри худ баргашта, ҳазор динори дигар бардошт ва назди рафиқи сарватмандаш рафт, то қарзи худро бипардозад. Вақте ки расид гуфт: «Ба Худо қасам, пайваста дар талошу ҷустуҷӯ будам, то зудтар ва қабл аз фаро расидани мавъиди муқаррар баргашта, қарзамро бипардозам, вале муваффақ нашудам. Фарди сарватманд гуфт: «Ҳамон маблағеро, ки дар дохили як тиккачӯб (най) фиристода будӣ, ба амри Худованд дар мавъиди муқаррар расид ва онро дарёфт намудам». Пас, шахси косиб бо ҳазор динори худ муваффақ баргашт».[13]
Оре, бояд кӯдаконро ин гуна ба қиссаҳои набавӣ ва сирати поки Пайғамбар (с) ошно сохт. Инчунин онҳо бояд дар канори қиссаҳои омӯзандаи Қуръон ба сар баранд, то дар ростои имону эътиқоди комил ҳамроҳ бо ҳарорату алоқаи собиту устувор ба он зиндагӣ кунанд…
Асоси дуюми фикрӣ, ба таври мустақим
мухотаб қарор додани кӯдак