Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сиюм: Бинои отифи ва нафсии кӯдак
سلسلة تربية الأولاد، القسم الثلاثون: عن البناء العاطفي والنفسي للأولاد
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Пешгуфтор
Отифа дар вуҷуди кӯдаки дар ҳоли рушду нумӯ буда майдони васеъеро ташкил медиҳад ва нафсу шахсияти ӯро месозад. Бинобар ин, агар кӯдак отифаро ба шакли мутавозин ва баробар дарёфт кунад ва дорои он гардад, чӣ хуб аст, аммо агар ин отифаро ба шакли номутавозин ва нобаробаре дарёфт намояд, новобаста аз ин ки ба василаи фузунӣ бошад ва ё костӣ, ҳатман барои ӯ ақидаҳоеро фароҳам меоварад, ки оқибати онҳо баду нописанд хоҳад буд. Зеро отифаи беш аз ҳад кӯдакро водор месозад ба ин ки вазифаҳои зиндагиро бо ҷиддият ва нишот анҷом надиҳад. Ҳамчунин камиву нуқсони зиёд низ ӯро ба сурати инсони сангдилу бадхӯ нисбат ба атрофиёнаш дармеоварад. Аз ин рӯ, бинои отифӣ дар сохтору поягузории нафсу ташаккули кӯдак дорои аҳамияти хоссе мебошад ва падару модар дар ин сохтор ва поягузории отифаи кӯдак бисёр муассир буда, нақши босазоеро иҷро мекунанд. Зеро падару модар манбаи асосӣ барои тобидани отифае, ки нафсу равони кӯдакро месозад ҳастанд ва рукну маъвое ҳастанд, ки кӯдак ба он паноҳ мебарад, то ин ки ба василаи ҳарорати отифа ва дар партави неъмати падариву модарӣ парвариш ёфта, аз он баҳраманд гардад. Ба ҳамин хотир аст, ки дар поёни ин фасл дармеёбем, ки аз ҷониби падару модар ва ё аз тарафи яке аз он ду меҳру муҳаббати зиёде нисбат ба ду ҷинси кӯдак нишон дода намешавад ва мавриди меҳру шафқат қарор намегиранд. Ин ду гурӯҳ иборатанд аз духтар ва фарзанди ятим, бо вуҷуди ин ки Расули Худо (с) ба кӯдакон ба таври хос ва ба ин ду гурӯҳ ба таври махсус таваҷҷӯҳи хоссе намуда, барои онон манзалати махсусе қоил шудаанд.
Пас, хушо ба ҳоли ҷомеаи мусалмоне, ки нисбат ба афроди ятим нақши падару модарро ифо мекунад ва хушо ба ҳоли падарону модароне, ки ба духтар аҳамият медиҳанду ӯро дар канори бародараш ба таври баробар тарбияву парвариш менамоянд.
Агар пурсида шавад: Чӣ гуна отифаи кӯдакро поягузорӣ кунем ва ҳаққи ӯро адо намоем, то ин ки дар оянда инсони росту дуруст гардад? Дар ҷавоб мегӯем: «Посухи ин саволро метавон дар аҳодиси набавӣ ва аз шаш асоси ҳидоятбахшу равшангари зер истинбот намуд».
Асоси аввал, бӯсидан ва изҳори меҳру
муҳаббат ба кӯдак
Бар касе пӯшида нест, ки бӯсидани кӯдак илова бар эҳсоси иртиботи мустаҳкам ва устувор сохтани алоқаи муҳаббат дар байни афроди бузургу хурд, ҳамчунин мӯҷиби таскини шӯридан ва фурӯ нишонидани хашми кӯдак мешавад ва дар таҳрики эҳсосот ва авотифи ӯ низ бисёр муассир мебошад. Зеро бӯсидан нишонаи раҳмату шафқати қалбӣ нисбат ба кӯдаки дар ҳоли рушд аст ва аз ҷиҳати дигар далели фурӯтании шахси бузург нисбат ба хурд ва намоёнгари тобиши нур дар дили кӯдак мебошад, ба гунае ки нафсу рӯҳи ӯро боз менамояд ва фаъолияту ҳамкории ӯро бо атрофиёнаш бештар месозад.
Оре, бӯсидани кӯдак ва меҳру муҳаббат варзидан ба ӯ суннати собиту ҳамешагии Пайғамбари акрам (с) мебошад. Чунонки дар ривоят омадааст, Оиша (р) гуфт: «Гурӯҳе аз мардуми араб пеши Паёмбари Худо (с) омада гуфтанд: «Эй Расули Худо (с)! Оё шумо кӯдакони худро мебӯсед?» Расули Худо (с) фармуданд: «Оре, мебӯсам». Онон гуфтанд: «Аммо қасам ба Худо, мо кӯдакони худро намебӯсем!» Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Агар Худованд раҳмату шафқатро (нисбат ба бандагони Худо) аз дили шумо бардошта бошад, ман чӣ кор кунам!?».[1]
Дар ривояти дигар омадааст, ки Расули Худо (с) Ҳасан ибни Алӣ (р)-ро бӯсиданд. Ақраъ ибни Ҳобис гуфт: «Ман даҳ фарзанд дорам, ҳеҷ як аз ононро набӯсидаам». Расули Худо (с) фармуданд: «Касе, ки ба бандагони Худо раҳм намекунад, Худованд низ ба ӯ раҳм нахоҳад кард».[2]
Ибни Асокир аз Анас (р) ривоят намуда, ки гуфт: «Расули Худо (с) нисбат ба аёлу кӯдакон бораҳмтарин мардум буданд». Бояд донист, ки раҳмату шафқат варзидан нисбат ба кӯдакон яке аз сифатҳои ҳазрати Муҳаммад (с) будааст ва раҳмату шафқат роҳи вуруд ба биҳишт ва ноил шудан ба ризои Худовандро боз мегузорад.
