Баъзе сифатҳои аҳли нифоқ
барои донистан ва ҳазар кардан
Муаллиф
Муҳаммад ибни Саррор ал-Ёмӣ
Тарҷумон
Шаҳобиддин Солиҳ
]3[
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Ҳамду ситоиш барои Аллоҳ аст, ки неъматро комил ва
миннатро нек намуд, ҳамду ситоиш дар дунё ва охират аз
они Ӯст ва Ӯ шунавои доно аст..аз рӯи Парвардигор будан
бартар ва аз рӯи илоҳият муқаддас (пок) аст, он чи дар
дилҳо мегузарад ва он чиро пинҳон мекунад, медонад ва
умури намоён ва ошкоро медонад. Ӯ ҳамаи сирро медо-
над ва ҳамаи ғайб дар назди Ӯ ҳозир аст, пас аз Ӯ чизе
пӯшида намебошад...ва чизе Ӯро аз чизе машғул наме-
созад.
Ва салоту салом бар беҳтарини халқ ва имоми ҳамаи
имомон Паёмбарамон Муҳаммад ва бар хонадони Ӯ ва
ҳамсуҳбатонаш нозил бод...
Ва баъд:
Пас қавмҳое аз чашми Аллоҳ азза ва ҷалла афтоданд,
пас қоим шудани ононро бад дид ва қасду тасмими усту-
вори ононро боз дошт ва ононро аз тоаташ мунсариф на-
муд "ва наздик шуданашонро аз барои майлашон ба сӯи
душманонаш бад дид, пас ононро аз Ӯ ронд ва дур кард
ва аз ваҳйи Ӯ рӯ гардонданд, пас аз онон рӯ гардонд ва
ононро бадбахт кард ва ононро некбахт накард. Ва бар
онон ба ҳукми адл ҳукм намуд, пас барои онон баъди ин
ҳукм тамаъи наҷот намонд, магар ки тавба кунанд"1,
инҳо касонеанд, ки охиратро ба лаззати дунёашон фурух-
танд, Исломро ошкор намуданд ва куфри сареҳро дар
дилҳояшон пинҳон карданд, пас Аллоҳ бадии ононро
1 Ин аз сухани Шайхи Ислом ва табиби дилҳо Ибни Қайими Ҷавзӣ раҳимаҳуллоҳ
дар "ал-Мадориҷ" аст.
]4[
кашф намуд ва ононро нодида гирифт ва расвогии онон
ва умури дарунии ононро намоён гардонд,
MÀ ¿ ¾ ½ ¼ » º ¹ ¸Lحمﻤﺪ:٩ (Ин ба он сабаб аст
ки онон он чиро Аллоҳ нозил кардааст, нописанд дош-
танд, пас Аллоҳ амалҳои ононро нобуд кард). (Сураи
Муҳаммад, ояти: 9)
Ононро васф намуд, пас ошкорашон намуд ва айбҳои
ононро кашф намуд ва ононро хор гардонд,
MÆ Å ÄÇÉ ÈÊÍ ÌËLاملﻨﺎﻓﻘﻮن:٤ (Пас аз онон барҳазар
бош! Аллоҳ онҳоро бикушад, чигуна аз ҳақ мунсариф
мешаванд?!). (Сураи Мунофиқон, ояти: 4)
Дар гуфторашон дурӯғ гуфтанд ва дар аҳдашон хиёнат
карданд ва дар хусуматҳояшон ғарқи гуноҳ шуданд, ин-
софро раҳо карданд ва мунҳариф шуданд ва аз оятҳо рӯ
гардонданд, пас ононро Офаридгори замину осмонҳо
хор гардонд, M. - , + * )Lاملﺎﺋﺪة:٥٨ (Ин ба сабаби он
аст, ки онон қавме ҳастанд, ки намефаҳманд). (Сураи
Моида, ояти: 58)
Агар ба кори хайре амр шаванд, гурезанд ва агар мол-
ро бинанд, ҳамла кунанд, матоъи дунёро мехоҳанд.
Дар тақсим адл накарданд ва неъматро шукр накар-
данд ва куфру ҷазоро пинҳон карданд.
