Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
Оё аз худ пурсидаед, ки:
Замину осмонҳо ва дигар махлуқоти бузург, ки дар замину осмонҳо ҳаст кӣ офаридааст? Ва чи касе ин низоми дақиқу муназзамро эҷод кардааст?
Чигуна ин олами бузург бо ин қавонин тули ин солҳо муназзам ва устувор боқӣ мондааст?
Оё ин ҷаҳони бузург худро офаридааст? Ё аз ҳеҷ ба вуҷуд омадааст? Ё пайдоиши он тасодуфӣ аст?
Туро кӣ офаридааст?
Кӣ ин системаи дақиқ ва муназзамро дар ҷисми шумо ва ҷисми дигар мавҷудоти зинда ҷойгир намудааст?
Агар ба касе гуфта шавад, ки ҳеҷ касе ин хонаро бино накардааст ва ё аз ҳеҷ ба вуҷуд омадааст, ҳаргиз намепазирад. Пас чигуна баъзе аз мардумон вақте гуфта шавад ин ҷаҳони бекарона бидуни Офаридгор ба вуҷуд омадааст, мепазиранд? Чигуна як фарди оқил вақте ба ӯ гуфта шавад, ки ин системаи дақиқ ва муназзами коинот ба таври тасодуфӣ ба вуҷуд омадааст, мепазирад?
Албатта Худои бузург, Офаридгор ва Мудаббири коинот ва тамоми ҳастии он, Аллоҳи Мутаъол аст.
Худованди Мутаъол барои бандагон паёмбарон фиристод ва китобҳои илоҳӣ (ваҳй) бар онон нозил фармуд, ки вопасини онҳо Қуръони Карим бар охирин паёмбар Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст. Ба василаи паёмбарон ва китобҳое, ки Худованд ба онҳо нозил фармуд, донистем, ки:
* Худованд худ, сифот ва ҳуқуқе, ки бар мо дорадро муаррифӣ намуда ҳамингуна ҳуқуқи мо бандагон бар Ӯ Таъолоро низ баён фармуданд.
* Ӯ Таъоло моро роҳнамои фармуд, ки Ӯ офарандаи тамоми махлуқот аст, Ӯ зинда аст ва намемирад, офариниш ба даст ва зери тасарруфи Ӯст.
Худованд хабар додааст, ки яке аз сифатҳои Ӯ Таъоло илм аст ва илми Ӯ ҳамаро фаро гирифтааст, Ӯ шунаво ва бино аст ва ҳеҷ чизе дар осмон ва замин бар Ӯ пӯшида нест.
Парвардигор ҳамон зиндаву пойдоре аст, ки ҳаёти тамоми офариниш ба дасти Ӯст, Қайюм ва рӯзидиҳандае аст, ки зиндагии ҳар махлуқ ба Ӯ бастагӣ дорад. Худованд мефармояд:﴿اللَّهُ لا إِلَهَ إِلَّا هُوَ الْحَيُّ الْقَيُّومُ لا تَأْخُذُهُ سِنَةٌ وَلا نَوْمٌ لَهُ مَا فِي السَّمَوَاتِ وَمَا فِي الأَرْضِ مَنْ ذَا الَّذِي يَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلَّا بِإِذْنِهِ يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلا يُحِيطُونَ بِشَيْءٍ مِنْ عِلْمِهِ إِلَّا بِمَا شَاءَ وَسِعَ كُرْسِيُّهُ السَّمَوَاتِ وَالأَرْضَ وَلا يَئُودُهُ حِفْظُهُمَا وَهُوَ الْعَلِيُّ الْعَظِيمُ﴾ "Аллоҳ таоло [маъбуди ростин аст] ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст; на хоби сабук [ғанаб, пинак] Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин; он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?! Гузашта ва ояндаи эшон [бандагон]-ро медонад ва [онон] ба чизе аз илми Ӯ иҳота [ва огоҳӣ] намеёбанд, магар он чи худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва нигаҳ доштани онҳо бар Ӯ [сангину] душвор нест ва Ӯ баландмартаба [ва] бузург аст."(Сураи Бақара : 255)
* Ҳамчунон Худованд ба мо хабар додааст, ки Ӯ Парвардигор дорои ҳама сифоти камол аст, ба мо хирад ва ҳиссиёт додааст то шигифтиҳои офариниш ва қудраташро дарк намоем, ки дар натиҷа моро ба дарки азамат ва қудрату сифатҳои камолаш мерасонад, Ӯ дар мо фитратеро талқин кардааст, ки далолат ба камол ва набуди нуқс ва нокамолӣ нисбати Ӯ Таъоло дорад.