Дар ривоят омадааст, ки Анас ибни Молик (р) гуфт: «Ҳазрати Оиша (р) ба зане, ки бо ду фарзандаш назди ӯ омада буд, се дона хурмо дод. Он зан ба ҳар як аз ду фарзандаш хурмое дод ва як дона хурморо барои худаш нигоҳ дошт. Он ду фарзанд хурмои худро хӯрданд ва ба модарашон нигаристанд. Модар низ ночор хурмои худро ду нисф кард ва ба ҳар кадом як нисфӣ дод. Пайғамбари Худо (с) омаданд ва Оиша (р) моҷароро ба он ҳазрат расонид. Расули Худо (с) фармуданд: «Ин амр, ки туро ба шигифт меандозад, бегумон он зан ба воситаи раҳме, ки ба ду фарзандаш кард, Худованд ҳам ба ӯ раҳм мекунад».[3]
Яке аз суратҳои раҳмату шафқати Расули Худо (с) нисбат ба кӯдакон ин аст, ки мефармуданд:
«Бегумон ман дохили намоз мешавам ва мехоҳам онро тӯлонӣ хонам, аммо гиряи кӯдакеро мешунавам, намозро кӯтоҳу мухтасар мехонам, ба хотири ин ки бетобии модарашро бар асари гиристани ӯ дарк мекунам».[4]
Ба ростӣ, ҳангоме инсон мебинад, ё мешунавад, ки кӯдакон раҳму мурувват нисбат ба ҳайвонро ба падарон меомӯзанд ва раҳмату мағфирати Худовандро ба онон ёдоварӣ менамоянд,қалби инсон шигифтзада мешавад. Чунонки имом Фахри Розӣ дар тафсири худ баён намудааст, моҳигире як моҳӣ шикор кард. Ин шикорчӣ духтаре дошт ва он духтар моҳии шикоршударо гирифту аз нав дар об андохт ва гуфт: «Ин моҳӣ бар асари ғафлату саҳлангории худ дар тӯри моҳигир афтод…»
Парвардигоро! Он духтарбача нисбат ба ғафлату саҳлангорӣ варзидани он моҳӣ раҳм намуда, бори дигар моҳии ба домафтодаро дар дарё андохт, дар ҳоле ки васвасаҳои шайтон моро шикор намудаву аз дарёи раҳмати Ту берун овардааст, пас, бо фазлу раҳмати Хеш моро аз доми шайтон раҳо бифармо ва бори дигар моро дар дарёи раҳмати Худ биандоз.[5]
Яке аз аломатҳои раҳмату шафқати модарон нисбат ба фарзандони худ шаклу сурати бисёр шигифтангезе аст, ки дар ривояти зер муҷассам ва ошкор гардидааст, ки дарвоқеъ далолат бар ҷӯшидани меҳру муҳаббат аз қалби модар барои кӯдакаш мебошад ва эй кош чунин меҳру муҳаббат аз қалби ҳар модаре нисбат ба фарзандаш ба ҷӯш меомад. Ривоят ин аст, ки Абуҳурайра (р) гуфтааст: «Расули Худо (с) нақл мефармуданд: «Мегӯянд, ҳангоме ки ду зан ҳамроҳи ду писари худ буданд, ногаҳон гург омаду яке аз он ду писарро рабуд. (Ҳар як аз ин ду зан даъво бар ин мекард, ки гург писари дигареро бурдааст),Саранҷом даъворо пеши Довуд (а) оварданд. Довуд (а) ба сӯи зани бузургтар ҳукм кард ва (писарро ба ӯ дод). Сипас вақте аз он ҷо хориҷ шуданд, Сулаймон (а) ононро садо зада, гуфт: «Корде бароям биёред, то ин писарро ду нисф кунам ва ҳар нисферо ба яке аз ин ду зан бидиҳам». Дар ин ҳол зани хурдтар билофосила гуфт: «Худованд туро саломату мавриди мағфират бидорад! Ӯро ду нисф макун, писари ин зан мебошад. Пас Сулаймон (а) ба фоидаи зани хурдӣ ҳукм карду писарро ба ӯ дод».[6]
Ҳамон тавре ки дар ин ривоят дида мешавад, сахтдилии модари бузургтар ба гунае аст, ки гург писарашро рабуда, аммо бо вуҷуди ин, ғуссаву андӯҳи худро барои он зан ошкор намесозад, балки то ҷое аз худ сангдилӣ нишон медиҳад, ки ҳатто ҳеҷ инсоне новобаста аз мард ё зан онро тасаввур карда наметавонад, чаро ки ӯ қасд кардааст писари ҳамроҳашро бибарад, дар сурате ки аслан тасаввур намеравад, ки он ду писар айнан мисли ҳам бошанд. Ҳамчунон ки ҳаргиз тасаввур намешавад, ки модар писари худро аз байни ду писар нашиносад. Аз ин рӯ, ин ривоят сахтдилии модари бузургтар ва раҳмату шафқати қалби модари хурдтарро ифода мекунад.