Дилҳояшон торик аст, аз нури тавҳид холӣ аст ва бар
он зулмати ширк ва зангорӣ маъсиятҳо ғолиб омадааст,
MÎ Í Ì Ë Ê ÉLاﻟﺒﻘﺮة:٦١ (Инҳо ба хотири он буд,
ки гунаҳгор ва таҷовузкор буданд). (Сураи Бақара, ояти:
61)
]5[
Аз дунболи ҳавову шаҳватҳояшон мераванд, дар ҳоле
ки тоати Аллоҳ ва Расулаш саллаллоҳу алайҳи ва саллам-
ро дар пушти сарашон мегузоранд, чӣ бисёранд, Аллоҳ
дар онон баракат надиҳад ва Аллоҳ ададашонро зиёд
магардонад.
Ибни Қайим раҳимаҳуллоҳ дар "ал-Мадориҷ" мегӯяд:
(Аз рӯи бисёриашон дар рӯи замин, қариб ки ҳамаи Қур-
ъон дар шаъни онон буд).
Балки Ҳузайфа разияллоҳу анҳу вақте мардеро шунид,
ки мегӯяд: "Эй Аллоҳ мунофиқонро ҳалок кун!". Гуфт: "Эй
писари бародарам, агар мунофиқон ҳалок шаванд, ҳар-
оина дар роҳҳоятон аз камии раҳгузарон дар ваҳшат ме-
афтед".
Табиби дилҳо Ибни Қайим раҳимаҳуллоҳ аз онон дар
"ал-Мадориҷ" мегӯяд: "Пас ононро чӣ бисёр гардонд! Ва
онон каманд. Ва чӣ ононро мутакаббир гардонд! Ва онон
залил ҳастанд. Ва чӣ ононро ҷоҳил гардонд! Ва онон даъ-
вои илм мекунанд. Ва чӣ ононро ба Аллоҳ мағрур гар-
донд! Зеро онон дар илми азамати Аллоҳ ҷоҳил ҳастанд:
M>=< ;:987654Lاﻟﺘﻮﺑﺔ:٥٦
(Ва онон "мунофиқон" ба Аллоҳ савганд ёд меку-
нанд, ки аз шумо ҳастанд, дар ҳоле ки аз шумо нестанд
ва лекин онон гурӯҳеанд, ки метарсанд "ба ин сабаб
савганд мехӯранд"). (Сураи Тавба, ояти: 56)
Ва баъди он чи тақдим шуд, чизе аз намоёнтарини
сифатҳои ононро меорам, Аллоҳ ононро ҳалок созад,
шояд Аллоҳ ҷалла ва азза ба мо ва ба ҳар марду зани
мӯъмин канор гирифтани роҳи онон ва аз роҳи онон дур
]6[
шудан ва лозим гирифтани тариқи анбиё, сиддиқон ва
шаҳидонро илҳому насиб гардонад ва инҳо чӣ нек рафи-
қанд.
Ин сифатҳоро барои донистан ва ҳазар кардан аз во-
қеъ шудани дар он, меорам. Аллоҳ мову шуморо аз роҳи
каҷ паноҳ диҳад ва барои мову шумо роҳҳои ҳидоятро
насиб гардонад, ҳамоно Ӯ валии ин ва бар ин қудрат до-
рад.
Ва касе гуфт, рост гуфт:
Ман бадиро донистам на ба хотири бадӣ, локин ба
хотири он ки худро аз он нигаҳ дорам. Ва касе бадиро аз
хайр ҷудо накунад, дар бадӣ воқеъ мешавад.
Баёни ҳазаршудаҳо:
Хулосаи калом дар баъзе сифатҳои мунофиқон, пас ба-
родар аз воқеъ шудани дар он ҳазар кун..., ва дар саро-
нишеби он афтодан..., пас он савганд ба Аллоҳ аз фитна-
ҳои гумроҳкунанда аст...
Якуми он сифатҳо: Сифати дурӯғгӯи аст.
Ва ин дар ҳаёти онон намоён аст, Аллоҳ ононро лаънат
кунад, балки дар ҳар ҳаракат ва оромӣ бо онон аст...
Аллоҳ ҷалла ва азза мефармояд:
Mg f e d c b a `hj ip o n m l k
rqLاملﻨﺎﻓﻘﻮن:١
(Чун мунофиқон назди ту оянд, гӯянд: "Шаҳодат ме-
диҳем, ки ту паёмбари Аллоҳ ҳастӣ. Аллоҳ медонад, ки
]7[
ту паёмбараш ҳастӣ ва Аллоҳ шоҳидӣ медиҳад, ки му-
нофиқон дурӯғгӯянд). (Сураи Мунофиқон, ояти: 1)
Пас онон аҳли дурӯғанд, ва кадом мусалмоне дурӯғ
гӯяд, пас дар он сифате аз сифатҳои мунофиқон аст, пас
бар мусалмон лозим аст, ки аз ин сифат дур бошад.