* Ӯ ба мо омӯхт, ки Худованд болотар аз осмонҳояш аст ва ворид ба ҷаҳон нест, ҳамон гуна, ки ҷаҳон дар Ӯ Таъоло ворид нест.
* Ба мо фармуд, ки таслим шудан дар баробари Ӯ бар мо воҷиб аст, зеро Ӯ Таъоло Офаридгори мо ва Офаридгори тамоми ҳастӣ ва тадбиркунандаи он аст.
Худованди Офаридгор дорои сифоти бузург аст, ки ҳаргиз наметавон ниёзмандӣ ва сифоти нуқсро ба Ӯ нисбат дод. Ӯ фаромӯш намекунад, хоб намеравад ва намехурад, Ӯ Таъоло сазовори он нест, ки ҳамсар ва фарзанде барои Ӯ бошад. Тамоми матнҳое, ки дар он нафй ва мухолифат ба азамату бузургии Офаридгор дорад ҷузъе аз ваҳй саҳеҳе, ки паёмбарон (Алайҳимус-салом) овардаанд нест.
Худованд дар Қуръони карим мефармояд:﴿قُلۡ هُوَ ٱللَّهُ أَحَدٌ * [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ Таъоло яктост.ٱللَّهُ ٱلصَّمَدُ * Аллоҳ таоло бениёз аст [ва ҳама ниёзманди Ӯ ҳастанд]لَمۡ یَلِدۡ وَلَمۡ یُولَدۡ * На [фарзанде] зода ва на зода шудааст.وَلَمۡ یَكُن لَّهُۥ كُفُوًا أَحَدُۢ﴾ Ва ҳеҷ кас ҳаммонанд ва ҳамтои Ӯ набуда ва нест»(Сураи Ихлос: 1-4)
Агар имон ба Парвардигори Офаридгор доред, оё боре ҳадаф аз офариниши худро пурсидаед? Оё пурсидаед, ки Худованд аз мо чи мехоҳад ва ҳадаф аз вуҷуди мо дар ин дунё чист?
Оё мумкин аст Худованд моро беҳуда офаридааст? Ва ё оё мумкин аст тамоми ин ҳастӣ ва мавҷудот беҳадаф офарида шудаанд?
Худованд ва Офаридагори бузург "Аллоҳ" ҳадаф аз офариниши мо ва аз мо чи мехоҳадро баён фармудааст, ки он танҳо ибодат кардани Аллоҳ аст, ва огаҳ фармудааст, ки танҳо Ӯ Таъоло сазовори ибодат аст. Чигунагии ибодат ба сӯи Ӯро ба воситаи паёмбарони гиромияш ба мо нишон додааст. Чигуна бо анҷоми авомир ва дурӣ аз наҳй фармудаҳои Худованд ба Ӯ Таъоло наздик шавем? Чигуна ризои Ӯро ба даст оварем? Чигуна худро аз иқоби Худованд наҷот диҳем? Ва Ӯ Таъоло моро аз сарнавишти баъд аз марг низ хабар додааст.
Ҳамчунон Худованд ба мо хабар додааст, ки зиндагии ин дунё танҳо як имтиҳон ва зиндагии воқеӣ ва комил пас аз марг дар охират хоҳад буд.