Асоси дуюм, шӯхию бозӣ кардан бо кӯдакон
Акнун бевосита бо теъдоде аз аҳодиси набавӣ ҳамроҳ хоҳем шуд, ки аз онҳо дар робита бо кӯдакон дарсҳои амалиро аз ҷониби Расули Худо (с) фаро хоҳем гирифт, дарсҳое, ки дар бораи бозиву шӯхӣ бо онон ба василаи давидан, бар болои худ шинонидан, бо тасғири исм фаро хондан, бо хандидан ва амсоли он…
Бояд донист, агар падару модар ин амалҳоро ба мақсади вазифаи тарбиявӣ анҷом намедиҳанд, пас лозим аст ба унвони иқтидо ба равиши Расули Худо (с) ба онҳо таваҷҷӯҳ кунанд. Чунонки дар ривоят омадааст, Ҷобир (р) гуфт: «Мо чанд нафар кӯдак ҳамроҳи Расули Худо (с) будем ва моро барои хӯрдани таом фаро хонданд. Дар ин ҳангом Ҳусайн ибни Алӣ (р) дар сари роҳ бо гурӯҳе аз кӯдакон бозӣ мекард. Расули Худо (с) фавран бошитоб пеши он гурӯҳ рафта, дасташонро барои гирифтани Ҳусайн дароз карданд ва бо ҳолати хандидан ин тарафу он тараф медавиданд ва дасти хешро дароз мекарданд, то ин ки Ҳусайнро гирифтанд ва як даст дар зери зақанаш ва дасти дигари худро дар байни сару гӯшаш қарор доданд. Сипас, ӯро дар оғӯш гирифтанду бӯсиданд ва баъд гуфтанд: «Ҳусайн аз ман аст ва ман низ аз Ҳусайн ҳастам. Худованд дӯст дорад касеро, ки Ҳасану Ҳусайнро дӯст медорад, ки ду сибт аз асбот ҳастанд (ду набера аз набераҳои ман ҳастанд)».[7]
Дар ривояте омадааст, ки Абуҳурайра (р) гуфт: «Бо ин ду гӯши худ шунидам ва бо ин ду чашми хеш дидам, ки Расули Худо (с) бо ду дасти худ ду кафи дасти Ҳасан, ё Ҳусайнро мегирифтанд, дар ҳоле ки пойҳояш рӯи пои Расули Худо (с) буд, мефармуданд: «Биё боло». Ӯ низ боло рафт, то ин ки пойҳояшро рӯи синаи Расули Худо (с) гузошт. Сипас, Расули Худо (с) фармуданд: «Даҳонатро боз кун». Расули Худо (с) даҳонашро бӯсиданд ва баъд фармуданд: «Худоё! Ӯро дӯст бидор, ба ростӣ ман ӯро дӯст медорам!».[8]
Дар ривоят омадааст, ки Анас (р) гуфт: «Расули Худо (с) хушхулқтарини инсонҳо буданд ва ман бародаре доштам, ки ӯро Абуумайр мегуфтанд. Вай аз шир ҷудо карда шуда буд ва паррандае дошт, ки бо он бозӣ мекард. Ҳар гоҳ Расули Худо (с) назди мо меомаданд мефармуданд: «Эй Абуумайр, ин паррандаи хурд чӣ кор мекунад?».[9]
Дар ривояти дигар омадааст: «Расули Худо (с) назди Уммисулайм мерафтанд. Уммисулайм аз Абуталҳа писаре дошт, кунияи ӯ Абуумайр буд ва Расули Худо (с) бо ӯ шӯхӣ мекарданд. Рӯзе Расули Худо (с) ӯро андӯҳгин дида, фармуданд: «Чаро Абуумайрро ғамгин мебинам?». Гуфтанд: «Паррандае, ки бо он бозӣ мекард, мурдааст». Расули Худо (с) фармуданд: «Эй Абуумайр, ин паррандаи хурд чӣ кор мекунад?».[10]
Дар фасли гузашта баён намудем, ки Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар «Фатҳул-борӣ» дар шарҳе, ки бар ин ҳадис навишта, гуфтааст: «Ин ҳадис баёнгари он аст, ки шӯхӣ кардан ҷоиз аст ва такрори мазоҳ дуруст мебошад. Ҳамчунин шӯхиву мазоҳ бо кӯдаке, ки ҳанӯз тамиз пайдо накардааст, ҷоиз мебошад…»
Боз омадааст: «Расули Худо (с) бо мақсади шӯхӣ ва мазоҳ ба Анас (р) фармуданд: «Эй соҳиби ду гӯш».[11]
Ибни Аббос (р) гуфтааст: «Вақте ки Расули Худо (с) вориди Макка шуданд, кӯдакони бани Муталлиб ба истиқболи ӯ рафтанд ва Расули Худо (с), ки савори чорпое буданд, кӯдакеро дар пеш ва кӯдаки дигареро низ дар пушти худ савор карданд».[12]
Боз омадааст, ки «Усома аз Арафа то Муздалифа бар пушти Расули Худо (с) нишаст, сипас аз Муздалифа то Мино Фазлро бар пушти худ нишониданд. Расули Худо (с) то ҳангоми рамйи ҷамраи ақаба «Аллоҳумма лаббайк…» мегуфтанд».[13]
Дар ривояте омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Шаддод (р) гуфт: «Ҳангоме ки Расули Худо (с) намози ҷамоатро бо мардум баргузор мекарданд, ногаҳон Ҳусайн (р) омад ва дар ҳоле ки Расули Худо (с) дар ҳолати саҷда буданд, рӯи гардани Расули Худо (с) рафт. Расули Худо (с) он қадар саҷдаро тӯлонӣ намуданд, ки намозгузорон гумон бурданд, ки кадом коре рух додаст. Вақте ки намозро тамом намуданд, ҳозирин аз Расули Худо (с) пурсиданд: «Эй Расули Худо (с), он қадар саҷдаро тӯлонӣ намудед, ки гумон бурдем коре рух додаст». Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳусайн рӯи гарданам қарор гирифта буд ва дӯст надоштам, ки шитоб кунам, то ин ки ниёзи худро бароварда созад».[14]
Саҳобаи бузургвор (р) бо иқтидо намудан ба Расули Худо (с) бо кӯдакони худ шӯхию бозӣ мекарданд ва ба манзилҳои якдигар мерафтанду бо онон шӯхию бозӣ мекарданд.
Абусуфён гуфтааст: «Назди Муъовия (р) рафтам, бар пушти худ хобида буду рӯи синааш писарбача ва ё духтарбачае буд, ки бо ӯ бозӣ мекард ва суханони ширине мегуфт. Ман ба ӯ гуфтам: «Ин кӯдакро аз рӯи синаат бардор». Гуфт: «Шунидаам, ки Расули Худо (с) мефармуданд: «Касе, ки кӯдак дошта бошад, бояд худро барои ӯ ба сурати кӯдак дароварад (ва бо ӯ бозии кӯдакона кунад)».[15]
Умар ибни Хаттоб (р) гуфтааст: «Лозим аст мард дар байни хонаводааш дар унс, муҳаббат, хушхулқӣ ва шӯхӣ бо фарзандонаш ба монанди кӯдак бошад, аммо ҳар гоҳ он чиро, ки доро мебошад аз ӯ хоста шуд, ба монанди мард бошад».