Баъзе гузаштагон гуфт: "Бузургтарин хатоҳои забон,
бисёр дурӯғгӯӣ аст".
Аллоҳ ҷалла ва азза фармуд:
MUTSXWVY`_ ^]\[ZLاﻟﺒﻘﺮة:١٠
"Дар дилҳояшон беморӣ аст ва Аллоҳ дар бемории
онон афзуд ва ба хотири дурӯғҳое, ки мегуфтанд, баро-
яшон азоби дардноке аст". (Сураи Бақара, ояти: 10)
Ва дурӯғгӯи аз сифатҳои фурумоягон ва инсонҳои паст
аст, шоир мегӯяд:
أو ﻓﻌﻠﺔ اﻟﺴﻮء أو ﻣﻦ ﻗﻠﺔ اﻷدب ﻻ ﻳﻜﺬب املﺮء إﻻ ﻣﻦ ﻣﻬﺎﻧﺘﻪ،
ﻣﻦ ﻛﺬﺑﺔ املﺮء يف ﺟﺪ ويف ﻟﻌﺐ ﻟﺒﻌﺾ ﺟﻴﻔﺔ ﻛﻠﺐ ﺧري راﺋﺤﺔ.
Инсон дурӯғ намегӯяд, магар аз пастияш, ё феъли бад ё
аз кам адабӣ. Ҳароина худмурдаи саг аз бӯи бади инсон
дар ҷид ва дар бозӣ беҳтар аст.
Ва бисёр дурӯғгӯ лаънатшуда аст, ва мунофиқон нифоқ
накарданд, магар ба сабаби дурӯғе, ки дар дилҳояшон
буд.
Ва сифати дуюмаш онҳо дар замин фасодкор ҳас-
танд: Пас онон эътиқод мекунанд, ки онон бар салоҳ ва
ислоҳ ҳастанд, ҳоло он ки онон дар рӯи замин чӣ қадар
фасодкор ҳастанд. Аллоҳ ҷалла ва азза мефармояд:
]8[
Mr q p o n m l k j i h g f e d c b a
tsLاﻟﺒﻘﺮة:١١-١٢
(Ва ҳангоме ки ба онон гуфта шавад: Дар замин фа-
сод накунед, мегӯянд: Мо фақат ислоҳкунандаем. Огоҳ
бошед! Онҳо ҳамон фасодкоронанд, вале намефаҳ-
манд). (Сураи Бақара, ояти: 11-12)
Ва дар Қуръони карим бисёр омадааст, ки онон якрав
ва дар саркашияшон исрор доранд.
Ва барои фасодкорияшон дар рӯи замин чандин сурат
аст. Пас онон эътиқод доранд, ки он чизеро, ки Расул сал-
лаллоҳу алайҳи ва саллам овардааст, ислоҳ мекунанд. Ва
гумон мекунанд, ки онон ислоҳкоранд ва ин мазҳар дар
ҳар замон таҷдид (нав) мешавад. Ва чизеро ки ислоҳ ме-
номанд ҳамон доварӣ кардан ба ақлҳояшон аст на ба
шариати Аллоҳ. Балки мунофиқ бисёр ба мункар амр
кунандаву аз кори хайр бисёр манъкунанда аст, ин амали
ӯ ва колои ӯст, Аллоҳ ӯро зишт бигардонад.
Аллоҳ ҷалла ва азза аз онон хабар дода мефармояд:
M~}|{zLاﻟﺘﻮﺑﺔ:٦٧
"Ба корҳои зишт фармон медиҳанд ва аз некиҳо боз
медоранд". (Сураи Тавба, ояти: 67)
Пас мазҳари онон нек ва хабарашон бад аст, Аллоҳ
ҷалла ва азза мефармояд:
M³²±°´¹¸¶μLاملﻨﺎﻓﻘﻮن:٤
"Ва ҳангоме ки ононро бубинӣ, ҷисм (ва қиёфа)-ашон
туро ба шигуфт оварад ва агар (сухан) гӯянд ба сухана-
шон гуш фаро медиҳӣ". (Сураи Мунофиқон, ояти: 4) Бал-
]9[
ки дар миёни аҳли имон касоне ҳастанд, ки ба сухани
онон гуш мекунад M¹ ¸ ¶Lاﻟﺘﻮﺑﺔ:٤٧ "Ва дар миёни
шумо афроди (заиф имон) ҳастанд, ки ба суханони онон
гуш фаро медиҳанд". (Сураи Тавба, ояти: 47) ва узрҳои
ононро гуш мекунанд.