Ба мо хабар додааст касе Аллоҳро, ҳамон гуна, ки дастур шудааст, ибодат кунад ва аз ончи наҳй шудааст бипарҳезад, барояш зиндагии хуш дар дунё ва саодати ҷовидонӣ дар охират хоҳад буд. Ҳар касе аз амрҳои Ӯ сарпечӣ кунад ва ба Ӯ куфр варзад, бадбахтӣ дар дунё ва гирифторӣ ба азоби абадӣ насиби ӯ хоҳад шуд.
Ҳамагон медонем ҳар кӣ дар зиндагии дунё амале анҷом медиҳад, чи хуб бошад ва чи бад, беҷазо ва подош нахоҳад монд, пас чигуна дар қиёмат барои ситамгорон муҷозот ва барои накукорон мукофот нахоҳад буд?
Худованд ба мо фармудааст, ки ба даст овардани ризояти Ӯ ва раҳоӣ аз азоби охират ҷуз бо дохил шудан ба Ислом, ки маънои он таслим шудан бар Ӯ Таъоло ва танҳо Ӯро ибодат кардан ва фармонбардорӣ дар баробари Ӯ ва риоят бар қавонини шариати Ӯст, роҳи дигаре надорад. Худованд ба мо фармудааст, ки ҳеҷ дине аз мардум ҷуз Ислом намепазирад. Ӯ Таъоло мефармояд:(وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ) "Ҳар кӣ дине ғайр аз ислом баргузинад, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёнкорон аст."(Сураи Оли Имрон: 85)
Имрӯз яке инсонро мепарастад, дигаре бут ва дигаре моҳу ситора ва ғайраро, ва барои як инсони соҳибхирад намесазад, ки ҷуз Худованди оламиён, ки дорои сифоти камол аст, бипарастад, пас чигуна махлуқеро, ки монанди худ ва ё ҳатто пасттар аз худ аст мепарастад? Илоҳи маъбуд наметавонад башар ё бут ва ё сангу дарахт бошад!
Тамоми динҳое, ки имрӯз мардум пайравӣ мекунанд, ба ҷуз Ислом, Худо намепазирад, чун ё дини сохта ҳастанд ва ё динҳое ҳастанд, ки аз оғоз осмонӣ сипас дар онҳо тағйир ва таҳриф ворид шудааст. Аммо Ислом дини Парвардигори оламиён аст, ки табдил ва тағйир ба он роҳ намеёбад. Барои мусалмонон вопасин китоби осмонӣ, Қуръони карим нозил шудааст, ки Худованд онро аз тағйиру таҳриф ҳифз намудааст ва то замони мо ҳамонгуна, ки бар вопасин Паёмбар ва бо ҳамон забон, ки нозил шудааст, боқӣ мондааст.
Яке аз асосҳои Ислом имон овардан ба ҳама паёмбароне аст, ки Худованд фиристодааст. Паёмбарон ҳама аз ҷинси башар буданд, ки Худованд ба онҳо нишона ва муъҷизаҳо додааст, онҳоро фиристод то мардумро ба сӯи ибодати Худованди якто даъват намоянд.Охирини паёмбарон Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст, ки Худованд вопасин шариати илоҳиро ба ӯ фиристод, ки шариати паёмбарони пеш аз ӯро лағв мекунад ва ӯро бо нишонаҳои бузурге дастгирӣ кард, ки бузургтарини онҳо каломи Парвардигори оламиён Қуръони Карим аст, бузургтарин китобе ки башарият шинохта аст. Қуръони Карим аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво, лафз, назм ва аҳкомаш муъҷизаосо аст, дар он ҳидоят ба ҳақ аст, ки саодати дунё ва охиратро дар пай дорад, ва он ба забони арабӣ нозил шудааст.