Омадааст, ки Умар ибни Хаттоб (р) дар яке аз коргузорони худ аломатҳои далолаткунанда бар сангдилӣ нисбат ба фарзандонашро ёфт ва ӯро, аз кор барканор кард. Чунонки аз Муҳаммад ибни Салом нақл шуда, ки гуфтааст: «Умар ибни Хаттоб (р) мардеро ба коре таъйин кард. Он мард Умар ибни Хаттоб (р)-ро дид, ки кӯдаки хешро мебӯсад, пас ба ӯ гуфт: «Оё ту дар ҳоле ки амири мӯъминон мебошӣ, он кӯдакро мебӯсӣ? Агар ман ба ҷои ту мебудам, чунин кореро намекардам». Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: «Раҳму шафқат аз қалби ту бардошта шуда бошад, гуноҳи ман чист? Бегумон, Худованд афроде аз бандагони Худро мавриди раҳмату мағфират қарор медиҳад, ки нисбат бар дигарон раҳму шафқат дошта бошанд». Аз ин рӯ, Умар ибни Хаттоб (р) он мардро аз кор барканор карда гуфт: «Ту, ки ба фарзанди худ раҳм намекунӣ, пас чӣ гуна ба мардум раҳм мекунӣ?».[16]
Табиист, ба василаи ин гуна бозию шӯхӣ, сухан гуфтан ва тақлид аз кӯдак аст, ки аз кирдору рафтори Пайғамбар (с) бо кӯдакон пайравӣ мешавад ва ба воситаи отифаи содиқона, меҳру муҳаббати поку холисонаи дур аз ҷафову сангдилӣ, холӣ аз табъиз ва ҳақкушӣ аст, ки рӯҳу равони кӯдак ғизо мегардад.
Асоси сеюм, ҳадя додан ба кӯдакон
Табиист, ки ҳадяҳову бахшишҳо дар нафси инсон ба таври куллӣ асари хубе мегузоранд ва дар рӯҳу равони кӯдакон ба маротиб таъсири бештаре доранд. Пайғамбар (с) барои устувор намудани муҳаббат дар байни мардум қоидаи оммеро муқаррар фармудаанд ва ба мардум супориш намуда, мефармоянд:
«Ба ҳамдигар ҳадя диҳед, то муҳаббати якдигарро биёбед».[17]
Ҳамчунин Пайғамбар (с) ин рукни қавиро дар бораи бинои отифаи кӯдак ва таҳзиби он амалан барои мо баён фармудаанд. Чунонки дар ривоят омадааст: «Пайғамбар (с) нахустин меваи дарахтро меоварданду мефармуданд: «Худовандо дар шаҳри мо (Мадина), дар самарҳову меваҳои мо ва дар ризқу рӯзии мо хайру баракат иноят бифармо». Сипас, Пайғамбар (с) он самарро ба тартиб ба фарди хурдтари кӯдакони дар он ҷо ҳозирбуда медоданд».[18]
Исҳоқ ибни Яҳё ибни Талҳа гуфтааст: «Ҳамроҳи амакам Исо ибни Талҳа дар масҷид будем. Дар ин асно Соиб ибни Язид вориди масҷид шуд. Амакам маро назди ӯ фиристоду гуфт: «Бирав назди он пирамард ва ба ӯ бигӯ: «Амакам Исо Ибни Талҳа мегӯяд, ки оё Расули Худо (с)-ро дидаӣ?» Пас ман пеши ӯ рафта, гуфтам: «Оё Расули Худо (с)-ро дидаӣ?» Он мард ҷавоб дод: «Оре, Расули Худо (с)-ро дидаам». Исҳоқ ибни Яҳё мегӯяд: «Ман ва чанд писарбачаи дигар бо ҳам назди он ҳазрат (с) рафтем ва дидем, ки дар як коса машғули хурмо хӯрдан аст ва иддае аз асҳоб ҳамроҳи ӯ буданд. Расули Худо (с) бо як яки мо даст дода, бар сари мо низ даст кашиданд».[19]
Дар ривоят омадааст, ки Оиша (р) гуфт: «Ҳадяҳое аз ҷониби Наҷошӣ ба дасти Пайғамбар (с) расид ва дар миёни онҳо як василаи зинатӣ вуҷуд дошт. Пайғамбар (с) онро барои Оиша (р) написандиданд ва бо чӯб ё ангушт бардоштанд, сипас Умома духтари Абулосро, ки духтарзодаи Пайғамбар (с) Зайнаб буд, фаро хонда фармуданд: «Эй духтари хурдсол! Худро бо ин биорой!».[20]
Асоси чорум, даст ба сари кӯдак молидан
Дар баҳси қаблӣ баён гардид, ки Пайғамбари акрам (с) бар асари даст молидан бар сари кӯдакон ва ба василаи шӯхиву мазоҳ бо онон авотифашонро ҷалб менамуданд. Онон низ аз ин муҳаббату меҳрварзӣ эҳсоси лаззату хушҳолӣ мекарданд. Бинобар ин, меҳру муҳаббат амре аст, ки кӯдак ба вуҷуди он аз ҷониби бузургтарҳо пай мебарад ва таваҷҷӯҳи эшонро нисбат ба худ эҳсос мекунад. Чунонки дар «Завоид»-и Ибни Ҳиббон омадааст, Анас (р) гуфтааст: «Расули Худо (с) ба дидани ансор мерафтанд, бар кӯдаконашон салом мекарданд ва даст бар сари онон мемолиданд».[21]
Аз Мусъаб ибни Абдуллоҳ (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Абдуллоҳ ибни Саълаба чор сол қабл аз ҳиҷрат таваллуд шуд ва ӯро назди Расули Худо (с) бурданд ва даст бар сару рӯи ӯ молиданд. Вақте ки Расули Худо (с) реҳлат фармуданд, ӯ чордаҳсола буд».[22]
Дар ривоят омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) гуфт: «Расули Худо (с) дасташонро бар сарам кашиданд ва вақте ки онро масҳ карданд, се бор фармуданд: «Худовандо (акнун Ҷаъфар, ки шаҳид шудааст)ҷои ӯро бо фарзандаш пур кун (ва ӯро ҳимояту сарпарастӣ бифармо)!».[23]
Расули Худо (с) илова бар даст кашидан бар сари кӯдак ду дасти муборакашонро бар рӯй ва ду рухсораи ӯ мекашиданд ва ин фақат ба хотири изҳори меҳрубонӣ, таваҷҷӯҳи хос ва дохил кардани суруру шодӣ дар қалби кӯдак буд.
Дар ривоят омадааст, Ҷобир ибни Самура, ки яке аз кӯдакони саҳоба аст, гуфт: «Ҳамроҳи Расули Худо (с) дар масҷид намози пешинро хондам, сипас Расули Худо (с) ба хонаи худ рафтанд ва ман низ ҳамроҳи Расули Худо (с) ба роҳ афтодам. Дар масири худ чанд кӯдак ба тарафи Расули Худо (с) омаданд ва Расули Худо (с) даст бар сару рӯи ҳар яке аз онон кашиданд. Баъд бар сару рӯи ман низ даст кашиданд ва аз кашидани дасташон чунон эҳсоси хунукӣ ва бӯи хуш намудам, ки гӯё дасти худро ба атр олуда карда буданд».