Ва бо вуҷуди ин забонҳояшон бар аҳли имон тез аст,
Аллоҳ ҷалла ва азза мефармояд: Mrq ponmL
"Пас чун тарс бартараф шуд, шуморо бо забонҳои тез
меранҷонанд". (Сураи Аҳзоб, ояти: 19)
Ва ҳамаи ин сифатҳо аз мазҳар ва ҳусни он ва сухан ва
ҷамоли он бар пинҳон кардани ҳақиқати мунофиқ дар
саффи мусалмонон қудрат дорад.
Ва аз ин андозаи мухолифати байни ботини мунофиқ
аз зоҳираш дониста мешавад, Аллоҳ ҷалла ва азза ме-
фармояд:
Mb a `g f e d chp o n m l k j i
rqLاملﻨﺎﻓﻘﻮن:١
(Чун мунофиқон назди ту оянд, гӯянд: "Шаҳодат ме-
диҳем, ки ту паёмбари Аллоҳ ҳастӣ. Аллоҳ медонад, ки
ту паёмбараш ҳастӣ ва Аллоҳ шоҳидӣ медиҳад, ки му-
нофиқон дурӯғгӯянд). (Сураи Мунофиқон, ояти: 1)
Ва сифати сеюм: Пойбанд будани шариатро аз беақ-
лӣ мешуморанд. Ҳар як инсони рости солиҳро беақл, ҷо-
ҳил ва сода мебинанд. Аллоҳ ҷалла ва азза мефармояд:
M¡ ~} |{ z y xw v u¢© ¨ § ¦ ¥¤ £
ªLاﻟﺒﻘﺮة:١٣
]10[
"Ва ҳангоме ки ба онон гуфта шавад: Имон биёваред,
чунон ки мардум имон овардаанд, мегӯянд: Оё имон
биёрем чунон ки бехирадон имон овардаанд? Огоҳ бо-
шед, онҳо ҳамон нобахирадонанд, вале намедонанд".
(Сураи Бақара, ояти: 13)
Ва бехирад дар раъйи онон ҳамон касест, ки Расулул-
лоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро пайравӣ кардааст ва
қасди онон саҳобагон ва касоне ки ононро ба некӯи пай-
равӣ карданд, мебошад...
Ва сифати чорум: Дар ҳар чизе ки ба Ислом алоқа
дорад, шак намудан аст: Яъне даъват, амал, машрӯъ,
ҷиҳод ва хайр..., Аллоҳ ҷалла ва азза аз онон хабар дода
фармуд: Mz y x w v u tLاﻷﺣﺰاب:١٢ "Аллоҳ ва
Паёмбараш ҷуз фиреб ба мо ваъдае надодааст". (Сураи
Аҳзоб, ояти: 12)
Ин сухани онон дар ғазваи Аҳзоб буд.
Ва дар мавзеи дигар аз мусалмонон гуфтанд:
Mt s rLاﻷﻧﻔﺎل:٤٩ "Инҳоро динашон бифрефтааст".
(Сураи Анфол, ояти: 49) Ва ин сифати нав дар онон аст.
Аммо мӯъмин медонад, ки баъди душворӣ осоиш ва
насру пирӯзӣ бо сабр ва баъди душворӣ осонӣ аст, аммо
мунофиқ аз сояаш метарсад, MÀ ¿Â ÁLاملﻨﺎﻓﻘﻮن:٤ "Ҳар
садоеро бар алайҳи худ мепиндоранд". (Сураи Мунофи-
қон, ояти: 4)
Ва сифати панҷум: Зоҳири онон фиреб медиҳад:
Пас бар забонҳои онон зебогӣ ва ҳайати онон дорои
ҳаловат ва дилҳояшон бар аҳли тавҳид кинадор аст.