Далелҳои ақлӣ ва илмии фаровоне вуҷуд дорад, ки бешубҳа собит мекунад ин Қуръон каломи Офаридгори поку баландмартаба аст ва наметавонад сохтаи дасти башар бошад.
Яке дигар аз усули Ислом имон ба фариштагон ва имон ба рӯзи қиёмат аст, ки Худованд дар он рӯз мардумонро аз қабрҳо бармеангезад, то барои амалҳое, ки дар дунё анҷом додаанд муҳосаба кунад. Пас ҳар кӣ муъмин аст ва амалҳои нек анҷом дода аст дар неъмат ва биҳишти ҷовидон хоҳад буд, ва ҳар кӣ куфр варзидааст ва амалҳои бад анҷом додааст, барои ӯ азоби сахт ва дар ҷаҳаннам хоҳад буд. Яке дигар аз усули Ислом имон доштан ба тақдири илоҳӣ, нек ва бади он аст.
Дини Ислом як манҳаҷ ва равиши фарогир ва мутобиқ бо фитрат ва ақли солим аст, ки Офаридгори бузург барои хилқати худ машрӯъ гардонид, дине, ки дар он хайр ва саъодат барои башарият дар дунё ва охират аст, дине, ки қавм ва рангро намешиносад, мардум дар он ҳама баробар ҳастанд ва касе бар дигаре бартарӣ надорад, магар ба андозаи амалҳои неки худ.
Худованд мефармояд:(مَنۡ عَمِلَ صَٰلِحا مِّن ذَكَرٍ أَوۡ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤۡمِن فَلَنُحۡيِيَنَّهُۥ حَيَوٰة طَيِّبَة وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ) "Ҳар кас – аз мард ё зан – ки кори нек кунад ва муъмин бошад, ҳатман, ӯро [дар дунё] ба зиндагонии поку писандидае зинда медорем ва [дар охират низ] бар асоси накутарин [тоат ва] коре, ки мекарданд, ба онон подош медиҳем."(Сурат Наҳл: 97)
Аз ҷумлаи ончи Худованд дар Қуръони карим таъкид мефармояд, имон овардан ба Аллоҳ ҳамчун Маъбуд ва Парвардигор, ва бар Ислом ҳамчун дини барҳақ ва бар Муҳаммад ҳамчун фиристодаи Аллоҳ Таъоло, аст. Пазируфтани Ислом ҳамчун дин амри зарурӣ аст, ки инсон дар он ихтиёр надорад. Дар рӯзи қиёмат ҳисоб ва ҷазо вуҷуд дорад, ки ҳар кӣ муъмини ростин бошад, пирӯзӣ ва комёбии бузурге барояш хоҳад буд ва ҳар кӣ куфр варзад ҷуз зиёни ошкоре барояш нахоҳад дошт.
Худованд мефармояд:(... وَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ يُدۡخِلۡهُ جَنَّٰت تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ وَذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ، "... ва ҳар кӣ аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунад, ӯро ба боғҳое дармеоварад, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст, дар он ҷовидонаанд ва ин ҳамон комёбии бузург аст.وَمَن يَعۡصِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَيَتَعَدَّ حُدُودَهُۥ يُدۡخِلۡهُ نَارًا خَٰلِدا فِيهَا وَلَهُۥ عَذَاب مُّهِين) Ва ҳар кӣ аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш нофармонӣ намояд ва аз ҳудуди Ӯ таҷовуз кунад, ӯро дар оташе ворид мекунад, ки ҷовидона дар он хоҳад монд ва барояш азоби хоркунанда [дар пеш] аст."(Сураи Нисо: 13-14)
Ҳар кӣ бихоҳад Ислом бипазирад, бояд бигӯяд "Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ" (Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ нест, ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст.) Маънои калимаи шаҳодатро бидонад ва ба он имон биёрад мусалмон мешавад, сипас боқӣ қонунҳои шариатро меомӯзад, то битавонад ончи Аллоҳ бар ӯ воҷиб гардонидааст анҷом диҳад.