Оре вақте ки Пайғамбари акрам (с) дасти муборакашонро бар сару рӯи чанд кӯдак мекашиданд, нисбат ба тамоми онон яксон амал мекарданд ва дар миёни онон ҳеҷ гуна табъизу ҷудоиро истифода наменамуданд. Дар вохӯрии он ҳазрат (с) бо кӯдакон ин яке аз корҳои аҷиб ва камназири Расули Худо (с) аст.
Асоси панҷум, хуб рӯ ба рӯ шудан бо кӯдак
Табиист, ки бояд бо кӯдак хуб рӯ ба рӯ шуд ва муҳимтарин бархӯрду мувоҷеҳ шудан бо кӯдак ҳамон лаҳзаҳои нахустин аст. Бинобар ин, агар рӯ ба рӯ шудан бо ӯ хуб бошад, мусалламан қудрат ва тавоноӣ мутобиат аз сухану боз шудани дари гуфтугӯ ва ибрози саволу ҷавоб бо шахси сухангӯро пайдо мекунад, ба гунае ки қалб ва он чӣ ки дар қалбу ҳофизааш пайдо мешаваду давр мезанад, боз мегардад, мушкилоташро дар миён мегузорад, орзуҳо ва хостаҳояшро баён мекунад. Табиист, ки тамоми ин масоил замоне муяссар хоҳанд шуд, ки рӯ ба рӯ шудан бо кӯдак бо хушҳолию муҳаббат ва ба сурати соддаю шӯхӣ анҷом гирад. Ин ҳамон шеваҳое аст, ки Расули Худо (с) амалан нисбат ба мардум ба он таваҷҷӯҳ фармудаанд. Дар ин робита, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) гуфтааст: «Расули Худо (с) ҳар гоҳ аз сафар бармегаштанд, дар масири худ кӯдаконе аз аҳли байташонро медиданд, бо меҳру муҳаббат бо онон рӯ ба рӯ мешуданд. Чунонки рӯзе он ҳазрат (с) аз сафаре баргашт, маро пеши ӯ бурданд ва он ҳазрат (с) маро дар пешашон савор бар маркаби худ карданд. Сипас яке, аз ду писари Фотима (р), Ҳасан ва Ҳусайн (р)-ро оварданд ва ӯро бар пушти худ гузориданд ва ҳар се нафари мо бар рӯи чорпое вориди Мадина шудем».[24]
Асоси шашум, ба ҷустуҷӯи кӯдаки гумшуда пардохтан
Чи басо иттифоқ меафтад, ки кӯдак ба танҳоӣ роҳ меравад, дар натиҷа роҳро гум мекунад ва дар хиёбон саргардон мешавад. Пас, ҳар гоҳ падару модар мутаваҷҷеҳи гум шудану саргардон гаштани кӯдаки худ шуданд, бояд дар камтарин вақт ба ҷустуҷӯи комил ҷиҳати ёфтани ӯ бипардозанд. Дар ғайри ин сурат, асари номатлубе барои онону кӯдаконашон пеш хоҳад омад, зеро равшан аст, ки суръати амал барои ёфтани кӯдак дар рӯҳу равони ӯ нақши бузургеро эҷод мекунад, вале баръакс, таъхиру саҳлангорӣ дар ин кор бар хавфу изтироб ва ба бетобиву гиряи кӯдак меафзояд, ба гунае ки ҳар андоза ин таъхиру саҳлангорӣ аз ҷониби яке аз падару модар дар ҷустуҷӯ намудан ва ёфтани ӯ бештару тӯлонитар гардад, ба ҳамон миқдор низ азоби рӯҳии кӯдак шиддат меёбад. Ба ҳамин хотир буд, ҳангоме ки Ҳасану Ҳусайн (р) гум шуданд, Пайғамбари акрам (с) барои ёфтани онон аз асҳоб (р) кӯмак талабида, ба онон фармуданд, то дар роҳҳову гузаргоҳҳо парешон шаванд ва барои ёфтани онон диққату ҷустуҷӯи комил ба амал оваранд. Чунонки омадааст, Салмон (р) гуфтааст: «Мо дар ҳузури Пайғамбари акрам (с) будем, ногаҳон Уммиайман омаду гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Ҳасану Ҳусайн гум шудаанд, дар он ҳангом, ки наздики намози пешин буд, Пайғамбар (с) фармуданд: «Бархезед, Ҳасану Ҳусайнро биҷӯед ва ононро пайдо кунед!». Салмон мегӯяд: «Ҳар кадом ҷиҳатеро дар пеш гирифта, ба ҷустуҷӯ пардохтанд. Ман низ ҷониби Пайғамбар (с)-ро гирифтам. Пайғамбар (с) пайваста мегаштанд, то ин ки ба доманаи кӯҳе расиданд ва дар ин ҳангом диданд, ки Ҳасану Ҳусайн (р) ба ҳам часпида, якдигарро дарбар гирифтаанд. Ногаҳон мореро дидем, ки рӯи думаш истода забонаш ба монанди пораи оташ аз даҳонаш хориҷ мешавад. Пайғамбар (с) фавран ба тарафи он шитофтанд ва мор низ мутаваҷҷеҳи Расули Худо (с) шуда, ӯро нигарист ва сипас ҳаракат карду ба зери санге хазид. Баъд Пайғамбар (с) назди Ҳасану Ҳусайн омада, ононро аз ҳам ҷудо карданд ва даст ба сару рӯи онҳо кашида, бо меҳру муҳаббати тамом фармуданд: «Падару модарам фидоятон бод! Чӣқадар Худованд ба шумо раҳму карам кард!». Сипас, яке аз ононро бар китфи росту дигареро бар китфи чапи худ ба дӯш гирифтанд. Салмон мегӯяд, ки гуфтам: «Хушо ба ҳоли шумо ду нафар, чи ҳомилу бардорандаи хубе доред! Пайғамбар (с) низ фармуданд: «Ин ду нафар дар ҷойгоҳи хубе қарор доранд ва падарашон аз онон беҳтар аст».[25]
Оре, мулоҳиза мешавад, ки чӣ гуна Ҳасану Ҳусайн (р)-ро бар асари дидани он мор тарсу хавф фаро гирифта буду бар якдигар часпида буданд? Чӣ гуна Расули Худо (с) фавран барои бартараф намудани ин тарс ва ҷудо сохтани онон аз ҳамдигар чолокӣ карданд ва барои эшон дуо карданд ва баъд аз он бо бардоштанашон бар дӯши худ мавриди икрому навозиш қарор доданд. Баъд эшонро ситоиш намуда, фармуданд:
«Ин ду хуб ҷое доранд!».