Аллоҳ ҷалла ва азза мефармояд:
]11[
M³²±°´¹¸¶μLاملﻨﺎﻓﻘﻮن:٤
"Ва ҳангоме ки ононро бубинӣ, ҷисм (ва қиёфа)-ашон
туро ба шигуфт оварад ва агар (сухан) гӯянд ба сухана-
шон гуш фаро медиҳӣ". (Сураи Мунофиқон, ояти: 4)
Ва локин онон ҳаргиз шахсҳои мустақил нестанд.., пас
Аллоҳ ҷалла ва азза аз онон ба фармудааш, хабар дод:
M½ ¼ »Lاملﻨﺎﻓﻘﻮن:٤ "Гӯё онҳо чубҳои такядода ба
деворанд". (Сураи Мунофиқон, ояти: 4) Яъне бар ғайраш
эътимод мекунад ва ин ҳамон нифоқ аст, ки соҳибаш ба
ошкор кардани Ислом такя мекунад ва ӯ дар ҳақиқат
кофир аст..., ва чуби такядодашуда ба танҳоияш қоим на-
мешавад, балки вуҷуди деворе зарур аст, ки бар он қоим
шавад..
Ва сифати шашум: Ба Аллоҳ бовар надоранд ва ваъ-
даи Ӯро тасдиқ намекунанд:
Чаро ки онон аҳли дурӯғ ҳастанд ва бар ин далолатнок-
тар нест аз он чизе ки дар ғазваи Аҳзоб аз мунофиқон сар
зад, пас ба Аллоҳ гумонҳои гуногун бурданд ва мӯъми-
нон гуфтанд: MÜ Û Ú Ù ØLاﻷﺣﺰاب:٢٢ "Ин ҳамон чизест,
ки Аллоҳ ва Паёмбараш ба мо ваъда дода буданд".
(Сураи Аҳзоб, ояти: 22) Ва ин истодагариҳо аз мунофиқон
дар ғазваи Табук такрор шуд, вақте узрҳои заифашонро
пешниҳод карданд, монанди гармӣ ва тарси аз мафтун
шудан ба занони бани Асфар, пас Аллоҳ ҷалла ва азза аз
ҳоли якеи онон хабар дода фармуд:
M8 76 59; := <Lاﻟﺘﻮﺑﺔ:٤٩ "(Дар тарки ҷиҳод) ба
ман иҷозат бидеҳ ва маро ба фитна ва гуноҳ наяфкан,
]12[
огоҳ бошед ки онҳо дар фитна афтодаанд...". (Сураи
Тавба, ояти: 49).
Ва сифати ҳафтум: Риё (худнамоӣ) аст.
Пас онон ибодатҳоро ба ҷо намеоранд, магар ҳаргоҳ
ки ба ин музтар монанду бас...пас ба намоз қоим наме-
шаванд магар ки онон танбаланд, чаро ки аз намоз қафо-
монии онон, дар он кашфи дохили онон аз нифоқ дар пе-
ши мусалмонон аст...ва инчунин дар пардохти закот ва
ғайра....
Аллоҳ ҷалла ва азза мефармояд:
MON[Z YXWVUT SRQ PLاﻟﻨﺴﺎء:١٤٢
"Ва чун ба намоз бархезанд бо сустӣ ва коҳилӣ бар
мехезанд, дар чашми мардум худнамоӣ мекунанд ва
(дар намозашон) Аллоҳро ҷуз андаке ёд намекунанд".
(Сураи Нисо, ояти: 142)
Ва аз нафақа додан фармуд: MÆ ÅÄ Ã ÂÁL "Ва
ҷуз бо кароҳат инфоқ намекунанд". (Сураи Тавба, ояти:
54) Ва зикри Аллоҳ, аз қироати Қуръон ва тасбеҳ ва
таҳлил инчунин аст, пас Аллоҳро андаке зикр мекунанд.
Ва мӯъмин Аллоҳ ҷалла ва аззаро зикркун, шукргузор,
барои фазлаш ҷалла ва азза бар вай ситоишкун мебошад.
Аммо мунофиқ дунё ва охиратро аз даст додааст, аз
рӯи фармудаи Ӯ ҷалла ва азза: Mz{|Lاحلﺞ:١١ "Дар
дунё ва охират зиён кардааст". (Сураи Ҳаҷ, ояти: 11) Ва
фармудаи Ӯ ҷалла ва азза:
M¡¢£¤¥¦§¨©ª«¬®Lاﻟﺘﻮﺑﺔ:٥٣
]13[
"Бигӯ: Нафақа диҳед, чӣ аз рӯи майл бошад ё ба ик-
роҳ, ҳаргиз аз шумо пазируфта нахоҳад шуд, зеро шумо
мардуми фосиқ (ва нофармон) ҳастед". (Сураи Тавба,
ояти: 53)
Балки аз аломатҳои онон бо мусалмонон дар намози
ҷамоат ҳозир нашудан аст, Ибни Масъуд разияллоҳу анҳу
дар чизе ки имом Муслим аз ӯ ривоят кардааст, мегӯяд:
"Ҳароина худро ва саҳобагони дигарро донистем, ки
ҳукм мекардем ба ин ки аз намози бо ҷамоат ақиб на-
мемонад, магар мунофиқе ки ба таҳқиқ маълум буд" ва
дар ривояти дигар "магар мунофиқе ки нифоқаш донис-
та шудааст".
Ва сифати ҳаштум: Бар пароканда кардани саффи
ваҳдати мусалмонон амал мекунанд: Ва нафрат кунон-
дани мардум аз қабули ҳақ ба услубҳои бисёр, аз ҷумла:
а-Дар ризқҳои мардум муҳориба кардан:
Аллоҳ ҷалла ва азза мефармояд:
MDEFGHIJKLMNOLاملﻨﺎﻓﻘﻮن:٧
"Онҳо касоне ҳастанд, ки мегӯянд: Бар онон ки дар
назди Расулуллоҳ ҳастанд (чизе) инфоқ накунед то па-
роканда шаванд". (Сураи Мунофиқон, ояти: 7)
Пас силоҳи молро барои муҳорибаи мардум ва боз
доштани онон аз қабули ҳақ истифода бурданд ва ин бе-
хирадӣ аст, ки баъди он бехирадӣ нест ва ин ҷоҳилон фа-
ромуш карданд, ки MQRSTUVWXL
"Хазинаҳои осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ аст, вале
мунофиқон намефаҳманд". (Сураи Мунофиқон, ояти: 7)
]14[
Яъне чизеро намедонанд ва ҳақоиқи умурро дарк
намекунанд.
б-Нашри хабарҳои дурӯғ: Ва онро ривоҷ медиҳанд ва
ин дар воқеаи ифк рух дод, замоне ки хабари дурӯғро
Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул ривоҷ дод, таъна задан
дар ирзи маъсум саллаллоҳу алайҳи ва салламро ва дар
манҳаҷ ва мабдаъ шак карданро ирода дошт, пас Аллоҳ
ҷалла ва азза нозил кард: M!"#$%&Lاﻟﻨﻮر:١١
"Албатта касоне ки туҳмати бузург (дар бораи Уммул-
мӯъминон Оиша) оварданд, гурӯҳе аз худи шумо ҳас-
танд" то охири оят. (Сураи Нур, ояти: 11), пас Аллоҳ ӯро
аз он чи гуфтанд, пок гардонд.
ҷ-Дар байни мардум ба даъвати ҷоҳилият даъват кар-
дан: Дар байни мардум зинда сохтани садои миллига-
роӣ, ки Ислом ба муҳорабаи он омадааст ва ин ҳамон
манҳаҷи Ибни Убай ибни Салул аст.
Ва сифати нуҳум: Ба аҳкоми Аллоҳ ва қонунҳои Ӯ
масхара кардан ва решханд задан аст, зеро мунофиқ аз
аҳли имон нест, пас ҳаргоҳ оят ё ҳукме нозил шавад, дар
онон шак ва изтиробро меафзояд, аммо аҳли имонро,
пас имонро ба сӯи имонашон меафзояд.
Ва аз ҷумлаи ин, он чизест, ки дар ғазваи Табук аз реш-
ханди мунофиқон аз ҷиҳод баромадани мусалмонон, аз
мувоҷиҳатии мусалмонон бо Румро масхара мекарданд.