Табиист, ки тамоми инҳо нишонаи алоқаи шадид ва таваҷҷӯҳи зиёди Расули акрам (с) аст нисбат ба отифаи кӯдак, то ин ки инсони росту дуруст ва солим тарбия шавад.
Асоси ҳафтум, таваҷҷӯҳи хосса ба духтар
ва кӯдаки ятим
Маълум аст, духтар ва кӯдаки ятим ду намунаеанд, ки нисбат ба дигар кӯдакон ниёзи бештар ба муҳаббату шафқат ва риоя доранд. Ин ҳам ба он хотир аст, ки онҳо аз эҳсоси заъфу ҷудоӣ аз унсурҳои қудрат бархӯрдор мебошанд ва дар пеши мардум шаъну манзалати чандоне дар муқоиса бо кӯдакони дигар надоранд. Аз ин рӯ дар замони ҷоҳилият ва дар асри кунунӣ низ баъзе аз ҷомеаҳои ноогоҳ ба онон зулм намуда, ҳуқуқашонро ғасб кардаанд. Шакке нест, ки ҳар ҷо миллате аз миллатҳо, ҷомеае аз ҷомеаҳо ва хонаводае аз хонаводаҳо аз барномаи илоҳӣ ва шариати ғуррои исломӣ аз назари татбиқиву амалӣ дур шуда бошад, нахустин зулму табъиз мутаваҷҷеҳи ин ду синфи заъифу нотавон, яъне духтар ва кӯдаки ятим шудааст…
Дар ҷомеаи ҷоҳилияти қадим, ошкоро ва дар рӯзи равшан парчами зулму табъиз нисбат ба духтар ва кӯдаки ятим барафрошта мешуд. Ба таври куллӣ, бидуни ҳаёву эҳсоси шармандагӣ ва бидуни ҷавонмардиву шаҳомат шӯҳрату умумият дошт, аммо дар ҷомеаи ноогоҳи ҷадид зулму табъиз ба воситаи баъзе аз маводи ғалату нописанди қонуне нисбат ба онон истифода мешавад. Ҷомеае, ки ба ҳар тариқи мумкин ва ба василаи ҳар навъ разолату пастӣ дари озодӣ дар бархӯрдорӣ аз фисқу фуҷурро барои духтар ва кӯдаки ятим боз кардааст, ки ба ин васила ин ду синфи заъифу нотавон дар ин гуна ҷомеаҳо ва хонаводаҳо гуму нобуд шудаанд…
Оре, бояд донист, ки дар ин майдон ягона раҳоибахши онон Ислом асту бас, ба гунае ки аз онон дифоъ мекунад ва дар муқобили ҳар кас, ки зулму табъизро бо ҳар тариқи мумкин нисбат ба эшон раво бидорад, меистад ва мубориза мебарад. Ҳатто ҳар навъ зулму ситаме, ки афроди мусалмонро битарсонаду таҳдид кунад ва ононро барангезад, бо тамоми қудрат омодаи маҳдуд сохтани он мешавад, то ин ки зулму ситамгарӣ зудуда гардад, адл таҳаққуқ ёбад, беадолативу табъиз нобуд шавад, баробарӣ барқарор шавад, ботил аз байн биравад ва ҳаққу ҳақиқат устувор гардад.
Табиист, ки ин даста аз оятҳои бимдиҳанда, аҳодиси ҳушдордиҳанда ва ҳар он чи, ки дар чанд ҳадиси оянда дар бораи ин ду кӯдаки заифу нотавон, яъне духтар ва ятим баён хоҳанд шуд, далел ба сиҳат ва равшании матолибе аст, ки баён намудем. Зеро Худованд холиқи тамоми башарият мебошад ва олим аст ба зулму ситаме, ки инсон ҳангоми адами пойбанд буданаш ба шариат ва қонуни илоҳӣ муртакиб мешавад. Ҳамчунин огоҳ аст ба ин ки афроди қавӣҳаққи ашхоси заифро мехӯранду онро поймол мекунанд. Ба ҳамин хотир аст, ки Пайғамбари акрам (с) дар ҳаққи ятим ва духтар, ин ду синфи заъиф мефармоянд: «Бегумон, ман касе аз шуморо, ки ҳаққи ин ду синфи заъиф, яъне ятим ва занро поймол кунад, гунаҳкор муаррифӣ мекунам».[26]
Риояи ду масъулияти муҳим
Агар пурсида шавад, қоидаҳое, ки мо ба хотири иҷрои инсофу адолат нисбат ба духтару кӯдаки ятим ба татбиқу риояи онҳо масъул мебошем, кадоманд? Ҷавоб ин аст:
Риояи тарбияи духтар
Бегумон, дар назари мо муҳимтарин васоил дар ислоҳи хонаву хонавода тараққиву пешрафти таълиму тарбияи саҳеҳи зан мебошад. Бояд андӯхтани ин таълиму тарбия ба миқдори зиёде дар сатҳи мактабҳо ва омӯзишгоҳҳо аз умури динӣ, хулқу хӯи неки исломӣ, тавсиаи фурсату замон, барномаи таҳсили духтарон барои баҳс ва ҷучтуҷӯи муҳити зиндагӣ ва хонаводагӣ фароҳам гардад. Ҳамчунин метавон онро шарҳи ҳол ва баёни фазилатҳову бартариҳои заноне, ки дар хулқу хӯи фозил намуна будаанд, касб намуд. Аз ҷумла, Насиба духтари Каъб, Асмо духтари Абубакри Сиддиқ, Сафия духтари Абдулмутталлиб, Хавла духтари Азвар, Сакина духтари Ҳусайн ибни Алӣ ва амсоли инҳо…
Шоир мегӯяд:
Модар ба манзалаи мадрасае аст, ки (кӯдаконро барои ҷомеа тарбия мекунад, пас) агар худ тарбияи хубу шоиста шуда бошад, бешак фарзандони асилу пок мепарваронад ва барои ҷомеа омода месозад.
Аммо агар барномаи духтарон бар он чӣ, ки акнун мутобиқи он тарбияву парвариш меёбанд, идома пайдо кунад, ҳатман саранҷом ба зиёнмандиву тарки масоили зарурӣ ва муфид меанҷомад. Ин чизе аст, ки зиндагии поку матлуберо барои парвариши исломӣ ба армуғон намеоварад, зеро мутаассифона духтарон дар мактабҳову омӯзишгоҳҳо дарси мусиқӣ, забони бегона, муҳандисӣ, қонуни муосир ва ғайраро мехонанд, аммо чизе аз масоили марбут ба тарбияву парвариши кӯдакон, оянданигарӣ, сиҳату тандурустӣ, равоншиносӣ, умури динию ахлоқӣ, хонадориро ва ба таври кофӣ намеомӯзанд. Пас ин чӣ барнома ва чӣ таълиму тарбия аст? Ва ба чӣ натиҷае хоҳад расид?
Кист, ки тарбияи (дурусти) духтаронро бароям баён кунад?
Чаро ки ба ростӣ дар асари чунин тарбияи носаҳеҳе аст, ки дар Шарқ иллати чунин саркӯбии духтарон шудааст.
Табиист, ки вақте модар дурусту шоиста шуд, бояд аз писари ӯ низ инро интизор дошт, ки марде ба тамоми маъно бошад, чунончи вақте таърихи уламо ва гузаштаи бузургон хуб баррасӣ шавад, албатта маълум хоҳад шуд, ки рози азамату бузургии бисёре аз онон дар муқаррароти неку устуворест, ки модар ба ҳукми ширдиҳӣ ва омӯзиши дуруст эшонро парвариш намудааст. Аз он ҷумла, метавон гуфт, ҳақдӯстӣ ва ғайрату ҷавонмардии Алӣ ибни Абутолиб (р) ва кӯмаку фидокории ӯ ба Пайғамбари акрам (с), ҳилму зирракии Муъовия (р), шуҷоати Абдуллоҳ ибни Зубайр (р), ҳамчунин далериву ҷавонмардии худи Зубайр (р) сирре будааст аз асрори модаронашон, ки ба тартиб иборатанд аз Фотима духтари Асад, Сафия духтари Абдулмутталлиб, Асмо духтари Абубакри Сиддиқ ва Ҳинд духтари Утба.
Агар писар намоёнгари рози падараш мебошад, ба ин хотир аст, ки «Аз кӯза ҳамон берун таровад, ки дар ӯст». Аз ҷиҳати дигар, шоистагиву озодагӣ аз они касе аст, ки дар гаҳвораи худ, дар даврони кӯдакияш нағмаи модарашро мешунавад, нағмае ки ӯро бар шуҷоату ҷавонмардӣ ва ахлоқи фозила ташвиқ мекунад, то ин ки дар оянда сарваре шавад, ки ҳикмату дониш аз ҷониби ӯ бидурахшад ва сиёдату бузургворӣ дар вуҷудаш ҷамъ шавад. Ҳамчунон ки Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ба воситаи таъсири парвариши саҳеҳи модараш Уммифазл духтари Ҳориси Ҳилолия, инчунин буд.
Аммо кӯдаконе, ки барои аввалин бор ба гӯши онҳо нағмаҳои ҳарза ва овозҳои баду нописанд мерасад, нағмаҳо ва овозҳое, ки модарони асри ҳозир ба василаи онҳо фарзандони худро саргарм ва аз ин тариқ бо онон бозию шӯхӣ мекунанд, бидуни шакку тардид чунин фарзандоне ба унвони афроди бешарм, фосиду сустҳиммат ва беиродаву заъифуннафс парвариш меёбанд.
Тардиде нест, ки модар муаллими ҷаҳони башарият аст, модаре, ки бо дасти росташ гаҳвораро меҷунбонад ва бо дасти чапаш дунёро таккон медиҳад. Пас, ба хотири ин ки манзилу муҳити хонавода ислоҳ шавад, воҷиб аст, ки нахуст модаре, ки рӯҳу сутуни хонаву хонавода мебошад, ислоҳу дуруст шавад…
Се қоидаи асосӣ дар робита бо тарбияи духтар
Қоидаи аввал, наҳй аз кароҳият ва нафрат доштан аз духтар
Баъд аз баёни матолиби боло он чӣ донистанаш лозим мебошад, ин аст, ки дар робита бо тарбияи саҳеҳи духтар, донистану ба кор гирифтани се қоидаи асосӣ зарурӣ мебошад, ки нахустини онҳо наҳй аз кароҳият ва нописанд доштани духтар аст. Зеро Қуръон қабл аз ҳар чиз ин тарзи нигариши ғалату тасаввури ботилро роҷеъ ба нафрат доштан аз духтардор шудан аз зеҳнҳо зудуд ва онро ислоҳ намуд.
Бинобар ин, Қуръон ақлҳоро ба тасҳеҳи биниши ғалат ва ба таъдили тасаввури ботил нисбат ба занон мутаваҷҷеҳ сохтааст, то ба хубӣ дарёбанд, ки зан махлуқи Худо аст ва ӯро ба унвони комилкунандаи мард дар зиндагияш офаридааст, пас, зан ҳамчун мард ҳуқуқе дорад ва вазифаҳое низ бар ӯҳдаи ӯ мебошад.