Ва боз аз ҷумлаи он, он чизест, ки баъзеашон гуфтанд:
Монанди ин қориёнамон шикамкалон ва дурӯғгӯтар ва
дар вақти вохӯрӣ бо душман тарсутар надидем, пас ҳук-
ми Аллоҳ дар онон нозил шуд:
]15[
M[\]^_`abcdefgLاﻟﺘﻮﺑﺔ
"Бигӯ: Оё Аллоҳ ва оятҳо ва паёмбарашро масхара
мекардед? Узре наоред, ба ростӣ ки шумо пас аз имон
(овардана)-тон кофир шудаед". (Сураи Тавба, ояти: 65-
66)
Ва дар воқеи асри мо инро чӣ бисёр гардондааст, аз
айбҷӯи ва ба накӯкорон ба чашм ишора кардан...ошкору
пинҳон ва он чиро ки дилҳояшон пинҳон мекунад, бу-
зургтар аст...пас накӯкоронро боре ба содагӣ ва боре ба
камхирадӣ ва сустақлӣ ва боре ба сахтгир ва таассуб дар
диндорӣ ва боре ба экстремистӣ ва теротистӣ ва боре ба
раҷъият ва боре ба дуруштӣ ва сахтӣ ва боре ба ҳилагарӣ
ва дурӯғгӯӣ ва боре ба ноҳақ хӯрдани молҳои мардум ва
боре дар маҷлисҳо дар ирзу номусашон сухан кардан
лаззат мебаранд ва боре ба озор додан ва дар умуре ки
ба онон дахолат надорад, даромадан...ва боре ....ва
боре....ва чӣ шабеҳ сохтааст имшабро ба шаби гузашта.
Ва сифати даҳум: Донишманди дин набудан.
Онон аз дини Аллоҳ ва шариати Ӯ рӯгардон ҳастанд,
онро таълим намегиранд ва таълим намедиҳанд ва ба он
амал намекунанд. Ва инро шайхи Ислом Муҳаммад ибни
Абдулваҳҳоб аз ноқизҳои Ислом шуморидааст, Аллоҳ мо-
ву шуморо аз хорӣ паноҳ диҳад.
Хулоса ин ки онон аҳли фиқҳи дар дин нестанд ва на
маърифати усули масъалаҳо ва зобитҳои он, балки наме-
фаҳманд, Аллоҳ ҷалла ва азза аз онон хабар дода
мефармояд: MUVWXYLاملﻨﺎﻓﻘﻮن:٧ "Ва локин муно-
фиқон намефаҳманд". (Сураи Мунофиқон, ояти: 7)
]16[
Пас далолат кард, ки онон илми фиқҳро намеомӯзанд
ва намефаҳманд, ба сабаби он чи ки бар дилҳояшон
зангор бастааст аз он чизе ки мекарданд, Аллоҳ ҷалла ва
азза мефармояд: MIJKLMNOPQRSLاملﻄﻔﻔني:١٤ "Ҳаргиз
чунин нест ( ки онҳо гумон мекунанд) балки (ба сабаби)
он чи карданд бар дилҳояшон зангор бастааст". (Сураи
Мутаффифин, ояти: 14)
Ва баъд: Сифатҳои мунофиқон бисёр-бисёр аст, ҳасри
он душвор мебошад ва ман ҷаҳду кушишамро дар он чи
имкон дошту гузашт сарф намудам, дар ҳоле ки нафси
камбудидорамро ва бародарони яккапарастамро наси-
ҳаткунанда аз тариқи каҷ ва гумроҳӣ, аз тариқи нифоқ ва
зандақа ва куфр, Аллоҳ мову шуморо аз афтодани дар
фитнаҳо, он фитнае ки ошкор аст ва оне ки пӯшида аст,
паноҳ диҳад, албатта Ӯ валии ин ва бар ин қодир аст.
Ҳазаршудаҳо бо нуқсон ва камбудӣ ба поён расид, аз
Аллоҳи авфкун ва бисёр мағфираткун умед мекунам, ки
маро ва ҳар бародаре ки насиҳатгару содиқ аст, мағфи-
рат намояд...
Сухан ба охир расид ва Парвардигори мо ситудашуда
аст ва бузургворӣ ва бартарӣ ва каримӣ аз они Ӯст.
]17[
Дар Риёзи Наҷд тамом шуд, Аллоҳ онро ба тоаташ
зинда гардонад ва аз ҳар бадӣ онро ҳифз намояд.
Инро фақир ба сӯи авфи Парвардигораш Муҳаммад
ибни Саррор Оли Дағиш ал-Ёмӣ гуфт ва навишт.
Субҳи рӯзи ҷумъа 19/9/1421 ҳиҷрӣ
Ба фазлу ёрии Аллоҳ таъоло тарҷумаи ин рисола, шаби
душанбе, 7 /Январ/ 2019 мелодӣ мувофиқи
1/ҷимодулувло/1440 ҳиҷрӣ дар Мадинаи
Мунаввара ба поён расид.
Ба қалами: Шаҳобиддин Солиҳ