Табиист, ки ба василаи тасҳеҳи тасаввури ботил нафси инсон аз оғози зиндагӣ то марҳалаҳои муоширатҳо ва доду гирифтҳо бо омодагии некӯ иқдом ба анҷоми вазифаҳои худ мекунад. Ба ҳамин хотир аст, ки оятҳои зер ворид шуданд, то тасаввури мағзҳои гандида ва замирҳои беморро муолиҷа кунанд. Ин ҳамон амре аст, ки ба мунҷар шудани инқилоби наве дар ҳаёти занону оғози асри зудудани зулумот ва тобиши нуру рӯшноӣ барои онон гардид. Худованд мефармояд:
﴿وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُم بِٱلۡأُنثَىٰ ظَلَّ وَجۡهُهُۥ مُسۡوَدّٗا وَهُوَ كَظِيمٞ ٥٨ يَتَوَٰرَىٰ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ مِن سُوٓءِ مَا بُشِّرَ بِهِۦٓۚ أَيُمۡسِكُهُۥ عَلَىٰ هُونٍ أَمۡ يَدُسُّهُۥ فِي ٱلتُّرَابِۗ أَلَا سَآءَ مَا يَحۡكُمُونَ ٥٩﴾ [النحل: ٥٨، ٥٩]
«Ва агар ба яке аз онҳо ба таваллуди духтар мужда дода шавад, рӯи ӯ сиёҳ мегардад дар ҳоле ки хашму андӯҳи худро фурӯ мехӯрад. Ба сабаби ногувории хабаре, ки ба вай мужда додаанд, аз қавми худ пинҳон мешавад (ба ин андеша, ки) оё ӯро ба хорӣ нигоҳ дорад, ё дар хок пинҳонаш кунад? Огоҳ шавед, бад аст доварии онҳо!».[27]
Сипас нафси башариятро такон дода, замирашро огоҳ сохт, то аз ҷаҳлу нодонияш бедор гардад:
﴿وَإِذَا ٱلۡمَوۡءُۥدَةُ سُئِلَتۡ ٨ بِأَيِّ ذَنۢبٖ قُتِلَتۡ ٩﴾ [التكوير: ٨، ٩]
«Ва вақте ки духтари зинда даргӯршуда пурсида шавад: «Ба кадом гуноҳ кушта шуд?».[28]
Пайғамбари акрам (с) мефармоянд:
«Худованд се чизро барои шумо нописанду ҳаром доштааст: Мухолифат бо модарону озор додани онон, азият кардани духтарону зинда ба гӯр кардани онон ва манъ аз дастури додааш ва талаби он чӣ, ки шоиста намебошад».[29]
Дар ривоят омадааст, ки марде чанд духтар дошт ва орзуи марги ононро кард. Ибни Умар (р) аз ӯ хашмгин шуда гуфт: «Магар рӯзии онҳоро ту медиҳӣ?».[30]
Пайғамбари акрам (с) ба хотири тасҳеҳи тасаввури ғалат роҷеъ ба духтарон ва нафрат накардану эҷоди унсу улфат бо онон ба падару модарон хитоб карда мефармояд:
«Духтаронро нописанд мадоред ва аз эшон нафрат накунед, зеро онон мӯнису ҳамдамони хубу боарзише ҳастанд».[31]
Ин қоидаро бо таҳлилу шарҳу тафсире, ки Ибни Қаййим дар мавриди ояти зерин ба амал овардааст, ба поён мебарем:
﴿لِّلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ يَهَبُ لِمَن يَشَآءُ إِنَٰثٗا وَيَهَبُ لِمَن يَشَآءُ ٱلذُّكُورَ ٤٩ أَوۡ يُزَوِّجُهُمۡ ذُكۡرَانٗا وَإِنَٰثٗاۖ وَيَجۡعَلُ مَن يَشَآءُ عَقِيمًاۚ إِنَّهُۥ عَلِيمٞ قَدِيرٞ ٥٠﴾ [الشورى: ٤٩، ٥٠]
«Подшоҳии осмонҳову замин азони Худо аст, ҳар чӣ хоҳад, меофаринад, ба ҳар кӣ хоҳад, духтарон ато мекунад ва ба ҳар кӣ хоҳад, писарон ато мекунад, ё барояшон писарону духтаронро ҷамъ мекунад ва ҳар киро хоҳад, нозоянда месозад. Ба дурустӣ ки ӯ донои тавоно аст».[32]
Худованд дар ин оят эълом намуда, фарзандеро, ки барои падару модар муқаддар карда, ба онон ато кардааст ва басанда аст барои изҳори душмании шахс бо Худо ин ки он чиро, ки ба ӯ ато кардааст, написандад ва аз он бадаш ояд. Ва дар ин оят Худованд нахуст бахшидани духтарро зикр кардааст. Бинобар қавле, духтар доштанро ба худ гарон донистан ва онро написандидани падару модар нишонаи ҷабру зулм дар мавриди духтарон мебошад. Қавли дигар, ки аз қавли аввал беҳтар аст, гуфта: Худованд дар ояти боло барои он духтар ато карданро аз писарон пеш зикр кардааст, ки равиши гуфтор ин аст, ки Худованд ба амал орандаи хости Худ мебошад, ҳар он чиро, ки худ бихоҳад, анҷом медиҳад, на он чиро, ки падару модар мехоҳанд, зеро волидайн ғолибан хоҳони писардор шудананд дар ҳоле ки Худованд эълом доштааст, он чиро, ки Худ биҳоҳад меофаринад. Бинобар ин, нахуст синферо баён фармуд, ки Худаш онро мехоҳад, аммо волидайн онро намехоҳанд.[33]
Дар ин робита, Ибни Қаййим мегӯяд: «Ваҷҳи дигаре ҳаст ва он ин аст, ки роҷеъ ба амри духтарон он чиро, ки қавми ҷоҳилият ба таъхир меандохтанд, Худованд пеш андохтааст, то ин ки ба онон бирасонад, ки он чи назди шумо муаххар аст, пеши Ман муқаддам мебошад.
Нуктаи қобили тааммул ин аст, ки Худованд дар ояти боло чӣ гуна калимаи «иносан»-ро ба сурати накира ва калимаи «аз-зукур»-ро ба маърифа зикр кардааст ва нуқси унусиятро ба василаи тақдим ва нуқси таъхири зукуриятро ба таъриф ҷуброн намудааст, чун таъриф навъе машҳурият мебошад, гӯё гуфтааст: Саворкорони номдори зикршударо, ки бар шумо пинҳон намебошанд, ба ҳар кӣ бихоҳад, мебахшад. Сипас, вақте ки он ду синфро (дар ояти баъдӣ ба сурати накира) бо ҳам зикр кард, музакарро пеш андохт, то ин ки ҳаққи ҳар як аз ду ҷинсро аз назари тақдим ва таъхир ато кунад. (Худованд ба он чи, ки Худ дар ин маврид ирода фармудааст, аз ҳар кас огоҳтар аст).